Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хадисхои Исломи, ривоятхои Исломи ва таърихи дини Ислом

  • Дуо барои талаби фарзанд

    Дуо барои талаби фарзанд يا كريم يا رحيم يا رب العرش العظيم نسألك بعزك الذي لا يرام و بملكك الذي لا ‏يضام وبنورك الذي ملأ أركان عرشك أن ترزقنا الولد الصالح. – اللهم لا مانع لما أعطيت ولا معطي لما منعت. – اللهم ارزقني ولدا واجعله تقيا ذكيا ليس في…

    Муфассалтар »
  • Китоби руза

    Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон. Бародар ва хоҳари азиз дар ин боб бо изни Худованд аз фарзияти рӯза фоидаю одобҳои он баён хоҳем кард, ки рӯзаи медоштаи мо дар назди Худованд қабул бигардад. Худованди таъоло барои уммати Муҳаммадй рӯзаи моҳи шарифи рамазонро фарз гардонидааст, то ки аз азоби дӯзах наҷот…

    Муфассалтар »
  • КИТОБИ ЗАКОТ

    Фарзияти закот Баровардани закоти мол фарз мебошад, бар шахсоне, ки молашон ба нисобу ҳавл расида бошад.Ҳавл — як сол шуда бошад ба нисоби мол. Закот яке аз арконҳои ислом шуморида шуда, манзилиати бузург дорад. Тамоми мусалмонон ба фарз будани он иттифоқ шудаанд. Шахсоне, ки фарз будани закотро медонанду инкор мекунанд…

    Муфассалтар »
  • КИТОБИ САЛОТ

    Фарзияти Намоз Намоз яке аз рукнҳои ислом мебошад, ки Худои таъоло онро барои бандаҳояш фарз гардонидааст, чуноне, ки дар Қуръони карим мефармояд: «Ва ақимус салота ва отуз закота варкаъу маъаррокиъин» сураи Бақара, ояги 43 Яъне (намозро барпо доред ва закоти молҳоятонро бидиҳед ва рукӯъ бикунед ҳамроҳи рукуъкунандагон). Ин ояи карима…

    Муфассалтар »
  • КИТОБИ ТАҲОРАТ

    Муқаддима «Инналлоҳа юҳиббуттаввобина ва юҳиббул мутатаҳҳирина» Аммо баъд. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Бародарон ва хоҳарони аҳли ислом дини ислом, ки дини тозагию озодагй ва дини адолат мебошад, хостем ба хости илоҳй барои шумоён рисолае дар бораи таҳорат таълиф бикунем ва ба сӯи Худованд дуо кунем, ки дилу аҷсоди…

    Муфассалтар »
  • Натиҷаи бенамозӣ

    Бародар ва хоҳари азиз агар мо ин ояту ҳадиси паёмбар алайҳиссаломро тааммул кунем, ибрати бисёр бузурге хоҳем гирифт. Шахсоне, ки намозро бо тарсу хушуъ мегузоранд ба онҳо аз ҷаннат насибе мебошад. Аммо шахсоне, ки намоз намехонанд барои онҳо аз ҷннат насибе намебошад. Барои ҳамин мо бояд умри кӯтоҳ ва тани…

    Муфассалтар »
  • Натиҷаи намозхонӣ

    Яке аз ҳикматҳои намоз ин аст, ки инсон бо сабаби намоз аз корҳои бад ва ахлоқи паст дур мешавад чуноне, Худованд дар Қуръони карим хабар медиҳад: «Иннас салота танҳо анил фаҳшои вал мункар» сурат анкабут, ояти 45. Яъне, (албатта намоз инсонро аз корҳои баду ҳаром ва фоҳишагию зинокорй нигоҳ медорад).…

    Муфассалтар »
  • Шинохтани Худованд

    Дар ин боб хостем, ки шумоёнро аз баъзе маънои оятҳои Қуръонй бохабар созем, Шояд Худованд қалбҳои моро аз куфру нифоқ пок созад. Бародар ва хоҳари азиз як фикру андешаи худро ба ин ояи карима равона созем, ки Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст: «Ёаюҳан нас уъбуду раббакумул лази халақакум валлазнна мин қабликум…

    Муфассалтар »
  • ФАРОЗЕ АЗ ТАВСИЯҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАЁНИ ТАМАССУК БА ҲАДИСИ РАСУЛИ АКРАМ (С)

    Инак, бо чанд ҷумалоте аз суханони имоми мазҳаби худ, имоми Аъзам – Абуҳанифа (р) дар мавзӯи тамассук (чанг задан) ба ҳадиси Расули Акрам (с) таваҷҷӯҳ мекунем: 1- إذا قُلتُ قَولاً يُخالِفُ كِتابَ اللهِ تعالى وَخَبَرَ الرسولِ (ص) فَاترُكُوا قَولِي[1]. «Хар гоҳ сухани ман бо ҳукми Қуръон ва Ҳадис мухолиф бошад,…

    Муфассалтар »
  • КИТОБИ ФИҚҲИ КАЙДОНӢ НАЗДИ ФУҚАҲО ЧӢ ЭЪТИБОРЕ ДОРАД ВА МУАЛЛИФИ ОН КИСТ?

    Яке аз сарчашмаҳое, ки боиси ихтилофи толибилмони мо дар масъалаи ишораи саббоба гаштаааст, китоби Хулосаи Кайдонӣ аст. Китоби мазкур бо эътирофи уламо агарчи ҳаҷми кӯчак ва хӯрд дорад, вале хатову иштибоҳоти бузург дорад. Яке аз он хатоҳо зикри ишораи саббоба дар боби муҳаррамоти намоз аст. Муаллифи Кайдонӣ хатоан ишораи саббобаро…

    Муфассалтар »
  • ҲУКМИ КАСОНЕ, КИ МАСХАРА БА СУННАТИ ИШОРАИ САББОБА МЕКУНАНД

    Шояд ин рисолаи нафис ва дар маънои худ беназири Мулло Алиқорӣ бори аввал аст дар диёри мо табъу нашр мешавад. Агар ба ҷои Фиқҳи Кайдонӣ ва Фарзи айн навиштаҳои чунин муҳаққиқон дар диёри мо мунташир мебуд ва дар дастраси омма қарор мегирифт, ҳеҷ гоҳ мардуми мусалмони мо бо тақлиди кӯр-кӯрона…

    Муфассалтар »
  • ЗИКРИ ҲАДИСҲО АЗ МИШКОТУЛ МАСОБИҲ

    1- عَن ابنِ عُمرَ رَضيَ اللهُ عنهما قال: كَان رَسولُ اللهِ (ص) إذا قَعَدَ فِي التَشَهُّدِ وَضَعَ يَدَهُ اليُسرَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُسرَى وَوَضَعَ يَدَهُ اليُمنَى عَلَى رُكبَتِهِ اليُمنَى وَعَقَدَ ثَلاثَة وَخَمسِينَ وَأَشارَ بِالسَّبَّابَةِ[1] «Ибни Умар ривоят мекунад: Паёмбари Акрам (с) вақте дар қаъдаи аввал ва ё қаъдаи сонӣ менишастанд, дасти…

    Муфассалтар »
  • ДАЛЕЛҲОИ ИШОРАИ САББОБА АЗ ИҶМОЪ ВА ГУФТОРИ ФУҚАҲО

    Яке дигар аз далелҳои исботкунандаи ишораи саббоба ба ғайр аз Қуръон ва Суннат, иҷмоъи уммат аст. Зеро аз ҳеҷ нафар аз асҳоби Паёмбар ва на аз уламои салаф ва халафи уммат хилофе дар тасҳеҳ ва ҷавози ин масъала маълум нагашта ва ривоят нашудааст. Балки имоми Аъзам ва шогирдони ишон Абуюсуф…

    Муфассалтар »
  • КАЙФИЯТИ ИШОРАИ САББОБА НАЗДИ ҶУМҲУРИ ФУҚАҲОИ ҲАНАФӢ

    وَالصَّحِيحُ المُختَارُ عِند جُمهُورِ أصحابِنَا أَنهُ يَضَعُ كَفَّيهِ على فخِذَيهِ ثم عند وُصُولِهِ إلى كَلِمَةِ التَوحِيدِ يَعقِدُ الخِنصَرَ والبِنصَرَ وَيُحَلِّقُ الوُسطى والإِبهَامَ ويُشِيرُ بِالمُسَبِّحَةِ رَافِعاً لَها عند النَّفيِ واضِعاً عند الإِثبَاتِ ثم يَستَمِرُّ على ذلكَ. Аммо қавли саҳеҳ ва мухтор назди ҷумҳури асҳоби мазҳаби мо дар кайфияти ишораи саббоба ин…

    Муфассалтар »
  • Ҳимоят ва муҳаббати Оиша (р) ба ҳиҷоб

    Урва аз Оиша(р) ривоят кардааст, ки гуфт: Муҳоҷирон касоне буданд, ки ба хотири ризои Худо ватани худ Маккаро тарк карда, ҳамроҳи расули Худо ба Мадина ҳиҷрат намуданд.Ансор-аҳли Мадинаро мегуянд, ки муҳоҷиронро ҷой дода Расули Худоро дар пешбурди даъваташ ёрӣ доданд.Худованд занони муҳоҷирони30 аввалинро мавриди лутфу марҳамати худаш қарор бидиҳад, ки…

    Муфассалтар »
  • Вафоти Мусибатбори Оиша (Р)

    Урва ибни Зубайр аз падараш ривоят кардааст, ки чун марги Оиша (р) фаро расид, бетоқат шуд. Ба вай гуфтанд: Чаро бетоқатӣ мекунӣ, эй модари мӯъминон, ҳол он, ки ту ҳамсари Паёмбар(с) ҳастӣ, модари тамоми аҳли имон ва духтари Абубакри Сиддиқ маҳсуб мешавӣ. Оиша (р) гуфт: Рӯзи Ҷамалро ёдовар шуда, гулӯгир…

    Муфассалтар »
  • Расулуллоҳ (с) мехостанд айёми бемориашонро дар хонаи Оиша сипарӣ намоянд

    Оиша(р) гуфтааст: Расули Худо(с) вақте бемор шуданд, мегуфтанд: Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Ман фардо дар куҷо хоҳам буд? Мақсади расули Худо аз ин сухан ин буд, ки кай навбати ман мешуда бошад, яъне навбати Оиша. Пас, занони дигар чун инро пай бурданд, иҷозат доданд, ки Пайғамбар дар кадом…

    Муфассалтар »
  • Яҳудие, ки бузургии Оишаро медонист

    Ҳикояеро барои ту, хонандаи азизу гиромӣ, тақдим мекунем, то қабоҳату зиштии таъназанандагони ҳамсари поки Паёмбар(с) бароят маълум гардад. Шайх ва Имом Ҳофиз Зиёуддини Мақдисӣ ҳикоят кардааст: Ва ман тағоям шайх Абуамр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Қудомаи Мақдисӣ, ки аз устодаш иҷозати ривоятро дошт ва устодаш шайх ва қории бузург Абубакр…

    Муфассалтар »
  • Сухани Оиша(р) ҳангоми кушта шудани Ҳазрати Усмон (Р)

    Аз Муҳаммади Таймӣ ривоят аст, ки гуфт: — Усмон кушта шуд Оиша омаду гуфт: Оё амири мӯъминонро куштанд? Гуфтанд: Оре. Гуфт: Худо раҳматаш кунад ва мағфираташ намояд. Шумо аз ин, ки бар зидди мухолифони Усмон қиём накардед, хато кардед. Шумо бояд ҳақиқатро пойдор намуда, ба пуштибонии он бармехестед ва коре…

    Муфассалтар »
  • Ҳадиси Умми Заръ

    Оиша (р) мегӯяд: Ёздаҳ нафар зан гирд омада, аҳду паймон кардаанд, ки васфҳои шавҳаронашонро бигӯянд ва ягон чизро пинҳон накунанд. Зани аввал гуфт: Шавҳарам мисли гушти уштури лоғар аст ва бар сари кӯҳи сарбафалак. На паст аст (кӯҳ), ки осонбаро бошад ва на фарбеҳ аст, ки ба хонаҳо тақсим шавад,…

    Муфассалтар »
  • Сухани оиша дар бораи марде, ки аз зӯҳди нодуруст қариб мурда буд

    Аз Мусъаб ибни Усмон ривоят аст, ки Оиша(р) рӯзе мардеро дид, ки ниҳоят заиф буд. Гуё, ки ҳозир мемирад. Пас гуфт: Ин чӣ ҳол аст ва чаро ин мард ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Гуфтанд: Зоҳидест, ки тарки дунё кардаст ва зӯҳд[1] вайро ба ин аҳвол гирифтор кардааст. Оиша гуфт:…

    Муфассалтар »
  • Тарси оиша аз худо ва писанд накарданаш таърифу тавсиф ва мадҳу ситоишро

    Оиша (р) дар волотарин мақомоти тарс аз Худованди азза ва ҷалла қарор дошт. Бо вуҷуди он, ки бисёр амалҳои хуб анҷом медод, нафси худро ба камамалӣ муттаҳам карда, худро дар ибодат муқассир мешуморид. Вай такя ва боварию эътимод ба аъмолаш ва фазилатҳояш ва таърифу тавсифи мардум накарда, балки таввакулу эътимод…

    Муфассалтар »
  • Зуҳду Саховати Оиша (Р)

    Абдулвоҳид ибни Айман аз падараш ривоят мекунад, ки гуфтааст: Чун ба назди Оиша даромадам дар танаш куртае буд, ки аз пахтаи пастсифат бофта шуда, панҷ дирҳам арзиш дошт20. Пас Оиша ба ман гуфт: Саратро бардошта канизи маро бубин, ки аз пушидани ин либос дар хона ор мекунад. Ман дар замони…

    Муфассалтар »
  • Фоидаҳои ҳадиси Ифк

    Имом Нававӣ фоидаҳои аз ин ҳадис ба бор омадаро зиёд гуфта, панҷоҳучортои онро баён кардааст: 1. Қуръаандозӣ миёни занон дуруст аст; 2.Чун мард чандин ҳамсар дошта бошад ва дар сафараш бархеашонро бурданӣ шавад, бояд миёнашон қуръа андозад; Он муддатеро, ки занони муқим дар ҳолати дар сафар будани шавҳар аз даст…

    Муфассалтар »
  • ФУРУД ОМАДАНИ ВАҲЙИ ОСМОНӢ БАРОИ ИСБОТИ ПОКИИ ОИША

    Яке аз бузургтарин фазилатҳои Оиша (р) ин аст, ки Худованд дар бораи вай дар Қуръон ояҳое фиристод, ки он то барпошавии қиёмат хонда мешавад. Дар он ояҳо Аллоҳи зул ҷалоли вал-икром покии Оишаро ало рағми гуфтаҳои тӯҳматчиёну бӯҳтонгарон исбот кард. Пас маълум шуд, ки он чӣ дар бораи Оиша гуфтанд…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои Оиша (Р)

    Ибни Саъд аз Оиша ривоят кардааст, ки гуфт: — Ман бо даҳ хусусият аз дигар занони Паёмбар (с) бартарӣ дода шудаам: Расули акрам ба ҷуз ман зани бокирае нагирифта буд;Ҳеҷ яке аз ҳамсарони он ҳазрат ғайр аз ман падару модари муҳоҷир надоштанд;Худо аз осмон барои исботи покии ман оятҳо фиристод;Ҷабраил…

    Муфассалтар »
  • АМР КАРДАНИ РАСУЛИ ХУДО (С) ОИШАРО БА РИФҚУ НАРМӢ

    Оиша мегӯяд: Гурӯҳе аз Яҳудон аз расули Худо иҷозати даромадан гирифта, дар вақти даромадан ба ҷои салом гуфтанд:Ассому алайкум, яъне марг ба шумо. Оиша (р) ба онҳо гуфт: Балки марг ва лаънат бар худи шумо. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: Эй Оиша! Аллоҳ дар тамоми корҳо нармию хушрафториро дӯст медорад. Оиша(р) гуфт:…

    Муфассалтар »
  • СӮҲБАТИ ОН ҲАЗРАТ БО ОИША (Р) ДАР САФАР

    Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) ҳар гоҳе, ки ба сафаре мебаромаданд миёни ҳамсарони худ қуръа[1]меандохтанд. Қуръа ба номи ҳар кӣ мебаромад, дар он сафар вай он ҳазратро ҳамроҳӣ мекард. Боре қуръа ба номи Оишаву Ҳафса баромад, пас ҳарду ҳамроҳи он ҳазрат ба сафар баромаданд. Чун…

    Муфассалтар »
  • ЛУТФУ МЕҲРУБОНИИ РАСУЛУЛЛОҲ (С) БА ОИША (Р)

    Оиша (р) лутфу меҳрубонӣ ва нармахлоқии Расули акрамро бо ҳамсаронаш ривоят карда мегӯяд: Расулуллоҳ ба ман гуфт: «Ман ҳолатеро, ки ту аз ман хушҳолу розӣ мешавӣ ва ҳолатеро, ки бар ман хашм мегирӣ, медонам» Оиша гуфт: Аз куҷо ин ҳолатҳои маро мефаҳмӣ? Расулуллоҳ гуфт: «Аммо ҳолате, ки аз ман хушҳолу…

    Муфассалтар »
  • Муҳаббати Паёмбар (С) Ба Оиша

    Аз Анас (р) ривоят мекунанд, ки гуфт: -Аввалин муҳаббате, ки дар Ислом рӯй дод, муҳаббати пайғамбар ба Оиша буд» (Аз «Тазҳибу ҳилятил-авлиё», с.271,ҷ.1.) Аз Амр ибни Ғолиб ривоят аст, ки марде дар ҳузури Аммор ибни Ёсир(р) нисбати Оиша (р) суханони носазо гуфт. Аммор ба вай гуфт: «Дур шав аз наздам…

    Муфассалтар »