Адабиёт

  • Ҳаёт ва эҷодиёти МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ

    МУҲАММАДСИДДИҚИ ҲАЙРАТ Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда,…

    Муфассалтар »
  • АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

    АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа давраи нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар…

    Муфассалтар »
  • ҚОФИЯИ МУТЛАҚ ВА ҲАРФҲОИ ОН

    Дар илми бадеъи классикӣ қофияеро мутлақ меноманд, ки агар ҳарфи р а в ӣ бо ҳарфи в а с л часпида бошад, яъне баъди ҳарфи равӣ ҳарфи дигаре омада бошад. Мисол: Раъият ба зулми ту чун олиманд, Зи зулми ту бар якдигар золиманд. Дар ин байт (вазнаш — Мутақориби мусаммани…

    Муфассалтар »
  • Ҳаёт ва эҷодиёти МИРЗОСОДИҚИ МУНШИ

    МИРЗОСОДИҚИ МУНШИ Мирзо Муҳаммади Содиқи Муншӣ тақрибан байни солҳои 1753-58 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ Мирзосодиқ ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд. Шоир пас аз хатми мадраса ҳамчун донишманди закӣ, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад.…

    Муфассалтар »
  • Абӯалӣ ибни Сино

    Абӯалӣ ибни Сино Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино олим, табиб, файласуф ва адиби бузурги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Падараш аслан аз тоҷикони Балх буда, бо даъвати амирони сомонӣ, ки худ балхиасл буданду бо ҳамдигар шиносоӣ доштанд, ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён меравад ва вазифаи давлатии омили молиётро ба ӯҳда мегирад.…

    Муфассалтар »
  • Абулмуайяди Балхӣ

    Абулмуайяди Балхӣ Абулмуайяди Балхӣ аз ҷумлаи шоирон ва нависандагони шинохтаи қарни даҳи милодӣ мебошад. Давраи зиндагии ӯ ба замони ҳукмронии Абулқосим Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (976- 997 милодӣ) рост меояд, зеро ӯ асари худ «Аҷоибу-л-дон» ба ин амир бахшидааст. Дар ин асос тахмин кардан мумкин аст, ки қисми умдаи ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Абушакури Балхӣ

    Ӯ аз суханварони маъруфи адабиёти форсӣ ба шумор меравад ва кӣ будани падару модари вай ва ба кадом табақа ва қишри ҷомеъа мансуб будани хонаводаш маълуми муҳаққиқон нест. Аз рӯйи рақами 336 ҳиҷрии қамарӣ (947- 948 милодӣ), ки шоир онро соли таълифи асари худ «Офариннома» қарор додаст ва дар ин…

    Муфассалтар »
  • Шеърхо аз Абушакури Балхи

    Паричеҳра фарзанд дорад яке, К-аз шӯхтар кам бувад кӯдаке. Мар ӯро хирад неву тимор не, Ба шӯхиш андар ҷаҳон ёр не. Шуд, омадаш бинам сӯйи заргарон, Ҳамора сутӯҳанд аз ӯ дилгарон. Бихонд он гаҳ заргари дандро, Зи ҳамсоягон ҳам тане чандро. *** Чаҳондидагонро ба нодидагон, Накарданд яксон писандидагон. Ки позаҳр…

    Муфассалтар »
  • Адои Мазорӣ

    Адои Мазорӣ Мирзо Атоуллоҳ ки бо номи Шайх Атоуллоҳ низ шӯҳрат дошта, ба падараш яке аз шахсиятҳои маъруфи шаҳри Балх — Шайх Ҳабибуллоҳ писари Халифа Соҳиби Доруламон аст. Адо тахаллуси шоирии ӯст. Вай як шахсияти сӯфимашраб ва порсоманиш буда, аксар вақти худро ба таҳқиқ ва пажӯҳиши «Маснавии Маънави»-и Мавлоно Ҷалолиддини…

    Муфассалтар »
  • Аттори Балхӣ

    Мавлоно Аттор Шайх Аттори Нишопурӣ нест ва ӯ дар қарни ёздаҳи ҳиҷрӣ муқими Балх будааст. Ӯ пешаи атторӣ дошта, гоҳ – гоҳе шеър месуруда, ки рубоии зерин аз табъи равони вай аст. Эй гашта хиҷил оби ҳаёт аз даҳанат, Сарв аз қаду маҳ аз руху сим аз баданат. Соҳибназаре куҷост…

    Муфассалтар »
  • Восифи Бохтарӣ

    Восифи Бохтарӣ Аз суханварони машҳури муъосири Афғонистон маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1942 таваллуд шуда, таҳсилоташро дар риштаи адабиёт дар Афғонистон ва Амрико ба поён расонидааст. Дар хушунатбортарин солҳо диёрашро тарк нагуфт, вале билохира, рӯ ба ҳиҷрат овард ва акнун дар шаҳри Лос- Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад ва чун шоири боистеъдод…

    Муфассалтар »
  • Дақиқии Балхӣ

    Дақиқии Балхӣ Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ шоири бузурги аҳди Сомониён аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти Эрон» 317 ҳиҷрии қамарӣ (929 — 930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷойи таваллудаш аниқ маълум нест. Тазкиранависон дар ин масъала ихтилофи назар доранд. Бархе вайро аз Самарқанду Бухоро, баъзеҳо аз Балху Тӯс донистаанд. Вале…

    Муфассалтар »
  • Дарвеши Балхӣ

    Номи аслияш Муҳаммад буда, Дарвеш тахаллуси адабии ӯст. Вай дар нимаи қарни даҳум мезист ва дар замони ҳукумронии Шайбониён муфтии Балх будааст. Гузашта аз улуми мухталиф, аз суханварони зариф ва хушкалом ба шумор меравад ва дар мавзӯъҳои ҳазлу шӯхӣ ва мутоъибот ашъори латиф ва мавзун сурудааст. Аз ҷумла мутоъиботи зарифонаи…

    Муфассалтар »
  • Илмии Балхӣ ва Имлои Балхӣ

    Илмии Балхӣ Исмаш Мирчучак ва аз ҷумлаи содоти Балх аст. Аслан аз мавзеъи Сарипул мебошад. Мавсуф табъи равон ва истеъдоди хуб дар сурудани шеър доштааст. Ғазали зерин аз табъи саршори вай огоҳӣ медиҳад: Нуктаи сирри лабашро зи касе кун таҳқиқ, Ки некӯ ёфта бошад хабар аз кони ақиқ. Қадри зулфи…

    Муфассалтар »
  • Исломи Балхӣ

    Исломи Балхӣ Аз зумраи он суханварони Балх аст, ки тақдири рӯзгор ва осораш ӯ хеле печида ва норавшан аст. Танҳо як байт аз ӯ дар тазкираҳо дида мешавад: На тори умр маҳкаму на тори дӯстӣ, Афсӯс аз ин ду ришта, ки бисёр нозук аст. Исои Балхӣ Муҳаммадисо ибни Муҳаммад Ниёзи…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Ҳамиддадини Балхӣ

    Қозӣ Ҳамаддадин Умар ибни Маҳмуди Балхӣ яке аз олимон ва суханварони номӣ ба шумор рафта, дар замони Анварӣ ба ҳайси қозиюлқуззот (қозикалонӣ) дар Балх ифои вазифа менамуд. Мавсуф бар иловаи фақоҳат ва матонат дар улуми динӣ, ҳаким ва шоири ширинсухану шевобаён буд, ки бо Анварӣ мушоира дошта ва як бор…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Чалолиддини Балхи

    Марде, андар ҷустуҷӯ оворае, Собите, бо фитрати сайёрае. Пухтатар кораш зи хомиҳои ӯ, Ман шаҳиди нотамомиҳои ӯ. Шишаи худро ба гардун баста тоқ, Фикраш аз Ҷибрил мехоҳад садоқ. Чун уқоб афтад ба сайди моҳу меҳр, Гармрав андар тавофи нӯҳ сипеҳр. Ҳарф бо аҳли замин риндона гуфт, Ҳуру ҷаннатро буту бутхона…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Шаҳиди Балхӣ

    Мавлоно Муҳаммад Расули Шаҳид аз маҳаллаи Мормоли Балх аст. Ин мавзеъ то кунун номи таърихиашро ҳифз кардааст, ки дар «Муъзаму-л-булдон» ва «Ансоб»-и Самъонӣ низ ба ҳамин ном ёд шудааст. Шаҳид дар ҳудуди соли 1261 ҳиҷрии қамарӣ дар Балхи бостон чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Дар овони кӯдакиву наврасӣ маълумоти ибтидоиро…

    Муфассалтар »
  • Маъруфии Балхӣ

    Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Маъруфӣ аз суханварони номии қарни даҳи милодӣ аст. Зодгоҳи ӯ ба иттифоқи тазкиранависон Балх аст. Дар замони салтанати Абдумалик ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар доираи адабии Сомониён ширкат доштааст. Маъруфии Балхӣ аз ҳамсӯҳбатони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори…

    Муфассалтар »
  • Надими Балхӣ

    Хоҷӣ Подшоҳхоҷа ибни Мирзо Раҳматуллоҳ мутахаллис ба Надими Балхӣ дар 1254 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар андак муддат аз улуми мутадовилаи исломӣ фароғат ҳосил кард ва дар дарбори амир Шералихон боиззат ва виқор муқарраб буд. Амир Абдураҳмонхон низ ба эҳтироми ӯ мекӯшид. Ӯ надими сардор…

    Муфассалтар »
  • Носири Хусрави Кубодиёнии Балхӣ

    Мангар бад-ин заъиф танам з-он ки дар сухан, З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро. Абумуъиннидин ибни Ҳорис ибни Ҳасан ибни Муҳаммад Носири Хусрави Қубодиёнӣ соли 1003 милодӣ, ки ба лақабҳои Ҳуҷҷат, Ҳуҷҷати Хуросон, Шоҳ Носири Хусрав ва ғайра шӯҳрат дорад, дар шаҳраки Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замоне яке аз…

    Муфассалтар »
  • Овораи Балхӣ

    Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммади Балхӣ машҳур ба Овора аз шуъарои маъруфи аҳди Сабуктегини Ғазнавӣ ба шумор меравад. Қайд кардан лозим аст, ки бар асари дастбурди ҳаводиси рӯзгор ба ғайр аз чанд байт аз осори ин суханвар чизе боқӣ намондааст. Аз ҷумла ин ду байт аз чакидаи хомаи вай мебошад: Гар баркашам…

    Муфассалтар »
  • Робиъаи Балхӣ

    Соли таваллуд ва вафоти Робиъаи Балхӣ ё ки Қаздорӣ аниқ маълум нест. Аз нақли саргузашти ӯ бо устод Рӯдакӣ ва бародараш — Ҳорис, ки амирзодаи замони Насри II аст, маълум мегардад, ки дар нимаи якуми қарни даҳи милодӣ зиндагӣ кардааст ва умри дароз ҳам надидааст, зеро дар айни ҷавонӣ ба…

    Муфассалтар »
  • Розиқи Рӯйини Балхӣ

    Ӯ соли 1950 милодӣ дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Факултаи забону адабиёти Донишгоҳи Кобул ва Академияи тарбияи муаллими Афғонистонро хатм кардааст. Розиқи Рӯйин соли 1992 дар Донишгоҳи Софияи Булғористон рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Акнун дастандаркори интишори маҷаллаи «Хок»— нашрияи Конуни фарҳангии афғонистониҳои…

    Муфассалтар »
  • Саққоии Балхӣ

    Исмаш Баҳром аст, шахси порсоманиш ва қаландар машраб буда, аксар ба сайру саёҳат мепардохтааст. Боре аз Балх ба Сарандеб (Целон) рафт ва муддатҳо дар паҳлӯи марқади ҳазрати Одам (а) ба муҷовират пардохт. Дар соли 980 ҳиҷрии қамарӣ Саққоӣ соқии аҷалро лаббайк гуфт. Ӯ шоири соҳибдевон аст, ки миқдори ашъораш сӣ…

    Муфассалтар »
  • Солики Мазорӣ

    Марҳум Мавлавӣ Абдулҳайи Мазорӣ мулаққаб ба Солик аст. Ин родмарди таърих, ки Балхи бостон бо ӯ ифтихор дорад, дар соли 1330 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1289 ҳиҷрии шамсӣ дар маҳаллаи Кашфкашон, аз тавобеъи Чаҳоркенти вилояти Балх дар як хонадони шарифу обрӯманд чашм ба ҷаҳон кушудааст. Таълимоти ибтидоиро аз Мулло…

    Муфассалтар »
  • Султони Балхӣ

    Мавлоно Султон Муҳаммад ибни Мавлоно Дарвешмуҳаммади Мутфӣ аз суханварони бомаҳорати қарни даҳуми ҳиҷрии Балх аст. Муддате монанди падараш Мавлоно Дарвешмуҳаммад қозии ин шаҳр буда, то соли 959, ки эъмори муҷаддади мазори Хоҷа Абунасри Порсоро ба итмом расонида буданд, дар қайди ҳаёт буд ва таърихи онро ба ҳисоби абҷад ба назм…

    Муфассалтар »
  • Унсурии Балхи

    Ӯ аз бузургтарин суханварони доираи адабии Ғазнин дар нимаи авали қарни ёздаҳуми милодӣ ба ҳисоб меравад. Унсурӣ маликушшуъарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба қавли Муҳаммад Авфӣ: «устоди шуъаро ва муқаддами арбоби ин шева аст». Соли таваллуди вайро маъхазҳои адабӣ ва таърихӣ ба таври аниқ зикр накардаанд. Муҳаммад Авфии Бухороӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳабиби Балхӣ

    Сайид Ҳабибуллоҳ аз содоти Мирҳайдарии Балх аст ва дар қарни сездаҳи ҳиҷрӣ зиндагӣ ба сар бурдааст. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти хеле кам дастрас аст ва гоҳе ашъори диловез месуруда. Ғазали зерин аз вай аст: Ҷудо аз фикри ҷаҳон шав ба фикри Субҳон бош, Гадои ӯ шаву бар…

    Муфассалтар »
  • Накши зану шавхар дар тахкими оилаи солим аз дидгохи Мир Сайид Алии Хамадони

    Аз раванди таърих ба мо маълум аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар як халқу миллат дар рафти ташаккул ва рушд ба омезишҳои ҳархелаи фарҳангии дигар халқу миллатҳо рӯ ба рӯ мешавад. Равандҳои гуногуне, ки дар шароити ҷомеаи мусоири инсонӣ ба вуқуъ пайвастааст, ба вижа ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро низ дар…

    Муфассалтар »