Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Суроқа Ибни Молик

Дар яке аз субҳгоҳон Қурайшиён хавфзада ва ҳаросон аз ҷой бархостанд ва дар бошишгоҳашон овоза шуда буд, ки Муҳаммад (с.) бо истифода аз торикии шаб, Маккаро тарк гуфтааст. Сарварони Қурайш ин хабарро нобоваркарданӣ талқин намуданд… Аз ин рӯ, ба ҷустуҷуи вай ба ҳар хона аз хонаҳои Бани Ҳошим сар заданд ва дар пайи дарёфти вай хонаҳои ёронашро кофтуков карданд. То он кӣ ба хонаи Абубакр омаданд. Асмоъа духтари ҳазрати Абубакри Сиддиқ аз хона берун шуд. Абуҷаҳл ба вай гуфт:

Эй духтарак, падарат куҷост? Асмоъа ҷавоб дод: Намедонам, ки вай акнун дар куҷост.

Абуҷаҳл дасти худ баланд кард ва силии сахте ба рӯйи вай зад, то он ки гӯшвораш ба замин афтод.

Қурайшиён вақте яқин карданд, ки Муҳаммад (с) Маккаро тарк гуфтааст, девонавор дар пайи вай шуданд. Ва касонеро, ки дар пайгирӣ маҳорат доштанд, омода сохтанд, то роҳе, ки Муҳаммад (с) ба он рафтааст, мушахас созанд. Ва он гоҳ худ ҳамроҳ бо ишон дар пайи ҷустуҷӯи вай баромаданд.

Вақте ба ғори Савр расиданд, пайшиносон ба онҳо гуфтанд, ки шахси мавриди назаратон ба ин ғор надаромадааст. Ва ин пайшиносон дар ҳарфи худ барои Қурайш хато накарда буданд. Чун Муҳаммад (с) ва соҳибаш Абубакр дар дохили ин ғор ҳузур доштанд ва Қурайш бар сари онҳо истода буданд. То он ҷойе, ки ҳазрати Абубакр поҳои ин мардумро бар сари худ медид, кӣ ҳаракат менамуданд. Лизо ашк аз чашмонаш берун шуд… Ҳазрати Расули Худо (с) ба дидаи муҳаббат ва итминон ва итоб ба вай нигарист.

Ҳазрати Абубакри Сиддиқ оҳиста дар гӯши ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Қасам ба Худо, ки ба хотири худ намегирям, вале аз он ҷиҳат мегирям, ки мабодо азияте муттаваҷеҳи ту шавад.

Ҳазрати Расули Аллоҳ (с.) бо итминон ба вай гуфт: Эй Абубакр, ғамгин машав, Худо бо мост.

Ҳамон буд, ки Аллоҳ таъоло дар қалби Абубакр оромиш ва сукунро афканд. Ва аз ин лаҳза ба баъд бо итминон ба қадамҳои ин мардум нигарист. Ва баъд гуфт: Эй Расули Худо (с) агар яке аз ишон ба зери пойи худ назар кунад, моро хоҳад дид. Ҳазрати Расули Худо (с) ба вай фармуд: Эй Абубакр, ба касоне, ки саввуми ишон Худо бошад, чӣ гумон дорӣ ?!! (Матлаб ин, ки мо ду нафар танҳо нестем, ҳамроҳи саввум Худованд аст ва Худованд бо мост ва андеша макун).

Дар ин вақт буд, ки садои ҷавонеро шуниданд, ки ба Қурайш мегуфт:

Биёед, бар сари ғор биравем, то дохили онро бингарем.

Умайя ибни Халаф бо тамасхур ба вай гуфт: Оё ин анкабутро намебинӣ, ки бар даҳани ғор ошёна сохта аст ?!!

Ин ошёни анкабут баёнгари он аст, ки пеш аз валодати Муҳаммад (с) дар ин ҷо ошёна сохтааст.

Абуҷаҳл гуфт: Ба назари ман Муҳаммад (с) ва ёронаш аз ин ҷо чандон дур нестанд ва ҳарфҳои моро мешунаванд. Ва корҳои моро мебинанд, ки чи мекунем. Аммо сеҳри вай бар чашмони мо парда афканда ва моро кӯр сохтааст.

Қурайш аз дастёбӣ бар Муҳаммад (с) даст набардошт ва аз азми худ мабнӣ бар пайгирии вай барнагашт. Бино бар ин, дар миёни қабилаҳое, ки дар роҳи Макка ва Мадина қарор доштанд, эълон кард, ки ҳар кас Муҳаммад (с)-ро зинда ва ё мурда ба ишон таслим диҳад, сад шутури норро ба унвони ҷоиза дарёфт хоҳад дошт.

Суроқа ибни Молики Мадлаҷӣ дар яке аз толорҳои қавми худ дар Қудайд, ки дар наздикии Макка қарор дошт, ба сар мебурд. Дар ин асно яке аз намояндагони Қурайш ба ҳузури ишон дохил шуд ва онҳоро аз мавзӯъи ҷоизаи Қурайш дар бадали дарёфти Муҳаммад (с) иттилоъ дод ва хотирнишон сохт, ки ҳар касе агар мурда ва ё зиндаи Муҳаммад (с)-ро биоварад, ин сад шутури норро ба унвони ҷоиза дарёфт хоҳад кард.

Вақте Суроқа хабари ин сад шутури норро шунид, бетоб шуд ва хирсу озаш ӯро ба пайгирӣ ва дарёфти Муҳаммад (с) хонд. Аммо худро бурдбор гирифт ва ҳарфе аз даҳонаш берун нашуд, то тамаъ ва ҳирси дигаронро ба дарёфти Муҳаммад (с) таҳриқ накунад. Ва ин хабарро зоҳиран бо бисёр хунсардӣ талқин намуд.

Ва қабл аз он, ки Суроқа аз ҷои худ бархезад, касе аз қавмҳояш бар маҷлис дохил шуд ва гуфт: Қасам ба Худо акнун се тан аз пеши рӯям гузаштанд ва гумони ғолибам он аст, ки ишон Муҳаммад (с), Абубакр ва роҳбаладашон буда бошад.

Суроқа гуфт: На чунин нест. Онҳо фалон ва фалон касонанд, ки шутурашонро гум кардаанд ва дар пайи ҷустуҷӯи онҳо баромадаанд.

Ин мард гуфт: Шояд чунин бошад ва баъд хомӯш гардид…

Баъд Суроқа андак даранг кард, то бархостанаш ҳисси кунҷковии ҳозирини маҷлисро барнаангезад.

Вақте мардум ба мавзӯъи дигар машғул шуданд, Суроқа оҳиста худро аз маҷлис кашид ва ба суръат ба хонаи худ рафт ва оҳиста ба канизи худ гуфт, ки асплашро пинҳон аз чашми мардум аз деҳа берун карда ва дар фалон водӣ онро баста монад. Ва ба ғуломи худ амр кард, ки силоҳашро омода сохта ва оҳиста ва пинҳон аз ақиби хонаҳои деҳа берун созад, то ҳеҷ кас ӯро набинад ва онро дар ҷойи наздик ба асп бигузорад. Суроқа зиреҳи худро ба тан кард, ва силоҳи худро ба шона овехт ва бар зини асп савор шуд ва бо суръат ба роҳ афтод, то Муҳаммад (с) –ро қабл аз ин ки дигарон дарёбанд, дастгир намуда ва ҷоизаи Қурайшро ба даст орад.

Суроқа ибни Молик яке аз паҳлавонони номии қавми худ буд. Қади барафрошта дошт ва гардани ғафс. Ва дар пайшиносӣ ӯро маҳорати том буд ва бар пайомадҳои ҳавлноки роҳ фавқулодда сабур ва бурдбор.

Илова бар ин ӯ марди ҳушёр, оқил, адиби суханвар ва шоири ширинзабон буд ва аспаш асолати зот дошт. Дар асное, ки Суроқа роҳҳоро ба суръат тай мекард, ногаҳон пойи аспаш лағжид ва ба замин афтод. Вай ин ҳодисаро барои худ фоли бад гирифт ва гуфт: Ин чӣ ҳол аст? Хок бар сари чун ту аспе… Ва он гоҳ бар аспаш савор шуд ва ба роҳ афтод. Магар боз чанд қадаме ба пеш норафта, ки пойи аспаш лағзид ва ба замин афтод ва бадфолиаш нисбат ба қабл афзун гардид. Қасди он намуд, ки баргардад. Агар ҳирсаш ба дарёфти сад шутур намебуд, ҳатман бармегашт.

Суроқа аз ҷойе, ки аспаш лағжида буд, чанд қадаме ба пеш наниҳода буд, ки чашмаш ба Муҳаммад (с) ва ёраш афтод. Даст ба камон бурд то Муҳаммад (с)-ро ҳадаф гирад, ки дасташ ҷо ба ҷо хушк монд. Ва аз сӯи дигар пойҳои аспаш дар замин фурӯ рафтан гирифт ва дуде аз миёни ду дасти аспаш бархост ва чашми асп ва соҳибашро фаро гирифт. Вақте аспро ба пеш тохт, дид, ки поҳои аспаш чунон дар замин кӯбида шудаанд, ки гӯё бо мехҳои оҳанин ӯро дар замин мех карданд. Баъд ба ҳазрати Расули Худо (с) ва ёраш рӯ оварда, бо садои ҳазин ва пур аз илтимос аз ишон хост: Эй, ин ду тан мусофири роҳ! Аз Парвардигоратон бароям бихоҳед, ки поҳои аспамро аз замин халос кунад.

Ва ман ба шумо аҳд медиҳам, ки ба шумо коре нахоҳам дошт… Ва аз азияти худ даст хоҳам кашид.

Ҳазрати Расули Худо (с) ба ӯ дуо намуд ва Худованд поҳои аспашро раҳо кард. Аммо дере нагузашт, ки тамаъаш дубора ба ҷӯш омад. Ва аспи худро ба пеш ронд. Дар ин бор поҳои аспаш беш аз пеш дар замин фурӯ рафтан гирифт. Ин бор низ бо истиғоса ба ишон фарёд зад ва гуфт: Тӯша ва матоъ ва силоҳам азони шумо бод.

Инҳоро аз ман бигиред ва ман бароятон аҳд медиҳам, ҳар касе, ки аз пайи шумо ояд,онҳоро баргардонам.

Ишон ба вай гуфтанд: Мо ба тӯша ва силоҳи ту эҳтиёҷ надорем, аммо мардумро аз пайгирии мо баргардон.

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) барояш дуо кард ва поҳои аспаш боз шуд.

Вақте азми баргашт намуд фарёд зад: Андаке биистед, ки бо шумо ҳарфе дорам. Қасам ба Худо аз ман коре сар нахоҳад зад, ки бар зараратон бошад.

Гуфтанд: Аз мо чӣ мехоҳӣ ??!

Гуфт: Қасам ба Худо ай Муҳаммад (с) маро имон ба он аст, ки дини ту ҳатман зафар хоҳад ёфт ва кори ту боло хоҳад гирифт. Аз ин рӯ барои ман аҳд бидеҳ, ки агар дар даврони салтанат ва подшоҳии ту оям, маро иззату икром кунӣ… ва ин аҳд бароям бинавис…

Ҳазрати Расули Худо (с) Абубакри Сиддиқро амр кард, ки чунин аҳдеро барои вай бинависад. Ҳазрати Абубукри Сиддиқ ин аҳдро бар сафҳаи устухоне бинавишт ва барояш дод.

Вақте қасди баргашт намуд, ҳазрати Расули Худо (с) ба вай гуфт: Эй Суроқа, агар даствонаҳои Кисроро ба даст андозӣ, чӣ тавр?!

Суроқа ба тааҷуб гуфт: Кисро ибни Ҳурмуз.

Фармуд: Бале, Кисро ибни Ҳурмуз. Суроқа ба ақиби худ баргашт, дид, ки мардоне чанд ба қасди дастёбии ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳоли роҳ паймудаанд. Чун ишонро бидид, ба онҳо гуфт: Ба ҷойи худ баргардед, ман қабл аз шумо ҳеҷ роҳ намонд, магар он, ки худро ба он расондаем ва асаре аз вай наёфтам. Ва шумо хуб медонед, ки ҳеҷ касе ба андозаи ман дар шинохти асари роҳ маҳорат надорад. Ҳамон буд, ки ҳамаи ишон баргаштанд.

Баъд вай саргузашти худро дар иртибот ба ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёраш Абубакри Сиддиқ аз мардум пинҳон дошт, то он, ки яқин намуд, ки ин ду акнун ба ҷой амне дар Мадина расида ва аз таҷовузи Қурайш худро маҳфуз доштаанд. Дар чунин фурсате хабари онҳоро пахш кард. Вақте Абуҷаҳл аз саргузашти Суроқа бо Муҳаммад (с) хабар шуд, ӯро марди тарсу ва буздил хонд. Ва аз ин ки чунин фурсати тиллоиро аз даст додааст, ӯро ба боди маломат гирифт.

Суроқа дар ҷавоб гуфт:

Эй Абулҳакам, агар ту маро дар он ҳолат медидӣ, ки поҳои аспам дар замин фурӯ рафта буд, ҳатман ба яқин медонистӣ, ки Муҳаммад (с) Пайёмбарест ростин ва чи касе метавонад бо чунин Пайёмбари ростин муқовимат кунад.

Рӯзҳо сипарӣ шуд ва моҳҳо гузашт. Акнун ин Муҳаммад (с), ки ду рӯз овора ва бепаноҳ дар торикии шаб аз Макка берун шуд, имрӯз сарафрошта ва фотеҳ дар ҳоле, ки ҳазорон тан ба гирди вай ҳамроҳ бо шамшерҳои дурахшанда ва найзаҳои тобони худ гирди вайро гирифта, дохили Макка мешуд.

Ва имрӯз ин сарварони мутакаббир ва сардорони гарданфарозе, ки дар тӯли зиндагониашон зулм ва барбариятро раво медоштанд, сарафканда ва бадҳол ба вай рӯ меоварданд ва аз вай илтимоси афв ва бахшиш менамоянд, ки бо ишон аз гузашт ва нармӣ кор гирад ва ба ӯ мегӯянд: Бо мо чӣ хоҳӣ кард?!!

Ҳазрати Расули Худо (с) бо гузашти Пайёмбаронаи худ ба онҳо мегӯяд: Биравед, шумо ҳама озод ҳастед.

Дар чунин фурсате Суроқа ибни Молик маркаби худро орост ва дар ҳоле, ки он аҳдро ки даҳ сол қабл аз вай гирифта буд, дар даст дошт, ба сӯи ҳазрати Расули акрам ба роҳ афтод, то Исломи худро дар пеши вай эълон намояд.

Суроқа гуфт: Ба ҳузури Пайёмбар (с.с.) дар Ҷайрона (номи ҷойест дар миёни Макка ва Мадина ва ба Макка наздик аст) дар миёни дастае аз ҷанговарони Ансораш дохил шудам. Ишон бо қундоқи найзаҳояшон маро ба ақиб мезаданд ва мегуфтанд: Дур шав, дур шав, чӣ мехоҳӣ?

Ман пайваста сафҳояшонро мекушодам, то он ки худро ба ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳоле, ки бар шутураш савор буд, наздик сохтам. Ва навиштаашро ба даст гирифта баланд намудам ва гуфтам: Эй Расули Худо (с)… Ман Суроқа ибни Молик ҳастам ва ин ҳамон нома аст, ки ту худ ба ман дода будӣ. Ҳазрати Расули Худо (с) ба ман гуфт: Эй Суроқа, ба ман наздик шав.. Имрӯз рӯзи вафо кардан ва некирасонӣ аст.

Ҳамон буд, ки ба вай наздик шудам ва Исломи худро дар пешгоҳаш эълон намудам ва аз хайр ва некиаш истифода бурдам.

Аз мулоқот ва дидори Суроқа ба ҳазрати Пайёмбар (с.с.) ҳанӯз чанд моҳе сипарӣ нашуда буд, ки Худованд Расули худро ба ҷивори раҳмати хеш хонд.

Суроқа ба вафоти ҳазрати Пайёмбар (с.с.) сахт андӯҳгин шуд. Ва он рӯзро ба ёд овард, ки ба хотири ба даст овардани сад шутур, тасмими қатли вайро гирифта буд. Ва акнун тамоми шутурҳои дунёро бо як нохуни қатъшудаи пойи ҳазрати Расули Худо (с) баробар намекунад.

Ва пайваста ин башорати ҳазрати Расули Худо (с)-ро такрор мекард, ки ба ӯ гуфта буд: Чӣ тавр эй Суроқа, агар даствонаҳои Кисроро ба даст кунӣ?!

Ӯ бидуни шакку тардид яқин ба он дошт, ки рӯзе даствонаҳои Кисроро ба даст хоҳад кард. Муддатҳо гузашт ва замонҳо сипарӣ шуд, то он ки хилофат ба ҳазрати Умари Форуқ такя кард. Ва лашкари мусалмонон дар аҳди фархундаи вай бар кишвари Форс роҳ кушуд. Ва чун гӯфон бар дару диёри он вазидан гирифт.

Лашкари мусалмонон қалъаҳоро яке баъди дигаре фатҳ ва лашкарҳоро яке пайи дигаре шикаст дода, тоҷу тахтҳоро сарнагун сохт. Ва ғаноим ва амволи зиёдеро ба даст овард, то он ки Худованд ба дасти ин лашкар зимоми мамлакат аз дасти ишон бигрифт ва ба касони дигар онро супурд.

Дар яке аз охирин айёми хилофати ҳазрати Умар (а), паёмоварони Саъд ибни Абиваққос ба Мадина расиданд ва ҳазрати халифаро ба футуҳоти муслимин мужда доданд. Ва ҳумси панҷяки ғаниматҳоро, ки Худованд ба ғанимати мусалмонон дароварда буд, ҳамроҳ бо хештан ба байтулмоли мусалмонон оварданд. Вақте ин ғаноимро дар пеши рӯи ҳазрати Умар гузоштанд, бо тааҷуб бадон нигарист…

Дар миёни ин ғаноим тоҷи Кисро, ки бо анвоъи ҷавоҳироти қимат ва дурҳои ноёб зинат ёфта буд ва либосҳое, ки бо торҳои тиллоӣ бофта шуда ва саршонае, ки бо ҷавоҳирот музайян гардида ва даствонаҳое, ки назири онро касе надидааст шомил буд.

Ҳазрати Умар бо асое, ки дар даст дошт ин ганҷҳои гаронбаҳоро тагурӯ мекард ва баъд ба пиромунаш назар афканд ва гуфт: Мардуме, ки инганҷинаҳороба мо фиристода, мардумони амин будаанд.

Ҳазрати Алӣ, ки дар ин вақт ҳузур дошт гуфт: Эй амирулмуъминин, чун худат иффат пеша намудӣ, лизо раъиятат низ иффат намудаанд… Агар худат амин намебудӣ, онҳо низ амин намебуданд.

Дар ин вақт буд, ки ҳазрати Умари Форуқ, Суроқа ибни Моликро ба ҳузур хост ва пироҳан ва изор ва ҷома ва наълайни Кисроро ба вай пӯшонид ва шамшерашро ба гарданаш овехт ва камарбандашро дар миёнаш баст. Ва тоҷи Кисроро бар сараш ниҳод ва ҳарду дастбанди зебояшро дар дасти ӯ намуд. Дар чунин фурсате мусалмонон наъраи такбир баланд карда гуфтанд: Аллоҳ Акбар… Аллоҳ Акбар… Аллоҳ Акбар… Баъд ҳазрати Умар рӯ ба Суроқа намуд ва гуфт: Баҳ, баҳ… Ин аъробии пойлуч аз бани Мудлиҷро нигар, ки тоҷи Кисро ба сару даствонаи вай ба даст дорад!!

Баъд сари худ ба сӯи осон баланд кард ва гуфт:

Эй Парвардигор, ту ин молро аз Пайёмбарат, ки нисбат ба ман назди ту маҳбубтару зиёдтар аз ман назди ту қадр дошт боз доштӣ. Ва онро аз Абубакр, ки аз ман назди ту маҳбуб ва зиёдтар аз ман назди ту қадр дошт, боздоштӣ. Ва акнун, ки онро бар ман лозим дидӣ, ба ту аз он паноҳ меҷӯям, ки бо гузоштани ин миннат ва додани он ба ман маро ба иқоби худ мубтало созӣ. Баъд қабл аз он ки аз ҷойи худ бархезад, онро дар миёни мусалмонон тақсим намуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *