Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Фатҳи Наҳованд

Дуруст аст, ки Яздигурд пойтахташро аз даст дод ва пеш аз он дар ду ҷанги Ҷилавло ва Ҳулвон аз мусалмонон шикасти сахте хӯрда ва қисмати муҳиме аз ҷануби ғарби мамлакаташ ба дасти мусалмонон афтод, вале он чи ки аз хоки Эрон боқӣ монда буд хеле зиёд ва муҳим буд ва мусалламан ҳаргоҳ чиддан иқдоме накунад ин боқимонда низ аз дасташ хоҳад рафт, зеро фотиҳин ба он чи фатҳ карда буданд, қонеъ намешуданд ва дер ё наздик ба тасхири бақияи сарзамини Эрон иқдом хоҳанд кард. Пас лозим буд Яздигурд лоақал қисмати ҷанубу шарқӣ ва қисматҳои дигари Эронро аз дастбурди мусалмонон ҳифз намояд.

Яздигурд шоҳи ҷавони Сосонӣ, ки дар ин ҳангом дар Исфаҳон буд, аз ин амр ғофил набуд. Аз ин рӯ ҳамин ки иттилоъ ёфт мусалмонон дар байнаннаҳрайн сукунат кардаанд ва ором гирифтаанд ва ба умури дохилӣ ва касби кишоварзӣ машғул гардидаанд ва муҳимтар ин ки Саъд ибни Абуваққос фармондеҳи Қодисия ва фотеҳи Мадоин акунун ба Мадина фаро хонда шуда ва дар раъси лашкари ислом нест фурсатро ғанимат шумурд ва дастур дод, то мардуми навоҳии Рай, Домғон, Симнон, Бистом, Ҳамадон ва соири нуқоти Эрон, худро барои ҷанг бо мусалмонон ҳозир намоянд. Дар соли 18 ё 19-уми ҳиҷрӣ лашкаре, ки тибқи навиштаи ибни Асир яксаду панҷоҳ ҳазор нафар буд дар ҳудуди Наҳованд фароҳам кард ва фармондеҳии онро ба Фирӯзони сардори шикастхӯрдаи фирории Қодисия ва Ҷилавло супурд.

Саъд ибни Абуваққос қабл аз ин ки ба Мадина ҳозир шавад, аз ин моҷаро иттилоъ ёфт ва ба ҳазрати Умар (р) гузориш дод. Пас аз он низ аҳамият ва хатари онро ҳузуран дар Мадина ба арз расонд.

Умар (р) пас аз музокира бо мушовирини худ Нӯъмон ибни Муқринро, ки яке аз сардорони коргаштаи мусалмонон буд ва чанде қабл ба дастури Абумусои Ашъарӣ Ҷанди Шопурро фатҳ карда ва аз кораш фориғ шуда буд, маъмур кард то аз Ҷунди Шопур ба сӯи Наҳованд ҳаракат намояд ва ба дафъи сипоҳи Яздигурд бишитобад. Зимнан фармон дод то як савум сарбозони нигаҳбони Басра ба кӯмакаш бираванд. Низ ба Абдуллоҳ ибни Утба — яке аз сардорони мусалмонон, ки дар Куфа ба ҷои Саъд ибни Абуваққос аморат ва анҷоми вазифа мекард дастур дод, то барои Нӯъмон ибни Муқрин кӯмак бифиристад. Ин амир низ лашкаре, ки Наим ибни Муқрин бародари Нӯъмон дар байни онҳо буд, таҳти фармони Хузайфа ибни Ямон саҳобии бузурги Расулу-л-лоҳ (с) ба кӯмаки Нӯъмон фиристод. Аз Мадина низ иддае, ки дар раъси онҳо Муғийра ибни Шӯъба — доҳӣ ва сиёсатмадори маъруфи араб буд, барои кӯмак ба Нӯъмон ҳаракат карданд.

Инак иддаи сипоҳи Нӯъмон ба сӣ ҳазор нафар расида буд, ки Абдуллоҳ ибни Умар, Ҷарир ибни Абдуллоҳи Буҷалӣ, Муғийра ибни Шӯъба, Тулайҳа ибни Хувайлиди Асидӣ, Қаъқоъ ибни Амр, Амр ибни Маъди Карби Зубайдӣ, Амр ибни Мусанно, Ҳузайфа ибни Ямон ва Наим ибни Муқаррин ва баъзе дигар аз фармондеҳон ва ҷанговарони корозмудаи араб дар он буданд ва ин худ мояи умедворӣ ба пирӯзии сипоҳ буд.

Нӯъмон бо сипоҳаш ба тарафи сипоҳи Яздигурд ҳаракат кард. Дар канори шаҳри Наҳованд ба якдигар бархӯрданд.

Бо он ки сипоҳи Яздигурд аз назари неру ва таҷҳизот беш аз чаҳор баробари сипоҳи Нӯъмон буд, тибқи дастури Фирӯзоне, ки маълум буд ҳанӯз тарси шикастҳои собиқ аз дилаш нарафта аст, ҷанги дифоӣ ихтиёр кард. Аз пушти ҳисор ва аз паси сангарҳо ҷангҳои кучак ва заду хурдҳои кӯтоҳро ба роҳ меандохт.

Ангезаи Фирӯзон ин буд, ки бо тӯл додани ин вазъ, аввалан:

— мусалмононро аз назари озуқа ва таом ба мушкилӣ бикашад, сониян: онҳоро вориди фасли зимистон ва сармои шадиде намояд, ки араб табъан тоби таҳаммули онро надорад. Ҳангоме ки дар мушкили таом ва дар фишори сармои шадиди барфрези зимистон қарор гирифтанд ва қудрати ҷангии онҳо заиф шуд, бар онҳо ҳамлаи ногаҳонӣ намояд.

Нақшаи Фирӯзон комилан саҳеҳ ва чизе намонда буд ки озуқа ва алафаи муслимин тамом шавад. Агар чунин мешуд, ҳатто як нафар аз онҳо ҷон намебурд, зеро фосилаи Наҳованд то Ироқ зиёд буд ва агар мағлуб мешуданд, лашкари Фирӯзон ба таъқибашон мепардохтанд ва тамоми онҳоро дар роҳи фирор нобуд мекарданд.

Дар ин гирудор, ки Нӯъмон аз натиҷаи ин ҷанги хастакунанда маъюс шуд ва вазъи мусалмононро аз ҷиҳати таом дар хатар дид, ба фикри чорае афтод ва тибқи назари шурои низомӣ, ки дар шаб бо аъзои он дар миён гузошт, даст ба ҳиллае зад, ки душманро аз ҳисор ва сангарҳо берун кашид ва ба осонӣ бар онҳо пирӯз гардид.

Қазия аз ин қарор буд, ки Нӯъмон аввали субҳи яке аз рӯзҳо бо лашкараш аз маҳалли худ кӯч кард ва овоза кард, ки чун халифаи мусалмонон дар Мадина вафот ёфта, ночор аст даст аз ҷанг бикашад ва ба он ҷо равад.

Фирӯзон бо ин хабари сохта фиреб хӯрд, ин буд, ки бо сипоҳаш аз ҳисор ва сангарҳо хориҷ шуд ва ба таъқиби мусалмонон пардохт ва ҳамин, ки ҳамаи сипоҳаш ба ҷое расиданд, ки Нӯъмон тибқи нақшаи шӯро барои ҳамла бар онҳо дар назар гирифта буд, мусалмонон ба фармони Нӯъмон рӯй баргардонида, чунон ҳамлаи сахте бар онҳо намуданд, ки онҳоро хеле зуд аз пой дароварданд.

Гарчи дар ин ҷанг бисёре аз мусалмонон кушта шуданд ва худи Нӯъмон низ шаҳид шуд, вале Ҳузайфа ибни Ямон тибқи васияти Нӯъмон парчами лашкари исломро ба даст гирифта роҳбарии мусалмононро ба ӯҳда гирифт ва ҷангро ба нафъи мусалмонон хотима дод. Сипоҳи Яздигурд пас аз додани талафоти зиёде ба тарафи Ҳамадон гурехтанд. Фирӯзон ҳангоми фирор дар фарози яке аз кӯҳҳои атрофи Ҳамадон ба дасти Қаъқоъ, ки ба таъқибаш шитофта буд, кушта шуд (Табари, сафҳаи 418, ҷузъи 3).

Фатҳи Ҳамадон

Чун фирориён ба шаҳри Ҳамадон дохил ва мутаҳассин шуда буданд мусалмонон ба таъқибашон шитофтанд ва пас аз тасаллут бар деҳоти атрофи Ҳамадон ин шаҳрро дар муҳосира гирифтанд. Аз он ҷо, ки фармондеҳи посбонони шаҳр медонист, ки наметавонад дар муқобили мусалмонон муқовимат намояд ва ҷуз таслим ба унвони сулҳ роҳе надорад бо тақозои амон таслим гардид ва шаҳри Ҳамадон бидуни ҷанг ба дасти мусалмонон гузашт.

Мусалмонон фатҳи Наҳовандро (фатҳи фатҳҳо) номиданд, зеро Яздигурд пас аз ин ҷанг дигар натавонист лашкаре барои муқобила бо мусалмонон фароҳам кунад. Ин фатҳ роҳро барои футуҳоти дигари мусалмонон боз ва пешравии онҳоро дар хоки Эрон хеле осон намуд. Гарчи эрониён пас аз ин бидуни мудохилаи Яздигурд дар баъзе нуқот дар муқобили мусалмонон муқовимате мекарданд, вале бефоида буд. Тасаллути мусалмонон бар соири шаҳрҳои муҳими Эрон то он ҷо осон гардид, ки Абумусои Ашъарӣ дар ҳамин сол, ки Наҳованд ва Ҳамадон фатҳ шуд, шаҳрҳои ҷанубу ғарбии Эрон аз қабили Сервон, Динвар ва Кирмоншоҳро, ки боқӣ монда буданд, тасхир кард. Дар соли 22 то 23-юми ҳиҷрӣ ин шаҳрҳо ба фармони Умар (р) ба василаи фармондеҳони корозмудааш тасхир шуданд ва таҳти тасаллути давлати ислом даромаданд.

1 – Сиҷистон ба василаи Осим ибни Амр.

2 – Мукрон ва Систон ба василаи Ҳакам ибни Амри тағлибӣ бо ҳамроҳии Шаҳоб ибни Мухориқ, Суҳайл ибни Адӣ ва Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Утбон.

3 – Исфаҳон, Кошон ва Қум ба василаи Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Утбон — саҳобии Расулу-л-лоҳ (с) (аз бузургони ансор буд).

4 – Озорбайҷон ба василаи Бакир ибни Абдуллоҳ бо ҳамкории Шаммос ибни Хиршаи Ансорӣ.

5 – Абҳар ва Қазвин ба василаи Баро ибни Озиб саҳобии Расулу-л-лоҳ (с) .

6 – Хуросон ( Нишопур, Ҳирот, Сарахс ва Тахористон) ба василаи Аҳнаф ибни Қайс (саҳобии Расулу-л-лоҳ (с) ва хатиби шаҳири араб).

7 – Фасо ва Дороб ба василаи Сория ибни Ҷабал.

8 – Кирмон ба василаи Суҳайл ибни Адӣ.

9 – Истахри Форс ба василаи Усмон ибни Абулоси Сақафӣ.

10 – Қумис, Гургон ва Табаристон ба василаи Сувайд ибни Муқаррин (бародари Нӯъмон ибни Муқаррин фармондеҳи шаҳиди ҷанги Наҳованд).

11 – Курдистон ба василаи Мусаллама ибни Қайси Ашҷаӣ.

12 – Рай ба василаи Наим ибни Мукаррин (бародари Нӯъмон ибни Муқаррин).

Чунон ки мушоҳида мешавад дар замони хилофати Умар (р), ки барҳақ (давраи футуҳоти исломӣ) ном гирифт, тамоми сарзамини Ироқ ва қисмати умдаи шаҳрҳои муҳимми Эрон, ки шимолан ба Хуросон ва ҷанубан ба соҳили араб, шарқан ба Систон ва Мукрон ва ғарбан ба Озорбайҷон ва Курдистон маҳдуд мегардад дар қаламрави ҳукумати одили ислом даромад.

Саранҷоми Яздигурд

Яздигурд пас аз шикасти лакараш дар Наҳованд ба Кирмон рафт ва аз он ҷо раҳсипори Балх ва Марв гардид ва намояндае аз онҷо ба Чин фиристод ва аз Хоқони Чин барои дифоъ аз мусалмонон кӯмак хост, вале Хоқон ба иллати дурии Эрон аз Чин тақозояшро напазируфт. Бинобар ин Яздигурд бо фармонравои Турк (Туркистон Шарқӣ) дар ин хусус музокира кард ва бо он ки дар ибтидо мувофиқат ва қавли мусоид дод, ба ваъдааш амал накард.

Чун Яздигурд аз ҳар даре маъюс гардид ва дар ҳамин ҳангом эҳсос кард, ки марзбони Марв ба вай нияти бад дорад, худро рӯ ба рӯ бо хатар дид ва шабона аз он ҷо фирор кард ва дар хориҷи шаҳр ба осиёбоне, ки Фирдавсӣ ӯро дар Шоҳномааш Хусрав меномид, паноҳ бурд, то шабро назди ӯ ба субҳ бирасонад. Ӯ низ Яздигурдро барои соҳиб шудани либоси фохир ва ҷавоҳироташ ба қатл расонид.

Ба ин шакли таъсиромез, Яздигурд охирин силсилаи шоҳони Сосонӣ, ки 316 сол салтанат карданд, дар соли 31-уми ҳиҷрӣ, яъне сенздаҳ сол баъд аз ҷанги Наҳованд (охирин ҷанги ин шоҳ бо мусалмонон) ба дасти як нафар эронӣ ба қатл расид. Эрон, ки бедифоъ шуда буд таҳти султаи ҳукумати ислом даромад, то эрониён ба нури фурӯзони дини Худои воҳид мунаввар ва ба сӯи Худованди ҷалла ҷалолуҳу роҳ ёбанд ва ба саодати дунё ва охират бирасанд.

Футуҳоти Шом ва Фаластин дар замони Умар (р)

Ҳазрати Умар (р) майл надошт мусалмонони араб барои сукунати доимӣ то он ҷо дар хоки Эрон пеш раванд, ки соҳили арабро ба масофати зиёде пушти сар бигузоранд, зеро ҳаргоҳ дар оянда авзоъ дигаргун шавад ва вазъе пеш ояд, ки аз лашкари Форс эҳтимолан шикаст бихӯранд монанди воқеаи Ҷиср (кӯпрук) дучори мусибат нашаванд, ки шамшерро дар пушти сар ва соҳили арабро дар пеш дошта, талаф шаванд.

Бинобар ин дар ҳамон айёме, ки фармондеҳонаш дар хоки Эрон пеш мерафтанд ва шаҳрҳои онро яке пас аз дигаре тасарруф мекарданд дастур дод, то мусалмонон дар Ироқ махсусан дар Басра ва Куфа, ки обу ҳавои онҳо бо аъроб ва ҳайвоноташон бештар аз дигар нуқоти Ироқ созгор буд, сукунат намоянд. Аз ин ҷиҳат мусалмонон дар ин ду шаҳр сокин шуданд ва ба таблиғи дини ислом, таълими дастурот, аҳкоми шариат, танзими умури дохилӣ, кишти анвои ғалла ва тавлиди маснуот пардохтанд. Дар ҳамон замон амирон ва фармондеҳони онҳо ба сохтани истеҳкомоти низомӣ ва пешбинии авзоъ ва таъсиси пойгоҳ, пайдо кардани аслиҳа, абзор ва захираи ҷангӣ мепардохтанд ва барои ҳар гуна пешомаде омодагӣ медиданд.
Пас мо акнун тӯдаи мусалмононро дар Ироқ ва ҷангҷӯёни онҳоро дар хоки Эрон мегузорем, то ба корҳояшон бирасанд ва бо ҳам ба Шом ва Фаластин меравем, то бубинем сардорони мусалмонон дар он ҷо ба куҷо расидаанд ва чи кардаанд? Дар ҳамон ҳангоме, ки Саъд ибни Абуваққос аз Қодисия фотеҳона ба сӯи Мадоин пеш мерафт ва пас аз фатҳи он ҷо фармондеҳонашро ба Ҷилавло, Ҳулвон, Тикрит ва Мавсил мефиристод ва шаҳрҳои Куфа ва Басраро бино мекард ва кораш дар Ироқ ба хубӣ равнақ ёфта буд, Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Холид ибни Валид, Амр ибни Ос, Язид ибни Абусуфён ва Шураҳбил ибни Ҳусна дар сарзамини Шом ва Фаластин машғули ҷанг бо давлати императори Бизонси Рум буданд.

Дар таърихи Абубакр (р) ҷараёни ҷанги Ярмукро аз оғоз то поён ба қалам овардем. Акнун ки мехоҳем футуҳоти Умарро дар ин сарзамин ба қалам биёварем, бояд бигӯем, ки гарчи фатҳи бузурги Ярмук андаке пас аз вафоти Абубакр (р) ва дар оғози хилофати Умар (р) халифаи дуввум воқеъ шуд, вале бояд ин ҷангро аз футуҳоти Абубакр (р) бишуморем, зеро ӯ буд, ки дар қайди ҳаёташ ба он ҷо лашкар кашид. Ӯ буд, ки барои тазмини пирӯзии мусалмонон дар ин ҷанги даҳшатнок тибқи дархости Абуубайда пайёпай ба он ҷо кӯмак фиристод ва ӯ буд, ки Холид ибни Валид сардори номии исломро ба ҳайси сипаҳсолори лашкари Ярмук аз Ироқ ба он ҷо ҳаракат дод ва ин сардори забардаст буд, ки мусалмононро дар ин ҷанг ба хуби роҳбарӣ кард ва онҳоро ба пирӯзии бузург расонид ва шикасти муҳлике бар лашкари Бизонс ворид сохт.

Бинобар ин пирӯзии мусалмонон дар ин ҷанг гарчи дар оғози хилофати Умар (р) ба вуқӯъ пайваст, вале зодаи қудрат ва фикри саҳеҳ ва натиҷаи лашкаркашии Абубакр (р) буда, аз футуҳоти ӯ маҳсуб мешавад. Он чи пас аз воқеаи Ярмук фатҳ шуда аз футуҳоти Умар (р) ба шумор меравад. Инак ин шумо ва ин футуҳоти Умар (р).

Фатҳи Димишқ — маркази ситоди низомии Шом

Абуубайд пас аз фатҳи Ярмук тибқи фармони Умар (р) ба ҷойи Холид сарфармондеҳии лашкари исломро ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар он ҷо буд, ки хабар ёфт гурӯҳе аз фирориёни ҷанги Ярмук дар шаҳри Фаҳл аз манотиқи Урдун мутамарказ шудаанд. Низ огоҳ гардид,ки Ҳероклус императори Бизонс, ки дар шаҳри Ҳимс иқомат карда аст, бо ирсоли кӯмакҳои низомӣ аз ин шаҳр сарбозони муқтадири Димишқро тақвият менамояд ва маълум аст, ки нақшае дорад.

Чун сардорони мусалмонон ҷуз дар ҳангоми зарурат бидуни касби дастур аз маркази хилофат даст ба коре намезананд, Абуубайд хабарҳоеро, ки дарёфта буд ба Умар (р) иттилоъ дод ва ба интизори фармон нишаст.
Ҳазрати Умар (р) ба Абуубайд фармон дод, худро барои ҳамла ва тасарруфи душман омода кунад. Қабл аз ин кор гурӯҳе аз саворони лашкарашро дар муқобили Фаҳл мустақар намояд, то ҳаргоҳ дар он ҷо ҷанге даргирад ва Худо ин шаҳрро қабл аз Димишқ барояш фатҳ фармояд чи беҳтар, вагарна худаш пас аз фатҳи Димишқ ба он ҷо ҳамла кунад ва онро тасарруф намояд ва пас аз тасарруфи ин шаҳр худаш ва Холид ибни Валид бо аксарияти лашкар барои фатҳи шаҳри Ҳимс иқоматгоҳи Ҳераклус ҳаракат намояд. Амр ибни Ос ва Шураҳбил ибни Ҳуснаро бо гурӯҳе аз саворонаш дар муқобили роҳи Фаластин ва гурӯҳи дигарро дар муқобили роҳи Ҳимс бигузорад, то ҳаргоҳ ҳангоми ҳамла аз ин ду роҳ ба нигаҳбонони Димишқ кӯмак биёяд, ин саворон монеъ шаванд.

Абуубайд тибқи фармони Умар (р) Абуаъвари Салмо — яке аз сардорони кордони худро бо гурӯҳе аз саворони таҳти фармонаш ба сӯи Фаҳл ҳаракат дод. Аз зоҳири дастури Умар (р) фаҳмида мешавад, ки мехост ин гурӯҳ дар муқобили Фаҳл мустақар шаванд, то ҳаргоҳ сарбозони румӣ бихоҳанд аз ин шаҳр хориҷ шаванд ва ба кӯмаки Димишқ бишитобанд ҷилавгирӣ намоянд ва онҳоро ақиб зананд, вале ҳаргоҳ вазъе пеш ояд, ки ҷангро тақозо намояд худашон даст ба ҷанг бизананд.

Ғолиби сарбозони румӣ, ки дар Фаҳл буданд ҳамон сарбозоне буданд, ки дар Ярмук аз мусалмонон шикаст хӯрда ба ин ҷо паноҳ бурда буданд. Ҳанӯз хавф ва ваҳшати он шикаст аз дилашон дур нарафта буд ва чун ҷуръат надоштанд бо мусалмононе, ки ба тарафашон ҳаракат карда буданд рӯ ба рӯ шаванд, барои он ки шаҳри худро аз дастбурди онҳо ҳифз кунанд, оби рӯдхонаи Табария ва наҳри Урдунро гирдогирди шаҳр ҷорӣ ва заминҳои атрофи шаҳрро тавре гилолуд карданд, ки убур аз он ба сӯи шаҳр махсусан барои ҷанг мушкил гардид. Бинобар ин мусалмонон дар он сӯи заминҳои гилолуд таваққуф карданд ва шаҳрро дар муҳосира гирифтанд. Сипоҳиён дар ин ҷо мустақар гардиданд, то он гоҳ, ки Абуубайд аз фатҳи Димишқ фориғ ва бо лашкараш ба ин ҷо омад ва бо ҳамдастии ин гурӯҳ чунон ки баъдан мехонем бар шаҳри Фаҳл тасаллут пайдо кард ва онро фатҳ кард.

Инак Абуубайд бояд тибқи фармони Умар (р) бо аксарияти лашкараш ба сӯи Димишқ битозад, вале мушкили кор ин буд, ки Ҳероклус дар Ҳимс нишаста ва мусалламан муроқиби кори мусалмонон мебошад. Яқин аст, ки пас аз ҳаракаташон ба сӯи Димишқ лашкаре фароҳам мекунад, то дар ҳини ҷанги онҳо бо Димишқ аз пушти сар бар онҳо битозад. Дар ин сурат мусалмонон дар миёни лашкари мудофиони Димишқ аз пеш ва лашкари имдодии Ҳераклус аз пушти сар дар муҳосираи душман меафтанд. Албатта, дар ин сурат дар вазъи хатарноке қарор хоҳанд гирифт, ки на танҳо аз тасаллут бар Димишқ маҳрум мешаванд, балки мувоҷеҳ бо шикаст хоҳанд шуд, ки боиси нобудии онҳо мешавад.

Ҳазрати Умар (р) аз ин амр ғофил набуд, барои пешгирӣ аз ин пешомади хатарнок дар фармони ҳамла ба Димишқ ба Абуубайд дастур дод, то гурӯҳе аз лашкарашро байни шаҳри Ҳимс ва Димишқ бигуморад ва гурӯҳи дигарро дар байни Димишқ ва Фаластин мустақар намояд. Абуубайд ин нақшаи саҳеҳи ҷангии Умар (р) -ро ба кор баст. Роҳи Фаҳл ба Димишқро қаблан ба василаи Абулаъвар дар даст гирифта буд.

Абуубайд бо анҷоми ин нақша бар тамоми роҳҳое, ки аз ҳар ҷо ба Димишқ мерасид тасаллут пайдо кард ва онҳоро дар ихтиёр гирифт, то аз расидани ҳар гуна кӯмаки низомӣ аз хориҷ ба Димишқ ҷилав гирад. Пас аз ин иқдом, ки хотираш аз хатари пушти сар осуда гардид бо қисмати умдаи лашкараш бо ҳамроҳии Холид ибни Валид барои тасхири Димишқ ҳаракат кард.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *