Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ахамияти илм ва фазилати донишмандон

﴿ أهمية العلم وفضل العلماء﴾

Муҳаммадзарифи АБДУЛМАҶИД

﴿ أهمية العلم وفضل العلماء﴾

« باللغة الطاجيكية »

محمد ظريف عبد المجيد

Аҳамияти илм ва фазилати донишмандон

Ҳузайфа ибни Ямон (Рози бод Худованд аз У) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «фазилати илм аз фазилати ибодат беҳтар аст…». Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) бузургтарин дуоро барои Ибни Аббос (Рози бод Худованд аз У) чунин намуда буд: «Худовандо, ба Ибни Аббос, дар дин биниш ато фармо». Дар ривояти дигаре омадааст, ки Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Бор илоҳо, ба ӯ китоби Қуръон биёмӯз!» ва ҳамон тавр низ шуд. Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Ҳар кӣ дар роҳе ба талаби илм равад, Худованд барояш роҳеро ба сӯйи биҳишт осон мекунад. Фариштагон бошанд бинобар ризоияте, ки аз кораш доранд, болҳои худро барои толибилм мегустуронанд ва ҳама касоне, ки дар замину осмонанд, ҳатто моҳиҳо дар об, барои толибилм омурзиш металабанд. Фазилати олим бар обид, монанди фазилати моҳи шаби чордаҳ бар дигар саёраҳост». Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «Фазилати олим бар обид, монанди фазилати моҳи шаби чордаҳ бар дигар сайёраҳост. Донишмандон меросбари паёмбаронанд ва паёмбарон аз худ дирҳаму динор ба мерос нагузоштаанд, балки аз худ илмро ба мерос гузоштаанд, ки ҳар кӣ онро гирифт, баҳраи вофире гирифтааст».

Худованд (ҷ) мефармояд: «Ҳар неъмете, ки доред аз Худост» (сураи «Наҳл» ояти 53), «ва Худо шуморо аз шиками модаронатон, дар ҳоле ки чизе намедонистед берун овард ва барои шумо гӯшу чашму дилҳо қарор дод» (сураи «Наҳл» ояти 78). Паёмар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: «Ман (Расуллулоҳ) тақсимкунандаи (улум ва маорифи шариат ҳастам), аммо атокунандаи аслӣ Худованд(ҷ) аст. Ин уммат ҳамчунон бар дини Худо усувор хоҳанд монд ва мухолифати мухолифин ба онҳо зараре нахоҳад расонид, то он ки қиёмат фаро расад». Алӣ (Рози бод Худованд аз У) мефармояд: «илм аз сарват беҳтар аст, зеро илм туро муҳофизат менамояд, аммо ту сарватро ҳифз менамоӣ, илм ҳукму фармондиҳанда ва сарват ҳукмпазиру маҳкум аст, сарват бо сарф кардан кам мегардад ва илм бо сарф намудан зиёд мегардад». Ҳамчунин Алӣ(Рози бод Худованд аз У) мефармояд: Як донишманд аз шахси рӯзадору шаббедор бартар аст ва бо марги як донишманд дар Ислом шикофе меафтад, ки ҷуз бо ҷонишине аз вай пур намегардад. Ин ҳама ҳеҷ аз ғуруру худписандӣ намебошад, зеро Худованд(ҷ) дар Лавҳ-ул-маҳфуз нигоштааст, ки: нестии ин дунё ва вайронии он вобаста ба марги олимони он аст. Ба ин маъно дар Саҳеҳайн баён шудааст, ки Паёмбари Худо (Саллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: «қиёмат вақте барпо мешавад, ки нодонӣ интишор ёфта, дониш баргирифта шавад. Худованд (ҷ) илмро аз синаи бандагони худ нест намекунад, балки бо вафоти донишмандон онро аз байн мебарад. Вақте донишмандон аз байн рафтанд, мардум чоҳилонро раҳбари худ қарор медиҳанд ва масоили худро аз онҳо мепурсанд. Раҳбарашон низ аз рӯйи чаҳолат, фатво медиҳад, ки ҳам худ гумроҳ мешавад ва ҳам дигаронро ба гумроҳӣ мекашад». Бинобарин қиёмат танҳо бо марги донишмандон фаро мерасад.

Муоз ибни Ҷабал (Рози бод Худованд аз У) мегӯяд: «дониш биёмӯзед, ки тарс аз барои Худо ва талош барои он ибодат, мутолиааш тасбеҳи Парвардигору ҷустуҷӯйи он ҷиҳод ва ёддодани он ба касоне, ки намедонанд садақа, густариш додани он дар байни шоистагон мояи наздикӣ ба Худованд (ҷ) мебошад. Зеро онҳо нишонгарони ҳалолу ҳаром, мӯниси тарсу ваҳшатҳо, ҳамнишини танҳоӣ, роҳнамоён дар шодию андӯҳ, дин ҳамроҳ бо ахлоқ ва наздику васл барои ғарибон ҳастанд».

Абӯдардо (Рози бод Худованд аз У) гуфтааст: «мисоли донишмандон дар миёни мардум ҳамчун ситорагон дар осмон ҳастанд, ки ба василаи онҳо роҳ меҷӯянд. «Имом Аҳмад(Рози бод Худованд аз У) мегӯяд: «мардумон бештар аз обу ғизо дида ба дониш ниёзмандтаранд, зеро инсон дар рӯз як ё ду маротиба ба обу ғизо ниёз пайдо мекунад, дар ҳоле ки ба теъдоди нафасҳояш ба дониш ниёзманд мебошад». Дар «Сунан» аз Паёмбар (Саллоҳу алайҳи ва саллам) нақл шудааст, ки фармуданд: «Худованд (ҷ) ҳамчунин барои ин дин ниҳолҳои зиёдеро менишонад, то барои ёрӣ намудани динаш аз онҳо баҳра гирад». Донишмандон мегӯянд: «Мақсад аз ин ниҳолҳо ҳамон аҳли илму дониш мебошанд».

Умар ибни Абдулазиз мегӯяд: ҳар кӣ бе илм ба ибодат пардозад, аз хубӣ дида бадиаш бештар аст ва ҳар кӣ бе илм ба амале даст занад беш аз ончи бино мекунад вайрон хоҳад сохт .

Яке аз ҳукамо гуфтааст: «кош медонистам, ки ҳосили он кас, ки аз илм даст шуст, чист?! Ҳеҷ! Ё хусрони он касе, ки илм андӯхт чӣ бошад?! Ҳеҷ».

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «қалами олимон дар рӯзи қиёмат бо хуни шаҳидон вазн мешавад. Агар олимон намебуданд мардумон монанди чаҳорпоён мебуданд». Ҳамчунин Солим ибни Абӯҷаъд гуфтааст: «сарвари ман маро ба сайд харидорӣ намуд. Баъд маро озод кард. Бо худ гуфтам: чӣ ҳарфе биёмӯзам? Ғуломи сиёҳу озодгашта, чӣ кори дигаре аз дасташ меояд? Пас ба илмомӯзи рӯй овардам ва ҳанӯз соле бар ман нагузашта буд, ки амиралмӯъминин ба дидори ман омаду иҷозати даромаданаш надодам.» Барои ҳамин Луқмон гуфтааст:»дониш фуқароро ба ҷойгоҳи подшоҳон менишонад».

Муоз ибни Ҷабал (Рози бод Худованд аз У) мегӯяд: «илм ҳаёти қалбҳо, нури дидагон дар баробари торикиҳо ва нерӯи имон дар муқобили заъфу сустии он аст. Банда ба воситаи он ба ҷойгоҳи озодагон ва ба ҳамнишинии подшоҳон мерасад ва ба дараҷаҳои волое дар дунёву охират ноил мегардад. Андешаву тафаккур намудан дар роҳи он баробар бо рӯзадорӣ, ва баҳсу баррасии он ҳамшаъни шаббедорӣ мебошад. Ба воситаи он Худованд (ҷ)-ро фармон мебаранд ва бо хешон мепайванданд. Бадон ҳалолро аз ҳаром боз мешиносанд. Илм пешвову амал думболарави он аст. Саодатмандон онро меомӯзанд ва нагунбахтон аз он бе баҳра мемонанд.» Муоз(Рози бод Худованд аз У) баён доштааст, ки Худованд(ҷ) саодату хушбахтиро ба аҳли илму дониш мавқуф сохтааст ва шақовату бадбахтиро ба аҳли нодонию чаҳл

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *