Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абдуллоҳ Ибни Аббос

Ин саҳобии олиқадр ҳама азамату бузургӣ дар ӯ ҷамъ шудааст ва ҳеҷ фазилате набудааст, магар он, ки вай ба он миттасиф аст. Дар вай азамати сӯҳбати Расули Худо (с) мавҷуд аст: Агар вилодаташ андак ба таъхир меафтод, аз ин фазл маҳрум мемонд ва шарафи сӯҳбатро дарнамеёфт.

Бузургии қаробат ва хешовандӣ: Вай писари амаки ҳазрати Расули Худо (с) аст.

Бузургии илм: Вай яке аз уламои солеҳи уммати Муҳаммадӣ ва баҳрест аз ганҷинаи илми он.

Бузургиии тақво ва парҳезкорӣ: Вай ҳамеша рӯзро рӯза мегирифт ва шабро ба ибодат сипарӣ мекард ва дар ҳангоми саҳар аз Парвардигораш мағфират мехост ва аз тарси Аллоҳ он қадар мегирист, ки касрати ашк асари ҳафра дар рухсорааш асар ниҳода буд. Абдуллоҳ ибни Аббос худотарси уммати муҳаммадӣ ва донишмандтарини ин уммат ба китоби Аллоҳ ва фақеҳтарин шахс ба таъвили он ва қодиртарини ишон ба умқи маонии Қуръон ва дарки маром ва асрори он буд.

Ҳазрати Ибни Аббос (р) се сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омад. Вақте Расули Худо (с) вафот ёфт, вай сездаҳсола буд ва бо вуҷуди ин хурдсолӣ вай аз ҳазрати Расули Худо (с) як ҳазору шашсаду шаст ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим онро дар Саҳеҳайн-и худ дарҷ намудаанд, барои мусалмонон ҳифз намуд. Вақте модараш ӯро ба дунё овард, қабл аз он ки синаи худ ба даҳани вай гузорад, ӯро гирифта, назди Расули Худо (с) овард. Ҳазрати Расули Худо (с) аз оби даҳони мубораки хеш дар даҳани вай молид ва ба ин тартиб, аввалин чизе, ки дар шикамаш дохил шуд, оби даҳони мутаҳҳари он ҳазрат буд, ки ҳамроҳ бо он ҳикмат ва тақво дар дилаш роҳ ёфт. Ҳамин ки ин писарбачаи ҳошимӣ синни туфулиятро пушти сар гузошт ва дар синни ҷавонӣ қадам ниҳод, мулозимат ва хизмати ҳазрати Расули Худо (с)-ро чунон баргузид, ки чашм бо чашми дигар мулозамат дорад. Он ҳазрат вақте мехост вузӯъ кунад, вай оби вузӯяшро баробар месохт ва вақте ҳазрати Паёмбари Худо (с) ба намоз меистод, ӯ дар пушти сараш саф мегирифт ва бо вай дар намозаш шарик мешуд ва чун мехост азми сафар намояд, вай дар маркаб пушти сараш савор мешуд. Ӯ худро нисбат ба ҳазрати Расули Худо (с) чунон сохта буд, ки гӯӣ сояи вай аст, ҳар ҷое, ки равад, аз пайи ӯ равон аст ва ҳар ҷое, ки биистад, бедаранг меистод. Вай дар ҳамаи ин ҳолатҳо қалби огоҳ ва бедор ва зеҳни соф ва шафоф ва ҳофизаи саршор дошт, ки ва асбоби сабти асри ҷадид баон намерасид.

Абдуллоҳ ибни Аббос дар бораи худ сухан баён дошта гуфт: Боре ҳазрати Расули Худо (с) қасди вузӯъ намуд. Фавран оби вузӯъ барояш омода сохтам. Ин кори ман мавриди писанди вай воқеъ шуд. Вақте қасди намоз хондан кард, ишора намуд, ки дар паҳлӯяш биистам, аммо ман дар пушти сараш саф гирифтам. Вақте намозро ба поён расонд, рӯ ба ман намуд ва гуфт: Эй Абдуллоҳ, чӣ омил туро монеъ аз он шуд, ки дар паҳлӯям наистодӣ?

Гуфтам: Ай Расули Худо (с), ту он қадар дар чашми ман мӯҳтарам ва бузургвор ҳастӣ, ки худро муносиб ва лоиқи он намебинам, ки дар барат боистам.

Баъд дастҳои муборакашро ба сӯи осмон баланд намуд ва гуфт: Худоё, бар вай ҳикмат насиб фармо. Худованд дуои Паёмбарашро дар мавриди ин писарбача иҷобат намуд ва ӯро чунон ҳикмат дод, ки ҳеҷ як аз ҳукамои номӣ ба пояи ҳикмати ӯ намерасанд. Бидуни шак ҳар кадом алоқа дорад, ки ҳикмате аз ҳикматҳои Абдуллоҳ ибни Аббос бишунавад ва акнун мо бахше аз ин ҳикматро бароятон ёдовар мешавем. Вақте баъзе аз пайравон ва тобеъони ҳазрати Алӣ (р) ӯро танҳо гузоштанд ва ӯро аз кашмакаш ва низоъаш бо ҳазрати Муовия (р) ёрӣ надоданд, Абдуллоҳ ибни Аббос ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт: Эй амиралмӯъминин, ба ман иҷоза деҳ, ки назди ин тоифа биравам ва бо ишон иқомаи ҳуҷҷат кунам.

Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: Аз он тарсам, ки ба ту азияте нарасонанд. Гуфт: Иншоаллоҳ, чунин нахоҳанд кард.

Баъд бар ишон ворид шуд, дид ки онҳо чунон дар ибодат ғарқанд, ки ҳеҷ як тоифа ба онҳо намерасад.

Гуфтанд: Эй Ибни Аббос (р), хуш омадӣ. Омили омаданат ба ин ҷо чӣ буд?

Гуфт: Омадам, ки бо шумо сӯҳбат кунам. Баъзе ишон гуфтанд, бо вай сухан магӯед ва баъзеашон гуфтанд: Бигӯ, то бишнавем.

Гуфт: Ба ман бигӯед омиле, ки шуморо водошта, то аз писари амаки Расули Худо (с) ва ҳамсари духтараш ва аввалин касе, ки ба вай имон овардааст, интиқом гиред, чист? Гуфтанд: Се омил аст, ки моро ба ин душманӣ кашондааст. Гуфт: Ин авомил кадом аст? Гуфтанд: Аввал ин ки вай дар дини Аллоҳ мардонро ҳақ ҳукм намудан додааст. Дуввум ин ки вай бо Оиша (р) ва Муовия (р) ҷанг кард ва аз гирифтани ғаниматҳо ва канизгирии ишон худдорӣ намуд. Саввум он ки вай аз худ лақаби амирулмӯъмининро дур сохт, бо он ки мусалмонон бо вай байъат намуда ва ӯро амири худ гирифта буданд.

Гуфт: Оё агар аз китоби Аллоҳ ба шумо чизе бишунавонам ва аз ҳадиси Паёмбари Худо (с) бароятон чизе баён кунам, ки ҷавоб дар баробари он надошта бошед, аз ин шеваатон бармегардед?

Гуфтанд: Бале.

Фармуд: Аммо ин қавли шумо, ки вай мардонро дар дини Аллоҳ ҳакам гардонидааст, Аллоҳ Таъоло мегӯяд «Эй мӯъминон, дар ҳоли иҳром шикорро накушед. Ҳар кас аз рӯи қасд онро бикушад бояд каффорае монанди он аз чорпоён бидиҳад, ба шарте ки ду оқил баробар будани онро гувоҳӣ диҳанд». (Ал-Моида: 95).

Ман акнун шуморо ба Худо қасам медиҳам, оё ҳамин мардон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезии мусалмонон ва ислоҳи истилофашон сазовртар аст ва ё ҳукмашон дар бораи харгӯше, ки қимати он ба рубъи дирҳам намерасад?

Гуфтанд: Балки дар ҷилавгирӣ аз хунрезӣ миёни мусалмонон ва ислоҳи ихтилофашон.

Баъд гуфт: Оё ин масоил бароятон ҳал шуд? Гуфтанд: Бале.

Гуфт: Ва аммо ин қавлатон, ки Алӣ (р) ҷангид ва каниз нагирифт, мисле ки ҳазрати Расули Худо (с) меҷангид ва каниз мегирифт. Оё шумо инро меписандед, ки модаратон Оиша (р)ро каниз гиред ва ӯро ба гунае ки канизҳо ҳалоланд, ӯро барои худ ҳалол бидонед?!

Агар бале бигӯед, кофир мешавед ва агар модари мо нест, бигӯед ҳам, кофир мешавед. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мегӯяд: Паёмбар барои мӯъминон аз нафсҳояшон беҳтар аст ва ҳамсарони Паёмбар модарони мӯъминон ҳастанд (Аҳзоб, 6). Бинобар ин барои худ он чӣ биписандед, баргузинед.

Баъд гуфт: Оё аз ин масоил ҳам халос шудем?

Гуфтанд: Бале. Гуфт: Аммо ин қавлатон, ки Алӣ (р) лақаби амирулмӯъминин буданро аз худ дур сохт. Дар ин бора бояд гуфт, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар рӯзи Ҳудайбия, вақте аз мушрикин хост, ки дар паймони сулҳ ин ҷумларо нависанд: Муҳаммад Расулуллоҳ. Онҳо ба ин ҷумла розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки агар мо ба рисолати ту имон меовардем, туро аз рафтан ба Байтуллоҳ монеъ намешудем ва ба душманиат намепардохтем. Валекин бинавис “Муҳаммад ибни Абдуллоҳ”. Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) хости онҳоро пазируфт ва гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ки ман бо вуҷуди такзиби шумо Паёмбари Худо ҳастам. Оё аз ин масоил ҳам халос шудем?

Гуфтанд: Бале.

Натиҷаи ин гуфтугӯ, ки дар он ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос далелҳои устувор ва ҳуҷҷати қавӣ ирода дошт, он шуд, ки аз ин ҷумла бист ҳазор нафар дубора ба сафи ҳазрати Алӣ (р) пайваст ва боқӣ чаҳор ҳазори дигар аз рӯи инод ва рӯйтобӣ аз ҳақ бар мавқифи худ исрор варзида боқӣ монданд.

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос дар роҳи таҳсили илм аз ҳеҷ гуна саъйу талош дареғ нанамуд ва дар ин роҳ ба мушкилоти зиёде тоқат кард ва дар тӯли зиндагии он ҳазрат (с) аз сарчашмаи зулолаш об нӯшид.

Вақте Расули Худо (с) ба ҷивори Ҳақ пайваст, ба бақияи боқимонда уламои саҳоба рӯй овард ва аз онҳо касби илм ва дониш намуд.

Вай дар бораи хештан сухан ба миён оварда гуфт: Вақте иттилоъ меёфтам, ки дар назди фалон саҳоба ҳадисе аз Расули Худо (с) ҳаст, қабл аз қайлула намудани вай ба дарвозааш меомадам ва чодари хештан дар погаҳи дараш паҳн мекардам ва бод хоку хошокро бар сару рӯям пароканда месохт. Агар мехостам, ки аз вай иҷоза бигирам, бидуни шак бароям иҷоза медод. Вале ман ин корро ба хотири он менамудам, то хотираш хуш созам ва чун вақте аз хона берун мешуд, маро ба ин ҳол медид ва мегуфт: Эй писарамаки Расули Худо (с) чӣ омиле туро ба ин ҷо овардааст? Чаро аз пайи ман касеро нафиристодӣ, ки ман ба ҳузурат меомадам?

Ва ман мегуфтам: Ман сазовор барои омадан назди ту ҳастам, чун бояд назди илм рафт, на он ки илм назди мо биёяд ва баъд ӯро аз он ҳадис мепурсидам.

Ҳамон тавре, ки Ибни Аббос (р) худро барои илм ҳосил намудан хору залил месохт, қадри уламоро баланд медошт.

Вақте Зайд ибни Собит котиби ваҳй ва сарҳалқаи уламо дар қазо ва фиқҳ ва қироат ва фароиз қасди савор шудан бар маркаби худ менамуд, ин ҷавони ҳошимитабор Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар баробари вай чун ғулом дар баробари Хоҷа меистод ва рикобашро маҳкам мегирифт ва зимоми маркабашро ба даст медошт.

Зайд ба ӯ гуфт: Эй писарамаки Расули Худо (с), ин корро бигзор.

Ибни Аббос (р) гуфт: Ба мо амр шудааст, ки бо уламои худ чунин кунем.

Зайд (р) ба вай гуфт: Дастатро ба ман нишон деҳ.

Ҳазрати Аббос (р) дасти худро берун кашид. Ҳазрати Зайд (р) худро хам кард ва дасташро гирифта бӯсид ва гуфт: Ба мо амр шудааст, ки ба аҳли байти Паёмбар (с) чунин кунем.

Ибни Аббос (р) он қадар ба илм рӯй овард ва онро касб кард, ки уламои барҷастаро ҳайрон сохт.

Масруқ ибни Аҷдаъ яке аз тобеъини бузург дар бораи ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: Вақте Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро медидам, бо худ мегуфтам: Ӯ зеботарини мардум аст. Вақте баёни ӯро мешунидам, бо худ мегуфтам: Фасеҳтарини мардум аст ва вақте сӯҳбат менамуд, бо худ мегуфтам, ки олимтарини мардум аст. Вақте ҳазрати Ибни Аббос (р) илмро, ки ба он ҳирс дошт, ба пояи камол расонид, худ муаллим шуд, ки мардум аз вай илм меомӯхтанд.

Ба ин тартиб, хонаи вай ба донишгоҳ мубаддал шуд, ки мусалмонон аз он илм ҳосил менамуданд ва танҳо фарқе, ки дар миёни донишгоҳи вай ва донишгоҳи ин аср вуҷуд дорад, ин аст, ки дар донишгоҳи вай як устод ва дар донишгоҳи асри имрӯза садҳо устод кор мекунанд. Яке аз ёрони ӯ ҳикоят намуда мегӯяд: Ман як ҳалқае аз ҳалқаҳои дарси Ибни Аббос (р)-ро дидам, ки агар ҳамаи Қурайш ба он ифтихор кунад, ҷо дорад. Ман ҷамъи зиёде аз мардумро дидам, ки дар роҳе, ки ба хонаи вай мерасид, ҷамъ шуда буданд, то он ҷо ки дар кӯча ҷой набуд ва роҳро бар раҳгузарон баста буданд. Ман назди вай даромада аз ҷамъ шудани мардум бар дарвозааш ӯро огоҳ сохтам. Вай гуфт: Ба ман оби вузӯ бигир. Чун вузӯ намуд, нишаст ва гуфт: Берун шав ва ба мардум эълон кун: Касоне, ки аз Қуръон ва ҳуруфи он савол доранд, дохил шаванд. Мардум ба андозае омаданд, то он ки дохили хона ва утоқҳо пур шуд. Ишон ҳеҷ саволро накарданд, магар он ки посухи онро гирифтанд ва аз саволашон маълумоти изофӣ низ барояшон дод ва баъд барояшон гуфт: Ҷойро барои бародаронатон холӣ намоед ва роҳро барояшон боз кунед.

Ишон берун шуданд.

Баъд ба ман гуфт: Берун шав ва ба онҳо бигӯ: касоне ки аз тафсир ва таъвили Қуръон савол дошта бошанд, дохил шаванд. Берун шудам ва ба онҳо гуфтам. Мардум ба андозае омаданд, то он ки дохили хона ва утоқҳо пур шуд. Ишон ҳеҷ саволро накарданд, магар он ки посухи онро гирифтанд ва аз саволашон маълумоти изофӣ низ барояшон дод ва баъд барояшон гуфт, ҷойро барои бародаронатон холӣ намоед ва роҳро барояшон боз кунед, ишон берун шуданд.

Баъд ба ман гуфт: Берун шав ва ба ишон бигӯ: Касоне ки аз ҳалол ва ҳаром ва фиқҳ савол доранд, дохил шаванд. Берун шудам ва барояшон гуфтам: Боз мардум ба андозае омадаанд, то он ки дохили хона ва утоқҳо пур шуд. Ишон ҳеҷ саволро накарданд, магар он ки посухи онро гирифтанд ва аз саволашон маълумоти изофӣ низ барои ишон дод ва баъд ба ишон гуфт: Ҷойро барои бародаронатон холӣ намоед ва роҳро барои ишон боз кунед. Ишон берун шуданд.

Боз ба ман гуфт: Берун шав ва ба ишон бигӯ, касоне ки аз фароиз ва амсоли он савол дошта бошанд, дохил шаванд. Чунин кардам ва ба андозае омаданд, то он ки дохили хона ва утоқҳо пур шуд. Ишон ҳеҷ саволро накарданд, магар он ки посухи он гирифтанд ва аз саволашон маълумоти изофӣ низ ба ишон дод ва баъд ба онҳо гуфт: Ҷойро барои бародаронатон холӣ намоед ва роҳро барояшон бозкунед, ишон берун шуданд.

Боз ба ман гуфт: Берун шав ва касоне, ки аз луғати арабӣ ва шеър ва каломҳои мушкили арабӣ савол дошта бошанд, дохил шаванд. Амри ӯро ба ҷо овардам ва ба андозае омаданд, то он ки дохили хона ва утоқҳо пур шуд. Ишон ҳеҷ саволро накарданд, магар он ки посухи онро гирифтанд ва аз саволашон маълумоти изофӣ низ барояшон дод ва баъд ба онҳо гуфт: Ҷойро барои бародаронатон холӣ намоед ва роҳро барояшон боз кунед. Ишон берун шуданд.

Ровии хабар мегӯяд: Агар ҳамаи Қурайш ба ин шахс ифтихор кунад, ҷои он дорад, ки мояи фахри ҳамаи онҳо бошад. Гӯё ҳадафи Ибни Аббос (р) аз ин кор ин будааст, ки вай хостааст, ки илм бояд бо гузашти айёмтавзеҳ шавад, то чунин ҳолати издиҳом, ки феълан ба вуҷуд омадааст, рух надиҳад.

Бинобар ин, ҳар ҳафтае як рӯз менишаст ва дар ин ҷуз аз тафсир аз улуми дигар ёдоварӣ намекард ва як рӯзро барои баёни аҳкоми фиқҳ як рӯзро барои зикри ғазваҳои ҳазрати Расули Худо (с), як рӯзро барои зикри шеър ва як рӯзро барои зикри ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои миллати араб. Ва ҳеҷ олиме дар ҳалқаи дарсии вай наменишаст, магар он, ки ба илму дониши вай тан медод ва ҳеҷ пурсанда аз вай савол намекард, магар он ки ӯро баҳри илм меёфт. Бо вуҷуди ин, он ки вай хурдсол буд, ба сабаби фазл, илм ва фиқҳ, ки дошт, ба сифати мушовири хулафои рошидин кор мекард. Вақте агар масоиле ва ё мушкилие барои ҳазрати Умар ибни Хаттоб пеш меомад, вай бузургони саҳобагонро даъват мекард ва Абдуллоҳ ибни Аббос (р) низ дар ҷумлаи ин ҷамъ шомил буд. Вақте ишон ҳузур меёфтанд, Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро дар садри маҷлис менишонд ва ба вай қадру манзаллати хос қоил буд ва ӯро ба худ наздик месохт ва ба ӯ мегуфт: Барои мо мушкилие пеш омада ва туро ба ҳалли он даъват намудаем.

Боре ҳазрати Умар (р) ба иллати муқарраб сохтани вай ба хештан ва нишондани вай ҳамроҳи бузургон дар ҳоле ки тозаҷавоне беш набуд, мавриди сарзаниши ҷамъе аз асҳоб қарор гирифт. Вай дар ҷавоб ба ишон гуфт: Ҷавон аст, аммо шахсияти бузургонро дорад. Ба ҷавоби саволатон забони дароз дорад ва қалбаш пур аз дониш аст.

Бо он ки Ибни Аббос (р) ба назди хоссон мерафт, то онҳо аз илму дониши ӯ нафъ баранд ва ба онҳо дарси фиқҳ омӯзонад, вале ин амр ӯро ба ин вонамедошт, ки ҳаққи оммаро фаромӯш намояд. Вай барои онҳо маҷолиси вазъ ва иршод ва зикрро доир менамуд. Дар ҷумлаи мавъизаҳои вай, ки дар хитоб ба гунаҳкорон баён дошта, омадааст: Эй гунаҳкор, набояд аз оқибати гуноҳат амин бошӣ ва бидон, ки паёмади гуноҳ сахттар аз худи гуноҳ аст ва бидон, ки шарм накардан аз малоик, ки дар тарафи рост ва чапи ту қарор доранд ва ту аз ишон ҳаё намекунӣ, муртакиби гуноҳ мешавӣ, камтар аз гуноҳ нест, ки ту муртакиби он мешавӣ. Ва хандидан ба гуноҳ ва намедонӣ, ки Худованд бо ту чӣ хоҳад кард, бузургтар аз гуноҳ аст, ки ту муртакиби он мешавӣ. Ва хушнудӣ ба гуноҳ вақте, ки ба он зафар ёбӣ, бузургтар аз гуноҳ аст, ки муртакиби он мешавӣ. Ва ғамгиниат бар гуноҳ, ки тасмими он гирифтӣ ва баон даст наёфтӣ, бузургтар аз гуноҳ аст, ки тасмими он гирифтаӣ. Аз боде, ки пардаатро дар ҳоли иртикоби гуноҳ ба ҳаракат медарорад, битарсию қалбат аз Худованд, ки ба ҳама розҳои пинҳонӣ ва ошкор огоҳ аст, ба тапиш наёяд, сахттар аст аз гуноҳе, ки ту муртакиби он мешавӣ.

Эй гунаҳкор: Медонӣ, ки гуноҳи ҳазрати Аюб (а) вақте Худованд ӯро дар мол ва ҷонаш мавриди озмоиш қарор дод, чӣ буд? Гуноҳаш ин буд, ки ситамдидае аз вай барои дафъи ситам кӯмак хост, вай кӯмак накард.

Ибни Аббос аз онҳое набуд, ки қавл дошта бошаду амал ва аз онҳое набуд, ки мардумро ба некӣ амр кунаду худ накунад, балки вай рӯзадори рӯз ва шабзиндадори шаб буд.

Абдуллоҳ ибни Малик аз вай ривоят намуда гуфтааст: Ҳазрати Ибни Аббос (р)-ро аз Макка то Мадина дар сафар ҳамроҳӣ намудам. Вақте дар ҷое пойин мешудем, вай бахше аз шабро бармехест ва ибодат мекард ва бақияи мардум аз шиддати хастагӣ ба хоб рафта буданд.

Ман шабе ӯро дидам, ки ин оят мехонд: («Ва ба ростӣ сакароти марг фаро расид. Ин ҳамон аст, ки аз он гурез доштӣ» Қоф: 19). Вай пайваста ин оятро ба такрор мехонад ва бо садои баланд мегирист, то он ки шаб рӯз шуд.

Баъд аз ин ҳама авсофи нек бояд инро бидонем, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) зеботарини мардум буд ва чеҳраи тобон дошт ва дар дилҳои шаб аз тарси Худо мегирист, то ҷое, ки ҷӯбори ашк дар рухсораҳояш падид меомад.

Вай ба қуллаи азамати илм расида буд. Ба тавре ки дар яке аз солҳо ҳазрати Муовия ибни Абусуфён ба қасди ҳаҷ берун шуд ва дар ҳамон сол Абдуллоҳ ибни Аббос (р) низ ба қасди ҳаҷ баромад. Вай на ходиму ҳакам дошт ва на аз мақом ва манзалати аморат бархӯрдор буд. Ҳазрати Муовияро қофилаеаз надимонаш ва хосони давлаташ ҳамроҳӣ менамуд. Аммо ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро қофилае аз толибилмон ҳамроҳӣ менамуданд, ки болотар аз қофилаи халифа ва амир буд.

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ҳафтоду як сол умр дид, ки дар ин муддат дунёро пур аз илму ҳикмат сохт ва дарси тақво ва парҳезгорӣ омӯхт. Вақте аҷалаш фаро расид ва ба лиқоуллоҳ пайваст, Муҳаммад ибни Ҳанафӣ ҳамроҳ бо бақияи асҳобе, ки дар қайди ҳаёт буданд ва бузургон тобеъин ҷанозаи ӯро хонданд ва дар асное, ки хок бар қабраш меандохтанд, аз қорӣ шуниданд, ки ин оятҳоро мехонад «Эй рӯҳи боитминон! Хушнуд ва писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард. Ва дар силки бандагони ман ворид шав. Ва дар биҳишт қадам бигзор».(Фаҷр, 30).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *