Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ДАЛЕЛҲОИ ИШОРАИ САББОБА АЗ ИҶМОЪ ВА ГУФТОРИ ФУҚАҲО

Яке дигар аз далелҳои исботкунандаи ишораи саббоба ба ғайр аз Қуръон ва Суннат, иҷмоъи уммат аст. Зеро аз ҳеҷ нафар аз асҳоби Паёмбар ва на аз уламои салаф ва халафи уммат хилофе дар тасҳеҳ ва ҷавози ин масъала маълум нагашта ва ривоят нашудааст. Балки имоми Аъзам ва шогирдони ишон Абуюсуф ва Муҳаммад (р) ҳукм ба суннат будан ва ҷавози он кардаанд. Инчунин маснунияти ишораи саббоба бо ахбор ва осори саҳеҳа аз имом Молик ва имом Шофеъӣ ва имом Аҳмад ва ҷамеъи уламои уммат дар ҳар аср ва шаҳре собит гаштааст ва фуқаҳои мутақаддимин ва мутааххирини мо тасреҳ ба он кардаанд. Баъд аз субути далелҳои зикршуда дигар қавли мухолифини ишораи саббоба мардуд ва ғайри мӯътабар аст. Албатта маълум аст, ки сокинони Мовароуннаҳр ва аҳли Хуросон, Ироқ, Рум ва билоди Ҳинд, махсусан касоне, ки пойбанди тақлид (-и кӯр-кӯрона) буда, аз неъмати таҳқиқ ва баррасии далоил маҳруманд ва амали худро ба қавли саҳеҳ таъйид намекунанд, тарки ин суннати набавӣ кардаанд.

Вале тарки онҳо низ аз назари шариъат аҳамият ва эътиборе надорад (ва дар сиҳати ин суннати саҳеҳа хадшаву нуқсоне ворид намекунад).

Инак, ба охирин ҳадис дар ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунед!

35- وَقَدَ ذَكَرَ الإِمَامُ مُحَمَّدٌ رَحمَةُ اللهِ عليه في مُوَطَّأِهِ: أَخبَرَنَا مَالِكٌ أَخبَرَنَا مُسلِمُ بنُ أَبِي مَريَمَ عَن عَلِيِّ بنِ عَبدِ الرَّحمَنِ المُعَاوِيّ رَحِمَهُمُ اللهُ أَنه قال: رَآنِي عبدُ اللهِ بنُ عمرَ رضي اللهُ عنهُ وَأَنَا أَعبَثُ بِالحَصى في الصَّلاةِ فَلَمَّا انصَرَفَتُ نَهَانِي فقالَ: اِصنَع كَمَا كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ! فَقُلتُ: وَكَيفَ كانَ رسولُ اللهِ (ص) يَصنَعُ؟ قال: كان رسول الله (ص) إذا جلسَ فِي الصلاةِ وَضَعَ كَفَّهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَقَبَضَ أَصَابِعَهُ كُلَّهَا وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ الَّتِي تَلِي الإِبهَامَ وَوضعَ كَفَّهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى ثُمَّ قالَ مُحَمَّدٌ رَحِمَهُ اللهِ (بَعدَ رِوَايَةِ الحَدِيث) وَبِصَنِيعِ رسُولِ اللهِ (ص) نَأخُذُ وَهوَ قَولِ أَبِي حَنِيفَةَ رَحِمَهُ الله[1].

«Имом Муҳаммад шогирди имоми Аъзам (р) дар китоби Муваттаъ бо санади худ аз Алӣ ибни Абдурраҳмони Муъовӣ ривояти ҳадис мекунад. Алӣ ибни Абдурраҳмон мегӯяд: «Абдуллоҳ ибни Умар (раз) маро диданд, ки дар намоз саргарми бозӣ кардан бо сангрезаҳо ҳастам. Ҳангоме ки аз намоз фориғ шуд, маро аз бозӣ кардан дар намоз манъ фармуданд ва гуфтанд: (бо ангуштони худ) бикун он чиро Расули Акрам (с) мекарданд. Гуфтам: Ё ибни Умар, Расули Худо дар намоз (бо ангуштони худ) чӣ мекарданд? Ибни Умар гуфтанд: Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи намоз менишастанд, кафи рост бар рони рост мегузоштанд ва ҳама ангуштонро қабз мекарданд ва ба ангушти саббоба ишора мекарданд ва кафи чапро низ бар рони чап мегузоштанд. Баъд аз ривояти ҳадиси мазкур имом Муҳаммад каломи худро бо ҷумлаи зер хотима медиҳад: (таваҷҷӯҳ дошта бошед!).[2]

Мо (дар масъалаи ишораи саббоба) ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем, дар ҳоле ки (кардани ишораи саббоба) қавл ва фатвои имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) – низ ҳаст».

Ин ривояти Муваттаъ ба равшанӣ ба ин далолат мекунад, ки ишораи саббоба мазҳаби имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) аст, лекин аз мафҳуми мухолифи ин ривоят зоҳиран маълум мешавад, ки Абуюсуф бо тарафайн (яъне имоми Аъзам ва имом Муҳаммад) дар ин масъала мухолиф бошанд ва шояд мухолифати ӯ ба хотири кадом далел ва ҳуҷҷате бошад, ки фақат ба Абуюсуф маълум гашта аст (на ба имоми Аъзам ва имоми Муҳаммад).

Аммо Худо медонад, ки ин гумон дар ҳаққи Абуюсуф саҳеҳ бошад. Зеро барои мо маълумоти саҳеҳ дар боби мухолифати Абуюсуф бо имом Аъзам ва имом Муҳаммад дар масъалаи рафъи саббоба дар ташаҳҳуд вуҷуд надорад. Баръакс, аз нақли Аҳмад Тақиюддини Шумнӣ (р) шореҳи Мухтасар-ул-виқоя мувофиқати Абуюсуф бо эшон маълум мешавад. Шумнӣ (р) дар шарҳи худ менависад[3]:

  1. ذَكَرَ أبو يُوسفَ في الأَمَالِي أَنَّهُ يُعقِدُ الخِنصَرَ وَالبِنصَرَ وَيُعَلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ وَيُشِيرُ بِالسَّبَّابَةِ.[4]

Абуюсуф (р) дар китоби Амолӣ (дар боби ташаҳҳуд) навиштаанд: намозгузор дар қаъдаи намоз ангушти кӯчакро бо ангушти моқаблаш мебандад ва ангушти миёнаро бо ангушти бузург ҳалқа мекунад ва бо ангушти саббоба ишора (ба тавҳиди илоҳӣ) мекунад.

Пас аз нақли Шумнӣ (р) ба хубӣ собит гашт, ки Абуюсуф низ чун имоми Аъзам ва имом Муҳаммад мазҳаб ба маснунияти ишораи саббоба доштаанд.

Ҳосили калом: қавли мухтор ва саҳеҳ (дар назди се имоми мазҳаби мо) маснунияти ишораи саббоба аст ва ривояти тарки ишораи саббоба дар намоз қавли марҷуҳ ва матруку мардуд аст.

  • Камолуддин ибн-ул-Ҳумом фақеҳи муҳаққиқ дар мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин шореҳони Ҳидояи шариф зимни шарҳ ва тафсири ҳадиси имом Муслим (р) (ки гуфта шуд) мегӯяд:

وَلاَ شَكَّ أَنَّ وَضعَ الكَفِّ مَعَ قَبضِ الأَصَابِعِ لاَ يَتَحَقَّقُ. فَالمُرادُ – وَاللهُ أَعلَمُ – وَضعُ الكَفِّ ثم قبضُ الأَصابِعَ بعدَ ذلكَ عِندَ الإِشَارَةِ وَهوَ المَروِيُّ عَن مُحمَّدٍ رحِمَهُ اللهُ تعالى في كَيفِيَّةِ الإِشارَةِ حَيثُ قال: يَقبِضُ خِنصِرَهُ وَالَّتِي تَلِيها ويُحلِّقُ الوُسطى وَالإِبهَامَ ويُقِيمُ المُسَبِّحَةَ. وَكَذا عَن أَبِي يُوسُفَ رحمه الله في الآمَالِي. هذا فَرعُ تَصحِيحِ الإِشَارَةِ. وعن كَثِيرٍ مِنَ المَشَايِخِ: «لا يُشِيرُ أَصلاً» وهو خِلاَفُ الدِرَايَةِ وَالرِوَايَةِ. فَعَن محمدٍ: أنَّ ما ذكرنَاهُ فِي كيفيةِ الإِشارَةِ مِمَّا نَقَلنَاهُ قَولُ أبِي حَنِيفَةَ رحِمهُ اللهُ. ويُكرَهُ أَن يُشِيرَ بِمُسَبَّحَتَيهِ. وعن الحَلوَانِيِّ: يُقِيمُ الإِصبَعَ عِندَ «لاَ إِلَهَ» وَيَضَعُهَا عندَ «إِلاَّ اللهُ» لِيَكُونَ الرَّفعُ لِلنَّفيِ وَالوَضعُ لِلإِثبَاتِ.[5]

Бешубҳа ниҳодани кафи даст бар болои рон ҳамзамон бо қабзи ангуштон (чуноне ки дар ҳадиси Муслим омадааст) дар ҳақиқат имкон надорад (зеро дар сурати қабзи ангуштон кафи даст баста мешавад ва дигар сурати каф боқӣ намемонад. Ва дар сурати ниҳодани каф қабзи ангуштон муҳаққақ (собит) намешавад). Пас мурод аз ин ҳадиси саҳеҳ – валлоҳу аълам – ниҳодани кафи даст аст аввалан. Баъд аз он бастани ангуштон аст дар вақти ишорат. Ҳамин кайфият дар адои ишораи саббоба аз имом Муҳаммад низ ривоят шудааст. Он ҷо, ки мегӯяд: ангушти кӯчакро бо ангушти ҳамҷавораш қабз мекунад ва ангушти миёнаро бо ангушти ибҳом ҳалқа мекунад ва ангушти мусаббиҳаро (яъне саббобаро) барои ишора баланд мекунад.

Ишораи саббоба бо чунин кайфият дар китоби Амолӣ аз Абуюсуф ҳам ривоят шудааст ва ин ду ривоят фаръи тасҳеҳи ишораи саббоба аст (яъне таълими дуруст кардан ва натиҷаи саҳеҳ хондани он аст).

(Мутааассифона) аз бисёр машоихи мазҳаби мо фатвои «لا يشير المصلى أصلا» яъне: «намозгузор ҳаргиз ишора намекунад» содир шудааст. Вале ин фатвои ишон хилофи дироят ва ривоят[6] (ва хилофи қавли имомони сегонаи мазҳаби мо) аст. Зеро имом Муҳаммад мегӯяд: Ҳар чӣ мо дар боби ишораи саббоба нақл кардем, ҳама қавли имоми Аъзам аст. Лекин бо саббобаи ҳар ду даст ишора кардан макрӯҳ аст.

  • Ривоят аз фақеҳи маъруфи ҳанафӣ Ҳалвонӣ (р) аст, ки: намозгузор ҳангоме ки «ло илоҳа» мегӯяд, ангушти саббобаро мебардорад ва замоне ки «иллаллоҳ» мегӯяд, онро мегузорад, то ин ки баланд кардани он далолат бар нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштанаш далолат бар исботи тавҳид ва ягонагии маъбуди барҳақ бикунад[7].
  • Санъонӣ (р) мегӯяд: имом Муҳаммад дар китоби Алмашиха ба ишорат кардан ба ангушти мусаббиҳа дар намоз тасреҳ кардаанд. Дар ин мавзӯъ ҳадиси тӯлоние аз Расули Акрам (с) ривоят кардаанд, ки он ҳазрат дар намоз ба ангушти саббоба ишора мекарданд… баъд аз ривояти ҳадис имом Муҳаммад мефармояд:

نَحنُ نَصنَعُ بِصَنِيعِ رَسُولِ اللهِ (ص) وَنَأخُذُ بِفِعلِهِ وَهَذَا قَولُ أَبِي حَنِيفَةَ وَقَولُنَا.

«Мо ба суннат ва феъли Расули Акрам (с) амал мекунем. Дар ҳоле, ки имоми Аъзам ва мо ҳама қоил ба маснунияти ишораи саббоба ҳастем».

Баъдан имом Муҳаммад кайфияти ишораи саббобаро баён мекунад, чунонки ибни Ҳумом қаблан ин қавлро аз ишон ривоят кардаанд.

  • Дар китоби Хоқония мазкур аст: дар масъалаи ишора кардан ба ангушти саббоба ҳангоми қироати «ло илоҳа иллаллоҳ» ҳеҷ ихтилофе (байни аиммаи мазҳаби мо) вуҷуд надорад.
  • Дар китоби Мултақат аз Абунаср ибни Салом нақл мекунад, ки гуфтаанд: дар кардани ишораи саббоба ҳеҷ ихтилофи назаре байни ҷумҳури уламо (-и фиқҳ ва ҳадис) нест.
  • Дар китоби Зоҳидӣ омада:

اِتَّفَقَتِ الرِواياتُ عَن أَصحَابِنا الثَلاثِ رَحِمهُمُ اللهُ جَمِيعاً أَنَّهُ سُنَّةٌ وكَذا عَنِ المَدَنِيِيِّنَ وَالكُوفِيِيِّنَ وَكَثُرَت بِهِ الأَخبَارُ وَالآثارُ فَكاَنَ العَمَلُ بِها اَولى.

Ривоятҳои фиқҳӣ аз се имоми мазҳаби мо (яъне имоми Аъзам ва имомайн) бар маснунияти ишораи саббоба иттифоқи қавл доранд. Ҳамчунин ривоят аз фуқаҳои Мадина ва Куфа низ собит гаштааст. Ахбор ва осори фаровоне (ҳам аз Паёмбари Акрам (с) ва ҳам аз аҳли салаф (р)) дар ин робита нақл шудааст. Пас (барои муқаллидони мазҳаб) беҳтар он аст, ки ба ин суннати собита амал кунанд.

  • Ривояти ишораи саббобаро Суруҷӣ низ аз асҳоби мазҳаби мо[8] нақл кардааст. Гӯиё ин бузургворон ихтилофи мухолифини ишораи саббобаро ба эътибор нагирифтаанд ва ақволи онҳоро мӯътабар надонистаанд. Ба хотири он ки ба осори сареҳа ва аҳодиси саҳеҳа мухолафат дорад.
  • Дар китоби Мухтор-ун-навозил, ки аз таълифоти Бурҳонуддини Марғенонӣ соҳиби Ҳидояи шарифа аст, омада:

اَلإِشَارَةُ عِندَ قَولِهِ لاَ إِلَهَ إِلَّا اللهُ حَسَنٌ.

Ҳангоми хондани «ло илоҳа иллаллоҳ» ба ангушти саббоба ишора кардан ҳасан (мустаҳаб) аст.

  1. Ибни Молик (р) шореҳи Шарҳ-ул-ҷамъ (ду ривояти зидду нақиз аз ду китоби мазҳаби мо) нақл карда:

1. Дар китоби Мунят-ул-муфтӣ навишта: баланд кардани саббобаи дасти рост дар ташаҳҳуди намоз макрӯҳ аст.

2. Дар китоби Муҳит омада: ишораи саббоба дар ташаҳҳуди намоз суннат аст. Намозгузор саббобаи худро дар ҳолати нафй (ло илоҳа) мебардорад ва дар ҳолати исбот (иллаллоҳ) мегузорад ва ин қавли имоми Аъзам ва имом Муҳаммад (р) аст. Ахбору осори зиёде дар ин боб ривоят шудааст. Пас беҳтар он аст, ки ба муқтазои далоили мазкура амал карда шавад.

  1. Соҳиби Мавоҳиб-ур-раҳмон дар Сунани хеш меорад:

ووَضَعَ يَدَيهِ عَلى فَخِذَيهِ وَبَسَطَ أَصَابِعَهُ وَأَشَارَ، هُوَ الصَّحِيحُ.

Намозгузор дастҳо рӯи ронҳо мегузорад ва ангуштони дастро паҳну густурда мекунад ва ба ангушти саббоба ишора мекунад ва ҳамин қавли саҳеҳ аст.

Баъд аз он чӣ мазкур шуд, бояд донист! Дар мазҳаби мо ба хотири ихтилофе, ки дар алфози ҳадис аст, намозгузор ангуштонашро фақат дар вақти ишора кардан мебандад. Танҳо бо ин шевае, ки мо дар адои ишораи саббоба ихтиёр намудем, ҷамъ байни ривоятҳои мухталифаи фиқҳӣ ҳосил мешавад. Зеро ривоятҳои фиқҳӣ низ бинобар ихтилофе, ки дар алфози ҳадис омадааст, дар кайфияти ишораи саббоба ихтилофи қавл доранд. Баъзе аз он ривоятҳо далолат доранд бар ин ки: бастани ангуштон аз ибтидои ташаҳҳуд беҳтар аз гузоштани он аст бар болои рон ба ҳолати паҳну густурда. Баъзе аз фуқаҳо ихтиёр кардаанд, ки намозгузор бидуни ақди ангуштон ишора мекунад. Ва баъзе дигар аз фуқаҳо фатво додаанд ба ин ки дар вақти ишора ангуштонро мебандад. Баъд аз адои ишора онҳоро ба ҳолати аввал бар мегардонад.

Ҳосили калом: ин ҳама ривоятҳои мухталифаи фиқҳӣ бар исботи ишораи саббоба иттифоқи назар дошта, вале бар кайфияту чигунагии адои он ихтилофи қавл доранд.


[1] Ҳадиси мазкурро имом Муслим ва Абудовуд низ бо ҳамин санад ривоят кардаанд.

[2] Дар баъзе ривоёт «ва ин қавли ман ва қавли Абуҳанифа аст» омадааст. Чунонки Мавлоно Абдулҳай дар Маҷмуат-ул-фатово овардааст. Баъдан аз ривояти Санъонӣ ва муаллифи Ҳалабии Кабир низ ин гуфта маълум хоҳад шуд.

[3] Гуфтори фуқаҳо аз ин ҷо шурӯъ мешавад.

[4] Шарҳ-ун-ниқоя фи-л-фиқҳ.

[5] Фатҳ-ул-қадир – шарҳи ҳидояи шариф, китоби салот, фасли сифат-ус-салот.

[6] Аммо мухолафати он аз назари дироят (яъне далели ақлӣ) ҳамон ҳадиси саҳеҳ аст, ки гузашт. Ва он ҳадис ба ҷуз ишораи дар намоз маънои дигаре надорад. Аммо мухолафати он аз назари ривоят (далели нақлӣ) қавли имом Муҳаммад аст, ки гузаштааст: «Ҳар чи дар боби ишораи саббоба гуфта шуд, он қавли ман ва қавли Имоми Аъзам аст». (Дар китоби Ниҳоя – шарҳи Ҳидоя ва ғайри он зикр шудааст). Наҷмуддин Зоҳидӣ мегғяд: «Вақте ривоятҳои нақлшуда аз ҷумҳури имомҳо, фуқаҳои мазҳаб, фуқаҳои Куфа ва Мадина бар суннат будани ишораи саббоба иттифоқи қавл доранд ва вақте ҳадису осори зиёде дар ин робита аз Соҳиби Шариъат ва салафи солеҳ ривоят шудааст, пас амал кардан ба ишораи саббоба авло ва беҳтар аст, аз тарк кардани он». (Ҳалабии Кабир, фасли сифат-ус-салот).

[7] Фатҳ-ул-қадир, китоби салот, фасли сифати салот, саҳ. 321.

[8] Яъне имомони сегонаи мазҳаб – имоми Аъзам, имом Абуюсуф ва имом Муҳаммад (р).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *