Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Нуъайм Ибни Масъуд

Нуъайм ибни Масъуд ҷавоне буд дорои дили бедор, закӣ ва ҳушёр, корчалон ва пурдаромад,ҳеҷ мушукиле бар вай душвор намеафтод, ҳеҷ мушкиле роҳи ӯро намегирифт. Ӯ воқеъан намояндаи фарзанди осили саҳроӣ буд ва Худованд барои вай хусусиятҳои аҷибе аз фаросат, ҳозирҷавобӣ, зиракӣ ва нуқтадониро бахшида буд. Аммо вай ба лаззатҳо ва шаҳватрониҳо ва ишқбозиҳо рағбати зиёде дошт ва ин матоъи худро дар назди яҳуди ясриб меёфт. Вай вақте ҳаваси ишқбозии канизак менамуд ва ё шавқ шунидани суруд ва овозхонӣ дар дилаш меафтод аз сарзамини худ дар Наҷд ба сӯи Мадина ба роҳ меафтод ва дар он ҷо дар Мадина пул ва сарватро саховатмандона ба Яҳудиён тақсим мекард, то ишон маъшуқаҳоро саховатмандонатар аз вай барояш тақдим доранд.

Аз ҳамин нуқтаи назар буд, ки Нуъайм ибни Масъуд ба Мадина рафту омади зиёде мекард ва бо яҳудиёни ин минтақа ва ба хусус бо бани Қурайза равобити маҳкаме дошт.

Вақте Худованд башариятро икром намуд ва Паёмбари хешро ба дини ҳақ ва ҳидоят фиристод ва нури Ислом дар дарраҳои Макка табид, Нуъайм ибни Масъуд ҳанӯз инони нафси худро гусаста буд ва аз тарси он, ки мабодо ин дини вай дар миёни лаззатҳо ва хостаҳои нафсиаш ҳоил гардад ба шиддат аз қабули ин дини ҷадид сар мепечид.

Баъд дере напоид, ки худро чунон ёфт, ки нахоста ва ба зӯр ӯро дар сафи душманони сарсахти Ислом қарор медиҳанд, то шамшер дар муқобили он сафороӣ кунад.

* * *

Аммо барои худ дар рӯзи ҷанги Аҳзоб сафҳаи тозае дар таърихи даъвати Исломӣ кушод ва дар ин сафҳа чунон қиссаи шигифтангез аз ҳилла ва макро сабт кард, ки таърихи ҷангҳо назири онро ба ёд надорад.

Қисса ва достоне, ки таърих ҳанӯз бо ҳайрат ва таъаҷҷуб ин ҳикоятро бо ҳама ҷонибҳои он ва бо кордонӣ ва ҳушёрии аҷиби қаҳрамони он ривоят мекунад.

Ва барои он, ки ба қиссаи Нуъайм ибни Масъуд иттилоъ ҳосил намоем бояд андаке ба ақиб баргардем.

Андак қабл аз ҷанги Аҳзоб тоифае аз Яҳуди бани Назир дар Ясриб ба по хостанд ва ташкилотҳоеро барои ҷанг ва рӯёрӯӣ бо Ҳазрати Расули Худо (с.) ва поён додани даъвати вай ба вуҷуд оварданд…

Ишон барои дастёбӣ ба ин ҳадаф назди Қурайш ба Макка омаданд ва онҳоро ба ҷанг алайҳи мусалмонон ташвиқ намуданд ва барояшон аҳду паймон доданд, ки ҳар гоҳ агар ишон ба Мадина расанд, ҳатман бо онҳо якҷо хоҳанд шуд ва барои ин амр замонро интихоб карданд, ки набояд аз он тахаллуф намоянд.

Баъд аз назди ишон мураххас шуда, назди қабилаи Ғатафон дар Наҷд рафтанд ва инҳоро низ ба алайҳи Ислом ва Паёмбараш ташвиқ намуданд ва аз ишон хостанд, Ки ба ҳар васила, ки мешавад бояд ин дини ҷадидро аз реша барканд ва маҷол барои густариши он набояд дод. Ва ишон мувофиқатномаро, ки дар миёни хештан ва Қурайш анҷом дода буданд оҳиста ба онҳо фаҳмонданд, ки дар ин кор ишон танҳо нестанд ва бо ин қабила низ ҳамон паймонро бастанд, ки бо Қурайш баста буданд ва вақти мавъуд ҳамон вақтро интихоб карданд, ки бо Қурайш намуда буданд.

Қурайш бо ҳама дор ва даста ва соз ва барги хеш ба сарварии Абусуфён ибни Ҳарб Маккаро ба қасди Мадина тарк гуфт.

Ва Ғатафон низ бо ҳама дору мадори хеш таҳти сарварӣ ва роҳбарии Уяйна ибни Ғатафонӣ Наҷдро тарк намуда ба сӯи Мадина рӯй овард.

Дар пешопеши мардони Ғатафон Нуъайм ибни Масъуд қарор дошт, ки қаҳрамони ин достон аст …

Вақте хабари берун шудани ин қабилаҳо ба қасди Мадина ба ҳазрати Расули Худо (с.) расид, ёрони худро ҷамъ кард ва дар ин мавзӯъ бо ишон машварат намуд. Ба чунин қароромаданд, ки бояд атрофи Мадина ба кандани хандақ иқдом намоянд, то пеши роҳи ин сели душманро, ки ёрои муқовамат ва даргири бо онро дар худ намебинанд, бигиранд ва бояд ин хандақ монеъи бузурге дар баробари ин лашкари заррор бошад.

Вақте ин ду лашкари бузург-Қурайш ва Ғатафон ба ҳудуди Мадина наздик шуданд сарварони Яҳуди бани Назир назди роҳбарони Яҳуди бани Қурайза, ки дар Мадина мазистанд, рафта, онҳоро ба пайвастан ба сафи лашкар, ки аз Макка меоянд ташвиқ карда то бо ин саҳмгири ишон зарбаи маҳкаме бар Муҳаммад (с.) ва пайравонаш ворид оваранд.

Сарварони бани Қурайза ба ишон гуфтанд: Шумо моро ба коре дъават намудаед, ки мавриди писанди мост ва мо онро мехоҳем, аммо ҳамон тавре, ки шумо худ медонед дар ин ҷо дар миёни мо ва Муҳаммад (с.) паймон ҳаст, ки монеъ аз ин амр мегардад, чун мо ба вай аҳд додаем,ки дар як фазои комилан мусоламатомез ва дур аз ҳар гуна душманӣ ва адоват дар инҷо зиндагӣ мекунем, то ба ин васила дар амн ва оромиш ва итминон ба ҳаёти худ идома диҳем. Шумо худ медонед, ки ранги ин паймони мо бо вай ҳанӯз нахушкидааст… Ва мо аз он бим дорем, ки агар Муҳаммад дар ин ҷанг пирӯз шавад ба хотири ин хиёнате, ки мо дар ҳаққи вай муртакиб мешавем аз мо чунон интиқом гирад, ки решаи мо аз Мадина барканад ва ибрат барои дигарон мегардад.

Аммо сарварони бани Назир пайваста ишонро ба нақзи аҳд бо Муҳаммад (с.) ва хиёнат ба вайро дар назарашон нек ҷилва медоданд ва ба таъкид б онҳо мефаҳмонданд, ки ишон дар ин ҷанг баранда ҳастанд ва Муҳаммад (с.) ва пайравонаш шикаст хоҳанд хӯрд ва азму тасмимашонро бо қудуми ин ду лашкари неруманд қавӣ месохтанд, то саранҷом муваффақ шуданд, ки назари ононро тағйир диҳанд ва пуштибонии онҳоро низ касб намоянд. Ҳамон буд, ки Яҳуди бани Қурайза аҳди худ ба ҳазрати Расули Худо (с.)-ро нақл карданд ва санадеро, ки дар ин иртибот ба имзо рсида буд, пора карданд ва пайвастани худ ба ин аҳзобро дар ин ҷанг эълон намуданд. Ин хабар чун барқ дар миёни мусалмонон паҳн шуд.

Лашкари Аҳзоб Мадинаро дар муҳосараи худ қарор доданд ва роҳҳои вуруди маводи хӯрокӣ ба ин шаҳрро бастанд, ва Ҳазрати Расули Худо (с.) чунон эҳсос намуд, ки вай дар миёни ду душман гир мондааст… Қурайш ва Ғатафон аз беруни Мадина дар рӯё-рӯи мусалмонон қарор гирифтаанд ва бани Қурайза аз ақиб дар дохили Мадина мунтазири фурсат ва дастёбӣ бар мусалмонон аст..

Дар чунин фурсате мунофиқин ва мардумони заъифул имон шурӯъ ба пахш ва кашфи асроре намуданд, ки дар нафсҳои худ онро пинҳон дошта буданд. Ишон мегуфтанд: Муҳаммад (с.) дирӯз барои мо даст ёфтан ба ганҷинаҳои Кисро ва Қайсарро ваъда медод ва акнун мо дар ҳолате ба сар мебарем, ки ҳеҷ як аз мо ба ҷони худ мутмаин нест, ки бо амн барои қазои ҳоҷат ба саҳро биравад. Ва даста – даста аз ишон ба далели ин, ки дар хонаҳояшон сарпараст надоранд, ки аз зану фарзандашон нигаҳдорӣ кунад ва агар ҷанг оғоз ёбад бани Қурайза онҳо ҳамла хоҳад намуд ва онҳоро ба асорат хоҳад бурд, аз назди Ҳазрати Расули Худо (с.) рухсат гирифтанд ва сангарро тарк карданд. Ва ба ҷуз чандсад нафар муъминони содиқ ва ростин дигар касе дар пиромуни ҳазрати Паёмбар (с.с.) боқи намонд.

Дар яке аз шабҳои муҳосара, ки тақрибан бист рӯз давом кард Ҳазрати Расули Худо (с) ба Парвардигораш рӯй овард ва бо аҷзуа ниёзи шадид аз Худои худ роҳи наҷот ва пирӯзӣ хост ва ба такрор ин дуъоро хонд: Худоё, ман аҳду ваъдаи туро мехоҳам… Худоё ман аҳду ваъдаи туро мехоҳам…

Нуъайм ибни Масъуд дар ин шаб бар бистари худ аз паҳлу ба паҳлӯи дигар мегаштва ҳар қадар кӯшид, ки хоб равад, вале хоб бар дидагонаш роҳ наёфт. Лизо дидагони худ бар ситорагон дӯхт, ки дар сафҳаи осмони соф медурахшид ва партавафканӣ менамуд… Дароз андешид… Ногаҳон худро чунон ёфт, ки гӯё инқилоб дар вай падид омада бошад, ӯ аз худ пурсид: Эй Нуъайм туро чӣ шудааст?!

Чи омил туро аз сарзамини дурдаст, Наҷд барои ҷанги ин мард ва ҳамроҳонаш ба ин ҷо овардааст!!?

Ту барои баргардонидани ҳаққи салбшудае ва ё дифоъ аз номус ғасбшудае бо вай намеҷангӣ, балки омадаӣ, ки бидуни шинохти кадом иллати маъруф бо ӯ биҷангӣ … Оё барои инсоне чун ту оқил ва андешаманд лозим аст, ки бидуни сабаб ва илате касеро бикушад ва худ кушта шавад!!? Нуъайм туро чӣ шудааст…

Кадом омил туро водоштааст, ки шамшери худро дар баробари ин абармарди солеҳ, ки пайравони худро ба адлу эҳсон ва кӯмак ба хешовандон амр мекунад, аз ниёми берун орӣ ва бо вай биҷангӣ?

Ва кадом омил туро водоштааст, ки ҳанҷари худро дар хуни поки асҳоб ва ёрони вай, ки пайравии дини ҳақ ва ҳидоят намудаанд ғӯта диҳӣ!!?

Ва ин гуфтугӯӣ сахт ва душворе, ки дар миёни Нуъайм ва нафси вай сурат гирифт ба он оварда расонд, ки қотеъона бо худ тасмим бигирад ва барои амалӣ сохтани он даст ба кор шавад.

Нуъайм ибни Масъуд аз урдугоҳи қавми худ бо истифода аз сиёҳии шаб пинҳон берун шуд, ва бо суръат худро ба ҳузури Паёмбар (с.) расонд. Вақте Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро дид, ки дар пеши рӯяш истодааст гуфт: Ту Нуъайм ибни Масъуд ҳастӣ !?

Гуфт: Бале эй Ҳазрати Расули Худо (с)

Фармуд: Омили омаданат дар ин лаҳзаи шаб барои чист?!

Гуфт: Омадаам то шаҳодат диҳам ба ин, ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде нест ва ту банда ва Расули Худо ҳасти ва он чи, ки аз назди Аллоҳ бо худ овардаӣ, ҳақ аст…

Баъд изофа намуд ва гуфт.: Эй Расули Худо (с), қавми ман аз мусалмон шуданам хабар надоранд..

Ҳар хидмате бошад, ба ман амр фармо эй Расули Худо

(с).

Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ту дар миёни мо аз қавми худ як тан ҳастӣ, назди қавми худ бирав ва агар тавони худро аз мо канор гир, зеро ҷанг фиреб аст.

Гуфт: Эй Расули Худо чунин хоҳам кард… Ва иншоаллоҳ коре анҷом хоҳам дод, ки мояи хушӣ ва фараҳи ту гардад.

Нуъайм ибни Масъуд фавран назди бани Қурайза рафт ва қабл аз он низ ба онҳо рафоқат ва дӯстӣ дошт, ба онҳо гуфт: Эй бани Қурайза, шумо дӯстии маро бо худ ва хайрхоҳии маро нисбат ба хеш хуб медонед.

Гуфтанд: Бале чунин аст, ва ту назди мо ба ҳеҷ кори баде муттаҳам нестӣ.

Гуфт: Ҳолати Қурайш ва Ғатафон дар ин ҷанг ғайр аз ҳолате аст, ки шумо доред.

Гуфтанд: Чи тавр?!

Гуфт: Шумо дар инҷо дар ватани худ ба сар мебаред ва дар ин ҷо амвол ва фарзандон ва занонатон ба сар мебаранд ва шумо наметавонед ин ҳамаро тарк гуфта ва ба ҷои дигар биравед…

Аммо Қурайш ва Ғатафон ватани онҳо ҷудо буда ва амвол ва фарзандон ва занонашон дар ҷои дигар қарор доранд… Онҳо омадаанд, ки ба Муҳаммад (с.) биҷанганд ва аз шумо хостанд, ки аҳдатонро бо Муҳаммад (с.) бишканед ва дар ҷанг алайҳи Муҳаммад ҷониби онҳоро бигиред ва шумо ба ин хостаи онҳо ҷавоби мусбат додед.

Агар онҳо дар ҷанг алайҳи вай ба пирӯзӣ даст ёбанд, ҳамон аст, ки онро барои худ ғанимат шуморанд ва агар дар шикаст додани вай комёб нашаванд ҳамон аст, ки бидуни кадом хасора ба амн ва итминон ба ватани худ бар мегарданд ва шуморо ба Муҳаммад мегузоранд, то ҳар тавре, ки хоста бошад, аз шумо интиқом гирад… Ва шумо хуб медонед, ки ба танҳоиятон наметавонед, ки дар муқобили Муҳаммад коре анҷом диҳед…

Гуфтанд: Дуруст гуфтӣ.

Аммоҳоло бигӯ, ки чи боядбикунем, ки азин вартаи ҳалок худро халос кунем?!

Гуфт: Ба назари ман савоб он аст, ки шумо то он ки бузургонашонро назди худ ба сифати гаравгон нигаҳ надоред, бо ишон дар ин ҷанг ширкат накунед ва ба ин тартиб шумо метавонед дар ҷанг бо Муҳаммад пирӯз мешавед ва ё ҷангҷӯёни шумо ва онҳо комилан аз байн мераванд ва тамом мешаванд…

Гуфтанд: Машварати хубе додӣ ва чӣ нек машварате ва чӣ хуб насиҳате…

Баъд аз назди онҳо баромада, назди Абусуфён ибни Ҳарб сарлашкари Қурайш омад ва гуфт: Эй ҷамъи Қурайш! Шумо хуб медонед, ки ба шумо чи қадар хайрхоҳ ҳастам ва ба Муҳаммад (с.) чӣ қадар бадхоҳ… Ман аз тафтишае хабардор шудам ва лозим дидам, ки онро ба иттилоъи шумо расонам, вале насиҳатам ба шумо ин аст, ки ин розро ба худ пинҳон доред ва онро аз сӯи ман ба касе нагӯед…

Гуфтанд: Мо ба ту аҳд медиҳем, ки ба касе онро нахоҳем гуфт…

Гуфт: Бани Қурайш ва аз душмании худ бо Муҳаммад (с.) пушаймон шуданд аз ин рӯ касони худро назди вай фиристода гуфтанд, ки мо аз кардаи худ бо ту пушаймон ҳастем… Ва тасмим гирифтем, ки дубора ба он аҳду паймон, ки карда будем баргардем ва роҳи сулҳ ва оштӣ бо ту бикшоем.

Агар хоста бошӣ мо аз сардорон ва бузургони Қурайш ва Ғатафон касони зиёдеро дастгир намуда ба дастат месупорем, то онҳоро сар занӣ. Ва он гоҳ дар канори ту қарор гирифта ва бар алайҳи ишон меҷангем, то он ки ба ишон хотима диҳӣ, ва ишонро аз байн бибарӣ. Ва Муҳаммад ба пешниҳоди онон ҷавоби мусбат додааст.

Аз ин рӯ, агар Яҳуд касонеро назди шумо бифиристад ва аз шумо хоҳони гаравгонон аз бузургонатон шаванд ҳеҷ як танро ба онҳо гаравгон надиҳед…

Абусуфён гуфт: Ту чи хуб ҳампаймон ҳастӣ. Худованд барои ту подоши нек диҳад.

Баъд Нуайм аз назди Абусуфён баромад назди қавми худ бани Ғатафон омад, ва ин ҳафҳое, ки барои Абусуфён гуфта буд, барои онҳо низ баён дошт ва аз он чи, ки ишонро бар ҳазар сохта буд онҳоро низ барҳазар сохт.

Абусуфён хост, ки бани Қурайзаро ба ин нақшаашон биозмояд, лизо писари худро назди онҳо фиристод, то ба онҳо бигӯяд: Падарам ба шумо салом фиристод ва гуфт: Мо аз муҳосараи тӯлонӣ Мухаммад (с) ва ёронаш ба ҷон омадаем ва мехоҳем, ки бо Муҳаммад ҷанги ҳалкунанда ба роҳ андозем, то худро аз вай халос кунем ва падарам маро назди шумо фиристод то ба шумо хабар диҳам, ки худро барои ҷанги фардо омода созед.

Ба ӯ гуфтанд: Имрӯз рӯзи шанбе аст ва мо дар имрӯз кор мекунем ва дигар ин ки мо дар паҳлуи шумо намеҷангем, то он ки ҳафтод тан аз бузургони худ ва Ғатафонро ба сифати гаравгон ба мо надиҳед. Ва мо аз он бим дорем, ки агар ҷанг бар саратон сахт тамом шавад, рӯ ба сӯи диёри худ намуда ва моро дар инҷо бо Муҳаммад танҳо мегузоред то вай ҳар тавре, ки хоҳад аз мо интиқом бигирад. Ва шумо худ медонед, ки мо дар он самте нестем, ки битавонем бо вай муқобала кунем…

Вақте писари Абусуфён ба сӯи қавми худ баргашт ва шунидаҳои худ аз бани Қурайзаро ба ишон ҳикоят намуд. Ҳама ба як забон гуфтанд: сарафканда бод авлоди бӯзинаҳо ва хугҳо… Қасам ба худо агар аз мо гӯсфандеро ба унвони гаравгон бихоҳанд ба онҳо нахоҳем дод…

Ба ин тарҳи хеш Нуъайм ибни Масъуд тавонист, ки дар пароканда сохтани суфуфи Аҳзоб ва аз ҳам пошонидани онҳо нақши созандае ифо намояд…

Баъд Худованд чунон тундбоди шадидро ба онҳо мусаллат сохт, ки хаймаҳояшонро аз замин канд ва дегҳояшонро сарнагун сохт ва оташашонро хомӯш кард ва чеҳраҳояшонро сиёҳ намуд ва чашмҳояшонро пур аз гарду ғубор сохт… Ва чораи ҷуз бор бастан ва ҳаракат кардандар худ надиданд… Ҳамон буд, ки дар сиёҳи шаб минтақаро ба касди диёри худ тарк гуфтанд…

Вақте мусалмонон шабро рӯз карданд диданд, ки душман бо истифода аз торикии шаб минтақаро тарк гуфта ва фирор намудааст. Ҳама такбиргӯён гуфтанд: Алҳамдуллил-лоҳиллази насара абдаҳу… Ва аъазза ҷундаҳу… Ва ҳазамал Аҳзобо ваҳдаҳу…

Ва Нуъайм ибни Масъуд мавриди эътимоди Ҳазрати Расули Худо (с) қарор гирифт. Ӯро ба корҳое муваззаф сохт ва масулиятҳои ба дӯшаш гузошт ва дар пешгоҳи вай парчамҳо барафрошт.

Вақте рӯзи фатҳи Макка фаро расид ва Абусуфён ибни Ҳарб дар гӯшае истода ражаи дастаҳои лашкарҳои мусалмононро тамошо мекард, касеро дид, ки парчами Ғатафон ба даст дорад ва дар ҳаракат аст, рӯ ба сӯи ҳамроҳони худ намуд ва гуфт: Ин шахс кист!? Гуфтанд: Нуъайм ибни Масъуд

Гуфт: Ин шахс дар рӯзи Хандақ дар ҳаққи мо чи амали хубе анҷом дод… Қасам ба Худо дар он вақт нисбат ба Муҳаммад чи қадар душмани меварзид… Ва ҳоло ӯро бубин, ки дар пеши рӯи вай парчами қавмашро бардоштааст ва ба ҷанги мо меояд..

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *