Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ЗИКРИ ҲАДИСҲО АЗ МИШКОТУЛ МАСОБИҲ

1- عَن ابنِ عُمرَ رَضيَ اللهُ عنهما قال: كَان رَسولُ اللهِ (ص) إذا قَعَدَ فِي التَشَهُّدِ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُسرَى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُمنَى وَعَقَدَ ثَلاثَة وَخَمسِينَ وَأَشارَ بِالسَّبَّابَةِ[1]

«Ибни Умар ривоят мекунад: Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи аввал ва ё қаъдаи сонӣ менишастанд, дасти чапро бар зонуи чап ва дасти ростро бар зонуи рост мегузоштанд ва ангуштони дасти ростро ба сурати адади 53 мебастанд[2] ва ба ангушти шаҳодат ишора мекарданд».

Тафсири ақди мазкур (яъне ақди 53) ба шарҳи зер аст: се ангушти ахирро қабз ва ҷамъ мекунад ва ангушти шаҳодатро паҳн ва раҳо мекунад. Сари ангушти бузургро (яъне нарангуштро) дар бехи ангушти шаҳодат мегузорад. Ин равиши ишора дар ташаҳҳуди намоз мазҳаби мухтор назди аиммаи шофиъия аст. Аммо мазҳаби мухтор назди уламои ҳанафӣ дар навъи ишораи саббоба баъдан зикр хоҳад шуд.

Муаллифи Мишкот-ул-масобиҳ дар идомаи ҳадиси гузашта мегӯяд:

2- وَفِي رِواية عَنه أَيضاً: «كَانَ إذا جَلَسَ فِي الصَلاةِ وَضَعَ يَدَيهِ عَلى رُكبَتَيهِ وَرَفَعَ إِصبَعَهُ اليُمنى التي تَلِي الإِبهامَ يَدعُو بِها (أَي يُشِيرُ بِها) وَيَدَهُ اليُسرى عَلَى رُكبَتِهِ باسِطَها عَلَيها.

«Дар ривояти дигар аз ибни Умар омадааст: Ҳар гоҳ Паёмбари Акрам (с) дар ташаҳҳуди намоз менишастанд, ҳар ду даст бар ду зонуи худ мегузоштанд ва ангушти саббобаи ростро, ки дар ҷивори ангушти ибҳом аст, баланд мекарданд дар ҳоле, ки ба он дуо мекарданд (яъне дар вақти таҳлил, бо бардоштани ангушт ба ваҳдонияти Ҳақ Таъоло ишора мекарданд) ва дасти чапро дар ҳолати паҳну густурда бар зонуи чап мегузоштанд»[3].

3- وعَن عبدِ اللهِ بنِ الزُبَيرِ رَضِيَ اللهُ عَنهما قال: كَان رسولُ اللهِ (ص) إذا قَعَدَ يَدعُو – أَي يَقرأُ التَحيات – وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنى عَلى فَخِذِهِ اليُمنى وَيَدَهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ السَّبَّابَةِ وَوَضَعَ إِبهامَه عَلى إِصبَعِهِ الوُسطى ويُلقِمُ كَفَّهُ اليُسرى رُكبَتَهُ – أَي يدخلُ رُكبَتَهُ فِي رَاحَةِ كَفِّهِ اليُسرى حَتى صَارَت رُكبَتُهُ كَأَنَّ اللُقمَةَ فِي كَفِهِ. وهَذا اِختِيارُ بَعضُ أَهلِ العِلم.[4]

«Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи намоз менишастанд, дуо мекарданд. Яъне Аттаҳиёт мехонданд ва дар он ҳолат дасти ростро бар рони рост ва дасти чапро бар рони чап мегузоштанд. Ба ангушти саббобаи дасти рост ишора мекарданд. Ва сари нарангушти худро бар сари ангушти миёна мегузоштанд[5] ва зонуи худро монанди луқмаи даҳон дар кафи чап медароварданд. Ва ин даровардани зону дар дохили каф ихтиёри баъзе аз аҳли илм аст».

4 — عَن وَائِلِ بنِ حُجرٍ عَن رَسُولِ اللهِ (ص) قال: ثُمَّ جَلَسَ فَافتَرَشَ رِجلَهُ اليُسرى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُسرى عَلى فَخذِهِ اليُسرى وَحَدَّ مِرفَقَهُ اليُمنى عَلى فَخذِهِ اليُمنى (يَعني جَعَلَهُ مُنفَرِداً وَمُنفَصِلاً عَن فَخِذِهِ) وَقَبَضَ ثنتين (أَي مِنَ الأَصَابِعِ وَهُمَا الخِنصَرُ وَالبِنصَرُ) وَحَلَّقَ حَلقَةً. (أَي أَخَذَ إِبهَامَهُ بِإِصبَعِهِ الوُسطى كَالحَلقَةِ) ثُمَ رَفَعَ إِصبَعَهُ (أَيِ المُسَبِّحَةَ) فَرَأَيتُهُ يُحَرِّكُهَا وَيَدعُوا بِها (أَي يُشِيرُ بِها إِشَارَةً وَاحِدَةً عِندَ الجُمهُورِ وَقتَ الشَّهَادَةِ، وَإِشَارَةً مُتَعَدِّدَةً عِندَ الإِمَامِ مَالِكِ رَحمَةُ اللهِ عَليه مِن أَوَّلِ التَّحِيَّاتِ إِلى آخِرِهِ).

«Воил ибни Ҳуҷр ривоят мекунад: Паёмбари Худо (с) замоне, ки дар қаъда менишастанд, пои чапро барои нишастан мегустарониданд ва дасти чапро бар рони чап мегузоштанд. Оринҷи ростро аз рони рост ҷудо ва баланд мекарданд ва ду ангушт аз ангуштони дасти рост (лелак ва ангушти қабл аз он)-ро қабз мекарданд. Ангушти миёнаро бо ангушти бузург ба сурати ҳалқа мекарданд. Сипас ангушти шаҳодатро дар вақти таҳлил (яъне ло илоҳа гуфтан) баланд мекарданд. Пас он ҳазратро дидам, ки ангуштро меҷунбониданд [6].

Назди ҷумҳури (аксари) аиммаи мазоҳиб намозгузор фақат як бор ишорат мекунад ва он ишорат ҳангомест, ки калимаи шаҳодатро қироат мекунад. Вале дар назди имом Молик (р) аз аввали аттаҳиёт то охири қаъда ишорат мекунад. Ҳадиси мазкур маъхази ҷумҳури уламои мост дар қавле, ки ихтиёр кардаанд (ки он ақди тисъин аст). Ва низ қавли мухтор дар мазҳаби мо ҷамъ байни вазъ ва ишора аст[7].

Фуқаҳои мазҳаби мо дар таълими ишораи саббоба мегӯянд: намозгузор ангушти саббобаи худро замоне, ки «ло Илоҳа» мегӯяд, баланд мекунад ва вақте, ки «иллаллоӯ» мегӯяд, мегузорад. Зеро баланд кардани ангушти шаҳодат дар вақти таҳлил ишора ба нафй ва инкори маъбудҳои ботил намуда, гузоштани он ишора ба исботи ваҳдоният ва ягонагии маъбуди барҳақ мекунад (фалсафа ва рози ишораи саббоба дар ташаҳҳуди намоз ҳамин аст). Дар адо кардани ишораи саббоба дар хондани ташаҳҳуд байни қавли намозгузор, ки шаҳодат ба ваҳдонияти Худост бо феъли ӯ, ки ишора ба ягонагии маъбуди барҳақ аст, мутобиқати комил ҳукмфармост.

5- وَعَن عَبدُ اللهِ بنِ الزُبَيرِ رَضي اللهُ عَنهما قال: كَانَ رَسُولُ اللهِ (ص) يُشِيرُ بِإِصبَعِهِ إِذا دَعَا وَلا يُحَرِّكُهَا[8].

«Абдуллоҳ ибни Зубайр ривоят мекунад, ки Расули Акрам (с) дар ташаҳҳуди намоз, ҳангоме ки Худоро ба ваҳдоният мехонданд, ишора ба ангушти шаҳодат мекарданд, вале онро намеҷунбониданд»[9].

Имом Нававӣ исноди ҳадиси мазкурро саҳеҳ хондаанд. Ин ҳадиси саҳеҳ ба равшанӣ бар ин далолат дорад, ки намозгузор ҳангоми баланд кардани ангушт ба қасди ишора, онро намеҷунбонад, магар як бор. Ҷумҳури уламои мазҳаби мо, ба вижа имоми Аъзам (р) бар ҳамин қавланд. Бар хилофи мазҳаби имом Молик, ки дар мазҳаби ишон ангушти саббобаро ба такрор ва то охир меҷунбонанд, чуноне ки гузашт.

6- وعَن أَبِي هُرَيرَةَ رَضي اللهُ عنهُ قال: إِنَّ رَجُلاً كانَ يَدعُو (أَي يُشِيرُ) بِإِصبَعَيهِ، فَقالَ رَسولُ اللهِ (ص) أَحِّد، أَحِّد.

«Аз Абуҳурайра ривоят шуда, ки марде бо ду ангушти саббобаи ҳар ду дасти худ ишора мекард[10]. Паёмбари Акрам (с) ӯро диданд ва фармуданд: Ба як ангушт ишора кун! Ба як ангушт ишора кун! [11]»

Зеро он зоте, ки ишора ба тавҳиди ӯ мекунӣ, ягона ва яктост. Такрори лафзи «аҳҳид[12]» ба мақсади таъкид аст.

7- عَن نَافِعٍ قال: كانَ عَبدُ اللهِ بنِ عُمَرَ إِذا جَلَسَ فِي الصَّلاةِ وَضَعَ يَدَيهِ عَلى رُكبَتَيهِ وَأَشَارَ بِإِصبَعِهِ وَأَتبَعَهَا بَصَرَهُ ثُم قَالَ: قَالَ رَسولُ اللهِ (ص): لَهِيَ أَشَدُّ عَلى الشَّيطَانِ مِنَ الحَدِيدِ – يَعنِي السَّبَّابَةَ.

«Ривоят аз Нофеъ, ғуломи озодкардаи ибни Умар аст, ки фармуд: Ибни Умар ҳар гоҳе дар қаъдаи намоз менишастанд, дастҳоро рӯи зону мегузоштанд ва дар қироати ташаҳҳуд ба ангушти саббоба ишора мекарданд ва ҳангоми ишора назар ба ангушти худ мекарданд. Боре баъд аз адои намоз ибни Умар гуфтанд: Паёмбари Акрам (с) дар ин мавзӯъ фармудаанд: ишора ба ангушти саббоба бар шайтон шадидтар ва сахттар аз силоҳ ва гурзи оҳанин аст»[13].

Яъне дар ҷиҳод алайҳи шайтон ин ишораи саббоба душвортар ва сангинтар аз шамшер ва гурзи оҳанин аст. Гӯё намозгузор бо шамшери ишора тамаъ ва орзӯи шайтонро сар мезанад ва қатъи тамаъи шайтон мекунад. Шайтонро, ки тамаъ дар гумроҳ ва мушрик кардани банда дорад, ноком ва ноумед мегардонад.

Ин маҷмӯи ҳадисҳое буд, ки муаллифи «Мишкот-ул-масобиҳ» дар ин боб зикр намудааст. Банда дар китобе, ки маъруф ба исми «Мирқот-ул-мафотиҳ фи шарҳи Мишкот-ул-масобиҳ» аст, дар баёни маъонии ҳадисҳои мазкура тавзиҳоти бештаре додаам. (Ҳар кӣ маълумоти бештаре хоҳад, пас ба он ҷо муроҷиа кунад).


[1] Муслим ривоят кардааст.

[2] Бидон, ки аҳли ҳисоб ақдҳо доранд, ки дар ангуштон мебанданд. Ҳар яке аз ин ақдҳоро барои адади муайян вазъ кардаанд. Масалан ҳамин ақди 53, ки дар ин ҳадис мазкур аст, сураташ он аст, ки муаллиф баъдан тафсир мекунад. Дигар ақди тисъин, яъне адади 90 аст. Сурати он ин аст, ки ангушти панҷумро бо ангушти чаҳорум қабз кунад ва ангушти мусаббиҳаро паҳн кунад ва сари ангушти ибҳомро бар сари ангушти миёна ниҳад ва ҳалқа созад. Ин навъ ишора назди уламои ҳанафӣ ва мазҳаби имом Аҳмад мухтор аст. Чунонки дар ҳадиси оянда биёяд.

[3] Муслим ривоят кардааст.

[4] Муслим ривоят кардааст.

[5] Яъне ҳалқа мекарданд, чунонки тафсири мазҳаби мо ҳанафиҳо аз ақди тисъин, яъне адади 90 ҳамин аст.

[6] Абудовуд, Дорамӣ ва Насоӣ ривоят кардаанд.

[7] Яъне намозгузор дар ибтидо дасти ростро чун дасти чап бар рони худ мегузорад ва вақте, ки ба калимаи шаҳодат расид, ангуштҳоро ҷамъ намуда, ишора мекунад. Аммо дар мазҳаби имом Молик аз аввали қаъда то охири он ишора мекунад, чунонки зикр шуд.

[8] Абудовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

[9] Дар ҳадиси гузашта фармуд, ки «меҷунбониданд» ва дар ин ҳадис мефармояд, ки «намеҷунбониданд». Пас он ҷо, ки фармуд меҷунбониданд, мурод бардоштани ангушт аст барои ишора, ки мусталзими ҷунбонидани он аст аз маконаш. Ин ҷо ки фармуд намеҷунбониданд, мурод нафйи такрори таҳрики ӯст. Дар ҳадиси мазкур нафйи мазҳаби имом Молик аст дар ин масъала, ки назди ишон ангуштро то охири қаъда мутаҳаррик медоранд ва мегӯянд, ки ин ангушт иттисол ва пайванде ба рагҳои дил дорад ва ҷунбонидани он сабаби бедорӣ ва ҳузури дил аст. (Ашъат-ул-ламаот, саҳ.432). Тавзеҳ: Муҳаммад Носируддини Албонӣ, муҳаддиси машҳур дар асри мо (р) дар китоби Сифат-ус-салот-ин-набӣ мазҳаби имом Моликро дар ин масъала тасҳеҳ кардаанд. Бо истифода аз баъзе аҳодиси дигар ва қавли имом Таҳовӣ ва имом Аҳмад ҷунбонидани саббобаро то охири қаъда – яъне то вақти салом – суннат хондаанд. Ҳадиси Абудовудро, ки далолат бар наҷунбонидани саббоба мекунад, заъиф ва ғайри қобили истидлол гуфтаанд.

[10] Алиқорӣ дар шарҳи Мишкот оварда, ки он шахс Саъд ибни Абивақос будааст.

[11] Ибни Абишайба ва Насоӣ ривоят кардаанд ва ҳукми онро саҳеҳ хондаанд. Имом Заҳабӣ низ мувофиқат кардааст.

[12] Дар асл «ваҳҳид» буда, маъхуз аз решаи тавҳид аст. Баъдан вовро тибқи баъзе қавоиди сарфӣ ба ҳамза бадал карданд.

[13] Имом Аҳмад, Баззор, Абуҷаъфар, Табаронӣ ва Байҳақӣ (р) ривоят кардаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *