Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Қуръон – Каломуллоҳ

Қуръон – Каломуллоҳ

Вал Қуръону каломуллоҳи таъоло фил масоҳифи мактубун ва фил қулуби маҳфузун ва алал алсуни мақруъун ва алан набийи ъалайҳиссалоту вассалому мунзалун.

Ва Қуръон каломи Аллоҳ таъолост дар саҳифаҳо навишта шудааст ва дар дилҳо ҳифз карда шудааст ва дар забонҳо хонда шудааст ва бар Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.

Эзоҳ: Қуръони карим каломи Аллоҳ таъолост, ки ба Фурқон ҳам ӯро ном мебаранд. Китобест, ки ҳақро аз ботил ҷудо месозад. Ва он китобат шудааст дар мусҳафҳо ба дасти моён бо истифодаи нақшҳо ва ҳарфҳо ва шакли калимаҳо ва дар дилҳо ҳифз карда шудааст. Аз ин рӯ ончиро, ки ҳифз кардем метавонем онро ба ёд биёрем.

Қуръон китобест, ки танҳо ба Паёмбари мо нозил шудааст. Китобест, ки оят-оят тӯли 23-сол ба Паёмбарамон нозил гардидааст, на яку якбора. Тибқи баъзе ривоёт ба такрор нозил шудааст. Ба ҳар тақдир ба воситаи Ҷабраил (алайҳи-с-салом) бо ҳуруфи муфрадот ва мураккабот дар ҳолатҳои мухталифа бинобар тақозои ҳодисаҳо нозил шудааст.

Ва лафзуно би-л-Қуръони махлуқун ва китобатуно лаҳу махлуқун ва қироъатуно лаҳу махлуқун ва-л-Қуръону ғайру махлуқин.

Лафзи моён ва китобати моён ва қироати моён ба Қуръон махлуқ аст ва Қуръон худаш ғайри махлуқ аст.

Бар мо лозим аст, ки иқрор кунем бар ин ки Қуръон каломи Аллоҳ таъоло аст ва ваҳю нозил кардашудаи ӯст. Қуръон на ӯ ва на ғайри ӯ, балки сифати пайвастаи вай аст. Дар ҳақиқат ҳуруфу ҳаракатҳо ва дигар аломатҳою қоғазу китобат ин ҳама махлуқанд, чунки афъоли ибод аст. Ва каломи ӯ таъоло ғайри махлуқ аст. Зеро китобату ҳуруф ва калимаҳо ва банду басти оятҳо ин олати Қуръон аст барои ҳоҷати бандаҳо, зеро ба воситаи онҳо Қуръонро фаҳмида мешавад. Ва каломи Аллоҳ таъоло қоим аст ба зоти ӯ. Агар шахсе гӯяд, каломи Аллоҳ таъоло махлуқ аст кофир аст.

Ва мо закараллоҳу таъоло фил Қуръони ҳикоятан ъан Мусо ва ғайриҳи минал анбиёи ъалайҳимуссалоту вассалом ва ъан Фиръавна ва Иблиса фаинна золика куллуҳу каломуллоҳи таъоло ихборан ъанҳум ва каломуллоҳи таъоло ғайру махлуқин ва калому Мусо ва ғайруҳу минал махлуқина махлуқун вал Қуръону каломуллоҳи таъоло фаҳува қадимун ло каломуҳум.

Ва он чизеро, ки Аллоҳ таъоло зикр кард дар Қуръон мисли ҳикоят аз Мусо (алайҳи-с-салом) ва ғайри Мусо (алайҳи-с-салом) аз дигар анбиё (ба онҳо салоту салом) ва аз Фиръавн ва Иблис, пас албатта инҳо ҳама каломи Аллоҳ таъоло буда, хабаре аз онҳост. Ва каломи Аллоҳ таъоло ғайри махлуқ аст ва каломи Мусо (алайҳи-с-салом) ва ғайри ӯ аз махлуқон махлуқ аст. Қуръон каломи Аллоҳ таъоло буда қадим аст. Нест он каломи онҳо.

Имоми Аъзам оварда, ки кофир шудани шахс ба махлуқ гуфтани Қуръон ин куфрони неъмат аст, на куфре ки хориҷ шавад аз миллати ислом. Чунки аҳли суннат дар ҳодис будани каломи лафзӣ хилоф надоранд.

Аммо шахсе, ки каломи нафсиро махлуқ гӯяд, кофир гардад, чунки он сифати Аллоҳ таъоло аст. Сифати ӯ ҳодис нест ва махлуқ ҳам нест. Мақсад аз махлуқ гуфтан мурод ”мухталақ”, яъне бофташуда бошад. Дар ин сурат инсон аз миллати ислом мебарояд. Ба ҳамин хотир ҳам Қуръони лафзиро ҳам мутлақо махлуқ гуфтан нашояд. Ҳар қавле дар Қуръон ҷой дошта бошад он каломи Аллоҳ аст, на аз онҳо (анбиё) ва дигарҳо.

Ва самиъа Мусо ъалайҳиссалом каломаллоҳи таъоло камо қолаллоҳу таъоло: Калламаллоҳу Мусо таклима.

Ва шунавид Мусо (алайҳи-с-салом) каломи Аллоҳ таъолоро ҳамчуноне, ки гуфт Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим, ки: Сухан гуфт Аллоҳ таъоло Мусоро.

Ҳазрати Мусо (алайҳи-с-салом) сухани Аллоҳ таъолоро бе восита шунавид.

Ва қад коналлоҳу таъоло мутакаллиман ва лам якун каллама Мусо ъалайҳиссалом.

Ва ба таҳқиқ буд Аллоҳ таъоло мутакаллим (сухангӯянда) дар азал ва ҳол он ки набуд сухан гӯяд Мусо (алайҳи-с-салом).

Ва қад коналлоҳу холиқан фил азали ва лам яхлуқил халқа.

Ва ба таҳқиқ буд Аллоҳ таъоло холиқ дар азал. Пеш аз халқ кардани халқ ӯ таъоло сифати холиқии азалӣ дошт.

Лайса камислиҳи шайъун ва ҳувассамиъул басир.

Нест мисли Аллоҳ таъоло чизе дар зоташ ва сифаташ, ва Аллоҳ таъоло шунавандаю бинанда аст.

Ва бар ҳама чиз қодир асту ва ҳама чиз ба ӯ мӯҳтоҷу фақир аст.

Фаламмо калламаллоҳу Мусо ъалайҳиссалоту вассалом калламаҳу бикаломиҳиллази ҳува лаҳу сифатун фил азали.

Ва аммо вақте, ки Аллоҳ таъоло Мусо (алайҳи-с-салом)-ро сухан кард ба он каломе, ки сифати азалиаш буд бо ҳамон сифат сухан кард. Бо каломе сухан гуфт, ки абадию азалӣ ва сифати хоси ӯ таъоло буд.

Ҳамчуноне ки нақши калимаҳо далолат мекунанд бар каломе, ки ӯ дар “Лавҳи маҳфуз”аст ва ӯ қабл аз халқи осмонҳо ва замин буд, бинобар ин Аллоҳ таъоло мувофиқи ҳамон калимаҳои сатршудаи “Лавҳи маҳфуз” ба Мусо (алайҳи-с-салом) сухан кард.

Ва сифотуҳу куллуҳо бихилофи сифотил махлуқин.

Сифатҳои ӯ таъоло ҳама ба хилофи сифатҳои махлуқанд.

Яъламу ло каилмино, ва яқдиру ло кақудратино ва яро ло карӯъятино ва ясмаъу ло касамъино ва ятакалламу ло какаломино.

Яъне: Аллоҳ таъоло медонад, вале на чун донистани мо ва ӯ қодиру тавоност, аммо на чун қудрату тавоноӣ мо, ва Аллоҳ таъоло мебинад на чун дидани мо, ва мешунавад на чун шунавидани мо ва сухан мекунад на мисли сухан кардани мо бандаҳо.

Ва наҳну натакалламу бил олоти вал ҳуруфи, Валлоҳу таъоло ятакалламу било олотин ва ло ҳуруфин вал ҳуруфу махлуқатун ва каломуллоҳи таъоло ғайру махлуқатин.

Ва мо бошем ба воситаи забону даҳону лабу дандон ва ҳарфу овозу садо сухан мекунем, аммо Холиқи Ҷаббор бидуни ҳамаи ин сухан мегӯяд, зеро ки ҳамаи онҳо махлуқанд.

Чун чизе махлуқ аст сифати Аллоҳ таъоло шуда наметавонад. Калому сухани ӯ махлуқ нест, Аллоҳ таъоло аз сифати махлуқҳо пок аст. Мо ҳеҷ чизро ба ӯ монанд карда наметавонем. Зеро, ки ӯ мегӯяд: Ва лиллоҳи масалу-л-аъло.

Яъне: Аллоҳ таъоло аз ҳама мисолу монандсозӣ боло меистад.

Пас чӣ гуна Аллоҳ таъолоро ба чизе аз махлуқ монанд мекунем? Ин ҳеҷ мумкин нест.

Эзоҳ: Инсон ба воситаи тасвиру сурат, ки дар зеҳнаш ҳосил мешавад ба қадри фаҳмишаш маълумот ҳосил мекунад. Аммо Аллоҳ таъоло ҳақиқати ашёро ба таври куллӣ ва ҷузъӣ, зоҳиран ботинан бо илми зотии самадияш, ки азалӣ ва абадӣ аст медонад. Қудрати мо дар донистани ашё нокофия аст ва ба ёрию нусрати беруна эҳтиёҷ дорем. Аммо Аллоҳ таъолоро қудрат қадим аст ба мушоракати ғайр мӯҳтоҷ нест, зеро вай қодиру тавоно аст ба ҳама чиз. Мо бандагон шаклҳо ва рангҳои гуногунро мебинем ва овозҳоро мешунавем ва ин дидану шунавидан мувофиқ ба ҳиссу қуввати биноӣ ва шунавоӣ ба мо махлуқот аст, ки арзонӣ дода ба мо Аллоҳ таъоло.

Ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша дуо мекарданд, ки: “Ай бор Худоё бархӯрдор гардон моро ба шунавоиямон ва биноиямон, модоме ки зинда медорӣ моро”.

Аллоҳ таъоло зоти пок буда мебинаду мешунавад бо биноӣ ва шунавоие, ки сифати азалӣ ва абадии ваӣ аст ва барои ин ӯ ба олот ва мушоракати ғайр ниёз надорад. Бас шахсе шунавад Қуръонро ва гӯяд, ки ин қавли башар аст, яъне сухани заминӣ аст батаҳқиқ кофир мегардад. Ояти 96-уми сураи “Муддассир” далолат мекунад ба гуфтаҳои боло .

Ва ҳува шайъун ло калашёи ва маънаш шайъи исботуҳу било ҷисмин ва ло ҷавҳарин ва ло ъаразин ва ло ҳадда лаҳу ва ло зидда лаҳу ва ло нидда лаҳу ва ло мисла лаҳу.

Гуфта метавонем ки ӯ таъоло шайъ аст, аммо на мисли ашёе, ки дар назар аст. Ва маънои шайъе, ки Аллоҳ таъолоро мегӯем ин аст, ки ҷисму ҷавҳару араз нест ӯ зоти мутлақ аст. Чунки ҷисм мураккаб асту маконгиранда ва ин нишонаҳо ҳодисанд. Ҷавҳар низ маконгиранда ва ҷузъи тақсимнашавандаи ҷисм аст. Ин ҳам ҳодис аст. Араз он чизеро гӯянд, ки дар ҷавҳарҳо ва ҷисмҳо пайдо мешавад, аммо худ ба худ истода наметавонад. Мисли ранг, ҳаракат, сукунат, таъм, бод, шамол ва дигару дигар.

Худованд аз чунин эҳтиёҷот муназзаҳ (пок) аст. Аллоҳ таъоло аз ҳадду андоза ниҳоят пок аст. Бинобар ин иҷозат нест, ки бигӯем Худованд ба ин ҳадду андоза чунину чунон аст. Танҳо мегӯем “Аллоҳу акбар”- Худо бузург аст аз ҳама чиз. Илми инсон ҳамаи чизро муайян ва иҳота карда наметавонад, пас чӣ гуна ҳадду ҳудуди Худовандро муайяну иҳота кунад?

Ҳеҷ гоҳ натавонад ва ҳаргиз набояд ин фикрро дар сар ҷой бидиҳад. Зеро ин аз ақл боло аст ва баҳскунанда ҳалок шавад. Аллоҳ таъолоро шарику монанд ва ӯро зидду манъкунанда аз чизе нест. Агар мебуд ҳеҷ гоҳ дунё ба як низоми муайян намеистод.

Ва лаҳу ядун ва ваҷҳун ва нафсун камо закараллоҳу таъоло фил Қуръон.

Ва мар Аллоҳ таъолоро яду (даст) ваҷҳу нафс ҳаст чунон, ки дар Қуръон зикр кардааст ҳамаи ин муносибу хос ба худаш аст ва монанд надорад.

Фамо закараллоҳу таъоло фил Қуръони мин зикрил ваҷҳ вал яди ван нафси фаҳува лаҳу сифатун било кайфин. Ва ло юқолу анна ядаҳу қудратуҳу ав неъматуҳу лианна фиҳи ибтолус сифати. Ва ҳува қавлу аҳлил қадари вал иътизоли. Ва локин ядуҳу сифатуҳу било кайфин.

Аз ваҷҳ (рӯй)-и Аллоҳ таъоло дар Қуръони маҷид дар чанд сура ишора рафтааст. Аз ҷумла ояти 20-уми сураи “Лайл”, ояти 27-уми сураи “Арраҳмон”, ояти 115-уми сураи “Бақара” ва ояти 88-уми сураи “Қасас”.

Аз яди ӯ бошад дар ояти 10-ум дар сураи “Фатҳ”, ояти 75-уми сураи “Сод” ва 83-юми сураи “Ёсин” зикр рафтааст. Ва дар бобати нафси ӯ бошад ояти 116-уми сураи “Моида”, ояти 11 ва 48 сураи “Сод” далел шуда метавонад ғайр аз ончи дар боло гуфтем, инчунин дар Қуръон аз зикри айн (чашм) низ ишора рафтааст.

Ончиро ки Аллоҳ таъоло дар Қуръон зикр кардааст ва мансуб ба худ хондааст, ҳамаи онҳо сифатҳои ӯ таъоло мебошанд муносиб ба худашу бекайфиятанд.

Мисол: Мо наметавонем бигӯем, ки яди ӯ таъоло қудрати вай аст, зеро ки таъвил кардан ҷоиз нест. Таъвил кардани сифат хилофи мазҳаби аҳли салафи солеҳ аст. Ва инчунин гуфта наметавонем, ки яди Аллоҳ таъоло неъмати Аллоҳ таъоло аст. Ва инчунин гуфтан ҷоиз нест, ки ваҷҳи ӯ худи ӯст ва айни ӯ басару биноии вай аст. Чигунагии онҳоро танҳо Худованд медонад, на мо. Зеро банда дар фаҳми комилии он сифоти Аллоҳ таъоло оҷиз аст. Мо имон дорем ва иқрорем ба ин яду ваҷҳу айну дигару дигар, аммо бе кайфияти он ва бемушобиҳату монанд донистан ба махлуқот.

Мазҳабҳои “қадария” ва”мӯътазила” сифати Аллоҳ таъолоро ба тамом ботил мекунанд ба сабаби таъвил карданашон. Онҳо сифатро ғайри зот меҳисобанд. Аҳли суннат вал ҷамоъат сифоти ӯ таъолоро на айни зот ва на ғайри зот медонанд, балки мутааллиқу пайваста ба зот медонанд.

Ва ғазабуҳу ва ризоуҳу сифатони мин сифотиҳи таъоло било кайфин.

Ва ғазаби ӯ таъоло ва ризои ӯ таъоло сифатанд аз сифоти Аллоҳ таъоло бе чигунагӣ ва бе тафсили онҳо ки аз сифоти афъоланд ё аз сифатҳои зот. Ғазаби Аллоҳ ва ризояш мисли авсофи халқаш нест.

Чунки ин ду сифат аз сифоти муташобиҳа ҳастанд дар ҳаққи Аллоҳ таъоло. Бинобар ин ҳазрати Имом тобеъи ҷумҳури салафи солиҳин шуда ва ба ҳазрати Имом ҷамиъи халаф (пайравонаш) иқтидо кардааст. Бинобар ин ду сифатро таъвил накардаанд ва нагуфтаанд, ки мурод аз ғазаб иродаи интиқом ва аз ризояш машияти (хостани) неъматҳо аст. Ҳар чизе, ки муташобеҳ бошад мо ба он имон меорем, чунки ба дарки аслаш оҷизем. Ин муташобиҳот дар Қуръон ва ҳадисҳои Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вуҷуд доранд.

Аз ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) пурсиданд, ки чунин ворид шуда, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба осмони дунё дар сеяки охири шаб мефарояд? Ҳазрат гуфтанд: “Оре, локин било кайф”, яъне чи хел будани онро мо дарк намекунем. Ба ин монанд ҳадис бисёр аст. Инчунин оят.

Арраҳмону ала-л-ъарши-ставо.

Дар Қуръони маҷид омадааст аз ин ҳазрати Имом мегӯяд, ки мо иқрор мекунем, ки Аллоҳ бар Арш аст. Аммо Аллоҳ таъоло бар Арш мӯҳтоҷ нест, ки бар он қарор ёбад. ҳоло он ки ӯ таъоло муҳофизи Арш в ғайри Арш аст. Агар фаразан ӯ таъоло мӯҳтоҷи Арш мешуд, ҳаргиз мисли махлуқ бар эҷоди олам ва тадбири ӯ қодир шуда наметавонист. Саволе ба миён меояд, ки агар Аллоҳ таъоло ба нишастан эҳтиёҷ медошт, пеш аз халқ кардани Арш ба куҷо нишаставу қарор дошта буд? Ҳол он ки Аллоҳ таъоло аз мӯҳтоҷият муназзаҳ аст.

Ҳазрати Имом Моликро вақте аз ояти дар боло зикр шуда пурсиданд, дар ҷавоб гуфт: “истиво” маълум асту кайфият маҷҳул ва савол аз ин бидъат аст, ва имон доштан ба ин воҷиб. Ин аст тариқаи салафи солиҳин дар боби таърифи сифатҳо ва оятҳо ва ҳадисҳои муташобеҳа. Дар ин кор таъвил лозим нест. Ҳар ки аз аҳли суннат вал ҷамоъат бошад, бо роҳи ин ду имом равад ҳаргиз гумроҳ намешавад. Иншоаллоҳ.

Халақаллоҳу таъоло ашёъа ло мин шайъин ва коналлоҳу таъоло олиман фил азали бил ашёи қабла кавниҳо. Ва ҳуваллази қаддарал ашёъа ва қазоҳо.

Худованди таъоло халқ кард ашёву оламро на аз чизе на аз моддае. Монанди одам, хок, об, гил, санг, ҳаракат, торикӣ ва ғайраву ҳоказо. Аллоҳ таъоло аз ғайри мисоли собиқ халқ кард.

Агарчи баъзе ашё аз баъзе дигар халқ карда шудааст, вале асли он аз ҳеҷ (адам) офарида шудааст. Ва буд Аллоҳ таъоло олиму доно дар азал ба ҳама ашё пеш аз буданашон ва таҳаққуқашон дар олами пайдоиш (нигаред ба ояти 140-уми сураи “Аҳзоб”). Аллоҳ таъоло ашёро пеш аз халқ шуданашон бо рангу навъ медонист. Аллоҳ таъоло тибқи иродаи худ ашёро тақрир кардааст ва бинобар ҳикмати худ дар иншо ва эҷоди худ ҳукму қазо кардааст.

Далели гуфтаи боло: дар ҳадис омадааст, ки аввалин чизе ки Аллоҳ таъоло халқ кард, Қалам буд ва амр кард ба он ки бинавис, Қалам гуфт ё раб: чиро нависам?Аллоҳ таъоло гуфт бинавис ончиро, ки коин аст то рӯзи қиёмат.

Аз ин ҷиҳат аст, ки аҳли ҳақ гуфтаанд: ”ҳақиқати ашё собит аст” Ашё ашё аст ва на ваҳманду на хаёл.

Ва фармудаанд ҳазрати Имом , ки тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Аллоҳ таъоло аст. Агар касе тақдири некӣ ва бадиро аз ғайри Аллоҳ таъоло донад, кофир асту ва тавҳидаш ботил.

Пайдо шудани ҳамаи ашё вобастагӣ дорад ба амри Аллоҳ таъоло. Гурӯҳе ақида доранд, ки ҳамаи ашё ҳақиқат надоранд, инҳо ҳама ваҳму хаёланд, мисли хоб дидан. Ин ақида ботил аст.

Ва ло якуну фиддунё вало фил охирати шайъун илло би машиятиҳи ва ъилмиҳи ва қазоиҳи ва қадариҳи ва катбиҳи фил лавҳил маҳфузи, валокинна катбаҳу бил васфи ло бил ҳукми.

Ва нест дар дунё ва охират чизе мавҷуду ҳодис дар кадом ҳолате ки бошад, магар ки ҳаст ба машияту иродаи ӯ, ва илми ӯ ва қазои ӯ, ва қадари ӯ ва мувофиқи навиштаи вай аст дар Лавҳул маҳфуз. Лекин китобати Аллоҳ таъоло дар ҳаққи кулли шайъ ба васф аст на ба ҳукм, яъне ки шайъ чунину чунон аст.

Навишта накард, ки шайъ бояд чунину чунон бошад. Чунки дар вақти китобат дар Лавҳулмаҳфуз ашё вуҷуд надоштанд. Пас тақдири онҳоро ба васфу сифат навишта карда, ки ба зудӣ ашё мувофиқи қазои ӯ пайдо мешаванд. На бинобар ваҷҳи амри ӯ. Агар ба амр мешуд, бояд ки онҳо ҳамаашон дар вақти китобат дар Лавҳулмаҳфуз мавҷуд мебуданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *