Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Баъд аз набӣ сазои имомат Алӣ бувад

يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ

وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَه

وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ

Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад (Моида, ояи 67).

***

Дар Ғадири Хум имрӯз, бодае

ба ҷӯш омад,

К-аз сафои ӯ рӯшан ҷони

боданӯш омад.

В-он мубашшири[1] раҳмат боз

дар хурӯш омад,

К-он санам, ки аз ошиқ бурда

ақлу ҳуш омад,

Бо ҳаюлаи тавҳид дар либоси

инсонӣ.

Дар Ғадири Хум Яздон, гуфт

мар пайямбарро,

К-аз пайи камоли дин шав

пазира Ҳайдарро,

Пас пайямбар андар дашт бар

ниҳод минбарро,

Бурд бар сари минбар Ҳай-

дари фалакфарро,

Шуд ҷаҳони дил рӯшан, з-он

ду шамси рӯҳонӣ.

Гуфт: бишнавед эй қавм!

Қавли ҳақ таолоро,

Ҳам ба ҷон биёвезед гавҳари

таваллоро,

Пӯзиш оваред аз ҷон, ин

ситудамавлоро,

Ин васии барҳақро, ин вали

волоро,

Бо ризои ӯ кӯшед, дар ризои

яздонӣ.

(Малик-уш шуаро Баҳор)

***

Аз ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) пурсидаанд, ки оё расули Худо (с) пеш аз реҳлаташ дар бораи имомати Амири муъминон Алӣ (а) чизе фармуд? Он ҳазрат дар посух фармуд: «Аҷабо! Оё рӯзи Ғадири Хумро фаромӯш кардаед?».

***

Донӣ, ки халқро ба кӣ доду

чигуна гуфт,

Рӯзе, ки хутба кард набӣ бар

сари Ғадир.

Дасти Алӣ гирифту бад-ӯ дод

ҷои хеш,

Гар дасти ӯ гирифт, ту ҷуз

дасти ӯ магир.

(Носири Хусрав)

***

Эй ки бар хира ҳаме даъвии беҳуда

кунӣ,

Ки фалон будаст аз ёрон деринау

пир.

Шарафи мард ба илм аст,

шараф нест ба сол,

Чӣ дарои сухани ёфа ҳаме хира ба

хир?

Чунки пире нафиристонд

Худованд расул,

Ё аз ин ҳол набуд Эзиди додор

хабир[2]?

Ёфт Аҳмад[3] ба чиҳил сол маконе, ки

наёфт,

Ба навад сол Бироҳим[4] аз он

ушри ашир[5].

Алӣ он ёфт зи ташриф[6], к- зи ӯ

рӯзи Ғадир,

Шуд чу хуршеди дурахшанда дар

офоқ шаҳир[7].

Гар ба назди ту ба пирист бузургӣ,

сӯи ман,

Ҷуз Алӣ нест ба н-оят[8] на ҳакиму

на кабир.

(Носири Хусрав)

***

Пас аз хутбаи Ғадири Хум шунидӣ,

Алӣ ӯро валӣ бошад ба паймон.

(Носири Хусрав)

***

Мар набиро васиву ҳам домод,

Ҷони пайғамбар аз ҷамолаш

шод.

Ноиби Мустафо ба рӯзи Ғадир,

Карда дар шаръ мар ӯро ба амир.

Хонда дар дину мулк мухтораш,

Ҳам дари илму ҳам аламдораш.

(Саноӣ)

***

З-он сабаб пайғамбари боиҷтиҳод[9],

Номи худ в-они Алӣ Мавло ниҳод.

Гуфт: «Ҳар киро манам Мавлову

дӯст,

Ибни амни ман — Алӣ, Мавлои

ӯст».

(Румӣ)

***

«Расули Худо (с) дар Ғадири Хум барои амири мӯъминон Алӣ (а) паймон гирифт ва мардум ба вилояти ӯ қарор карданд. Хушо ба ҳоли онон, ки бар вилояти ӯ собитқадам монданд ва вой бар касоне, ки он паймонро шикастанд»

(Имом Содиқ (а)).

***

Агар қавли набӣ уммат шунидӣ

Хилофе дар раҳи миллат набудӣ.

На бар қавли Расул иқрор карданд,

Саросар халқро аз роҳ бурданд.

Шунидӣ ту ҳадиси манзили Хум,

Чаро кардӣ дар охир роҳро гум?

Набӣ гуфто: «Алӣ бошад имомат,

Бигӯяд бо ту асрори қиёмат».

(Аттор)

***

إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَالَّذِينَ آمَنُوا الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَهُمْ رَاكِعُونَ

Валии шумо танҳо Худо ва расули ӯ ва касоне, ки имон овардаанд, ҳамон касоне, ки намозро бар по медоранд ва дар ҳоли рукӯи намоз закот мепардозанд, мебошанд.

(Моида, ояи 55)

Он чи Алӣ дод дар рукӯ фузун буд,

Аз он чи ба умре бидод Ҳотами

Тойӣ,

Гар ту ҷуз ӯ ба ҷои ӯ бинишондӣ,

Валлоҳ, бооллоҳ, ки дар тариқи

хатоӣ.

***

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ

Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва ба расул ва соҳибони амр итоат кунед.

(Нисо, ояи 59)

Ҳақ чу дод аз пайи «атиуллоҳ»,

Ба «атиуррасул» моро роҳ.

Ҳарфи дигар назад ба лавҳи баён,

Ҷуз «улиламр минкум» аз пайи он.

Чун «улиламр» сохт пироя,

Шаръу дин бо набист ҳамсоя.

(Ҷомӣ)

***

Даъвии ишқу тавалло макун эй

сирати ту,

Буғзи арбоби дил аз бехирадиву

дағалӣ.

Мушк бар ҷома задан суд надорад

чандон,

Чу ту дар ҷома гирифтори ба

гандабағалӣ.

Ҷомӣ, аз қофиласолори раҳи ишқ

туро,

Гар бипурсанд, ки он кист? Алӣ гӯй

Алӣ.

(Ҷомӣ)

***

إِنَّ الَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ اللَّهَ يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِم

فَمَنْ نَكَثَ فَإِنَّمَا يَنْكُثُ عَلَىٰ نَفْسِه

وَمَنْ أَوْفَىٰ بِمَا عَاهَدَ عَلَيْهُ اللَّهَ فَسَيُؤْتِيهِ أَجْرًا

عَظِيمًا

Онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, ба зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад (Фатҳ ояи 10).

Як рӯз бихондам зи Қуръон ояти

байъат,

К-Эзид ба Қуръон гуфт, ки «буд дасти

ман аз бар».

Он қавм, ки дар зери шаҷар[10]

байъат карданд,

Чун Ҷаъфару Миқдоду чу

Салмону чу Бузар.

Мо дасти ки гирему куҷо байъати

Яздон,

То ҳамчу муқаддам[11] набувад

доди муввахар[12]?

Мо ҷурм[13] чи кардем, ки назодем

бад-он вақт?

Маҳрум чароем зи пайғамбару

музтар[14]?..

Дастам ба кафи дасти набӣ дод ба

байъат,

Зери шаҷари олӣ пур сояи мусмар.

(Носири Хусрав)

***

Дастро маспор ҷуз дар дасти пир,

Ҳақ шудаст он дасти ӯро дастгр…

Чунки дасти худ ба дасти ӯ ниҳӣ,

Пас зи дасти окилон[15] берун ҷаҳӣ.

Дасти ту аз аҳли он байъатшавад,

Ки «ядуллаҳ фавқа айдиҳим»

бувад.

Чун бидодӣ дасти худ бар дасти

пир,

Пири ҳикмат, ки ҳалим асту хатир.

К-ӯ набии вақти хеш аст, эй мурид,

То аз ӯ нури набӣ ояд падид.

Дар Ҳубайдия шудӣ ҳозир ба дин,

В-он саҳоба(й) байъатиро ҳамқарин.

(Румӣ)

***

Эй шери сарафрози забардасти

Худо,

Эй тири шиҳоби соқиби[16]

шасти Худо.

Озодам кун зи дасти ин бедастон,

Дасти ману домани ту, эй дасти

Худо.

(Абусаид Абулхайр)

***

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат набояд хиёнат кунед (Анфол, ояи 27).

***

كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ لَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Ҳама чиз ҳалокшаванда аст магар рӯи Ӯ, Ӯрост ҳукм ва шуморо бозгашт суи ӯст (Қасас, ояи 88).

***

Ин оят ҳаме далел кунад, ҳукм андар халқ Имомрост аз фарзандони Расул ва бозгашти халқ сӯи ӯст

(Носири Хусрав).

***

Куфрро ҳад асту андоза бидон,

Шайху нури шайхро набвад карон.

Пеши беҳад ҳар чи маҳдуд аст, лост,

«Кули шайъин ғайри ваҷҳиллаҳ

фаност».

(Румӣ)

***

Ҷуз рӯйи Алӣ дар ду ҷаҳон рӯйи

дигар нест,

Зеро ки Худоро рухи некӯйи дигар

нест.

Рӯяш бинигар, то нигари рӯйи

Худоро,

Чун рӯйи Худоро ба ҷуз ин, рӯйи

дигар нест.

Аз баҳри тавофи дили саргаштаи

ориф,

Ҷуз каъбаи кӯяш ба Худо кӯйи

дигар нест.

(Навоӣ)

***

انا مدينه العلم و على بابها،

Ман шаҳри илмам ва Алӣ дари он аст (Пайғамбар (с)).

Ки ман шаҳри илмам Алиям

дар аст,

Дуруст, к-ин сухан қавли пайғомбар

аст.

Гувоҳӣ диҳам, к-ин сухан рози

ӯст,

Ту гӯи ду гушам пуровози ӯст.

Алиро чунин дону дигар

ҳамин,

К-аз эшон қавӣ шуд ба ҳар гуна

дин.

(Фирдавсӣ)

***

Пайгомбар буд шаҳри ҳама илму

бар он шаҳр,

Шоиста даре буду қавӣ Ҳайдари

Карор.

(Носири Хусрав)

***

Сӯи он бояд рафтан, ки аз амри

Худой,

Бар хазинаи хираду илми Худованд

дар аст.

(Носири Хусрав)

***

Дар буд мар мадинаи илми расулро,

Зеро ҷуз ӯ набуд сазои амонаташ.

Гар илм боядат, ба дари шаҳри илм

шав,

То бар дилат битобад нури

саодаташ.

(Носири Хусрав)

***

Ман саломатхонаи Нӯҳи набӣ

бинмоямат,

То тавонӣ хештан эмин зи ҳар

шар доштан.

Рав мадинаи илмро дар ҷӯйю пас

дар вай хиром,

То кай охир хешро чун ҳалқа бар

дар доштан.

Чун ҳаме донӣ, ки шаҳри илмро

Ҳайдар дар аст,

Хуб набвад ғайри Ҳайдар миру

меҳтар доштан.

(Саноӣ)

***

Чун туӣ бобе он мадинаи илмро,

Чун шуои офтоби ҳилмро[17].

Боз бош, эй боб[18] бар ҷӯёи боб,

То расанд аз ту қашур[19] андар

лубоб[20].

Боз бош, эй боби раҳмат то абад,

Боргоҳи «лаҳу куфуван аҳад».

(Румӣ)

***

Дилат гар ба роҳи хато моил аст,

Туро душман андар ҷаҳон, худ

дил аст.

Ҳар он кас ки дар ҷон-ш буғзи

Алист,

Аз ӯ зортар дар ҷаҳон зор кист?

(Фирдавсӣ)

***

Ҷониби ҳар ки бо Алӣ на накӯст,

Ҳар ки гӯ бош, ман надорам дӯст.

(Ҳофиз)

***

Ибодат он замон Ҳақро қабул аст,

Ки дар дил ҳубби[21] авлоди Расул

аст.

(Аттор)

***

Пурсид азизе, ки «Алӣ аҳли куҷоӣ?»

Гуфтам: «Ба вилояти Алӣ, к-аз

Ҳамадонам».

На з-он Ҳамадонам, ки надонанд

Алиро,

Ман з-он ҳамадонам, ки Алиро

ҳама донам.

(Ҳамадонӣ)

***

Гар меҳри Аливу оли Батулат

набувад,

Умеди шафоат аз расулат набувад.

(Ҳамадонӣ)

***

Касеро, ки бошад ба дил меҳри

Ҳайдар,

Шавад сурхрӯ дар ду гетӣ баовар.

(Рӯдакӣ)

То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд,

В-андар пайи ишқ ошиқ ангехтаанд.

Бо ҷону равони Буалӣ меҳри Алӣ,

Чун ширу шакар ба ҳам

баромехтаанд.

(Ибни Сино)

***

Касро чи зӯру заҳра, ки васфи Алӣ

кунад,

Ҷаббор дар маноқиби[22] ӯ гуфт

«Ҳал ато»[23].

Зурозмои қалъаи Хайбар, ки

банди ӯ,

Дар якдигар шикаст ба бозуи

лофато.

Марде, ки дар масоф зиреҳ пеш

баста буд,

То пеши душманон надиҳад пушт

бар ғазо.

Шеъри Худову сафдари майдону

баҳри ҷуд,

Ҷонбахш дар намозу ҷаҳонсӯз

дар вағо[24].

Дебочаи муруввату[25] султони

маърифат,

Лашгаркаши футувату[26] сардори

атқиё[27].

Фардо, ки ҳар касе ба шафее[28]

зананд даст,

Моему дасту домани маъсуми[29]

Муртазо.

(Саъдӣ)

***

Муслими аввал шаҳи мардон Алӣ,

Ишқро сармояи имон Алӣ.

Аз валои дудмонаш зиндаам,

Дар ҷаҳон мисли гуҳар бандаам…

Аз рухи ӯ фол пайғомбар гирифт,

Миллати ҳақ аз шукӯҳаш фар

гирифт.

Куввати дини мубин фармудааш,

Коинот оинпазир аз дудааш.

Мурсали[30] ҳақ кард номаш

Бутуроб[31],

Ҳақ ядуллоҳ[32] хонд дар

Умулкитоб[33].

Ҳар ки донои рамузи зиндагист,

Сирри асмои[34] Алӣ донад, ки чист?

(Иқбол)

  1. Мубашшир-башоратдеҳ, қосиди муждаовар
  2. Хабир — хабардор
  3. Аҳмад — ҳазрати Муҳаммад (с)
  4. Бироҳим — ҳазрати Иброҳим
  5. Ушри ашир – аз сад як, маҷ. чизи андак
  6. Ташриф – мушарраф гаштан
  7. Шаҳир — машҳур
  8. Н–оят — ниҳоят
  9. Иҷтиҳод – саъю кўшиш
  10. Шаҷар – дарахт
  11. Муқаддам – пеш, қаблӣ
  12. Мувввахар — охир
  13. Љурм — гуноҳ
  14. Музтар – зарардида, дармонда
  15. Окил — хуранда
  16. Ситораи дурахшох ситораи парон ки гўё деву ҷин ва шайтонро мезанад
  17. Њилм – нармдилӣ, мулоимӣ
  18. Боб — дар
  19. Ќашур – рангин, пардознок
  20. Лубоб – чизи беомезиш
  21. Њубб — муҳаббат
  22. Маноқиб – шакли ҷамъи манқабот – ситоиш, сано
  23. Њал ато – номи дигари сураи Инсон, ки дар васфи Алӣ (с)нозил шудааст
  24. Вағо — ҷанг
  25. Мурувват – раҳм, инсоф
  26. Футуват – ҷавонмардӣ, сахо, карам
  27. Атқиё аз тақӣ – тақводор, парҳезкор
  28. Шафеъ — шафоаткунанда
  29. Маъсум – аз гуноҳ пок
  30. Мурсал – фиристода, расул, мурод ҳазрати Муҳаммад (с)
  31. Бутуроб – лақаби ҳазрати Алӣ (а)
  32. Ядуллоҳ – дасти Худо (ишора ба сураи Фатҳ ояи 10)
  33. Умулкитоб – мурод Ќуръони карим
  34. Асмо — номҳо

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *