Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Асмо ва Сифот

Асмо ва Сифот

Ло юшбиҳу шайъан минал ашёи мин халқиҳи.

Аллоҳ таъоло мушобеҳи чизе аз махлуқоташ нест.

Ва ло юшбиҳуҳу шайъун мин халқиҳи.

Ва чизе аз махлуқоташ ба Аллоҳ таъоло мушобаҳат надорад.

Аллоҳ таъоло воҷибул вуҷуд ва махлуқоташ мумкинул вуҷуд аст. Бинобар ин ӯ таъоло ба махлуқоташ монандӣ надорад ва на махлуқоташ ба ӯ. Ва ҳама мумкинул вуҷуд эҳтиёҷ доранд ба воҷибул вуҷуд, на баръакс. Агар касе сифати бандаро ба сифати Худованд монанду мушобеҳ донад, чунин шахс назди уламои киром кофир аст (наъузу биллоҳ). Ин гуна шахс аз фирқаи”мушобиҳа”аст на аз аҳли суннат вал ҷамоъат, агарчи соҳиби тафсир ҳам бошад чун аҳли “мӯътазила ва рофизия”. Сифатҳои Аллоҳ таъоло лоиқ ба зоти ӯст. Барои ӯ ягон сифати муваққатӣ нест, балки ҳама сифатҳо ва исмҳояш азалӣ ва абадиянд. ӯ таъоло воҷибул вуҷуд аст аз ҳама ҷиҳат, чӣ аз ҷиҳати исмҳояш ва чӣ аз ҷиҳати сифатҳояш.

Лам язал ва ло язолу би асмоиҳи ва сифотиҳиззотийяти вал феълийяти.

Ҳамеша буду ҳамеша мемонад бо исмҳояш ва сифатҳояш, ки зотӣ ва феълӣ ҳастанд.

Худованди таъоло бо исмҳо ва сифатҳояш дар азал бе ибтидо буд ва интиҳо надорад бар хилофи махлуқон. Мақсад ин аст, ки ӯ таъоло исми зот ва исми сифот дорад, ки исми сифот ду навъ аст: 1-ум исми сифотии зотӣ ва 2-ум исми сифотии феълӣ, исмҳои сифот на зоти ӯянд ва на ғайри зоти ӯянд, балки мутааллиқ ба ӯянд. Масалан”Аллоҳ” гӯем, ин исми зот аст, ва агар “илм”, “калом”, “ҳаёт” гӯем, ин исми сифотанд. Ва агар “холиқ”, “розиқ” ва монанди инҳо гӯем, ҳама сифати феълиянд. Чунин аст мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоъат бар хилофи мазҳабҳои фалсафа, мӯътазила ва кароматия.

Аммаз зотияту фал ҳаёту вал қудрату вал ъилму вал калому вас самъу вал басару вал иродату.

Аммо исмҳои сифатҳои зотии Худованд ”ҳаёт, қудрат, илм, калом, самъ (шунаво), басар (бино) ва ирода аст”.

Ҳаёт: — сифати ӯ таъоло буда ба маънои зинда будан аст. Зинда будани Худованд на чун зинда будани инсонҳо, балки сифати азалии хоси Худои таоълост.

Қудрат: — Аллоҳ таъоло ба ҳама чиз қодир асту тавоно ва қудрати ӯ сифати азалии вай аст аз азал. Аллоҳ таъоло оламро ҳаст кард халқро офарид ва ба онҳо ҳаёт бахшид ва қудрату ризқ дод.

Илм: — ва дигар сифати зотии ӯ таъоло илм аст ва ин сифати азалии ӯст. Ба ҳама мавҷудот олиму доност аз илми ӯ як зарра ҳам пинҳон намемонад, ҳама пеши ӯ ошкор аст. Ҳама ошкору ниҳонро илми ӯ фаро гирифтааст, хоҳ ҷузъиёт бошад, хоҳ куллиёт. Оятҳои 14-уми сураи “Мулк” ва 59-ум ва 60-уми сураи “Анъом”, 23-юми сураи “Анфол” ва боз чандин ояти дигари Қуръон далели гуфтаи болост. Ҳамчунин раддияест ба ақидаи рофизиҳо ва қадарияҳо, ки мегӯянд: Худованд пеш аз халқу эҷод шайъро (чизро) намедонист.

Калом: — дигар сифати зотии ӯ таъоло калом аст, калом ба маънои суханкунанда меояд ва ин суханкуниест, ки сифати хоси ӯст дар азал. Суханкунии ӯ таъоло чун суханкунии бандагон бо забону даҳону овоз нест, балки тарзест, лоиқи ӯст (сари ин масъала баъдтар хоҳем баргашт) .

Самъу басар: — ҳарду ҳам сифати Худованд аст ба маънои шунидан ва дидан. Аллоҳ таъоло шунаванда ва бинандаи ҳама чиз ва ҳама кас аст. Ин ду сифати азалии офаридгор аст бе ибтидо ва бе интиҳо, ҳатто ки ҳеҷ сире махфӣ барои ӯ нест ва мӯрчаи сиёҳ дар шаби торик болои хоки сиёҳ равон аз мадди назараш пинҳон нест. Идроки Аллоҳ таъоло мисли идроки мо бандагон ноқис набуда, балки томму комил аст. Дидану шунидани ӯ ба тариқаи хаёл, ё ваҳм, ё таъсири ҳавос, ё вусули ҳаво мисли инсон нест.

Ирода: — ирода низ сифати зотии Худованд аст. Он мисли машият (хоҳиш) сифати Аллоҳ таъолост. ӯ иродакунанда аст бо иродаи қадимаш он чизеро, ки буд ва он чизеро, ки набуд.

Дар дунё ва дар охират чизе, ки бошад хурд ё калон, кам ё бисёр, нек ё бад, нафъ ё зарар, наҷот ё хусрон, зиёд ё кам, тоъат ё исён, ширин ё талх, имон ё куфрон, ирфон ё нукрон ва дигар чизе, ки бошад ҳама ба иродаи худи ӯст бинобар тақозои ҳикматаш. Тақозо ва тақдири халқаш аз ӯст. Ҳарчиро хоҳад мешавад ва ҳарчиро нахоҳад, намешавад. Ягон радкунандае иродаи Парвардигорро рад карда наметавонад. Машғули тоъат шудан ё нашудан, аз маъсият дур шудан ё дур нашудан ҳама иродаи ӯст. Агар ҷамиъи халқ ҷамъ шаванд, то ҳаракат диҳанд як зарраи оламро ва ё боздоранд онро, агар иродаи Аллоҳ таъоло набошад, ба мақсад нарасанд. Ва монанди ин.

Ва аммал фиълияту фаттахлиқу ват тарзиқу вал иншоу вал ибдоъу вас сунъу ва ғайру золика мин сифотил феъли.

Ва аммо сифоти феълияи ӯ таъоло халқ кардану ризқ додану эҷод кардану ихтироъ кардану ва изҳори сунъ дар маснуъот намудан ва ба ҷуз ин бисёр аст ҳама сифоти феъли он зоти пок аст.

Эзоҳ: Чунончи гуфтем сифатҳои феълии Аллоҳ таъоло бешумор аст, ки дар боло баъзе аз онҳоро овардем. Акнун мекӯшем баъзе аз онҳоро тавзеҳ диҳем:

Тахлиқ: ба маънои халқ кардани ашё аст.

Тарзиқ: ризқ додани махлуқот.

Иншо: пайдо кардани махлуқот.

Ибдоъ:бенамуна ва бенусхаи аввал офаридани махлуқот.

Сунъ: ба вуҷуд овардани махлуқот.

Сифатҳои азалӣ: назди аҳли суннат вал ҷамоъат 8-то аст ва марҷеъи (бозгашти) ҳамаи сифоти феълия ба сӯи “таквин” (ҳаст кардани ашё) аст. Саҳеҳ он аст, ки ин исмҳои сифот дар маъно бо якдигар наздиканд. Бояд донист, ки чи дар олами малакут ва чи дар олами арвоҳ ба ғайри Аллоҳ таъоло ҳама ҳодис аст. ӯ таъоло ҳамаи онҳоро ба сифати тахлиқӣ ва феълӣ ва иншоъу сунъи худ пайдо кардааст. Албатта Худованд инсу ҷинро ва ҳамчунин ризқашонро халқ кард ва дӯст дошт, ки қудрату раҳмату неъмату ҳикмати худро зоҳир созад ва худро бо сифати ҷалолу ҷамолаш муаррифӣ кунад. Ояти 36-уми сураи “Аззориёт” далели ин гуфтаҳост.

Лам язал ва ло язолу биасмоиҳи ва сифотиҳи лам яҳдус лаҳу исмун ва ло сифатун.

Ҳамеша буду ва ҳамеша мемонад бо исмҳояш ва сифатҳояш ва пайдо нашавад аз нав мар Аллоҳ таъолоро на исм ва на сифате.

Худованд мавсуф аст ба сифатҳои камол ва инчунин мавсуф аст ба сифатҳои ҷалолӣ ва ҷамолӣ. Яъне сифатҳои Аллоҳ таъоло ва исмҳои ӯ азалиянд. Яъне онҳо беибтидову беинтиҳо абадиянд. Ягон исме ё сифате маҳв нагаштааст ва аз нав пайдо нашудааст. Зеро Аллоҳ таъоло дар вуҷуди худ комил аст, чи дар зоташ ва чи дар сифатҳояш. Агар фарз кардем Аллоҳ таъолоро сифате пайдо шавад ё сифате аз ӯ дур шавад, пас чунин бармеояд, ки Аллоҳ таъоло пеш аз пайдо шудани сифат ноқис будааст ва инчунин агар сифате дур шавад, дар ин сурат ҳам ноқис мешавад аз мақоми камоле, ки Аллоҳ таъоло дорад, ин навъ шудан аз ҷумлаи номумкин ва маҳол аст. Бинобар ин бори дигар таъкид месозем, ки Офаридгори мову шумо ва ҷумлаи махлуқот бо ҳама сифот ва исмҳояш азалӣ ва абадӣ буда ва сифоту исмҳояш низ азалию абадист, маҳалли нуқсон дар ӯ таъоло нест.

Лам язал ъолиман би ъилмиҳи вал ъилму сифатун фил азали.

Ҳамеша Аллоҳ таъоло олим аст бо илмаш ва илм сифати азалии вай аст. Илми ӯ таъоло қобили зиёдатӣ ва нуқсон нест.

Ва қодиран би қудратиҳи вал қудрату сифатун фил азали.

Ҳамеша Аллоҳ таъоло қодир аст ба қудрату тавоноии қадимаш ва қудрату тавоноии ӯ сифати азалии вай аст.

Ва мутакаллиман би каломиҳи вал калому (нафси) сифатун фил азали.

Аллоҳ таъоло ҳамеша суханкунанда аст ва сухан гуфтан сифати ӯст дар азал.

Ва холиқан би тахлиқиҳи ват тахлиқу сифатун фил азали.

Ҳамеша Аллоҳ таъоло холиқ аст ва халқ кардан сифати вай аст дар азал.

Ва фоъилан би феълиҳи вал феълу сифатун фил азали.

Ва Аллоҳ таоъло фоъил (кунанда) аст ва феъл (кардан) сифати ӯст дар азал.

Вал фоъилу ҳуваллоҳу таъоло вал феълу сифатун фил азали вал мафъулу махлуқун ва феълуллоҳи таъоло ғайру махлуқин.

Ва Аллоҳ таъоло фоъил (кунанда) аст бе шарик дар феълу сунъи ҳукмаш ва амраш, ва феъл (кардан) сифати Аллоҳ таъолост дар азал. Ва мафъул (кардашуда) махлуқ аст ва феъли ӯ таъоло ғайри махлуқ аст, зеро худ махлуқ нест, пас сифаташ низ махлуқ нест.

Ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) дар ин ҷо баъзе сифатҳои зотӣ ва баъзе сифатҳои феълии Офаридгорро овардааст, зеро донистани ин сифоти олии ҳазрати Кирдукор барои банда кифоя аст. Яъне дар шинохтани инсон холиқи худро бо сифатҳои зикршуда ва ақидаи худошиносиро бо ҳамин маълумот мустаҳкам бисозад басандааст. Чаро ки асоси “Фиқҳ” низ аз ҳамин иборат аст. Тафсири имону ислом бошад тасдиқу иқрор аст ба Худованди таъоло. Инчунин донистани ӯ таъолоро бо сифатҳояш ва исмҳояш ва қабули ҳукмҳои шариати ӯ низ аз усули дин мебошад. Аз як сӯ ин иҷмолист, аз тарафи дигар воҷиб аст бар мӯъминин, ки сифат кунад Худовандро бо сифати субутӣ ва салбӣ ва зотӣ ва феълӣ. Агар худ қодир нест ба сифат кардан, пас аз дигар кас бишунавад сифати Аллоҳ таъолоро, бигӯяд оре, дар чунин шахс имони комил ва исломи асил зоҳир аст. Аммо ба шахсе баён карда шавад сифати Офаридгорро ва он кас гӯяд, намедонам, пас ӯ мӯъмин нест. Дар ин мазмун Имом Муҳаммад (раҳимаҳуллоҳ) дар “Ҷомиъу-л-кабир” оварда, ки духтараке назди падару модар калон шаваду ба мактаб наравад ва илми тавҳидро наомӯхта ба балоғат бирасад, пас ӯро ба шавҳар бидиҳанд чун бар ӯ имонро сифат карда шавад гӯяд, ки намедонам аз шавҳари худ ҷудо гардад.

Ва сифотуҳу фил азали ғайру муҳдасатин вало махлуқатин.

Ва сифатҳои ӯ таъоло ғайри мӯҳдас (нав пайдо) аст ва на махлуқ аст.

Ин як таъкид ва таъйид аст барои донистани ин ки сифоти Аллоҳ таъоло аз нав пайдо нашудаанд ва барои халқ кардани касе махлуқ нестанд. Ҳамаи он азалию қадимиянд.

Фа ман қола: иннаҳо махлуқатун ав муҳдасатун ав вақафа (фиҳо) ав шакка фиҳо фаҳува кофирун биллоҳи таъоло.

Пас шахсе, ки гӯяд: албатта сифатҳои Аллоҳ таъоло махлуқанд ё сукут кунад ё шакк орад дар исмҳо, пас он шахс кофир аст ба Худои таборак ва таъоло.

Агар шахсе сифоти Аллоҳ таъолоро азалӣ наҳисобад ё гӯяд, ки онҳо бе ибтидо нестанд ё нав пайдо шудаанд ё гӯяд, ки онҳо махлуқанд ё ҳеҷ чиз нагӯяд, балки дар бобати онҳо сукутро ихтиёр кунаду шакк орад ва нагӯяд қабул дорам онҳоро, ки азалӣ ва абадианд, пас чунин шахс назди Худованд кофир аст. Зеро банда муваззаф аст, ки ба сифоти Аллоҳ таъоло шинос бошад, ва онҳоро бидонад ва Худоро бо ҳамаи он бишиносад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *