Иқтисоди миллӣ

  • Моҳият ва муаммоҳои рақобатпазирии иқтисоди миллӣ

    МОҲИЯТ ВА МУАММОҲОИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ Моҳияти рақобатпазирӣ ва таснифоти унсурҳои он Рақобатпазирии мол Рақобатпазирӣ дар сатҳи корхона ва соҳа Нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирии мамлакат Муаммои рақобатпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати татбиқи чорабиниҳои аввалиндараҷаи таъмини рақобатпазирӣ 18.1. Моҳияти рақобатпазирӣ ва таснифоти унсурҳои он «Сарфи назар аз тамоюли номусоиди пешрафти сохторӣ…

    Муфассалтар »
  • Мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ба хотири пешбарии фаъолияти зиддиинҳисорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ — Агентии давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар солҳои 2000-2006 фаъолият дошт. Агентӣ мақоми давлатии идора буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ, рушди рақобат…

    Муфассалтар »
  • Қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ташаккули муҳити рақобат яке аз арзишҳои иқтисоди бозорӣ буда, давлатро водор месозад, ки ин вазифаи нави давраи ислоҳотро ба ӯҳда гирифта анҷом диҳад. Дар Тоҷикистон, ки дар гузашта иқтисодиёти пурра ба инҳисороти давлатӣ асосёфтаи хоҷагии плании мутамарказро дар ҳайати давлати Шуравӣ аз сар гузаронд, ташаккули…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои танзими зиддиинҳисорӣ дар кишварҳои хориҷӣ

    Сиёсати зиддиинҳисории давлат дар ҷаҳон таърихи тулонӣ дорад. Ҳадафи асосии ингуна сиёсат — ташкили шароити мусоид барои инкишофи рақобати бозорӣ мебошад. Дар давлатҳои хориҷӣ шаклҳои босамараи муқобилият алайҳи амали инҳисории корхонаҳо ва маҳдудкунии рақобат истифода мешаванд. Дастгирии рақобат дар он ифода меёбад, ки аз ҷониби давлат шароити ҳокимияти инҳисорӣ маҳдуд…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи рақобат ва инҳисорот дар шароити иқтисоди бозорӣ

    «Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт кишваре ширкаткунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуда метавонад, ки бо молҳои худ дар бозори ҷаҳонӣ қобилияти рақобат дошта бошад. Ба мо маълум аст, ки ҷаҳони муосир дар назди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан иқтисодиёт талаботи қатъӣ мегузорад. Аз ин рӯ, мо бояд фақат бо дастовардҳои гузаштаву имрӯзаи…

    Муфассалтар »
  • Фаъолияти созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ дар ҳалли муаммоҳои бехатарӣ дар ҷаҳон

    Ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи бехатарии иқтисодӣ, аз ҷумла бехатарии озуқаворӣ бетараф нест. Гузашта аз ин масъалаи таъсиси низоми байналмилалии бехатарии озуқаворӣ дар аввали солҳои 70-ӯми асри гузашта ба миён омада буд. Ин низом бояд огоҳонидани пешакии норасоии озуқа, бунёд намудани захираҳои миллии озуқаворие, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг сохта мешаванд,…

    Муфассалтар »
  • Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми конститутсионии роҳбарии машваратӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи қарорҳо дар мавриди амалӣ сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Бо ин мақсад Шӯрои амният…

    Муфассалтар »
  • Мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фааъолияти мақомоти амнияти давлатии ҷумҳурӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ» муқаррар гардидааст. Мақомоти амнияти давлатии ҷумҳурӣ ҳамчун қисми таркибии нерӯҳои таъмини амнияти мамлакат ба мақомоти таъиноти махсус тааллуқ дорад. Вазифаи ин мақомот таъмини амнияти шахс, ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки тавассути…

    Муфассалтар »
  • Нақши ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии иқтисодии мамлакат

    Идоракунии давлатӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ вобаста аст. Ташаккулёбӣ ва таҳкими шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар равандҳои рушди иқтисоди миллӣ чун омили ҳуқуқӣ ва ташкилӣ хизмат мекунанд. Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.…

    Муфассалтар »
  • Бехатарии иқтисодии шахс

    Дар низоми амнияти миллӣ таъмини бехатарии шахсият дорои аҳамияти хоса мебошад. Бехатарии иқтисодии шахсият чунин вазъиятеро дар бар мегирад, ки дар он шароити кафолатноки манфиатҳои шахс ҳифз гардида, рушд ва ҳифзи иҷтимоии шахсият таъмин карда мешаванд. Бехатарии иқтисодии шахсият пурра аз амнияти иқтисодии миллӣ, аз сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат вобаста…

    Муфассалтар »
  • Бехатарии иқтисодии корхона аз назари унсурҳои фаъолият ва ҳадафҳои асосии он

    Мафҳуми «Бехатарии иқтисодии корхона» чунин ҳолати корхонаро мефаҳмонад, ки дар он истифодаи самараноки иқтидору захираҳои корпоративии корхона барои бартараф намудани ҳаргуна таҳдид ва таъмини фаъолияти устувори корхона дар ҳозира ва оянда мусоидат менамояд. Дар ин ҷода сатҳи бехатарии иқтисодӣ нишондиҳандаи асосӣ мебошад, ки бо ёрии он вазъияти бехатарии корхона арзёбӣ…

    Муфассалтар »
  • Тавсифу таснифоти корхона

    Таъмини бехатарии иқтисодии корхонаҳо аз вазифаву хусусиятҳои фаъолиятбарии ҳар яки онҳо бармеояд ва зарурати тавсифу таснифоти корхонаро пеш меорад. Дар натиҷаи аз байн рафтани инҳисороти давлатӣ корхонаҳо ҳоло ба ду гурӯҳи калон – корхонаҳои бахши давлатӣ ва бахши гуногуншакли ғайридавлатӣ — ҷудо мешаванд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар санаи 1.01.2006…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои бехатарӣ, таҳдидҳои дохилӣ ва беруна ба манфиатҳои иқтисодии минтақа

    Бехатарии иқтисодии минтақавӣ (ноҳия, вилоят) маҷмӯи масъалаҳои тараққиёти устувори маҳал, як қадар мустақилии ҳалли онҳоро ба дӯши худ гирифта, чунин ифода ёбад: имконияти доир намудани сиёсати мустақили маҳал дар доираи сиёсати давлатии ҷумҳуриявӣ; таъмин намудани иҷрои чорабиниҳои назарраси минтақавӣ доир ба масъалаҳои иқтисодии муҳимтарин, аз ҷумла вобаста ба бартараф намудани…

    Муфассалтар »
  • Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар муносибатҳои минтақавии кишвар

    «Имрӯз потенсиали захираҳои Тоҷикистон ва зербинои қонунгузории мавҷуд, ки ба шароит ва талаботи иқтисоди ҷаҳонии нав созгорӣ доранд, кишвари моро ба минтақаи мусоид барои сармоягузорӣ табдил додаанд. …Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ҳамаи ононеро, ки мехоҳанд ба фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бипардозанд, замонат медиҳад». Э.Ш. Раҳмонов Қабул…

    Муфассалтар »
  • Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

    Таъмини амнияти минтақавӣ ба фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад, ки дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (соли 2004) муайян гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат буда, дар доираи…

    Муфассалтар »
  • Сохтори минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ

    «Манбаъҳои таърихӣ собит месозанд, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳои қадимтарини дунё буда, бо шаҳрсозиву шаҳрдории худ дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми арзанда доранд. Дар қатори даҳҳо шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ, ки бо маҳорат ва завқи баланди шаҳрсозии ниёгони мо бунёд шудаанд, шаҳрҳои куҳани қаламрави Бохтару Хатлони қадим маҳсули заҳмату ҳунар…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи андоз ва сиёсати андозгузорӣ, равнақи бозори коғазҳои қиматнок дар таъмини бехатарии молиявӣ

    Манбаи асосии захираҳои молиявии давлат, ки ба тариқи марказонидашуда сафарбар мешаванд, андоз ва пардохтҳои давлатӣ мебошанд. Бо низоми андоз1)* ва сиёсати давлатии андоз манфиатҳои ҷомеа ва давлат, инчунин, ҳамаи шаҳрвандон ва гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ, корхонаю муассисаҳои кишвар вобаста мебошанд. Ислоҳоти андоз ва сиёсати андози давлат объекти муҳими дигаргунсозиҳои давраи гузаришро…

    Муфассалтар »
  • Низоми бонкӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ. Нақши бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ

    Дар таъмини бехатарии молиявию бонкӣ низоми бонкӣ нақши махсусро мебозад. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ чун узви низоми бонкии умуммииттифоқӣ дар асоси дастур ва меъёрҳои Бонки давлатии ИҶШС ва бонкҳои махсусгардонидашудаи дар тобеияти он буда – Кассаҳои давлатии амонатгузории меҳнатӣ, Бонки давлатии сохтмон, Бонки…

    Муфассалтар »
  • Таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявӣ

    Таснифоти таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявию бонкӣ Таҳдидҳои умумии бехатарӣ дар бахши молиявию бонкӣ: Номӯътадилии сиёсӣ Ноустувории низоми молиявӣ Сатҳи баланди таваррум – беқурбшавии пул, паст фуромадани қобилияти харидории он дар натиҷаи баландравии нархҳо Номувозинии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ (ММД, ҳаҷми истеҳсолот, даромадҳо ва ғ) Инкишофи сусти инфраструктураи бозори молиявӣ Афзоиши…

    Муфассалтар »
  • Моделҳои хоҷагидорие, ки дар ҷаҳон вобаста ба муносибатҳои молиявӣ вуҷуд доранд

    Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки моделҳои гуногуни хоҷагидорӣ вуҷуд доранд, ҳар яки онҳо аз рӯйи андозаи дахолати давлат ба корҳои иқтисодӣ, иштирок дар тақсимоту аз навтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ фарқ мекунанд. Масалан: — Модели саксонӣ, ки дар ИМА, Канада, Бритонияи Кабир густариш ёфтааст, ба соҳибкорӣ озодии васеъ муҳайё месозад; Модели аврупои…

    Муфассалтар »
  • Бехатарии молиявӣ ва зарурати сиёсати«Эҳёи молиявӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Иқтисодиёт ба таҳияи стратегияи амнияти молиявии мамлакат ниёз дорад. Таъмини бехатарии молиявӣ аз бартараф сохтани камбудиҳои ҷиддие, ки дар бахши молиявии иқтисодиёти кишвар ҷой доранд, бояд ибтидо гирад. Аз ҷумлаи чунин камбудӣ ва норасогиҳое, ки ба чашм мерасанд: Дар иқтисодиёт ҷой доштани вазъияти пардохтнашавӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика (пардохти…

    Муфассалтар »
  • Таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар бозори моликияти зеҳнӣ

    Дар шароити густаришёбии бозори сармояи зеҳнӣ ҳифзи бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ бениҳоят зарур буда, дар чунин самтҳо ифода меёбад: — истифодаи оқилонаи иқтидорҳои зеҳние, ки дар дохили мамлакат вуҷуд доранд; — истифода аз имкониятҳое, ки мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ аз хориҷи кишвар баргузор мешаванд; — васеъ арзёбӣ намудани манфиатҳои мамлакат…

    Муфассалтар »
  • Арзёбӣ намудани қимати (нархгузории) моликияти зеҳнӣ

    Бозори моликияти зеҳнӣ нархгузории ин гуна моликиятро тақозо мекунад, ки он аз ҳадафҳои зерин бармеояд: Пайдо шудани амалияи хариду фурӯши объектҳои моликияти зеҳнӣ. Ба сармояи оинномавӣ ба тариқи саҳмгузорӣ дохил намудани моликияти зеҳнӣ. Муайян намудани натиҷаҳои арзишии бизнес. Хусусигардонӣ, саҳомигардонӣ, якҷоякунӣ, ҷудокунӣ, табаддулот ё барҳамдиҳии корхонаҳо. Нархгузории дороиҳои ғайримоддии корхона…

    Муфассалтар »
  • Ташаккулёбии моликияти зеҳнӣ ва усулҳои ҳифзи он

    Сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки ба қадри имкон иқтидори зеҳнии мавҷуда самаранок истифода шавад. Гуфтан лозим аст, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1992 ҳамаи намудҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун моликияти давлатӣ қарор дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешуданд. Ихтироот бо шаҳодатномаи муаллифӣ ҳифз гардида, ба муаллифон имкон…

    Муфассалтар »
  • Иқтидори зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Иқтидори зеҳнӣ (интеллектуали)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандон ва муассисаҳою ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ муайян мекунанд. Солҳои охир мунтазам афзудани шумораи кормандони соҳиби унвонҳои илмӣ ба назар мерасад. Ҷадвали 12.1 Хароҷоти буҷети давлатӣ барои илм, ҳиссаи он дар маҷмӯимаҳсулоти дохилӣ ва қисми хароҷоти буҷет дарҶумҳурии Тоҷикистон 1999 2000…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва таснифоти он

    Мафҳуми моликият дар назарияи иқтисод чун муносибати ҷамъиятие дониста мешавад, ки маънои азхудкунӣ ва тақсимоти неъматҳои моддиро мефаҳмонад. Моликият маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки неъматҳои моддиро ба субъекти муайян вобаста намуда ҳифз менамояд. Ҳуқуқи моликият дар навбати худ се намуд ҳуқуқро дар бар мегирад: ҳуқуқи соҳибгаштан, яъне амволи мазкурро пурра…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи маҳсули эҷодӣ дар ҷаҳони муосир

    «Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад. Э.Раҳмонов Маҳсули эҷодӣ дар ҷомеаи ҷаҳон торафт қадр пайдо карда, чун манбаи дастовардҳо…

    Муфассалтар »
  • Сиёсати давлатии таъмини амнияти иттилоотӣ

    Сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ: — пешгӯикунии таҳдиди амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи чораҳои таъмини амният; — ташкили фаъолияти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи чораҳо вобаста ба пешгирӣ ва бетаъсир кардани таҳдидҳое, ки ба амнияти иттилоотии мамлакат равона карда шудаанд; — хабардоркунии объективии…

    Муфассалтар »
  • Усулҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ

    Таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои ҳуқуқӣ, ташкилии техникӣ ва иқтисодӣ асос меёбад (нақшаи 11.2). Ба усулҳои ҳуқуқӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи иттилоотӣ ба тартиб медароранд ва ҳуҷатҳои методӣ мансубанд. Самтҳои аз ҳама муҳимтарини фаъолият инҳоянд: — такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи…

    Муфассалтар »
  • Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот

    Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иттилоот ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст. Якум, риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтани иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии…

    Муфассалтар »