Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абдуллоҳҳ Ибни Салом

Ҳусайн ибни Салом яке аз уламои номвари яҳуд дар Мадина буд. Аҳли Мадина бо вуҷуди ихтилофе, ки дар мазоҳиб ва адёнашон доштанд, ӯро такдир ва икром мекарданд.

Ин шахс дар миёни мардум ба тақво ва парҳезгорӣ ва сидқу росткорӣ маъруф буд.

Ҳусайн зиндагии ором ва сода дошт ва дар айни замон марди қотеъ ва дурандеш буд:

Як бахшро дар каниса барои ваъз ва ибодат… Ва бахши дигарро дар бо?и мутаъаллиқ ба худаш сипарӣ мекард ва ба ислоҳ ва пайванди дарахтон мегузаронид.

Ва бахши саввумро барои мутолиъаи Таврот ва ёд гирифтани аҳкоми дин тахсис дода буд.

Вай ҳар вақте, ки Тавротро мехонд ва ба мавзӯъе, ки зуҳури Паёмбари охируззамонро дар Макка башорат медод рӯбарӯ мешуд, дар муқобили он ба дарозо меандешид. Ӯ авсофи ин Паёмбарро, ки беъсати ӯро интизорӣ мекашид, бо диққат баррасӣ мекард ва бисёр хушҳол буд, ки ин паёмбар зодгоҳи худро, ки дар он ба рисолат мабъус мегардад, тарк гуфта ва Ясрибро ҳиҷратгоҳ ва маскани худ мегирад сахт хушҳол ва масрур буд.

Ӯ вақте ин ахборро мехонд ва ё ба хотираш мегузашт, ки паёмбаре дар ин наздикиҳо мабъус мегардад, орзу мекард, ки кош умрам дароз мебуд, то қудуми ин Паёмбари охируззамонро ба чашми сар бубинад ва бо дидораш саъодатро касб кунад ва аввалин касе бошад, ки ба вай имон оварад.

Худованд дуъои Ҳусайн ибни Саломро иҷобат намуд ва барояш умри дарозе бахшид, то он ки ин Паёмбари ҳидоят ва раҳмат мабъус гардид… Ва барояш муқаддар сохт, ки дидорашро касб кунад ва шарафи сӯҳбаташро дарёбад ва ба ҳакқи Худованд барояш нозил намуда имон орад.

Мо акнун риштаи суханро ба худи Ҳусайн ибни Салом мегузорем, то ҳикоят ва достони имон овардани худро ба мо қисса намояд, чун худи вай ба мавзуъ беҳтар огоҳӣ дорад ва хубтар матлабро барои мо бозгӯ мекунад.

Абдуллоҳҳ ибни Салом гуфт: Вақте аз зуҳури Хазрати Расулуллоҳсалалоҳу алайхи ва саллам огоҳ шудам шурӯъ ба бозпурсӣ ва касби иттилоъ аз ному насаб ва сифат ва замон ва маконаш намуд. Ва ман ин авсоф ва хусусиятҳоро бо пешгӯиҳое, ки дар китоби мо аз вай шуда буд, татбиқ мекардам, то он ки ин ҳама сифатҳо ва шартҳоро дар вай ёфтам ва ба нубувваташ яқин ҳосил шуд. Баъд ин амрро аз яҳуд пинҳон доштам ва забони худ аз ҳарф задан перомуни ин амр нигаҳ доштам… То он ки Ҳазрати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи вассалам) Маккаро ба қасди Мадина тарк гуфт.

Вакте вай ба Ясриб расид ва ба Қубо поин шуд, марде рӯ ба мо намуд ва бо садои баланд дар миёни мардум қудуми вайро дар Мадина эълон кард. Ман дар он лаҳза бар сари дарахти хурмо будам ва дар он кор мекардам ва аммаам Холида духтари Ҳорис дар зери ин дарахт нишаста буд. Ҳамин ки ин хабарро шунидам фарёд задам: Аллоху Акбар… Аллоҳу Акбар.

Вақте аммаам садои такбири маро шунид ба ман гуфт: Худованд туро ба мақсад расонад…

Қасам ба Худо агар кудуми Мусо ибни Имронро мешунидӣ, болотар аз ин коре намекардӣ…

Ба вай гуфтам: Эй амма, қасам ба Худо ин шахс ҳамоно бародари Мусо ибни Имрон аст ва бар дини вай мабъус гардида буд, вай низ баон рисолат ёфтааст…

Андаке хомӯш монд ва баъд гуфт: Оё ин ҳамон паёмбарест, ки шумо барои мо мегуфтед, ки рисолати анбиёи пешинро тасдиқ менамояд ва рисолати Худованд тавассути вай ба итмом мерасад.?!

Гуфтам: Бале…

Гуфт: Пас ин…

Баъд дарҳол ба хузури Ҳазрати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рафтам, дидам, ки мардум бар дарвозааш издиҳом доранд. Ман низ худро дар ин издиҳом задам то он ки худро ба вай наздик сохтам.

Аввалин ҳарфе, ки ман аз вай шунидам ин буд:

Эй мардум саломро ривоҷ созед.

Ва таъом бидиҳед… Ва дар шаб дар ҳоле, ки мардум ба хоб рафтаанд намоз бихонед ва ба хубӣ ва саломатӣ дохили биҳишт мешавед…

Ба дидаи таҳқиқ ба вай нигаристам ва чашми хеш аз дидораш комгор сохтам, то он ки маро яқин ба он омад, ки чеҳраи вай чеҳраи марди дурӯ?гӯро намемонад.

Баъд худро ба вай расонидам ва калимаи шаҳодат хондам: Ашҳаду анло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ.

Рӯ ба сӯи ман намуд ва гуфт: Номат чист?

Гуфтам:Ҳусайн ибни Салом.

Фармуд : Балки Абдуллоҳҳ ибни Салом.

Гуфтам: Дуруст аст, Абдуллоҳҳ ибни Салом… Қасам ба зоте,ки туро ба ҳақ мабъус гардонидааст дӯст надорам, ки баъд аз ин рӯз ?айр аз ин номро дошта бошам.

Баъдан аз назди Расули Худо ба хона баргаштам ва ҳамсару фарзандон ва аҳли хонаводаи худро ба Ислом даъват кардам. Ҳамаи ишон ба даъватам лаббайк гуфта, Ислом оварданд ва амаам Холида, ки пиразани солхӯрдае буд, низ ҳамроҳашон имон овард…

Баъд ба онҳо гуфтам: Мусалмон шудани худро аз яҳуд пинҳон доред, то он ки бароятон иҷозат дода нашавад, ҳарфе ба онҳо нагӯед!!!

Гуфтанд: Дуруст аст.

Баъд ба ҳузури Ҳазрати Расули Худо баргаштам ва ба ӯ гуфтам: Эй Расули Худо, Яҳуд қавми бӯҳтонгар ва осианд… Ва ман мехоҳам, ки сарони онҳоро ба ҳузури худ бихо ва маро назди худ ҳуҷрае аз ҳиҷраҳоят махфӣ дор ва баъд қабл аз он, ки аз мусалмон шудани манн хабардор шаванд, дар мавриди мақом ва манзалати ман аз ишон савол кун ва сипас онҳоро ба Ислом даъват намо.

Чун ман медонам, ки вақте ишон аз мусалмон шуданам иттилоъ ёбанд маро ба айбҳое муттаҳам месозанд ва аз ҳар гуна бӯҳтон ва бадгӯӣ нисбат ба ман даре? намеварзанд.

Ҳамон буд, ки Ҳазрати Расули Худо маро дар яке аз утоқҳояш дохил кард ва баъдан ишонро ба ҳузур хост ва ба мусалмон шудан ташвиқашон намуд. Ва имон оварданро ба ишон маҳбуб ҷилва дод ва онҳоро ба ёди матолибе овард, ки дар китобҳояшон перомуни Паёмбари охируззамон омадааст.

Ишон бо вай дар амри ҳақ ба муноқаша ва гуфтугӯ пардохтанд. Вақте аз имон овардани ишон ноумед гардид, ба онҳо гуфт: Ҳусайн ибни Салом дар миёни шумо чӣ мақом ва манзалате дорад?

Гуфтанд: Ӯ мавлои мо ва мавлозодаи мо ва олими мо ва олимзодаи мост. Фармуд: Чӣ фикр мекунед, ки агар вай имон орад, шумо низ имон хоҳед овард?

Гуфтанд: Ҳаргиз вай чунин накунад… Худованд ӯро аз мусалмон шудан нигоҳ дорад. Баъд ман ба ҳузурашон баромадам ва гуфтам: Эй ҷамъи яҳуд аз Худо битарсед ва он чиро, ки Муҳаммад овардааст, қабул кунед. Қасам ба Худо, ки шумо хуб медонед, ки вай Паёмбари Худост ва ному авсофаш дар Тавроте, ки дар даст доред, навишта шудааст.

Ва ман шаҳодат медиҳам, ки вай Паёмбари Худост ва ба вай имон меоварам ва рисолаташро тасдиқ мекунам ва ман вайро мешиносам…

Гуфтанд: Дурӯ? гуфтӣ, қасам ба Худо, ту бадбахтарини мо ва чоҳили мо ва чохилзодаи мо ҳастӣ ва ҳеҷ айбе набуд магар он, ки маро ба он муттаҳам сохтанд.

Ба Ҳазрати Расули Худо гуфтам: Оё ба ту нагуфта будам, ки яҳуд қавми бӯҳтонгар ва дурӯ?гӯ ва хиёнатпеша аст?

Абдуллоҳҳ ибни Салом чун ташнаи об ба Ислом рӯй овард ва дилбохта ва муштоқи Қуръон шуд ва ҳамеша забонаш ба хондани ояти Қуръон маш?ул буд. Ва он қадар ба Ҳазрати Расули Худо алоқа гирифт, ки чун сояаш дар канори вай равон буд…

Ва худро барои амалкарде, ки вайро дохили биҳишт созад, омода сохт, то он ки Ҳазрати Расули Худо ӯро ба биҳишт башорат дод, чунон муждае, ки дар миёни саҳобаи киром пахш гардид…

Барои ин башорат ҳикояте ҳаст, ки Қайс ибни Уббода ва ?айра онро ривоят кардаанд.

Рови мегӯяд: Ман дар як ҳалқа аз ҳалқаҳои илм дар масҷиди Ҳазрати Расули Худо-(салаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Мадина нишаста будам. Дар ин ҳалқа олиме нишаста буд, ки нафси одамӣ аз дидораш шод мешуд ва қалб ба ҳамнишиниаш унс мегирифт. Ин шайх ба мардум суханони ширин ва дилнишин мегуфт. Вақте вай аз ҷой бархост мардум гуфтанд: Касеро хуш ояд,ки ба марди аз аҳли биҳишт бингарад, бояд ба ин шахс тамошо кунад.

Гуфтам: Ин шахс кист?!

Гуфтанд: Ин шахс Абдуллоҳҳ ибни Салом аст.

Ба худ гуфтам: Аз паи вай хоҳам рафт. Чун дар паи ӯ шудам, то ҷое рафт, ки наздик буд аз Мадина берун шавад ва баъд дохили манзили худ шуд.

Ман аз вай иҷозаи духул хостам, бароям иҷозаи духул дод ва гуфт: Эй бародарзода чи ҳоҷате дорӣ?

Гуфтам: Вақте аз масҷид берун шудӣ аз мардум шунидам, ки дар бораи ту мегуфтанд: Касеро хуш ояд, ба марде аз аҳли биҳишт бингарад, бояд ба ин шахс тамошо кунад. Ҳамон буд, ки аз паи ту шудам то рози ин сухан дарёбам ва то бидонам,ки ту аз аҳли биҳиштӣ.

Гуфт: Эй фарзанд Худованд худ ба аҳли биҳишт огоҳ аст.

Гуфтам: Дуруст аст…Аммо ҳарферо, ки мардум дар бораи ту гуфтанд ҳатман сабабе дорад?

Гуфт: Сабаби он ба ту хоҳам гуфт.

Гуфтам: Сабабашро бароям бигӯ, Худо туро хайр бидиҳад.

Гуфт: Дар замони Ҳазрати Расули Худо (салаллоҳу алайҳи ва салом) дар асное, ки ман шабе хобида будам дар хоб дидам, ки марде наздам омад ва гуфт: Бархез аз ҷой. Аз ҷой бархостам. Дастам бигрифт дидам, ки дар дасти чапам роҳест.

Қасд намудам, ки ба он равам… Ин мард ба ман гуфт: Ин роҳро бигзор, ки роҳи ту нест. Ва чун ба тарафи ростам нигаристам, дидам, ки роҳи рост ва мустақим аст ва ба ман гуфт: Ба ин роҳро бирав… Ман ин роҳ гирифта рафтам то он ки ба бӯстоне расидам, ки хеле васеъ ва бузург, сарсабз ва шодоб, дилкаш ва дилрабо буд. Дар миёни ин бӯстон сутуме буд, ки кундааш дар замин ва сараш то аъмоқи осмонҳо рафта ва дар ниҳояти он ҳалқае буд аз тилло.

Ин мард ба ман гуфт: Бар ин сутун боло шав.

Гуфтам: Боло шуда наметонам.

Ходиме омад ва маро ба он боло кард ва бар он боло рафтам, то он ки ба сари ин сутун расидам ва он ҳалқаро ба ҳарду дасти худ гирифтам ва пайваста ба ин ҳалқа овезон будам, то он ки шаб рӯз шуд.

Вақте субҳ шуд, ба ҳузури Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) омадам ва хоби худ ба вай ҳикоят намудам. Вай гуфт: Аммо ин роҳ, ки ту дар тарафи чапи худ дидӣ ин тариқи асҳоби шимол аз аҳли дӯзах аст.

Ва аммо он роҳе,ки дар тарафи рости худ дидӣ, он роҳи асҳоби ямин аз аҳли биҳишт аст…

Аммо ин бӯстоне, ки зоҳири он дилрабоӣ мекард, ҳамоно Ислом аст…

Ва аммо ин сутуне, ки дар васати ин бо? қарор дошт ин сутуни дин аст…

Ва ин ҳалқа ҳамоно урватул вусқо аст…

Ва пайваста ба он мутамассик хоҳӣ буд, то он ки аз ин дунё биравӣ.

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *