Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҳадиси Умми Заръ

Оиша (р) мегӯяд:

  • Ёздаҳ нафар зан гирд омада, аҳду паймон кардаанд, ки васфҳои шавҳаронашонро бигӯянд ва ягон чизро пинҳон накунанд.

Зани аввал гуфт:

  • Шавҳарам мисли гушти уштури лоғар аст ва бар сари кӯҳи сарбафалак. На паст аст (кӯҳ), ки осонбаро бошад ва на фарбеҳ аст, ки ба хонаҳо тақсим шавад, яъне вай хайри кам дорад ва мутакаббир асту ахлоқи нописанд дорад;

Дуввумин гуфт:

  • Ман васфи шавҳарамро ошкор намекунам, зеро қиссааш чунон тӯлонист, ки поён надорад ва метарсам, ки маро талоқам диҳад ва ӯро аз даст диҳам. Ва агар мабодо ёде аз авсофаш кунам ба ҷуз айбҳои ниҳонӣ ва сиррҳои пинҳонӣ чизе нест:

Саввумин гуфт:

  • Шавҳарам дарози беақл аст, умрам бо ӯ беҳуда гузаштааст, агар чизе гӯям талоқ медиҳад ва агар хомӯш биистам муаллақам мегузорад, яъне на шавҳарӣ мекунад ва на ҷавобам медиҳад, то шавҳари дигар кунам.

Чаҳорумӣ гуфт:

  • Шавҳарам мисли шаби шаҳри Тиҳома аст, на ба гармии тоқатфарсо шабоҳат дорад ва на ба сардию сармо. На аз бадиаш тарсонам ва на аз сӯҳбаташ гурезон.

Панҷумин гуфт:

  • Шавҳарам агар ба хона ояд кафтарсифат бепарвою серхоб дарояд ва чун аз хона барояд шерсифат бе шикори сайде наояд ва аз чӣ кор кардан бо молу матои хонааш сухан нагӯяд.

Шашумӣ гуфт:

  • Шавҳарам агар ба хурдан дарояд, ҳар чӣ ёбад тановул мекунад ва чун ба нӯшидан дарояд, зарфҳоро холӣ месозад ва чун ба паҳлӯ занад, курпаро ба худ мепечад ва даст сӯи ман намеорад, то аз муҳаббатам хабардор гардад.

Ҳафтумӣ гуфт:

  • Шавҳарам торику бенур аст ва марди аз зан дур ва аҳмақу лаббаста, ҳама дарди дунё дар ӯ ҷамъ гашта ё сарат баста кунад ё устухонат шикаста ё ҳардуро пайваста.

Ҳаштумӣ гуфт:

  • Шавҳарам хушбуй мисли «Зарнаб» (атри хушбӯй) аст ва нарму гарм мисли «Арнаб», яъне харгӯш.

Нуҳумин гуфт:

  • Шавҳарам дар саховат хонааш барҳавост ва соҳиби қомати болост, дар зери дегаш ҳамеша оташ фурӯзон асту хонааш ҷойи ҷамъомади меҳмон.

Даҳумӣ гуфт:

  • Шавҳарам соҳиби гала-гала уштур аст. Уштурони зиёд хобандаву камчаро, чун меҳмон ояд уштуре кушта мешавад.

Ёздаҳумӣ гуфт:

  • Шавҳарам Абузаръ аст. Ту чӣ донӣ, ки Абузаръ чӣ касест, гушҳоямро пур зи гушвор намуду бозуҳоямро гушту равғандор (яъне маро чунин бо нозу неъмат парварид, ки фарбеҳ гаштам). Ӯ маро хушу хурсанд карду бузургам сохт то он, ки ба бузургиам фахр кардам. Маро осон аз хонадоне гирифт, ки фақиру нодор буданд на уштуру асп доштанду, на гусфанду қучқор ва на моли бисёр. Маро ба хонадоне овард, ки аз як сӯй садои аспон ба гуш мерасиду аз сӯйи дигар овози уштурон. Аз ҷонибе садои куфтани хирманҳоро мешунидаму аз тарафе овози бузу гусфандонро. Чун сухан мекардам, касе гапамро намегардонд ва пас аз субҳ ходимон хидмат мекарданду ман ба хоби ноз мерафтам ва чунон аз нӯшокиҳои гуногун менӯшидам, ки иштиҳои нӯшокиам аз миён мерафт. Медонӣ, ки модари Абузаръ чӣ касе буд? Дегҳояш пур аз хӯроку хонаҳои фаррохаш пур аз нозу неъмат. Писари Абузаръро медонӣ, ки чӣ гуна буд? Ба мисли шамшери аз ниём кашида. Мехобид ва ба як почаяки буз ҳам сер мекард. Духтари Абузаръро медонӣ чӣ гуна буд? Итоаткори падару модар, зебову сергӯшт ва рашкангези зану шавҳар. Канизи Абузаръро медонӣ чӣ гуна буд? Сирри маро ошкор намекард. Фасодангез набуд. Чунон амонатдор буд, ки хӯрокиҳоямонро туршу фосид намесохт ва бе иҷозат ба касе чизе намедод ва дар хона аз руфту чини зиёди ӯ хасе ҳам намеёфтӣ. Рӯзе аз рӯзҳои баҳорон, ки ҳама сарсабз гашта буд, Абузаръ бо зани зебое вохурд, ки ду фарзанди мисли кафтар дошт, ки аз зери камараш бо аноракони пеши бараш бозӣ мекарданд. Пас, маро талоқ доду вайро никоҳ кард. Пас аз ӯ марди сахиро гирифтам, ки аспсавор буд. Ба деҳаи «Хаттӣ» рафту бузу гову уштури зиёде бароям оварда ҳелро пур сохт ва бароям аз ҳар моле ба мисли уштуру гову бузу гусфанду ғулом ҷуфт-ҷуфт бидод ва гуфт, ки ба хонаводаат ҳар чӣ мехоҳӣ, бидеҳ. Ҳама атоҳои шавҳари дувумамро ҷамъоварӣ кунам ба як зарфи хурдакаки Абузаръ баробар шуда наметавонад. Оиша гуфт:

Расулуллоҳ (с) ба ман гуфтанд:

Ман ҳамеша барои ту мисли Абузаръ барои Умми Заръ ҳастам.

(Инро Бухориву Муслим ривоят кардааст).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *