Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Бозтоби футуҳоти Ироқ дар Рум

Ҳераклус- императори Руми Шарқӣ — акнун мебинад, ки Холид хоки Ироқро аз канори ҷанубии Даҷла гирифта то Фурот, ки ҳаммарзи хоки Шом аст, фатҳ карда, акнун дар канори хоки Шом, ки мустаъмараи (зери тасарруфи) императори Рум мебошад, бо лашкари нисбатан зиёди худ мустақарр гардидааст. Пас Ҳераклус ҳақ дошт аз ин фармондеҳи моҳир, ки бар ҳар ҷо, ки рӯй меоварад, он ҷоро мекушояд, (фатҳ мекунад) бимнок бошад, ки шояд вай дар андешаи ҳамла ба Шом бошад. Ӯ хабар надошт, ки Холид тибқи дастури халифа кор мекунад ва маъмурияташ фақат тасхири хоки Ироқ буда, иҷозаи иқдоми дигар надорад вагарна ҳамла ва пешравӣ дар хоки Шом барояш мушкиле набуд, ки осон нашавад.

Ҳамла ба Холид дар Фироз

Ба ҳар ҳол Ҳераклус аз Холид, ки дар канори хокаш қарор гирифта буд, метарсид. Аз ин хотир ҷиддан ба фикри чорае афтод. Шумораи зиёде аз сарбозони румӣ ва ҷамъи зиёде аз арабҳои масеҳии қабоили Тағлиб ва Иёз ва Намрро фаро хонд ва лашкари азиме фароҳам сохт ва пешдастӣ карда, ба лашкари Холид, ки дар Фироз ба истироҳат пардохта буданд, ҳуҷум бурданд.

Гарчи шумораи душман дар ин ҷанг хеле зиёдтар аз лашкари Холид ва муташаккил аз сарбозони варзида ва ҷангдидаи румӣ ва араб буданд ва бо шиддат меҷангиданд. Таҷриба низ нишон додааст, ки ғолибан фатҳ ва пирӯзи бо муҳоҷим (ҳуҷумгар) аст на бо мудофеъ, вале чун мусалмонон аз ҷон гузашта ва якдил буданд ва бо имон ва эътиқоди қотеъи ин ки Худо носир ва мададгорашон мебошад ва Расулу-л-лоҳ (с) ба онҳо ваъдаи фатҳ дода аст, бо душман меҷангиданд, тӯле накашид ки осори шикаст дар сафҳои душман намоён гардид. Ин буд, ки шикаст хурданд ва ақибнишинӣ карданд. Вале Холид даст аз онҳо барнадошт ва фармон дод то ба таъқибашон бипардозанд ва шамшер аз онҳо барнадоранд ва ба ин тарз дарси ибрате ба Ҳераклус дод, то дигар дар андешаи ҳамла ба мусалмонон набошад ва ин фикрро барои ҳамеша аз сар бадар кунад.

Холид пас аз ин фатҳи азим, ки Худо насибаш фармуд, хотираш аз ҳар гуна пешомаде осуда гардид. Даҳ рӯзи дигар дар Фироз истироҳат намуд ва сипас дар бисту панҷуми зулқаъдаи соли 12-уми ҳиҷрӣ дастур дод, то лашкараш ҷуз миқдоре, ки барои муҳофизати шаҳри Фироз лозим буд, ба шаҳри Ҳийра, ки мақарри ситоди фармондеҳии худ қарор дода буд, бозгарданд. Худаш бо гурӯҳе аз фармондеҳон ва ёрони худ махфиёна ба қасди ҳаҷҷи байъатуллоҳ ба Макка рафт ва пас аз анҷоми маносики ҳаҷ ба Ҳийра бозгашт, то бар назми он ҷо саҳм дошта бошад.

Футуҳоти барқосо

Чунон ки дидем Холид ба ин тарз тақрибан тамоми сарзамини Ироқро тасхир ва тасарруф намуд. Футуҳоти худро аз шимол ба хоки Эрон ва аз ҷанубу ғарб ба хоки Шом (Сурия) пайваст дод. Муҳимтар ин аст, ки тамоми ин футуҳотро дар зарфи камтар аз як сол ба тавфиқи Худо анҷом дод. Зеро ӯ дар моҳи муҳаррами соли 12-уми ҳиҷрӣ ба хоки Ироқ ҳамла намуд ва инак, ки моҳи зулҳиҷҷаи ҳамон сол аст, муввафақ шуда ин футуҳоти дурахшонро ба даст оварад ва бо фатҳ ва ғалаба бар ин қисмат аз замини Ироқ роҳро барои мубориза ва таблиғи дини ислом дар байни эрониён ҳамвор ва осон намуд. Албатта ҷанг бо сипоҳиёни Эрон ва қабоили араби Ироқ, ки ҳама ба дурустӣ муҷаҳҳаз ва тамоман мардуми силаҳшур ва ҷанговар буданд, хеле душвор ва фатҳи ин сарзамин хеле мушкил буд, зеро онҳо дар мақарри худ басар мебурданд. Ҳамчунин таъсисот, қалъаҳои мустаҳкам, озуқа, ва васоилу абзори ҷангии мудерн (пешрафта) ва кофӣ дар ихтиёр доштанд, вале Холид касе набуд, ки аз ҷанг биҳаросад ва онро мушкил ё душвор бидонад. Ҳар мушкиле дар муқобили ирода ва қудрати ҷангии ӯ ҳеҷ буд, чунон ки гӯё қазо ва қадари илоҳӣ мутобиқи хостаи ӯ дар коранд. Гуфтем Холид пас аз фатҳи Ироқ ва ғалаба бар лашкари Ҳераклус ба шаҳри Ҳийра баргашт то бар низоми умури дохилии сарзаминҳое, ки фатҳ карда буд саҳм дошта бошад ва ба таблиғи дини Худо дар ин диёр бипардозад.

Пас Холидро дар ин ҷо ба ҷояш мегузорем, то ба кораш бирасад ва меравем ба ҷабҳаи Шом ва Фаластин то бибинем мусалмонон дар онҷо ба куҷо расидаанд ва то кунун чи коре кардаанд.

Ҷабҳаи Шом ва Фаластин

Пас аз ин ки Холид аз Мадина барои ҳамла ба Ироқ ҳаракат намуд, ба фосилаи каме ҳар як аз фармондеҳони маъмури фатҳи сарзамини Шом(Сурия) ва Фаластин бо сарбозони таҳти фармони худ ба ин тартиб аз Мадина ба сӯи мақсаде, ки ҳазрати Абубакр (р) муайян карда буд, ба ҳаракат даромаданд:

1. Амр ибни Ос ба Фаластин;

2. Язид ибни Абусуфён ба Балқои Шом;

3. Шураҳбил ибни Ҳусна ба Бусрои Шом;

4. Абуубайда ибни Ҷарроҳ, ки ба симати (мақоми) фармондеҳи куллӣ қувваҳои эъзомии самти Шом муайян шуда буд, бо Ҷабияи Шом.

Абубакр (р) ба ҳар як аз ин фармондеҳон амр фармуд, то дар маҳалли маъмурияти худ мустақилан сипоҳи худро роҳбарӣ намоянд, вале ҳаргоҳ вазъе пеш ояд, ки ҳама ё баъзе аз онҳо дар ҷабҳае назди Абуубайда бошанд, бояд таҳти фармони ӯ дароянд ва тибқи нақша ва амри ӯ анҷоми вазифа намоянд.

Аввалин бархӯрди мусалмонон бо румиён

Амр ибни Ос дар роҳи худ ба сӯи Фаластин ба василаи ҷосусҳояш (разведкааш) хабар ёфт, ки шаш нафар аз фармондеҳони румӣ ҳар яке бо панҷсад нафар сарбоз ҷамъан се ҳазор нафар бо аслиҳа ва таҷҳизоти комил дар ҷое машҳур ба Урба дар хоки Фаластин барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мусалмонон омода шудаанд, аз ин рӯ яке аз афрод ё сипоҳи худро ба номи Абуумомаи Боҳилӣ бо панҷсад нафар сарбоз ба ҷанги онҳо фиристод. Абуумома ба суръат ба он ҷо расид ва дар андак муддате онҳоро бо шикаст мувоҷеҳ намуд ва як тан аз фармондеҳони машҳурашон ба номи (Нотилиқ)-ро дар ин набард ба қатл расонид. Фирориёни шикастхурдаро таъқиб намуда, онҳоро то наздики марзҳои Шом ба ақиб ронд.

Муқаддамоти ҷанги Ярмук

Ин фатҳ ки сароғози бархурди мусалмонон бо душман ва пешравии мусалмонон дар мустаъмараи императорийи Руми шарқӣ буд ва шумораи мусалмонон дар ин ҷанг як шашуми шумораи лашкари Рум буд ва ба илова абзор ва аслиҳаи онҳо дар муқобили аслиҳа ва таҷҳизоти лашкари Рум ночиз буд, фармондеҳон ва сарони румиро дар хавф ва ваҳшат андохт. Ҷараёни ин ҷанг ва вазъи худро ба «Ҳераклус» императори худ, ки дар он замон дар Фаластин буд, иттилоъ доданд ва кӯмак хостанд.

«Ҳераклус» сарбозони худро, ки дар онҷо буданд, басиҷ (муттаҳид) кард ва нангу номус ва таъссуби динии онҳоро барои дифоъ аз дини масеҳӣ ва калисои масеҳият барангехт. Онҳоро барои муҳофизат аз сарзамини Шом ва Фаластин, ки аз як тараф барои ҷаҳони масеҳият ҷанбаи тақаддус дошт ва аз тарафи дигар беҳтарин ва пурбаракаттарин нуқоти он рӯзаи ҷаҳон буд, тарғиб кард. Эҳсосоташонро бар зидди дини исломи адоват ва душманӣ бо мусалмонон таҳрик ва онҳоро барои ҷонфишонӣ омода сохт ва сипас ба шаҳрҳои Димишқи Ҳимас рафт ва ба ҷаъмоварии нерӯ дар ин ду шаҳр пардохт. Пас аз он ба Антокиё ки маркази императорийи Руми Шарқӣ (Бизонс) буд, ворид шуд. Намояндаи худро аз он ҷо ба Рум фиристод ва гурӯҳи зиёде сарбози саворкор ва фармондеҳи ботаҷрибаро аз онҷо фаро хонд. Ба ин тартиб лашкари муташаккил аз дусаду ҳаштод ҳазор сарбози комилан муҷҷаҳаз фароҳам сохт. Гӯё дар таърихи императорийи Рум то он вақт ҳеҷ гоҳ барои ҳеҷ аз як императорони Рум лашкаре ба ин азамат ва бо ин тадорукот (омодагӣ) фароҳам нашуда буд.

Созмондеҳии нерӯҳои Рум тавассути император

Пас аз ин ки худи император ба шаҳри Ҳимас бозгашт, ситоди худро дар онҷо мустақарр (ҷойгир) ва нақшаву амалиёти ҷангии худро ба ин наҳв шурӯъ кард.

Навад ҳазор нафар сарбозони худро таҳти фармони бародараш Трокус Теодорс дар ҷое ба номи Санияи Ҳалқ, дар иртифооти (баландиҳои) Фаластин мутамаркиз намуд, то аз пешравии Амр ибни Ос, ки ба василаи Абуумомаи Боҳилӣ дар ин сарзамин пеш омада буд, ҷилавгирӣ намояд.

Шаст ҳазор нафарро ба фармондеҳии яке аз фармондеҳони варзида ба номи Киловус ба тарафи Ҷобия иъзом дошт, то аз Абуубайда ибни Ҷарроҳ, ки ба он сӯ дар ҳаракт буд ҷилав бигиранд. Ба ҳамин андоза таҳти фармондеҳи писари худ ба номи Нувозиюрғис барои муқобила бо Язид ибни Абусуфён, ки дар Балқо урду зада буд, гусел дошт. Тақрибан ҳамин қадар ба саркардагии яке дигар аз сардорони лашкари худ ба номи Теодорс барои рӯёрӯи бо Шураҳбил ибни Ҳасана, ки дар Бусро мавзеъ гирифта буд, фиристод ва бақияи онҳоро барои захира ва муҳофизат аз шаҳри Ҳимас назди худ нигоҳ дошт.

Мавзеъгирии Абуубайда

Абуубайда, ки сарфармондеҳи куллӣ лашкари мусалмонон буд, аз иқдомоти Ҳераклус мутталлеъ (огоҳ) ва вазъи худро дар хатар дид, бинобар ин лозим донист, ки дар кори худ биандешад. Аз ин хотир бо фармондеҳони басири (хирадманд) мусалмонон ба машварат пардохт, то тадбире биандешанд, ки аз хатар дур шаванд. Аз миёни онҳо Амр ибни Ос ин доҳии сиёсат маслиҳат дод, то тамоми лашкарро, ки дар ҷабаҳоти гуногун пароканда буданд, фаро хонда, ҳама дар як маҳалли мустаҳкам ва стратегӣ ба номи Ярмук ҷамъ шаванд ва барои дифоъ аз ҳамлаи лашкари Рум мавзеъ бигиранд. Ин назар мавриди таъйиди (дастгирии) тамоми фармондеҳон воқеъ шуд. Ҳамаи онҳо ба он ҷо рафта, дар ҷабҳаи воҳиде мустақар гардиданд, ҷуз Шураҳбил ибни Ҳасана, ки дар Бусро амалан вориди ҷанг шуда буд, натавонист даст аз ҷанг бикашад ва ба он ҷо ояд ва чунонки баъдан зикр мешавад, пас аз фатҳи Бусро ба онҷо омад. Фармондеҳони румӣ, ки авзоро ба ин минвол диданд, низ ҳамин корро карданд. Гуруҳҳои худро аз ҳар ҷо хостанд ва рӯ ба рӯйи мусалмонон дар Ярмук урду заданд.

Гарчи аз ин пас баъзе авқот (вақтҳо) бархӯрдҳои кучаке байни тарафайн дар Ярмук рух медод, вале ҳеҷ кадом салоҳи худ намедид ба таври ҷиддӣ ба тарафи дигар ҳамла намояд ва ҷангро ба таври ҷиддӣ шурӯъ кунад. Муддате ба ин ҳол гузашт, дар ин ҳангом Абуубайда вазъи мусалмононро аз ҳайси камбуди нерӯҳо ва таҷҳизоти ҷангӣ ва зиёдии лашкар ва тадорукоти (омодагии) душман ба ҳазрати Абубакр (р) иттилоъ (хабар) дод ва кӯмаки фаврӣ хост.

Абубакр (р) ба Абуубайда ҷавоб навишта, гуфт «Расулу-л-лоҳ (с) ба мо ваъда ва навиди фатҳ ва пирӯзӣ додааст. Шумо бо итминон ба сидқи ваъдаи он ҳазрат пеш хоҳед рафт ва пирӯз хоҳед шуд. Ба зуди барои шумо кӯмак хоҳам фиристод.»

Дар Мадина чӣ мегузарад

Абубакр (р) авзои хатарноки ҷабҳаи Ярмукро ба мардуми Мадина ва атрофи он ба аҳли Макка ва тавобеъи он ва ба Яман ва ҷойҳои дигар хабар дод ва онҳоро ба набард дар роҳи Худо даъват намуд. Мусалмонон ба даъваташ посухи мусбат доданд. Барои набард дар роҳи дини Худо ва кӯмак ба мусалмонони дар Шом, ки дар муқобили душман дар вазъи баде қарор гирифта буданд, ба Мадина рӯй оварданд. Ҳамин ки гурӯҳе ба ҳадди кофӣ мерасид, Абубакри Сиддиқ амире аз худашон бар онҳо гузошта, парчами набардро бо дасти худ бармеафрошт ва ба дасташ дода, равонаи Ярмук менамуд. Ба ҳамин наҳв гурӯҳ-гурӯҳ яке пас аз дигаре таҳти фармондеҳии амире аз амирон аз қабили Ҳошим ибни Утба ибни Абуваққос, Саъид ибни Омир ва Муовия ибни Абусуфён аз Мадина ва Макка ва Зулкалоъи Ҳумайрӣ ва Қайс ибни Ҳабираи Муродӣ ва Ҳосир ибни Саъди Тойи ва Ҷундуб ибни Амри Давсӣ аз Яман ва ашхоси дигаре аз ҷойҳои дигар, ки ҳама аз фармондеҳони басир ва ботадбир буданд, ба тарафи Ярмук ҳаракат намуданд ва ба лашкари Ярмук пайвастанд.

Расидани нерӯҳои тозанафас

Гарчи лашкари ислом бо расидани ин кӯмакҳо боз ҳам нисбат ба лашкари душман хеле кам буд ва ҳам аз ҳайси нерӯ ва ҳам аз лиҳози таҷҳизоти ҷангӣ қобили муқоиса бо лашкари муқобил набуданд, вале тарзи ҷангӣ ва пешравии хеле босуръати онҳо дар Урба ва шикасти сахти сипоҳи се ҳазорнафараи муҷаҳҳази Рум аз сипоҳи панҷсаднафараи ғайримуҷаҳҳази мусалмонон дар он ҷо, фармондеҳони лашкари Румро водор ба эҳтиёт карда буд. Онон ба худ иҷоза намедоданд, ки ба мусалмонон ҳамла намоянд. Аз ин рӯ ҳар яке аз тарафайн ба ҷасту гурез ба якдигар ҳамлавар мешуданд. Вазъи тарафайн то се моҳ ба ин минвол гузашт.

Дар ин ҳангом, ки Холид ибни Валид ноҳияи Ироқро фатҳ карда буд ва ба назми умури дохилӣ мепардохт ва кори худро ба хубӣ яксара карда, мехост ба Қодисия ҳамла кунад, аз тарафи Абубакр (р) фамон ёфт, ки нисфи лашкари худро дар ихтиёри Мусанно ибни Алҳориса фармондеҳи номӣ ва фидокори мусалмон, бигузорад. Муҳофизат ва назорат бар низоми он ҷоро ба ӯ бисупорад ва худаш бо нисфи дигари лашкар, ки гуфта шуда буд, бист ҳазор нафар буданд, ба кӯмаки мусалмонон дар ҷабҳаи Ярмук бишитобад. Аз ин хотир ӯ низ тибқи амри халифа бо сипоҳи худ бо шитоб ба сӯи Ярмук ҳаракат намуд.

Аввалин бархурди Холид бо душман дар хоки Шом

Каме қабл аз расидани Холид ба сарзамини Шом Шураҳбил ибни Ҳасана бо дастури Абуубайда барои тасхири шаҳри Бусро бо аҳолии он ҷо вориди пайкор шуда буд.

Чун Бусро шаҳри муҳимми тиҷоратӣ буд, давлати Рум истеҳкомоти муҳимме дар он ҷо сохта, лашкари қавӣ, аслиҳа ва захираи муҳимме дар он ҷо мустақар карда буд. Мудофиони шаҳр аз қалъаҳо ва ҳисори он ҷо моҳирона ба сӯи мусалмонон тирандозӣ мекарданд ва Шураҳбил натавониста буд пешравии муҳимме ба даст орад.

Дар ин ҳангом Холид, ки ба Ярмук мерафт, ба кӯмаки Шураҳбил шитофт ва чун дид, ки агар бихоҳад ба ҷанг дар инҷо идома диҳад, муддати зиёде вақт мехоҳад, то муваффақ ба фатҳ бишавад. Аз ин сабаб аз дари дигаре барои тасхири шаҳр дохил гардид. Шабе аз фармондори Бусро ба номи Румотус дархости мулоқоти хусусӣ кард. Пас аз мулоқот бо ӯ хубиҳои дини ислом ва ҳадаферо, ки мусалмонон аз лашкаркашӣ доранд, бо ӯ дар миён гузошт ва ӯро ба дини ислом тарғиб ва даъват намуд. Румотус таҳти таъсири баёноти Холид, моили дини ислом гардид ва мусалмон шуд ва дар ҳамон шаб роҳеро, ки аз хориҷ ба шаҳр мерасид, ба Холид нишон дод. Холид дар ҳамон шаб бо лашкари ислом аз ин роҳ ба осонӣ ба дохили шаҳр ворид ва онро тасарруф намуд. Пас аз ин фатҳ, роҳи Ярмрукро дар пеш гирифт.

Ҳераклус дар муқобили мусалмонон

Ҳераклус аз шуҷоат ва басирати мусалмонон дар фатҳи Бусро огоҳ шуда буд. Аз разм ва сиёсати ҷангии Холид дар футуҳоти сареъи Ироқ низ иттилоъ дошт. Низ аз ҳамла ва пешравии Амр ибни Ос дар хоки Фаластин ва аз шуҷоати ҳайратовари арабҳо дар умури ҷангӣ тарс хурда ҳайратзада шуда буд, аз ин сабаб дар муқобили мусалмонон дар Ярмук эҳсоси хатар мекард ва аз гирифтани натиҷаи лашкаркашии худ ноумед шуда буд. Илова ба ин ки Ҳераклус аҳли дин ва дониш буд ва баррасӣ ва таҳқиқоте, ки дар Инҷил ва китобҳои аҳди қадим карда буд, медонист, ки ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари Худо ва дини ислом дини ҳақ аст. Пас чун мусалмонон тарафдори ҳақ ҳастанд, ғолиб хоҳанд шуд ва бар тамоми сарзамини Шом ва Фаластин тасаллут хоҳанд ёфт. Гӯё ин матлаб барои Ҳераклус маълум ва муҳаққақ шуда буд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *