Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

КАЙФИЯТИ ИШОРАИ САББОБА НАЗДИ ҶУМҲУРИ ФУҚАҲОИ ҲАНАФӢ

وَالصَّحِيحُ المُختَارُ عِند جُمهُورِ أصحابِنَا أَنهُ يَضَعُ كَفَّيهِ على فخِذَيهِ ثم عند وُصُولِهِ إلى كَلِمَةِ التَوحِيدِ يَعقِدُ الخِنصَرَ والبِنصَرَ وَيُحَلِّقُ الوُسطى والإِبهَامَ ويُشِيرُ بِالمُسَبِّحَةِ رَافِعاً لَها عند النَّفيِ واضِعاً عند الإِثبَاتِ ثم يَستَمِرُّ على ذلكَ.

Аммо қавли саҳеҳ ва мухтор назди ҷумҳури асҳоби мазҳаби мо дар кайфияти ишораи саббоба ин аст, ки намозгузор дар оғози ташаҳҳуд ҳар ду каф бар болои ронҳо мегузорад. Баъдан вақте, ки ба калимаи тавҳид (яъне ло Илоҳа иллаллоҳ) расид, ангушти кӯчакро бо ангушти чаҳорум мебандад ва ангушти бузургро бо ангушти миёна ҳалқа мекунад ва ба ангушти мусаббиҳа ишорат мекунад. Дар ҳолати нафй (ло Илоҳа) мебардорад ва дар ҳолати исбот (иллаллоҳ) мегузорад. Баъд аз ишора ангуштонро бо ин ҳолат ба сурати доимӣ то поёни намоз нигоҳ медорад. Зеро бастани ангуштон дар вақти ишора бидуни хилоф аз Паёмбари Акрам (с) собит гаштааст. Аммо тағйир додани ҳолати ангуштон баъд аз адои ишора аз Паёмбари Худо собит нагаштааст. Пас бинобар қоидаи усулие, ки онро бақои шайъ бар ҳолати аввалия ва истисҳоби[1] он то охири амр гӯянд, зарур аст намозгузор ақди ангуштонро баъд аз ишораи саббоба то интиҳои намоз ба ҳолати худ маҳфуз бидорад.

  1. Шореҳи Мунят-ул-муфтӣ дар шарҳи худ менависад: «Оё дар мазҳаби мо ҳанафиҳо намозгузор ҳангоми қироати калимаи шаҳодат ба ангушти мусаббиҳа ишора мекунад ё хайр? Ҷавоб: дар ин масъала байни фуқаҳои мазҳаб ихтилофи назар аст. Дар китоби Хулосат-ул-фатово ва Фатовои Баззозия ишора накарданро қавли саҳеҳ хондаанд. Вале дар Сироҷ-ул-ҳидоя ва Мултақат ва ғайри он ишора карданро тасҳеҳ намудаанд.

Кайфияти адо кардани ишораи саббоба ин аст, ки: ҳангоми қироати калимаи шаҳодат ангушти ибҳомро бо ангушти миёна ҳалқа мекунад ва ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш қабз мекунад ва ба ангушти мусаббиҳа ишора мекунад[2]. Ё ба ангуштонаш ақди 53 мекунад. Яъне мисли шахсе, ки ба ангуштони худ ба адади 53 ишора мекунад, ки кайфияти он чунин аст: ангушти миёнаро бо ду ангушти ахир қабз мекунад (на ҳалқа) ва сари ангушти ибҳомро бар бехи ангушти миёна мегузорад ва ангушти саббобаро дар ҳолати нафй мебардорад ва дар ҳолати исбот мегузорад». (Поёни иқтибос аз шарҳи Мунят-ул-муфтӣ).

Ин қавли шореҳи Мунят-ул-муфтӣ ихтиёр доштани мусаллиро байни ду навъ ишора, ки яке қабз ва дигаре ҳалқа кардани ангуштон аст (ва ё яке ақди 53 ва дигаре ақди 90 аст) ва дар ҳоле, ки ҳар ду аз Расули Акрам (с) собит гаштааст, ифода мекунад. Албатта ихтиёр кардани як равиши муайян аз ин ду навъ равиш дар адои ишораи саббоба хуб аст. Вале ҷамъ кардан байни онҳо беҳтар аст. Пас ҳар кӣ солики суннат ва роҳи Паёмбари Акрам (с) аст, лозим аст, ки гоҳе ба як равиш ва гоҳе ба равиши дигар амал намояд. Зеро ин навъ амал ба толибони суннати Расули Акрам (с) муносиб ва лоиқтар аст.

  • Муаллифи Мунят-ул-мусаллӣ дар матни китоби хеш навишта:

وَيُشِيرُ بالسَّبَّابَةِ إذا انتَهى إِلى أَوَّلِ الشَّهَادَتَينِ وَقالَ فِي الوَاقِعَاتِ لا يُشِيرُ.

Намозгузор ҳангоме, ки ба шаҳодати аввал мерасад, ба ангушти саббоба ишора мекунад. Вале дар китоби Воқеъот гуфта: ишора намекунад. Шореҳи Мунят-ул-мусаллӣ шайх Иброҳими Ҳалабӣ (яке аз ин ду қавлро бар дигаре тарҷеҳ дода) менависад:

والأَوَّلُ هُوَ المُختَارُ عَلى مَا قَدَّمنَا.

Бино ба далоиле, ки қаблан зикр кардаем, қавли аввал, ки ишора кардан аст, мухтор аст.


[1] Истисҳоб — дар қарордоди уламои усули фиқҳ ба маънои боқӣ гузоштани шайъ аст бар ҳукми аслӣ ва ё бар ҳолати аввалӣ дар сурате, ки нафй ва исботи он маълум набошад, то мавҷуд шудани далел бар хилофи он ҳукм ва ё он ҳолат. Истисҳоб аз ҷумлаи далелҳои шаръист, ки дар сурати набудани далели дигар мешавад дар нафй ва исботи аҳком аз он истифода кард. Лекин ба унвони охирин ва заифтарин далели шаръист, ки муҷтаҳид барои маърифати аҳком такя ба он мекунад. Ба ҳамин хотир амал намудан ба ин далели фиқҳӣ фақат баъд аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар дигар далоили шаръӣ ва пайдо нашудани далели дигаре ғайр аз он ҷоиз мебошад.

Мисоли он ҳамин масъалаи ишораи саббоба аст, зеро бастани ангуштон дар вақти ишора аз Паёмбари Акрам (с) собит гаштааст. Вале тағйир додани ангушт баъд аз ишора собит нагаштааст. Пас мо бо далели истисҳоб ангуштонро бо ҳамон ҳолати аввалия нигоҳ медорем.

[2] Мухтор назди ҳанафия ва мазҳаби имом Аҳмади Ҳанбал ҳамин навъ ишора аст, ки онро ақди тисъин (90) гӯянд, чунон ки гузашт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *