Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

Абубакри Сиддиқ (р) дар роҳи даъват

Чунонки гуфтем, Абубакр (р) мавриди эҳтиром ва муҳаббат ва эътимоди умуми табақоти мардум буд. Аз ин хотир дар оғози зуҳури ислом ашхоси маъруф ва саршинос аз аҳли Макка аз қабили Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Авом, Саъд ибни Абуваққос, Абдураҳмон ибни Авф «сарватманди машҳури Қурайш», Талҳа ибни Убайдулоҳ, Абуубайда ибни Ҷарроҳ «фармондеҳи амини чабҳаи Шом», Арқам ибни Абуарқам, ки хонаи худро дар наздикии Сафо — маркази сиррии даъвати исломӣ қарор дода ва он ҷоро маҳалли иҷтимоот ва мушовира ва макони ибодати мусалмонони аввалия қарор дод, низ Фотима бинти Хаттоб хоҳари ҳазрати Умар (р) ва Саъид ибни Зайд шавҳари Фотима бинти Хаттоб ба даъвати Абубакр ҷавоби мусбат дода, мусалмон шуданд.

Абубакр (р) на танҳо мавриди эътимоди мардуми оддӣ буд, балки пас аз ислом низ монанди гузашта мавриди итминон ва эътимод ва тарафи музокира ва мушовираи ҳазрати расул қарор мегирифт. Чунонки ибни Халдун дар сафҳаи 206 муқаддимаи худ мегӯяд: “Ҳазрати паёмбар бо ёрони наздики худ ва махсусан беш аз ҳамаи онҳо бо Абубакр (р) дар умури муҳимми хусусӣ ва умумии худ ба музокира ва мушовира мепардохт”.

Гарчи ҳукумати исломӣ дар замони паёмбари Худо шакли шоҳӣ надошт ва он ҳазрат унвони султон ба худ нагирифт, то монанди шоҳони замони худ расман вазир дошта бошад, вале он чи мусаллам аст Абубакр (р) ва Умар (р)-ро амалан вазири худ қарор дода буд. Онҳое, ки ба кишварҳои мутамаддини он рӯзгор аз қабили Эрон, Рум ва Ҳабаша сафар карда буданд ва аз русум ва ташрифоти шоҳон ва фармонравоёни кишварҳои мазбур мутталеъ ва огоҳ буданд, Абубакр (р) ва Умар (р)-ро вазирони паёмбари Худо медонистанд.

Саъид ибни Мусайяб, ки яке аз тобеин аст, ин матлабро тасдиқ карда, мегӯяд:

-Абубакр (р) назди паёмбари Худо дар мақом ва манзалати вазир буд, зеро дар тамоми корҳояш бо ӯ машварат мефармуд. Ҳаргиз ҳеҷ касеро бар ӯ муқаддам намедошт ва касеро аз ӯ беҳтар намедонист.

Абубакр то он ҷо мавриди муҳаббат ва инояти расули Худо буд, ки модари мӯъминон Оиша мегӯяд: «Аз рӯзе, ки ба ёд дорам, падарам ва модарам ҳар ду мусалмон буданд ва рӯзе намегузашт, ки Расулу-л-лоҳ (с) ҳам аввал ва ҳам охири он рӯз ба хонаи мо ташриф наоранд».

Нависандагони таърихи исломӣ ҳама ба ин ақидаанд, ки Абубакр ҳамеша чӣ дар ҳузур ва чӣ дар сафар мулозим ва ҳамроҳи Расулу-л-лоҳ (с) буд ва мутлақан дар ҳеҷ ғазва ва ҷиҳоде аз ҳамроҳӣ бо он ҳазрат боз намонд ва ҳатто дар шаби хатарноки сафари ҳиҷрат низ ҳамсафари он ҳазрат буд.

Фазоили ҳазрати Абубакр (р)

1. Шарафи рафоқат ва дӯстӣ бо Расулу-л-лоҳ (с): Чунон ки қаблан гуфтем Абубакр чӣ қабл аз ин ки паёмбари Худо ба паёмбари барангехта шавад ва чӣ пас аз он, ҳамеша рафиқ ва мухлиси паёмбари Худо буд.

2. Пешдастӣ дар ислом: Чунонки қаблан баён шуд, Абубакр (р) аз нахустин муъминон ва аввалин касе буд, ки аз байни мардони озод ба рисолати паёмбари Худо имон овард.

3. Вазифаи таблиғи дини Худо: Абубакр (р) аввалин касе буд, ки дар оғози зуҳури ислом дар маркази ширк ба таблиғи дини Худо пардохт ва чунонки баён шуд иддае аз ашрофи Макка баробари даъвати ӯ мушарраф ба дини ислом шуданд.

Пас, Абубакр аввалин парчамдор ва нахустин мубаллиғи дини ислом буд, зеро қабл аз ин ки ӯ мусалмон шавад, дини ислом фақат дар хонаи паёмбар (с) буд ва мусалмонон иборат буданд аз паёмбар ва ҳазрати Хадича — ҳамсари он ҳазрат, духтарони гиромии он ҳазрат ва Алӣ ибни Абутолиб – писарамуи (амакбача) он ҳазрат, ки аҳли он хона буданд. Аммо ҳамин ки Абубакр мусалмон шуд, Ӯ унвони мубаллиғи аввали дини исломро ба худ гирифт ва амалан ба таблиғи дини ислом пардохт ва ба тавфиқи Парвардигор дар кори худ ба хубӣ муваффақ гардид.

Бинобар ин дини ислом ба василаи Абубакр (р) аз хонаи паёмбари Худо ба хориҷ роҳ ёфт ва ба василаи ӯ шурӯъ ба интишор намуд.

4. Абубакр (р) танҳо касе аст, ки дар сафари таърихии ҳиҷрат, ифтихори мусоҳибат ва ҳамроҳ будан бо паёмбари Худоро дошт. Дар кутуби ҳадис ривоят шуда, ки пас аз ин ки Расулу-л-лоҳ (с) ба мусалмонон иҷоза дод то ба Мадина ҳиҷрат кунанд, Абубакр (р) низ тасмим ё ба хулосае омад, ки ҳиҷрат намуда, ба Мадина равад. Ин буд, ки аз паёмбари Худо иҷозаи ҳиҷрат хост. Оё медонед, Расулу-л-лоҳ (с) ба ӯ чӣ ҷавобе дод.:«Дар ҳиҷратат шитоб макун, умед аст, ки Худо бароят дар ин сафар рафиқе қарор диҳад». Оё медонед он рафиқе, ки Худо барои Абубакр дар ин сафар баргузид чӣ касе буд. Ба иттифоқи тамоми таърихномаҳо он шахс Расулу-л-лоҳ (с) буд.

5. Абубакр танҳо касе аст, ки дар таърихи ислом унвони халифаи Расулу-л-лоҳ (с) ба худ гирифт ва мардум ӯро халифаи Расулу-л-лоҳ (с) хонданд. Хулафои баъд аз ӯ ҳама унвони амиру-л-мӯъминин доштанд ва мардум ба онҳо амиру-л-мӯъминин хитоб мекарданд.

6. Рифъат (бузургӣ) ва шарафи хонаводагӣ:

-Абубакр аз хонаводаи шариф ва рафиъ буд зеро Расулу-л-лоҳ (с) духтараш Оишаи Сиддиқаро ба ҳамсарӣ ихтиёр фармуд. Возеҳ аст, ки ҳеҷ касе ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир намешавад аз хонаводаи номатлубе ҳамсар ихтиёр намояд, ё аз фомили худ ба шахси нодурусте зан бидиҳад. Пас мусаллам аст, ки хонаводаи Абубакр хонаводаи шариф ва дар сатҳи хело олӣ буд, ки Сайиду-л-мурсалин бар он ҳисса гузошта, аз ин хонавода ҳамсар ихтиёр намуд.

Қуръони карим айни ин матлабро таъйид ва дастгирӣ фармуда, дар қазияи умму-л-мӯъминин Оиша мефармояд:

«Занони покиза ва покдоман, мардони неку ва покро месазанд ва баръакс, мардони пок ва неку, занони пок ва баиффатро».

(Сураи Нур, ояи 26.)

Пас бо таваҷӯҳ ба ин оят умму-л-муъминин Оиша зани тоҳира ва тайиба ва аз хонаводаи боиззат ва шариф буда, ки муфтахир ва хушнуд шуда, ба ҳамсарии касе мушараф шавад, ки покизатарин афроди башар ва тоҳиртарин халқи Худо буд ва он кас ҷуз сайиду-л-анбиё ва хотаму-л-мурсалин- Муҳаммад (с) каси дигар набуд.

7. Абубакр (р) дар байни мусалмонон танҳо касе аст, ки худаш, падараш ва писару наберааш ҳар чаҳор нафар чашмашон ба дидори Расулу-л-лоҳ (с) мунаввар шуда, ҳама аз саҳобаи Расулу-л-лоҳ (с) мебошанд, зеро худи Абубакр (р) ва падараш Абуқуҳофа ва фарзанди Абубакр (р) ба номи Абдураҳмон ва Муҳаммад ибни Абдураҳмон наберааш ҳама мусалмон ва ҳама ба дидори Расулу-л-лоҳ (с) мушараф шудаанд. Чунин шараф насиби ҳеҷ касе ҷуз Абубакр (р) нашудааст.

8. Абубакар танҳо касе аст, ки Расулу-л-лоҳ (с) ӯро ба аморати ҳаҷҷи мусалмонон, ки яке аз аркони муҳими исломӣ аст, муфтахир намуд.

9. Абубакр (р) танҳо касе аст, ки Расулу-л-лоҳ (с) дар намози ҷамоат ба ӯ иқтидо фармуд ва бо ӯ намози фаризаи худро адо намуд. Тирмизӣ муҳаддиси машҳур мегӯяд: «Собит шудааст, ки Расулу-л-лоҳ (с) дар беморие, ки аз он даргузашт, пушти сари Абубакр (р) намоз хонда ва ба ӯ иқтидо кардааст ва ин ҳақиқатро инкор намекунад ҷуз нодоне, ки аз ривоят иттилоъ надорад». Байҳақӣ низ мегӯяд: «Ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) дар айёми бемориаш, ки Абубакр (р) ба ниёбат аз он ҳазрат дар масҷиди Маддина эмоми ҷамоъат буд, якбор ба Абубакр (р) иқтидо карда, пушти сараш намоз хонда аст» (китоби «Нафосот»- шарҳи “Салосиёт”-и эмом Аҳмад ибни Ҳанбал (с. 96, ҷ.2)).

Дар кутуби сияр (китобҳо дар бораи паёмбар (с) ва аҳодиси саҳеҳ ривоят шуда, ки чун Расулу-л-лоҳ (с) бемор ва дар хона бистарӣ шуд натавонист барои эмоматии намоз ба масҷид ташриф бибарад. Абубакр (р) ба дастури муаккади Расулу-л-лоҳ (с) ниёбатан эмоматии намози ҷамоати мусалмононро ба ӯҳда гирифт ва дар анҷоми фароизи панҷгона пешнамози мусалмонон гардид. Субҳи рӯзи душанбе, ки охирин рӯзи ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) буд ва Абубакр (р) дар меҳроби Расулу-л-лоҳ (с) истода эмоми ҷамоат буд, ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) дар ҳоле ки сари муборакашро бо дастмоле баста буд ба масҷид ташриффармо мешавад. Мусалмонон бо дидани Расулу-л-лоҳ (с) ба ҳадде масруру хушҳол мешаванд, ки дар маҳватаи масҷид асар мекунад ва Абубакр (р), ки пеши сафи мусалмонон дар меҳроб истода буд, мефаҳмад, ки он ҳазрат ба дохили масҷид ташриф оварда аст. Аз ин рӯ мехоҳад аз меҳроб хориҷ шавад то ҷои худро ба он ҳазрат биспорад, вале он ҳазрат дасти муборакашро руи шонаи Абубакр (р) мегузорад ва мефармояд: «Дар ҷоят бош ва бо мардум намоз бихон». Худи он ҳазрат низ ба Абубакр (р) иқтидо мефармояд ва дар ҷониби рости Абубакр (р) менишинад ва дар ҳоли нишастан намози фаризаи худро бо ҷамоат мехонад. Ростӣ, агар барои Абубакр (р) фаразан, ҳеҷ гуна нур ва фазилате набуд, ҳамин ифтихор ва фазилат бас, ки расуле аз мусалмонон ва он ҳам ашрафу-л- мурсалин ва хотаму-л-анбиё дар адои намози фаризае, ки рукни муҳиме аз аркони дин аст, ба ӯ иқтидо фармудааст.

Ҳаққан аз байни аввалин ва охирин, аз замони Одам- абул Башар то асри нуронии Муҳаммад — Сайиду-л-башар ҳеҷ касе ба чунин ифтихори азиме ноил нагардида ва қуръаи ин каромати бемонанд, фақат ба номи Абубакр аз гардунаи бахти осмони руҳонӣ берун омадааст.

Тавозуъ ва фурутании Абубакр (р)

Абубакр (р) бо он ки халифа ва фармонравои мусалмонон буд ва маъал-васф вазъ ва пӯшоки зоҳирии ӯ нишон намедод, ки ӯ фармонравои ҷаҳони ислом аст. Дар байни ҷамоате, ки ҳузур дошт, аз назари либос ва маҳалли нишастан ҳатто дар маҷлиси хилофат ҳеҷ гуна имтиёзе бар дигарон надошт. Аз ин рӯ ҳаргоҳ тозавориде (одами нав) меомад, ки қаблан ӯро надида буд ва намешинохт, мегуфт: Салом бар ту, эй халифаи расули Худо. Ростӣ, кадом яке аз шумо халифа аст.

Чунин ба назар мерасад, ки Абубакр (р) ин ҳусни сифатро аз Расулу-л-лоҳ (с) иктисоб карда буда, зеро он ҳазрат чунин буд ва ҳаргоҳ касе ворид мешуд, ки қаблан шарафи ҳузур надошта он ҳазратро намешинохт, салом мекард ва мегуфт: Салом бар ту, эй Расули Худо ва кадоме аз шумо Расули Худост.

Масъудӣ дар таърихномаи худ ба номи «Муруҷу-з-заҳаб» (с.298-299) дар бораи тавозӯъи Абубакр (р) мегӯяд: «Абубакр (р) беэътинотарин мардум нисбат ба дунё буд. Беш аз ҳама кас фурутан буд. Дар ахлоқ ва рафтораш ба мардум бисёр мутавозеъ (хоксор) ва меҳрубон буд. Аз таъоми лазиз ва либоси гаронбаҳо безор буд. Либосаш дар замони хилофат ридое ва абое буд. Пешвоёни қабоил ва ашрофи араб ва подшоҳони Хиттаи Яман бар ӯ ворид шуданд, дар ҳоле ки либосҳои фохир ва зебо ва зарбофт ва шинелҳои малиладӯзи тиллоӣ пӯшида ва тоҷҳои мурассаъ ва заррин бо нигинҳои пурбаҳо бар сар ниҳода буданд.

Чун онҳо диданд, ки Абубакр бо он ки халифаи мусалмонон аст ва азамат ва ҷалоли хилофат дорад ва дар мақоми хеле бартар аз онҳо мебошад, фурӯтан ва аз зоҳирсозӣ ва худнамоӣ безор аст ва назаре ба зару зевари дунё надорад ва монанди соири мардуми оддӣ либоси содда мепӯшад. Аз ин рӯ онҳо ба худ омада ба ӯ иқтидо намуда, ба роҳи ӯ рафтанд ва ончиро ки пӯшида буданд аз тан бадар оварда, либоси содда пӯшиданд. Яке аз ин подшоҳон Зулкилоъ подшоҳи Ҳимяри Яман буд, ки бо ҷалоли салтанат ба Мадина омад ва илова бар хешу қавм ва атрофиёнаш ҳазор ғулом ҳамроҳ дошт, бо ҳамон либоси гаронбаҳо ва тоҷи заррин ба назди Абубакр (р) омад, вале чун ӯро бо либоси содда дид, аз либоси подшоҳӣ берун омад ва монанди Абубакр (р) либоси содда пӯшид. Гуё баъзе аз ҳамроҳонаш ӯро дар ин боб сарзаниш мекунанд. Оё медонед дар ҷавоби онҳо чӣ гуфт?

Ҷавоб дод:

-Магар мехоҳед акнун, ки мусалмон шудаам, боз ҳам монанди замони куфрам подшоҳи мутакаббир ва худхоҳ бошам. Не, чунин нахоҳам буд. Ба Худо қасам ҳаргиз намешавад ба дурусти фармони Худо бурд, магар дар ҳоли тавозуъ ва чашмпӯшӣ аз зару зинати дунё.

Оре, подшоҳон ва зуамои (пешвоён) қабоил, ки назди Абубакр (р) меомаданд, бо он ки қаблан мутаккабир буданд, мутавозеъ (хоксор) мегаштанд ва пас аз ин ки қаблан худхоҳ буданд, фурутан мешуданд.

Дар гӯшаи дурафтодаи шаҳри Мадинаи мунаввара пиразани нобино ва нотавоне буд, ки Умар ибни Хатоб аз ҳолаш бохабар шуда, шабҳо ба хонаи ин пиразан мерафт ва барои касби савоб, корҳои хонаи муҳаққарашро анҷом медод ва мураттаб менамуд.

Пас аз муддате дид, ки каси дигаре ҳар шаб қабл аз ӯ омада корҳояшро анҷом дода ва рафта аст. Аз ин рӯ шаби дигар дар камин нишаст то бидонад чӣ касе аз ӯ сабқат (пешдастӣ) мегирад ва он шахсро дид ва шинохт. Медонед чӣ касе буд? Он кас ҳазрати Абубакр (р) халифаи расули Худо буд. Оре, Он шахс фармонравои ҷаҳони ислом буд, ки бо ин мақоми азим мутавозеъ буд ва шабҳо бидуни ин ки касе бидонад, қурбатан (наздик шудан) илаллоҳ ба хидмати заифе аз раъоёи (мардум) худ мепардохт.

Бо як нигоҳи кӯтоҳ ба он чи гуфтем, ба дурустӣ пай мебарем, ки шахсияти бузург ва каромати комили инсонӣ дар ниҳоди Абубакр (р) нуҳуфта шуда ва мақому ҷалоли хилофат ва фармонравоӣ на танҳо тағйир дар ахлоқаш надод, балки ӯро мутавозеътар аз мо қабли хилофат кард.

Ҳамин тавозуъ ҳамроҳ ба ҷалоли хилофаташ буд, ки салотини араб ва зуамои қабоил, ки ба ҳузураш меомаданд, таҳти таъсир қарор гирифта ва онҳо низ ба пайравӣ аз ӯ монанди ӯ шуда аз ҷабарут ва таккабур безор ва фурутан мегардиданд. Либоси кибр аз тан берун меоварданд ва зиндагии оддӣ ва содда ихтиёр менамуданд.

Азамат ва қудрати руҳии Абубакр (р)

Қудрати руҳӣ ва азамати шахсият ду сифат аз сифоти худододии башар мебошанд. Ин ду сифат омили асосии иртиқо ва маншаи аслии пешрафти башар дар заминаи масолиҳи умумии ҷомеаанд. Ҳар як аз ин ду сифат ҳангоме ба хубӣ таҷаллӣ мекунанд, ки ҳодисае аз ҳаводиси муҳим ва ногувор рух диҳад. Он вақт аст, ки маълум мешавад, ки кадом як аз афроди ҷомеъа гумкардаи ин ду сифат аст ва чи касе доро ва қавӣ буда, ӯ аз дигарон дар ин ду сифат бартар аст.

Ҳар гоҳ ба ҳар як аз ин ду ҳодисаи азим ки нақл мешавад каме назар андозем, барои мо аён мешавад, ки ҳазрати Абубакр (р) дорои руҳияи басо бузург ва азамати камназир буда ва аз бақияи асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с) бартар аст.

Ҳодисаи аввал (даргузашти паёмбар (с))

Рӯзе ки Расулу-л-лоҳ (с) вафот ёфта, ба малаи аъло шитофт, ин фоҷиаи азим ба ҳадде ба мусалмонон шадид буд, ки онҳоро дигаргун сохт гӯё осмон бар сарашон фуруд омад, онҳоро дар вазъи ғайриоддӣ ва дар ҳоли шабиҳ ба беҳушшудан ва аз худбехабарӣ қарор дод: То он ҷо ки ҳатто аз оёти Қуръон, ки ҳамеша тиловат мекарданд, ғофил шуданд чаро ки Қуръон мефармояд анбиёи Худо башаранд ва онҳо ҳам монанди соири афроди башар ҳаёт ва мавт доранд. Махсусан Қуръон ба он ҳазрат хитоб карда мефармояд:

Сухани Худо:

— Ҳамоно, ту эй Муҳаммад хоҳӣ мурд ва онҳо низ хоҳанд мурд.

(Сураи аз-Зумар, ояти 30)

Ояти дигари Қуръон, ки дар ин бора мефармояд:

Сухани Худо:

— Нест Муҳаммад ҷуз расуле, ки пеш аз ӯ ҳам расулоне омадаанд ва рафтаанд.

(Сураи Оли Имрон, ояти 144)

Асҳоби гиромии Расулу-л-лоҳ (с) қаблан аз ин ду оят ва оёти дигари Қуръон иттилоъ дошта ҳамеша тиловат мекарданд, вале инак дар вазъе қарор гирифта буданд, ки тавозун ва саломати фикри худро аз даст дода, аслан ба фикри ин оёт набуданд. Баъзе аз онҳо бовар надоштанд, ки Расулу-л-лоҳ (с) ҳам мемирад ва акнун вафот ёфтааст, бо худ мегуфтанд: Магар мешавад, ки Муҳаммад расули баргузидаи Худо монанди бақияи мардум бимирад. Баъзеҳо аз худ ё аз дигарон мепурсиданд: Ростӣ, оё Муҳаммад вафот ёфтааст? Агар дуруст бошад, пас чӣ мешавад ва чӣ бояд кард? Ояндаи мусалмонон чӣ хоҳад шуд? Сарнавишти дини ислом чӣ хоҳад буд? Ҳатто ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р), ки ба қуввати қалбӣ ва қудрати руҳӣ, шӯҳрати таърихӣ дорад, вафоти он ҳазратро бовар надошт. Қабзаи шамшери бараҳна ба даст гирифта мардумро дар масҷид таҳдид мекард ва мегуфт:

-Мабодо аз касе бишнавам, ки бигӯяд Муҳаммад вафот ёфта валлоҳ бо ин шамшер сарашро хоҳам зад. Усмон бини Аффон домоди Паёмбар дар гушае аз масҷид нишаста буд ва гиря мекард. Хулоса вазъе пеш омада буд, ки мардум ҳатто саҳобаи бузурги Расулу-л-лоҳ (с) шуури худро аз даст дода буданд, касе набуд, ки онҳоро ба ҳақиқати ҳодиса воқиф ва огоҳ сохта, ба роҳи рушд ва савоб даъват намояд то аз ин вазъ берун оянд, ҷуз Абубакри Сиддиқ (р). Оре, Абубакр (р) пас аз вуқӯъи ин мусибати ҷонгудоз ибтидоан ба масҷид ворид мешавад ва чун мебинад мардум ошуфтавор дар ҳам рехта сар аз по намешиносанд ва дар вазъи комилан ғайриоддӣ қарор гирифтаанд, онҳоро ба ҳоли худ гузошта аз масҷид хориҷ ва фавран ба хонаи Расулу-л-лоҳ (с), ки муттасил ба масҷид буд, дохил мешавад. Пушокро аз чеҳраи муқаддаси Расулу-л-лоҳ (с) каме ба канор мезанад ва даҳон бар чеҳраи мубораки Расулу-л-лоҳ (с) гузорида онро мебӯсаду мебӯяд ва гирякунон мегӯяд:

Падар ва модарам фидоят бод, эй расули Худо. Чӣ покиза ва чӣ хушбӯӣ, чӣ дар ҳаёт ва чӣ дар мамот.

Сипас чеҳраи муборакашро муҷаддадан мепӯшонад. Ба масҷид меояд. Бар руи минбари Расулу-л-лоҳ (с) менишинад. Мардумро ба оромиш ва нишастану шунидани хутба даъват намуда, пас аз зикри муқаддимаи хутба мегӯяд: «Ҳамоно дар он ҳангом ки Муҳаммад зинда буд Худо (дар Қуръон) хабар дод, ки ӯ хоҳад мурд ва чунин фармуд (ҳамоно ту хоҳӣ мурд ва онҳо низ хоҳанд мурд) ва низ фармуд (нест Муҳаммад ҷуз расуле, ки пеш аз ӯ расулоне ба дунё омадаанд ва аз дунё рафтаанд, оё пас ҳаргоҳ ӯ (ҳам монанди онҳо) бимирад ё кушта шавад, шумо ба ақиб баргашта ба дини ботили худ боз мегардед. Огоҳ бошед ҳар кас ба ақиби худ баргардад, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонад ва Худо ба бурдборон зуд подош медиҳад.) Ҳамоно Худои азза ва ҷалл ба Муҳаммад умр дод ва ӯро дар ин ҷаҳон боқӣ гузошт то онгоҳ ки дини худоро барпо дошт ва ӯ авомири Худо ва рисолатеро, ки Худо ба ӯ тафвиз фармуда буд ба мардум таблиғ фармуд ва бо душманони дини Худо ба ҷанг ва ҷиҳод пардохт. Акнун Худо ӯро пас аз анҷоми ин маъмурият ва пас аз ин мувваффақият ба худ фаро хонд ва шуморо бар ин роҳу равиши равшан ба ҷой гузошт. Огоҳ бошед ҳар кас Муҳаммадро ба паёмбарӣ қабул дорад, пас бидонад, ки Муҳаммад вафот ёфт ва ҳар кас Худоро мепарастад, бидонад, ки Худо зиндааст ва ҳаргиз нахоҳад мурд. Пас биёед дини худро ба хубӣ нигаҳ доред ва бар Худои худ таваккул ва эътимод кунед, зеро агарчи Муҳаммад вафот ёфта, дини Худо барҷост. Каломи Худо боқист. Худо ёрӣдиҳандаи дини худ ва тақвияткунандаи диндорон мебошад. Ҳамоно китоби Худо дар байни шумост. Ин китоб рушнои ва шифодиҳанда аст (амрози иҷтимои ва руҳи шуморо муолиҷа ва шифо медиҳад). Худо, Муҳаммадро бо ҳамин китоб роҳнамои фармуд ва дар ин китоб он чиро ки Худо ҳалол фармуда ва он чиро, ки ҳаром дониста аст баён шуда аст. Ба Худо қасам ҳеҷ эътиное надорем ва наметарсем, ки касе халқи худоро бар мо бишуронад. Ҳамоно шамшерҳои мо бараҳна аст. То кунун аз даст нагузоштаем. Меҷангем бо ҳар касе, ки бо мо ба мухолифат бархезад, ҳамчунон ки ҳамроҳи расули Худо бо душманон ҷангидем. Пас, ҳар кас мутамаррид ва саркаш шавад, коре ҷуз ба зиёни хеш нахоҳад кард.

Ин буд хутбаи мухтасаре, ки Абубакр (р) дар масҷиди Расулу-л-лоҳ (с) ва бар минбари Расулу-л-лоҳ (с) ба муносибати вафоти Расулу-л-лоҳ (с) хонд ва чунонки мулоҳиза мешавад, бо ин хутба ба мардуми ҳайрону саргардон тазаккур дод ва таҳаққуқи (дурустии) вафоти Расулу-л-лоҳ (с)-ро ба онҳо эълом намуд ва мардумро мутаваҷҷеҳ сохт, ки гарчи Расулу-л-лоҳ (с) вафот ёфта, вале дини Худо ва китоби Худо боқӣ аст. Ба онҳо фаҳмонд, ки маъбуди ҳақиқӣ, Худост на Муҳаммад. Пас агар Муҳаммад аз дунё рафта, Худо ҳамеша боқӣ аст ва нахоҳад мурд. Бояд ӯро парастед ва амрашро итоат кунед. Низ ба онҳо тазаккур дод, ки Расулу-л-лоҳ (с) аз тарафи Худо рисолате, ки дошт он рисолатро анҷом дода ба поён расонид. Дини Худоро ба таври комил таблиғ фармуд. Китоби Худоро ба наҳви комил дар байни онҳо ва дар дасти онҳо ба ҷой гузошт. Пас аз ин, ки рисолаташро, ё дурустараш адои вазифаашро анҷом дод, ба сӯйи парвардигораш шитофт. Ҳамчунин онҳоро ба бақои дини Худо ва давоми китоби Худо ва ҳусни ояндаи мусалмонон навид дод ва мутмаин сохт. Душманони исломро таҳдид ба шамшераш намуда, онҳоро аз ҳаргуна сӯйиқасде барҳазар дошт. Мардум фаҳмиданд, ки ба ростӣ расули Худо вафот ёфта аст. Ҳамаи мардум ояте, ки Абубакр дар хутба хонд ва онҳо дар ин ҳолати дарднок ва ғамангез аз он ғафлат карда буданд, бо садои байни оҳиста ва баланд (яъне, миёна) тиловат намуданд. Ҳамаи онҳо мутмаин шуданд, ки гарчи расули Худо аз миёни онҳо рафта, вале китоби Худо, ки роҳнамои ӯ буд ва ӯ умматро бо таълими ҳамин китоб иршод ва роҳбарӣ мефармуд, камокон ба мисли пешин дар байни мусалмонон пас аз худ бар ҷой ниҳода ва аҳкоми Худо аз ҳалол ва ҳаром дар ин китоб баён шуда, пас дигар аз ин бобат саргардон ва гумроҳ нахоҳанд шуд.

Ҳақиқатан, хутбаи Абубакр монанди борони раҳмате буд, ки дар ҳини тӯфони хатарноке бар мусалмонон борид ва ин тӯфони ваҳшатнокро фурӯ нишонд ва ба онҳо итминони (боварӣ) хотир ва оромиши қалбӣ бахшид.

Бале ин чунин аст, асароту ҷаззобияти руҳии мардони азими ҷаҳон, ки умматеро мафтуни калимоти амиқ ва ҷомеасози худ менамоянд, роҳи ояндаро барои миллати ҳайрон ва саргардон равшан месозанд ва онҳоро аз хатаре, ки дар канори он қарор гирифтаанд, раҳонида наҷот медиҳанд.

Ба ростӣ, агар матонат ва қудрати руҳии Абубакр дар ин ҳангом ба кор намеафтод, маълум набуд асароти афкори ошуфтаи мардуми саргардон ва ҳайрон ба куҷо мерасид ва вазъи ноҳамворашон, ки душманон дар дохили Мадина ва атрофи он дар интизори чунин фурсате буданд, то ба нафъи худ баҳра бигиранд, чӣ мешуд. Худо ба Абубакр беҳтарин подошро диҳад.

Ҳодисаи дуввум (набард бо муртадон)

Дар ҳамон рӯзҳои аввале, ки Абубакр пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ба хилофат расид, бо хатари хавфноке рӯ ба рӯ гардид. Ин хатар мавҷудияти мусалмонон ва каёни (салтанат) дини ислом ва маркази хилофатро сахт дар маърази завол ва нобудӣ қарор дода буд, бад-ин сон, ки ҷуз аҳли Мадина ва Макка, қабилаи Абдулқайс дар Баҳрайн бақияи мардуми нимҷазираи араб ҳама сар ба туғёнӯ шӯриш бардоштанд ва аз итоати ҳукумати марказии ислом сар боз заданд. Ба ин тафсил, ки баъзе аз қабоили араб дар давраи ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ҳамчунон мушрик буда, ба дини Ислом нагаравида мухолифи дини Ислом ва душмани мусалмонон буданд, ҳатто баъзе аз саронашон, аз қабили Мусайламаи каззоб раиси қабилаи бани Ҳанифа дар Ямома ва зане ба номи Саҷоҳа аз қабилаи бани Тамим ва Абҳала ибни Каъб (Асвади Ансӣ) дар Яман ва Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ дар қабилаи Асад ва Ғатфон ва Тай, ба дурӯғ иддиои нубувват карда буданд ва корашон хеле боло гирифт. Пайравони ҷасур ва аз ҷон гузашта пайдо карданд, ки ҳадафи тамоми онҳо нобуд кардани ҳукумати Ислом ва барбод додани дини Ислом буд. Баъзе дигар аз қабилаҳои араб ва ҳатто баъзе аз аҳли Мадина дар дохили шаҳри Мадина гарчӣ дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) зоҳиран мусалмон ва мутеи ҳукумати Ислом шуда буданд, вале мунофиқ буданд. Яъне фақат ба зоҳир мусалмон ва мутеи ҳукумати Ислом буданд. Чунонки Қуръон тибқи оятҳои 97-98-ум ва ояти 101-уми сураи Тавба дар бораи онҳо мефармояд:

Сухани Худо:

«Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз аҳкоме, ки Худо ба Паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст! Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибатҳо бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност!».

(Сураи Тавба оятҳои 97-98)

«Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, Мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард (як бор дар дунё бо нобудшудани молу фарзандонашон ва бори дуввум азоби қабр) ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд».

(Сураи Тавба, ояти 101)

Баъзе аз онҳо мепиндоранд, ки он чӣ ки аз моли худ дар роҳи хайр ва салоҳи умумӣ сарф мекунанд зиён ва хасорат аст. Онҳо дар интизоранд, ки осебҳои замона ба шумо бирасад.

Баъзе дигар аз қабоили араб гарчӣ дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) мусалмон шуда буданд, вале чун дар охири ҳаёти он ҳазрат имон оварда буданд, ҳанӯз имон ба дурустӣ дар аъмоқи қалбашон нуфӯз накарда буд то ба хубӣ дар вуҷудашон сироят намуда онҳоро таҳти таъсири имон дароварад.

Ин ду гурӯҳ, яъне мунофиқин ва навмусалмонон пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) муртад шуданд, яъне мунофиқин куфри ниҳонии худро аён сохтанд ва навмусалмонон ба куфри худ бозгаштанд ва ҳарду аз ҳайси маром ва душманӣ бо мусалмонон дар ҷиҳати гуруҳи аввал яъне куффоре, ки аслан на зоҳиран ва на ботинан мусалмон нашуда буданд, қарор гирифтанд.

Қабоили дигаре ҳам буданд, ки дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ба ҳақиқат мусалмон шуда буданд ва зоҳирану ботинан мӯъмин буданд, вале пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) бо ҳифзи ақида ва имони худ аз итоати халифа ва пардохти закоти амволашон, ки рукне аз аркони дини ислом ва амре аз умури иҷтимоии мусалмонон аст, худдорӣ карданд.

Пиндорашон ин буд, ки агар қаблан мутеи давлати исломӣ буданд ва закоти амволашонро, ки ҷанбаи молиёти имрӯзӣ дошта, ба он давлат мепардохтанд илате дошт, ки саҳеҳ буд ва он ин аст, ки раиси давлати исломӣ Расули Худо буд ва тибқи фармудаи Худо, ки «Паёмбар барои мӯъминон аз ҷонашон ҳам авлотар аст», вуҷуди он Ҳазрат барои идораи умури умумии мусалмонон беҳтар аз худашон буд, вале акнун расули Худо аз дунё рафта ва Абубакр, ки ба ҷои он ҳазрат дар раёсати давлат қарор гирифта, монанди худи онҳо башаре аст, ки ба василаи ваҳй бо Худо иртибот надорад, то аз ин ҷиҳат монанди Расулу-л-лоҳ (с) бартарӣ дошта ва аз онҳо беҳтар бошад. Пас чаро боз ҳам мутеи халифа бошанд ва чӣ лузуме дорад, ки акнун ҳам монанди гузашта закоти худро ба маркази хилофат бипардозанд. Оё беҳтар нест, ки бо ҳифзи мусалмонии худ монанди собиқ мустақил бошанд.

Баъзе аз қабоили дигаре ҳам буданд, ки гарчӣ дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) мусалмон нашуданд, вале бо он ҳазрат паймони сиёсӣ бастанд ва аз ҳайси сиёсати ҳукумати исломӣ тобеи он шуда хироҷ ба ин ҳукумат мепардохтанд. Инҳо низ пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) аҳдшиканӣ карда, сар аз итоати ҳукумати исломӣ бартофтанд. Ин панҷ гурӯҳ аз ин қабиланд:

1. Мушрикони аслӣ, ки аслан мусалмон нашуда буданд.

2. Мунофиқин.

3. Навмусалмонони муртад (аз дин баргаштагон).

4. Мусалмонони ҳақиқии монеъи пардохти закот ва мутамаррид (саркаш).

5. Мушрикони ҳампаймон бо Расулу-л-лоҳ (с).

Маҷмӯи шумора ва қувваҳои ҷангии онҳо хеле беш аз шумора ва қувваҳои маркази хилофат буд. Гарчӣ аз ҳайси ақида бо ҳам фарқ доштанд ва монеъини закот ақидатан мусалмон буданд, вале ҳамаи онҳо аз ҳайси мухилофат бо ҳукумати хилофат, иттифоқи назар доштанд.

Бинобар ин агар Абубакр ба онҳо маҷол медод, чун ҳадафи муштараке доштанд бешубҳа бо ҳам муттаҳид мешуданд ва ба Мадина ҳамла мекарданд ва онгоҳ Абубакр наметавонист бо таҷҳизот ва қуввае, ки дар ихтиёр дошт аз ӯҳдаи дифоъ барояд ва дин дар маърази хатар ва ҳукумати исломӣ дар маърази завол қарор мегирифт.

Аз ин ҷиҳат қабл аз ин ки онҳо фурсате пайдо карда, дасти иттиҳод ба ҳам бидиҳанд, ҳазрати Абубакр бояд пешдастӣ карда, дар як лаҳза ва якбора ба сӯи ҳар як аз онҳо ҷудогона лашкар бикашад то онҳоро ғофилгир намуда, дар маҳалли қабила ва дар диёрашон саркӯб намояд. Албатта, барои ин кор бояд таҷҳизот ва неруҳоеро, ки дар ихтиёр дорад ба кор андозад, то битавонад аз ӯҳдаи пайкор дар чандин ҷабҳа барояд.

Эъзоми сипоҳи Усома

Вале ин амр дар ин ҳангом барои Абубакр муяссар набуд. Зеро ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) каме қабл аз бемории маргаш лашкаре аз фармондеҳони баргузида ва муҷоҳидини варзидаи мусалмононро таҳти фармондеҳии Усома бинни Зайд ибни Ҳориса ғуломзодааш, ки ҷавони бист сола, вале лоиқ ва далер буд, фароҳам фармуда буд, то ба сарзамини Фаластин, ки мустаъмара ё зери тасарруфи давлати Руми Шарқӣ (Бизонс)буд, равон намояд ва порчаи парчами ин сипоҳро бо дасти мубораки худ ба чуб баст ва ба дасти Усома супурд ва амр фармуд, бо лашкари худ то ноҳияи Балқо ва Дорум дар Фаластин пеш битозад, то сипоҳи ин давлатро, ки хабар расида буд қасд дорад ба Мадина ҳамла намояд, ғофилгир намуда, онҳоро шикаст диҳад ва сипас бе таъхир ба Мадина боз гардад, вале он ҳазрат қабл аз ҳаракати ин сипоҳ ба олами аъло шитофт.

Чун ҳаракати ин лашкар ба сарзамини ишғолии Бизонс (Византия), ки чашми тамаъ ба хоки араб дӯхта буд, барои мусалмонон ҷанбаи ҳаётӣ дошт, Расулу-л-лоҳ (с) дар беморие, ки аз он даргузашт, худ тавсия ва таъкид фармуд то сипоҳи Усома омода шавад ва барои расидан ба мақсад ҳаракат кунад.

Инак, агар Абубакр лашкари Усомаро дар ин ҳангом ки қабоили араб дар дохили нимҷазира саркаш шудаанд, ба ҷанги лашкари Бизонс равон мекард, дигар сипоҳи кофӣ барои дафъи хатари қабоили саркаши дохили надошт ва агар аз равона кардани сипоҳи Усома худдорӣ мекард, то камбудии сипоҳи Мадинаро барои муқобила бо қабоили саркаш ҷуброн намояд, рӯ ба рӯ бо хатари ҳуҷуми сипоҳи Бизонс мегардид ва гузашта аз ин дар ин сурат бар хилофи васияти муаккади Расулу-л-лоҳ (с) амал мешуд, ки фармуда буд сипоҳи Усомаро омода намоянд.

Акнун чунон ки мебинем, Абубакр дар оғози хилофаташ бо мушкиле рӯ ба рӯ шуда, ки ҳалли он, сиёсат ва тадбиру дурандешиеро лозим дорад.

Сарони корозмудаи асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) шӯриши қабоили дохилиро хатарноктар аз ҳамлаи сипоҳи Бизонс медонистанд. Бо ин таваҷҷӯҳ, ки сипоҳи Бизонс хориҷ аз хоки араб аст ва то худро муҳайё ва омода намуда, ба мақсад бирасад, муддате ё вақти тулоние лозим дорад. Аз ин рӯ ба Абубакр пешниҳод карданд, то дар ҳоли ҳозир аз фиристодани сипоҳи Усома ба сӯи онҳо боз истад ва онро ба вақти дигар, ки фурсати муносибе ба даст ояд, ба таъхир андозад ва акнун тамоми қувваи худро ҳамроҳ бо сипоҳи Усома муттаҳид намуда, ба саркуби шӯришчиёни дохилӣ бипардозад.

Вале Абубакр бо ин пешниҳод ба шиддат мухилофат кард ва фармуд: «Қасам ба Худое, ки ҷуз ӯ маъбуде барҳақ нест, сипоҳеро ки расул барои ҳаракат муҳайё фармуд ҳаргиз барнамегардонам ва абадан парчамеро, ки Расулу-л-лоҳ (с) бо дасти худ баст ва биорост боз нахоҳам кард». Фармон дод то ин сипоҳ бедаранг ба тарафи мақсаде, ки Расулу-л-лоҳ (с) мехост, ҳаракат кунад ва шахсан пиёда ба хориҷи шаҳри Мадина дар қароргоҳи сипоҳиён ҳозир шуд ва ба онҳо тавсия намуд ва даст баланд карда барои фатҳ ва ғалабаи онҳо ба даргоҳи муқаддаси парвардигор дуо кард.

Ба ростӣ, ки иқдоми Абубакр дар фиристодани сипоҳи Усома чӣ сиёсати дуруст ва чӣ тасмими саҳеҳе буд. Зеро ҳаракати густардаи ин лашкари муҷаҳҳаз дар мулки араб ва ё шибҳи ҷазира, ки ба наззораи ҳамагон ҷилвагар буд ва аз канори баъзе аз қабоили шӯришӣ убур мекарданд ва он ҳам барои ҳамла ба хоки давлати муқтадире монанди Руми шарқӣ, ки ғолибан бо императории азими Эрон даргир будааст, тарс ва руъб дар қулуби шуришиёни араб афканд, ки онҳоро аз андешаи ҳамла ба Мадина боздошт ва фоидаи худро дар ин диданд, ки дар кори худ эҳтиёт кунанд ва худро бо Абубакр (р) даргир насозанд: Махсусан вақте медиданд, ки ин сипоҳ аз заминҳои онҳо мегузарад ва гарду ғубори ҳаракати онҳо фазоро мепӯшонад ва ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба онҳо намекунанд ва онҳоро ҳеҷ меҳисобанд.

Азимат ва ҳаракати ин лашкари рашид, қабоили шӯриширо ба ин фикр водор намуд, ки агар ҳукумати марказии исломӣ муқтадир намебуд ва ба ҳадди кофи сарбоз ва тадорукоти ҷангӣ барои дифоъ ва муҳофизати Мадина дар ихтиёр намедошт, ин сипоҳро дар ин ҳангом, ки оташи фитна ва ошуб аз ҳар сӯ забона мекашад, аз худ дур намесохт.

Абубакр бо ин иқдоми сиёсӣ ба душманони дохилӣ гӯшзад намуд, ки ҳукумати марказии хилофат як ҳукумати муқтадир ва бо шавкат аст, ки наметавон бо он рӯ ба рӯ шуд.

Агар Абубакр ин сипоҳро барои зурозмоӣ ва набард бо давлати Бизонс намефиристод ва онҳоро барои ҷангҳои дохилӣ захира нигаҳ медошт ва бо шӯришиён вориди ҷанг мешуд, дар ҳақиқат лашкари Рум фурсатро ғанимат шумурда, ба хоки араб метохт. Абубакр ночор мешуд лашкари худро ба ду қисмат карда, дар як лаҳза бо ду душмани дохилӣ ва хориҷӣ биҷангад ва чи басо ки наметавонист аз ӯҳдаи ин кор барояд. Махсусан дар ҷабҳаи ҷанг бо Рум, ки ҳолати дифоъ ба худ мегирифт. Агар ба таърихи умумии ҷаҳон муроҷиа намоем, хоҳем дид, ки рӯҳияи сарбозони мудофиъ ҳамеша заифтар аз сарбозони муҳоҷим буда аст. Мудофион ғолибан шикаст хурдаанд ва фатҳ насиби муҳоҷим буда аст.

Сипоҳи Усома тибқи дастур ва нақшаи Расулу-л-лоҳ (с), ки қабл аз вафоти худ ба Усома дода буд, ба Балқои Фаластин ворид шуд. Он ҷо бо лашкари Бизонси Рум, ки неруҳои онҳо хеле беш аз мусалмонон буд, рӯ ба рӯ гардиданд ва пас аз ҷанги сахте, ки байни онҳо даргирифт ва тарафайн бо шуҷоати камназире бо ҳам ҷангиданд, рафта — рафта тавфиқ ва ғалабаи мусалмонон, ки муҳоҷим буданд ва шиорашон дар майдони ҷанг (Аллоҳу Акбар) буд, намоён гардид. Сипоҳи Рум маҷбур шуд ақиб нишинад то бақияи афроди худро аз маърка бадар бурда наҷот диҳад.

Усома ба ҳамин фатҳе, ки ба даст овард қонеъ шуд ва чунонки Расулу-л-лоҳ (с) ба ӯ амр фармуда буд, беш аз ин дар хоки душман пеш нарафт зеро мақсади аслӣ аз лашкаркашӣ, қудратнамоӣ ва қуваозмоии ҷангӣ дар муқобили душман ва барои пешгирии ҳуҷуми он бар хоки араб буд. Фатҳе, ки ба даст овард, ҳамон ҷизе буд, ки барои таҳқиқи он ҳаракат карда буд ва ин амр дақиқан ҳамон матлабе буд, ки Расулу-л-лоҳ (с) мехост.

Аз ин хотир Усома бо лашкари фотеҳи худ ба Мадина бозгашт ва дар ҳоле, ки бар ҳамон аспи падари шаҳидаш савор буд ва ҳамон парчами фатҳе, ки Расулу-л-лоҳ (с) бо дасти мубораки худ ороста ва афрошта буд, дар пешопеши ӯ дарҳаракат буд, ба шаҳри Мадина ворид гардид, то пас аз истироҳат ва рафъи хастагӣ аз ин сафари ҷангӣ дубора дар ҷангҳои дохилӣ, ки Абубакр қабл аз бозгашти ин сипоҳ шурӯъ карда буд, ширкат кунад.

Мусалмонон аз пирӯзии ин сипоҳ бениҳоят хушҳол шуданд. Чаро зиёд хушҳол нашаванд. Магар на ин аст, ки ин фатҳ, умед ва орзуи Расулу-л-лоҳ (с) буд. Магар на ин аст, ки ин фатҳи азим, ки мусалмонон бар душмани хориҷӣ ва дар замини худи душмани хориҷӣ пирӯз шуданд, барои аввалин бор аст, ки пас аз ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) насиби мусалмонон шуда буд. Магар на ин аст, ки ин пирузии бузург мазҳари қудрат ва намоёнгари шавкати ислом буд. Албатта, оре, ва илова бар инҳо ин фатҳи бузург ношӣ аз ҳусни тадбир ва сиёсати Абубакр (р) буд.

Ройзанӣ (машварат) барои набард бо муртадон ва мункирони (инкоркунандагони) закот

Абубакр (р) қабл аз бозгашти сипоҳи Усома ба бақияи мусалмонон фармон дод, то худро барои набард бо қабоили муртад ва саркаши араб ҳозир намоянд. Вале баъзе аз асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с), ки ҳазрати Умар (р) низ аз онҳо буд, нисбат ба набард бо мусалмононе, ки аз додани закот саркашӣ намудаанд, мухолиф буданд. Ҳазрати Умар ошкоро ба Абубакр гуфт:

— Чӣ гуна бо онҳо, ки гуяндагони Ло илоҳа иллаллоҳ ҳастанд меҷангӣ ва ҳол он ки Расулу-л-лоҳ (с) фармуд:

— Ба ман амр шудааст бо мардум биҷангам, то он гоҳ ки бигӯянд! Ло илоҳа иллаллоҳ. Пас, ҳар кас инро гуфт, мол ва хештанашро аз ҳуҷуми ман ҳифз менамояд, магар дар мавриде, ки гирифтани молаш ё гирифтани шахси худаш тибқи дастури шариат буда ва ҷанбаи ҳақ дошта бошад.»

Вале Абубакр таслими назар ва эътирози онҳо нашуд. Зеро тарки закот на танҳо бар хилофи насси (ояти) сариҳи шаръи ислом буда, балки мухолифи маслиҳати иҷтимоии ҳукумати ислом буд. Аз ин хотир Абубакр аз ин бобат барошуфт ва гуфт: «Гузашт он чи гузашт, аҳкоми илоҳӣ барқарор гардид, ҳазрати Расулу-л-лоҳ (с) даргузашт ва ваҳйи илоҳӣ мунқатеъ гардид, (пас аҳкоми илоҳӣ камокон боқӣ аст,) дини Худо комил гардида аст. Оё имкон дорад, ки амре аз умури дин (ки закот яке аз онҳост) нақз ва ботил гардад, дар ҳоле ки ман зинда бошам. Ба Худо қасам бо ҳар касе, ки байни намоз ва закот, ки ду рукни исломанд, тафриқ ва ҷудоӣ бигузорад (яъне, намозро фарз дониста бихонад ва закотро лозим надониста напардозад), хоҳам ҷангид, чунки закот ҳаққе аст аз ҳуқуқи молӣ ва Расулу-л-лоҳ (с) фармуд (магар ба ҳаққаш). Ба Худо, (қасам) агар масалан банди шутуреро, ки қаблан ба Расулу-л-лоҳ медоданд, акнун аз ман дареғ намоянд, бар сари ҳамин чизи кӯчак бо онҳо хоҳам ҷангид то аз онҳо боз ситонам. Ба Худо (қасам) модоме, ки шамшер дар дастам бимонад, бо онҳо хоҳам ҷангид».

Ҳазрати Умар (р) пас аз шунидани фармоиши Абубакр (р) мегӯяд: Пас қасам ба Худо ҷуз ин нест, ки аз ҷавоби Абубакр фаҳмидам, ки Худо ба ӯ илҳом фармуда ва қалбашро барои ин кор кушода ва донистам ки он чи дар ин бора мегӯяд, ҳақ аст.

Абубакр пас аз ҳаракати сипоҳи Усома ба тарафи қабоили навмусалмони муртад ва мусалмонони монеини закот, ки хабар расида буд мехоҳанд ба Мадина ҳамла кунанд ва баъзе аз онҳо ба сӯи Мадина дар ҳаракатанд бо сипоҳе, ки аксари онҳо аз шайх ва бузургсолони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) буданд таҳти фармондеҳии шахсии худаш ҳаракат кард. Дар роҳ бо онҳо бархӯрд ва бар онҳо тохт ва хеле зуд ба онҳо ғолиб ва бар амволашон тассалут пайдо намуд. Баъзе аз онҳо таслим шуданд ва сари итоат фурӯд оварданд. Баъзе дигар аз таслим худдорӣ намуданд. Абубакр низ онҳоро таъқиб намуд ва аз хоки Ҳиҷоз ихроҷ ва то ноҳияи Бақиъ дар хоки Наҷд берун ронд.

Чун ошуби ин қабоил, ки дар гирду атрофи Мадина буданд, хомуш шуд ва фитна фурӯ нишаст, дар ин ҳангом сипоҳи Усома бо истироҳати чандинрӯза дар Мадина хастагии сафари худро бадар карда, нишот ва ҳаммосаи набард пайдо карда буд. Вақти он расида буд, ки Абубакр ҳисоби худро бо куффори саркаш ва ошубгар дар тамоми нимҷазира яксара намояд. Инак бақияи матлабро аз таърихи Доруқутнӣ мешунавем, ки мегӯяд: Чун Абубакр хост барои идомаи набард бо душманон шахсан фармондеҳии лашкари мусалмононро ба уҳда бигирад, баъзе аз бузургони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) , ки яке аз онҳо ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб буд салоҳ надиданд, ки Абубакри Сиддиқ (р) шахсан дар ин ҷанг, ки холӣ аз хатар набуд, ширкат намояд. Зеро дар чунин вазъе, ки душман медонад худи раиси давлат дар саҳнаи корзор ҳозир аст ва пайкор менамояд, ҳар ибтикоре, ки дар сар дорад истифода хоҳад намуд ва ҳар шиддати амале, ки дар қудрат дорад ба харҷ медиҳад, то ҳар тавр шуда ӯро ба қатл бирасонад. Зеро бо қатли ӯ рӯҳияи лашкараш зоеъ ва ба куллӣ аз байн меравад. Дигар қудрат ва суботе нахоҳад дошт ва нахоҳанд тавонист бар рӯи пои худ биистанд ва ба кори худ идома диҳанд. Дар ин сурат шикасти онҳо ҳатмӣ хоҳад буд. Гузашта аз ин ҳаргоҳ халифа дар ҷабҳаи ҷангӣ бошад, дар маркази хилофат касе нест, ки таҷҳизот ва қувваҳои имдодӣ фароҳам намояд ва ба ҷабҳаҳои ҷангӣ бифиристад то нерӯҳо ва захираи ҷангиро ки аз даст додаанд, ҷуброн намояд ва ба дасти онҳо бирасонад.

Фармондеҳони набард

Пас ҳузури халифа дар майдони ҷанг бар хилофи сиёсати ҷангӣ ва бар хилофи маслиҳат ва манфиати давлат мебошад. Халифа ҳатман бояд дар маркази хилофат бошад то он ҷоро муҳофизат намояд ва тадорукот ва қувваҳои имдодӣ, ки лозим мешуд фароҳам ва паёпай ба ҷабҳа бифиристад. Аз ин хотир Абубакр бо ин фикри ҳакимона мувофиқат намуд ва муборизонро байни ёздаҳ нафар аз амирон ва фармондеҳони варзида чунин тақсим намуд ва ҳар яке аз онҳоро маъмури ҳамла ба ноҳияе фармуд:

1. Холид ибни Валид барои пайкор бо Тулайҳа ибни Хувайлиди Асадӣ, ки дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) бардурӯғ даъвои нубувват карда буд ва аз паҳлавонони намоёни майдони ҷанг ва раиси қабилаи бани Асад дар сарзамини Наҷд буд. Афроди қабилааш аз ҷанговарони номвар буданд. Маъмурияти Холид ин буд ки ибтидо кори Тулайҳаро яксара намояд ва сипас ба кӯмаки Икрима барои барандохтани фитнаи Мусайлама бишитобад.

2. Икрима ибни Абуҷаҳл барои пайкор бо Мусайламаи каззоб, ки ӯ низ дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) иддиои нубуввати дӯрӯғин карда буд ва қабилаи бузурги бани Ҳанифа, ки мардуми зӯрманд ва разманда буданд, пайраваш шуда, барои ҷанг бо мусалмонон ва ҳамла ба Мадина мусаллаҳ шуда буданд.

3. Муҳоҷир ибни Умая барои ҷанг бо пайравони Асвади Ансӣ, ки аз суханварон ва зӯргӯёни (дурӯғгӯ) араб буд. Ӯ низ дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) дар Яман муддаии нубувват шуда ва пайравони фидокор пайдо карда буд. Ӯ дар охири айёми ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) ба дасти ҳамсараш ба қатл расид. Як рӯз қабл аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) хабари қатлаш ба Мадина расид. Пас аз қатлаш Қайс ибни Абдуяғус дар раъси пайравонаш қарор гирифта, онҳоро роҳнамоӣ кард ва алами (парчам) шӯришро барафрошт.

4. Амр ибни Ос барои ҷанг бо қабоили Қузоъа ва ғайра, ки дар атрофи онҳо буданд.

5. Саъд ибни Ос барои набард бо қабоили араби сокинони марзи араб ва Шом.

6. Ҳузайфа ибни Муҳсин барои ҷанг бо аҳли Дубои Уммон.

7. Арфаҷа ибни Ҳарсама барои набард бо аҳли Маҳра ва Уммон ки шахсе аз онҳо ба номи Зуттоҷлақит ибни Молик, иддаои нубуввати дурӯғин карда буд ва халқи зиёде динашро пазируфта буданд.

8. Шураҳбил ибни Ҳасана барои кумак ба Икрима дар пайкор бо Мусайлама ва пас аз фароғат аз ин ҷанг барои кӯмак ба Амр ибни Ос.

9. Турайфа ибни Ҳоҷиз барои набард бо қабилаи Ҳавозин ва бани Салим.

10. Сувайд бини Муқрин барои корзор бо куффори шурушии Тиҳома дар Яман.

11. Алоул-азрамӣ барои пайкор бо муртадини Баҳрайн.

Абубакр (р) ба ҳар яке аз ин фармондеҳон амр фармуд то бо нерӯҳои таҳти фармонашон ба мақсади маъмурияти худ ҳаракат намоянд ва зимни аҳдномае, ки навишта ба онҳо супорид, онҳоро ба тақво ва парҳезкорӣ тавсия намуд ва дастур дод, ки дар таблиғ ва нашри дини ислом бикӯшанд. Бо ҳар касе, ки аз амри Худо саркашӣ ва аз дини Худо рӯй гардонида, ба орзу ва хостаҳои шайтон рӯй овардааст, биҷанганд. Таъкид намуд, ки дар масири худ ҳаргиз касеро, ки намешиносанд дар сипоҳи худ роҳ надиҳанд, чи шояд ҷосуси душман бошад ва аз асрори онҳо бохабар шуда, ба душман бирасонад. Ҳар як аз ин фармондеҳон тибқи нақшаи ҷангӣ, ки Абубакр ба онҳо гуфта буд, ба тарафи маҳалли маъмурияти худ ҳаракат карданд ва бо шуҷоат ва фидокории камназире, ки аз имони ба Худо ва итминон ба ваъдаҳои Худо ва яқин ба ёрии Худо сарчашма мегирифт, бо душманони ошубгар ҷангиданд. Хеле зуд дар амокини онҳо рахна карданд ва ба пеш тохтанд ва гарчи монанди ҳар сипоҳи зинда ва разманда иддае аз онҳо махсусан дар ҷанг бо Мусайлама, ки беш аз дигарон хатарнок буд, ба шаҳодат расиданд, вале дар тамоми ҷабҳаҳои худ барқосо пешравӣ карданд ва бар душманони худ ғолиб гаштанд ва ононро мутеи ҳукумати ислом сохтанд. Баъзе аз саронашон аз қабили «Мусайлама»-ро ба қатл расониданд ва баъзеи дигар ба монанди «Қурра ибни ҳубайра» ба дасти Амр ибни Ос асир шуд ва ӯро бо ҷамъе аз асирон ба назди Абубакр бурд ва чун аз кори худ изҳори надомат кард ва мусалмон шуд, халифаи мусалмонон ӯро мавриди афв қарор дод ва озодаш сохт ва баъзе дигар монанди «Саҷоҳа» ва «Тулайҳа» фирор карданд.

Ҳосили он чи гуфтем

Таҳти унвони «азамат ва қудрати руҳии Абубакр» гуфтем, ки ӯ дорои рӯҳияи басо бузург ва азамате камназир ва аз соири асҳоби бузурги Расулу-л-лоҳ (с) бартар буд.

Аз матолибе, ки то кунун баён гардид фаҳмидем, ки он бузургвор бо сиёсати саҳеҳ ва лаёқати комили худ мувваффақ гардид, чаҳор амри муҳимро анҷом диҳад.

1. Мусалмононро, ки дар рӯзи вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ошуфтаву парешон ва аз ояндаи сиёсии худ бимнок ва аз сарнавишти дини худ метарсиданд, зимни хутбаи ҷаззоби худ дар масҷиди Мадина ором намуд ва ба онҳо итминони қалб ва оромиши хотир бахшид ва ба ояндаи дурахшоне умедворашон намуд. Ба онҳо навид дод, ки гарчи Расулу-л-лоҳ (с) аз миёнашон рафтааст, вале каломи Худо, ки роҳнамои Расули Худо буд, барои ҳамеша боқӣ ва дини Худо, то абад барқарор хоҳад буд. Душманонро таҳдид ба шамшераш намуд ва ба онҳо ҳушдор дод ва аз ҳаргуна иқдоми алайҳи мусалмонон барҳазар дошт. Баъдан ин гуфтаро ба сурати амал даровард ва ба он чи гуфт ва гушзад намуд, амал кард ва собит намуд, ки ба он чӣ мегӯяд, амал мекунад.

2. Сипоҳи Усома, ки Расулу-л-лоҳ (с) парчами онро бо дасти мубораки худ барафрошта буд, ба сӯи душмани хориҷӣ фиристод ва сипоҳашро саркӯб намуд. Дандони тамаъи ин душмани хатарнокро, ки барои газидани арабҳо тез карда буд аз бех кашид ва бо ин иқдом ҷизеро ки Расулу-л-лоҳ (с) дар бемории пеш аз маргаш васият фармуда буд, таҳқиқ бахшид.

3. Душманони фитнаангези дохилӣ, ки бар зидди ҳукумати исломӣ қиём ва барои ҷанг бо мусалмонон мусаллаҳ шуда буданд, саркуб ва торумор ва онҳоро водор ба таслим ва итоат фармуд. Қабоили саркаши арабро, ки аз пардохти закот худдорӣ намуда буданд мағлуб ва мулзам ба пардохти закот намуд.

4. Дар сар то сари нимҷазираи Араб оромиш ва назму амниятро барқарор намуд. Хоки арабро аз ҳар гуна фитна ва фасоди сиёсӣ, татҳир ва пок намуд. Нури ҳидояти илоҳиро дар байни қабоили саркаше, ки мехостанд ин нурро хомуш намоянд, барафрӯхт ва барои ҳамеша фурӯзон ва тобанда нигаҳ дошт.

Ҳар як аз ин чаҳор амр ба танҳоӣ баёнгари возеҳи нуфӯзи руҳӣ, қудрати маънавӣ, ҳусни сиёсату тадбир ва басирати Абубакр буда, истеъдод ва лаёқати ин бузургворро барои иҳрози мақоми баланди хилофат собит ва мусаллам медорад.

Ростӣ, агар каме фикр кунем, ки Абубакр бо чи азимат ва қудрат сипоҳи муҷаҳҳаз ва муназзами душмани қавипанҷаи хориҷиро ба тавассути Усома шикаст дод ва бо чи маҳорат ва тадбире туғён ва ошуби қабоили саркаши дохилиро хомуш намуд ва ба зери фармони худ кашид ва бо чи сиёсат ва басирати тамом нимҷазираро аз ҳар гуна фасоди сиёсӣ пок намуд ва зери пӯшиши низом ва амният қарор дод. Оре, агар андаке ба ин умур тавачҷуҳ ва каме диққат кунем ва чашм аз таассуб бипероем, беихтиёр дар баробари ин бузургвор зону зада, сари таъзим фуруд хоҳем овард.

Аз ин ҷост, ки мебинем Фирдавсӣ шоири номвари Эрон Абубакрро ба хубӣ шинохта ӯро сутуда аст, мегӯяд:

Ки хуршед баъд аз набийини меҳ,

Натобид бар кас зи Бубакр беҳ.

Фирдавсӣ мазмуни ин шеър ки Абубакрро аз ҳама кас ҷуз анбиёи илоҳӣ беҳтар медонад, аз худ нагуфта, балки аз фармоиши Расулу-л-лоҳ (с) гирифта, ки дар бораи Абубакр фармуда аст:

«Хуршед барнаомад ва фурӯ нанишаст пас аз фиристодагони Худо бар касе бартар аз Абубакр».

Суютӣ дар сафҳаи 60-и «Таърихул Хулафо»-и худ нақл аз Абулҳусайн карда мегӯяд: «Дар зуррияи Одам абулбашар пас аз анбиё ва мурсалин касе бартар аз Абубакр аз модар назоид. Ӯ дар айёми пайдоиши фитна ва ошуби ошубгарон ва саркашони муртади қабоили араб, дар мақом ва манзалате қарор гирифт, ки мақом ва манзалати пайғамбарони Худост, зеро имкон надошт ба ин осонӣ бар мушкилот ғолиб ва онҳоро ба ин сурат саркӯб намояд, ҷуз бо мадад ва нусрати ғайбии Худои азза ва ҷал ки ҳамеша кӯмаккунандаи анбиё ва мададгори бандагони мӯъмин ва муқарраби даргоҳаш буда ва хоҳад буд. Чунон ки Қуръони маҷид мефармояд:

Сухани Худо:

“Ҳамоно мо ёрӣ медиҳем паёмбарони худро ва ҳамчунин бандагони муъмини худро”.

(Сураи Муъмин, ояти 51)

«Албатта ба шарти он ки авзоъ ва аҳволро бисанҷанд ва риоят намоянд ва барои расидан ба ҳар ҳадафе, ки роҳашро дар пеш гирифтаанд, аз ҳамон роҳ бираванд то Худо онҳоро ёрӣ намуда, ба мақсад бирасанд».

Дар ин ҷо лозим медонем, ки аз асли мавзӯи баҳс хориҷ шуда, таваҷҷӯҳи хонандагони муҳтарамро ба ин матлаби муҳим ҷалб намоем. Баъзе аз нависандагони бадандеши Ғарб, саркашӣ ва қиёми қабоили арабро, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) пеш омад, ҳарбаи (силоҳ) таън қарор дода, мегӯянд, ки ҳазрати Муҳаммад дини худро бо сарнайза ва шамшер ба қавми араб таҳмил кард. Қабоили арабро бо эҷоди тарс ва бим мутеъи худ намуд. Пас чун маншаи пешрафт ва муваффақияти он ҳазрат силоҳ ва хавф ва тарс буд, мебинем ҳамин, ки он Ҳазрат вафот ёфт, қабоили араб ба гумони он, ки бо вафоти он ҳазрат қудрат ва шавкати давлати Ислом зоил ё ҳадди ақал заиф шуда, билофосила яке пас аз дигаре аз итоати ҳукумати исломӣ хориҷ ва аз дини ислом баргашта, ба дини собиқи худ бозгаштанд. Мутаассифона, баъзе аз мусалмонони кутаҳназар ва бехабар таҳти таъсири ин гуфтори беасос қарор гирифта, онро бовар кардаанд.

Аз ин рӯ лозим медонем ин таваҳҳуми (гумон) беҷоро, ки эҳтимол дорад аз таъбири норасоии баъзе аз воизини бехабари сари минбарҳо ё аз ибораҳои баъзе аз нависандагони бехирад сар зада бошад, рад намоем.

Оре, чӣ басо аҳли минбар, ки мегӯянд ва чӣ бисёр асҳоби қалам, ки менависанд. Баъд аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ҷуз аҳли Мадина ва Макка ва Тоиф ва қабилаи Абду-л-қайс дар Баҳрайн, соири қабоили араб дар сар то сари нимҷазира ҳама муртад шуда аз дини ислом баргаштанд ва Абубакр бо онҳо ҷангид ва муҷаддадан ба ислом овард.

Инҳо бо ин гуфтори ботили худ ва бо ин иборати бе ҳақиқати хеш силоҳи буррандае ба дасти душманони ислом додаанд, то бар расули ислом ва ҳукумати исломӣ битозанд ва появу асоси ақидаи мусалмонони беиттилоъ, махсусан ҷавонони бехабарро, нисбат ба дини ислом ва расули ислом ба куллӣ хароб ё суст намоянд. Ҳоло бояд дид, ки асли қазия чӣ буд ва ҷараёни ҳаводис чӣ гуна буд ва ҳазрати Абубакр чи коре карда аст. Аз хонандагони азиз хоҳиш мекунем ба ончи мегӯем ба хубӣ таваҷҷӯҳ фармоянд. Гарчи дар истилоҳи фуқаҳо калимаи ридда фақат ба ин маънии баргаштан аз дин истеъмол шуда ва аҳкоме дар бораи ридда дар ҳамин маънӣ навиштаанд: Вале калимаи ридда ба ин маънии хос, аз истилоҳоти махсуси фуқаҳо ва сохтаи онҳо мебошад, зеро ин калима дар асли луғати арабӣ ба маънии мутлақи баргаштан аз ҳар ҷизе аст ва ҳатто нисбат ба баргаштан ба сӯи Худо ҳам ридда гуфта мешавад. Чунон ки Қуръони карим мефармояд: «Пас аз он ба сӯи Худо мавлои ҳаққашон баргардонида шуданд». Дар садри ислом калимаи ридда ба ҳамин маъни мутлақ ва ом истеъмол мешуда ва аҳли ридда ва муртадин ба касоне мегуфтанд, ки аз итоати ҳукумати марказии Ислом баргашта, сар ба шуриш зада буданд, на фақат ба касе ё касоне, ки аз дини худ баргашта бошанд. Пас, муртадоне, ки Абубакр бо онҳо ҷангид ва дар таърихи ислом унвони муртад ба онҳо дода шуда аст, бар хилофи он чи фаҳмида мешавад ва дар фикрҳо ҷой гирифта аст, ҳамаи онҳо касоне набуданд ки дар замони Расулу-л-лоҳ (с) мӯъмини ҳақ ва мусалмони ҳақиқӣ буданд ва пас аз вафоти он ҳазрат аз дини ислом баргаштанд, зеро мусалламан ҳамин, ки имони яқинӣ ба умқи қалби касе нуфуз кард, имкон надорад аз қалбаш берун равад. Чунонки ҳакимони исломӣ гуфтаанд: «муъмини ҳақиқӣ, ки ба яқин имон оварда бошад, наметавонад имонашро аз дил барканад ва ё онро ба чизи дигаре тағйир диҳад».

Магар нашунидаем, ки ҳангоме, ки номаи мубораки Расулу-л-лоҳ (с) ба василаи «Диҳя» саҳоба ва фиристодаи он ҳазрат дар шаҳри Илиё (шаҳри Қудс) дар Шом ба Ҳерақл (Ҳераклус) императори Руми шарқӣ расида буд ва чунон, ки Бухорӣ дар «Ҷомеи саҳиҳ»-и худ нақл мекунад, он ҳазрат зимни он нома рисолати худро ба ӯ таблиғ фармуда, ӯро ба дини ислом даъват фармуда буд. Ҳерақл Абусуфён ва ҳамроҳонашро, ки аз Макка барои тиҷорат ба он ҷо рафта буданд, ба назди худ ҳозир месозад ва барои таҳқиқи амр ва шинохтани шахсияти он ҳазрат ва пайбурдан ба сидқи рисолаташ дар ҳузури ҷамъе аз умаро ва сарони Рум ва ҳамроҳони Абусуфён зимни матолибе, ки аз ӯ мепурсад, ин суолро низ матраҳ мекунад: Оё шуда аст, ки касе аз онҳое, ки ба Муҳаммад имон овардаанд, аз динаш безор шуда аз он баргашта ба кеши (дини) пешини худ бозгардад. Абусуфён ҷавоб медиҳад. — Ҳаргиз на.

Ҳерақл мегӯяд:

— Имон низ инчунин аст. Ҳамин ки хушӣ ва шириниаш бо тору пуди дилҳо омехта шуд, яъне ҳамин ки имон ба ҳақиқат дар қалби касе нуфӯз кард, имкон надорад хориҷ шавад». Ин матлаб вақте барои ҳар шунавандае беҳтар возеҳ ва мусаллам мешавад, ки ба таърихи мусалмонон дар оғози зуҳури ислом таваҷҷуҳ намояд.

Магар на Умая ибни Халаф, ки арбоби Билоли ҳабашӣ буд, ӯро дар ҳангоми зуҳри (нисфирӯзӣ) тобистони сузони Ҳиҷоз ба рӯи регҳои доғ (таспон) меандохт ва бар рӯи синааш санги доғи бузурге мениҳод ва ӯро ба ин тарз шиканҷа медод ва мегӯфт бо ту чунин хоҳам кард, магар он ки аз дини Муҳаммад баргардӣ, ё ба ҳамин ҳол ҷон биспорӣ. Ва Билол (р) ба ин азоби дуру дарози маргзо тан дармедод ва дар ҳамон ҳолат мегуфт:

-Аҳад, Аҳад (Худо ягонааст), вале ҳозир намешуд, ё беҳтар бигӯям барояш имкон надошт аз дини ҳақ даст бикашад ва имони худро мубаддал ба куфр намояд.

Омир ибни Фуҳайраро то он ҳад шиканҷа медоданд, ки аз ҳоли оддӣ хориҷ ва ҳазён мегуфт, ин азоби алимро ба худ ҳамвор намуда, таҳаммул (тоқат) мекард, вале ҳозир намешуд аз дини ҳақ баргардад.

Танҳо Билол ва Омир набуданд, ки дар асари имон ба дини ҳақ гирифтори чунин вазъи душворе шуда буданд, балки афроди дигаре аз қабили Аммор ибни Ёсир ва худи Ёсир падари Аммор ва Сумайя модари Аммор ва Ҳамома модари Билол, зане дигар ба номи Зинира ва Суҳайб ва Хаббоб ибна-л-Арат ва ғайри онҳо буданд, ки ҳар гуна азоб ва озореро таҳаммул (бардошт) менамуданд, вале намехостанд аз имонашон даст бикашанд. Оре, мусалмонони ситамдидаи садри Ислом ҳозир мешуданд аз шаҳру диёр ва молу маноли худ даст бикашанд ва барои ҳифзи имони худ тан ба ғурбат диҳанд, ба кишвари Ҳабаша ҳиҷрат намоянд, дур аз аҳлу ватани худ бошанд, вале ҳозир намешуданд аз имони худ даст бикашанд. Сумайя модари Аммор ибни Ёсир ба дасти Абуҷаҳл шаҳид шуд. Чаро? Барои он ки ҳозир нашуд даст аз имони худ бикашад. Ӯ аввалин шаҳиди Ислом аст. Ҳамчунин Ёсир падари Аммор то он ҷо таҳаммули азоб намуд, ки ҷон супурд, вале ҳозир нашуд имони худро аз даст диҳад. Чунонки дар таърихи масеҳият мехонем, пайравони ҳазрати Масеҳ низ мавриди анвои шиканҷа ва озори ҳуккоми ситамгар ва фармонравоёни сангдил ва ҷаббор қарор мегирифтанд ва тан ба марги фаҷеъ (дарднок) медоданд ва ҳатто ҳозир мешуданд, зинда назди шерҳои дарранда афканда шуда тика-тика гарданд ва тӯъмаи шерон бишаванд, вале ҳаргиз қабул намекарданд аз имонашон рӯй гардонанд.

Дар таърихи ислом мехонем он гоҳ ки Мусайламаи каззоб (дурӯғгӯ) иттилоъ ёфт, ки яке аз асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) ба номи Ҳабиб ибни Зайди Ансорӣ аз Уммон ба Мадина боз мегардад, коргузорони худро ба суроғаш фиристод. Роҳ бар рӯяш баста, асираш намуданд ва даст баста, назди Мусайлама оварданд. Мусайлама ба ӯ мегӯяд:

— Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки ман паёмбарам? Ҳабиб бо ишора мегӯяд:

-Намешунавам чӣ мегӯи: Мусайлама мегӯяд:

-Оё гувоҳи медиҳӣ, ки Муҳаммад паёмбари Худо аст? Ҳабиб мегӯяд: Бале. Мусайлама барошуфта ва мегӯяд: Чи гуна он чи аввал гуфтам нашунидӣ ва он чи ин бор гуфтам ба хубӣ шунидӣ ва ҷавоб додӣ! Ва фавран дастур медиҳад ӯро ба тарзи дардноке бикушанд. Аз ин хотир аввал ду дасташро аз бозу ва сипас ду пояшро аз рон буриданд ва пас аз ин ӯро дар оташ афканда сӯзонданд. Бале, ин мӯъмини ҳақиқӣ тан ба чунин марге дод, вале тан ба куфр надод.

Ин ҷост, ки бояд гуфт:

Муваҳҳид чи дар пой рези зараш,

Чи шамшери ҳиндӣ ниҳӣ бар сараш.

Умеду ҳаросаш набошад зи кас,

Бар ин аст бунёди тавҳиду бас.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи то ин ҷо гуфтем, чи гуна мешавад гуфт ин мусалмононе, ки дар замони рисолат имон оварда буданд ва барои ҳифзи ақида ва имонашон инчунин буданд, ба маҳзи он ки Расулу-л-лоҳ (с) чашм аз дунё фурӯ баст, даст аз дин ва имони худ кашиданд ва ба куфр ва ширки собиқи худ боз гаштанд. Ҳаргиз чунин амре на воқеъ шуда ва намешавад бовар кард.

Бинобар ин мусаллам аст, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ҳатто як нафар аз мӯъминини ҳақиқӣ ва содиқулимон муртад нашуд, яъне аз дини Худо барнагашт ва муртадин ё аҳли ридда, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ба ин ном маъруф шуданд, иборат буданд аз ҳамон гурӯҳҳои панҷгона, ки аз итоати ҳукумати исломи баргаштанд ва Абубакр бо онҳо ҷангиду муҷаддадан (аз нав) онҳоро мутеъ ва ба зери фармони худ кашид, яъне:

1. Онҳое, ки дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) дар дини худ буда, мусалмон нашуданд ва бо Расулу-л-лоҳ (с) ҳампаймон нашуда ва душмани мусалмонон буданд.

2. Онҳое, ки ба зоҳир мусалмон шуда буданд, вале ботинан дил ба дини ботили худ баста ва дар ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) машҳур ба мунофиқин буданд ва Худо як сураи мустақил ба номи «Алмунофиқун» дар мазаммати онон нозил фармуд.

3. Онҳое, ки пас аз сулҳи Ҳудайбия, ки байни Расулу-л-лоҳ (с) ва Қурайш барои муторакаи (тарки) ҷанг мунақид шуд, бо он ҳазрат ҳампаймон ва мутеъи ҳукумати ислом шуданд, вале зоҳиран ва ботинан дар дини ботили худ боқӣ буданд.

4. Онон ки пас аз фатҳи Макка ва Хайбар ва интишори хабари ғазваи Табук, ки шӯҳрати дини ислом ва қудрат ва шавкати ҳукумати ислом дар ҷазираи араб печида буд, назар ба салоҳи ҳоли худ мусалмон шуда буданд, вале аз ҳаёти паёмбари Худо чизе намонда буд, ки нури имон ба дурусти дар қалбҳояшон нуфӯз ва дар вуҷудашон асар карда, онҳоро дилбохтаи худ созад.

5. Онҳое, ки дар ҳаёти паёмбари Худо мусалмон шуда буданд ва ба дини ҳақ ба хубӣ дил баста буданд, вале ба ҳамон назаре, ки қаблан гуфтем пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) аз пардохти закот худдорӣ карданд ва чун онҳо ба ҳақиқат мусалмон буданд, ҳазрати Умар ва баъзе дигар аз бузургони асҳоби Расулу-л-лоҳ (с) мухолифи ҷанг бо онҳо шуданд ва ба ҳазрати Абубакр гуфтанд: Чи гуна бо онҳо, ки гӯяндагони-Ло илоҳа иллаллоҳ- ҳастанд, меҷангӣ. Вале Абубакр назари онҳоро рад карда, чунин мепиндошт, ки худдорӣ аз пардохти закот ба манзалаи зери по гузоштани рукне аз аркони дини ислом аст. Пас ҳар чи зудтар бояд бо ин гурӯҳ ҷангид ва онҳоро аз қудрат соқит ва мутеъи пардохти закот намуд. Зеро иҳмоли (ба таъхир андохтани) кори онҳо, мунҷар (анҷом) ба ҳадми (вайронии) соири аркони дин хоҳад шуд ва фармуд: Ба Худо, (қасам) бо ҳар касе, ки байни намоз ва закот ҷудоӣ дониста, инро (намозро) қабул кунад ва он дигарро (закотро) напазирад, меҷангам. Зеро закот ҳаққе аст аз ҳуқуқи молии дини Ислом. Пас агар онро касе напазирад бояд бо ӯ ҷангид ва ба зӯрӣ аз ӯ гирифт. Чунонки Қуръон мефармояд:

Сухани Худо:

“Пас ҳаргоҳ аз куфри худ даст кашиданд, намоз хонданд ва закот пардохтанд, шумо аз онҳо даст бардоред.”

(Сураи Тавба, ояти 5)

Мафҳуми ин оят ин аст, ки агар намоз бихонанд, вале аз пардохти закот худдорӣ варзанд, бояд бо онҳо ҷангид то мутеъ гарданд ва закот бипардозанд. Назари Абубакр ҳамин буд, ки ояти муборак мефармояд.

Бинобар ин мусаллам аст, ки ин гурӯҳ аз асли дини худ барнагашта буданд, вале нисбат ба пардохти закоти худ ба давлати ислом шубҳа ва таваҳҳуме пайдо карда буданд, ки беасос ва мухолифи Қуръон буд. Гурӯҳҳои аввал, дуввум ва саввум аслан мусалмон нашуда буданд то гуфта шавад пас аз реҳлати Расулу-л-лоҳ (с) муртад шуданд ва аз мусалмонӣ баргаштанд.

Гурӯҳи чаҳорум ба дурустӣ мӯъмин нашуда буданд ва имонашон ноустувор буд чунон, ки Қуръон дар бораи онҳо мефармояд:

Сухани Худо:

«Аъроб (арабҳои бодиянишин, саҳроӣ) гуфтанд мо имон овардаем, бигӯ шумо ба дурустӣ имон наовардаед ва лекин бигӯед таслим шудаем ва то кунун имон ба дилҳои шумо роҳ наёфта аст».

(Сураи ал-Ҳуҷурот, ояти 14)

Бо диққат дар баёноти фавқ возеҳ аст, ки пас аз вафоти Расулу-л-лоҳ (с) ҳеҷ аҳаде аз муъминини ҳақиқӣ аз дини ҳақ барнагашт ва муртадине, ки дар кутуб ва таърихномаҳо зикр шудаанд муртад аз дин набуданд, балки баргаштагон аз итоати ҳукумати Ислом буданд. Раъй ва назари дуктур Тоҳо Ҳусайн- донишманди машҳури мисрӣ низ ҳамин аст. Ӯ дар китоби худ ба номи «Миръотул ислом» дар ин бора мегӯяд: «Араб аз аз ҳар тараф бар Абубакр шуриданд. Бисёре аз онҳо гуфтанд: Намоз мехонем, вале закот намедиҳем. Онҳо пиндоштанд, ки закот навъе боҷ аст, ки ҳаргиз бо он одат нагирифта буданд, балки ҳар чи бештар аз он безор буданд, чун онро навъи забунӣ ва зиллат медонистанд. Абубакр пешниҳодашонро напазируфт ва тасмим гирифт, ки мардум он чиро ки ба паёмбар ва давлати исломӣ мепардохтанд, ба ӯ низ бипардозанд. Абубакр гуфт: “Эшон миёни намоз ва закот ҷудоӣ меандозанд, бо он ки Худо миёни ин ду ҷудоӣ наафканда ва борҳо ин дуро дар Қуръон бо ҳам зикр фармудааст. Пас инон ба наҳве аз ҳукми Қуръон сар печидаанд”. Дуктур Тоҳо Ҳусайн меафзояд:

“Дар миёни мардуми дигари араб дурӯғгӯёне зуҳур карданд, ки худро паёмбар пиндоштанд ва бар қавми худ суханоне ба иддиои он ки ваҳй аст, хонданд. Асвади Анасӣ дар Яман ва Мусайлама дар миёни бани Ҳанифа дар Ямома ва Тулайҳа дар бани Асад ва Саҷоҳ дар миёни тавоифе аз Тамим (номи қабила) пайдо шуданд. Худо ба ростӣ дар ояти 14-уми сураи «ал-Ҳуҷурот» фармудааст: «Бадавиён (арабҳои бодиянишин, саҳроӣ) гуфтанд мо имон овардаем бигӯ имон наовардаед ва лекин бигӯед Ислом овардаем, чи ҳануз имон ба дилҳоятон дарнаомадааст».

Чунон ки мебинем дуктур Тоҳо Ҳусайн, муртадин, яъне шуришчиёнро ду гурӯҳ мешуморад, яке мусалмонони монеъини закот, дигаре араби ғайримусалмон, ки пайрави пайғамбарони дурӯғин шуда буданд. Дуктур Тоҳо Ҳусайн дар охири каломи худ ҳазрати Абубакрро, дар фурӯ нишондани оташи ошӯби шӯришчиён ва тасаллути комил бар вазъият, ба хубӣ меситояд. Пас ин донишманди машҳур ҳам мутаваҷҷеҳи матлаб шуда, чун муътақид аст, ки ҳеҷ як аз мусалмонони ҳақиқӣ муртад нашуда ва аз дини худ барнагаштааст. Ҳамчунин дуктур Исмоил Сулаймон дар китобаш ба номи “Хулафои Муҳаммад” (с.91) пас аз баҳс дар ин матлаб мегӯяд: “Бинобар ин возеҳ аст, ки ҷангҳои машҳур ба ҷанги радда дар воқеъ на барои ин буд, ки оташи фитна ва ошӯби мардум, ки қаблан дини исломро қабул карда буданд, вале баъдан аз дин баргашта алайҳи он қиём карда буданд, фурӯ нишонда шавад. Ҳақиқат ин аст, ки ин ҷангҳо бо душманоне буд, ки на дини исломро шинохта буданд ва на онро пазируфта буданд, ин ҷангҳо барои ин буд, ки онҳоро водор ба таслим намояд то ба ҷамоати мусалмонон пайваста таҳти ҳукми давлати ислом дароянд”. Дар хотимаи ин мабҳас (баҳс) таваҷҷӯҳи хонандагони мӯҳтарамро ба ин матлаб ҷалб медорем, ки қавми араб чӣ қабоили бадавии саҳрогарду чодарнишин ва чӣ тавоифи (тоифаҳои) шаҳрнишини араб ҳам худмухтор ва мустақил буданду ҷудо-ҷудо ва ба сурати мулуку тавоифе бидуни он ки барои ҳифзи низоми худ қонуне дошта бошанд, бар худ ҳукумат мекарданд. Қонунашон ҳамон дастур ва фармоне буд, ки иродаи раиси онҳо ба он тааллуқ мегирифт ва аз забонаш хориҷ мегардид.

Ҳар як аз ин қабоил ва тоифаҳо барои худ маъбуде махсус ба худ дошта онро мепарастиданд. Ин тафарруқи ҳукуматҳои беқонун ва ин гуногунии маъбудҳои ботил ва ихтилофи парастишҳои бе китоб муҷиб шуда буд, ки аз якдигар ҷудо ва ҳар кадом мустақил зиндагӣ намоянд ва ҳаргиз таҳти тасаллути ҳукумати воҳиде дарнаёянд, то унвони миллати воҳиде ба худ бигиранд. Ҳеҷ гоҳ маъбуд ва ойини воҳидеро напазируфта буданд, то иттиҳоди динӣ дошта бошанд ва гарчи ҳама қабоил ва тавоифи араб этиқод ва имон ба қудсияти (муқаддасии) Каъба доштанд ва ҳар сол барои анҷоми ҳаҷ ба шаҳри Маккаи мукаррама рӯй меоварданд ва дар як замон ва як макон ҷамъ мешуданд, вале дар айни ҳол ҳар як аз ин қабоил бути махсусе барои худ дар дохил ва хориҷи Каъба гузошта буданд ва дар ҳангоми тавоф ва парастиш фақат мутаваҷҷеҳи бути махсуси худ мешуданд. Пас дар ин иҷтимоъ ҳам ягонагӣ надоштанд. Бинобар ин мусаллам аст, ки чунин мардуме, ки тарзи зиндагии онҳо инчунин ва наҳваи ойин ва парастишашон ончунон бошад, хеле мушкил аст, ки ба осонӣ ва барои ҳамеша аз истиқлолияти динӣ ва худмухтории қабилаи худ чашм бипӯшанд ва худро таҳти тасаллути дигаре қарор диҳанд.

Вале чун ҳукумати Ҳазрати Расул ҳукумате буд, ки бар поя ва усули рӯҳоният қарор дошт ва куллияи қавонин ва аҳком ва тасарруфоти он ҳазрат аз тариқи ваҳйи осмонӣ ва бо илҳоми илоҳӣ талаққӣ ва иҷро мегардид ва он Ҳазрат байни афроди куллияи қабоил ва ашоири араб мусовот ва баробарӣ муроот мефармуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ мавриде ҳавову ҳаваси нафсониро, ки амри табии ҳар башаре аст, нисбат ба ҳеҷ кас, ҳатто нисбат ба хеш ва қавм ё дӯстони наздики худ ба кор намебурд, балки ҳамеша дар ҳар амре ҳақиқатро дар назар мегирифт ва таваҷҷӯҳ ба ҳақ мефармуд ва дар вогузории вазифа ва маъмурият, доиман дироят ва маърифату лаёқати ашхосро дар назар мегирифт, бидуни он ки аз ин бобат таассуби қавмият ба кор барад ё афроди қабилаеро бар афроди қабилаи дигар, бе ҷиҳат ва бидуни имтиёз тарҷеҳ диҳад. Риояти ин умур, ки барои арабҳо падидаҳои бе собиқа буд, қалбашонро хеле зуд мусаххар намуд ва қабоили мутафарриқи арабро ба хубӣ ҷазб карда якҷоя намуд ва рағбатан мутеи ҳукумати одилонаи он ҳазрат ва ҳампаймони сиёсӣ бо он ҳазрат гардиданд. Қисмати азиме аз онҳо илова бар он, ки аз ҳайси сиёсати миллӣ мутеи ин ҳукумати рӯҳонӣ шуданд, ақида ва дини худро низ раҳо карданд ва дини ин ҳукуматро, ки фаҳмиданд ҳақ аст, пазируфтанд. Баъзе дигар, ки дар авохири айёми ҳаёти Расулу-л-лоҳ (с) тобеи ҳукумати ислом шуданд, ба тобеияти сиёсӣ шабеҳтар буд, то бо тобеияти динӣ ва ҳамин, ки Расулу-л-лоҳ (с) аз дунё рафт, баъзе аз ин қабоил, ки васф кардем, нисбат ба ҳукумати исломӣ дар шак афтоданд, ки оё ба ростӣ ҳукумати исломӣ акнун дар замони хилофат ҳам монанди ҳукумати исломии дар давраи нубувват, ки аз ваҳйи илоҳӣ илҳом мегирифт, хоҳад буд ва нисбат ба афроди қабоили мухталиф, ки дар замони ҳукумати нубувват яксон рафтор мекард, акнун боз ҳам назари мусовот ва баробарӣ хоҳад дошт? Оё он ҳукумате, ки онҳо дар замони нубувват мутеи он буданд, акнун дар давраи хилофат ба сурати диктотурии мутлақ дар нахоҳад омад? Оё ин халифа аҳл ва ашираи худро дар дастгоҳи ҳукумат бар дигарон мақаддам нахоҳад дошт? Ҷавоби ин пурсишҳо барои онҳо номаълум буд. Пас ҳоло ки чигунагии ин умур барои онҳо номаълум ва посухи ин суолҳо барои онҳо маҷҳул (номаълум) аст ва танҳо гузашти замон аст, ки бояд ба онҳо посухи мусбат ва ё манфӣ бидиҳад, оё беҳтар нест, ки худро озод ва аз итоати ҳукумате, ки намедонанд чи гуна хоҳад буд, хориҷ ва ба вазъи собиқи худ, ки қарнҳо ба он унс гирифта буданд, баргарданд. Ин афкор муҷиб гардид, ки қабоили мазкур аз идомаи итоати ҳукумати марказии хилофат сар боззананд. Дар натиҷа ҳукумату хилофат мунҳасир гардид ба Мадина ва Маккаву Тоиф ва тоифае дар қабилаи Абдулқайс дар Баҳрайн, ки агар ҳазму азм ва тадбиру сиёсати Абубакр набуд чи басо ки ин навоҳиро низ аз даст медод.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *