Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Ҳушёрии Умар ибни Хаттоб (р)

Пас ҳақо чи хуб шуд ки сиёсат ва дурандешӣ ва нубуғи фикрии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ба кор афтод ва ба қазияи хилофат дар ҳамон маҷлиси аввал ба суръат хотима дод ва саҳифаи шар ва фасоде, ки яқин буд ба василаи мунофиқин ва душманоне, ки дар шаҳри Мадина ва атрофи он буданд, навишта мешуд ва дар таърихи ислом роҳ меёфт аз байн бурд ва оби яъс ва ноумедиро ба дасти онҳо рехт. Ба назари ман суръати интихоби халифа ки дар Сақифаи бани Соида анҷом ёфт, раҳмати худовандӣ буд, ки ба василаи иқдоми сареҳи ҳазрати Умар (р) бар уммати Муҳаммад (с) нозил гардид ва уммати Муҳаммадро аз табоҳӣ ва ҷанги дохилӣ наҷот дод ва ваҳдату ягонагии онҳоро, ки Расулу-л-лоҳ (с) барои онҳо ба вуҷуд оварда буд, камокон ҳифз кард ва дарҳои фитна ва ихтилофотро, ки душаманони бадандеши ислом дар пайи он буданд, бар рӯйи уммати Муҳаммад (с) решакан намуд.

Оре, ҳазрати Умар (р) ба ин наҳв дарҳои фитнаеро, ки мумкин на, балки қатъи буд дар ин ҳангоми хатарнок боз шавад, маҳкам баст ва то ӯ зинда буд ин дарҳо ҳамчунон баста буд ва ҳамин ки вафот ёфт, фитнае, ки дар пушти дарҳо зиндонӣ шуда буд, ба ҳадде ҷон гирифт ва ба ҷунбиш даромад, ки дарҳоро боз накард то берун ояд, балки якояк дарҳоро шикаст ва берун ҷаҳид то уммати Муҳаммадро лагадмол кунад.

«Саҳеҳи Бухорӣ» дар сафҳаи 68 ҷилди нуҳум дар ин бора мегӯяд (Шақиқ аз Ҳузайфа ибни Ямон ривоят карда мегӯяд: Ҳузайфа гуфт:

— Рӯзе назди Умар (р) нишаста будем, ӯ пурсид: Кадом яке аз шумо фармоиши Расулу-л-лоҳ (с)-ро дар бораи фитна ва балво ба ёд доред? Ман гуфтам: Фитна ва ибтилои инсон аз тариқи зан, мол, фарзанд ва ҳамсояаш амре аст, ки намоз, садақа, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар (амри ба кори нек ва наҳй аз кори бад) каффорааш мешавад ва гуноҳашро маҳв мекунад. Ҳазрати Умар (р) фармуд: Аз ин қабил фитнаҳо намепурсам, балки саволам аз фитнае аст, ки монанди амвоҷи хурӯшон ва дарё зиёд ва пушти сари ҳам рӯй меоварад, гуфтам: Ё амир-ал-мӯъминин! Аз чунин фитнае, ки мепурсӣ тарс бар ту нест ва ба ту намерасад, чун байни ту ва он фитна дарвозае қарор гирифта, ки баста шуда аст. Ҳазрати Умар (р) пурсид:

-Оё ин даре, ки акнун бар рӯи фитна баста шуда, баъдан шикаста мешавад ё боз мегардад? Гуфтам:

— Шикаста мешавад. Ҳазрати Умар (р) фармуд:

— Пас дигар ҳаргиз даре бар рӯйи фитна баста намешавад (зеро шикаста ва аз байн меравад, дигар даре нест, то бар рӯйи фитна баста шавад).

Гуфтам:

— Бале чунин хоҳад шуд.

Ровӣ мегӯяд: Ба Ҳузайфа гуфтам:

— Оё Умар (р) медонист, ки он даре, ки шикаста мешавад кист? Гуфт: Бале ба ҳадде медонист ки ман медонам қабл аз расидани рӯзи баъдӣ, шаб фаро мерасад, зеро чизе, ки ман ба ӯ гуфтам амре набуд, ки аз ҳақиқат дур бошад. Ровӣ мегӯяд: Ба масруқ гуфтам то аз Ҳузайфа бипурсад:

-Он дарвозаи басташуда бар рӯи фитна кист? Ҳузайфа гуфт: Он Умар аст.

Чунон ки медонем ҳазрати Умар (р) ба мавти табиӣ аз дунё нарафт, балки бо ханҷари тавтиаи душманони ислом шаҳид гардид. Пас ҳамон тавре, ки Ҳузайфа гуфта буд, он дарвоза боз нашуд, балки шикаста шуд ва ба ҳадде ба шиддат шикаста шуд, ки роҳ барои рахнаи фитна ва балво барои ҳамеша боз шуд ва дигар даре набуд ва пайдо нашуд, ки бар рӯи фитна баста шавад.

Фитна бо шаҳид шудани амиру-л-мӯъминин Умар(р) озод гардид. Дар авоили хилофати ҳазрати Усмон (р) (фитна) дар паси пардаи пушида машғули нақша ва тадбири кори худ шуд. Ва дар охирҳои хилофати ҳазрати Усмон (р), (фитна) аз паси парда хориҷ ва худнамои кард ва ошкоро ба фаолият пардохт ва монанди амвоҷи хурӯшон сари ҳам ғурид ва ваҳдати уммати Муҳаммадро ба ихтилоф ва низоъ мубаддал кард ва натиҷатан онҳоро ба ҷанги дохилии хонумонсӯз кашонид. Касе монанди пешвои мо Умар (р) набуд, ки аз ӯҳдаи дафъаш барояд ва онро боз ба зиндон афканад ва дарро ба рӯяш маҳкам бибандад.

Гуфтем суръати интихоби Абубакр (р) дар он маҷлис раҳмати илоҳӣ буд ва сиёсати Умар (р) дар ин бора муҷиби наҷоти уммати Муҳаммад (с) аз табоҳӣ гардид.

Инак ин матлабро аз худи Умар(р) мешунавем, ки мефармояд: Хилофати Абубакр (р) ба суръат анҷом гирифт ва Худо ба ин тарз мусалмононро аз шарри хилофат (ки дар паси пардаи таъхир дар камин буд) нигоҳ дошт. Худи ҳазрати Абубакр (р) низ ба ҳамин лиҳоз буд, ки дар ҳол қабул фармуд ва даст дод, то бо ӯ байъат намоянд. Матлабро аз худаш мешунавем, ки мефармояд:

-Пас бо ман байъат каранд ва ман пазируфтам. Чорае наёфтам, ҷуз ин ки бипазирам, зеро аз шарри таъхири он бар уммати Муҳаммад (с) тарсидам.

Ҳаққо, ҳаргоҳ ба он чи дар бораи хилофати Абубакр (р) то ин ҷо гуфтем бо чашми ҳақиқат бингарем, ҳамоно ҳаққонияташ монанди хуршед дар рӯзи сафо ва дар миёни осмон барои мо рӯшан хоҳад буд, зеро ҳаққонияти ин хилофат аз таваҷҷӯҳ ба оёти муқаддаси Қуръон, ки нақл шуд ва аз воқеияти байъат, ки ба василаи уммати Муҳаммад анҷом ва баён гардид ва аз фармоишоти ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (к.в.), ки дар «Наҳҷ-ул-балоға» зикр гардида, ба ҳадде возеҳ аст, ки камтарин тардиде ба дил роҳ намеёбад.

Абубакри Сиддиқ(р), мавриди дастгирии паёмбар (с).

Савол: Оё Расулу-л-лоҳ (с) дар ҳини ҳаёти худ, Абубакр (р)-ро номзади хилофат фармуд?

Ҷавоб: Тибқи ақидаи аҳли суннат ҳазрати расул(с) ҳеҷ касеро-на Абубакр (р) ва на ғайри ӯро на ба хилофат таъин ва на номзади хилофат фармуд. (Агар ҳазрати Расули Худо (с) барои худ ҷойнишин, яъне халифа таъйин карда буд, ҳатман дар давраи бемориаш, ки даргузашт-он ҷо ки борҳо такид карда фармуд, то лашкари Усома муҷаҳҳаз ва барои мақсади дар назардошта сафарбар карда шаванд-ба халифаи таъйин кардааш мефармуд, ки эй фалонӣ, бояд пас аз фавти ман лашкари Усомаро омода карда ва ҷой мақсадбуда равона намоӣ. Зеро ҳар гоҳ касе барои худ ҷойнишин муайян кунад, корҳои баъд аз ҳаёташро фақат ба ӯ васият менамояд, то анҷом диҳад, лекин чунон, ки дар тамоми таърихҳо омадааст, он ҳазрат инкорро барои шахси муайяне нафармуд, вале дастур дод, ки лашкари Усома такмин намуда ба мақсад ҳаракат диҳанд. Пас чунон, ки мебинем он Ҳазрат (с) китоб ба уммат фармуда, на ба шахси муайяне, зеро шахсеро ҷойнишини худ таъйин накарда буд, то ӯро мавриди хитоб қарор диҳад. Абубакр (р) чун ба хилофат расид, аввалин коре, ки кард васияти Расулуллоҳро ба ҷо оварда лашкари Усомаро муҷаҳҳаз намуд ва ба мақсад ҳаракат дод). Чаро? Барои ин ки он ҳазрат, Расули Худо ва дар корҳои муҳимми умматаш тобеи ваҳйи Худо буд, чунонки ояи 106 сураи Анъом ба он ҳазрат хитоб намуда мефармояд:

Сухани Худо:

“Дар анҷоми умурат пайравӣ кун он чиро, ки аз ҷониби парвардигорат ба ту ваҳй шуда бошад”.

Ҳамчунон Қуръон барои таъкиди ин амр тибқи ояи 2-и сураи Аҳзоб ва ояи 109-уми сураи Юнус ин матлабро такрор фармудааст:

Сухани Худо:

“Ва пайравӣ намо аз он чизе, ки ваҳй фиристода шудааст ба ту”.

“Ва пайравӣ намо аз он чизе, ки аз ҷониби парвардигорат ба ту ваҳй фиристода шудааст”.

Аҳли суннат мегӯянд пас чун Худо дар бораи таъин ё номзади халифа ояе, ки далолат бар яке аз ин ду амр бошад, дар Қуръон нозил нафармуда аст он ҳазрат дастуре надошта, то дар ин бора иқдоме фармояд, вале аз пораҳое аз иқдомоти амалӣ ва баъзе аз фармоишоти қавли Расулу-л-лоҳ (с) ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки он ҳазрат медониста ва пешбинӣ фармуда, ки Абубакр ба хилофат мерасад, зеро аввалан раёсат ва корвони ҳаҷҷи байтулоҳ вазифаи раиси уммат мебошад, ки шиорҳо ва маносики қавлӣ ва амалии ҳаҷро дар вақтҳояш ва ҷойҳои махсуси онҳо аз қабили тавофи Каъба, саъйи байни Сафо ва Марва, иқомат дар Арафа, Мино ва рамйи ҷумарот (санг задан) ва ғайри инро бо азкор ва адъия, амалан ва қавлан ба умуми мардум таълим диҳад ё касеро, ки аҳлияти ин корро дошта бошад, аз тарафи худ ба ниёбат баргузинад, чунон ки худи Расулу-л-лоҳ (с) дар соли охири умри муборакаш ҳаҷҷи умматро ба ӯҳда гирифта, шахсан анҷом дод. Ин ҳаҷ дар таърихи ислом ҳаҷҷатуллвидоъ ном дорад. Дар кутуби саҳеҳи таърихи ислом мебинем, ки Расулу-л-лоҳ (с) дар соли нуҳуми ҳиҷрат яъне як сол қабл аз вафоташ ин раёсатро ба ӯҳдаи Абубакр (р) супурд ва ӯ ин вазифаро ба ӯҳда гирифт ва анҷом дод.

Сониян: Имомати намози ҷамоат дар маркази давлати ислом вазифаи раис ва шахси аввали уммати Муҳаммад(с) мебошад, ки шахсан дар он ширкат намояд ё дар ҳангоми зарурат ба шахси дуввуми уммат вогузорад, аз ин хотир Расулу-л-лоҳ (с) ин вазифаро ҳамеша шахсан дар Мадина анҷом медод, вале дар авохири аёми бемории маргаш, ин вазифаи муҳимро ба Абубакр (р) вогузор намуд. Саҳобаи гироми Расулу-л-лоҳ (с) пас аз вафоти он ҳазрат, ангушт рӯи ҳамин нуқта гузошта гуфтанд: расули Худо ӯро барои анҷом додани рукни муҳимми дини мо писандид ва баргузид, пас месазад, ки мо ӯро барои дунёи хеш написандем?

Ҳазрати Умар ибни Хатоб(р) низ ба ин матлаб истедлол намуд, (чунончӣ) дар маҷлиси шӯрои Сақифа ба Ансор ёдовар шуд

Ҳазрати Умар (р) дар он маҷлис ба Ансор, ки дар кашмакаши интихоби халифа буданд, хитоб карда мегӯяд: Оё шумо намедонед, ки Расулу-л-лоҳ (с) Абубакр (р) -ро амр намуд, то дар анҷоми намози ҷамоат имоми мусалмонон бошад? Кадом яке аз шумо ба худ иҷозат медиҳад, ки ӯро ки расули Худо имом намуд, барканор намояд ва худаш ба ҷояш биистад ва имом шавад? Ансор якзабон гуфтанд: Ба Худо паноҳ мебарем аз ин ки ҷуръат карда Абубакр (р)-ро, ки расули Худо ӯро пеш гузаронидааст бар канор карда, худ ба ҷояш биистем.

Вогузории ҳар як аз ин ду вазифаи динӣ, яъне раёсати ҳаҷ ва имомати намоз аз ҷониби Расулу-л-лоҳ (с) ба Абубакр (р) далолатгар ва ишора ба хилофаташ буд. Зеро ҳар як аз ин ду вазифаи динӣ аз вазоифи раиси давлат дар маркази ҳукумати исломӣ аст.

Солисан: Бухорӣ ва Муслим аз Ҷубайр ибни Мутъим ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Зане (аз қабоили хориҷи Мадина) хидмати Расулу-л-лоҳ (с) омад, он ҳазрат фармуд: Боз ҳам дар оянда ба он ҳазрат муроҷиат намояд, он зан арз кард: Ҳаргоҳ омадам ва туро наёфтам (мақсудаш вафоти он ҳазрат буд) Расулу-л-лоҳ (с) фармуд: Ҳаргоҳ маро наёфтӣ назди Абубакр (р) биё.

Робиъан: Ҳоким аз Анас ибни Молик ривоят карда, ки мегӯяд тоифаи бани Мусталиқ маро ба назди Расулу-л-лоҳ (с) фиристоданд, то аз он ҳазрат пурсам пас аз вафоташ закоти амволашонро ба чӣ касе бипардозанд. Омадам ва пурсидам. Фармуд: Ба Абубакр (р) пардозанд.

Гарчи Расулу-л-лоҳ (с) дар ин ду ҳадиси худ, Абубакрро сариҳан халифаи худ нахонд, вале ба таври возеҳ фаҳмида мешавад, ки он ҳазрат воқеият ва таҳаққуқи хилофати Абубакр (р)-ро медониста ва пешбинӣ мефармуда аст, яъне он ҳазрат аз нишонаҳо ва асарот, сифот, собиқа ва шахсияти мумтози Абубакр (р) ва маҳбубияташ дар қулуби умуми мардум яқин дошта ки мардум ҷуз ӯ каси дигарро бар хилофат барнамегузинанд ва ногузир ӯ ба хилофат хоҳад расид ва чунон, ки дидаем ба хилофат расид ва пешбинии Расулу-л-лоҳ (с) сад дар сад таҳқиқ пайдо кард.


Хилофати Абубакри Сиддиқ, мавриди таъйди Қуръони карим

Ҳаргоҳ ба Қуръони карим руҷӯъ намоем, оётеро мебинем, ки гарчи тасриҳ ба хилофати Абубакр (р) накарда, вале агар андаке дар онҳо тадабур кунем, пай ба сиҳҳат ва ҳаққонияти он хоҳем бурд ва ин ки барои рӯй овардан ба ин матлаби муҳим, ки ҳар мусалмоне бояд ба он таваҷҷӯҳ намояд, ду ояе аз ин оёти поки Қуръон интихоб намуда, дар онҳо андеша менамоем.

Ояти нухуст:

1. Ояти 54-уми, сураи Моида, ки мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, пас, ба зидӣ Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва дӯсташ бидоранд. Дар баробари мӯъминон фурӯтананд ва дар баробари кофирон дурушттабъ, дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Худост, ба ҳар касе, ки хоҳад медиҳад ва Худованд фарохнеъмату доност!”.

(Сураи Моида, ояи 54.)

Ҳаққан ба ин ояи муқаддаса бояд ба дидаи тааҷҷубовар нигарист, зеро мефармояд: Ҳаргоҳ касе муртад шавад, Худо ба зудӣ касонеро ба ҷангаш меоварад, ки ҳам ӯ онҳоро дӯст медорад ва ҳам онҳо ӯро дӯст медоранд. Ин васф ва авсофи муҳимми дигаре, ки дар ин оят зикр шудааст, фазли Худо аст, ки ба онҳо ато фармуда. Онҳо дар роҳи Худо бо душманон (муртадон) меҷанганд.

Оё мешавад, ки ин гурӯҳи мавсуф ба ин авсоф ҷуз Абубакр (р) ва размандагонаш бошанд? Албатта не, зеро қаблан ба тафсил баён кардем ва тамоми таърихҳои исломӣ ва ғайриисломӣ иттифоқ доранд, ки воқеаи саркашии қабоили араб (ба ҳамон таъбири саҳеҳ, ки баён шуд) дар оғози даврони хилофати Абубакр (р) ба вуқӯъ пайваст ва Абубакр (р) буд, ки ин фитнаро ба зудӣ хомӯш ва муртадонро саркӯб кард ва ёронаш буданд, ки Худо онҳоро ба зудӣ бар сари муртадон овард. Абубакр (р) ва ёронаш буданд, ки барои саркӯб кардани муртадин ба набард пардохтанд. Пас мусаллам аст, ки мисдоқи ин ояи карима фақат ва фақат ҳазрати Абубакр (р) ва ёронаш мебошанд, ки Худо онҳоро дӯст дошта ва онҳо низ Худои худро дӯст медоштанд ва мавриди иноят ва фазли Худо буданд. Онҳо буданд, ки бо мӯъминон фурӯтан буданд ва бо кофирон (муртадин) сахтгирӣ карда, ҷангиданд ва онҳоро саркӯб намуда водор ба таслим карданд ва чунон ки ин оят мефармояд, ин авсоф фазли Худост, ки ба Абубакр (р) ва ҳамроҳонаш ато фармуда аст.

Чун ҷуз Абубакр ва ҳамроҳонаш касе мисдоқи ин оят нест, возеҳ аст, ки хилофати Абубакр мавриди ризои Худо аст ва ин хилофат низ фазли Худованд аст, ки ба Абубакр (р) иноят фармуда ва Худо ӯро муваффақ фармуда аст.

Ояти дуввум:

Сухани Худо:

2. Худо ваъда фармуда ба мӯъминони некукори шумо, ки онҳоро дар замин халифа ва фармонраво фармояд, чунон ки халифа гардонид ононро, ки пеш аз онҳо буданд ва динашонро, ки Худо барояшон писандида аст, тақвият фармояд ва тарсашонро мубаддал ба оромиш ва амният фармояд, (сифоташон ин аст), ки маро мепарастанд ва (дар парастишашон ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро) бо ман шарик намегардонанд.

(Сураи Нур, ояи 55.)

Ҳама медонем, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) Абубакр (р) ба хилофат расид ва хондем ки хавфе, ки аз ноҳияи қабоили саркаши араб дар дохили хоки араб падид омад ва хатаре, ки аз тарафи давлати Бизонс аз хориҷи сарзамини араб мутаваҷеҳи мусалмонон гардид, ҳар ду дар авоили хилофаташ ба вуҷуд омад ва онҳоро таҳдид кард ва ҳар ду бо иқдоми ҷиддӣ ва сареъи Абубакр (р) бартараф ва мубаддал ба амният ва оромиш гардид ва низ донистем, ки дини ислом, ки дар маърази хатари қиёми муртадин қарор гирифт, дар асари қиём ва кӯшиши Абубакр (р) аз хатар наҷот ёфт ва ҳамчунон мустаҳкам ва по бар ҷо монд ва пас аз он густариш ёфт.

Бо андаке тафаккур дар ин ояи муқаддаса мусаллам мегардад, ки Абубакр (р) як муъмини некукор ва як худопарасти муваҳҳид буд, вагарна тибқи муқтазои ин ояи муборака ба мақоми хилофат намерасид.

Аз ин оят ба хубӣ ва ба таври возеҳ истинбот мешавад, ки хилофати Абубакр (р) тибқи ваъдае буд, ки Худо ба муҷиби ин ояи қуръонӣ ба ӯ фазл гардонида буд. Ин хилофат ҷуз ҳақ набуд, зеро ба ҳадде мувофиқ бо мисдоқи ин оят аст, ки камтарин шакке барои касе боқӣ намегузорад.

Абубакр, ноиби уммат дар истихлоф

Мумкин аст эътироз шавад, ки истихлофи мазкур дар ин оят ба сиғаи ҷамъ омада аст, ки мефармояд: Ҳамаи онҳоро дар замин халифа мефармояд, на як нафар аз онҳоро, вагарна мефармуд: Як нафари онҳоро. Бинобарин дар ин оят далел бар сиҳҳати хилофати Абубакр (р) дида намешавад, зеро ӯ як нафар аз уммат аст.

Ҷавоб: Шакке нест, ки имкон надорад ҳамаи афрои уммат халифа бошанд, яъне ҳамаи онҳо ҳукмфармои мамлакаташон бишаванд, валекин дар ҳар як аз даврони гузашта, як нафар аз мусалмонон халифа ва пас аз он дар ҳар замоне низ як нафар аз афроди ҳар кишваре аз кишварҳои исломӣ подшоҳ буда ва бақияи афрод тобеи халифа ё подшоҳи худ будаанд.

Пас удули Қуръон аз сиғаи муфрад ба сиғаи ҷамъ дар ояи мавриди истидлол, нукта ва ҳикмате дорад, ки лозим аст ба он таваҷҷӯҳ кард.

Саҳеҳ аст, ки халифа як нафар аст, ки зимоми умури умматро ба даст мегирад ва ҳукумат мекунад, вале возеҳ аст, ки бақои уммат ва истиқлоли сиёсии уммат ҳифзи ақида ва дини уммат ва озодии аъмол ва шиорҳои динийи уммат ва ба таври кулли ҳамаи чизи умумии уммат баста ба вуҷуди ҳамин як нафар халифа аст, ки бар ҳама чизи уммат бузургворӣ дорад ва умматро ба сӯи хушбахтии дин ва дунё роҳбарӣ менамояд.

Аз сӯи дигар медонем, ки давомнокии хилофат, пешрафти умури хилофат ва муваффақияти халифа дар анҷоми умури умумии уммат низ вобаста ба вуҷуд ва ҳамкории уммат бо халифа аст, чунки агар уммат дилбастагӣ ба халифа надошта, бо ӯ ҳамкорӣ накунад, халифа наметавонад коре пеш барад ва наметавонад дар хилофаташ боқӣ бимонад.

Пас бо ин таваҷҷӯҳ халифа яъне уммат ва уммат яъне халифа, зеро бақои ҳар як аз ин ду вобаста ба вуҷуд ва бақои дигар мебошад, зеро Қуръон дар ояи мазкур нафармуда, ки Худо як нафар аз онҳоро халифа мефармояд, балки барои иршоди уммат ба нукоти фавқ, сиғаи ҷаъм зикр фармуда, мефармояд: Онҳоро халифа мефармояд, чуноне ки Қуръони маҷид дар бораи салтанат низ дар сиғаи ҷамъ истифода намуда аст ва ҳоло он ки ҳама медонем, ки дар ҳар мамлакате фақат як нафар подшоҳ аст, масалан дар сураи Моида дар ин бора дар ояти 20-ум мефармояд: Онгоҳ ки Мусо ба қавмаш гуфт:

Эй қавм! Ба ёд оред байъати Худоро, ки дар байни шумо ва аз худи шумо паёмбароне қарор дод ва шуморо низ подшоҳ фармуд.

(Сураи Моида, ояи 20.)

Чунон ки дар ин оят мебинем ҳазрати Мусо ба бани Исроил мефармояд, Худо шуморо подшоҳ гардонид. Ҳоло он ки яқинан Худо ҳамаи онҳоро подшоҳ нафармуда аст, балки ҳамеша дар ҳар асре, ки онҳо истиқлоли сиёсӣ ва подшоҳӣ доштаанд, як нафар аз онҳо подшоҳ буда ва бақияи афроди бани Исроил тобеъ ва мутеи подшоҳи худ будаанд, вале ин ҷо низ мушоҳида мекунем, ки Қуръон тибқи ин ояи карима ҳамаи онҳоро подшоҳ хонда аст.

Зикри Қуръон дар ин хусус аз сиғаи муфрад, ки малик мебошад ба сиғаи ҷаъм, ки мулук аст, ба он ҳикмат мебошад, ки дар бораи халифа болотар баён гардид.

Корҳои бисёр муҳимме, ки ҳазрати Абубакр (р) дар давраи хилофаташ анҷом дод.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *