Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Яздигурд дар Мадоин чӣ мекунад?

Дар ин ҳангом, ки Саъд дар андешаи пайдо кардани роҳе барои убур аз Даҷла буд, Яздигурд, ки умедаш аз қуввае, ки битавонад ӯро дар қасри Мадоин нигаҳ дорад қатъ гардида буд, дастур дод қисмати муҳиме аз ҷавоҳирот ва зинатолоти пурбаҳо ва анҷоми гаронқимати қасрро, ҳамроҳи зану фарзандаш ба шаҳри Ҳулвон, ки дар ғарби Эрон воқеъ буд интиқол диҳанд, то худаш низ баъдан ба он ҷо биравад ва иқомат кунад. Тасаввураш ин буд, ки шояд битавонад дар гузаргоҳҳои тангкӯҳҳои ғарби Эрон то муддате аз ҳуҷуми мусалмонон ҷилавгирӣ кунад.

Шаке нест, ки чун мардуми пойтахт медиданд Яздигурд дар ҳоли фирор аст, сахт ваҳшатзада шуда буданд. Ҷуз вуҷуди обу соҳил, ки монеи табии убури мусалмонон гардида буд, умеде барои онҳо боқӣ намонда буд.

Вале магар мусалмонон ин монеаро то он ҷо бузург ва мушкили кор хоҳанд шумурд, ки маъюсона аз ин ҷо боз гарданд ва ба он чи ки то кунун дар он сӯи соҳил ба даст овардаанд қонеъ шаванд? Чи гуна аз ин ҷо, ки дар канори пирӯзии муҳим қарор гирифтаанд дасти холи бозгарданд ва ҳоло он ки сармасти фатҳи Қодисия ва ба тавре имон ба нусрат ва пирӯзии худ доранд, ки мепиндоранд агар ҳеҷ роҳе барои онҳо набошад, Худо барои онҳо мӯъҷизае меофаринад, то убур намоянд ва ба он ҷо бирасанд, магар на ҳазрати Мусо бо чунин вазъе бархӯрд ва Худо барояш мӯъҷизае офарид ва ба василаи мӯъҷизаи Худовандӣ аз баҳри Сурх убур кард?

Оре, ин ҷо ҳам мадад ва инояти Худовандӣ ба кор афтод, то мусалмонон аз дарё бигзаранд, онҳо муддате дар канори соҳил истоданд ва ба обҳои он, ки ба шиддат ҷараён дошт, нигоҳҳои ҳаросомез карданд, ки чи кунанд то зудтар ба Мадоин бирасанд. Саъд низ барои илоҷи кораш ба фикр фурӯ рафта буд, вале роҳе барои ҳалли мушкили кораш намеёфт. Дар ҳамин асно ба Саъд хабар расид, ки Яздигурд миқдори зиёде аз амвол ва ашёи қиматеро бо зан ва фарзандаш аз қасри Мадоин ба шаҳри Ҳулвон фиристод ва худаш дар андешаи ҳаракат аст.

Ин хабар аз як тараф мужда ва боиси дилгармии Саъд гардид, зеро фаҳмид, ки Яздигурд аз ҳар даре ноумед гашта ва қуввае надорад, ки муқобили мусалмонон муқовимат кунад, вале аз тарафи дигар ин хабар муҷиби таассуфи шадиди Саъд гардид, зеро дарёфт, ки ин ашёи пурбаҳо интизор дошт ба дасташ меафтад, аз дасташ бадар рафта аст. Бинобар ин ҳирс барои расидан ба он ҷо ба ҷуш омад ва тасмим гирифт, то ҳар чи зудтар ва ҳар тавр шуда қабл аз ин, ки Яздигурд битавонад бо фурсати бештаре бақияи захира ва хазинаи қасрро бадар барад, дасташро аз қаср кӯтоҳ намояд. Ӯ ҳеҷ роҳе надошт ҷуз ин ки ҳар чи бодо бод ба василаи асп дарёро убур кунад.

Саъд мардумро ба ин кори хатарнок даъват кард ва хост дар ибтидо гурӯҳи кучаки худро ба василаи асп ба он сӯи соҳил бирасонад ва нигаҳбонони Форсро аз он ҷо биронанд ва худашон ба ҷои онҳо мустақар шаванд ва нигаҳбони намоянд, то сипас бақияи мусалмонон низ ба ҳамин тарз убур намоянд ва касе аз душман дар он сӯ набошад, ки монеи хуруҷашон бишавад.

Осим ибни Амр диловари бесобиқаи лашкари ислом довталаби кор шуд. Гурӯҳе аз далерони саворкори лашкар, ки гуфта шуда шашсад нафар буданд, омодаи ҳамкорӣ бо Осим шуданд. Саъд онҳоро таҳти фармони Осим қарор дод. Ҳама бо ҳам муҳаёи кор шуданд.

Осим дар ҳоле ки бар аспаш савор шуда буд, барои тақвият ва ташвиқи ҳамроҳонаш ин ояи каримае аз Қуръони маҷидро барои онҳо тиловат кард:

«Ҳеҷ касе нахоҳад мурд, магар ба амри Худо, ин матлаб амре аст, ки дар азал навишта шуда ва вақташ муайян шудааст» сипас аспашро ба сӯи об ронд ва ҳамроҳонаш, ки бо истимои ояи Қуръон беш аз пеш далер шуда буданд, бо ӯ ҳамроҳ худро ба об заданд.

Дар ин ҳангом Қаъқоъ ибни Амр ва ин паҳлавони номвар, ки нозири кори Осим ва гурӯҳаш буд, раво надид осуда бинишинад, аз ин рӯ бо гурӯҳи таҳти фармонаш, ки ҳама саворкорони моҳир ва найзабозони забардаст буданд, худро ҳамрои Осим ва ёронаш ба об заданд. Чун ин кор, коре хатарнок ва бесобиқа буд, ба ақидаи мусалмонон тавфиқ ва илҳоми илоҳӣ буд, вале форсиён мегуфтанд:

— Инҳо девонагонанд, ки мехоҳанд худро дар дарёи хурӯшон ғарқ кунанд. Магар мешавад ба василаи асп аз чунин наҳре, ки ба шиддат ҷорӣ аст, убур намоянд ва зинда берун оянд? Вале ҳамин ки масофати зиёде ба саломат тай карданд ва ба соҳил наздиктар шуданд, фарёд бароварда мегуфтанд: Ба Худо мо рӯ ба рӯ бо одамиён нестем, инҳо ҷинниёнанд, ки ба тарафи мо меоянд.

Ба ҳар ҷиҳат форсиён дар ҷои худ истода, ба ин фидокорон, ки бо ҷони худ бозӣ мекунанд ва мехоҳанд бар марг ғолиб шаванд ва мушкили кори худро ҳар тавр шуда бикшоянд, нигоҳҳои тааҷҷубомезе мекарданд. Он чиро ки соате қабл аслан бовар намекарданд инак ба чашми худ медиданд. Чизе намонда, ки ҳамаи онҳо солим аз об бароянд.

Бинобар ин гурӯҳе аз саворкорон ба тарафи онҳо пеш тохтанд, то аз хуруҷашон аз об ҷилав гиранд, вале коре карда натавонистанд, зеро мусалмонон қаблан ҳамаи чизро ба ҳисоб оварда пешгирии ҳар кори эҳтимолии душманро карда буданд. Найзаҳои хеле тез ва дароз бо худ оварда буданд ва бо зарбаҳои ҳамин найзаҳо, ки махсусан бар чашми аспҳои душман ворид месохтанд, онҳоро ба ақиб ронданд ин буд ки форсиён натавонистанд аз саворони мусалмонон, ки бепарво пеш меомаданд ҷилавгирӣ намоянд. Ҳамаи ин фидокорон, ки то кунун касе қабл аз онҳо ба чунин кори хатарноке даст назада буд, ба саломат ба соҳил расиданд.

Форсиён аз тарси чунин мардуми бебоке, ки ба гумони онҳо ҷинниёнанд на одамиён, фирор карданд. Мусалмонон бидуни ҳеҷ гуна бархурде бар таъсисоти низомӣ ва бандари шарқии соҳил даст ёфта, муҳимоти он ҷоро тасарруф намуданд ва ба нигаҳбонӣ пардохтанд. Инак ки барқи муваффақият дар чашмони Саъд медурахшид, фармон дод, то бақияи саворонаш низ ба ҳамин тавр, ки Осим ва Қаъқоъ бо ёронашон убур карданд, аз дарё бигзаранд. Тӯле накашид, ки ҳамаи онон бо хотири осуда бидуни ҳеҷ гуна хавфе дар дарё рехтанд. Масоҳати зиёде аз наҳр пур аз асп ва саворон гардид. Инҳо на аз хатари об метарсиданд, зеро медиданд, ки қабл аз онҳо раҳравон ба саломат рафтанд ва на аз он сӯи соҳил тарсе доштанд, чунки дар тасарруфи мусалмонон даромада буд.

Саъд пас аз расидан ба соҳили шарқӣ фавран ба дорандагони киштиҳо амр кард, то неруҳои пиёда ва таҷизот ва борубунаи лашкари мусалмононро аз он сӯ ба ин сӯи соҳил биёваранд.

Дар ин ҳангом, ки Саъд ва лашкараш ба ин ҷо расиданд, Яздигурд ва нигаҳбонони Мадоин, ки тоби муқовимат ва дифоъро дар худ намедиданд, аз шаҳр хориҷ шуданд ва касе набуд, ки аз вуруди мусалмонон ба шаҳр ва тасарруф кардани қасри шоҳаншоҳӣ лоақал то муддати кӯтоҳе мамониат кунад, ҷуз баъзе аз онҳо, ки дар қаср паноҳ гирифта буданд ва чорае набуд, ҷуз ин ки таслим шаванд ва дарвозаҳои қасрро ба рӯйи Саъд боз кунанд.

Ба ростӣ, ки ин моҷаро, яъне убури лашкари ислом ба василаи асп аз дарёи хурӯшон, ки ақл наметавонад онро таҳлил кунад, ба қавли Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал мӯъҷизае аз мӯъҷизоти ҷанги мусалмонон ба шумор меояд.

Ибни Касир дар таърихи худ ба номи «Албидоя ван –Ниҳоя» пас аз нақли ин воқеаи таърихӣ изофа карда мегӯяд: (Рӯзе буд бас бузург, моҷарое буд хеле ҳавлнок ва коре ба вуқӯъ анҷомид, ки мусалламан хориқ – ул — одат буд, ин кор тавфиқе буд, ки Худо барои ёрони паёмбараш офарид, зеро коре буд, ки ҳеҷ гоҳ назири он дар амалиёти ҷангӣ аз касе дида нашуда ва дар ҳеҷ нуқтае аз ҷаҳон воқеае ҳаммонанди он шунида нашуда буд).

Ростӣ, оё ин мӯъҷиза нест, ки қавме аз араб, ки на ошнои бо об ва шино доштанд ва на чунин кореро қаблан аз касе дида ё ақалан шунида буданд, то тақлид кунанд, он ҳам бо аспҳое, ки ҳеҷ гоҳ чунин оберо надида ва чунин кореро машқ накарда буданд аз Даҷла убур кунанд. Касе ҳам аз онҳо на хавфе аз маҷрои Даҷла дорад, ки ӯро дар худ гирад ва на тарсе аз форсиён дошта бошад, ки дар он сӯ барои мамониаташон истодаанд, то монеи хурӯҷашон аз об шуда онҳоро ба қатл бирасонанд.

Оре, имони комил ба холиқи ҷалла ҷалолуҳу ва эътиқоди ҷозим ба пирӯзӣ ё шаҳодат дар роҳи Худо, ки дар назари мусалмонон тибқи таъбири Қуръони муқаддас иҳдал ҳуснаяйн, яъне — яке аз ду некӣ, мебошад ва духули биҳишт, ки Худо ба шаҳидон мужда дода аст, рӯҳ ва нафси инсонро ба ҳадде боло мебарад, ки дунё ва молу матои он дар назараш ночиз мешавад, аз ин хотир ҷуз ҳадафи муқаддас чизе намехоҳад. Зиндагӣ ва маргро яксон медонад ва чи басо ки маргро беҳтар бидонад ва аз шунидани калимаи марг ҳамон лаззат ва хуширо эҳсос мекунад, ки аз шунидани навои дилнавози мусиқии зиндагӣ. Зеро ӯ маргро василаи расидан ба саодате медонад, ки дар ҷустуҷӯяш мебошад, пас чи беҳтар ки ҳар чи зудтар ба он бирасад.
Магар на ин аст, ки Бухорӣ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят карда, ки мегӯяд:

Марде дар набарди Уҳуд аз Расулу-л-лоҳ (с) пурсид:

Агар кушта шавам ҷоям дар куҷо хоҳад буд? Он ҳазрат фармуд:

— Дар биҳишт. Он мард чанд донаи хурмо, ки дар даст дошт ва мехост онҳоро бихурад, барои он ки зудтар биҷангад аз даст ба замин афканд ва рафт ҷангид, то он ки ба шаҳодат расид, ҳамон шаҳодате, ки орзуяшро дошт.

Мардони парваришёфтаи мактаби имон инчунинанд.

Ҳамин тавр, Саъд бо лашкараш дар моҳи сафари соли 16-уми ҳиҷрӣ ба Мадоин, ки бедифоъ шуда буд, дохил гардид. Ҷуз иддае андак аз сарбозони муҳофизи қаср, ки дар он ҷо паноҳ гирифта буданд, касе набуд, зеро чунон, ки гуфтем Яздигурд ва аҳлу аёлаш ба Ҳулвон рафта буданд. Сарбозоне, ки дар қаср буданд, чорае ҷуз таслим шудан надоштанд. Саъд ба осонӣ ва бидуни ҷанг вориди қаср гардид ва дар ҳоле, ки нигоҳҳои тааҷҷубомез ба қаср ва асбобу анҷоми он мекард, ин ояи каримаи Қуръонро ба ин муносибат тиловат намуд.

Сухани Худо:

Чи зиёд аз худ ба ҷой гузаштанд аз боғҳои бузург ва чашмаҳои олӣ ва ҷойгоҳҳои бошукӯҳ ва айш ва неъмате, ки дар он хуш мегузаронданд. Чунин шуд ва ҳамаи онҳоро вогузор кардем ба касони дигар. Пас ба ҳолашон на осмон гиря кард ва на замин ва мо ба онҳо беш аз ин, мӯҳлати мондан надодем.

Бадин сон қасри шоҳӣ, ки қарнҳо бар қисмати азиме аз ҷаҳон фармонравоии мутлақ дошт ва ҳайбати қасрнишинонаш пушти императорони ҷаҳонро меларзонд, дар асари ҳайбат ва шавкати мусалмонон хеле осон суқут кард ва дар ихтиёри Саъд ва дар тасарруфи давлати ислом даромад.

Субҳоналлоҳ! (Поку муназзаҳ аст Аллоҳ)! Ин ҷо ҳамон шаҳри боазамати Мадоин -пойтахти шоҳони Сосонӣ аст ва ин ҳам ҳамон қаср ва айвони бошукӯҳе аст, ки ҷуз шоҳон ва шоҳзодагон ва фармонравоёни бузурги дунё касе ба он роҳ намеёфт ва ин лашкаре, ки акнун бар он тасаллут ёфта, онро тасхир карда аст, аз нимҷазираи араб — сарзамини хушк ва беҳосил омада, дар миёни гулзорҳои зебо ва хушбӯ ва дарахтони шодоби меваҳои гуногуни боғи қаср, ки дар шафати онҳо фавораҳои об қарор дошт, озодона ба гардиш даромаданд. Ҳамин ки аз миёни гулзорҳо ва дарахтони қаср мегузаранд ба ӯтоқҳои тааҷҷубангези қаср дохил мешаванд. Нақошӣ, зебу зинат ва пардаҳои заррин, ки дар васф намеояд ва фаршҳои бемонанде, ки гирду атрофашон бо симҳои тилло ва нуқра оро ёфта ва асбобу анҷоми айшу нуш ва дигар чизҳои шарқӣ, ки аз нуқоти мухталифи ҷаҳон овардаанд ва дар ин қаср мавҷуд буд, ба тасарруфашон даромада, онҳоро ғарқи тааҷҷуб ва таҳсин намуда аст. Ростӣ чи ибратангез аст ва чи ошкор мебинем он чиро, ки Худо дар Қуръон баён карда аст.

Сухани Худо:

«Ин рӯзгорони тараққӣ ва азаматро байни мардум даст ба даст мекунем», яъне гоҳе қавмеро ба авҷи азамат мерасонем ва вақти дигар ин азаматро аз онҳо гирифта ба қавми дигар, ки забун буданд медиҳем ва он забардастонро зери дасташон қарор медиҳем.

Айвони Мадоин

Албата бояд фаҳмид, ки азамати ҳар қавм иллате дорад ва суқуташон аз азамат иллати дигар, на он ки Худо қавмеро беҷиҳат ва бе муқаддима ба азамат мерасонад ва сипас онҳоро бе иллат залил ва забун мефармояд. Касби азамат роҳе дорад ва суқут аз азамат сабабе.

Саъд дар қасри шоҳаншоҳии Мадоин ҷойгир шуд ва айвони машҳур ба айвони Кисроро, ки маҷлисгоҳи бузурги шоҳаншоҳӣ ва ба гуфтаи таърихномаҳои арабӣ як сад газ (панҷоҳ метр) тӯл ва ҳафтод газ (сиву панҷ метр) паҳно дошт ва фарши машҳури баҳористон, ки махсуси ин айвон буда аст, намозгоҳи мусалмонон қарор дод. Аввалин намозашон, ки намози пешин буд бо ҷамоат дар ин айвон анҷом доданд. Худи Саъд, ки амири лашкар буд ва тибқи расми он рӯзгор амир пешнамоз мешуд, имоми ҷамоати мусалмонон гардид. Ба тавре ки доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби худ ба номи «Форуқи аъзам» навишта аст: «Бо он ки Саъд, ин айвонро намозгоҳи мусалмонон қарор дод, даст ба асбобу анҷоми зебои он назад ва ҳатто муҷассамаҳои зебои муҳимро, ки дар он ҷо буд, чун пештара ба ҳолашон гузошт. Шояд ин муҷассамаҳо ба ҳадде ҷолиб ва зебанда буда, ки Саъд раво надид онҳоро нобуд созад ё тағйир ва табдиле дар онҳо ворид созад.

Ғаниматҳои Мадоин

Мегӯянд: Саъд дар хазинаи ин қаср як ҳазору сесад милиард динор сиккаи тилло ёфт. Аз ҷавоҳир ва зинатолот, зарфҳои тилло ва нуқра, либос ва порчаҳои ҳарир ва зарбофт ва фаршҳои гаронбаҳо ба қадри зиёд дар ин қаср ёфт, ки наметавон барои онҳо қимате тахмин зад.

Дар байни ин ашё, фарши (қолин) машҳур ба фарши баҳористон буд. Ин фарши зарбофт ва зинатёфта ба анвои ҷавоҳири гаронқимат сад зироъ тул ва ҳафтод зироъ арз дошт, ки тамоми масоҳати сатҳи айвони қасри Кисроро мепӯшонидааст. Муаррихони давраи аввалияи ислом навиштаанд, ки ҳошияҳои ин фарши зарбофт бо зумрадҳои камназир ва миёнаи он бо ҷавоҳири гаронбаҳои рангоранг зинат ёфта буд.

Ҳамчунин тоҷ, либос, шамшер ва камарбанди оро ёфтаи Яздигурд, ки дар онҳо навъҳои ҷавоҳири қимате ба кор рафта буд, аз дасти марде, ки аз шаҳр хориҷ мешуд, ба дасти мусалмонон афтод.

Зайнӣ Деҳлон дар «Футуҳоти Макка» ва доктор Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китоби «Форуқи аъзам» мегӯянд:

«Мусалмонон миқдори зиёде сабади сарбаста дар Мадоин ёфтанд, ки бо сурб муҳр шуда буд. Тасаввур карданд, ки дар онҳо хӯроки ва ашёи хӯрдани вуҷуд дорад, вале маълум шуд дар онҳо зарфҳои зебое аз тилло ва нуқра мебошад» (албатта, онҳоро барои интиқол ба ҷои дигар омода кардаанд).

Яке аз мусалмонон ба номи Исмат Заббӣ ду адад бастаро аз марде дар хориҷи шаҳр гирифт, ки дар яке аз онҳо муҷассамаи тиллоии як асп буд, ки бо ёқут ва зумуррад ва дар яке дигар муҷассамаи шутуре буд аз нуқра, ки бо анвои ҷавоҳир зинат ёфта буд.

Қаъқоъ ибни Амр аз марде сандуқе гирифт, ки дар он ёздаҳ шамшери меросии беназир буд ва тамоми онҳоро дар назди Саъд гузошт. Саъд ӯро мухайяр намуд, то ҳар кадом аз онҳоро, ки бихоҳад барои худаш бардорад. Қаъқоъ низ яке аз онҳоро, ки ба назараш беҳтар буд, писандид.

Мусалмонон дар хонаҳои Мадоин ба қадре ашёи нафис ва васоили муҳими зиндагонӣ ёфтанд, ки нишон медод мардуми Форс дар айш ва неъмате зиндагӣ мекардаанд, ки касе ҷуз онҳо дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон надошт.

Дар баъзе таърихномаҳо омада, ки зинатолоти тиллоии зиёде ба дасти мусалмонон афтод, ки баъзе аз онҳо тилло ба даст мегирифтанд ва тақозо мекарданд, то онро сар ба сар бо нуқра иваз кунанд.

Саъд чаҳор панҷум аз кулли ин ғаниматҳоро тибқи дастури ҳукумати ислом байни фармондеҳон ва неруҳои лашкар тақсим кард, вале фарши баҳористонро дастнахурда ба тоҷ, шамшер, камарбанд ва либоси фохири Яздигурд ҳамроҳи як панҷуми ғаноим иборат аз зарфҳои тилло, нуқра ва зинатолоти тилло ва нуқра ва либосҳо тавассути марде ба номи Башир ибни Ҳасосия ба Мадина назди Умар (р) фиристод.

Фатҳи Мадоин ва фурӯтании мусалмонон

Ҳоло бояд дид ин фатҳи бузург, яъне тасаллут бар пойтахти бошукӯҳи императори азими Форс ва ин ғаноими беҳисоб чӣ асаре дар Саъд ибни Абуваққос ба ҷой мегузорад? Оё ӯро худхоҳ ва мутакаббир мекунад? Ҳар гоҳ ба зоҳири ин кор бингарем бояд бигӯем оре, вале ӯ аз асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с) ва аз хешони модари Расулу-л-лоҳ (с) ва тарбиятёфтаи мадрасаи нубуват буд, аз ин ҷиҳат на кибр варзид ва на ғурур пайдо кард, балки баръакс хоксор шуд ва мутаваҷеҳ ба сӯйи Парвардигори азза ва ҷалл гардид, ки ӯро дар ин фатҳи азим ёрӣ ва муваффақ фармуд ва бадин ҷиҳат рӯ ба қибла истод ва барои он, ки андаке аз ӯҳдаи шукраш бадар ояд, ҳашт ракаат намози шукр хонд.

Чунон ки медонем ин дарвозаи Форс, ки ба рӯи Саъд ба осонӣ боз шуд, ба ҷои он ки ӯро мағрур ва аз Худо ғофил намояд, бештар фурӯтан ва ба Худо наздиктар сохт. Аввалин коре, ки Саъд дар қаср анҷом дод, утоқи бузургеро, ки маҷлисгоҳи шоҳаншоҳӣ буд ва дар он ҷо барои умури дунявӣ баҳс ва машварат мешуд, намозгоҳи мусалмонон қарор дод, то рӯзе панҷ бор дар панҷ вақт бо анҷоми намози ҷамоат ҳама бо ҳам худро ба Худо наздик намоянд ва рӯҳи худро бо ин ибодат парвариш диҳанд ва бадин сон маҷлиси бузурги шоҳиро мубаддал ба масҷиди илоҳӣ намуд.

Яке аз асрори пешрафт ва муваффақияти аҷиби мусалмонони садри ислом ҳамин буд, ки дар ҳар пешомаде ва дар асари ҳар пешрафте дил ба худованди ҷалил мебастанд ва ҳаргиз аз ӯ ғофил намешуданд.

Ғаниматҳо дар Мадина

Гуфтем Саъд як панҷуми ғаноими Мадоинро ба назди Умар (р) фиристод. Акнун бояд дид ин шахси бузург аз дидани ин ҳама амвол ва сарвате, ки ҳеҷ гоҳ барояш собиқае надошт ва ҳоло дар ихтиёраш қарор гирифта чи ҳоле пайдо мекунад?

Вақте ки Умар (р) зиёдии ин ғаноим ва ин сарвати муҳимро, ки шояд тасаввур намекард то ин андоза зиёд ба дасташ бирасад мушоҳида кард, фавран рӯ ба осмон кард ва гуфт:

-Худоё ин амволро аз паёмбарат, ки назди ту дӯстдоштатар ва гиромитар аз ман буд, боз доштӣ ва низ ба Абубакр (р), ки дар назарат аз ман дӯстдоштатар ва гиромитар буд, надодӣ ва ба ман ато фармудӣ. Ман ба ту паноҳ мебарам аз ин ки маро мавриди имтиҳон ва озмоиш қарор дода бошӣ. Сипас то он ҷо аз хавфи Худо гиря кард, ки ҳозирин мутаъассир шуданд. Пас аз он ба Абдурраҳмон ибни Авф саҳобии Расулу-л-лоҳ (с) амр фармуд, то тамоми ин амволро қабл аз фаро расидани шаб байни аҳли Мадина тақсим намояд ва чун фарши баҳористон қобили тақсим набуд, бо аъзои маҷлиси хилофат машварат фармуд, ки чи кунад. Баъзе гуфтанд:

-Ин фарш бояд ба худат ихтисос дошта бошад. Касе ҳаққе дар он надорад, вале қабул накард ва баъзе аз таърихҳо мегӯянд, ки тибқи пешниҳоди ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (р) онро қитъа китъа тақсим фармуд. Қитъае, ки ба ҳазрати Алӣ расид, онро ба ҳазор дирҳам фурӯхт.

Роҳе ҷуз ин набуд. Зеро созмони дастгоҳи хилофати халифаи мусалмонон ба ҳадде содда ва беолоиш буд, ки бардошт намекард чунин фаршро ба кор бибарад. Гузашта аз ин дини ислом истеъмол ё нигаҳдории чунин фаршро, ки бо симҳои тилло ва нуқра гулдузӣ ва бо ҷавоҳироти гаронбаҳо ороиш ёфта буд, барои мусалмонон ҳаром медонад. Пас роҳе набуд ҷуз ҳамин роҳе, ки ҳазрати Алӣ (р) пешниҳод дод ва ҳазрати Умар (р) онро мувофиқат фармуд.

Фатҳи Ҷилавло

Чун ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи Мадоин ба Саъд иҷоза надод лашкари фирории Форсро таъқиб кунад, дар қасри шоҳии Мадоин сукунат кунад ва мусалмононро низ дар хонаҳои Мадоин ва дар атрофи қаср сукуннат дод ва ба назми умури дохилӣ машғул гардид.

Муддати зиёде гузашта буд, ки Саъд ба василаи ҷосусонаш хабар ёфт, ки сарбозони фирории Мадоин бо Фирӯзон дар шаҳре ба номи Ҷилавло, ки беш аз чиҳил мил аз Мадоин фосила надошт, ҷамъ шудаанд. Ҳамчунин бохабар шуд, ки иддаи зиёди сарбоз аз навоҳи мухталиф Ҳулвон- иқоматгоҳи кунунии Яздигурд омадаанд ва онҳоро барои тақвияти форсҳо ба Ҷилавло равон дошта аст ва боз ҳам пай дар пай муратабан кӯмаки низомӣ ва озуқа ба он ҷо мерасонад. Бадин тартиб лашкари муҳиме дар Ҷилавло гирд омада, дасти иттиҳод ба ҳам дода, бо ҳам аҳду паймон бастаанд, ки то вақте ки мусалмононро ба куллӣ нобуд ва ҳадди ақал аз сарзамини худ ихроҷ накунанд даст аз ҷанг накашанд, ё мардона дар роҳи ватан ҷон бибозанд.

Чун Саъд аз халифа иҷозаи иқдоме надошт, моҷароро ба ҳазрати Умар (р) дар Мадина иттилоъ дод ва мунтазири фармон гардид.

Ҳазрати Умар (р) ба маҳзи дарёфти номаи Саъд фавран амр кард то ду ҳазор сарбоз таҳти фармони Ҳошим ибни Утба (ки яке аз фармондеҳони таҷрибаноки ҷанг буд ва қаблан аз ҷабҳаи Шом ба амри Умар (р) ба Ироқ омада, дар ҷанги Қодисия ширкат карда буд) ба сӯи Ҷилавло ҳаракат диҳад. Қаъқоъ ибни Амр қаҳрамони бебоки Қодисияро низ ҳамроҳаш бифиристад. Ҳошим бо лашкараш, ки Қаъқоъ дар пешопеши он буд, ҳаракат кард ва хеле зуд ба Ҷилавло расид ва онро дар муҳосира афканд. Гарчи то ҳабдаҳ рӯз байни тарафайн дар хориҷи ҳисор ҷангҳои кӯтоҳе дармегирифт, вале ҳеҷ кадом аз иқдоми худ натиҷаи хубе намегирифт, то он ки лашкари Форс субҳи рӯзи ҳаждаҳум ҳама бо ҳам аз шаҳр хориҷ шуданд ва мардона шаддидтарин ҷанги худро оғоз карданд. Таърихи ибни Касир мегӯяд:

-Рӯзи ҳаждаҳум ду лашкар ба ҳадде бар шиддати амалиёти худ афзуданд ва ҷанг ва куштори шадиде ба миён омад, ки ҳатто ҷанги Қодисия ҳам ба пои он намерасид. Чун вақти намози пешин расид, мусалмонон фурсат наёфтанд намозашонро ба таври оддӣ бихонанд. Ин буд, ки ба ночор дар ҳамон ҳоле, ки меҷангиданд машғули намоз шуданд ва рукуъу суҷуд ва соири аркони амалии намозашонро бо ишора ба ҷой оварданд.

Ҳангоме, ки рӯз ба охир мерасид Қаъқоъ, ки метарсид мусалмонон дар аввали шаб, тибқи одат ва расми он замон даст аз ҷанг бикашанд, онҳоро суханони ҳаммосӣ ва сеҳрангезаш ба идомаи ҷанг таҳрик ва онҳоро ба тавре ба ҳаяҷон овард, ки гӯё ҷони тозае гирифтанд. Ҳама бо ҳам дар аввали шаб аз нав ҳамлаи шаддиде бар лашкари хастаи Форс намуданд.

Лашкари диловари Форс гарчӣ дар ин ҳангом, табъан, замзамаи дустдории ватанро бар лаб доштанд хеле пойдор ва мардона меҷангиданд, вале ба ҳар ҳол дар байни онҳо ҳамон сарбозони шикастхӯрдаи Қодисия ва фирориёни Мадоин буданд, ки ҳанӯз тарси он шикаст аз дилашон дур нарафта буд. Аз тарафи дигар чун дар тӯли рӯз хеле шадид ҷангидаву хаста ва заиф шуда буданд, инак, ки шаб фаро расида аст, сарбозони ислом аз шиддати имонашон эҳсоси хастагӣ намекунанд ва на танҳо даст аз ҷанг намекашанд, балки бар шиддати ҳамлаҳояшон меафзоянд, аз ин сабаб лашкариёни Форс тоби муқовиматро аз даст доданд ва миёнаи сафҳояшон парокандагӣ эҷод шуд ва қисмати чапу рости сафҳо дар ҳаму барҳам шуд ва фурӯ рехт. Дар ин ҳангом Қаъқоъ бо ҷамъе аз диловарнони мусилимин худро ба дарвозаи ҳисори шаҳр расонданд ва онро дар ихтиёр гирифтанд, то аз баргашти сарбозони Форс ба дохили шаҳр ҷилав гиранд. Инак мусалмонон аз ҳар сӯ бар онҳо, тохтанд. Иддаи зиёде аз онҳо, ки дар муҳосираи мусалмонон афтода буданд, ба қатл расиданд. Меҳрон фармондеҳашон низ ба дасти Қаъқоъ, ки ӯро таъқиб мекард дар наздики маҳалле бо номи, Хонақин кушта шуд. Иддае аз онҳо, ки наҷот ёфтанд, аз торикии шаб истифода карда шитобон ба сӯйи Ҳулвон гурехтанд. Шаҳри Ҷилавло ба дасти мусалмонон афтод.

Яздигурд пас аз суқути Ҷилавло яқин дошт, ки мусалмонон ба Ҳулвон ҳамла. Хоҳанд кард ва агар боз дар ин ҷо бимонад, кушта ё асир хоҳад шуд, бинобар ин аз он ҷо хориҷ шуд ва ба ноҳияи Рай гурехт.

Мусалмонон пас аз фатҳи Ҷилавло чунон, ки Яздигурд пиндошта буд, фавран ба сӯи Ҳулвон ҳаракат карданд ва пас аз ҷанги кӯтоҳе, ки дар хориҷи шаҳр бо нигаҳбонон рух дод пирӯзмандона ба шаҳр ворид шуданд. Инак шаҳри муҳими Ҳулвон — иқоматгоҳи дуввуми Яздигурд низ дар фосилаи каме ба тасарруфи мусалмонон даромад.
Тавре ки таърихҳо менависанд, мусалмонон дар шаҳри Ҷилавло ва Ҳулвон сарвати зиёде ба ғанимат гирифтанд, зеро илова бар он чӣ, ки қаблан дар ин ду шаҳр мавҷуд буда аст, амвол ва ашёи зиёде, ки Яздигурд ва фирориёни Мадоин аз он ҷо бо худ ба ин ду шаҳр оварда буданд, низ мавҷуд буд. Инҳо ба дасти мусалмонон афтод.
Мегӯянд арзиши зеваролот ва зарфҳои гаронбаҳое, ки дар ин ду шаҳр ба дасти мусалмонон афтод, сӣ милион пули роиҷи он замон буд. Ҳамчунин пули нақд, маводи хурока, либос, абзору олоти ҷангӣ ва сарвати зиёде буд, ки насиби мусалмонон гардид. Чунон ки «Таърихи Эрон» таълифи Пирниё (дар сафҳаи 336) мегӯяд:

-Сад ҳазор аспи мумтоз ва асил ҷузъи ғанимате буд, ки дар ин ду ҷанг ба дасти мусалмонон расид.

Саъд ибни Абуваққос чаҳор панҷуми ин ғаноимро байни фармондеҳон ва сарбозони лашкари ислом тақсим кард ва як панҷуми онҳоро ба василаи Зиёд ибни Абусуфён ба Мадина назди Умар (р) фиристод.

Чун Зиёд аввали шаб ба Мадина расид, Умар (р) дастур фармуд амволи ғаниматро дар масҷиди набавӣ нигаҳдорӣ кунанд ва Абдураҳмон ибни Авф ва Абдуллоҳ ибни Арқамро вазифадор кард, то нигаҳбонӣ намоянд.

Вақте ки Умар (р) аз намози субҳ фориғ шуд, ба интизори тулӯи хуршед нишаст. Онгоҳ амр фармуд, то парда аз рӯи амвол бардоранд. Чун чашмаш ба он миқдор тилло ва ҷавоҳири гуногун ва ашёи тилло ва нуқра афтод, ба ҷои он ки аз хушҳолӣ бихандад, ба гиря афтод. Абдураҳмон ибни Авф арз кард:

-Эй амира-л-мӯъминин!, Чаро гиря мекунед? Ба Худо қасам акнун вақти хушҳолӣ ва шукри Худованд аст.

Умар (р) гуфт:

— Ба Худо қасам гиряам ин аст, ки ҳар қавме ба чунин сарвате бирасанд, нисбат ба ҳам кина ва ҳасад меварзанд ва нисбат ба якдигар бадбин мешаванд ва ба ҷони ҳам меафтанд.

Оре, ҳазрати Умар (р) аз айш ва хушгузаронии вақт, ки ба василаи молу сарват падид меояд ва натиҷаи он ҷуз ҳасад, кина, танпарварӣ, сустӣ ва заъфи уммат нест, метарсид.

Гӯё ҳазрати Умар (р) аз паси пардаи ғайб он чиро, ки қазо ва қадари илоҳӣ дар оянда дар асари натоиҷи сарват барои ин уммат навишта буд, бо чашми басираташ медид. Ӯ медонист, ки ин футуҳот идома дорад ва ин қабил ғаноим ва бештар аз ин боз ҳам дар оянда ба дасти ин уммат хоҳад расид. Сарватҳо, ки аз ҷиҳоти мухталифи ҷаҳон селмонанд ба Мадина сарозер мешавад ё дар соири амокин пас аз ҳар фатҳе ба дасти мусалмонон мерасад, чи асароти баде ба бор меояд ва корашон ба куҷо хоҳад кашид.

Ҳазрати Умар (р) ин ғаноимро монанди ғаноими Мадоин байни мардум тақсим фармуд.

Мусалмонон бо фатҳи Ҷилавло ва Ҳулвон илова бар фатҳи саросари тӯли Даҷла ва саводи Ироқ, дар марзҳои сарзамини Форс низ рахна карданд, чунон ки пас аз ин бар Мавсил ва Тикрит, ки ду шаҳри масеҳинишини Ироқ буданд, аз як тараф ва бар Кирмоншоҳ аз тарафи дигар ба зуди тасаллут ёфтанд ва ба ин тартиб осуда дар хоки Ироқ ва дар Мадоин сокин шуданд ва ором гирифтанд.

Фатҳи Хузистон

Дар аввалҳои соли 17-уми ҳиҷрӣ Саъд ибни Утба, ки аз тарафи Саъд ибни Абуваққос волии Басра шуда буд, ба Муғийра ибни Шӯъба маъмурият дод, то сарзамини Хузистонро фатҳ намояд. Муғийра, ки ба марди сиёсӣ шабеҳтар буд то ба марди ҷангӣ мувафақ шуд бо сиёсати дурусти худ ба осонӣ мардуми шаҳри Аҳвозро бидуни ҷанг водор ба таслим ва қабули пардохти ҷизя намояд.

Пас аз ин Абумусои Ашъарӣ саҳобии ҷалили Расулу-л-лоҳ (с) аз тарафи халифаи мусалмонон Умар ибни Хаттоб(р) ба ҷои Муғийра мансуб ва маъмур шуд, то дунболаи футуҳоти Муғийраро бигирад.

Абумусо пас аз чандин ҷанг шаҳрҳои Рамҳу ва Шушро гирифт ва чун ба Шуштар расид, бо муқовимат ва дифои сарсахтонаи Ҳурмузон – фармондеҳи машҳури эронӣ рӯ ба рӯ гардид ва бо он ки Аммор ибни Ёсир ба амри халифа бо як саввум лашкари захираи Куфа аз он ҷо ба ёрии Абумусо шитофт, боз ҳам Ҳурмузон ва аҳли Шуштар мардона муқовимат намуданд ва аз шаҳрашон дифоъ карданд. Ин вазъ то муддати зиёде тӯл кашид, то он ки гурӯҳе аз мусалмонон бо роҳнамоии як нафари эронӣ ки аз Абумусо амон талабида буд, шабона аз тариқи роҳрави об вориди шаҳр шуданд ва бар маҳалли занон ва атфоли мудофион, ки онҳоро дар маҳалли муайяне ҷой дода буданд, тасаллут ёфтанд. Ҳамон шаб дарвозаҳои шаҳрро бар рӯи лашкари ислом боз намуданд. Ба ин тарз бар шаҳр тасаллут ёфтанд, вале Ҳурмузон таслим нашуд ва дар қалъаи шаҳр паноҳ бурд ва аз Абумусо амон хост.

Асорати Ҳурмузон

Чун Ҳурмузон бо Саъд ибни Абуваққос сулҳ карда буд ва акнун бо ин муқовимат нақзи сулҳ карда буд ва ба илова ду нафар аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) бо номҳои Барот ибни Молик ва Муҷазот ибни Саврро бо дасти худ пас аз ақди сулҳ кушта буд, Абумусо тақозои амонашро напазируфт, вале мувофиқат кард, ки ӯро таҳти ҳифз ба мадина назди Умар фиристад, то нисбат ба амон ё қатлаш тасмим бигирад.

Абумусо Ҳурмузонро тавассути нигаҳбон, ки Анас ибни Молики саҳобӣ ва хидматгори Расулу-л-лоҳ (с) ва Аҳнаф ибни Қайс — саҳобии Расулу-л-лоҳ ва хатиб ва суханвари машҳури араб дар байни онҳо буданд ба Мадина фиристод.

Ҳамин ки Ҳурмузон ба Мадина расид, либоси малиладӯзии фохирашро пӯшид ва камарбанди заррини ҷавоҳирнишонашро ба камар баст ва кулоҳи мурассаашро ба сар гузошт, то бо ҳамин вазъ ба ҳузури ҳазрати Умар (р) бирасад.

Ҳурмузон тасаввур мекард, ки халифа ва фармонравои муқтадири мусалмонон, ки аз як тараф бар пойтахти Сосонӣ тасаллут ёфта ва аз тарафе дасти императори Румро аз якояки шаҳрҳои Шом ва Фаластин қатъ мекунад, боргоҳи пурдабдаба ва тоҷу тахти бошукӯҳе дорад, ки аз он чи то кунун дида ё шунида аст хеле муҳимтар ва бартар аст. Ба ин иллат буд, ки худро барои ҳузур ба даргоҳаш ин тавр орост. Вале вақте ки ӯро барои мулоқот бо халифа ба масҷид. Бурданд, дар он ҷо на боргоҳе дид ва на он касеро, ки тасаввур мекард. Оре, на онро дид ва на инро, аз ин рӯ пурсид:

-Пас, халифа кадом ва куҷо аст. Мардум ҳазрати Умар (р)- ро, ки дар гӯшае аз масҷид ба хоб рафта буд, ба ӯ нишон доданд.

Ҳурмузон, ки нигоҳаш ба сӯи халифаи соддапӯш ва императори бетоҷу тахт дӯхта ва ғарқи тааҷҷуб шуда буд, гуфт:

-Агар ин шахс халифаи мусалмонон аст пас дарбор ва дарбон ва нигаҳбононаш куҷоанд? Гуфтанд:

-Амири мо на дарборе дорад ва на дарбон ва нигаҳбоне.

Ҳазрати Умар (р) аз садои гуфтугӯи онҳо аз хоб бедор мешавад ва чун чашмаш ба Ҳурмузон меафтад, ӯро аз вазъ ва либосаш мешиносад. Амир мефармояд, то либосашро аз тан дароваранд ва либоси соддае бар ӯ бипӯшонанд. Сипас ҳазрати умар ба ӯ хитоб карда мегӯяд:

-Ҳон эй Ҳурмузон! Чунин аст оқибати макр ва найранг ва мухолифат бо амри Худо Ҳурмузон арз мекунад:

-Бале чун Худо дар айёми ҷоҳилият аз шумо рӯгардон буд, мо бар шумо ғолиб ва бартар будем, акнун ки Худо бо шумо аст, шумо бар мо ғолиб ва бар диёри мо тасаллут ёфтаед. Ҳазрати Умар (р) мефармояд:

-Яқин аст, ки бахт аз шумо баргашта аст вагарна ғалабаи мо бар ин миллати доно муяссар набуд.

Чун Ҳурмузон аз Абумусо амон наёфта буд ва метарсид дар Мадина бо фармони халифа ба қатл бирасад, бо ҳиллае, ки ба эҳтимоли қавӣ дар байни роҳ нақшаашро кашида буд, худро аз қатл наҷот дод.

Достон аз ин қарор аст ки, Ҳурмузон дар ҳузури халифа об хост ва ҳамин ки Ҳурмузон зарфи обро ба даст гирифт, гуфт:

-Метарсам маро дар ҳини шурби об бикушанд. Халифа фармуд:

— То обро наошомидаи хатаре бар ту нест. Ҳурмузон зарфи обро сарозер намуд ва тамоми об бар замин рехт ва арз кард, чун фармудӣ то об нахӯрам хатаре бар ман нест ва ман нахӯрдам, дар амонам. Ҳазрати Умар (р) қабул кард ва на танҳо аз қатлаш даргузашт, балки ӯро дар Мадина манзил дод ва моҳе ду ҳазор дирҳам барояш аз байт – ул — мол таъин фармуд ва чунон ки Шиблии Нӯъмонӣ дар китоби худ ба номи «Форуқ» навишта аст ҳазрати Умар (р) дар умури муҳимми лашкаркашӣ, ки дар Форс идома дошт бо ӯ машварат мекард ва бо машвараташ амал мефармуд.

Чун Ҳурмузон дар воқеаи шаҳодати Умар (р) бо таваҷҷӯҳ ба нишонаҳо ва корҳое, ки дар байн буд, ба ҳамдасти бо Абулӯълу — қотили Умар (р) муттаҳам гардид, ӯро куштанд (тафсили ин воқеа дар охири китоб баён хоҳад шуд).

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *