Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Нахустин даста озими Ироқ мешавад

Оре, чунин шуд ва Абуубайди Сақафӣ, ки яке аз фармондеҳони машҳури араб буд ба по хост ва омодагии худро бо афроди таҳти фармонаш барои ҳаракат ба сӯи Ироқ эълон кард. Ӯ аввалин касе буд, ки довталаби ин кор гардид. Пас аз ӯ Саъд ибни Убайди Ансорӣ ва сипас Сулайт ибни Қайс ду нафари дигар аз умарои араб мувофиқат намуда, эълон карданд, ки бо қавми худ барои ҳаракат ба Ироқ муҳаё ва омодаанд. Мувофиқати ин се нафар аз умарои араб боист шуд, ки бақияи мардум низ бо онҳо ҳамсадо ва омодаи кор шаванд. Теъдоди онҳо ба зуди ба ҳазор нафар расид.

Ҳазрати Умар (р) аз фароҳам шудани ин лашкар, ки муқаддима ва пешқаровули аввали лашкари бузургтаре хоҳад буд хушҳол гардид ва Худоро шукр намуд, ки мусалмононро аз тарс, ки табоҳкунандаи ҳар қавме аст наҷот дод, то ӯ ба мақсадаш, ки ба салоҳи ҷомеаи исломӣ буд, бирасад.

Бояд дид, ки Умар (р) фармондеҳии ин лашкареро, ки мехоҳад ба Ироқ гусел кунад, ба чи касе вогузор менамояд?

Буданд баъзе аз аҳли Мадина, ки мехостанд, ки Умар (р) фармондеҳиро ба яке аз собиқадорони муҳоҷирон ё ансор пешкаш намояд, ин матлабро ба ӯ арз ҳам карданд, вале Умар (р) ҳақшинос ва одил буд, магар на аввалин касе, ки ба тақозояш рӯйи хуш нишон дод ва довталаби ҳаракат ба Ироқ гардид Абуубайд ибни Масъуди Сақафӣ буд ва бақияи мардум пас аз ӯ омодаи кор шуданд? Оё месазад, ки Умар (р) фармондеҳии лашкареро, ки аввалин санги асосаш ба дасти Абуубайд гузорида шуда ба дигаре вогузорад? Албата не. Ҳол он ки ӯ аз ҷанговарони варзидаи араб буд ва метавонист ба хубӣ аз ӯҳдаи кор барояд! Ба ин ҷиҳат буд, ки Умар (р) фармуд: «На, ба Худо қасам чунин нахоҳам кард, Худои ҷалла ҷалолуҳу ба шумо мардуми Мадина дар асари пешқадамӣ ва тасриҳ дар рафъи шарри душманони дини ислом иззат ва бартарӣ бахшид, вале акнун шумо дар ин бора сустӣ аз худ нишон додед. Аморат ва фармондеҳии ин лашкар ҳаққи касе аст, ки пешқадам гардид ва омодагии худро пеш аз ҳар касе эълон кард. Ба Худо қасам ғайри ӯро дар раъси лашкар намегуморам». Сипас Абуубайдро назди худ хост ва фармондеҳии лашкарро ба ӯ вогузор намуд.

Вопасин тавсияҳои Умар (р)

Абуубайда пас аз ҳаракати Мусанно то як моҳ машғули ҷамъоварии афрод ва такмили таҷҳизот буд. Ҳамин ки лашкараш ба чаҳор ҳазор расид, аз Умар (р) иҷозаи ҳаракат хост, Умар (р) пас аз иҷоза дар урдугоҳи лашкар ҳозир ва ба ӯ тавсия фармуда, гуфт:

-Аз асҳоби гиромии Расули Худо, ки дар ин лашкар таҳти фармонат мебошанд, дар корат машварат кун ва суханонашонро бишунав ва ба кор бар. Дар ҳеҷ амре аз умурат бидуни санҷиш ва арзёбӣ машитоб, зеро ҷанг кори кучак ва осон нест. Он кас дар ҷанг пирӯз мешавад, ки бо ҳавсала ва шикебо аст ва махсусуан фурсатшинос ва дурандеш бошад. Дар баробарам ҳеҷ монеа нест, ки Сулайт ибни Қайсро ба фармондеҳии гурӯҳе баргузинам, магар ин ки шитобкор аст ва дар кори ҷанг ҷуз сабр ва сабот раво нест. Он чи Умар (р) ба он даст ёфт ин буд, ки муваффақ гардид аз мардуме, ки аз тарси мардуми Форс меларзиданд, лашкаре фароҳам кунад, ки акнун бидуни камтарин тарс ва бо эътимод ба ваъдаи Худо ва имони ҷозим ба фатҳ ва пирӯзӣ ба сӯи майдони ҷанг мешитобанд, ин кор комёбӣ ва тавфиқе буд, ки Худо ба Умар (р) иноят фармуд ва мушкили сахти ӯро дар оғози хилофаташ ҳал фармуд, то ба он чи, ки Абубакр (р) каме пеш аз фавташ ба вай тавсия карда буд, даст ёбад.

Мусанно пас аз вуруд ба Ироқ чӣ мебинад?

Мусанно ба фармони Умар (р) қабл аз ҳаракати Абуубайд ба Ироқ расид, то ба баррасии авзоъ бипардозад ва бубинад мусалмонон пас аз ҳаракаташ ба суи Мадина чи вазъе пайдо карда, акнун чи ҳоле доранд ва душман чи фикре кардааст, даст ба чи коре задааст, вале пас аз вурудаш ба Ироқ дармеёбад, ки авзои дохилии Форс халалдор шуда дучори беназмӣ шудаанд, аз ин рӯ дар ин муддате, ки ӯ дар он ҷо набуд ҳеҷ гуна иқдоме накардаанд акнун бо ин вазъ заминаи муносибе барои мусалмонон фароҳам шуда, ки бар онҳо битозанд, вале Мусанно фаромӯш накарда буд, ки тибқи фармони Умар (р) бояд даст ба коре назанад ва мунтазири Абуубайд бошад.

Абуубайда пас аз як моҳ аз ҳаракти Мусанно дар ҷимодию-л-аввали соли 13-уми ҳиҷрӣ, бо чаҳор ҳазор сарбоз аз Мадина ба тарафи Ироқ ба ҳаракат дармеояд ва тибқи дастури Умар (р) дар байни роҳаш иддае аз ҷанговарони қабоили арабро, ки дар замони хилофати Абубакр (р) таслим ва сар пеш ниҳода буданд, ба кӯмак мехонад ва ба сӯи Ироқ мекашонад, то он ки иддаи неруҳояш то расидан ба Ироқ тадриҷан ба даҳ ҳазор сарбози силаҳшуре расид, ки умре дар ҷанги дохилӣ ба сар бурда, варзидаи корзор шуда буданд.

Ҷанги Намориқ

Чун Абуубайд бо лашкари даҳ ҳазор нафарии худ дар Хийра ба Мусанно ва лашкараш пайваст, тӯле накашид, ки Рустами Фаррухзод паҳлавони забардасте, ки Пурондухт — маликаи Эрон ихтиёроти мамлакатро ба ӯ вогузор карда буд, лашкаре дар Мадоин фароҳам овард ва фармондеҳии онро ба шахси размандаи моҳир ба номи Гобон вогузор намуд, ки солҳои ҷавонии худро дар ҷанг ва пайкор пушти сар гузошта ва дар амалиёти ҷангӣ корозмӯда шуда буд. Рустам ба ӯ дастур дод, то аз наҳри Фурот (Фурот наҳре аст, ки сарчашмаи он дар Арманистон аст ва аз он ҷо ба Туркия ва аз Туркия ба Сурия сарозер ва ба Ироқ мерасад ва ба наҳри Даҷла муттасил мегардад) убур намуда, ба Ҳийра, ки маркази ситоди фармондеҳии аъроб буд, ҳамла кунад.

Рустам лашкари дигаре низ ба роҳбарии фармондеҳи дигаре ба номи Нарсӣ фароҳам намуд ва дастур дод, ки дар ҷое ба номи Каскар ба байни Даҷла ва Фурот мустақар шавад, то агар лозим шуд ба кӯмаки Гобон бишитобад.

Чун Абуубайда аз иқдоми Рустам огоҳ мешавад, барои муқобила бо Гобон аз Ҳийра хориҷ мешавад. Ду лашкари мутахосим дар ҷануби Фурот дар маҳалле ба номи Намориқ байни Ҳийра ва Қодисия ба ҳам мерасанд. Дар ин ҷо ҷанги сахте байни онҳо дар мегирад, ки оқибат мусалмонон ғолиб ва шикасти сахте ба ҳарифи худ ворид месозанд. Шумораи зиёде аз онҳоро ба қатл мерасонанд ва неруҳое, ки аз ин набард ҷон бадар мебаранд худро ба лашкаргоҳи Нарсӣ дар Каскар мерасонанд ва худи Гобон фармондеҳашон асири дасти яке аз мусалмонон мегардад.

Чун касе, ки Гобонро асир карда буд ӯро намешинохт пешниҳоде, ки Гобон барои наҷоти худ аз ӯ карда буд, қабул мекунад.

Гобон ба асиркунандааш мегӯяд шумо мардуми араб аҳли карам ҳастед, чӣ мешавад маро, ки пирамарди солхӯрдае ҳастам амон диҳӣ ва ман мутақобилан ба ту ду ғулом диҳам? Асиркунанда бар ӯ тараҳҳум менамояд ва пешниҳодашро қабул мекунад. Гобон мегӯяд, ки пас маро ба назди амират бибар, то аз ин муомила огоҳ шавад. Аз ин хотир ӯро назди Абуубайд мебарад. Дар ин ҷо буд, ки Гобон шинохта шуд ва мардум фаҳмиданд, ки ӯ фармондеҳи лашкари душман аст. Аз Абуубайд хостанд, то ӯро ба қатл бирасонад, вале роҳе набуд, зеро касе ӯро ба асорат гирифта овардааст амонаш дода буд, аз ин рӯ Абуубайд мегӯяд;

-Гарчи ӯ фармондеҳи лашкари душман аст боз ҳам ӯро нахоҳам кушт, зеро як нафар мусалмон ӯро амон дода ва тибқи қонуни ҷангии ислом амонаш қабул ва барои мо муътабар аст. Ба ин сон Гобон аз қатл наҷот ёфт ва озод гардид.

Ҷанги Сақотия

Рустам аз шикасти ин лашкар итилоъ ёфта, эҳсос мекунад, ки лашкари Нарсӣ дар хатари ҳамлаи араб афтода аст, зеро Абуубайд пас аз пирӯзӣ дар ҷояш нахоҳад нишаст, балки ба зудӣ барои ҳамла ба Нарсӣ ба Каскар хоҳад шитофт, аз ин рӯ дастур дод фармондеҳи варзидае ба номи Ҷолинус бо лашкари зиёдтар ва таҷҳизоти муҳимтар зудтар ба сӯи Каскар ҳаракат намояд ва ба кӯмаки Нарсӣ бишитобад.

Вале гӯё Абуубайд аз ин амр ғофил набуда, аз ин рӯ пас аз ғалаба бар Гобон бефикр нанишаст ва қабл аз ин ки Ҷолинус ба Каскар бирасад, ба лашкари худ фармон дод то фавран ба тарафи Каскар ҳаракат ва бар Нарсӣ ҳамла кунанд.

Лашкари ислом дар ҷое ба номи Сақотия дар наздикии Каскар бо лашкари Нарсӣ, ки иддае аз боқимондагони лашкари шикастхӯрдаи Гобон низ дар байни онҳо буданд, рӯ ба рӯ гардиданд.

Акнун мебинем, ки лашкари Нарсӣ дар муқобили лашкаре қарор гирифта, ки чанд рӯз қабл бар лашкари Гобон дар Намориқ ғолиб шуда ва ҳам акнун фирориёни лашкари шикастхӯрдаи Гобон, ки тарси шамшери араб, ки аз қалбашон берун нарафта аст, дар байни лашкари Нарсӣ ҳастанд, оё бо ин сифат мешавад, ки чунин лашкаре дар муқобили лашкари Абуубайд, ки аз ҷабҳаи пирӯзӣ ба ин ҷо омада аст, пойдор бимонад? Албата, не.

Абуубайд қабл аз ин ки фурсатро аз даст бидиҳад ва лашкари Нарсӣ бо расидани Ҷолинус тақвият шавад, ба лашкари Нарсӣ ҳамла намуд ва чунон ки аз ҳамон аввали кор маълум буд Нарсӣ натавонист беш аз Гобон дар муқобили Абуубайд пойдорӣ кунад ва ҳамин ки осори шикастро дар лашкараш дид, ақиб нишаст ва бо он чи ки аз лашкараш боқӣ монда буд, фирор кард. Аслиҳа ва захираи зиёде, ки ба ҷой гузошта буд, ба дасти мусалмонон афтод.

Ҷанги Борсамо

Абуубайд хабар ёфта буд, ки Ҷолинус барои тақвияти Нарсӣ ба сӯи Каскар ҳаракат карда ба қарияи Борсамо расида аст, аз ин рӯ дар Каскар ба интизораш нанишаст, ки мавриди ҳамла қарор гирад, зеро ғолибан пирӯзӣ бо муҳоҷим аст на бо мудофеъ. Ба ин назар фавран ба тарафи Ҷолинус ҳаракат намуд ва дар қарияи Борсамо бар ӯ тохт. Ӯ ҳам натавонист дар муқобили Абуубайд муқовимат кунад. Ин буд ки монанди Нарсӣ бо боқимондаи лашкараш ба сӯи Мадоин гурехт.

Абуубайд бо ин пирӯзиҳо бар навоҳии фатҳшуда, ки аз ҳайси сарват ва неъмат ғанӣ буд, тасаллут ёфт ва бар минтақаҳое, ки пас аз ҳаракати Холид ба Шом аз таҳти тасаллути мусалмонон хориҷ шуда буд аз нав даст ёфт. Пас аз ин лашкарашро ба ин сӯ ва он сӯ пароканда намуд, то куллияи рустоҳо ва деҳоти ин ноҳияро тасарруф намоянд. Ӯ муваффақ гардид сарзаминҳоеро, ки саводи Ироқ ном дошт, аз аввал то охир бидуни ҷанг, балки аз тариқи сулҳ бо аҳолӣ, тасарруф намояд. Ӯ тавре қудрат ва шавкат аз худашон нишон дод, ки мардуми ин навоҳӣ барои ҳамеша фикри қиём бар зидди мусалмононро аз сар бадар баранд ва қудрат ва азамате монанди давраи Холид ибни Валидро, ки аз дилҳо рафта буд ба қалби мардуми ин ноҳия боз гардонид. Бузургонашон назди Абуубайд омаданд ва аз корҳое, ки дар гузашта дар набудани Холид аз онҳо сар зада буд, узр хоста гуфтанд:

— Он чи аз мо ба миён омада, бо майл ва ихтиёри мо набуда, зеро истиқлол надоштем.

Дар ин ҷо бояд ёдовар шавем, ки Холид ибни Валид ин навоҳиро, ки ба дасти Абуубайд афтод, қаблан фатҳ карда буд, вале пас аз ин ки ба амри Абубакр ба Шом рафт, мардум бар зидди мусалмонон қиём карданд. Мусанно, ки ба дастури Абубакр ҷонишини Холид шуда буд, натавонист бо лашкаре, ки дар ихтиёр дошт, онҳоро саркӯб ва мутеъ намояд, аз ин рӯ манфиати худро дар ин дид, ки лашкари исломро аз ин навоҳи ҷамъ кунад ва дар Ҳийра мутамарказ ва қалъанишин гардид. Инак ин навоҳӣ дубора ба тасарруфи мусалмонон даромад ва рӯзгори даврони Холид боз гашт.

Дар таърихи Абубакр (р) хондаем, ки Холид пас аз фатҳи ин сарзамин дар андешаи фатҳи Мадоин- пойтахти Сосониён буд, вале ҳангоме ки дар фикри нақшаи кораш буд, аз Абубакр фармон ёфт, то ба Шом биравад. Ин буд ки нақшааш бе амал монд ва Холид аз ин бобат мутаассиф гардид.

Чун Умар (р) тибқи собиқае, ки дар ҷараён буд муносибати хубе бо Холид надошт, Холид тасаввур кард, ки Умар (р) аз Абубакр (р) хоста, то вайро ба шом бифиристад, аз ин рӯ гуфт:

— Ин амр дар асари пешниҳоди Умар (р) аст, ки нахоста ба ифтихори фатҳи Мадоин бирасам.

Ҳоло мебинем, ки Мусанно ба василаи Абуубайда ба ин пирӯзиҳо, ки шарҳ додаем тавфиқ ёфта ва ин сарзаминро аз вуҷуди ҳариф пок кард, хотираш дар ин ҷо осуда шуд ва лашкаре дар ихтиёр дорад, ки бо тадбир ва кордонии Абуубайд ба ҳар ҷо рӯй оварда, парчами пирӯзи ба дӯш гирифта, ғолиб ва фируз аз майдон боз омада, пас акнун ҷо дорад, ки Мусанно ҳамон орзу ва умедеро, ки Холид дошт дар дил парварад ва дар фикри ҳамла ба Мадоин бошад.

Рустами Фарухзод

Ин амр ягона орзуи Мусанно буд, вале имкони ин корро надошт, зеро Рустами Фаррухзод ин паҳлавони диловар ба ҳадде фикраш саҳеҳ ва ба тавре дурандеш ва оқибатсанҷ буд, ки он чиро меандешид ва он чиро ки пешбинӣ мекард, то андозае дуруст буд. Аз ин рӯ мардум бовар доштанд, ки ӯ илми нуҷум дорад ва он чиро, ки медонад ва мегӯяд аз иктишофоти нуҷумӣ аст, вале чунин набуд, балки сарчашмаи пешбинӣ ва пешгӯии ӯ аз амиқии сиёсат ва оқибатбинии ӯ буд. Ба тавре ки дар замони мо низ ҳастанд сиёсатмадорони тезҳуше, ки воқеаи сиёсиро пешгӯйи менамоянд ва баъдан чунон, ки гуфтаанд воқеъ мегардад. Рустам яке аз чунин мардумоне буд.

Пас, оё мешавад, ки чунин касе ба нақша ва андешаи Мусанно пай набарад ва илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯъ накунад? Оё мешавад чунин марде нанги шикасти лашкарашро аз дасти лашкари бетаҷҳизи араб, ки бо васоили ночиз ва аслиҳаи ноқис меҷангиданд барои муддати зиёде таҳаммул намояд? Албата, не.

Рустам пас аз шикасти лашкари Ҷолинус, ки умеди зиёде ба он дошт, ба таҳияи лашкари муҳиме мепардозад ва хосон ва кордидагони давлатро ҷамъ намуда, аз онҳо мепурсад чи касеро мешиносанд, ки дар таҷрибаи ҷангӣ ва дар душманӣ бо араб аз дигарон шадидтар бошад, то роҳбарии ин лашкарро ба ӯ бисупорад ва ба ҷанги араб фиристад? Гуфтанд чунин касе фақат Мардоншоҳ -раиси горди салтанатӣ аст, ки эрониён ӯро Баҳмани Ҷозуя ва араб ӯро Зу-л-ҳоҷиб меноманд.

Рустам ӯро назди худ хоста, фармондеҳии ин лашкари азимро ба ӯ месупорад ва Ҷолинус фармондеҳи шикастхӯрдаи ҷанги Борсаморо бо бақияи лашкараш низ бо ӯ ҳамроҳ месозад ва таҳти фармонаш қарор медиҳад. Ба Баҳман дастур медиҳад, ки ҳаргоҳ дид Ҷолинус боз ҳам дар ин ҷанг сустӣ нишон медиҳад, ӯро ба қатл бирасонад, то боиси сустии дигарон нашавад ва барои он, ки ба лашкар бифаҳмонад ин ҷанг беҳад муҳим аст, дирафши ковиёнӣ- парчами миллии Эронро ба дасташ месупорад.

Набарди филҳо ё воқеъаи Ҷиср (пул)

Баҳман ва Ҷолинус бо ин лашкари бузург ва комилан муҷаҳҳаз аз Мадоин ба сӯи Абуубайд ба ҳаракат дармеоянд ва дар маҳалле ба номи Қасуннотиф дар самти шимоли Фурот мустақар мегарданд.

Абуубайд, ки аз ҳаракати ин лашкар огоҳ буда аст, бо лашкараш барои муқобила бо онҳо ҳаракат мекунад ва дар ҷое ба номи Муравваҷа дар ҷануби Фурот мавзеъ мегирад.

Чун байни ин ду лашкар наҳри Фурот фосила буд, Баҳман ба Абуубайда паём фиристода гуфт:

-Ё шумо аз Фурот убур кунед ва ба тарафи мо биёед, ё мо ба он сӯйи наҳр ба тарафи шумо хоҳем омад.

Ёрони Абуубайд гуфтанд бигузор онҳо ба тарафи мо биёянд, вале Абуубайд, ки сармасти пирӯзиҳои қаблӣ буд эҳсоси ғайрат намуд ва гуфт;

-Набояд ба онҳо нишон диҳам, ки тарсу ҳастам. Бояд аз наҳр ба сӯи онҳо убур кунам.

Сулайт ибни Қайс ҳамон амире, ки Умар ӯро кордон дониста ба Абуубайд гуфта буд (дар баробарам ҳеҷ монеа нест, ки ӯро ба фармондеҳии гурӯҳе баргузинам ҷуз ин ки шитобкор аст) ва ҳамчунин бузургони лашкар, фикри Абуубайдро ба салоҳи лашкар надонистанд ва гуфтанд:

-Мо то кунун ҳеҷ гоҳ бо чунин сипоҳи бузурге рӯ ба рӯ нашудаем, махсусан ки мехоҳанд бо ин ҷанг, ори шикастҳои гузаштаро аз худ шуста шикастҳои худро бо пирӯзӣ дар ин ҷанг ҷуброн кунанд, аз ин рӯ тадорукоти зиёде муҳайё намудаанд ва барои ҷанг бо мо ҳозир шудаанд. Мусалламан аз худ гузашта ва бебок хоҳанд ҷангид. Ту бошӣ мехоҳӣ дар ҷое бо онҳо биҷангӣ, ки ҳаргоҳ вазъе пеш ояд, ки лозим шавад ақиб бинишинем барои мо душвор шавад, магар на ин аст ки дар ин сурат душманро дар пушти сар ва наҳри Фуротро дар пеш хоҳем дошт?

Абуубайд барошуфта мегӯяд:

-Агар мо ба сӯи онҳо наравем, тарсу хоҳем буд. Сулайтро, муттаҳам ба буздилӣ менамояд. Сулайт мегӯяд:

— Ба Худо он чиро, ки барои ту лозим ва ба нафъи мусалмонон буд гуфтам ва баъдан хоҳӣ дид.

Аҳли Хийра дар қадим пуле сохта буданд, ки ба василаи он аз Ироқ ба соҳили шимолӣ рафту омад доштанд ва бо ин пул Ироқ ва Эронро пайваст сохта буданд. Ҳангоми вуруди Абуубайд пояҳои ин пул суст ва пораҳое аз қисматҳои он хароб шуда буданд.

Чун Абуубайд тасмим гирифт, ки лашкарашро аз рӯи ин пул убур диҳад, дастур дод онро таъмир намоянд ва чун қисмати шимолии он, ки ба соҳил мерасид, ба куллӣ хароб шуда буд, амр кард, то чандин қаиқ ба ҳам баста, ба пул муттасил намоянд, то битавон аз рӯи пул ба ин қаиқҳо убур намуда ба соҳил бирасанд. Ҳамин ки аз тармим ва ислоҳи пул фориғ шуд бо лашкараш аз рӯи он ба он сӯи соҳил убур кард.

Ба маҳзи ин ки лашкари Абуубайд ба он сӯи соҳил расид, Баҳман бидуни он ки ба онҳо мӯҳлат бидиҳад, ба лашкараш фармони ҳамла дод. Дар пешопеши лашкар филҳое ба ҳаракат даромаданд, ки ҳама ҷангдида ва барои ҷанг тартиб шуда буданд. Бар филҳо зангулаҳои бузурге овехта буданд, ки бо ҳам садои даҳшатноке мебароварданд.

Аспҳои мусалмонон, ки ҳеҷгоҳ филро ба чашм надида ва садое монанди садои гӯшхароши зангӯлаҳои онҳоро дар умрашон ба гӯш нашунида буданд, аз дидани филҳо ва шунидани садои зангӯлаҳо то ҳадде ба ваҳшат афтоданд, ки аз итоати саворони худ сар печиданд ва аз майдон фирор ва боиси парешонии сафҳои мусалмонон гардиданд. Ҳамин тавр роҳ барои тир андозон, ки аз рӯйи филҳо ба сӯйи мусалмонон тир меандохтанд, ҳамвор гардид ва иддаи зиёде аз мусалмононро ба қатл расонданд.

Абуубайд дид, ки сафҳои мусалмонон парешон гардида ва наздик аст ба куллӣ барҳам хӯрад. Аз ин рӯ аз аспаш пиёда шуд ва ба лашкараш низ дастур дод, то пиёда шаванд ва бо ҳам бо филон пайкор карда корашонро яксара намоянд. Ҷуз ин ҳам чорае набуд, зеро имкон надошт аз аспҳои тарсуи фирорӣ кор гирифт.

Мусалмонон ба дастури Абуубайд аспҳоро раҳо карданд ва ба сӯи филон юриш бурданд ва танобу полонашонро қатъ намуданд, саворони тирандозро, ки ҳамроҳи полонашон аз пушти онҳо ба замин афтонданд туъмаи шамшер қарор доданд. Чун филон аз майдон хориҷ гардиданд, аспҳоро мусалмонон дубора ба майдон кашида, ҳар ду тараф мардона ҷангиданд. Ҳар як аз онҳо гоҳе пеш мерафт ва замоне ба ақиб ронда мешуд. Ҷанг чандин соат дар байни онҳо ба шакли пешрафт ва ақибнишинӣ ҷараён дошт.

Чун филҳо аз майдон ронда шуданд ва аз тирандозӣ хабаре набуд, хотири Абуубайд осуда ва аз ғалаба дар ҷанг умедвор гардид, вале дар ҳамин гирудор дар назди худ фили кӯҳпайкаре дид, ки ба мусалмонон ҳамла мекунад ва бо хартумаш, ки ба чап ва рост мезанад, онҳоро пароканда ва мутафарриқ месозад. Гӯё ин фил бисёр тезҳуш ва қаҳрамони майдони ҷанг ва мавқеъшинос буд ва хуб медонист кай ва куҷо бизанад.

Абуубайд дид, ки ҳаргоҳ ин фил имкон ёбад ногузир талафоти зиёде бар мусалмонон ворид месозад ва чи басо ки боиси шикасти қатъии онҳо шавад. Аз ин хотир худро ба он фил расонд ва бо шамшер зарбати шадиде бар хартумаш ворид сохт, чун фил эҳсоси дард кард, ба хашм даромад ва ӯро зери пояи худ гирифта, лагадмол намуд ва Абуубайд зери ҷуссаи фил ҷон супурд.

Ҳакам бародари Абуубайд тибқи васияташ парчами лашкарро ба даст гирифт ва ба ҷанги фил рафт ва ӯ низ монанди бародараш зери пои фил аз байн рафт ва ба ҳамин тартиб ҳафт нафар аз ақвоми Абуубайд яке пас аз дигаре парчам ба даст гирифта бо фил ҷангиданд ва ҳамаи онҳо зери пояш талаф шуданд.

Чун мусалмонон чанд нафар аз фармондеҳони парчамдори худро паёпай талаф доданд, руҳияи худро ба куллӣ аз даст дода, шикаст хурданд ва ба ночор аз майдон фирор карданд ва ба тарафи пул шитофтанд, то худро ба он сӯи соҳил бирасонанд.

Мусанно, ки хатари шикасти мусалмононро дарёфта буд, парчам ба даст гирифт, вале на барои идомаи ҷанг, зеро дигар умеде барои пойдорӣ набуд, чунки афроди лашкаре, ки фармондеҳи аввал ва чанд нафари дигар аз фармондеҳонашон яке пас аз дигаре паёпай кушта шудаанд ва низомашон ба ҳам хӯрда ва сафҳояшон дар ҳам пошида ва дар ҳоли фироранд, имкон надорад дар муқобили лашкаре, ки пирӯз гашта онҳоро пушти сар бо шамшер дарав мекунад, пойдор бошад.

Мақсади Мусанно аз гирифтани парчам ин буд, ки мусалмонони шикастхӯрдаро роҳбарӣ кунад, то ба дурустӣ аз ҳамон пуле, ки омада буданд убур намоянд, ба ин хотир ӯ бо иддае аз фармондеҳон ва диловарони лашкар пушти сари онҳоро муҳофизат намуданд, то шояд битавонанд аз талафоти онҳо бикоҳанд.

Мусанно машғули кораш буд, ки яке аз ақвоми Абуубайд ба номи Абдуллоҳ ибни Мурсиди Сақафӣ таноби қаиқҳоеро, ки ба пул баста шуда буд қатъ ва роҳи убур аз рӯи пулро масдуд кард ва фарёд бароварда, гуфт: «Эй мардум рӯй баргардонед ва мардона биҷангед, то пирӯз шавед ё дар ҳамон роҳе, ки фармондеҳонатон фидокорӣ карда ҷон супурданд, ҷон диҳед», вале афроди шикастхурда аз тарси шамшери душман гӯш ба ҳарфаш надоданд ва бисёре аз онҳо худро ба об зада ғарқ шуданд.

Тибқи дастури Мусанно қаиқҳои қатъшударо аз нав ба пул бастанд то мардум аз рӯи онҳо бигузаранд. Худи Мусанно бо афроди фидокоре, ки мардона истода, машғули дифоъ буданд, пас аз ҳамаи мардум ба он сӯи соҳил убур карданд, ҳангоми дифоъ як зарбати найза ба Мусанно расид ва ӯро маҷрӯҳ сохт ва низ халқае аз зиреҳ дар баданаш фурӯ рафт, вале бо вуҷуди он аз фаолият боз наистод. Абузайди Тойӣ, ки яке аз фармондеҳони масеҳӣ буд ва ҳамроҳи мусалмонон меҷангид, як ҷо ба Сулайт ибни Қайс дар ин ҳангоми хатарнок, то он ҷо бо Мусанно ҳамроҳӣ ва фидокорӣ карданд, ки ба шаҳодат расиданд.

Саранҷоми дардноки ҷанг

Дар ин ҷанг чаҳор ҳазор нафар аз диловартарин ҷанговарони мусалмонон ё дар майдони ҷанг ё дар ҳини фирор кушта ё дар об ғарқ шуданд.

Ҳоло бояд бубинем, ки Баҳман ин сардори фотеҳ, ки ба ҳамин пирӯзии муҳим, ки дар ин набард ба даст оварда қонеъ мешавад, то ин ифтихор, ки касе пеш аз ӯ ба даст наёварда буд, номашро баланд кунад, ё барои ифтихору пирӯзии бештар, аз об убур карда, ба таъқиби мусалмонони шикастхӯрда мепардозад, то онҳоро ба куллӣ нобуд ва дидаи тамаи арабро аз ин сарзамин аз бех барканад?

Агар Баҳман ин корро мекард метавонист. Зеро нобуд кардани лашкари фирорӣ коре аст хеле осон, шояд Баҳман намехост худро ба он сӯи соҳил бирасонад ва дарёро дар пушти сар бигузорад, то мабодо ба мусалмонон қувваи имдодӣ бирасад ва тақвият шаванд ва рӯй баргардонида биҷанганд ва ин бор ӯ ва лашкараш дучори ҳамон вазъе бишаванд, ки мусалмонон шуданд ва ифтихори пирӯзиро, ки дар ин ҷанг ба даст оварда, аз даст бидиҳад.

Баҳман дар ин амр дудила буд, ки чи кунад. Ҳамин тардид ва таъхир дар кораш ба Мусанно фурсати хубе дод, то бақияи лашкарашро ба суръат аз хатар дур ва онҳоро аз ин минтақа ба шаҳри Ҳийра, ки маҳалли амне буд бирасонд ва баъдан бо фурсати бештаре онҳоро аз Ҳийра интиқол дода, ба шаҳри Алис, ки каме дуртар ва аз хатари ҳуҷуми душман дар амонтар буд, бирасонад ва дар он ҷо мустақар шавад.

Дар ин ҷо бояд ба ёд биоварем, ки ҳазрати Умар (р) ҳангоми ҳаракати Абуубайди Сақафӣ ба ӯ тавсия фармуд, ки дар ҳеҷ амре аз умураш бидуни арзёбӣ ва оқибатсанҷӣ шитоб накунад ва аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) дар кораш машварат кунад ва ҳарфашонро бишунавад, агар Абуубайд ба ин тавсия амал мекард, дучори ин талафоти ҷангӣ намешуд.

Ин ҷанг дар рамазони соли 13-уми ҳиҷрӣ воқеъ шуд ва дар таърихи ислом бо воқеаи Ҷиср шӯҳрат дорад.

Баҳман ҳанӯз тасмими қатъӣ дар кораш нагирифта буд, ки хабар ёфт байни мардум дар Мадоин ихтилоф афтода, ҷамъи тарафдори Рустам ва гурӯҳе пуштибони Фирӯзон буда, бо Рустам душманӣ доранд. Аз ин рӯ бо қисмати азими лашкараш фотеҳона ба Мадоин боз гашт ва қисмати кӯчаке аз онҳоро таҳти фармони Гобон гузорида, дастур дод, ки ба таъқиби лашкари Мусанно бишитобад.

Баҳман тасаввур мекард ҳамин гурӯҳи кӯчак барои нобуд кардани бақоёи лашкари шикастхӯрдаи фирории мусалмонон кофӣ аст ва ба осонӣ бар онҳо ғалаба хоҳанд ёфт, вале ин фикр хато буд.

Аҳли шаҳри Алис аз кори Баҳман ва аз он чи дар Мадоин мегузашт итилоъ ёфтанд ва ба Мусанно хабар доданд. Мусанно фурсатро ғанимат шумурд ва бо лашкараш ва бо иддае аз мардуми силаҳшури Алис, ки довталаби ҷанг ба нафъи мусалмонон шуда буданд, ба тарафи Гобон тохта ӯро шикаст доданд. Худи Гобон асир ва ба фармони Мусанно ба қатл расид.

Маъракаи Бувайб

«Таърихи Эрон» таълифи Пирниё Мушир-уд-Давла мегӯяд:

-Умар (р) пас аз воқеаи Ҷиср, то як сол ҳеҷ гуна иқдоме накард. Пас аз гузашти як сол мардумро дар Мадина ба набард таҳрик ва барои даст ёфтан бар мамлакат ва хазоини Сосониён ташвиқ кард ва ба ҳадде ба ин амр эҳтимом варзид, ки ҳаргоҳ касе мехост барои набард ба Шом биравад ӯро бозмегардонид ва ба Ироқ мефиристод.

Аммо форсиён бо он ки дар назди Ҷиср фатҳи дурахшоне карда буданд ва бо он ки фурсати яксола дар даст доштанд ва метавонистанд сипоҳи азиме фароҳам кунанд ва пои мусалмононро аз хоки Ироқ қатъ намоянд, ба иллати парешонии авзои дохилии худ аслан дар андешаи кор набуданд ва ҳатто ба фикри дафъи ҳамлаи эҳтимолии мусалмонон ҳам нашуданд. Шояд ҳам тасавур мекарданд, ки пас аз воқеаи Ҷиср хатари мусалмонон ба куллӣ аз байн рафта аст, аз ин рӯ осуда ва ором нишастанд.

Доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китобаш ба номи «Зиндагонии Форуқи аъзам» мегӯяд:

— Пас аз ин ки Мусанно ба лашкари Гобон ғолиб шуд муддате дар Алис монд ва ҳамин ки рафъи хастагӣ кард, ба ташвиқ ва тарғиби қабоили араб барои набард пардохт. Гарчи Мусанно аз халифа кумак хоста буд, вале худаш ҳам ором нанишаст, зеро расидани лашкари имдодӣ аз Мадина вақти зиёде мехост ва эҳтимол дошт, ки форсҳо дар фосилаи ин муддат қабл аз расидани кӯмак аз Мадина пешдастӣ намуда, ба ӯ ҳамла намоянд ва зарбае бар ӯ ворид намоянд, ки лашкарашро ба куллӣ нобуд кунад. Аз ин рӯ аз қабоили араби дуру наздик кӯмак хост ва аз онҳо ҷанговарони варзида ба даст овард ва бар лашкараш афзуд. Қабилаи масеҳии араби бани Намир муқими Ироқ, ки таассуби қавмияти арабӣ доштанд, ба роҳбарии Анас ибни Ҳилоли Намирӣ низ бо мусалмонон ҳамроҳ шуданд.

Мусанно лашкарашро, ки итминон дошт қавӣ шуда аз Алис ба маҳалле ба номи Марҷус сабох, ки байни Қодисия ва Хуфон дар ҷануби Ироқ буд, интиқол дод ва гарчи итминон дошт, ки ҳаргоҳ бар форсҳо дар ин ҳангоми буҳронӣ ҳамла кунад ғолиб мешавад, вале лозим надонист, то бубинад Умар (р) дар Мадина барои кӯмакаш чи карда ва барои кори ояндааш чи фармоне медиҳад. Ин буд вазъи Мусанно дар Ироқ пас аз воқеаи Ҷиср, ки мебинем талафотеро, ки дар ҷанги Ҷиср ба лашкари ислом расид, барқорор кард ва лашкарро то он ҷо тақвият намуд, ки эҳсос кард метавонад бар форсҳо ҳамла намояд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *