Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Аввалин шаби қабр

Дусти азизам! ту бештар аз ду шабро дар зиндагият таҷриба нахоҳӣ кард. Шабе бо хонавода ва дустонат дар хандаву шодӣ ва дар тансиҳатӣ, дар хушӣ ва сархушӣ ба ханда ва шаби дигар аввалин шаби қабр, ки дар хавфу ҳарос аз саволу ҷавоб. Шаби танҳоӣ ва беҳамсару фарзандон.

Оре, аввалин шаби қабр. Шабе, ки шиддати он қомати олимони раббонӣ ва бузургонро хамида кардааст ва қалбашонро ба тапиш водоштааст. Шабе, ки паёмбарон ва фариштагони Худоро ба шикояту зорӣ кашондааст. Шабе, ки агар туро тарсонданд ва амалҳоятро напазируфтанд, бидон, ки бечора ва бадбахт шудӣ. Шабе, ки сарнавишти доимии туро муайян хоҳад кард. Шабе, ки субҳи он қиёмат аст ва тулуъи хуршедро дигар дарбар надорад.

«إذا أمسيت فلا تنتظر الصباح و إذا أصبحت فلا تنتظر المساء»

«Агар шаб кардӣ ба интизори субҳ мабош ва агар субҳ бедор шудӣ ба интизорӣ шаб маншин».

Аввалин шаби қабр, шаби ваҳшат

ё шаби роҳат

Шабе, ки дигар бар ту муаззин барои намози субҳ азон нахоҳад гуфт. Дигар аз нидои «Ассалоту хайрун минан навм» (яъне намоз беҳтар аз хобаст) хабаре нест. Шабе, ки муаззини субҳи он Исрофил аст. Чун у нидо барорад устухонҳои пусида аз ҷо бархезанд ва ба дарбору мақоми Парвардигори оламиён рост истанд.

» وتركنا بعضهم يومئذ يموج في بعض و نفخ في الصور فجمعناهم جمعا»

«Ва бигузорем баъзеи онҳоро он руз, ки дарҳам омезанд дар баъзеи дигар ва дамида шавад дар сур пас баҳам орем онҳоро баҳам овардание». Сураи « Каҳф» ояти 99.

Оре, намозу руза тамом шуд. Дигар саҳархезию ифторе вуҷуд надорад.

Оё то ба ҳол қабре дидаӣ?

Номи ин макон қабр аст. Ба ин ҷо гур низ мегуянд. Ин ҷо манзили олимону ҷоҳилон, сарватмандону бечорагон, мустакбирону нотавонон, подшоҳону раиъят аст.

Ин ҷо макони ибрат ва барҳамзанандаи ҳамаи хушиҳост.

Ин ҷо поёни хандаҳо ва поёни фарёдҳо ва ҷангҳост.

Ин ҷо ҷавлонгоҳи ҳашарот ва кирмҳое аст,ки аз бадани инсон тағзия мекунанд.

Ин ҷо оташи ҷаҳаннам ва азоб аст.

Ин ҷо биҳишт ва неъматҳои фаровон аст.

Ин ҷо маҳали фаромушӣ аст, ки дустон фаромуш мешаванд.

Ин ҷо фаршаш хок ва сокинони он ҷасадҳо ва кирмҳо ҳастанд.

Ин ҷо касоне ҳастанд, ки муҳтоҷ ба як ракаат намоз ва ба як амали хайр ҳастанд.

Ин ҷо хонаи икром ва ё хонаи азоб аст.

Ин ҷо охирин манзили дунё ва аввалин манзили охират аст.

Ин ҷо поёни ҳамаи орзуҳост.

Ин ҷо дарс аст, фикр аст ва андеша аст.

Ин ҷо қабр аст. Маконе, ки аз он нафрат дорем ва ғофилем. Оре ин ҷо қабр аст.

Ростӣ оё то ба ҳол қабре дидаӣ? Оё торикии онро эҳсос кардаӣ? Оё аз ваҳшати он хабар дорӣ? Оё тангии он ҷоро санҷидаӣ? Оё кирмҳо ва ҳашароти онро мушоҳида кардаӣ?

Ёд кун рузеро, ки ҳама азизонро фаромуш кунӣ!

Ёд кун рузеро, ки тарозуи адли илоҳӣ гузошта шавад ва туро бо амалҳоят ба онҷо бибаранд!

Ёд кун рузеро, ки ба ту бигуянд аз пули Сирот убур кун!

Ёд кун рузеро, ки туро ба номи падарат садо бикунанд, то аз ту ҳисобу китоб бигиранд!

Ёд кун рузеро, ки пайвандҳои ҷисм аз ҳам ҷудо шуда ва садои ваҳшатноки дузах дилҳоро аз ҷо биканад ва муйҳоро сафед кунад!

Ёд кун рузеро, ки аз қабр ғуборолуд ва урён бо чашмҳои хира бархезӣ!

Ёд кун рузеро, ки садо зада шавӣ ва ҷуз ту каси дигар нахезад. Заъфи он руз, шиддати тарсу хавфи он маконро фаромуш накун!

Ёд кун рузеро, ки аз ту дар бораи умр савол кунанд. Агар туро гуянд; ин ҳама эҳсон кардам, чи гуна шукргузорӣ кардӣ? Чи ҷавобе хоҳӣ дод?

«Пеш аз он, ки шуморо азоб дар расад ва дигар ёрӣ нашавед, ба суи парвардигоратон бозгардед. ва таслими У шавед.» сураи «Зумар» ояти 54.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *