Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Музокира дар бораи таслими Қудс

Уртубон ва пешвои азими динии шаҳри Қудс аз омадани халифа дар раъси лашкари имдодӣ ва иҷтимои фармондеҳони бузургаш огоҳ шуданд ва ба ваҳшат афтода, фикр карданд, ки онҳо ҳар чанд барои ҳифзи шаҳрашон ба муқовимати худ идома диҳанд ба ҷое нахоҳанд расид ва барои онҳо оқибати хубе надорад, зеро мусалмонон бар тамоми хоки Фаластин, ҷуз ин шаҳр тасаллут ёфтаанд ва хоҳ нохоҳ дер ё зуд бар ин шаҳр низ тасаллут хоҳанд ёфт. Ин амр чизе нест, ки битавон дар он тардид кард. Пас ҷуз тақозои сулҳ ва амон чорае барои онҳо нест.

Уртубон махфиёна ва хеле бо маҳорат аз шаҳр берун шуд ва ба сӯи кишвари Миср гурехт. Сафринус усқуфи аъзам тасмим гирифт аз мусалмонон тақозои сулҳ намояд, аз ин рӯ бо Амр ибни Ос амири лашкари мусалмонон, ки дар хориҷи шаҳр буд вориди музокира шуд. Аз он ҷо, ки халифаи мусалмонон дар Ҷобия буд, шарт кард, ки ин сулҳ ба василаи шахси халифа анҷом гирад, то барои ин шаҳри бузурги масеҳӣ дар тӯли таърих ин ифтихор бимонад, ки ба дасти халифаи мусалмонон фатҳ гардида қадам ба ин шаҳр гузошт, на каси дигар. Амр ибни Ос ин пешниҳодро ба арзи Умар (р) дар Ҷобия расонид. Чун фосилаи Ҷобия то шаҳри Қудс зиёд набуд ва шарте, ки Усқуфи аъзам карда буд, ба зиёни мусалмонон набуд, мавриди мувофиқати ҳазрати Умар (р) воқеъ гардид.

Инро ҳам бояд қабул кард, ки ҳазрати Умар (р) табъан эҳтироми хосе барои ин шаҳр қоил буд, зеро Расулу-л-лоҳ (с) дар шаби асро дар як ҳолати сар то сар рӯҳонӣ, ки мо аз он бехабарем, аз Масҷид –ул- Ҳаром ба Масҷид –ул- Ақсо омад. Қаблан низ ин масҷид қиблаи намози мусалмонон буд. Аз ин ҷиҳат Умар (р) мехост то он ҷо, ки мумкин бошад ҳурмати ин шаҳрро муроот кунад ва онро бо сулҳ ва мусолимат на бо ҷанг ва қудрат тасарруф намояд. Ба ин назар буд, ки тақозои Усқуфи аъзамро пазируфт ва мувофиқати худро ба ӯ эълон фармуд.

Матни қарордоди Умар ибни Хаттоб(р) бо мардуми Қудс

Усқуфи аъзам намояндагоне аз тарафи худ ба Ҷобия фиристод, ки аҳдномаи сулҳро бо халифа ба расмият дарорад, то аз амнияти шаҳр итминон ҳосил кунанд. Халифаи мусалмонон намояндагони Усқуфро бо эҳтиром ба ҳузур пазируфт ва сулҳномае барои мардуми Қудс навишт, ки мо онро ба ихтисор нақл мекунем ва аз назари шумо хонандагони гиромӣ мегузаронем, то мулоҳиза намоед ин халифаи рошид то чи ҳадде ҳуқуқи сокинони шаҳрро риоят ва ҳифз фармуда, ба ҷои он ки аз онҳо интиқоми муқовимат ва сарсахтии чанд моҳаро бигирад, онҳоро мавриди лутф қарор медиҳад.

Ин аст хулосаи сулҳномаи халифа, ки дар «Таърихи табарӣ» омада ва мо тарҷумаи форсии онро ба назари шумо мерасонем.

Бисмилоҳи раҳмони раҳим. Ин аҳдномае аст, ки бандаи Худо Умар — амиру-л-мӯъминин ба мардуми Илиё дода ва онҳоро амон дода аст. Ба худашон ба мариз ва тандурусташон ба амволашон ба калисоҳояшон ба салибҳояшон амон дода аст. Касе ҳақ надорад калисоҳояшонро тахриб кунад ё дар онҳо сукунат намояд. Набояд аз худи калисоҳо ва аз ҷойгоҳи онҳо каму кост шавад. Ба салиб ва амволи калисоҳо зиён нарасад. Онҳо нисбат ба динашон мухтор ва барои баргузории шиори маросими диниашон озоданд. Дар пазируфтани дини ислом маҷбур нахоҳанд буд. Мардуми Илиё монанди мардуми Мадоин бояд ҷизя ба давлати ислом бипардозанд. Румиёне, ки дар шаҳри Қудс ҳастанд метавонанд озодона аз ин шаҳр хориҷ шаванд ва ба мамлакаташон бираванд ва то вақте ки ба маҳалли амне нарасида бошанд худашон ва амволашон дар амон хоҳанд буд. Ҳар касе аз онон, ки бихоҳад ин ҷо бимонад дар амон аст ва аз ҳамон ҳуқуқе бархурдор мешавад, ки аҳли шаҳр бархурдор мешаванд. Онҳо низ бояд ҷизя бидиҳанд. Ҳар як аз мардуми Илиё ҳақ дорад ҳамроҳи румиён биравад. Онҳо низ то расидан ба ҷои амн дар амонанд. Касоне, ки аз сарзамини дигаре ба Илиё омадаанд ва сокин шудаанд ҳақ доранд ба диёри худ бозгарданд ё чун пештара дар ин ҷо бимонанд ва монанди аҳли шаҳр ҷизя бидиҳанд. Ғайри ҷизя аз касе чизи дигаре гирифта намешавад, магар онгоҳ, ки маҳсулоти зироати онҳо ба даст ояд, дар ин сурат бояд хироҷи маҳсулоти худро ба ҳукумати ислом бипардозанд.

Ҳазрати Умар (р) ин сулҳномаро шахсан тақрир, имзо ва муҳр фармуд ва сипас Абуубайда, Холид, Амр ибни Ос, Абдураҳмон ибни Авф ва Муовия ибни Абусуфёнро бар он гувоҳ гирифт.

Таҳлиле аз мӯҳтавои қарордоди ҳазрати Умар (р)

Ҳайати фиристодаи Усқуфи аъзам ин сулҳномаро аз дасти Умар (р) дарёфт намуда, ба шаҳри Қудс бозгаштанд. Усқуф ва аҳли шаҳр аз анҷоми ин сулҳ ва аз дарёфти ин сулҳнома бениҳоят хушҳол шуданд.

Охир чаро хушҳол нашаванд? Магар на ин аст, ки ҳар фотеҳи пирӯзманде чунон ки маъмули он замон буд, шаҳри фатҳшударо барои низомиёнаш озод мегузошт ва мардуми шаҳрро дар маърази куштор ва амволашонро дар маърази яғмо, ва номусашонро дар маърази таҷовузи лашкар ва маъбадҳояшонро дар маърази тахриб қарор медод?

Вале халифаи мусалмонон қабл аз вуруд ба шаҳрашон сулҳномае ба онҳо дод, ки онҳоро дар шаҳрашон осудахотир кард ва дар осоиш қарор дод. Амвол, обу рӯй, номус ва маъбадҳояшонро дар амон гирифт ва маросими диниашонро барои онҳо озод фармуд.

Ин рафтор, ки дар ҳадди оллии адолат ва дар сатҳи баланди инсонӣ қарор гирифта аст куҷову рафторе, ки фотеҳини пешин бо аҳли ин шаҳр мекарданд, аз қабили Бухтунаср- подшоҳи Бобул ва ғайра, ки маъбадҳояашонро ба оташ кашида ба куллӣ вайрон мекарданд, мардуми шаҳрро аз дами шамшер мегузаронданд ва шаҳрашонро мубаддал ба кушторгоҳ мекарданд, куҷо?

Ҳаққан рафторе, ки ҳазрати Умар (р) халифаи мусалмонон бо мардуми Қудс кард, барои онҳо як навоварии таърихӣ буд, ки бесобиқа ва ҳатто аз тасаввурашон ҳам хориҷ буд. Ин сулҳ барои онҳо падидаи асри ҷадиди исломиро ба намоиш мегузошт, ки Худо барои мардуми шаҳри Қудс ба василаи ҷонишини паёмбари бузургаш ба армуғон овард.

Шаҳри Байту-л-муқаддас дарвозаҳояшро барои вуруди ҳазрати Умар (р) халифаи ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) боз мекунад.

Ҳазрати Умар (р) чанд рӯзе пас аз таърихи ақди сулҳ, дар байни амирони лашкараш дар шаҳри Ҷобия монд. Сипас дар ҳоле ки Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Холид ибни Валид, Амр ибни Ос, Шураҳбил ибни Ҳусна ва ҷамоати дигар аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с), ки ҳамроҳаш аз Мадина ба ин ҷо омада буданд дар қабулгоҳаш буданд, ба тарафи шаҳри Қудс ҳаракат фармуд, то онро тибқи сулҳномае, ки ба аҳли шаҳр дода буд тасарруф кунад.

Аз он тараф Усқуфи аъзам, амирон ва бузургони шаҳр дар рӯзи ваъдагӣ, ки қаблан ба иттилои онҳо расонда буданд муқобили дарвозаи шаҳр интизори вуруди фармонравои мусалмонон ва ҷонишини паёмбари ислом- ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) буданд.

Бархурди халифа бо онҳо ба ҳадде ҳалимона ва бар мабнои муҳаббат ва тавозуъ буд, ки ба ҷои он ки ӯро ба манзалаи яке аз фотеҳони пирӯзманд, ки бар шаҳрашон истило ёфтааст пазиранд, ба унвони як фармонравои одил ва покдиле, ки назирашро надидаанд, вайро дар оғӯш гирифтанд.

Онҳо аз санҷиши сулҳномае, ки халифа ба онҳо дод, хусусан аз ин ки ба маъбадҳояшон эҳтиром қоил шуда ва ба онҳо амон дода буд ва дар барпо доштани маросими динашон онҳоро озод фармуда буд то он ҷо азамат ва таҳорати нафс дар вуҷудаш ёфтанд, ки ӯро нодида дӯсти халқи Худо ва тарафдори ҳақиқат ва сардафтари адолат шинохтанд.

Халифа ва ҳамроҳонаш бо роҳнамоии Усқуфи аъзам ҳамроҳи бузургони шаҳр дар ҳоле, ки аҳли шаҳр барои дидани фармонравои мусалмонон ва фармондеҳони лашкари ислом дар масири онҳо истода буданд, дар шаҳр ба роҳ афтоданд.

Ин ҷо мардуми шаҳр ғарқ дар тааҷҷуб шуданд, зеро бар хилофи тасаввурашон фармонравои бузурги мусалмонон, ки ду императори бузурги он замонро дар як замон ба зону дароварда ва акнун пирӯзмандона ба ин шаҳр дохил мешавад, шахси мутавозеъ, фурӯтан ва дар либоси оддӣ ва содда мебинанд ва фармондеҳони бузургашро, ки сари фармондеҳони ин ду императори муқтадирро аз пой даровардаанд ҳама фурутан ва бидуни нишон ва ороиши низомӣ мебинанд.

Мардум аз мушоҳидаи фармонравои мусалмонон ва фармондеҳони бузургашон фаҳмиданд, ки ин мардум бар хилофи кишваркушоёни ҷаҳон, мардуми худхоҳ ва дунёпараст нестанд, балки мардуми рӯҳонӣ, адолатпарвар ва инсондӯстанд, ки на майл ба интиқоми касе ва на чашми тамаъ ба моли мардум доранд ва на ба номус ва муқаддасоти дигарон дастдарозӣ менамоянд.

Мардуми шаҳр, ки дарвозаҳои шаҳрашонро ба унвони сулҳ бар рӯи халифа ва ҳамроҳонаш боз карда буданд, ин бор бо дидани онҳо аз наздик бо ин вазъи содда, дарвозаҳои қулуби худро барои онҳо боз ва онҳоро на дар шаҳри худ, балки дар синаҳои худ ҷо доданд.

Гӯё чашми басирати раиси донишгоҳи олии Лубнон боз шуда ва ҳақиқатро дида аст. Ӯ бо он ки масеҳӣ аст, дар қасидаи худ таҳти унвони «Аннабию Муҳаммад» дар ин бора мегӯяд:

— Эй Расули Худо! Ту ёроне ба дари худ ҷамъ кардаи, ки ҳайбат ва фахри амомаҳояшон беш аз тоҷҳои шоҳони ҷаҳон аст. Либосҳояшон дурушт, вале муҷовират ва гуфтор ва кирдорашон бо лутф ва адолат омехта аст, аз ин хотир душманонашон на дӯсти оддӣ, балки барои онҳо монанди бародар шуданд.

Он рӯзи таърихӣ, ки ҳазрати Умар (р) вориди шаҳри Қудс шуд, ба охир расид ва ин фотеҳи бузург ба ҷои он, ки аз фатҳи ин шаҳри муқаддаси масеҳӣ, ки унвони шаҳри Анбиёро дошт ва масҷиди муқаддаси Ақсоро дар оғӯш гирифта буд, эҳсоси худхоҳӣ ва такаббур дар худ кунад, ба ҳадде мутавозеъ ва худро дорои иноят ва лутфи Худо донист. Ба ин ҷиҳат дар он шаб, ки дар урдугоҳи мусалмонон дар хориҷи шаҳр манзил гирифт, ба намози шукри Худо пардохт.

Намози шукр вақте хонда мешавад, ки Худованди азза ва ҷалл ба касе аз бандагонаш неъмате иноят фармояд, ки муҳим бошад. Барои ҳазрати Умар (р) чӣ неъмате бузургтар аз ин ки Худо ин шаҳри муқаддаси таърихиро барояш фатҳ фармуда ва дар ихтиёраш гузошта аст. Акнун бо хотири комилан осуда дар миёни мардумаш, ки ӯро на ба унвони як марди фотеҳ балки ба унвони як марди дӯст ва одил пазируфтаанд, гардиш мекунад. Албата вазифаи Умар (р) дар баробари ин неъмат ва муҳаббати илоҳӣ ин аст, ки намози шукр ба даргоҳи Худованде гузорид, ки ӯро нусрат дод ва ба ин неъмати азим расонид.

Ошноӣ бо дохили шаҳри Қудс

Субҳи фардои он рӯз Усқуфи бузург назди ҳазрати Умар (р) дар урдугоҳи мусалмонон омад ва ҳар ду бо ҳам аз нав дар шаҳр ба гирдаш пардохтанд. Усқуф осор ва маҳалҳои таърихии шаҳри Қудсро ба Умар (р) нишон медод ва саргузашти онҳоро баён мекард.

Шаҳри Қудс осори таърихии басе муҳим дошт. Тибқи ақидаи масеҳиён ҳазрати Исо дар ин шаҳр ба дор овехта шуд ва дар ин шаҳр ба хок супурда шуд. Сипас аз қабр хориҷ шуд ва ба осмон рафт. Ба ин муносиб калисои бузург ва машҳур ба калисои Қиёматро дар ин шаҳр ва бар рӯи ҳамон ҷое, ки мегӯянд Исо ба қабр супурда шуда ва аз он ҷо ба осмон рафта аст, бино кардаанд Масҷиду-л-ақсо, ки ба фармони ҳазрати Сулаймон – паёмбар сохта шуда, меҳроби ибодати ҳазрати Довуд, сахраи (санги) ҳазрати Яъқуб, ки тибқи навиштаи китобҳои исломӣ ҳазрати Муҳаммад (с) дар шаби меъроҷ аз рӯи он ба осмон боло рафт ва осори ҳайкали Сулаймон ва осори дигар дар ин шаҳр буд ва Усқуфи кабир қиссаҳои ин осори муқаддасро барои ҳазрати Умар (р) шарҳ медод.

Ҳангоме, ки аз калисои Қиёмат, ки бузургтарин ва муҳимтарин калисои шаҳр буд, боздид мекарданд, вақти намози зуҳр расид. Усқуф пешниҳод кард, то ҳазрати Умар (р) намози худро дар ҳамин калисо бихонад, вале он ҳазрат мувофиқат накард ва фармуд (агар ман имрӯз ин ҷо намоз бихонам мусалмонон дар оянда ба ин муносибати таърихе, ки халифаи мусалмонон пас аз фатҳи шаҳри муқаддаси масеҳӣ дар ин маҳал намоз хонд, як ҳодисаи таърихии муҳим хоҳанд донист ва ин калисоро аз дасти масеҳиён гирифта, онро табдил ба масҷид хоҳанд кард. Ин амри мухолиф бо муоҳидаи сулҳи байни тарафайн мебошад, ки гуфта шуда калисоҳо дар амон аст). Сипас намозашро дар ҷое дар наздики сахраи муқаддас он ҷо, ки осори ҳайкали ҳазрати Сулаймон буд, адо фармуд.

Яқин аст ки Усқуфи кабир ва ҳамроҳонаш бори дигар дар ин ҷо аз фармоиши ҳазрати Умар (р) хеле хурсанд мешаванд ва дар айни ҳол бисёр тааҷҷуб мекунанд, ки ӯ то ин ҳад дар иҷрои саҳеҳи маводи сулҳнома ҳатто барои замони оянда пойдор аст ва мурооти ҳуқуқи динии онҳоро менамояд.

Оре, баъдан собит гардид, ки он чи ҳазрати Умар (р) дар бораи намозаш дар калисои мазбур пиндошт ва ба Усқуф фармуд, саҳеҳ буд, зеро тамоми таърихҳо иттифоқ доранд, ки мусалмонон баъдан дар ҳамон ҷое, ки намозашро хонд, яъне дар маҳалли ҳайкали Сулаймон масҷиде бино карданд ва сахраи муқаддасро дар дохили масҷид гирифтанд. Гарчи масҷид содда ва тақрибан кучак сохта шуд, вале баъдан ба дасти мусалмонон тавсиа ва азамат ёфт ва пас аз чанде Абдумалик ибни Марвон халифаи Умавӣ онро ба тарзи зебое аз нав сохт. Қуббае бар рӯи он бино кард, ки беҳтарин намунаи як иморати динӣ ва ҳамтои Масҷиду-л-ақсо гардид, ин масҷид дар ҳоли ҳозир ҳам бо Қуббаи муҷаллали худ боқӣ ва бо номи масҷиди Умар (р) ва Қуббату-с-сахра шӯҳрат дорад.

Шакли бинои ин масҷид ҳашт зилъӣ (тараф) аст. Дар чаҳор зилъи он рӯ ба рӯи ҳам чаҳор дарвозаи зебо ба кор гирифта шуда аст. Қисмати поёни он бо санги мармар пӯшида шуда ва қисмати болои он бо кошиҳое наққошӣ шуда, ки ба анвои гулҳои зебо мунаққаш шуда тазйин ёфта аст, ин наққошиҳо дар соли 1561 мелодӣ ба фармони шоҳ Сулаймон ибни Султон Салими Усмонӣ дар ин масҷид ба кор бурда шудаанд. Мегӯянд:

— Вақте ки нури хуршед аз панҷараҳо ба даруни масҷид метобад рӯшноии махсусе бо рангҳои аҷибе мунаъкис мекунад ва лутфи хосе дар назари бинанда ба вуҷуд меоварад.

Гарчи нақшаи сохтмони даруни масҷид содда аст, вале ороиши он хеле зебо ва бошукӯҳ мебошад. Сутунҳои он аз як қитъа санги мармар сохта шуда ва сақфи масҷидро гунбади ҷолибе ташкил медиҳад, ки бинандаро аз ҷиҳати тарзи меъморӣ ва аз ҳайси нақшу нигор ба тааҷҷуб меандозад. Дар қисмати поёнии ин гунбад оёти Қуръон марбут ба ҳазрати Масеҳ бо ҳарфи тилло ба хатти куфӣ навишта шуда аст. Дар панҷараҳои масҷид шишаҳои рангоранги қарни шонздаҳум насб шуда, ки дар зебои ва нафосат, камназир аст.

Ин масҷид чунон ки гуфтем дар маҳалли ҳайкали ҳазрати Сулаймон, ки ҳангоми фатҳи шаҳр вайрон шуда ва осори он дида мешуд ва ҳазрати Умар (р) дар он ҷо намоз хонд бино шуда аст.

Бозгашти Умар (р) ба Мадина

Ҳазрати Умар (р) то ду рӯз дар шаҳри Қудс монд. Сипас ба қасди бозгашт ба Мадина аз он ҷо хориҷ шуд ва дар роҳи худ чанд рӯзе дар Ҷобия, ки мусалмонон он ҷоро маркази низомии худ қарор дода буданд, тавваққуф кард. Пас аз дастурот ва роҳбариҳои муҳиме, ки ба фармондеҳони лашкар дод, ҳамроҳи ҳамон ҷамоате, ки бо ӯ омада буданд ба сӯи Мадина ҳаракат кард. Тибқи фармони Умар (р), Язид ибни Абусуфён мисли гузашта ба аморати Димишқ, Абуубайда ба аморати Ҳимс ва Холид ибни Валид ба аморати Қиннасирин мансуб гардиданд.

Замоне ҳазрати Умар (р) аз шаҳри Қудс хориҷ шуд ва ба Мадина боз мегашт, аз ҷануби Шом, яъне Фаластин то интиҳои шимол, ки марзи Сурия мебошад, таҳти ҳукумати давлати ислом даромада буд. Умарои мусалмонон ин сарзамини васеъро, ки Худо дар ихтиёрашон гузошта буд, бо камоли адолат идора ва бо мардум хеле беҳтар аз амирони давлати императори Бизонс рафтор мекарданд.

Шакл ва шамоили ҳазрати Умар (р) замони омадан ба Қудс ва нақли як достон

Дар поёни сухани худ дар бораи фатҳи Байтулмуқаддас, лозим медонем таваҷҷӯҳи хонандагони гиромиро ба ин амри муҳими таърихӣ ҷалб намоем ва он ин аст, ки баъзе аз муаррихин монанди Табарӣ ва ибни Асир мегӯянд:

— Ҳазрати Умар (р) аз Мадина савори асп шуд ва ҳамроҳи гурӯҳе аз лашкар ва умаро ба Фаластин омад, вале баъзе муаррихоне, ки дар назари муҳаққиқини мусалмонон чандон мавриди эътимод нестанд, навиштаанд:

— Ба василаи шутур ҳаракат кард; ду хурҷин дар паҳлуӣ шутураш баста буд, ки дар яке орди ҷав буд ва дар дигаре хурмо буд. Дар пешаш як машк об ва дар пушти сараш зарфе барои вузу гирифтан ва хурдани ғизо овехта буд.

Ҷамоъате аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) ҳамроҳаш буданд. Субҳгоҳ ва шомгоҳ таоме, ки аз ҳамон орд буд, таҳия мешуд. Назди халифа меоварданд, то аз он бихӯрад. Либосе ки дар ин сафари муҳими таърихӣ ба тан дошт, кӯҳна ва дарбеҳшуда буд. Ҳангоме, ки мехост аз Ҷобия ба сӯи шаҳри Қудс ҳаракат кунад, умарои лашкар гуфтанд:

— Чун Усқуфи аъзам ва умаро ва бузургони шаҳр дар интизоранд, шутур барои савор шудани ту номуносиб ва ин пироҳан, ки пӯшидаи бароят раво нест. Халифа аз сухани онҳо барошуфт ва фармуд (Худованди азза ва ҷалл моро ба баракати динаш иззат бахшид ва мо Худоро бо чизи дигар мубадал намекунем) ва бо ҳамон либоси поргидор ва савор бар ҳамон шутуре, ки бо он аз Мадина ба ин ҷо омада буд ҳаракат кард ва бо ҳамин вазъи баднамо ва нозебо ба шаҳри Қудс ворид шуд ва бо Усқуф ва бузургон ва умарои шаҳр мулоқот кард. Ҳатто баъзе навиштаанд:

-Ки халифаи мусалмонон ва ғуломаш дар ин сафар як шутур барои ду нафарашон ҳамроҳ доштанд. Ҳар як аз онҳо ба навбат савор мешуд, ғуломаш пиёда мешуд ва банди шутурро ба даст мегирифт ва ҳамин ки навбат ба ғуломаш мерасид, халифа пиёда мешуд ва банди шутурро ба даст гирифта, ба роҳ меафтод. Иттифоқан дар марҳилаи охир, ки аз Ҷобия ба Қудс мерасиданд навбати ғуломаш буд. Халифаи мусалмонон дар ҳоле ки банди шутурро ба даст гирифта буд ба канори шаҳр расид ва бо ҳамин вазъ бо Усқуф ва бузургони шаҳр, ки дар интизори вуруди қофилаи халифаи мусалмонон буданд мулоқот кард.

Вале бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки Воқидӣ дар ғолиби ривоёти таърихии худ махсусан он чи дар «Мағозӣ» ва «Футуҳоти исломӣ» зикр карда аст андозагузарӣ ва зиёдаравӣ намуда ва аз ҳақиқати воқеъӣ хориҷ шуда аст, аз ин рӯ мавриди эътимоди донишмандон ва муҳаққиқини исломӣ нест ва дар таърихе, ки навишта ба умуре бар мехурем, ки ақли солим онҳоро намепазирад, вале чун ривоёташ аз қабили ҳамин достон сафари таърихии Умар (р) ба ин, тарзи аҷибе, ки зикр карда аст мавриди қабули ҳар хонанда ва шунавандае воқеъ мешавад ва бо ин аҷоибие, ки дорад назари ҳамаи касро ҷалб менамояд, аз ин рӯ бо он ки сиҳат надорад, ба ҳадде машҳур ва роиҷ шуда, ки дар ҳар маҷлиси дарсӣ ва бар рӯйи ҳар минбари ваъзе, ки ин сафари таърихӣ ривоят мешавад ҳамеша ин достони аҷибу ғариб, ки Воқидӣ ривоят карда аст, нақл мешавад. Чунон ки гӯё ҷараёни воқеа ҷуз ин набуда ва дар ин бора ривоёте ғайр аз ривоёти Воқидӣ наомада аст. Бояд дар назар дошта бошем, ки дар аёми фатҳи Байту-л-муқаддас дар асари футуҳоте, ки мусалмонон дар Форс, Шом ва Фаластин карда буданд, ғаноими зиёде аз пул, тилло, нуқра, асп, либоси дӯхта ва парчаҳои нодӯхта ба даст оварданд. Байту-л-моли Мадина аз ҳар ҷиҳат ғанӣ шуда буд, агар ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ кунем барои мо возеҳ мешавад, ки халифа маҷбур набуда дар ин сафар як шутур барои худ ва ғуломаш ба тановуб (бо навбат) бардорад ва либоси фарсуда бипӯшад, зеро ҳам аспи зиёд дар ихтиёр дошт ва ҳам либоси муносиб.

Сипас мусалламан, ривоёти Табарӣ ва ибни Асир дуруст аст, ки гуфтаанд:

-Умар халифаи мусалмонон савор бар асп ва ҳамроҳи гурӯҳе аз лашкар барои кӯмак ба Амр ибни Ос аз Мадина ба Ҷобия расид ва чун аспаш хаста шуда буд, чанд рӯзе пас аз ақди сулҳ бо мардуми Қудс, дар Ҷобия монд ва ҳамин ки хастагии аспаш бартараф шуд бо ҳамон асп аз он ҷо ба Қудс омад. Ибни Касир ба нақл аз Абулъолияи Димишқӣ таъкид карда, ки ҳазрати Умар (р) ҳангоми вуруд ба шаҳри Қудс пероҳани сафеди ранга пӯшида буд, ки дар қисмати чап ва рост аз поён, чок дошт. Ин ду нафар муаррих на зикре аз кӯҳнагии пероҳани халифа мекунанд ва на аз поргидор буданаш ва на ҳарфе аз ин ки ӯ ва ғуломаш дар ин сафар ба навбат савор шудаанд ба миён наовардаанд.

Дуруст аст, ки ҳазрати Умар (р) марде зоҳид ва аз зинат ва зевари давр иҷтиноб мекард, вале дар айни ҳол марди одоб ва аз хонаводаи ашрофи Қурайш буд. Хуб медонист чӣ рафторе дар куҷо муносиб ва чӣ гуфторе дар чӣ вақте хуб ва чӣ либосе дар чӣ ҳангоме писандида аст.

Магар на ин аст, ки Бухорӣ дар сафҳаи 195 ҷузъи, ҳафтум ривоят мекунад, ки рӯзе Умар ибни Хаттоб(р) чашмаш ба либоси фохире афтод, ки фурӯхта мешавад, ба ин мақсад ҳузури Расулу-л-лоҳ (с) омад ва арз кард:

— Ё Расулу-л-лоҳ (с)! Чӣ хуб аст, ки ин либосро бихарӣ, то ҳангоми мулоқот бо намояндагоне, ки меоянд ва низ дар вақти намози ҷумъа онро бипӯшӣ, вале чун ин либос мулиладӯзии тилло дошт, он ҳазрат аз хариди он имтиноъ фармуд.

Аз ин ривоёт возеҳ аст, ки ҳазрати Умар (р) марди одоб ва пойбанди русуми умумӣ буд ва ақида дошт, ки раиси давлат дар вақтҳои мулоқот бо ашхоси бузург ё ҳангоми ҳузур дар маҷолис бояд либоси муносибе бипӯшад.

Ҳамин Умар (р) буд, ки чун волии Яман бо либоси гаронбаҳо ба ҳузураш омад, барошуфт ва амр кард, то либоси содда бипӯшад. Бори дигар ҳамон волӣ бо мӯйи жӯлида ва либоси кӯҳна ва номуносибе ба ҳузураш расид. Ҳазрати Умар (р) ин бор фармуд:

-Мақсадам ин набуд, ки худро ба ин вазъи нописанд дароварӣ. На жӯлида ва жандапӯш бош ва на худро монанди занон биорой.

Бинобар он чи баён шуд бояд фаҳмид, ки ҳазрати Умар (р) дар он ҳангом ки ба мулоқоти бузургони дини ва сиёсӣ дар шаҳри Қудс мерафт, агар либоси гаронбаҳо напӯшида буд, аммо либоси содда ва зебандае ба тан дошта аст, ки на побараҳна буд ва на жандапӯш.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *