Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Номаи паёмбар ба императори Рум ва мавзеъгирии ӯ

Магар на ин аст, ки чун номаи Расулу-л-лоҳ (с) дар шаҳри Илиё (шаҳри Қудси кунунӣ) ба василаи яке аз асҳоби гиромии Расулу-л-лоҳ (с) ба номи Диҳя ба ӯ расид, дастур дод Абусуфён ва ҳамроҳонаш, ки дар он ҳангом барои тиҷорат ба он ҷо рафта буданд, ба наздаш ҳозир карда шаванд. Ҳамин ки ҳозир шуданд, ҳолати ҳазрати расул (с) ва чи гунагии динаш ва ҳолати пайравонашро аз Абусуфён дар ҳузури ҳамроҳонаш мепурсид. Абусуфён бо он ки мушрик буд, аз ору нанги дурӯғ парҳез намуд ва он чи буд, ба ҳақиқат баён кард. Ҳераклус ба хубӣ ба он чи Абусуфён мегуфт, гӯш фаро дод, чунон ки Бухорӣ дар саҳеҳи худ ривоят карда аст, Ҳераклус ба Абусуфён мегӯяд:

«Агар он чи мегӯи, рост аст, пас ӯ ба зудӣ бар ин сарзамин тасаллут пайдо хоҳад кард ва молики ҷойи ду поям хоҳад шуд. Ман медонистам, ки ин паёмбар аз тарафи Худо мабъус (фиристода) мешавад, вале гумон надоштам аз шумо (қавми араб) бошад. Пас ҳаргоҳ бидонам, ки муваффақ мешавам, ба ҳузураш бирасам, ҳар гуна сахтӣ ва ранҷи сафарро бар худ ҳамвор ва осон намуда, ба ҳузураш мешитобам ва агар дар наздаш бошам ду пои муборакашро мешӯям, то обшустаи пояшро ба табаррук баргирам».

Ба тавре, ки аз суханони Ҳераклус маълум аст, ӯ ба чизҳое, ки аз Абусуфён шунида буд боварӣ карда буд ва муътақид шуда буд, ки он ҳазрат Саллаллоҳу алайҳи ва салам ҳамон расули хотамул-анбиё (охирин паёмбар) мебошад, ки башорат ва муждаи биъсаташро аз Таврот ва Инҷил фаҳмида аст. Аз ин сабаб ҳамин ки пас аз ин моҷаро аз Илиё ба шаҳри Ҳимас меравад, ба сардорони артиш ва сарварони мамлакати Рум даъватнома дода, онҳоро дар айвон ва меҳмонхонаи қасри императории худ ба ҳузур мехоҳад ва бо онҳо дар ин бора музокира менамояд, то раъйи ононро нисбат ба ин матлабе, ки худ бовар карда ва ба сиҳати он эмон дорад, бидонад.

Ин матлабро низ аз саҳеҳи Бухорӣ мешунавем, ки дар ривояти худ мегӯяд: «Ҳерақл (Ҳераклус) ба бузургони румӣ даъватнома дод, ҳамин ки ҳозир шуданд, дастур дод дарҳои меҳмонхонаи қаср баста шавад. Пас ба пешайвони болои қаср баромад, то бар онҳо намоён гашт ва гуфт:

-Эй ҷамоати Рум, оё дӯст доред растагор ва хушбахт шавед? Оё мехоҳед мамлакататон боқӣ ва мулкатон дар ин сарзамин барои шумо пойдор бимонад? Биёед, бо ин набӣ (Муҳаммад) байъат кунед».

Онҳо аз сухани Ҳераклус ранҷиданд ва барошуфтанд ва монанди ҳайвонҳои ваҳшӣ ба тарафи дарҳои қаср давиданд, то хориҷ шаванд, вале дарҳо баста буд. Ҳераклус, ки онҳоро ба ин ҳол дид ва аз имонашон ноумед гардид, дастур дод, то онҳоро баргардонанд. Ба онҳо гуфт: «Ҳамоно ман ин суханро бо шумо гуфтам, то шуморо биёзмоям ва мизони алоқа ва пойдории шуморо нисбат ба динатон бидонам, дидам ва фаҳмидам, ки чи гунаед». Онҳо аз Ҳераклус хушнуд шуда, сар фуруд оварданд. Бухорӣ дар охири ин ривоят мегӯяд: «Ин буд охирин достони Ҳераклус дар ин бора». Бо диққат дар он чи байни Ҳераклус ва Абусуфён дар шаҳри Қудс гузашт ва ҷавобе, ки Ҳераклус пас аз шунидани сухани Абусуфён ба ӯ дод ва изҳори назаре, ки дар бораи набии ислом кард ва бо таваҷӯҳ ба моҷарои Ҳераклус бо сарон ва сарварони Рум дар қасраш дар шаҳри Ҳимас, барои мо ба дурустӣ возеҳ мешавад, ки ӯ ба сиҳати (дурустии) нубувати расули ислом имон дошта, ва яқин дошт, ки дини ислом дар дилҳои аҳли Шом ва Фаластин нуфӯз ва ҷой хоҳад гирифт ва рӯзе хоҳад расид, ки давлати мусалмонон бар ин диёр ҳоким хоҳад шуд ва онҳоро ба зери султа ва нуфӯзи худ хоҳад кашид, вале чун дид сарон ва амирони мамлакаташ аз пазируфтани ин дин сар боззаданд, тарсид, ки танҳо намонад ва императории худро аз даст диҳад ё ба эҳтимоли қавӣ ӯро ба қатл бирасонанд. Аз ин хотир дигар иқдоме накард ва барои бақои ҳаёти худ ва ибқои императории худ дилашонро ба даст овард.

Музокироти охирин барои ҷилавгирӣ аз ҷанг

Ба ҳар ҳол чӣ аз назари ин ки бигӯем, Ҳераклус дар ботин ба сиҳатии дини ислом имон дошт, чунон ки аз ривояти Бухорӣ исбот мешавад ва чи аз назари ин ки чун ба шуҷоат ва диловарии арабҳо махсусан ба маҳорати ҷангии Холид имон дошт, мусаллам ин аст, ки майл надошт, ки бо лашкари арабҳо биҷангад. Аз ин хотир ба сипаҳсолори лашкари худ амр кард бо амири лашкари мусалмонон дар бораи сулҳ музокира намояд, то шояд, ба тавофуқе бирасанд ва аз вуқуи ҷанги махуфе, ки бар рӯи онҳо сояи торик ва тарсноке афканда аст. ҷилавгирӣ кунанд.

Вале намояндагони лашкари румӣ ба ҳеҷ кадом ду амре, ки Абуубайда тибқи дастури ислом барои сулҳ пешниҳод кард, мувофиқат накарданд, яъне на қабул карданд, ки мусалмон шаванд то лашкари ислом даст аз сарашон бардораду дар қаламрави ҳукумати ислом дохил шаванд ва на солиёна молиёти сарона ба номи ҷизя ба давлати ислом бипардозанд ва камокон дар дини худ боқӣ бимонанд. Аз ин хотир сулҳ байни онҳо анҷом нагирифт ва кор ба қазоват ва ҳукми шамшер вогузор гардид. Абуубайда дар охири ҷаласаи музокира гуфт:

— Пас то вақте ки бар тамоми сарзамини Шом ва Фаластин даст наёбем, даст аз ҷанг нахоҳем кашид.

Ҳамзамон бо ин моҷаро Холид ба урдугоҳи мусалмонон ба Ярмук расид ва бо расидани ӯ бо сипоҳиёнаш шумораи сарбозони мусалмонон ба ҷиҳилу шаш ҳазор расид, ки як ҳазор нафарашон аз саҳобаи гиромии Расулу-л-лоҳ (с) ва сад нафар аз аҳли Бадр буданд ва пас аз ин бо расидани катоиб ва гурӯҳҳои имдодии дигар, ки Абубакр (р) онҳоро паёпай равон медошт, шумораи онҳо ба сад ҳазор нафар ва иддаи сипоҳи Рум ба дусаду ҳаштод ҳазор нафар расида буд.

Ҳамин ки Холид ба он ҷо расид, ба баррасии авзоъ ва аҳволи сипоҳи ислом пардохт ва иттилоъ ёфт, ки гарчи фармондеҳони ҷабҳаҳои гуногун акнун бо сипоҳи худ дар ин ҷо ҷамъ шуданд ва дар муқобили душман ҷабҳаи воҳиде ташкил додаанд, вале ҳар як аз онҳо мехоҳад мустақилан бо душман биҷангад, бидуни он ки ҳамаи онҳо таҳти фармони фармондеҳи воҳиде қарор дошта бошанд, то онҳоро роҳбарӣ кунад ва тибқи як нақшаи якпорча бо душман биҷанганд.

Аз ин рӯ Холид ин тарз (ва тактикаи) ҷангиро мухолифи маслиҳати мусалмонон донист ва фармондеҳон ва баъзе аз афроди коршинос ва бонуфӯзи мусалмононро назди худ ҷамъ намуд ва дар байни онҳо ба по хеста чунин гуфт:

«Ҳамоно имрӯз рӯзи муҳимме аз рӯзҳои Худост. Дар чунин рӯзе на худситои шоиста аст ва на саркашӣ равост. Мубориза ва кӯшиши худро аз ҳаргуна ғаразе пок созед ва бо муборизаи худ Худоро хушнуд намоед. Имрӯз фардое дорад ва чӣ фардое. Фардое, ки сарнавишти қотеъи ҳар яке аз тарафайн барои ҳамеша муайян хоҳад шуд. Бо ин парокандагӣ, ки ҳар гурӯҳе мустақил ва ҷудогона бошад бо душмане, ки бо назм ва омодагии комил бо шумо меҷангад, вориди ҷанг нашавед. Чунин амре дар ҷанг ва пайкор дуруст нест ва набояд бошад. Ҳамоно дар пушти сари шумо (дар Мадина) касе аст, ки агар он чиро, ки шумо акнун дар ин ҷо медонед, ӯ ҳам дар он ҷо медонист, намегузошт чунин кунед. Биёед коре кунед, ки гарчи дастур надода, вале шумо медонед, ки агар аз вазъи шумо огоҳ буд, фармудааш инчунин буд ва инчунин дӯст медошт».

Тарҳи Холид барои фармондеҳӣ

Чун хутбаи маъқул ва гирои Холид мавриди қабул ва таҳсини шунавандагон қарор гирифт, гуфтанд:

-Пас ҳар нақшае, ки салоҳ медонӣ бигӯ.

Гуфт:

-Тамоми мусалмонон бояд таҳти роҳбарӣ ва фармони як сарфармондеҳ биҷанганд. Ин сарфармондеҳӣ бояд байни фармондеҳони гуногуне, ки акнун ин вазифаро доранд, рӯз ба рӯз ба навбат даст ба даст гардад ва дар аввалин рӯзи шурӯъи ҷанг ба худам вогузор намоед.

Ин пешниҳод мавриди мувофиқати ҳозирин гардид ва муттафиқан ӯро ба фармондеҳӣ дар рӯзи аввали ҷанг, ки тибқи назар Холид бояд таъйин ва шурӯъ шавад, баргузиданд.

Нақд ва арзёбии моҷарои боло

Ба назари ман: Гарчи ин ривояти таърихӣ, ки мегӯянд Холид чунин гуфт ва чунин кард ва худаш худро амир ва фармондеҳи кулли лашкари мусалмонон барои рӯзи аввали ҷанг қарор дод, дар ғолиби таърихҳо дида мешавад ва ҳатто^ мутаассифона, доктор Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ — донишманди машҳури мисрӣ дар доирату-л-маорифи (энсинклопедия) худ ин ривоятро нақл карда аст. Вале ин ривоят бо воқеияти амр интибоқ (наздикӣ) надорад. Зеро ба тавре, ки баён кардем, ҳазрати Абубакр (р) дар он ҳангом, ки чаҳор нафарро ба фармондеҳии сипоҳиёни мусалмонон мансуб намуд ва ба сӯи Шом ва Фаластин фиристод, ба онҳо фармуд, ҳар ҷо ки ҳар як аз онҳо мустақилан ба танҳоӣ дар ҷабҳаи махсусе меҷангад, худаш амир ва роҳбари сипоҳи худ хоҳад буд, вале ҳар гоҳ ҳамаи онҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд, Абуубайда сипоҳсолор ва фармондеҳи кулли лашкар хоҳад буд ва ҳамаи онҳо бояд таҳти фармони ӯ буда, ба роҳбарии ӯ ва таҳти фармодеҳии ӯ анҷоми вазифа намоянд.

Бинобар ин чи гуна мешавад гуфт, онҳо дар Ярмук, ки аз ҳама ҷо ҷамъ шуда буданд боз ҳам бар хилофи амри Абубакр (р) ҳар як мехост, мустақилан биҷангад. Ҳол он ки дар ин ҳангом тибқи амри сареҳи Абубакр (р) Абуубайда вазифаи амиру-л-ҷайш (сарлашкар)-ро дошт ва ба истилоҳи имрӯза сарфармондеҳи кулли қувваҳо буд. Абубакр (р) ба ин амирони гурӯҳҳои лашкар фамон дода буд, ки таҳти фармони ӯ анҷоми вазифа намоянд. Гузашта аз ин мо дар таърих мехонем, ки Холид на фақат рӯзи аввал ҷанги Ярмук фармондиҳии лашкарро ба даст гирифта, роҳбарӣ мекард, балки аз ибтидои шурӯъи ҷанг бардавом онҳоро роҳбарӣ ва фармон медод ва навбатро ба каси дигар надод то он ки ҳазрати Абубакр (р) вафот ёфт ва Умар ибни Хаттоб(р) пас аз ӯ тибқи ҳукме, ки содир намуд ва бо дасти пайки махсусе фиристод, ӯро аз роҳбарӣ ва сарфармондеҳии лашкар бекор ва Абуубайдаро ба ҷояш мансуб фармуд.

Сарфармондеҳии Холид ба дастури Абубакри Сиддиқ

Пас агар ин ривояти мавриди баҳс саҳеҳ(дуруст) бошад, бояд гуфт тибқи мувофиқати бақияи фармондеҳон ҳаққи Холид фақат рӯзи аввали ҷанги Ярмук буда ва бақияи айём чунон, ки худи ӯ гуфта буд навбат бояд ба соири (дигар) фармондеҳон мерасид. Дар ин сурат эҳтиёҷе набуд, ки ҳазрати Умар ӯро аз ин мансаб барканор намояд. Зеро вазифаи сарфармондеҳиро ба сурати ҳамешагӣ дар ихтиёр надошт. Пас истимрори Холид дар ин роҳбарӣ бидуни он ки навбатро ба дигарон бидиҳад ва низ эҳтиёҷи ҳазрати Умар (р) ба барканории Холид аз ин мансаб, далели мусаллам бар ин аст, ки ӯ ба амри ҳазрати Абубакр (р) ба таври собит раҳбарии лашкарро ба даст гирифта буд, гузашта аз ин ҳаргоҳ ба ривояти дигаре, ки дар ин бора дар баъзе аз таърихҳои боваринок омадааст, муроҷиа намоем, ба хубӣ мефаҳмем, ки он ривоят саҳеҳ нест. Инак шумо ва ин ривояти дигаре, ки дар китоби «Ал футуҳот ул- исломия»-и Зайнийи Деҳлон омадааст.

Футуҳот мегӯяд:

— Абубакр(р) ба Холид нома навишт, ки аз Ироқ ба Шом биравад ва ба Абуубайда ва мусалмонҳое, ки ҳамроҳаш буданд, бипайвандад. Гуфта буд ҳамин, ки ба онҳо расидӣ ту фармондеҳи ҷамоати мусалмонон хоҳӣ буд ва салом бар ту.

Абубакр (р) номае дар ин хусус низ ба ин иборат ба худи Абуубайда фиристода аст, ки дар он мегӯяд:

— Ман барои ҷанг бо душман Холидро ба сарфармондеҳии мусалмонон дар Шом баргузидам. Ту бо ӯ мухолифат накун ва он чи мегӯяд бишунав ва баҷо ор. Ман ӯро фармонраво ба ту нафиристодам, аз ин ҷиҳат, ки ту назди ман беҳтар аз ӯ нестӣ, лекин ба ин назар аст, ки ман гумон мекунам, ки ӯ дар ҷанг тадбир ва басирате (таҷриба) дорад, ки ту надорӣ. Худо хайрхоҳи мову ту бошад ва салом бар ту.

Холид низ пас аз дарёфти дастури халифа ва қабл аз ҳаракат аз Ироқ ба Шом ҳамроҳи Амр ибни Туфайл аз он ҷо номае ба ин мазмун навишт ва барои Абуубайда фиристод.

Амон ва саломатӣ дар рӯзи қиёмат ва нигаҳдорӣ аз ҳар пешомад ва амри ногувореро дар дунё аз Худо масъалат (дархост) менамоем. Аз халифаи Расулу-л-лоҳ (с) номае ба ман расида. Дар он амр фармуда, то ба Шом биёям ва ба лашкари он ҷо назорат намоям ва роҳбарӣ ва фармондеҳии лашкарро ба даст гирам. Ба Худо қасам, ман ҳаргиз ин амрро на амалан хостаам ва на он гоҳ ки ба ман вогузор шуд, толиби он будам. Ту акнун ҳоло ҳам бар ҳамон ҳоле хоҳӣ буд, ки қаблан будӣ. Аз амрат тамарруд (саркашӣ) намекунам ва бо раъят (фикрат) мухолифат нахоҳам кард. Дар ҳеҷ амре аз умур бидуни назарат тасмими қатъӣ нахоҳам гирифт,зеро ту сарвари мусалмонон ҳастӣ. Мо фазилататро нодида нахоҳем гирифт ва аз раъй ва назарат бе ниёз нестем. Худо эҳсон ва файзашро ба мо ва шумо ба таври комил лутф ва ба ҳамаи мо тараҳҳум (раҳм) фармояд, то аз сӯзиши оташи ҷаҳанам маҳфуз шавем ва амон ва раҳмат ва баракоташ бар ту бод.

Ҳамин ки Абуубайда номаи Холидро хонд, фармуд «Худо муборак фармояд бар халифаи Расулу-л-лоҳ (с) он чиро, ки писандида ва Худо зинда бидорад Холидро». Аз ин номаҳо ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки Холид аморати лашкари Шомро ба амри халифа ба даст гирифт, на худаш худро амир намуд, он ҳам барои рӯзи аввали маъркаи Ярмук.

Фармондеҳи коркушта (кордида)

Оре, Холид нақшаи ҷангии худро дар ҷангҳои Ироқ бо зиракӣ ва тадбири дурусте тарҳ ва ба хубӣ иҷро намуд ва хеле беш аз интизор ба суръат пеш рафт. Ҳатто як бор ҳам шикаст нахӯрд. Дар муддати кӯтоҳе минтақаи Ироқро фатҳ ва комилан бар он тасаллут ёфт. Пас аз тасарруфи билоди Ироқ аз уҳдаи ҳифз ва назми лашкари фотеҳ, ки ғолибан дар чунин вақт, даст ба ғорат ва харобкорӣ мезананд, ба хубӣ баромад. Ҳамчунин бар назми умури дохилии сарзаминҳои фатҳшуда, ки табъан дар асари ҷанг муҳтал мегардад, бо тадбир ва басирати дурусте ҳокимият дошт. Махсусан дар ҷанг бо душмани хориҷӣ пухта ва фанҳои лозимаро омӯхта буд.

Ҳазрати Абубакр (р) бо таваҷҷӯҳ ба ин умури муҳим, ки аз ҳар кас барнамеояд, ин вазифаи бузургро дар хоки душмани хориҷӣ ба ӯ вогузор фармуд.

Абуубайда гарчи марди майдони ҷанг ва размандаи далере буд, вале то он вақт тарзи ҷанг ва пайкори хориҷиро надида буд, то бидонад фану фавти ҷангии худро чигуна поярезӣ намояд. Махсусан, ки ҷабҳаи Шом дар вазъи хатарноке қарор гирифта буд, зеро нерӯҳо, таҷҳизот ва тадорукоти ҷангии мусалмонон нисбат ба душман хеле ноҷиз буд. Гузашта аз ин душман дар хоки худ буд ва метавонист навоқис ё камбудиҳои худро, ки дар амалиёти ҷангӣ рух медиҳад, ҷуброн намояд ва он чиро, ки аз даст медиҳад ба осонӣ ба даст оварад, вале барои мусалмонон дар хоки душман бо он тӯли масофат, ки то маркази хилофат дар байн буд, ҷуброни ҳар гуна норасоӣ на ба зудӣ ва на ба осонӣ муяссар буд. Аз ин рӯ чунин ҷабҳае ниёзи ҳатмӣ ба шахси мудир ва мудаббире дошт, ки кор гирифта ва қаблан вориди ҷанг бо душмани хориҷӣ шуда бошад ва бо тарзи кори онҳо ошнои пайдо карда бошад ва дарсеро, ки қаблан аз онҳо омӯхта, дар ин ҷо ба кор барад. Ҷуз Холид касе дигар дар он замон ин вижагиҳоро (хухсусиятҳоро) надошт. Аз ин сабаб халифаи мусалмонон ба муҷиби ҳукме, ки навишт ва мо онро нақл кардем, ӯро ба сарфармондеҳии лашкари Шом мансуб фармуд. Дар номаҳое, ки дар ин маврид ба Абуубайда навишт, ёдовар шуд, ки (бадин ҷиҳат аморати лашкари Шомро ба Холид супоридам, ки дар ҷанг тадбир ва басирате дорад, ки ту надорӣ) пас чун Холид аз тарафи Абубакр (р) барои ҳамеша аморати лашкари исломро дошт, халифаи дуввум ҳазрати Умар(р) чунон ки баъдан хоҳем дид ба сабабҳое, ки дар назар дошт, ӯро аз аморати лашкар сабукдуш намуд ва Абуубайдаро ба ҷояш мансуб фармуд.

Ба ҳар ҳол, чунон ки гуфтем, ҳамаи мусалмонони ҷанговар, ки шумораи онҳо ба сад ҳазор нафар расида буд, дар Ярмук, ки ташхис дода буданд аз лиҳози стратегӣ муносибтар аз ҷойи дигар аст, мавзеъ гирифтанд. Лашкари Рум низ бо шумораи дусаду ҳаштод ҳазор нафараи худ дар муқобили мусалмонон сангар заданд. Ин ду лашкар, ки аз ҳайси нерӯ ва таҷҳизоти ҷангӣ қобили муқоиса бо якдигар набуданд, барои ҷанг рӯ ба рӯ қарор гирифтанд. Ҳар як аз онҳо бо эҳтиёт ва дурандешӣ машғули нақшакашӣ барои ҷанг буданд.

Дидори як фармондеҳи румӣ бо Холид ва мусалмон шудани ӯ

Дар ин асно яке аз сарлашкарони румӣ ба номи Юриғус ё ба қавли муаррихони араб (Ҷурҷа) ки аз шуҷоат ва футуҳоти намоёни Холид дар хоки Ироқ бохабар буд, махфиёна бо Холид мулоқот намуда, мегӯяд: Ба Худо, ба ман рост бигӯ: оё саҳеҳ аст, ки Худо шамшере аз осмон барои Муҳаммад нозил кард ва ӯ он шамшерро гирифт ва ба ту дод. Оё ба ин сабаб аст, ки рӯ ба ҳар сӯ ниҳӣ, мегушоӣ ва бо ҳар душмане ки меҷангӣ, пирӯз мешавӣ. Холид мегӯяд:

-Хайр (яъне не) чунин чизе набудааст. Юриғус мегӯяд:

— Пас чаро чунин ҳастӣ ва чаро чунон ки мешунавем ба ту мегӯянд Сайфуллоҳ, (яъне, шамшери Худо)? Ва ба ҳар кас рӯй оварӣ, ӯро шикаст медиҳӣ. Холид мегӯяд рӯзе Муҳаммад набии Худо ба ман фармуд: Ту шамшери Худои, шамшере ки онро алайҳӣ (бар зидди) мушрикон аз ғилоф баркашид ва бароям дуои фатҳ ва пирӯзӣ фармуд. Яъне «Расулу-л-лоҳ (с) ба ман лақаби Сайфуллоҳ дода аст. Аз ин хотир ба ин лақаб шӯҳрат ёфтам ва чун Расулу-л-лоҳ (с) бароям дуо фармуд, дар ҷанг бо душманон ғолиб ва пирӯз мегардам».

Изҳороти Холид дар қалби Юриғус асар мекунад ва тасдиқ менамояд, ки лақабе, ки Расулу-л-лоҳ (с) ба Холид дода, сидқ пайдо карда, ва дуое, ки он ҳазрат барояш карда, мустаҷоби даргоҳи павардигор воқеъ шуда аст, чун дар ҳар ҷанге ҷуз пирӯзӣ намебинад. Пас Муҳаммад (с) расули худост. Ин буд, ки сарлашкари румӣ ба дасти Холид мушарраф ба дини ислом мегардад ва дар сафи сипоҳи ислом қарор мегирад ва дар корзор бар зидди Рум ширкат мекунад.

Яқин аст, ки чун Юриғус аз фармондеҳон ва соҳибмансабони олирутбаи Рум буд ва аз авзоъ ва аҳволи дохилии лашкари Рум ва аз нуқоти муҳим ва нақшаи ҷангии онҳо бохабар буд, пайвастани ӯ ба ҷабҳаи мусалмонон хеле ба наъфи онҳо буд ва мусалламан Холид дар кори худ аз ӯ кӯмаки фикрӣ гирифта аст.

Созмондеҳии муҷаддади нерӯҳо тавассути Холид

Холид то як моҳ пас аз вурудаш ба Ярмук ба баррасии авзоъ ва санҷиш ва тарзи коре ки бояд анҷом диҳад, пардохт. Ҳамин ки ҷонибҳои кори худро ба хубӣ санҷид ва нақшаи кори худро такмил намуд, тасмим гирифт, ки ҳамлаи худро ба душман оғоз намояд. Лашкари худро тибқи нақшаи ҳисобшуда ба сиву шаш гурӯҳ тақсим намуд ва дар сари ҳар гурӯҳе як нафар аз фармондеҳони корозмуда ва ҳар чанд гурӯҳеро бо фармондеҳонашон таҳти фармон ва роҳбарии як нафар аз фармондеҳони бузурги лашкар ба ин тарз қарор дод:

1. Чанд гурӯҳ бо фармондеҳонашон таҳти фармони Абуубайда ибни Ҷарроҳ ба унвони қалби лашкар, яъне размандагони миёни майдони ҷанг;

2. Чанд гурӯҳи дигар бо фармондеҳонашон ба саркардагии Амр ибни Ос ва Шураҳбил ибни Ҳасана ба унвони маймана яъне ҷангандагони қисмати рости майдони ҷанг;

3. Чанд гурӯҳ ба роҳбарии Язид ибни Абусуфён ба унвони майсара, яъне ҷангандаҳои қисмати чапи майдони ҷанг ва Қаъқоъ ибни Амр, паҳлавон ва саворкори номии араб, ки Холид ӯро аз Ироқ бо худ оварда буд, ба фармондеҳии як гурӯҳи мустақил таъин намуд ва ба Абудардо саҳобаи ҷалили Расулу-л-лоҳ (с) мансаби қазовати сипоҳро вогузор намуд. Ба Абусуфён ибни Ҳарб вазифаи иҷрои аҳкоми қазоиро вогузор кард. Фармондеҳии пештозони лашкарро ба яке аз ҷанговарони кордида ба номи Қубос ибни Ашям супурд ва гурӯҳеро ба унвони посдорони пушти ҷабҳаи ҷанг муайян кард.

Оғози набарди Ярмук

Ҳамин ки Холид аз сафороӣ ва ороиши ҷангии лашкари мусалмонон ба ин наҳв фориғ гардид ва ҳар як аз гурӯҳҳои қалб, майманаву майсара, ва пештозон ва посдоронро дар ҷойгоҳашон мустақар ё ҷойгир намуд, ба Икрима ибни Абуҷаҳл ва Қаъқоъ ибни Амр, ки ҳар ду аз саворкорони моҳир ва шамшерзанони номии араб буданд, дастур дод, то ба сӯи душман, ки сафороӣ карда ва омодаи ҷанг буданд, ҳамла намоянд ва оташи ҷангро биафрӯзанд. Ба ин тартиб ҷанг шурӯъ гардид ва тарафайн ба сӯи ҳам тохтанд ва ба шиддат бо ҳам омехтанд.

Аҳаммияти ҷанг барои тарафайн

Ин ҷанг, аввалин ҷанге буд, ки тарафайни мутахосим дастаҷамъӣ ва ба таври ҷиддӣ бо тамоми қувваю қудрат ба ҳам метохтанд ва сарнавишти қатъии ояндаи ҳар як аз онҳо барои ҳамеша дар гарави натиҷаи ҳосилгашта аз ин ҷанг буд, зеро ки агар мусалмонон дар ин ҷо шикаст мехурданд, ҳеҷ нафаре аз онҳо ҷон ба саломат бадар намебурд, зеро ин ҷо хоки душман буд ва фосилаи он то маҳалли мутамаин (амн) аз хоки араб зиёд буд ва ҳеҷ паноҳгоҳе барои сипоҳи шикастхурдаи мусалмонон вуҷуд надошт. Аз ин хотир ҳамаи онҳо то охирин нафарашон дар майдони ҷанг кушта ё хориҷ аз майдон асири дасти душман шуда, қатли ом мешуданд. Пас аз ин дигар давлати ислом на танҳо ба тамаъи фатҳи Шом намеафтод, балки мавриди ҳамлаи интиқомии давлати Рум дар хоки худи араб воқеъ мегардид. Фармондеҳони лашкари мусалмонон ин матлабро ба хубӣ медонистанд. Аз ин сабаб худро муҳайё намуданд, то фидокорӣ намоянд ва ҳар тавре шуда, гуйи пирӯзиро дар майдони ҷанг бирабоянд. Аз тарафи дигар сипоҳи Рум ҳам дар ин ҷабҳа аз натоиҷи ҳавлангези моддии шикасти худ метарсид. Ҳам наметавонист ин ор ва зиштиро таҳаммул намояд, ки бо шумораи зиёд ва таҷҳизоти комили худ аз шумораи кам ва ғайримуҷаҳҳази арабҳо шикаст хурданд. Ҳар гоҳ бо ин зиёдии шумораи худ аз сипоҳи араби ангуштшумор шикаст бихурад, артиши Рум ҳамагӣ чӣ сарбозон ва чӣ фармондеҳон рӯҳияи ҷангии худро ба кулли хоҳанд бохт ва дигар ҳозир нахоҳанд шуд, бо арабҳо барои ҷанг рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин сурат мусаллам аст, ки арабҳо парчами футуҳотро ба дӯш хоҳанд кашид ва бо суръат дар хоки онҳо пеш хоҳанд рафт. Давлати Рум низ ба ин матлаб пай бурда буд ва ба ҳамин ҷиҳат буд, ки то метавонист дар ин ҷабҳа сарбозони худро мутамаркиз менамуд ва созу барги хеле зиёде фароҳам месохт, то ҳар тавре шуда ба пирӯзи бирасад.

Ҳамлаи сарсахтонаи румиҳо

Ба назардошти ин ҳама тарафайн бо камоли аз худгузаштагӣ ба ҳам тохтанд ва махсусан сипоҳи Рум ба ҳадде мардона ва бебокона меҷангиданд, ки дар ҳамон оғози ҷанг бо як ҳамлаи ҳамоҳанг ва шадид, сафҳои мусалмононро дар ҳам шикаста, онҳоро аз мувзеъҳояшон берун намуданд ва то маҳалли посбонон дар пушти ҷабҳа ақиб ронданд.

Икрима ва фарёдаш

Дар ин ҳангоми басо ҳассосе, ки мусалмонон дар маърази шикаст қарор гирифта буданд, Икрима ибни Абуҷаҳл ин паҳлавони бебок дар байни мусалмонон нидо дар дод ва гуфт: «Кист, ки бо ман аҳду паймон намояд, ки то пои марг биҷангад ва то кушта нашавад даст аз ҷанг накашад».

Ин нидои руҳонӣ нангу номус ва ҳаммосаи мусалмононро барангехт ва онҳоро ба ҳаяҷон дар овард. Ҳама бо рӯҳияи тоза, ки аз манбаи файёзи (саршори) имон сарчашма мегирифт ба тарафи душман рӯй оварданд. Махсусан амаки Икрима ба номи Ҳорис ва ашхоси дигаре аз салаҳшӯрони мусалмонон аз қабили Зирор ибни Азвар ва ғайра дар асари нидои Икрима бо аз худ гузаштагии аҷибе, чунон ки гӯи мехоҳанд худро қасдан дар оғӯши марг биафкананд, ба тарафи душман ҳамла намуданд. Худи Холид сипаҳсолори лашкари мусалмонон ва Юриғус ҳамон амир ва фармондеҳи румӣ, ки мусалмон шуда буд, ҳар ду ба ҷои фармон, силоҳ ба даст гирифтанд ва монанди сарбозони оддӣ амалан вориди ҷанг шуданд. Ба ин тартиб рӯҳияи ҷангии мусалмонон, ки дар аввали ҷанг заиф шуда наздик буд шикаст бихӯранд, тақвият ёфт ва чунон, ки гӯи имони ҷозим ба фатҳ ва пирӯзии қатъӣ доранд, ҳама бо ҳам бо фарёди Аллоҳу акбар, ки фазои майдонро бо худ ҳамсадо карда буд, ба қалби сафҳои душман ҳамлаи шадид намуданд. Ба ҳадде ба амалиёти ҷанги эҳтимом варзиданд ва саргарм шуданд, ки ҳатто барои анҷом додани намозҳои зуҳр (пешин) ва аср даст аз кор накашиданд ва дар ҳоле ки даст андаркори ҷанг буданд, намози зарурати қитол хонданд. Рукӯъ ва суҷӯд (саҷдаҳо) ва соири аркони амалиро бо ишора ва ҳаракат додани сар анҷом медоданд ва дар ин ҳолат, ки дил ба лутфи Худо баста буданд, аз даргоҳи муқаддасаш истимдод намуда, дуои нусрат ва фатҳ менамуданд. Чунон ки дар баъзе таърихҳо аз қабили «Сираи ҳалабия» зикр шуда ва «Носиҳут — таворих» низ нақл кардааст, чун вазъи хатарноке дар аввали ҷанг пеш омада буд, заноне ки барои дармон ва муолиҷаи маҷруҳин дар пушти ҷабҳаи мусалмонон ҷой гирифта буданд, аз ҷойгоҳи худ хориҷ ва силоҳ ба даст гирифта, вориди майдони ҷанг шуданд ва монанди размандгони мард амалан дар ҷанг бо душман ширкат намуданд. Хавла духтари Азвар (хоҳари Зирор ибни Азвар), ки зани шердил ва чобуксавор буд, дар байни саворкорон меҷангид.

Яқини сипоҳи ислом ба пирӯзӣ

Мусалмонон яқин доштанд, ки аз лиҳози нерӯ ва таҷҳизоти ҷангӣ дар муқобили душмани худ ночизанд ва танҳо чизе, ки мумкин аст, онҳоро аз хатари душман наҷот диҳад, ҳамон ҷиддият, фидокорӣ, сабр ва субот дар майдони ҷанг аст. Аз ин хотир дил ба Худо баста, ба умеди ваъдаи Худо, ки дар Қуръон ба онҳо навиди нусрат дода аст, бо шиори рӯҳонии «Аллоҳу акбар» ва бо имон ва эътиқоди қатъӣ ба ин ки чи басо шумораи каме, ки бар гурӯҳи зиёде ба ёрии Худо пирӯз шудаанд, чунон ки Қуръон мефармояд,

Сухани Худо

«Чи басо гурӯҳе андак, ки бо ҳукми илоҳӣ бар гурӯҳе бисёр пирӯз шудааст ва Худованд бо шикебоён (сабркунандагон) аст».

(Сураи Бақара ояи, 249.)

Бар душман тохтанд (ҳамла карданд) ва бо он ки дар оғози ҷанг садама диданд ва чанде аз онҳо ба шаҳодат расиданд ва ба ночор ақиб нишинӣ карданд, наздики зуҳри ҳамон рӯз бар душман фоиқ (ғолиб) омаданд. Осори заъф ва нотавонӣ дар сафҳои мақаддами душман ба хубӣ дида мешуд. Дар нимаи дуввуми ҳамон рӯз, яъне баъд аз зуҳри ҳамон рӯз маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд. То ғуруби офтоби ҳамон рӯз ба ҳадде (румиён)рӯҳияи худро бохта буданд, ки фармондеҳон ва саворкорони онҳо по ба фирор гузошта, пиёдагони худро бе роҳбар дар майдони корзор танҳо гузоштанд.

Шикасти душман ва пирӯзии мусалмонон

Мусалмонон ба дастури Холид роҳро барои тафарруқ ва фирори савораҳо боз намуданд ва ба куштори пиёдаҳои шикаст хӯрда ки аксарияти лашкари душманро ташкил медоданд пардохтанд. Ҳамин ки шаб фаро расид, бақият –ул сайфи пиёда, ки хаста ва аз кор афтода буданд, барои наҷоти худ ба хандақ рӯй оварда, мутаҳассин гардиданд, вале мусалмонон ба рӯи онҳо рехтанд ва ба осонӣ аз дами шамшер гузарониданд. Қабл аз сапедаи субҳ қувваи душман ба кулли муталошӣ ва аз кор афтоданд. Амалиёти ҷангӣ мутаваққиф гардид ва мусалмонон ба ҷаъмоварӣ ва муҳофизати ғаниматҳои ҷангӣ ва дафни шаҳидони худ пардохтанд.

Ҳосили ҷанг

Дар ин набард илова бар ин ки шумораи хеле зиёде аз душман дар майдони ҷанг ба қатл расиданд, ҷамъи зиёде низ дар хандақ аз дами шамшер ва нӯки найзаи мусалмонон гузаштанд ва ба ҳалокат расиданд. Яке аз фармондеҳони номдори румӣ ба номи Биғору ва ҷамъе аз амирон ва сардорони лашкари Рум низ ба қатл расиданд. Хайма ва боргоҳи Тазоруқ бародари император, ки худаш фирор карда, онҳоро ба ҷой гузошта буд, ба дасти Холид афтод.

Аз мусалмонон ҳудуди се ҳазор нафар ба шаҳодат расиданд, ки яке аз онҳо Юриғус амир ва фармондеҳи навмусалмони румӣ буд. Ҳамчунин Икрима, Умар писари Икрима, амакаш Ҳорис ибни Ҳишом, Амр ва Ибон фарзандони Сайид, Туфайл ибни Амр, Ҳишом ибни Ос ва чандин нафари дигар, ки ҳама аз ҷанговарони машҳури мусалмонон буданд, ба шаҳодат расиданд. Мусалмонон бо фидокорӣ ва нисори хуни инҳо буд, ки аз шикаст наҷот ёфтанд ва сафҳаи ҷангро, ки дар аввали рӯз ба нафъи душман ва зиёни мусалмонон боз шуда буд, аз таърихи ислом канда ба дур андохтанд ва ба ҷои он сафҳа фатҳи Ярмукро дар китоби таърихи ислом барои ҳамеша қайд намуданд.

Дар ин ҷанг ғаниматҳо ва захираи ҷангии зиёде насиби мусалмонон гардид, то он ҷо ки саҳми ҳар як саворакорон ба бисту чаҳор ҳазор динори тилло ва саҳми ҳар як аз пиёдагон ҳашт ҳазор динори тилло расида буд ва ба ҳамин мизон пули нуқра байни онҳо тақсим гардид. Як панҷум аз ғаноим (ғаниматҳо) ба маркази хилофат, ба Мадина фиристода шуд.

Холид ибни Валид саворакорони шикастхӯрда ва баъзе аз пиёдагонро, ки дар роҳи фирор буданд то наздикии Димишқ таъқиб намуд ва иддаи дигаре аз онҳоро ки пароканда ба ин сӯ ва он сӯ медавиданд, ба қатл расонид. Шуморае аз онҳоро ба асорат гирифт ва баъзе аз онҳоро, ки наҷот ёфта, буданд худро ба Димишқ расонида, дарҳои ҳисори шаҳрро ба рӯи мусалмонон бастанд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *