Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Сафия Духтари Абдулмуталлиб

Ин хонуми асилзода ва шариф кист, ки абармардон бо вай ҳазорон ҳисоб доранд?

Ин саҳобияи қаҳрамон ва ин аввалин зане, ки мушрикеро дар даврони Ислом ба қатл расонидааст кист?

Ин зани тасмимгирифта, ки аввалин бор қаҳрамониро дар домани худ парвандааст, то шамшери худро дар роҳи Худо аз ғилоф берун кунад, кист?

Ин зан Сафия, духтари Абдулмуталлиби Ҳошимии Қурайшӣ аммаи Ҳазрати Расули Худо (с.б.) аст.

Сафия духтари Абдулмуталлиб ҳама маҷду азаматро дар худ ҷамъ намудааст.

Падараш Абдулмуталлиб ибни Ҳошим бобои Ҳазрати Паёмбар (с.) аст.

Шавҳари аввалиаш Ҳорис ибни Ҳарб бародари Абусуфён ибни Ҳарб заъими бани Умайя аст, ки қаблан аз вай вафот намудааст.

Ва шавҳари дуввумии вай Аввом ибни Хувайлид бародари Хадиҷа бинти Хувайлид сайидаи хонумҳои Араб дар даврони ҷаҳилият ва аввалини уммаҳотул мӯъминин дар аҳди Ислом аст.

Фарзандаш Зубайр ибни Аввом ёру носири ҳазрат Расули Худо (с.) аст.

Оё баъд аз ин ҳама шарафу иззат, шараф хоҳад буд, ки дили одамӣ ба он сар кушояд ва тамаъи он кунад, ба ҷуз шарафи имон ва ақида?!

Шавҳараш Аввом ибни Ҳувайлид вафот ёфт ва барояш тифли хурдсол гузошт, ки ҳамоно Зубайр аст, Сафия ин тифлро дар муҳити аз хушунат ва сахтӣ калон кард ва парвариш дод ва барои вай дарси диловарӣ ва шуҷоъат омӯхт ва ҳунари ҷанг ва мубориза таълим дод, бозичаашро нишонзанӣ ва тирсозӣ муқаррар кард.

Ӯро чунон омӯзонд, ки дар ҳар ҷое, ки аз он эҳсоси хатар кунад, тири худро ба он ҳадаф гирад ва вақте барояш намудор мешуд, ки аз амраш сарпечӣ мекунад ва ё дар задан дудила мешавад, худ сахт мезад, то он ҷо, ки Сафия аз тарафи яке аз амакҳояш мавриди итоб ва сарзаниш қарор гирифт ва ба ӯ гуфт: Тифлро набояд ба ин андоза лату куб кард.

Вақте Худованд Паёмбари худ (с.) ҳазрати Муҳаммад (с.)ро ба дини ҳақ ва ҳидоят мабъус гардонд ва ӯро барои мардум башир ва назир фиристод, ба ӯ дастур дод, ки сараввал даъватро аз наздикон ва хешовандони худ оғоз кунад. Ҳамон буд, ки ҳазрати Паёмбар (с.) занон ва мардон, бузургон ва хурдони қавми худро ҷамъ кард ва дар хитоб ба ишон гуфт: Эй Фатима духтари Муҳаммад, эй Сафия духтари Абдулмуталлиб, ва эй фарзандони Абдулмуталлиб, ман аз тарафи Худованд ба шумо чизе карда наметавонам.

Баъд онҳоро ба имон ба Аллоҳ даъват намуд ва ишонро ташвиқ кард, ки рисолати ӯро тасдиқ намоянд…

Иддае аз ин ҷамъ ба ин нури илоҳӣ рӯ оварданд ва онро пазируфтанд ва бархе аз он сар печиданд ва рӯ гардонданд, Сафия дар пешопеши он ҷамъи мӯъминон қарор дошт, ки паёми илоҳиро лаббайк гуфта ва рисолаташро тасдиқ намуда буданд. Дар чунин фурсате ҳама хусусиятҳои олӣ ва бартарӣ дар вуҷуди Сафия ҷамъ гардид, сиёдати ҳасаб ва иззати Ислом.

Сафия духтари Абдулмуталлиб ҳамроҳ бо фарзандаш Зубайр ибни Аввом ба ин қофилаи нур пайваст ва чун соири мусалмонон ранҷҳо ва таклифҳои Қурайш бидид ва туғён ва ҷабарути онҳоро бо дили кушод пазируфт. Вақте Худованд барои мӯъминон ва Паёмбараш иҷозаи ҳиҷрат ба Мадина дод, ин хонуми ҳошими табор Маккаро ба ҳама ёду будҳо ва хотироти ширинаш ва бо ҳама ифтихорот ва фазилатҳояш пушти сар ниҳод ва роҳи Мадина дар пеш гирифт ва ба сӯи Худо ва Паёмбараш ҳиҷрат намуд.

Бо вуҷуди он, ки ин бонуи номдор шаст соли умри худро пушти сар ниҳода буд, вале бо вуҷуди он дар саҳнаҳои ҷиҳод қаҳрамониҳои аҷибе нишон додааст, ки рамзи ифтихор ва намуна ва лугӯи шаҳомати занони мусалмонро нишон медиҳад ва таърих ба ин қаҳрамонӣ ва исори вай ба дидаи ҳайрат ва таъаҷҷуб менигарад, ки ҳамвора мадҳу ситоиш будааст. Ва мо дар поён фақат дар ду мавқиф аз мавоқифро, ки баёнгари шаҳомати вай аст, ёдовар мешавем, ки яке дар Уҳуд ва дигаре дар рӯзи Хандақ буда аст.

Қаҳрамонӣ ва шуҷоъаташ дар рӯз Уҳуд он буд, ки вай дар миёни ҷамъе аз занони ва мусалмон ба ҷиҳод берун шуд ва дар он ҷо ба об додани маҷруҳин ва муҷоҳидин ва оростани камонҳо ва тирҳо пардохт. Ва дар паҳлӯи ин вазифаҳо кори дигареро низ ба ӯҳда дошт ва он ин, ки саҳнаи набардро ба диққат зери назар дошт ва карру фарри ҷавлонзании тарафайнро назорат мекард… Ин амр аз вай шигифте надорад, чун бародарзодааш ҳазрати Расуллоҳ дар саҳнаи набард ҳузур дошт ва бародараш Ҳамза ибни Абдулмуталлиб низ саҳм гирифта буд. Ва фарзандаш Зубайр ибни Аввом ёру ёвари Ҳазрати Расули Худо (с.) буд… Ва илова бар ин ҳама ин ҷанг сарнавиштсоз буд, ки масири диниро таъйин мекард, ки ба завқи худ ба он сар ниҳода ва дар роҳи Худо ва ба қасди ба даст овардани ризои вай ҳиҷрат намудааст. Ва аз хилоли ин оин роҳи биҳиштро медид ва тамошо мекард…

Вақте Сафия дид, ки мусалмонон оҳиста –оҳиста доранд аз перомуни ҳазрати Расули Худо (с.) дур мешаванд ва ҷуз теъдоди андаке перомуни вай намондаанд… Ва дарёфт, ки мушрикин наздик аст, ки худро ба ҳазрати Расули Худо расонда ва бар вай зарба ворид меоваранд. Зарфро, ки бо он об медод ба замин партофт ва ба сон шери беша, ки бачаҳояш мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, ҷаст ва ханҷари яке аз мусалмонони шикастхурдаро аз дасташ гирифт ва дар миёни суфуфи душман даромад ва бо ин найза онҳоро мавриди ҳамла қарор дод ва дар хитоб ба мусалмонон фарёд баровард ва гуфт: Шуморо чӣ шудааст, оё дар дифоъ аз Паёмбаратон шикаст хурдед?!

Вақте Ҳазрати Расули Худо (с.) ӯро ба ин ҳол дид, ки ба сӯи вай меояд, аз он тарсид, ки чашмаш ба бародараш Ҳамза, ки шаҳид ва мусла шудабуд бияфтад, аз ин рӯ ба фарзандаш Зубайр ишора намуд ва гуфт: Эй Зубайр мутаваҷҷеҳи ин зан бош… Эй Зубайр мутаваҷҷеҳи ин зан бош… Зубайр рӯ ба сӯи вай намуд ва гуф: Модар аз ин ҷо канор рав… Модар аз ин ҷо канор рав…

Сафия гуфт: Яктараф шав, Худо туро бемодар кунад.

Зубайр гуфт: Ҳазрати Расули Худо (с.) ба ту амр намудааст, ки аз ин ҷо баргарди…

Сафия гуфт: Чаро? Ман хабар ёфтам, ки бародарамро мусла кардаанд ва ман ин мусибати худро ба Худо мегузорам ва аҷри он аз Худо мехоҳам.

Баъд Ҳазрати Расули Худо (с.) фармуд: Эй Зубайр вайро ба роҳаш бигузор.

Вақте ҷанг поён ёфт Сафия бар болои сари бародараш Ҳамза истод, дид, ки шикамаш пора шуда ва ҷигарашро кашидаанд ва биниашро бурида ва гӯши вайро қатъ карда, чашмҳояшро берун кашидаанд ва рӯи вай масх намудаанд. Он гоҳ Сафия барои бародараш аз Худованд мағфират хост ва гуфт: Ин ҳама барои Худо бод…

Ман ба қазои илоҳӣ розиам. Қасам ба Худо дар баробари ин мусибат сабр пеша хоҳам намуд ва аҷри онро аз Худованд мехоҳам..

Ин буд мавқифи Сафия духтари Абдулмуталлиб дар рӯзи Уҳуд.

Ва акнун бубинем, ки дар рӯзи Хандақ чи нақшеро дар иртибот бо ин рӯз анҷом дода аст. Бидуни шак мавқифи вай дар ин ҷанг аҷибтар ва шигифтангезтар аз аввал аст, ва ҳоло мо ин мавқеи вайро ба шаҳодати таърих арза медорем.

Ҳазрати Расули Худо (с.) одат дошт вақте ба сӯи ғазва азм менамуд, занон ва атфолро дар қалъаи мустаҳкаме нигоҳ медошт, то мабодо бо истифода аз ғоиб будани вай бадхоҳон бар онҳо шабехун зананд ва занон ва атфолро ба асорат бибаранд.

Вақте рӯзи Хандақ фаро расид ҳазрати Расули Худо (с.) ҳамсарон ва аммаи худ ва ҷамъе аз занони мусалмонро дар қалъаи Ҳисон ибни Собит, ки аз обояш ба ирс бурда буд, гузошт ва ин қалъа аз мустаҳкамтарин қалъаҳои Мадина ба шумор мерафт, ки роҳ ёфтан ба он кори саҳлу осон набуд, ҷамъ кард.

Ва дар асное, ки мусалмонон дар атрофи Хандақ дар рӯёрӯи Қурайш ва ҳампаймонҳояшон сангар гирифта буданд ва ба иллати машғул шудан бо душман натавонистанд ба посбонӣ ва посдорӣи занон ва авлодашон расидагӣ кунанд. Онҳо танҳо ва бесарпараст монда буданд.

Дар ин асно Сафия духтари Абдулмуталиб сиёҳиеро дид, ки дар торикии аввали субҳ дар ҳоли ҳаракат аст, оҳиста ба он гӯш ниҳад ва чашм ба он дӯхт. Дид, ки марди Яҳудие ба сӯи қалъа меояд, ва мехоҳад маълумот ва иттилоъ аз ин қалъа ва бошандагони он ба даст орад. Сафия дарёфт, ки вай омадааст, ки ба қавми хеш ҷосусӣ кунад, то бидонад, ки дар дохили ин қалъа мардонанд, ки аз бошандагони он дифоъ мекунанд ва ё ин ки ҷуз занон ва атфол каси дигаре дар ин қалъа вуҷуд надорад.

Лизо бо худ гуфт: Яҳуди бани Қурайза аҳдро, ки ба Ҳазрати Расули Худо (с.) баста буданд шикастанд ва бар алайҳи мусалмонон ба пуштибонӣ ва дифоъ аз Қурайш ва ҳампаймонҳояшон пардохтанд. Ва дар миёни мо ва ин яҳудон касе вуҷуд надорад, ки аз мо дифоъ кунад ва ҳазрати Расули Худо ва ёронаш даррӯё рӯи душман сангар гирифтаанд ва машғуланд.

Агар ин душмани Худо битавонад, ки ҳақиқати ҳолатро, ки мо дар он ба сар мебарем ба қавми худ расонад, Яҳудиён занони моро каниз хоҳанд гирифт ва фарзандонамро ғулом ва барда хоҳанд сохт. Ва дар он вақт аст, ки қиёмати бузург бар мусалмонон қоим хоҳад шуд.

Дар чунин фурсат ба суръат ба сӯи чодари худ рафт ва онро ба сари худ печонд ва либоси худ гирифт ва онро ба камар баст ва чӯби маҳкамеро ба шона бардошт ва ба сӯи дарвозаи қалъа фуруд омад ва бо бисёр оҳистагӣ ва ҳушёрӣ дарвозаро андак кушод ва аз сурохиҳои он ҳаракати ин душмани Худрро, ки бо бисёр эҳтиёт гом бар медошт ва бо диққат мутаваҷҷеҳи худ буд, зери назар гирифт, то он ки хуб яқинаш ҳосил шуд, ки ҳоло метавонад бо як ҳамлаи барқосо ӯро аз по дароварад, дарвозаро кушоду ва бар вай чун шер ҳамла кард ва бо чӯбдаст бар фарқаш зад ва ӯро нақши замин сохт… Баъд чанд зарбаи пайдарҳами дигар низ бар сараш фуруд овард, то он ки аз ҳаракат боз монд ва рӯҳаш аз тан ҷудо Гардид. Баъд бо корде, ки бо худ оварда буд сарашро ҷудо сохт ва онро аз фарози қалъа ба зер андохт то он, ки сараш ҷудо шуда ба назди яҳудон, ки дар минтақаи поинтаре ӯро зери назар доштанд расид. Вақте яҳудиён сари ин ёри худро диданд, бо ҳам гуфтанд: Мо қаблан ҳам гуфта будем, ки Муҳаммад зану фарзанди худро бидуни ҳомӣ ва пуштибоне танҳо намегузорад…

Баъд ба роҳе, ки омада буданд баргаштанд.

Худованд аз София духтари Абдулмуталлиб розӣ бод. Ӯ намунад аз занони мусалмони қаҳрамон ва шуҷоъ буд, ӯ ҷигаргӯшаи худро тарбия намуд ва нек парвариш дод.

Ӯ бо шаҳодати бародараш рӯ ба рӯ шуд ва бар он хуб сабр кард. Мушкилот ва душвориҳо ва ранҷҳо ӯро дар озмуни худ гирифт ва дарёфт, ки хонуми диловару шуҷоъ ва оқилу қаҳрамон аст.

Матлаби дигар ин, ки китобҳои таърих дар дурахшонтарин саҳифаҳои худ навишта аст, ки Сафия духтари Абдулмуталлиб аввалин зане аст, ки марди мушрикеро дар аҳди Ислом ба қатл расонидааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *