Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ваҳшӣ Ибни Ҳарб

Он касе, ки бо куштани Ҳамза ибни Абдулмуталлиб амаки ҳазрати Расули Худо (с) қалби Паёмбари Худо (с)-ро хунбор сохт, кӣ буд?

Он кассе, ки бо куштани Мусайламаи Каззоб дар рӯзи Ямома қалби мусалмононро шодмон сохт, кӣ буд?

Ин шахс Ваҳшии Ҳабашӣ буд, ки ба кинияти Абудасма маъруф аст. Ин шахс достони ғамангез дорад, ки ҳикояти онро аз забони худаш мешунавем. Вай гуфт: Ман ғулом ва бардаи Ҷубайр ибни Мутъим, яке аз сарони Қурайш Будам. Амаки Ҷубайр дар рӯзи Бадр ба дасти Ҳамза ибни Абдулмуталлиб кушта шуда буд ва ба марги вай сахт андӯҳгин шуд ва ба Лотуауззо қасам ёд кард, ки интиқоми амакашро аз қотили вай хоҳад гирифт ва аз ин рӯ, барои қатли Ҳамза мунтазири баробар шудани фурсат буд.

Аз ин ҳодиса муддати чандон сипарӣ нашуда буд, то он ки Қурайш тасмим гирифт, ки ба ҷанги Уҳуд бору банд таҳия кунад, то Муҳаммад ва пайравонашро аз байн бибаранд ва барои куштагон Бадрашон интиқом гиранд. Ҳамон буд, ки дастаҳои ҷангҷӯён худро муназзам сохт ва ҳампаймонони худро омода намуд ва худро барои ҷанг тайёр кард ва он гоҳ қиёдати ин лашкар ба Абусуфён ибни Ҳарб дод. Абусуфён бо зиракие, ки дошт, як теъдод занон, ки падарон ва фарзандон ва бародарон ва ё хешовандони худро дар Бадр аз даст дода буданд, ҷамъ намуд ва онҳоро ҷузъи лашкар сохт, то муборизони худро дар саҳнаи корзор ба ҷанг ташвиқ намуда ва аз ақибнишинӣ ва фирор боздоранд ва дар пешопеши ин ҷамъи занон ҳамсараш Ҳинд духтари Утба қарор дошт, чун падар, амак ва бародараш дар ҷанги Бадр аз тарафи мусалмонон кушта шуданд.

Вақте ин корвон ба ҳаракат омода шуд, Ҷубайр ибни Мутъим рӯ ба ман намуд ва гуфт: Эй Абудасма, оё рағбати он дорӣ, ки худро аз ғуломи ман озод созӣ?

Гуфт: Чӣ тавр ва чӣ касе аст, ки ин некиро бо ман анҷом диҳад?

Гуфт: Ман ин корро бо ту анҷом медиҳам.

Гуфт: Чӣ тавр?

Гуфт: Агар Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, амаки Паёмбарро, ки амакиам Туъаймаро ба қатл расондааст, ба қатл расонӣ, ту аз тарафи ман озод ҳастӣ.

Гуфт: Чӣ касе ба ман тазмин мекунад, ки ту дар ин қавл бо ман содиқӣ ва ба он вафо хоҳӣ кард?

Гуфт: Ҳар касеро хоҳӣ, барои ин қавл шоҳид гир ва ман ҳама мардумро ба ин қавл шоҳид меорам.

Гуфт: Ҳатман чунин хоҳам кард ва ман донаму куштани Ҳамза.

Ваҳшӣ гуфт: Ман ки марди ҳабашӣ будам, дар нишонзанӣ забонзади мардум будам ва бо ханҷарам ба ҳадаф ҳамла намекардам, магар он ки ба ҳадаф мерасид. Ман ханҷари худ гирифта ва ҳамроҳи ин лашкар ба роҳ афтодам ва дар ақиби лашкар қариб ба занон ба роҳи худ идома медодам, дар ҳоле, ки ман ба ҷанги инҳо ҳеҷ навъ алоқа ва дилчаспӣ надоштам.

Вақте гузарам ба Ҳинд ҳамсари Абусуфён меафтод ва ё вай аз наздам мегузашт ва ба ханҷарам менигарист, ки дар зери шуъои офтоб дар дастам шуъла мезанад, мегуфт: Эй Абудасма, дили маро бо куштани Муҳаммад ва амакаш сард соз.

Вақте ба Уҳуд расидем ва ҳар ду тараф бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд, ман берун шудам ва дар паи ҷустуҷӯи Ҳамза шудам. Ман қабл аз ин низ ӯро мешинохтам ва аз сӯи дигар Ҳамза ба ҳеҷ як ноошно набуд, чун вай пари шутурмурғро ба сар мегузошт, то ҳамтоёнаш ӯро бишносанд, чун арабҳо одат доштанд, ки муборизини номоварашо пари шутурмурғ ба сар менамуданд. Дере нагузашта, ки чашмам ба Ҳамза хӯрд, ки чун шутури кабуд дар миёни ҷамъият зоҳир гашт ва ба ду тараф шамшер мезад ва ҳеҷ яке дар муқобилаш муқовимат карда наметавонист ва ҳеҷ касе аз дами шамшераш ҷон ба саломат намебурд.

Дар асное, ки ман худро барои ҳамлаи вай омода месохтам ва дар кундаи дарахт ва ё санг пинҳон мешудам, то ба ман наздик шавад, яке аз ҷангҷӯёни қурайши ба номи Сибоъ ибни Абдулъуззо аз ман сабқат гирифт ва худро ба вай расонд ва гуфт: Эй Ҳамза, агар мард ҳастӣ, биё ба муборизаи ман. Агар мард ҳастӣ, биё ба ҷанги ман.

Ҳамза дар ҳоле, ки мегуфт: Эй мушрикзода, пеш ой, эй мушрикзода, пеш ой, худ ба муборизаи вай ба майдон баромад. Дере нагузашта, ки ин қурайшӣ бар вай сабқат ҷуст ва ба шамшер вайро ҳадаф қарор дод. Ҳамза ба замин афтод ва дар миёни хунҳояш дасту по мезад. Дар чунин фурсат худро бар сари Ҳамза расонидам ва дили худро сард кардам ва хунҷари худро чунон дар поини шикамаш фурӯ бурдам, ки он тарафи он зоҳир шуд. Вай ба сахтӣ тавонист, ки ба сӯи ман як-ду қадам бардорад, баъд даранг накард ва ба замин афтод ва ханҷар дар баданаш фурӯ рафта буд ва мутмаин шудам, ки дигар оби ҳаётро нахоҳад нӯшид. Баъд омадам ва ханҷарро аз танаш кашидам ва сӯи хаймаҳо рӯй овардам ва дар он нишастам. Чун ғайри ин ҳадаф надоштам, балки барои он ӯро ба қатл расонидам, ки озод шавам ва ба матлаб расидам.

Баъд саҳнаи корзор гарм шуд ва оташи ҷанг забона кашид ва дар он шикасту фирори зиёде сурат гирифт ва охируламр мушрикин бар мусалмонон дастболо шуданд ва куштагони онҳо афзун гардид.

Дар чунин фурсате Ҳинд духтари Утба ҳамсари Абусуфён бо ҷамъе аз занон, ки аз ақиби вай меомаданд, бар сари куштагон расида ва онҳоро мусла намуд ва шикамҳояшонро пора кард, чашмонашонро берун кашид, биниҳояшонро бурид ва гӯшҳояшонро қатъ кард ва он гоҳ аз ин маҷмӯа биниҳо ва гӯшҳо тавқҳо сохта, ба гардан овехт ва тавқ ва гарданбанди тиллоӣ, ки ба гардан дошт, кашид ва ба ман дод ва гуфт: Ин ҳардуро бо худ нигоҳ дор, ки бисёр гаронбаҳост.

Вақте ҷанг поён ёфт, ҳамроҳ ба лашкар ба Макка баргаштам, мавлоям Ҷубайро ибни Мутъим ба ваъдааш вафо кард ва маро озод сохт ва ман аз бардагӣ халос шудам.

Аммо кори Муҳаммад рӯз ба рӯз равнақи хубтар меёфт, соҳаи даъваташ васеъ мешуд ва теъдоди мусалмонон рӯз ба рӯз афзун мегашт ва чунон шудам, ки ҳар вақте амри Муҳаммад боло мегирифт, ғаму андӯҳи ман афзуда мегардид ва хавфу ҳарос бар ман ҳукмфармо мешуд ва ман бо ин ҳолат будам, то он ки Муҳамммад ҳамроҳ ба лашкари ҷаррори фотеҳи хеш дохили Макка шуд. Дар чунин фурсат роҳи фирор ба сӯи Тоиф пеш гирифтам, то битавонам дар он ҷо дар амн ба сар барам.

Аммо дере напоид, ки аҳли Тоиф ҳам рӯз ба рӯз ба Ислом сар мениҳоданд ва ҳайатҳо ва қабилаҳо назди вай мерафтанд ва Исломи худро эълон мекарданд. Дар чунин фурсат аз кардаи худ сахт пушаймон шудам ва дар ҳайрат афтодам, ки чӣ бояд кунам ва замин бо ҳама фарохиаш бар ман танг шуд, бо худ гуфтам бояд ё ба Шом ё ба Яман ё ба баъзи сарзаминҳои дигар рӯй орам.

Қасам ба Худо, ки ман ғарқ дар ин фикру хаёл будам, ки ногаҳон марде носеҳ дилаш ба ман сӯхт ва гуфт: Туро чӣ шудааст, эй Ваҳшӣ ? Муҳаммад касе аст, ки ҳеҷ якеро, ки дар дини вай сар ниҳодааст, ба қатл намерасонад. Бирав ва дар дини вай дохил шав ва калимаи шаҳодат бихон ва худро аз ин ғаму ва мусибат озод соз.

Ҳамин ки ин ҳарфи вай шунидам, рӯ ба сӯи Мадина гузоштам ва аз паи Муҳаммад ба роҳ афтодам. Вақте ба Мадина расидам ва аҳволи ӯро ҷӯё шудам, дарёфтам ки вай дар масҷид аст. Бо бисёр тарсу ҳарос ба ҳузури вай дохил шудам, ба сӯи вай рафтам, то он ки бар болои сараш истодам ва гуфтам: Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ.

Вақте калимаишаҳодат аз ман бишнид, чашмашро ба сӯи ман баланд карда нигарист. Вақте маро шинохт ва аз ман рӯй гардонд ва гуфт: Оё ту Ваҳшӣ нестӣ?

Гуфтам: Бале, эй Расули Худо (с).

Гуфт: Биншин ва ҳикоят кун, ки Ҳамзаро чӣ тавр ба қатл расондӣ. Нишастам ва ҳикояти қатли Ҳамзаро якояк ба ӯ қисса кардам. Вақте суханам поён ёфт, рӯи худ турш кард ва аз ман эъроз намуд ва гуфт: Эй Ваҳшӣ, туро чӣ шудааст, рӯи худ аз ман дур кун, набояд баъд аз ин рӯз туро бинам. Аз он рӯз сар карда ман мекӯшидам, ки нигоҳи ҳазрати Расули Худо (с) ба ман наафтад, вақте саҳоба дар пеши рӯи вай менишастанд, ман худро дар пушти онҳо пинҳон медоштам ва ба ин ҳолати худ идома додам, то он ки ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷивори ҳақ паваст. Баъд изофа намуда гуфт: Бо вуҷуди он ки Ислом гуноҳони гузаштаро маҳв месозад, вале ман донистам, ки чӣ амали нобахшиданиро муртакиб шудаам ва ба ин кори худ чӣ зарбае ба Ислом ва мусалмонон ворид намудаам. Аз ин рӯ, фурсатеро интизор будаи, то дар он ин амали зиштро, ки аз ман сар задааст, ҷуброн ва ислоҳ намоям. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷавори ҳақ пайваст ва хилофат ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ тааллуқ гирифт ва қабилаи Бани Ҳанифа муртад шуда, ба Мусайламаи қаззоб пайваст, ҳазрати халифаи Расули Худо (с) лашкареро барои муқобили бо Мусайлама омода сохт, то онҳоро дубора ба дини Ислом баргардонад. Бо худ гуфтам: Эй Ваҳшӣ, барои ту ин беҳтарин фурсат аст, ҳушёр бош, ки ин фурсат аз аз даст наравад. Баъд ҳамроҳ бо лашкари мусалмонон берун шудам ва силоҳи худ, ки тавассути он сайиди шуҳадо Ҳамза ибни Абдулмуталлибро ба қатл расонида будам, ба даст гирифтам ва ба роҳ афтодам ва тасмим гирифтам, ки бо ин силоҳ Мусайламаро ба қатл расонам ва ё он ки дар ин роҳ ба шаҳодат бирасам.

Вақте мусалмонон бар Мусайлама ва лашкари вай дар Ҳадақатулмавт (боғи марг, аз он ҷиҳат ба ин ном шӯҳрат ёфтааст, ки дар ҳудуди бист ҳазор нафар аз пайравони Мусайлама дар ин боғ кушта шуданд), дохил шуданд ва душманони Худоро ба хоку хун кашиданд. Ман мунтазири дастёбӣ бар Мусайлама будам. Ӯро дидам, ки истода ва шамшер ба даст дорад ва марди ансории дигареро дидам, ки мисли ман барои ӯ камин мегирифт ва ҳардуи мо мехостем ӯро ба қатл расонем.

Баъд вақте, ки худро хуб ба қатли вай баробар сохтам ва донистам, ки ҳоло аз чангам хато нахоҳад рафт, ханҷари худ кашидам ва ба сӯи вай ҳамла бурдам ва дар айни замоне, ки ман бар вай ҳамлавар шудам бародари ансории дигар низ бо вай ба шамшер ҳамла бурд. Худохуд медонад, ки шамшери кадом яки мо ӯро аз пой даровард. Агар вай ба шамшери ман нақши замин шуда бошад, ман аз касоне хоҳам буд, ки беҳтарини мардум баъд аз Муҳаммадро ба қатл расонидам ва бадтарин мардумро низ ба қатл расонидам.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *