Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Таърихи хулафои рошидин:Абубакр (р) ва Умар (р)

1) Ҷамъоварии Қуръон:

Гар чи дар замони ҳаёти Расулуллоҳ (с) шахсиятҳое буданд монанди Абубакр (р), Умар, Алӣ, Усмон, Зайд ибни Собит, Зубайр ибни Аввом, Халиду Абон фарзандони Саъид ибни Ос, Алои Ҳазрамӣ, Убай ибни Каъб ва чандин нафари дигар, ки котиби ваҳйи буданд ва ҳамин, ки қисмате аз Қуръон нозил мешуд яке аз онҳо ба дастури Расулуллоҳ (р) онро менавишт, вале он Ҳазрат дар давраи ҳаёт буданаш ба онҳо амр нафармуд, то тамоми он чи нозил шудааст ва дар назди ҳар яке аз онҳо қисмате аз он мебошад як ҷо ҷамъ оварда ва ба шакли китоб навишта шавад- Чаро? Барои он ки чунон ки гуфтем, Қуръон якбора ба суннати як китоб аз ҷониби Парвардигор (ҷ) нозил нагардид, балки дар баъзе вақтҳо як сураи комил нозил мешуд ва дар баъзеи дигар як ё якчанд оят бар андозаи талаботи авзоъ ва аҳвол ба тадриҷ (кам-кам) нозил мегардид. Ҳамин ки қисмате ба ин тарз нозил мегардид Расули Худо (с) ба яке аз нависандагоне, ки номашонро зикр кардем амр мефармуд, то онро бинвисад ва дастур медод, ки ин оят ё оятҳои нозилшударо баъд аз фалон оят ва дар фалон сура, ки қаблан нозил шуд ва навишта шуда буд, бинвисанд. Сабаби ин ки ҳазрати Расул (с) дастур нафармуд, Қуръон дар замони ҳаёташ якҷо ҷамъ ва навишта шавад ин буд, ки ваҳйи илоҳӣ мунқатиъ нашуда буд ва ба сурати тадриҷӣ ва андозаи талаботи ҳол мураттаб нозил мегардид ва ҳар лаҳза то охирин дақиқаҳои ҳаёти Расулуллоҳ (с) эҳтимол дошт, ки боз ҳам нозил ва бар ҳаёте, ки қаблан нозил шуда буд афзуда шавад.

Аз ҳамин ҷиҳат он Ҳазрат наметавонист Қуръонро ба сурати як китоби комил тадвин фармояд, зеро ҳанӯз такимил намуда буд, вале ҳамин ки он Ҳазрат вафот ёфт ва ваҳйи илоҳӣ мунқатиъ гардид ва маълум шуд, ки Қуръон ба таври тамом ва комил нозил шудааст, вақти он расида буд, ки мусалмонон китоби Худоро, ки дар синаҳои ҳофизонаш ҳифз ва низ ҳамаи он ҷудо-ҷудо ва ба ҳар қисмате дар назди китобони ваҳйи нигаҳдорӣ мешуд, ба як ҷо ҷамъ оварда навишта ва ба сурати як китоб дароваранд. Вақте ки ҳафтод нафар аз ҳофизони кулли Қуръон дар ҷабҳаи ҷанг ба мусаиламаи Каззоб ба шаҳодат расиданд, ҳазрати Умар (р) аз вуқуъи ин амри хатир (пурхатар) мутаассир ва аз ояндаи китоби Худо бимнок шуд, чун мушоҳида кард, ки бисёре аз ҳофизони Қуръон дар ин набард шаҳид гаштанд ва дар оянда низ аз чунин набардҳо боз ҳам дар пеш доранд ва агар бақияи ҳофизони Қуръон дар ҷангҳои дигар, ба шаҳодат бирасанд ва мумкин аст, ба шаҳодати онҳо баъзе аз сураҳо ва ё ҳаёте аз Қуръон аз даст биравад ва китоби Худо, ки асоси дин, пояи ахлоқи марҷаъи аҳкоми маданӣ ва сиёсии мусалмонҳост, ноқис бимонад, пас бояд ба фикр чора афтад ва чи чиз метавонад чораи кор бошад ва пеши ин хатарро бигирад ҷуз ҷамъоварӣ ва тадвими Қуръон дар як ҷо ба сурати як китоб?

Ана барои анҷоми ҳамон амри муҳим, ки ҳазарти Умар (р) ба назди ҳазарти Абубакр (р) халифаи мусалмонҳо мешитобад ба ҳодисаи шаҳодати қориёни Қуръон ва лузуми ҷамъоварии Қуръонро бо ӯ дар миён мегузорад, вале Абубакр (р) мегуяд: Чӣ гуна кореро кунам, ки Расулуллоҳ (с) накард?. Аммо ҳазарти Умар (р) исрор меварзад ва мегуяд: Ба Худо қасам! Ин кори хайр аст ва бояд анҷом дод. Ин сухан дар ҳазрати Абубакр (р) асар мекунад ва Худованд қалбашро барои анҷоми ин кор мекушояд.

Зайд ибни Собит яке аз нависандагони ваҳйи ва низ яке аз ҳофизони Қуръон буд, ки тамоми онро азёд медонист ва зиёда аз ин ӯ буд, ки дар соли охири ҳаёти Расули Худо (с) тамоми Қуръони азёдкардаашро ба ҳузури он ҳазрат пешкаш карда ва дар назди он ҷаноб аз аввал то охир Қуръонро хонда буд ва он ҳазрат он чи ки ӯ хонда буд истимоъ (гушкардаи) фармуда таъйид ба тасдиқ карда буд. Аз ҳамин ҷиҳат Абубакр (р), ки ӯро шоистаи ин кори муҳим медонад ба назди худ ҳозираш мекунад ва мегуяд: Умар (р) пешниҳод кардааст, то Қуръонро дар як ҷо ҷамъ намоям. Чун ту ҷавонӣ ҳушманд ва мӯъмини амине ҳастӣ ва барои Расулуллоҳ (с) қисматҳое аз Қуръонро менавиштӣ анҷоми ин корро ба ту месупорам. Акнун ба диққат таҳқиқ кун ва ба тадвину навиштани тамоми Қуръон ва ҷамъоварии он дар як ҷо машғул шав. Зайд мегуяд: Агар Абубакр (р) мефармуд, ки кӯҳеро аз ҷояш канда ба ҷои дигар барам бароям осонтар буд, аз анҷоми ин маъмурияти бесобиқа.

Бинобар ин ба Абубакр (р) мегуяд: Чӣ гуна ба коре даст мезанӣ, ки Расулуллоҳ (с) накард. Абубакр (р) мегуяд: Ин кори хайр аст ва бояд кард. Зайд низ ба аҳамият ва хайр будани ин кор пай мебарад ва Худованд қалбашро барои иқдом ба ин кори хайр ҳидоя мефармояд.

Бо вуҷуди он ки Зайд ҳофизи кулли Қуръон буд ва аз аввал то охири онро азёд медонист ва метавонист бе муроҷиъатба каси дигар бекаму кост онро бинависад, вале барои он ки таҳқиқи бештаре намояд ва барои он ки дар бораи ҷамъоварии Қуръон дар оянда нофаҳмиҳое пеш наояд, он чиро ки қаблан дар ҳаёти Расулуллоҳ (с) ба таври пароканда ва ҷудо-ҷудо навишта шуда буд ва ҳар қисмате назди яке аз нависандагоне буд, ки Расулуллоҳ (с) онҳоро амин дониста навиштани Қуръонро ба онҳо иҷоза дода буд, ҷамъоварӣ намуда ва ба навиштани дар он ҷо ҷамъ кардани Қуръон ба сурати як китоб шурӯъ кард ва дар ин кор аз бақияи ҳофизони Қуръон дархости кӯмак намуд. Зайд ибни Собит муваффақ шуд Қуръони маҷидро дар муддати ду сол тадвин намуда ба сурати як китоби комили осмонӣ ба ҳамин тартибе, ки имрӯз дар дасти мо вуҷуд аст, даровард.

Ин матлабро бояд фаҳмид оёти ҷамъоваришудаи Қуръон, ки ба воситаи Зайд ибни Собит сурат гирифт ва дар байни мо мавҷуд аст ба ҳамон тарзе, ки Расулуллоҳ (с) дар давраи ҳаётиаш дастури навиштани онҳоро дода буд навишта шуданд, зеро ривоят шуда, ки ҳамин ки як ё якчанд оят нозил мешуд Расулуллоҳ (с) дастур медод барои навиштани онҳо ва мефармуд: Фалон оятро баъд аз фалон оят қарор диҳед. Бинобар ин Зайд ибни Собит оятҳои ин Қуръонро ба ҳамон тариқае, ки дастури Расулуллоҳ (с) буд, тадвин (ба шакли девон навиштаи) кард, вале сураҳои мустақили Қуръонро аз он ҷо ки аз Расулуллоҳ (с) дастуре набуд, ки фалон сураро баъди фалон сура қарор диҳанд, бинобар ин дар ҳангоми тадвинаш мувоффиқи назари ҳофизони Қуръон ва нависандагони он тартиб дода шуданд, на мутобиқи тартиби нузули онҳо. Сураҳои калонҳаҷм оғоз карда шуд ва ба сураҳои кутоҳҳаҷм хотима дода шуд. Ин амр мавриди мувофиқат ва иҷмоъи Саҳобаи Расулуллоҳ (с) қарор гирифт. Пас аз барои ҳамеша ва дар ҳар асру замони мавриди иҷмоъи Муҳаммад (с) буда ва мебошад.

Ин Қуръони комил, ки ба ин диққат навишта шуд ва ба ин тарз комил гардид, дар замони ҳаёти Абубакр (р), назди худи ӯ дар Дорул-хилофа нигаҳдорӣ мешуд. Пас аз ӯ назди Умар ибни Хаттоб (р) халифаи дуввум ва пас аз вафоташ муддате назди уммулмӯъминин Ҳафса (р) духатри Умар (р) буд, то ин ки Усмон (р) дар давраи хилофаташ онро аз ӯ гирифт.

Фиристодани лашкари ислом

Омода намудан ва фиристодани лашкари Усома ва шикаст додани сипоҳи мағрури Рум (Бизонс), ки на танҳо тамаъи императори Рум, ки чашм ба хоки арабистон дӯхта буд ба кулли қатъ кард, балки онро бо ин ғалаба дар оянда ба ҳоли мудофиа андохт. Баъдан чунон ки қаблан хондем, зарбаҳои сахте бар қувваи мудофеаш ворид сохт ва бар қисмати муҳимме аз сарзаминҳои ғасбкардаи ӯ ҳоким гардид.

Ҷанг бо қабоили мушрик ва муртад

Ҷанг бо қабоили мушрик ва қабоили саркаш ва ошӯбгарони фитнаангез ва набард бо навмусалмонони мункири закот ва қатли Мусайламаи каззоб ва хотима додан ба ошуби онҳо ва поксозии комили хоки араб аз фитнаи бадхоҳон ва ошӯби бадандешон ва даровардани назм ва амният дар саросари хоки араб ва таҳкими пояҳои давлати ислом ва тақвияти дини ислом ва ҷамъ намудани тамоми қабоили араб дар зери парчами як ҳукумат ва як дини муқаддас.

Ҳамла ба Ироқ

Ҳамла ба хоки Ироқ ва гирифтани қисмати зиёде аз он дар андак замоне ва ишоаи (паҳн кардан, ошкор кардан) дини Худо дар он ноҳия.

Фатҳи Шом

Лашкаркашӣ ба Шом, ки зери истисмори давлати Рум буд ва пешравӣ дар ин хитта (сарзамин, мамлакат) ва бисёре аз хусусиятҳои фитрии Абубакр (р), ки зикри онҳо дар ин мухтасар намеғунҷад, ошкоро аз азамати Абубакр (р) ҳикоят менамояд. Чунон азамате, ки ба нудрат дар ҳар чанд асре як бор дар марде аз бузургони ҷаҳон таҷаллӣ мекунад то пой пеш ниҳода, миллатеро ба сӯи хушбахтӣ пеш бурда, сарбаланд намояд ва дардҳои иҷтимоии онҳоро шифо бахшад ва орзую ҳавасҳояшонро бароварда созад, ё умматеро, ки дар маърази фитна ва ошӯби дохилӣ қарор гирифта бошанд, онҳоро моҳирона ба осонӣ ва бо таъйиди (мадад, ёрӣ) Худованд ҷалла ҷалолуҳу наҷот диҳад ва ба сарманзили саодат бирасонад.

Ба ростӣ Абубакр (р) пас аз Расулу-л-лоҳ (с) яке аз ҳамин мардони бузурги таърихийи ҷаҳони башарият мебошад.

Вафоти Абубакр (р)

Модарамон Оиша (р) мегӯяд:

-Бемории Абубакр (р) рӯзи душанбе ҳафтуми ҷимодию-л- охири соли 13-уми ҳиҷрӣ шурӯъ шуд. Ӯ дар он рӯз, ки ҳаво хеле сард буд, ҳамом кард ва таб гирифт. Понздаҳ рӯз дар хона бистарӣ шуд ва натавонист ба масҷид биравад. Баъд аз ғуруби хуршед рӯзи сешанбе бистудуввуми ҷимодию-л-охир мувофиқ бо (22-юми августи соли 632 мелодӣ) вафот ёфт. Ӯ монанди Расулу-л-лоҳ (с) 63 сол умр дид.

Аҳли Мадина бо шунидани хабари вафоташ ба андӯҳи сахт фурӯ рафта, гирён гардиданд. Ҳамин ки хабари вафоташ ба ҳазрати Алӣ (к.в.) расид, фавран ба хонаи Абубакр (р) шитофт ва фармуд:

-Ҳамоно мо махлуқи Худоем ва ба сӯйи ӯ боз мегардем, акнун хилофате, ки пас аз нубуват ба вуҷуд омад, мунқатеъ шуд. Абубакр (р) ҳангоме, ки мусалмон шуд сивуҳафт сол дошт ва пас аз он бистушаш сол дар ислом басар бурд, муддати хилофаташ ду солу се моҳ ва ду рӯз буд.

Дар ҳамон шаби вафоташ тибқи васияти худи Абубакр (р), ҳамсараш Асмо бинти Умайс бо кӯмаки писараш Абдураҳмон ӯро ғусл дод ва сипас ӯро пас аз такфин бар рӯи сарири (тахти хоб) махсуси уму-л-муъминин Оиша, ки Расулу-л-лоҳ (с) дар ҳаёти худ дар ҳуҷраи Оиша рӯи он мехобид, қарор доданд.

Ҳазрати Умар (р) имоми ҷамоат шуд ва намози ҷаноза бар ӯ хонд. Пас аз он Умар (р), Талҳа (р), Усмон ибни Аффон (р) ва Абдураҳмон писари Абубакр (р) дар қабраш, ки тибқи васияташ дар ҳуҷраи модарамон Оиша дар ҳамсоягии зариҳи (қабр) Расулу-л-лоҳ (с) канда буданд дохил шуданд ва ӯро ба тавре, ки сараш баробар бо дӯши мубораки он ҳазрат қарор гирад, дафн карданд.

Охирин каломе, ки Абубакр (р) дар ҳини назъ ба забон овард ин ҷумла буд: «Парвадигорам! маро ба мусалмонӣ аз дунё бигир ва маро ба бандагони дурусткорат бипайванд».

Васияти Абубакр (р):

Аз Табаронӣ ва ғайра ривоят шуда, ки Абубакр (р) дар бемории маргаш ба духтараш Оиша, фармуд:

— Эй Оиша, мо умури мусалмононро ба даст гирифтем. Ҳеҷ гуна пуле, на диноре (тилло) ва на дирҳаме (нуқра) аз байтулмоли онҳо ба унвони ҳуқуқ (маош) нагирифтем. Он чи бардоштем таоми ночизе буд ба андозаи рафъи гуруснагӣ, либосе буд барои пӯшидани бадан акнун аз моли мусалмонон назди мо ҷуз ин ғуломи ҳабашӣ ва ин шутур ва ин қатифа (ҷомаи пашмин, ки пас аз ғусл баданро бо он пок кунанд), ки онро мепӯшидам чизи дигаре намонда аст. Чун дар замоне, ки аз онҳо истифода мекардам халифа будам, ҳақ доштам аз онҳо истифода кунам. Ҳамин ки мурдам, ҳамаи онҳоро ба Умар ибни Хаттоб(р) бозгардон. Ҳамин ки Абубакр (р) вафот ёфт, Оиша ин ашёро назди Умар (р) фиристод. Умар (р) гирякунон гуфт:

— Худо туро раҳмат фармояд эй Абубакр! Касеро ки пас аз ту бошад (яъне халифа шавад) ба мушкилӣ андохтӣ. Зеро ӯ ҳам бояд монанди ту зӯҳд ва тақво дошта бошад. Инчунин зӯҳду тақвое сахту мушкил аст.

Охирин сухани мо дар бораи шахсият ва азамати ҳазрати Абубакр (р)

Чунонки фаҳмидем ҳазрати Абубакр (р) марди амал буд на марди сухан. Ӯ дар муддати кӯтоҳи хилофаташ, ки беш аз ду солу чанд моҳ набуд, шӯришиёни фитнаангези дохилиро саркӯб намуд ва онҳоро ба зери фармони худ кашид ва сар то сари нимҷазираи арабро аз оташи фитна ва фасоде, ки аз ҳар сӯ забона мекашид ва ҳукумату дини исломро сахт дар рӯ ба рӯйи хатар андохта буд, наҷот дод ва амният ва оромиро барқарор намуд, пас аз он низ ором нанишаст, балки фатҳи хоки Ироқу Шомро, ки аввалӣ таҳти истисмори Форс ва дуввуми мустамликаи Руми шарқӣ (Бизонс) буд, оғоз кард. Бар қисмате аз Ироқ тасаллут ёфт ва дар хоки Шом пешрафт ва он чиро, ки фатҳ намуд, ба қаламрави давлати исломи зам кард. Бо анҷоми ин кори муҳимми низомӣ, роҳро барои фатҳи хоки Форс ва тасаллут бар бақияи сарзамини Шом барои нашри таълими ислом ва ҷорӣ кардани адолати ислом ҳамвор сохт. Бо муваффақият дар ин корҳои бисёр муҳим, ки ҳар кас аз ӯҳдаи он бар намеомад, ба хубӣ баромад. Рисолате, ки ба ӯҳда гирифт, ба дурустӣ ва амонати комил адо намуд. Он гоҳ бо васияте, ки мазмуни он нақл шуд ва ҳикоят аз мизони зуҳд ва тақвои ӯ менамояд ба сӯи парвардигори бузургаш, ки ӯро дар анҷоми ин вазифа ва ин рисолат нусрат ва тавфиқ дод шитофт ва имтидод ва итмоми футуҳотеро, ки оғоз карда буд ба ӯҳдаи Умар ибни Хаттоб (р) халифаи дуввум супурд.

Футуҳоти густурда ва сареъи Умар ибни Хаттоб (р), ки дар замони хилофаташ анҷом дод, гарчи то ҳадди зиёде дар асари қудрат ва шавкати фитрӣ ва ношӣ аз тадбир ва басирати бемонанди худаш буд, вале ба ҷуръат метавон гуфт, ки зодаи футуҳоти музаффаронаи Абубакри Сиддиқ (р) буд, ки асоси маҳками онро пайрезӣ кард. То дами марг фармондеҳони лашкараш ба суръат ва бидуни вақфа дар хоки душман рахна карда пеш мерафтанд. Раҳмати Худо бод бар ту, эй Абубакр (р).

Зиндагонии Форуқи аъзам -ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р)

Халифаи дуввуми Расулу-л-лоҳ (с) ба иттифоқи таърихҳои худӣ ва бегона ҳазрати Умар ибни Хаттоб(р) буд.

Умар (р) аз қабилаи Қурайш ва аз хонаводаи Асил ибни Адйи буд, силсилаи насабаш ба Каъб ибни Луай бобои ҳафтуми Расулу-л-лоҳ (с), ки бобои нуҳуми Умар (р) буд, ба Расулу-л-лоҳ (с) мерасад.

Номи падараш Хаттоб ва номи модараш Ҳантама бинти Ҳишом аз хонаводаи бани Махзуми Қурайш буд. Кунияаш (Абуҳафс) ва лақабаш (Форуқ) буд.

Умар (р) аз овони ҷавонӣ монанди бақияи афроди хонаводаи сарватмандаш ба тиҷорат машғул буд. Барои анҷоми умури тиҷории худ чандин бор ба Ироқ ва Шом (Сурия) ва то шаҳри Қудс дар хоки Фаластин, ки дар он замон Илиё ном дошт, сафар кард.

Табъан ин мусофиратҳо, ки ба хориҷи кишвараш буд, он ҷо, ки таҳти ҳукумати Эрон ва он ҷо ки таҳти истеъмори Рум буд ва тамаддуни ин ду давлати мутамаддин бар он навоҳи густурда шуда буд дар ақл ва фаросати Умар (р) ва дар тарзи тафаккур ва муошираташ бо мардум асар гузошта буд ва аз ин тариқ ҳусни басират ва тадбире пайдо карда буд, ки умуми мардум, шефтаи ахлоқ ва маҷзуби шахсияташ шуда буданд.

Насаби Умар ибни Хаттоб(р)

Ҳазрати Умар (р) аз хонаводаи афроди Қурайш буда, дар муҳити зиндагонии ашрофи он рӯзгор бузург шуд. Аз ин хотир аз ҳайси баландманишӣ ва каромати нафс, ки ҳикоят аз бузургвории инсон менамояд ва дар фасоҳат, балоғат ва расоии калом, ки ҳар шунавандаеро таҳти таъсир қарор медиҳад ва махсусан дар сароҳати лаҳҷа нисбат ба изҳори ҳақоиқ ва тарафдорӣ аз ҳақ, намунаи комили абнои замони худ буд, аз ин рӯ назди аҳли Макка ва сокинони хориҷи Макка эҳтиром ва азамати хосе дошт, то он ҷо, ки бисёр вақтҳо дар воқеъаҳои муҳиме, ки рух медод ӯро барои ҳукм кардан ҳакам бармегузиданд ва назаре, ки медод қабул мекарданд ва ба қазовате, ки мекард таслим мешуданд, зеро барои ҳама каси ботаҷриба собит шуда буд, ки ӯ ҳам доно аст ва ҳам ҷуз ҳақиқат намеҷӯяд ва ҷуз ҳақ намегӯяд.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *