Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Сафороии ду лашкар

Рустам чорае надид ва хост аз рӯи пули мавҷуд убур кунад, вале Саъд монеъ шуд ва гуфт:

— Чизеро, ки қаблан бо қудрат ва ба василаи ҷанг аз шумо гирифтем дар ихтиёратон нахоҳем гузошт, аз ин рӯ Рустам бо васоили соддае, ки ба даст овард барои убури сипоҳаш пуле бар рӯи наҳр сохт ва ҳамин ки убур кард ба ороиш ва сафороии сипоҳаш пардохт. Дар пеши сафҳояш филҳои ҳомили тирандозонро қарор дод ва худаш бар рӯи тахт дар зери қуббаи бошукуҳе, ки бо тиллокорӣ зинат ёфта буд, мустақар гадид.

Саъд низ лашкарашро бо вазъи соддае, ки дошт орост ва ҳамин тавр ҳар ду лашкар муҳаёи кор ва барои шурӯи ҷанг дақиқашуморӣ мекарданд.

Чун Рустам омодагии мусалмононро мулоҳиза кард, эҳсосоти ватанпарастӣ дар қалбаш ба ҷӯш омад, бинобар ин кулоҳи худашро ба сар ниҳод, зиреҳ пӯшида, мусаллаҳ гардид ва дар ҳоле ки мегуфт ҳамаро мекушам, иддаеро вазифадор кард, то сипоҳашро барои дифоъ аз хоки ватан ташвиқ ва эҳсосоташонро бар зидди душман бедор намоянд, то ба хубӣ бо онҳо биҷанганд. Ӯ қавми арабро мардуме нодон ва нотавон барои лашкар шиносоӣ намуд ва гуфт:

— Инҳо солиёни дароз таҳти султаи мо басар бурдаанд ва акнун қариб ақли худашонро хӯрдаанд ва дар садади ҷанг бо мо баромадаанд аҷиб аст, ки орзуи пирӯзӣ дар дил доранд. Бояд мардона бо онҳо ҷангид, оё ор ва зиштии беш аз ин метавон тасаввур кард, ки мо имрӯз аз чунин мардуме шикаст бихӯрем ва онҳо ба ормонашон бирасанд?

Саҳеҳ аст, ки Саъд лашкаре дорад, ки ҳама варзида ва бо имон ва ҷангдидаанд ва афсароне чун Амр ибни Маъдикараб ва Тулайҳа ибни Хувайлид дорад, вале чунон ки мебинем, ки даст ба гиребон бо лашкаре шуда, ки ҳам аз ҳайси шумори неруҳо хеле зиёд ва ҳам аз ҷиҳати таҷҳизоти ҷангӣ ба тавре муҷаҳҳаз аст, ки лашкари Саъд қобили муқоиса бо он нест. Гузашта аз ин касе, ки роҳбарии ин лашкари азимро ба ӯҳда гирифта, Рустами Фарухзод аст, ки дар фунуни ҷанги таҷрибанок ва дар роҳбарии сипоҳ маҳорати хоссае дорад. Фармондеҳоне монанди Фирӯзон ва Баҳманро дорад, ки ҳар як дорои таҷрибаи амалиёти ҷангӣ ва диловари майдони корзоранд. Илова бар ин, пушти сари ин лашкар дар Мадоин, ки фосилаи каме бо Қодисия дорад, Яздигурд истода назоратчии ҷараёни ҷанг хоҳад буд ва дар сурати лузум ба зудӣ ба лашкараш кӯмак хоҳад фиристод, вале Саъд касе дар наздики худ надорад, ки дар сурати лузум, кӯмаки фаврӣ бирасонад, пас бо ин васф ҷо дорад, ки Саъд аз ояндаи ин ҷанги хатарнок ва сарнавиштсоз битарсад. Бо вуҷуди ин чорае надошт ҷуз ин ки лашкарашро то он ҷо ташвиқ намояд, ки ба пирӯзии ниҳоии худ мутмаин гардад.

Ба ин лиҳоз буд, ки Саъд ҷамъе аз афроди саршинос ва мавриди эътимоди сипоҳаш аз қабили Муғийра ибни Шӯъба ва Осим ибни Амр, ки аҳли фаҳм буданд ва Талҳа ибни Хувайлид ва Амр ибни Маъди Карбро, ки аз ҷангҷӯёни кордида буданд ва гурӯҳе аз шоирон ва суханварон монанди Ашъас ибни Қайс ва аз ҳар табақа афроди доно ва барҷастаро назди худ хост ва гуфт:

-Шумо дар миёни қавми худ шӯҳрат ва шараф доред. Бояд аз мавқеи худ баҳрабардорӣ намоед ва кореро, ки ҳангоми хатари ҷанг лозим мешавад анҷом диҳед. Ҳамчунин аз қориёни Қуръон хост, то он даста аз оёти муқаддасаи Қуръонро, ки дар бораи набард дар роҳи Худо нозил шуда аст, дар байни мусалмонон тиловат намуда, онҳоро барои ҷанг тарғиб намоянд ва ин афрод қабули вазифа намуда, дар байни лашкари ислом пароканда ва вазифаи худро анҷом доданд ва мардумро хуб ба ҳаяҷон оварданд. Ин ҷо буд Саъд итминон ҳосил намуд ва ба ояндаи худ умедвор гардид.

Яздигурд низ монанди Умар нозири авзоъ буд ва бар хилофи Рустам, ки хушбин набуд, ӯ ба пирӯзии сипоҳи Форс итминон дошт, зеро ӯ сипоҳи арабро заиф ва бечора мепиндошт ва онҳоро чизе намешумурд. Махсусан замоне, ки шунид Саъд ибни Абивакқос бемор аст, умеди шикасти сипоҳи араб дар дилаш қувват гирифт, зеро сипоҳе, ки сипаҳсолораш натавонад онҳоро мустақиман дар ҷанг роҳбарӣ кунад, табъан, чунон ки лозим аст дил ба ҷанг намебанданд ва умеди пешрафт ва пирӯзӣ дар дилашон заиф мегардад. Шояд Яздигурд ҳақ дошт чунин бипиндорад, зеро ӯ аз шиддати имон, шавқ, ва ҳаяҷони мусалмонон дар ҷанг ба хуби хабар надошт.

Чун Яздигурд пеши худ яқин дошт, ки ин ҷанг ба фатҳ ва пирӯзии лашкари Форс хатм мегардад ва бо ҳирс ва бесабрӣ дар интизори хабараш буд, мехост аз тамоми моҷароҳои саҳнаи ҷанг лаҳза ба лаҳза ба тавре хабар шавад, ки гӯё худаш дар он ҷо ҳозир аст ва ҷангро зери назар дорад, ба ин мақсад гумоштагонеро ба унвони хабаррасон аз дохили қасри Мадоин то Қодисия ҳар якеро ба фосилае, ки садояш ба дигаре бирасад, ҷойгир кард ва онҳоро вазифадор намуд, то хабари ҷараёни ҷангро ба ин тарз ба гӯши якдигар бирасонанд, то ба гӯши Яздигурд бирасад.

Ду сипоҳи омодаи разм

Дар ҳоле ки лашкари мусалмон ва Форс хун дар рагҳояшон меҷӯшид ва хашми интиқом дар дилҳояшон мехурӯшид, омодаи ҳамла ба якдигар шуданд.

Дар ин ҳангом Саъд ба лашкараш дастур дод дар ҷояшон собит биистанд ва даст ба ҷанг назананд, то он ки намози зуҳрро бихонанд ва аз Худои муттаол истимдод ва талаби нусрат намоянд. Гуфт:

-Пас аз адои намоз чаҳор бор такбир хоҳам гуфт. Ҳамин ки такбири аввалро гуфтам, комилан муҳаё ва ҳозир ба кор шавед. Бо такбири дуввум даст ба аслиҳа зада омодаи ҳаракат бошед. Ҳамин ки такбири савумро шунидед саворони лашкар, қадам пеш ниҳанд ва ба маҳзи ин ки такбири чаҳорумро шунидед ҳама бо ҳам ба душман ҳамла баред ва мардона биҷангед.

Ҳамин ки Саъд савумин такбирашро гуфт саворон ба сӯи душман пеш рафта, оташи ҷангро барафрухтанд. Дар ин ҳангом Саъд такбири чаҳорумро гуфт. Ҳар ду лашкар дар ҳам омехтанд ва ҷанг ба сурати ваҳшатбор шурӯъ гардид, Рустам мушоҳида кард, ки қабилаи Буҷайл ки шамшербозони машҳури араб буданд, ба роҳбарии Ҷарир ибни Абдуллоҳ бепарво меҷанганд ва бо шуҷоати аҷибе пеш меоянд. Агар маҷол аз дасташон гирифта нашавад зиёни зиёде бар лашкараш ворид месозанд, бинобар ин фармон дод, то 33 фили ҳомили тирандозонро ба тарафи онҳо равона кунад, то пеши корашонро бигиранд. Аспҳои Буҷайла аз дидани филҳо сахт ба ваҳшат афтоданд ва аз майдон фирор намуданд. Танҳо пиёдагони Буҷайла дар ҷои худ монданд ва агар касе ба ёрии онҳо намешитофт, то аз ҳамлаи филҳо ҷилавгирӣ кунад, ҳамаи онҳо кушта мешуданд.

Нахустин рӯзи набард (рӯзи Армос)

Саъд ибни Абуваққос аз рӯи боми иқоматгоҳаш нозири саҳна буд, фавран ба Тулайҳа ибни Хувайлид раиси қабилаи бани Усд паём дод, то пиёдагони Буҷайларо, ки дар хатар буданд наҷот диҳад ва ӯ бо гурӯҳе аз варзидагони қабилааш ба кӯмаки онҳо шитофтанд, ҳамчунин Ашъас ибни Қайс афроди қабилаашро барои кӯмак таҳрик ва ташвиқ кард. Ҳама бо ҳам даст андар кори дафъи ҳамлаи филҳо шуданд, вале боз ҳам филҳо ва тирандозон пойдор буданд ва ҳамчунон зиён мерасониданд, бинобар ин Осим ибни Амри тамимӣ, ки марди кордон ва дар мавқеи хатар ба хуби чораандешӣ мекард бо афродаш пеш тохтанд ва танобҳои филонро бо шамшер қатъ намуданд, ва филбозонро ба замин афканданд ва ба қатл расониданд. Сипас ҳама бо ҳам ба ҷони филҳо афтоданд ва махсусан хартумашонро, ки силоҳи зарбаи фил аст ҳадаф қарор дода, зарбаҳое паёпай бар онҳо ворид намуданд филҳо низ аз шиддати дард бо садои ваҳшатноке аз майдон фирор карданд. Чун мусалмонон дар корашон муваффақ шуданд, филсаворонро куштанд ва филҳоро фирор доданд ҷони тозае ба худ гирифта, тавонистанд лашкари Форсро, ки дар паноҳи филҳо пеш омада буданд ақиб ронданд ва ба ҷои аввалаашон баргардонданд. Ин ҷанг то посе аз шаб идома дошт ва сипас даст аз кор кашида ҳар ду тараф ба урдугоҳи худ бозгаштанд ва ба истироҳат пардохтанд Тавре ки таърихнависҳо мегӯянд: Бани Усд, ки дар хатар афтода буданд, хеле шуҷоат ва далерӣ нишон доданд ва зиёдтар аз бақияи лашкар садама дида беш аз понздаҳ нафари онҳо талаф шуданд.

Ин ҷанг, ки ҷанги аввали Қодисия аст, дар таърих ба рӯзи Армос машҳур гардида аст.

Расидани неруҳои имдодӣ

Қаблан гуфтем, ки бо фармони Умар ибни Хаттоб(р) як иддаи ҳашт ҳазорнафарӣ аз лашкари мусалмонон дар Шом таҳти фармони Ҳишом ибни Утба ҳаракат карданд, то ба кӯмаки Саъд ибни Абуваққос бишитобанд, ин сипоҳ, то рӯзи аввали ҷанг ба Қодисия нарасид ва ҳангоми субҳи рӯзи дуввум Қаъқоъ ибни Амр марди номдори ҷангии араб, ки фармондеҳии як ҳазор савора аз сипоҳи мазкурро ба ӯҳда дошт, аз дур намоён гардид.

Инро бояд фаҳмид, ки ғолибан дар ҳар ҷанге он қадар, ки ибтикори амал ва найранги низомӣ дар пешрафти кор асари муфиде дорад, худи амалиёти ҷангӣ надорад. Қаъқоъ, ки умре дар ҷанг басар бурда буд, бо он ки марди ҷангӣ буд, зирак ва найрангбози ҷангӣ низ буд, ин мард, ки ҳазор савор зери фармон дошт бо иддаи ҳазор нафараи худ аз бақияи гурӯҳҳо ҷудо шуд ва барои расидан ба Қодисия сабқат гирифт ва қабл аз ин ки ба он ҷо бирасад неруҳояшро ба гурӯҳҳои сад нафарӣ тақсим намуд ва дастур дод, ки ҳар гурӯҳе ҷудо аз дигаре ба фосилаи замонии муайян ба маҳал бирасанд, то бо расидани ин гурӯҳҳои мутаъаддид, ки яке пас аз дигаре мерасад ва аз дур гарду ғубор барпо мекунанд ба душман бифаҳмонанд, ки мусалмонон неруҳои кӯмакии зиёде дар пушти сар доранд ва онҳо акнун ба тадриҷ мерасанд. Ин амр барои тақвияти руҳияи мусалмонон ва тазъифи руҳияи порсиён бисёр муассир буд. Қаъқоъ бо аввалин гурӯҳи имдодӣ, субҳи рӯзи дуввум ба Қодисия расид ва ба лашкари ислом пайваст. Ба ҳамин тарз бақияи гурӯҳҳо ҷилвакунон яке пас аз дигаре омада мерасиданд ва мусалмонон шодикунон бо гуфтани такбир, саҳнае ба бор меоварданд, ки сипоҳи Форсро дар таҳлука меафканд ва дар руҳияи мусалмонон вазъе ба бор омад, ки ба пешрафт ва пирӯзии ниҳоии худ умедвор гардиданд.

Дуввумин рӯзи набард (рӯзи Ағвос)

Акнун тарафайн барои дуввумин бор муқобили якдигар саф кашиданд ва омодаи ҷанг шуданд. Қаъқоъ қабл аз шурӯи ҷанг байни ду саф омад ва гуфт:

-Кист ки довталаби мубориза бо ман бошад, яъне ҳозир шавад ва бо ӯ тан ба тан биҷангад? Баҳмани Зулҳоҷиб паҳлавони номи аз сафи лашкари Форс берун меояд, худро муаррифи намуда, омодагии худро эълон медорад. Қаъқоъ фарёд бароварда, мегӯяд қасоси Абуубайд, Сулайт ва ёронашро, ки дар ҷанги Ҷиср куштӣ аз ту хоҳам гирифт. Ин ду паҳлавони Араб ва Форс ба ҳам метозанд ва ба тавре, ки таърихҳо навиштаанд, туле намекашад, ки Қаъқоъ бар Баҳман ғолиб мешавад ва ӯро ба қатл мерасонад. Мусалмонон аз ин мувафақияти муҳим ба ваҷд ва нишот меоянд ва асароти мусибатеро, ки дар ҷанги Ҷиср аз Баҳман ба онҳо расида буд аз дил берун мекунанд.

Пас аз қатли Баҳман ду тан аз ҷанговарони Форс ба миёни ду саф меоянд ва хостори мубориза мешаванд, то интиқоми Баҳманро аз Қаъқоъ бигиранд. Чун он ду тан бо ҳам ба майдон омаданд, Ҳорис ибни Зибён яке аз дигар диловарони араб ба ҳамдастии Қаъқоъ мешитобад ва ин ду бо он ду вориди набард мешаванд ва ин ду нафар паҳлавони Форс низ ба сарнавишти Баҳман дучор мешаванд ва ба қатл мерасанд, чун дигар касе аз лашкари Форс ҳозир ба мубориза намешавад, Қаъқоъ дар байни мусалмонон нидо мезанад ва мегӯяд:

-Ҳама бо ҳам ҳамла кунед ва бо шамшер биҷангед, зеро шамшер ягона силоҳе аст, ки бо он метавон беҳтар бар ҳариф ғолиб шуд, аз ин рӯ мардум даст аз тир ва найза кашида ва шамшер ва сипар ба даст гирифта, ба таври асосӣ ба сӯи душман ҳамла карданд.

Акнун бояд санҷид, ки шонси пирӯзӣ ба тарафи Форс мечархад ё ба нафъи мусалмонон? Дидем, ки лашкари Форс қабл аз шурӯи ҷанг се нафар паҳлавони кории худро аз даст дод ва ба чашми худ дид, ки хеле зуд ба дасти душман кушта шуданд. Мусаламан ин ҳодиса дар тазъифи руҳияи ин лашкар ва дар тақвияти руҳияи мусалмонон асари бо сазое дорад. Гузашта аз ин имрӯз бар хилофи рӯзи гузашта филҳои ҷангиро дар пеши саф надоранд, то монанди тонкҳои асри ҳозир аз онҳо истифода намуда монанди рӯзи гузашта тирандозон аз рӯи онҳо ба тарафи мусалмонон тир андозанд ва пиёдагон дар паноҳи филҳо пеш раванд.

Пас бо ин ҳол аз ҳамон авоили ҷанг маълум буд, ки лашкари Форси Сосонӣ пирӯзи надорад. Ба ҳар ҷиҳат ҳар ду лашкар хашмона ба сӯи якдигар тохтанд ва мардона ҷангиданд. Ин ҷанг бо шиддати ҳар чи зиёдтар, то нимаи шаб давом дошт ва гарчи мусалмонон дар ин ҷанг ба пирӯзи ниҳои нарасиданд, вале то он ҷо пеш рафтанд ва ба пирӯзи наздик шуданд, ки яке аз мусалмонон ба ҳадде дилгарм шуда буд, ки ҳангоми шаб аз миёни сафҳои форсиён гузашт ва хост худро ба Рустами Фарухзод расонда ӯро бикушад. Чизе намонда буд ки муваффақ шавад, вале яке аз нигаҳбонон пеш тохт ва ӯро кушт ва Рустамро аз даҳонаи марг берун кашид.

Сипоҳи Форс дар ин шаб рӯ ба заъф мерафт ва ҳолати дифои ба худ гирифта буд. Мусалмонон кам кам пеш мерафтанд ва мекӯшиданд, то онҳоро аз маҳалашон биронанд ва ба кулли мағлуб кунанд ва ба ҷанг хотима диҳанд ва агар касрати идда ва шиддати дифоъ ва муқовимати мардонаи форсиён набуд, мусалмонон ба мақсадашон мерасиданд. Шояд ҳам агар тарафайн то охири шаб даст аз кор намекашиданд, чунин мешуд, вале чун шаб ба нима расид ва тарафайн хаста шуда буданд, даст аз ҷанг кашиданд ва ба урдугоҳи худ бозгаштанд ва ба истироҳат пардохтанд ва ба фикри фардо шуданд.

Ин ҷанг яъне ҷанги рӯзи дуввуми Қодисия дар таърихҳо ба номи Ағвос номида шуда аст, чун дар шаби ағвос осори бартарии мусалмонон ба чашм мехурад, ба ҳадде ба ояндаи худ итминон доштанд, ки афроди ҳар қабилае бо хотири осуда гирди ҳам ҷамъ ва суҳбат аз пешравии ин ҷанг ва пирӯзии ниҳоӣ дар ҷанги фардо мекарданд, хушҳолии Саъд ибни Абуваққос низ ба андозае буд, ки вақте ба тарафи хобгоҳаш мерафт дар пӯсташ намегунҷид. Ҳама дар интизори фаро расидани фардо буданд, то корашонро бо форсиён яксара намоянд ва ба ҷанги худ хотима диҳанд.

Рашодати як сарбоз

Дар китобҳои таърихи дида мешавад, ки дар шаби Ағвос воқеае ба вуқӯъ пайваст, ки шуниданӣ ва намунаи машҳури аз фидокорӣ ва рашодати як сарбоз аст, воқеа ин буд ки чун Абумиҳҷани Сақифӣ марди диловари Сақиф дар бораи хамр шеъре суруда буд, Саъд ӯро ҷазо дода, дар яке аз утоқҳои қасри худ зиндонӣ карда буд.

Чун ҷанг шиддат ёфт ва садои чакочак ва ба ҳам хӯрдани аслиҳа ва шиҳаи аспҳо ва наъраи Аллоҳу акбари ҷанговарон дар фазо танин андохт, Абумиҳҷан, ки ин садоҳоро шунид натавонист худдорӣ кунад ва бекор бинишинад ва дар размгоҳ набошад, ки биҷангад, аз ин хотир аз Саъд тақозо мекунад, то аз гуноҳоаш даргузарад ва ӯро ба майдон бифиристад, вале Саъд қабул намекунад, зеро медонад, ки ҷанг ба нафъи мусалмонон аст ва ниёзе ба Абумиҳҷан нест, вале ӯ марди ҷанг буд, наметавонист наздики саҳнаи ҷанг бошад ва осуда нишинад, биноан аз Салмо ҳамсари Саъд хоҳиш мекунад, то ӯро озод кунад ва аслиҳа дар ихтиёраш бигузорад ва аспи машҳури Саъд ба номи Балқоро, ки аспи камназир буд ба ӯ бисупорад. Қасам ёд мекунад, ки пас аз хотимаи ҷанг ба ҷои худ бозгардад ва он чиро ки гирифта пас диҳад ва худро таслими зиндон кунад. Шеъре дар бораи худ месарояд, ки қалби Салмо ба ҳолаш месӯзад, ночор ӯро озод мекунад ва он чиро, ки аз ӯ хоста буд дар ихтиёраш мегузорад.

Абумиҳҷан дар ҳоле ки мусаллаҳ буд бар аспи Балқо савор мешавад ва ба суръат ба тарафи майдони ҷанг метозад ва бо наъраи Аллоҳу акбар дар пеши сафҳои мусалмонон қарор мегирад ва чун тозанафас буда, ҳеҷ гуна хастагӣ надошт бо шуҷоати аҷибе аспашро ба ин сӯ ва он сӯ медавонд ва ӯ ба наҳви аҷобангезе бар душман ҳамла ва талафоти сангине бар онҳо ворид мекард ва мардум бидуни он ки ӯро бишиносанд таъаҷубкунон ба ӯ ва кораш менигаристанд. Баъзе гумон мекарданд, ки ӯ яке аз неруҳои ақибмондаи гурӯҳи Ҳишом ибни Утба аст, ки акнун аз роҳ расида аст. Саъд ибни Абивақкос, ки аз моҷаро бехабар буд, ӯро аз рӯи сақфи қасраш менигарист ва корашро таҳсин мекард ва бо худ мегуфт:

— Агар Абумиҳҷан дар ҳабс намебуд, мегуфтам, ки ин мард Абумиҳҷан аст ва ин асп ҳам аспи Балқои ман мебошад.

Чун дар нимаи шаб ҷанг поён ёфт, Абумиҳҷан ба қаср бозгашт ва аслиҳа ва аспро сари ҷояш қарор дод ва худро маҳбус кард. Ҳамин ки субҳ шуд Салмо моҷарои Абумиҳҷанро ба Саъд хабар дод, Саъд ӯро мавриди авф қарор дод ва озодаш кард.

Яқинан лашкаре, ки неруҳояш чунин дил ба кор баста фидокор бошанд, ба ҳадаф ва ормони худ мерасанд, ҳар чанд ки мушкил бошад.

Тавре ки аз таърихҳо фаҳмида мешавад маҷмуи талафоти мусалмонон дар ин ҷанг (ҷанги дуввуми Қодисия) ду ҳазор мақтул ва маҷрӯҳ ва талафоти лашкари Форс даҳ ҳазор буд. «Таърихи Эрон»-и Мушийру-д-давла (дар сафҳаи 234) ин матлабро таъйид мекунад.

Як тактикаи низомии равонӣ

Қаъқоъ пас аз хотимаи ин ҷанг дар авохири шаб бидуни он ки касе бидонад, неруҳояшро назди худ хонда дастур медиҳад, ки фардо низ монанди рӯзи гузашта даста-даста шаванд ва масофате дур аз урдугоҳ рафта ҳамин ки субҳ фаро расад гурӯҳ-гурӯҳ чунон ки аз ҷое кӯмак мерасад, ба сӯи майдон битозанд, то боз ҳам қалбҳои мусалмонон, ки аз моҷаро хабар надорад, тақвият шавад.

Қаъқоъ ҳангоми тулӯи хуршед пушти сари лашкар таваққуф мекунад ва ба сӯи биёбон менигарад ва чун мебинад пеш тозони савораш, ки гурӯҳи аввал буданд пеш меоянд такбир мегӯяд. Мардум ҳам бо ӯ ҳамсадо шуда садои Аллоҳу акбар баланд намуда, тасаввур мекарданд, ки кӯмаки тозае расида. Форсиён низ дар хавф ва ҳарос афтоданд.

Ҳишом ибни Утба, ки то ин ҳангом нарасида буд, аз роҳ мерасад ва чун аз тадбири кори Қаъқоъ иттилоъ пайдо карда ва медонад муассир буда ӯ низ ба лашкараш, ки дар роҳ буд пайғом дод то даста — даста шаванд ва яке пас аз дигаре битозанд.

Бо он ки форсиён дар авохири шаби гузашта заиф шуда буданд ва бо он ки диданд гурӯҳҳои имдодии Қаъқоъ ва Ҳишом паёпай мерасанд, бо вуҷуди ин имрӯз дар корашон дилсард набуданд, зеро тахтҳои филон, ки мусалмонон дар рӯзи аввали ҷанг аз пушти онҳо ба замин афтонда шикаста буданд, таъмир ва бар рӯи филҳои дигаре гузошта онҳоро ба майдон оварда буданд. Мусалмонон, ки тасаввур мекарданд кори худро дар ҷанги имрӯз базуди яксара хоҳанд кард, боз худро рӯ ба рӯ бо мушкили муҳими кор диданд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *