Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

КИТОБИ ТАҲОРАТ

Муқаддима

«Инналлоҳа юҳиббуттаввобина ва юҳиббул мутатаҳҳирина»

Аммо баъд. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Бародарон ва хоҳарони аҳли ислом дини ислом, ки дини тозагию озодагй ва дини адолат мебошад, хостем ба хости илоҳй барои шумоён рисолае дар бораи таҳорат таълиф бикунем ва ба сӯи Худованд дуо кунем, ки дилу аҷсоди моро пок бигардонад ва ба роҳи росту ҳақ ҳидоят бифармояд (Омин).

Маънии таҳорат

Таҳорат аз луғати араб буда, ба маънои покию озодагй истеъмол карда мешавад. Таҳорат бар ду қисм тақсим мешавад:

1. Таҳорати маънавй: яъне, пок кардани дил аз ҳар гуна хабисиҳо мисли ширк, нифоқ, кинаву адоват, буғзу ҳасад ва ғайраҳо.

2.Таҳорати ҳиссй: яъне, пок кардани ҷасад аз наҷосатҳову чиркиниҳо.

Таҳорати ҳиссй инчунин ду қисм аст:

а.Таҳорат аз ҳадас.

б.Таҳорат аз наҷас.

Таҳорат аз ҳадас: мисли вузуъ ё ғусл ё бадал аз инҳо таяммум кардан аз муҳцисот (шиканандаҳои таҳорат ва ғусл.

Таҳорат аз наҷас: мисли шустан ё пок карда дур нашудани наҷосат аз бадан ва аз либос.

Фазилати таҳорат

Аввалин сухане, ки менависем дар ин боб дар бораи фазилат ва фоидаи вузуъ, чуноне ки аз паёмбар алайҳиссалом ворид шудааст: Касс аз шумоён вузуъи (таҳорат) худро мукаммал сохта бигуяд, (Ашҳадуалло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду аииа муҳаммадаи абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳумаҷ ъалии минаттаввобина ваҷъални минал мутатаҳҳирина) кушода мешавад барои ӯ ҳашт дари ҷаннат ва аз кадом даре, ки хоҳад дохил мешавад. Инчунин Паёмбар дар ҳадиси дигар гуфтаанд: Шахсе, кивузуъихудро пурра кунад мебарояд хатогиҳои у аз ҷасадаш ҳатто аз зери нохунаш. Ҳадисҳои дигар дар фазилати вузӯъ бисёранд вале бо ин ҳадиси зикршуда, кифоя мекунем.

Ҳоло ба баён кардани аҳкому аркон ва шуруту суннатҳои вузуъ бо изни илоҳй шурӯъ мекунем.

Баъди тоза кардани ду махраҷ бо кулӯх ва мустаҳаб кардан таҳоратро шурӯъ мекунад.

Тариқаи тахорат

  1. Ният: Вузуъ сохтанро қасд мекунад.
  2. Пеш аз шурӯъ кардани вузуъ «Бисмиллоҳ» мегуяд.

3.Кафҳои дастро се маротиба мешуяд.

4.Мазмаза ва истиншоқ. «Мазмаза»- бар даҳон об гирифта ғарғара мекунад. «Истиншоқ»- ба бини се бор об гирифта дар ҳар дафъа меафшонад.

5. Шустани рӯй се маротиба аз нармии гӯши рост то нармии гӯши чап ва аз дамидани мӯи сар то зери манаҳ.

6.Се бор шустани даст аз нӯги ангуштон бо ҳамроҳии оринҷ.

  1. Масҳ кашидани сар як бор, дастро тар карда, аз пеши сар ба қафои сар бурдан боз ба пеши сар баргардондан. Гӯшро масҳ кашидан як маротиба, дохили гӯшро бо ангунгги ишора ва берунашро бо нарангунгг.
  2. Се бор шустани пой ҳамроҳи хилол кардани мобайни ангуштон.

Бо ҳамин вузуъи инсон комил хоҳад шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *