Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Сумома Ибни Усол

Дар соли шашуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рӯ, ҳашт нома ба сарон ва руасаои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафӣ буд.

Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ӯ итоат мекарданд.

Ӯ яке аз сардорон ва сарварони олимақоми Ямома буд, ки суханонашонро мардум гӯш мекард ва аз амру фармонҳояшон пайравӣ мекарданд.

Сумома сараввал номаи ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васалламро бо беэътиноии тамом дарёфт дошт ва ба дидаи ҳақорат ба он нигарист ва хашму ғурураш нисбат ба вай ба ҷӯш омад. Ва гӯшҳояшро аз шунидани каломи ҳақ ва сухани хайр боздошт. Баъд шайтон ин васвасаро дар вай эҷод кард, ки тасмим гирифт, ки ҳазрат, Расули Худо (с)-ро қатл ва даъвати вайро маҳв намояд. Аз ин рӯ дар пайи фурсате буд, ки заминаи чунин коре ба ӯ муяссар гардад. Ва бо истифода аз ғафлат ва бехабарии он ҳазрат наздик буд, ки чунин тасмими хатарнок ҷомаи амал пӯшад, ки писари амакаш дар охирин лаҳзаҳо аз ин тасмим огоҳ шуд ва ӯро аз ин азм боздошт. Ва Худованд Паёмбари худро аз шарри вай наҷот дод. Аммо агар Сумома акнун аз азияти Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васаллам сарфи назар намуда, вале аз азияти ёронаш даст набардоштааст, ба тавре ки вай интизори он дошт, ки бар ёрони вай зафар ёбад, то ҷоми хашму ғазаби худро фурӯ рехта ва онҳоро ба қатл расонад. Боре чунин шуд ва ба дастае аз ёрони он ҳазрат зафар ёфт ва онҳоро ба бадтарин ҳолате ба қатл расонид. Ҳазрати Расули Худо (с) аз шунидани ин хабар хуни Сумомаро дар ҳузури ёронаш ҳадар эълон дошт.

Аз ин воқеа фурсате чандон сипарӣ нашуда буд, ки Сумома ибни Усол ба қасди адои умра азми сафар намуд ва Ямомаро ба қасди Макка тарк гуфт ва дар дил ҳавои он дошт, ки ба хонаи Каъба тавоф намуда ва қурбониҳоеро барои бутон забҳ хоҳад намуд.

Ва дар асное, ки Сумома дар роҳи худ ба сӯи Макка ба Мадина наздик шуда буд, ҳодисае рух дод, ки ҳаргиз дар гӯшаи хаёлаш нагузашта буд. Тавре ки дастае посбонони ҳазрати Расули Худо дар атроф ва навоҳии Мадина аз бими он ки мабодо бадхоҳе қасди харобкорӣ карда, дохили Мадина шавад, гашт мекарданд. Дар ин асно Сумома ба дасти посбонони фиристодаи ҳазрати Расули Худо (с) бидуни он ки бишносанд, ки вай Сумома аст, асир афтод. Ишон вайро гирифта ба Мадина оварданд ва ӯро дар сутуне аз сутунҳои масҷид бастанд ва ба интизори он нишастанд, ки ҳазрати Расули Худо худ ба ҳоли вай воқиф ва мутталеъ гардад ва дар бораи вай дастур диҳад.

Чун Ҳазрати Расули Худо (с) ба сӯи масҷид омад ва хост, ки дохили масчид шавад, дид, ки Сумома дар сутуни масҷид баста шудааст. Рӯй ба сӯи асҳоби худ намуд ва гуфт: Медонед, кӣ чӣ касеро асир гирифтаед?

Гуфтанд: На, Эй Расули Худо (с)

Фармуд: Ин Сумома ибни Усоли Ҳанафӣ аст. Бо асиратон муомилаи нек кунед.

Баъд ҳазрати Расули Худо (с) ба хонаи худ баргашт ва гуфт: Он чӣ хӯрданӣ, ки назди худ доред, онро ҷамъ намуда ба Сумома ибни Усол бифиристед…

Ва баъд амр кард, ки шутурашро субҳу бегоҳ дӯшида ва ширашро барои Сумома ибни Усол тақдим намоед. Ишон ин ҳама дастуроти Паёмбари Худо (с)-ро бидуни он ки бо вай ҳарфе бигӯянд, ба ҷо оварданд.

Баъд ҳазрати Муҳаммад (с) ба назди Сумома омад ва кӯшиш намуд, ки оҳиста-оҳиста ӯро ба Ислом ташвиқ намуда ва рағбат диҳад ва ба ӯ гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дорӣ? Гуфт: Эй Муҳаммад (с), ҳарфе ҷуз хайрхоҳӣ надорам…

Агар маро ба қатл расонӣ, касеро ба қатл мерасонӣ, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннат гузорӣ, бар касе миннат мегузорӣ, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо меорад… Ва агар аз ман пул хоҳӣ, ҳар қадаре, кӣ хоста бошӣ, дар ихтиёрат хоҳам гузошт…

Ҳазрати Расули Худо (с) ӯро то ду рӯз ба ин ҳолат гузошт ва хӯрданӣ ва нӯшиданиашро фиристод ва шири шутурашро ба вай тақдим намуд. Баъд назди вай омад ва гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дорӣ? Гуфт: Эй Муҳаммад (с.), ҳарфе ҷуз хайрхоҳӣ надорам… Агар маро ба қатл расонӣ, касеро ба қатл мерасонӣ, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннат гузорӣ, бар касе миннат мегузорӣ, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо орад… Ва агар аз ман пул хоҳӣ, ҳар қадаре, кӣ хоста бошӣ, дар ихтиёрат хоҳам гузошт…

Ҳазрати Расули Худо (с) ин бор низ ӯро ба ҳоли худ гузошту рафт. Ва рӯзи дигар назди вай омад ва гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дорӣ? Гуфт: Эй Муҳаммад (с), ҳарфе ҷуз хайрхоҳӣ надорам… Агар маро ба қатл расонӣ, касеро ба қатл мерасонӣ, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннатгузорӣ, бар касе миннат мегузорӣ, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо меорад… Ва агар аз ман пул хоҳӣ, ҳар қадаре, кӣ хоста бошӣ, дар ихтиёрат хоҳам гузошт… Ҳазрати Расули Худо (с) рӯ ба сӯи асҳоби худ намуд ва гуфт: Сумомаро раҳо кунед. Ҳамон буд, ки вайро раҳо карданд. Сумома масҷиди Расули Худо (с)-ро тарк гуфт ва рафт. То он, ки ба бӯстонҳои атрофи Мадина, ки дар наздикии Бақеъ воқеъ аст, расид ва дар он ҷо обе дид ва аз шутури худ фуруд омад ва худро хуб пок бишуст ва баъд ба сӯи масҷиди ҳазрати Расули Худо (с) баргашт. Ва чун ба он ҷо расид, дар миёни ҷамъе аз мусалмонон ба по истод ва гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ.

Ва баъд рӯй ба сӯи ҳазрати Расули Худо (с) намуда гуфт:

— Қасам ба Аллоҳ, эй Муҳаммад, то кунун назди ман ҳеҷ чеҳрае дар рӯи замин қабеҳтар аз чеҳраи ту набуд ва ҳоло ҳеҷ чеҳрае маҳбубтар аз чеҳраи ту назди ман нест ва қасам ба Аллоҳ, эй Муҳаммад ҳеҷ дине бадтар аз дини ту дар наздам набуд ва акнун ҳеҷ дин беҳтар аз дини ту назди ман нест. Ва қасам ба Аллоҳ, ки ҳеҷ шаҳре нохуштар аз шаҳри ту назди ман набуд ва акнун ҳеҷ шаҳре маҳбубтар назди ман аз шаҳри ту нест.

Баъд изофа намуда гуфт: Эй Расули Худо, ман дар бораи асҳоб ва ёрони ту муртакиби қатл шудаам, дар ин хусус бар ман чи дастур медиҳӣ?

Ҳазрати Расули Худо фармуд: Бар ту ҳеҷ маломате нест ва Ислом ҳама гуноҳони қаблиро маҳв месозад. Ва баъд ӯро ба хайр ва некӯӣ, ки ба сабаби Ислом Худованд ба вай насиб гардондааст, мужда дод. Аз шунидани ин ҳарф аз шиддати хушӣ дар худ намеғунҷид ва гуфт: Қасам ба Худо, бар мушрикин чунон азият расонам, ки чанд баробар азият буда бошад, ки ба ёрони ту расонидаам. Ва ман худ ва шамшерам ва онҳоеро, ки аз ман итоат доранд дар хидмати ту мегузорам ва дар ҷиҳати пирӯзии ту ва дини ту кор мекунам.

Ва баъд гуфт: Эй Расули Худо, дар ҳоле, ки ман қасди адои умра доштам, посбононат маро дастгир намуданд. Ва акнун дар ин хусус барои ман чӣ дастур медиҳӣ? Ҳазрати Расули Худо фармуд: Дар чаҳорчӯби таълимоти шаръи Аллоҳ ва расулаш ба адои умраат идома деҳ ва баъд худ шеваи умра карданро ба вай омӯзонд.

Сумома ба қасди анҷоми ҳадафи хеш ба сӯи Макка равона шуд ва чун ба домони Макка расид, бо садои расо гуфт: Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ваннеъмата лака вал мулк ло шарика лак.

Ва ба ин тартиб вай аввалин мусалмоне буд, ки талбиягӯён дохили Макка шуд.

Чун Қурайшиён ин садоро бишуниданд, хавфзада ва пур аз хашму ғазаб шамшерҳои худро гирифта ва ба сӯи вай равон шуданд, то ба вай дарси ибрат диҳанд. Чун Сумома ишонро бо инчунин ҳол бидид, бо сарбаландӣ ва ифтихор якбора садои худ баландтар намуд. Дар ин асно ҷавоне аз миёни онҳо хост ӯро ҳадафи тири худ қарордода ва нақши замин созад, дасти вайро гирифтанд ва гуфтанд, ки медонӣ ин чи касе аст? Ин Сумома ибни Усол сардори Ямома аст, қасам ба Худо, агар ба вай азияте расонед, қавмаш роҳи ризқро бар мо хоҳад баст ва ҳама аз гуруснагӣ ҷон хоҳем дод.

Баъдан Қурайшиён шамшерҳо дар ғилоф намуда, ба ӯ гуфтанд: Эй Сумома, туро чӣ шудааст, ки аз дини худ баргаштӣ?

Сумома гуфт: Ман аз дин барнагаштаам, аммо беҳтарин адёнро баргузидаам… Дини Муҳаммадро.

Баъд изофа намуда гуфт: Маро бар Парвардигори ин хона қасам аст, ки чун ба диёри худ баргардам, то он ки ҳамаатон ин динро напазиред, дона аз гандум ва ё ҳоҷоти дигареро иҷоза нахоҳам дод, ки ба сӯи шумо биёяд.

Сумома ибни Усол ба шевае, ки ҳазрати Расули Худо ӯро таълим дода буд, дар пеши чашми мардум маросими умраро ба ҷо овард ва барои Аллоҳ забҳ намуд ва чун ба диёри худ баргашт, барои қавмаш дастур дод, ки ирсоли маводи хӯрокаро аз Қурайш боздоранд ва нагузоранд, ки маводи хӯрока ба Макка бурда шавад. Қавмаш аз амри ӯ пайравӣ карданд ва ҳама ниёзмандиҳои аҳли Маккаро боздоштанд.

Ин муҳосараи иқтисодие, ки Сумома дар мавриди аҳли Макка ба кор бурд, оҳиста-оҳиста таъсири худро мегузошт то он, ки қимати ашёи хӯрданӣ боло рафт ва гуруснагӣ ҳама мардуми Маккаро фаро гирифт ва аз он бим намуданд, ки худ ва фарзандонашон аз гуруснагӣ ҷон диҳанд. Бино бар ин, нома ба ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ирсол дошта гуфтанд: Чизе, ки мо аз ту ба ёд дорем, ин аст, ки ту худ силаи раҳм мекардӣ ва мардумро ба он ташвиқ менамудӣ… ва ҳолро ту худ бо мо қатъи силаи раҳм карда ва падаронамонро шамшерҳоят аз байн бурд ва фарзандонамонро аз гурустагӣ ба ҳалокат меандозӣ. Ва Сумома ибни Усол ҳама манбаъҳои ризқи моро қатъ намуда ва ба мо осеби бузург расонидааст. Агар лозим донӣ, ба вай фармон деҳ, заруратҳои зиндагиро бар мо қатъ накунад ва ба он иҷозат вуруд диҳад. Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Сумома навишт, ки манбаъҳои озуқаи ононро бозкушояд. Сумома амри он ҳазратро ба ҷо овард ва мавориди озуқаашонро иҷоза дод.

Сумома то вақте ки дар қайди ҳаёт буд, бо камоли имондорӣ ва вафо ба аҳде, ки бо Паёмбар намуда буд, боқӣ монд ва вақте ҳазрати Расули Худо (с) падруди ҳаёт гуфт ва Мусайлимаи каззоб дар бани Ҳанифа иддаъои нубувват кард ва дастаҳое аз қабилаҳои Араб аз дини ислом баргашта ва ба даъвати вай рӯй оварданд. Сумома дар баробари вай ба по истоду гуфт: Эй бани Ҳанифа, ҳуш доред аз пазируфтани ин даъвати сиёҳе, ки асари нур ва равшанӣ дар он дида намешуд… Қасам ба Худо, ин даъвати вай бадбахтӣ аст, ки Худованд онро бар касоне аз шумо, ки онро мепазирад, навиштааст ва фитна аст бар касе, ки онро намепазирад. Баъд гуфт: Эй Бани Ҳанифа, ҳақиқат ин аст, ки ду Паёмбар дар як вақт мабъус намешавад. Ва Муҳаммад Паёмбари Худованд аст, ки баъд аз вай на Паёмбаре меояд ва на ҳеҷ кас ӯро дар ин нубувват ҳамто мегардад.

Баъд ин оятро бар ишон қироат кард:

Ҳо мим. Танзилу-л-китоби мина-л-ллоҳи-л-азизи-л-ъалим, ғофири-з-занби ва қобили-т-тавби шадиди-л-ъиқоби зиттавл ло илоҳа илло ҳува илайҳи-л-масир.

Баъд гуфт: Ин каломуллоҳ бо ин қавли Мусайлима чӣ таносубе дорад, ки гуфтааст: «Ё зифдаъ, наққи мо тунаққин, ло шароба тамнаъин ва ло моа тукдарин»

Баъд вай ҳамроҳ бо онон, ки ба исломи худ боқӣ монда буданд, яктараф шуд ва дар роҳи дифоъ аз дин ва ҳимоят аз Ислом ба ҷиҳоди ростини худ идома дод.

Худованд Сумома ибни Усолро подош некӯ ато фармояд ва мақому манзилаташро дар биҳишт баланд гардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *