Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Хондани Намози Нимашаб (Таҳаҷҷуд)

Намози Нимашаб (Таҳаҷҷуд)

Хастагии сахт… Машаққати вазнин… Корҳои тӯлонии рӯзона, ки холй аз машаққат нест, ба инсон гарон афтад. Ҳар рӯз чунин ҳаёти пурпечутоб дар зиндагии башарият дунболадор аст. Чун шаб фаро мерасад, ҳар як дӯстдор ба назди маҳбубааш медарояд, ҳар ошиқ бо маъшуқааш хилват мемонад.

Чй қадар ширин аст лаҳзаҳое, ки дар он талхии машаққат ширин гардад ва дар он вақтҳои инсон гуворо гузарад.

Шаб ором… Дилҳое назди Худо бо ёди Ӯ ҳастанд… Чашмҳое аз тарси Ӯ ашк мерезанд… Хилват бо Худо ин ҳаёти ҳақиқист, пас ба намози шаб шитобед… Биёед, го ҳамҷоя дилҳоямонро пок созем, зеро намози шаб ба қалбҳо нуру сафо мебахшад.

Инҷо афроде ҳастанд, ки ин маъниҳои волоро эҳсос накарда мегӯянд: Ҳоло ман намози панҷвақтаро ботартиб хонда наметавонам, пас чй гуна рағбат ба адои намози шаб намоям?

Бародари азизам! Бидон, ки ман бароят сирре аз асрори ин ҳаётро бигуям.

Ҳоло бароят оинаеро тақдим мекунам, ки дар худ суратҳои бисёреро таҷаллй медиҳад.

Дили инсон низ монанди оинаест ва танҳо он чизеро инъикос медиҳад. ки ба пешаш гузошта шавад. Тамоми он чизҳое. ки ба паҳлӯи дил гузошта мешавад, бар фаъолияти инсон ҳукмфармо мегардад. Ҳар гоҳ ки бар оинаи дилат мол гузошта

шавад, худро дармеёбй, ки ҳарису дӯстдори молу сарват гаштай. Ҳар гоҳ ки ба оинаи дилат муҳаббати зане, ки ба ту ҳалол нест, гузошта шуд, ба зудй бар ҳаром воқеъ хоҳӣ гашт. Худованд мефармояд:

«Занҳое ҳастанд, ки бо худ ошиқ мегиранд, онҳоро ба занӣ нагиред».

(сураи Нисоъ)

Инҷо мардуме ҳастанд, ки дар оинаи дилашон суратҳои зиёд таҷаллй ёфтааст. Суратҳои гуногун ба дилҳояшон ҷойгузин гардидааст. Худованд мефармояд:

«Дар чашми мардум ишқ ба майли нафсонй ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамснҳои зару сим, аспони доғбарниҳода ва чорпоёну зйроат ороиш ёфтааст. Ҳамаи ин чизҳои зиндагии дунявй ҳастанд, дар ҳоле. ки бозгаштгоҳи хуб назди Худо аст!».

(сураи Оли Имрон, ояти 14)

Ҳамин тавр, вақто ки дар оинаи дил ҳамаи ин суратҳо ва ғайри инҳо худро ҷило медиҳанд, пас чӣ гуна бар он акси Қуръон ва муҳаббати Худо ҷойгир мешавад? Ягона василае, ки барои ворид сохтани муҳаббати он Зоти пок кӯмрк мекунад, ин

ҳам намози нимашаб ба ҳисоб меравад. Ба сабаби он ки аз як оина як сурат таҷаллй меёбад. Дӯстони гиромӣ! Шахсе, ки лаззати муҳаббати Худоро мечашад, Худовандро шинохтааст. Шахсе, ки Худоро шинохтааст, дилашро ишқи Худованд фаро мегирад. Оё ҳамин тавр нест?!

Фарҳ байни ин ду гурӯҳ мардум монанди замину осмон аст!!

Бинобар ин, таъсири намози нимашаб бар дил беҳудуд аст. Туро водор ба ҳиссиёте месозад, ки дар дигарон он эҳсосот дида нахоҳад шуд, ба ту илҳомё бахшад, ки дигарон аз он маҳрум бошанд. Сипас дар намозҳоят бо шиддат гиря мекунӣ, бо баробари гуфтани «Аллоҳу акбар» (Худо бузург аст) ашк аз чашмонат ҷорӣ мешаванд, ҳама чизро бо дили зинда мебиниву мешунавй. Ибни Қайим мегӯяд:

«Албатта ду марде, ки дар як саф намоз мегузоранд, қадамҳояшон паҳлӯи қадамҳои ҳамдигар, ҳар ду бо як имом иқтидо намудаанд, як хел оятро аз забони имом мешунаванд, вале байни ин ду намози эшон чун осмону замин фарқ дорад».

Чй чиз буд, ки байни онҳо ин фарқияти бузургро бигузошт?

Бале, он ҳам таъсири инъикоси ҳамон сурате, ки дар дили онон таҷаллй ёфтааст.

Бародари азизам! Бо дикқат бишнав. Бояд дар назди

дилат нақши як сурат, ки он муҳаббати Худо аст, инъикос ёбад. Намози нимашабро дар лаҳзаҳое, ки мардум дар хобу гафлатанд, ғанимат гир. Бале,

НАМОЗИ НИМАШАБ

муҳаббататро бар Худованд эълон кун, ҳине, ки ҳамагон дар олами хоб парвоз доранд.

Эҳёгари замони саҳобагон

Ҷавоне бароям замони саҳобагонро ба хотир овард. Дар моҳи рамазони гузашта дар паҳлӯи ҷавоне намози таҳаҷҷуд (нимашаб) мехондам. Имом бо баробари ба намоз «Аллоҳу акбар» гуфтанаш садои гиряи ҷонгудозеро аз ин ҷавон шунидам.

Басо ба тааҷҷуб омадам!! Чунки имом ҳоло ба

• қироати сураи Фотеҳа сар накарда буд. Баъди тамом шудани намоз бар ин ҷавон гуфтам: Бародари гиромӣ аз ман маранҷ ва бароям сабаби гиряатро бозгӯ. Чаро имом як ҳарфе аз Қуръон тиловат накарда, ту ба гиря афтодй? Ӯ бо ҷавоби зебояш ба қалбам зарба ва таъсири бузурге гузошт: «Хангоме ки бо забонам «Аллоҳу акбар» гуфтам, сахт тарсидам, ки чаро ба Худо дурӯғгӯй мекунам. Зеро ман ин калимаро бо забон мегӯям, вале дар дили ман ҳоло бузургии Худо ҷой нагирифтааст».

Баъзеҳо бо шунидани чунин сухан эҳсос мекунад, ки ӯ низ мисли гӯяндаи ин калом аст… Ҳаргиз! Эй кош, мо низ Худоро чун ин ҷавон дӯст дорем. Биёед аз имрӯз иборат Худоро дӯст дорем, ҳамчуноне ки ин ҷавони содиқ дӯст медорад. Эй шахсоне, ки дар ин дунё зиндагй кардед, вале то ҳол ширинтарин неъмати дунёро начашидаед, биёед аз он баҳра баред, ки он сӯҳбат бо Худо яьне намози нимашаб аст.

Посбони амонатдори ту

Ба сабаби намози нимашаб алоқаи махсусе байни туву Аллоҳ ба вуҷуд меояд… Алоқа байни махлуқи заифу бечора ва Худои қавию тавоно…Алоқае, ки туро аз гуноҳ ҳимоя мекунад, аз бандагии шайтон ҳифз менамояд. Оре, намози нимашаб як василаи бузургест, ки ин алоқаро дар инсон ба вуҷуд меорад. Ба сабаби намози шаб муҳаббати дунё аз дил ронда шуда, ҷои онро ишқи илоҳй ишғол менамояд. Биё, эй бародари азизам, хондани ин сатрҳо бидуни амал қор намедиҳад. Биё, то ман қувваи иродаву олиҳимматиатро бубинам. Аз ҳамин дам ният кун, ки ба таҷрибаи ин дастури азим ворид хоҳй гашт. Намози шабро таҷриба кун, зеро туро посбони амонатдорат бедор сохтаасг. Худованди бузург мегӯяд:

«Ҷин ва инсонро танҳо барои ибодат офаридам».

(сураи Зориёт, ояти 56)

Мо барои ибодати Худо ва шинохти ӯ офарида шудем.

Наздиктарин дарҳои шиносоӣ намози шабонгоҳист. Ин дари ошиқон ба ҳисоб меравад. Ҳоло даври та ҷрибаи он расидааст!!

Инсон бо табиаги инсониаш чизҳои зиёдро дар ин дунё месанҷад, таҷриба мекунад. Мо фасли тобистонро дар маконҳои гуногун гузаронидем. Ҳар сол ба як маконе сафар мекунем, ки дар натиҷа шаҳрҳои зиёдеро тамошо кардаем. Ҳоло замони

таҷрибаи намози нимашаб фаро расид, пас биёед ин кирдори шоистаро озмоем. Медонам, ки шумо

такрорро дӯст намедоред. Биёед ин амалро низ таҷриба кунем ва ба зудӣ мебинем, ки ин озмоиш аз гамоми дигар гаҷрибаҳо афзалтар аст. Туро бинам,

ки шояд бо гааҷҷуб мегӯй: Мақсад аз таҷрибаи

амади нан чист?

Ман қасд дорам, ки даври намози нимашаб фаро расидааст.

Албатта ин таҷриба рӯз ба рӯз натиҷа хоҳад дод.

Бо қалами ихлос на тиҷаҳоро рангин соз!

Ин аст роҳи ту ба сӯи саодат!!

Албатта ибодати шабҳангом нишонест барои дарёфти ризои Худои бузург. Ин намоз ба саволи ҳайратзадагон, ки мегӯянд: «Оё Парвардигорам аз ман розй аст?» посӯх хоҳаддод.

Бароят боз равшантар месозам. Он нафароне, ки чунин савол медиҳанд, чанде аз онон ин намозро барпо медоранд? Фарқиятро бингар! Ҳароина ин ибодат, ибодати махсуси як гурӯҳе аст. Ибодати ба шумор шахсоне, кгг дигарон дар вақч и он хобидаанд. Ту низ дар қатори он обидон як қисми шабро бо муноҷоту ибодат пос медорй. Оё Худованд аз ту розй мешавад ё на?! Оё Худо туро дӯст медорадё не?! Аллоҳи бузург дар ҳадиси қудсй мефармояд:

«Ҳамеша бандаам бо ибодатҳои нофила ба сӯи ман наздикй меҷӯяд, ки ҳатто ӯро дӯст медорам.

Ҳар гоҳ ӯро дӯст доштам. ба ӯ гӯш мешавам, ки бо он мешунавад ва чашм мешавам, ки бо он мебинад ва даст мешавам. ки бо он меқапад ва пой мешавам, ки бо он роҳ меравад, агар аз ман чизе пурсад, барояш мебахшам…».

(ривояти Аҳмал)

Боз ой! Бояд лаҳзаҳои саҳар бо Худованд робитаи зебо дошта бошй., Лаззати ҳақиҳии ҳаёт дар он аст. Биё, сулҳу қаробатро бо Худо эълон намо ва парчами бандагиву шарафро боло карда бигӯ: Эй Худои ман инҷо назди ту истодаам, дар ҳоле, ки бандагонат хобидаанд. Эй

Парвардигорам, мехоҳам, ки туро бузургдорй кунам, бо ёду шукри ту бошам ва туро зебо ва холисона парастиш намоям.

Озӯқаи мӯъмин

Ин гуна парастиш ва муноҷот ба ҳаётат лаззату саодат бахшад: Худованд месфармояд:

«Эи ҷома оар худ печида(1) Шабро зинда дор, магар андаке(2) Иимае аз он ё аз он ҳам камтарро

дар ибодат гузарон(З) Ё андаке бар нима афзой ва Қурьонро зебову равшан бихон.(4) Мо бар дӯши ту сухани сангинро хоҳем ниҳод(5) Ҳар оина шабҳангом аз бистар бархостан мувофиқати забону дилро афзояндатар ва баёни суханро устувордорандатар аст(6) Зеро, ки корҳои ту дар рӯз зиёданд(7) Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва бо ӯ бипайванд(8)».

(сураи Музаммил, ояти 1-8)

Худоро холисона ёд кун ва дар дилат муҳаббати ӯро зиёд гардон. Ғаму шодиат бояд барои Худо бошад, эҳтиёҷу беҳоҷатиат назди Худо бошад.

Оё он оягҳоеро, ки ҳоло қироат кардӣ, осон буд ё душвор?

Ба эътиқоди ман дарки ин оятҳо осон аст, барои шахсе, ки Худо барояш осон тардонидааст. Чо қадар барҷаста аст. ки шабро дар ибодат сипарӣ карда боу зикри Худоро дар руз низ идома бахшӣ?! Ин гоҳ файзи маьниҳои нав ва эҳсоси ҷадид рӯҳатро сафову самимият ва халоват бахшад.

Ин диле, ки Худованд бароямон бахшидааст, бисёр тез таъсир мегирад ва ба зудӣ тағйир меёбад, беҳад ҳассос аст. Ба ҳолаш назар афкан. Гоҳо дилатро мебинӣ, ки хаставу дардманд аз мушкилот, мамлуъ аз маъсият аст, ба хона бо ин дили шикаста ворид мешавй ва ба курсй менишинӣ. нохост дар оинаи ҷаҳоннамо манзараи муассиреро гамошо

мекунию зор-юр ба гиря медарой. Ин аст ҳассосияти дил!

Бале, дил зуд мутаассир мешавад. Ба модаре назар афкан. ки чи гуна фарзандонашро дӯст медорад ва ба фарзандон бингар, ки чи тавр қалбашон саршори меҳри модар аст. Ё гурӯҳи дигареро назар кун, ки чи гуна ҳамсаронашонро дӯст медоранд.

Эйдил ба ту кофист!

Чи қадар қалби ту ба сӯи Худо равон гаштааст, ки гӯё аз шавқи Холиқ ва Ҳабибаш парвоз дорад. Боз ту мегӯӣ:

Дилам сахт аст, ӯро раҳнамоӣ карда наметавонам.

Ин гапро магӯ, эй бародарам! Барои ту сазовор бошад, ки роҳи даромадро ба даргоҳи Худо ихтиёр намоӣ.

Зуд бош, таҷриба кун, дер намон. Бароят эй дил кофист… Кофист он солҳое, ки фориғ аз ёди Худо

сипарй кардй. Кофист он солҳое, ки ҳамеша ёди мол, зан, бозӣ ва беҳудакорй доштй.

Кофист эй дил! Имрӯз ба сӯи Худо бозгирд. Ба намози шаб бархез зеро он беҳтарин ёрирасон аст. Ин намоз бароят рӯзи қиёмат дастгир ва шоҳид хоҳад гашт!!!

Ибодати шабҳангом барои Паёмбари Худо (с) фарз гардида буд. Паёмбар (с) шабҳо дар адои ин намоз рост меистоданд, ҳатто қадамҳояшон варам мекарданд. Барояшоп модари муъминон Хадиҷа

(р) мегуфтанд: Ба худатон раҳм кунед, эй Паёмбари Худо, оё хоб намеравед?

Паёмбари гиромиқадр (с) барояшон мегуфтанд: Эй Хадиҷа. вақти хоб рафтааст…

Баъзе саҳобагон бисёр ба ин намоз ҳарис буданд, ки ҳатто Худованд ба эшон сабукй бахшида гуфт:

«Ҳар чи қадаре, ки қироати Қуръон муяссар шавад, онро бихонед».

(сураи Музаммил, ояти 20)

Сураи Музаммил шоҳиди ҳақиқӣ ба он насли даврони Паёмбар (с) аст, ки онҳо рози шабона бо Худо доштанд ва он ба мо низ шоҳид мешавад, ки оё мо низ намозро барпо медорем… ?

Биштоб, ки ту ҳоло ҳам фурсат дори, то баногоҳ аз гурӯҳи зиёнкорон нагардӣ. Худованди бузург мефармояд:

«Бандагони Раҳмон ононе ҳастанд, ки дар замин хоксорона рох мераванд. Ҳар гоҳ ки ҷоҳилон бар онҳо хитоб кунанд, барояшон гӯянд, саломат бошед. Ононе, ки шабро барои Парвардигорашон лар саҷдаву қисм рӯз мекунанд».

(сураи Фурқон. ояти 63-64)

Мо бо ин оятҳои қуръоние. ки дар пеш дорем, хитоб гардидём. Оё бандагони Раҳмонро шинохтй? Оноп шабро ба хогири Парвардигорашон дар саҷдаву қиём сипарй мекунанд. Ин шарафи бузург аст. Оё ба ин шараф расидай? Метарсам, ки ту аз он нафароне набошй, ки шабҳоро дар тамошои оинаи ҷаҳоннамо саҳар кунй ва панҷ дақиқа пеш аз намози бомдод ба ола.ми хоб таслим шавй!!

Оё наметавонй, ки чанд ракату саҷдаҳое дошта бошй, то онон барояг рӯзи қиёмат гувоҳ гарданд. Оё оинаи ҷаҳоннамо аз Худо ҳам бароят беҳтар аст?

Бародари гиромӣ! Ҳоло байни бандагони Худо муқоиса намо, ки гуруҳе рози шабона бо Худо доранд ва нафарони дигар бо тамошои силсилафилмҳои бешармона шабҳоро саҳар мекунанд.

Оё ту аз худат розӣ ҳастй?

Чандин гуноҳе аст, ки аз худ хориву зиллат ва шикастагиро мерос мегузорад ва боиси тавба

мешавад.

Рози зиндадилон дар нимашаб

Худованди бузург мефармояд:

«Танҳо касоне ба оятҳои мо имон овардаанд, ки чун оёти моро шунаванд, ба саҷда биафтанд ва

Парвардигорашонро ба нокӣ ситоянд ва саркашй

накунанд (15) Аз бистари хоб паҳлӯи(сари) худро дур карда, Парвардигорашонро бо тарсу умед дуо мекунанд ва он чи ки ба онҳо додаем, садақа мекунанд».

(сураи Саҷда, ояти 15-16)

Маънои он хобиданро дар кат бад дидан аст, яъне онон гоқати кат надоранд. Шавқи Худо онҳоро ба изтироб овардааст. Онҳо роҳату оромиро ганҳо дар наздикй бо Аллоҳ ва рози шабона бо Худои якто, эҳсос мекунанд. Дар он

лаҳзаҳо онҳо дар кадом ҳолат ҳастанд:

«Парвардигорашонро бо тарсу умед мехонанд» Мискин ҳастӣ, ту эй шахсе, ки худро фаромӯш намудӣ!

Ту бо сабаби тарки намози шаб бечора гардидй. Як ҳафта.. .Дар он бо иродаи оҳанин аз Худо ёрй иурс ва дар давоми ҳаётат дазза тро бичаш.

Мукофоти амал

Бароят охири оятҳои пешгузаштаро тақдим менамоям:

«Ва ҳеҷ кас аз он мояи хушбахтӣ. яъне ҳурони биҳиштй хабар надорад, ки ба подоши корҳое, ки мекунад, барояш андӯхта шудааст».

(сураи Сачда, ояти 17)

Бингар бар ин натиҷаи хушбахтона, ки дар интизори туст.

Таъбири бадеии қуронй мегӯяд:

«Он мукофоте, ки ба онҳо махсус ва махфй нигаҳ дошта шудааст»

Андеша кун ва боз андеша кун. Инҷо чизи басо муҳимест, ки Худованд мегӯяд: «амал мекунанд», Худои бузург инҷо нагуфт: «илм доранд».

Албатта олами амал ғайри олами калом аст.

Шаб бихез ва муитазири мукофот шав… Ба сӯи амал шитоб. Мардони Худо каме аз шаб сар ба болин мегузоранд. Худованди бузург мегӯяд:

«Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд(15) Он чиро Худо арзонияшон додаст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он накӯкор буданд(16) Онон андаке аз шабро мехобиданд(17) ва ҳангоми саҳариҳо аз Худованд талаби омӯрзиш мекарданд( 18)».

(сураи Зориёт, ояти 15-18)

«Каме аз шаб…» Инсон тааҷҷуб мекунад, ки оё он шахсиятҳое, ки дар як шабонарӯз 16 соат хоб мекунанд, онон саҳархезиро тарк намудаад. пас оё биҳишт ва чашмасорони онро мебинанд?!

Ҳар виқто зикри муноҷоти шабонгоҳӣ меояд. онро меёбӣ, ки би биҳишт ва неъматҳои он қарин омадааст?! Албатта намози таҳаҷҷуд ибодатест, ки биҳиштро сазовор мегардонад.

Шахсе, ки лаззати ибодатро чашид, Худоро шинохтааст. Худои бузург мефармояд:

(сураи Исроъ, ояти 79) Биштоб эй азизам, чиро мунтазир мешавӣ?

Худованди бузург моро огоҳ месозад, ки шахси обиди шабзиндадор бо ғофил аз он ҳеҷ баробар нест. Худои бузург мегӯяд:

«Оё он кас. ки дар ҳамаи соатҳои шаб ба ибодат иардохта с дар саҷда аст ё дар қиём ва аз охират хавф дорад, ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: Оё онҳое, ки медонанд, бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?».

Ба ҳолати ӯ назар кун:

«Дар соатҳои шаб ба ибодат пардохта, дар саҷда аст ё дар қиём»

Ин қадар хушбахт аст, шахсе, ки ҳаловати ин лаҳзаҳоро чашидааст ва хусусан дар сеяки шаб дар лаҳзаҳое, ки Аллоҳи бузург ба осмони дунё нозил мешавад, ӯ дар розу муноҷоти Худо будааст. Дар он соатҳои гуворо Худо барояш мегуяд:

«Оё тавбакунандае ҳаст, то ман гуноҳи ӯро авф созам, оё талаби мағфираткунандае ҳаст, то ман ӯро бубахшам …»

(ривояти Муслим)

Шахсе, ки лаззати рози шабонаро бо Худо

чашидааст, ӯ аз гурӯҳи ононе, ҳаст, ки

«онон медонанд». Аммо ононе, ки қадри муноҷоти шабонгоҳиро намедонанд, дар ин асно дар тамошои оинаи ҷаҳоннамо ё машғули беҳудакорӣ бо интернет ҳастанд… Оё ҳадиси Паёмбар (с)ро медонӣ, ки фармуданд:

«Албатта шаб соате дорад, ки чун бандаи мусалмон бар он мувофиқ омад ва дар он хубиро хост, барояш Худо онро ато фармояд».

(ривояти Муслим)

«Он банда аз охират метарсад, раҳмати Парвардигорашро умед мекунад»

Ҳоли бандаи боимон доимо дар ҳар замону макон ҳамин гуна аст.

Ибодати шабонгоҳии Паёмбар(с)

Ду нафар аз саҳобагон ба назди модарамон Оиша даромада гуфтанд: Эй модари муъминон!

Аҷоибтарин ҳолатеро, ки аз Паёмбар(с) дидаӣ, бароямон нақл бинмо.

У гуфт: Чиро ба шумо нақл кунам? Бешак тамоми кори ӯ тааҷҷубовар буд.

Сипас боз суханашро давом дода гуфт:

Шабе ба наздам омада, ҳамроҳам ба зери бистар даромад, ҳатто пӯсташ ба пӯстам бирасид ва гуфт:

«Маро гузор, ки Пирвирдигоримро соате парастиш намоям».

Барояш гуфтам:

Наздикии туро дӯст медорам, вале хоҳиши туро аз хоҳиши худ афзал мешуморам.

Сипас бархес гу ба адои намоз қоим шуда ба гиря афтод ва найвасга намоз мехонду мегирист, ҳатто ашкҳои ӯ ба бурё қатра-қатра мешориданд. Тамоми он шаб дар намоз буду мегирист ва ашкаш ба бурё мерехтанд, ҳагто Билол барои азон гуфтан ба намози бомдод омад. Чун Паёмбарро(с) дид, пурсид: Эй Паёмбари Худо, чй чиз гуро ба гиря андохт, бешак Худо гуноҳони гуро хоҳ пешинаву хох, оянда бахшидааст?

Паёмбари гиромиқадрамон(с) фармуданд:

«Вой бар ҳоли ту эй Билол, ҳаҳиҳатаи, бароям имшаб ояте нозил гардид. Вой бар ҳоли шахсе, ки онро хонаду дар он тафаккур накунад. Сипас каломи Худои бузургро тиловат намуданд:

«Онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд: Эй Парвардӣгори мо, ин ҷаҳонро ба беҳуда наофаридй, ту покй, моро аз азоби дӯзах боздор».

(сураи Оли Имрон,ояти 191) Баъди қироати оят Паёмбар(с) фармуданд:

«Вой ба ҳоли шахсе, ки оиро хонаду дар маънии он тафаккур накунад»

(ривояти Суютй)

Ибодати аҷоиб… Таъсираш ба ҳар як инсон гузарост…

Биштобу муддати ду моҳ фақат адои ин ибодатро бисанҷ ва ба зудй дар худ эҳсос менамой, ки намози шаб ва муноҷот бо Худо орзуву армони

гу мегардад. Ин ҳангом гуиё аз нав таваллуд

мешавӣ.

Субҳоналлоҳ! (Худованд поку бенуқсон аст) Гӯё намози нимашаб чун асои сеҳрнокест, ки ҳар чй хоҳад, иҷро мекунад!!

Шиори мусалмон

Паёмбарн Худо чунон шабзиндадорӣ мекарданд, ки ҳатто пойҳояшон варам менамуд. Ҳине, ки дӯстонашон дилсӯзона мегуфтанд: Оё Худо гуноҳони пешинаву ояндаи шуморо набахшидааст, мегуфтанд:

«Оё бандаи шукргузор набошам».

(ривояти Бухорй)

Паёмбари азизамон(с) аз сахтии дарду машаққат пойҳои хастаашонро бо навбат дам медоданд.

Паёмбари Худо дар намози шаб лаззат мебурданд. Чӣ гуна лаззат набаранд, вақге ки назди мавлояшон исгодаанд?

Албатта ин аст шиори муъмин: «Оё бандаи шукргузор набошам».

Ҳарис шав, то ин таъбир ҳамеша шиори ту бошад.

Ба ҳолат гиря кун

Он ҳадисе, ки Имом Бухорй ривоят карданд. ҳодисаи басо тааҷҷубовар аст. Паёмбар (с) дар охирҳои ҳаёт бемор гардиданд ва ончунон бемориашон шиддат гирифт, ки ҳагто як ё ду бор намозро хонда натавонистанд. Оё фаҳмидӣ, ки

қасди ман чист? Бухорӣ дар китоби «Саҳех»-ашон ворид намуданд, ки Паёмбари Худо (с) намози шабро як ё ду бор ҳини беморй тарк кардаанд. Ас.тан Паёмбар (с) ҳама шабро қоим бар намоз сипарй мекарданд.

Эй Худо!! Мо тамоман баръакси кирдори пешвоямон ҳастем.

Эй бечора! Ба ҳолат гиря кун ва қатъй бо худ азм намо, ки барои наздикй ҷӯстан бо Худо баҳри пос

доштани намози шаб ҳарис мешавй.

Баъди ин суханҳо эҳсосат чй гуна гардид?! Ба эҳтимоми Паёмбар (с) бингар, ки чи гуна ба намози шаб аҳамият медоданд ва донаи ишқи он амалро ба дили саҳобагон кошта буданд. Паёмбари гиромй рӯзе Абдуллоҳ ибни Амр ибни Осро дида фармуданд:

«Эй Абдуллоҳ! Мисли фалонй набош, ки ӯ шабзиндадорй мекард, вале оқибат онро тарк намуд».

(ривояти Бухорй)

Эй бародари дилбандам, худро ба ҷои Абдуллоҳ гузор ва насиҳати Паёмбар (с)-ро. ки бароят гуфтанд. бо гӯши дил бишнав. Рӯзҳои Рамазонро ба хотир ор. Бешак он замон пайваста барои адои намози шаб кӯшиш мекардй ва имрӯз онро тарк бинмудй. Гуё ки Паёмбари азизамон(с) дар бораи ту лаб ба сухан боз мекунанд.

Вақто ки Паёмбар(с) ин хитобро бар ту мекарданд, яъне чун ту бар ин вазъият меафтидй

биандеш, ки ҳиссиёти ту назди Паёмбар (с) чй тавр

мегардид? Ин вазъияти вазнин аст.

Агар дар ҳолати беҳтар ҳастй ва шабҳо ба хотири намоз бедорхобй мекашй, дон, ки ба ҳолат Паёмбар (с) басо шоду масрур мешаванд.

Ҳиммати А бдуллоҳ ибни Умар

Паёмбар(с) гуфтанд:

«Абдуллоҳ ибни Умар агар шабро дар намоз барпо дорад, ин қадар. бандаи хуб аст».

(ривояти Бухорй)

Абдуллоҳ ибни Умар (р) баъди шунидани ин калом боре ҳам намози шабро тарк накард ва шабҳо қариб, ки намехобид магар каме. Чун саҳобиеро мешунид, ки намози шабро тарк кардааст, басо ғамгин мешуду ба ғазаб меомад.

Абдуллоҳ ибни Умар (р) бояд намунаи олитарине барои ҳамаи мову шумо бошад. Баҳри ҳимматбаландй мисли Абдуллоҳ (р) биштоб ва аз ҳамин лаҳзаҳо нияти хешро нав сохта, ҳамин саҳифаҳоро хотимаи аҳди хеш бо танбаливу хобпарастй қарор деҳ.

Ҳиммати олй ва дили зинда… Куҷой ту эй

Абдуллоҳ? Мо бисёр ба ту барин шахсиятҳо мӯҳтоҷем…

Узре надоред!

Имом Бухори ривоят мекунанд, ки шабе Паёмбари гиромиқадрамон (с) аз хона баромада,

ба сӯи кулбаи духтарашон Фотима (р) ва домодашон Алӣ (р) раҳсипор шуданд, то ки онҳоро ба намози нимашаб бедор кунанд. Дари онҳоро бикӯфтанд. (Ошкор гардид, ки ҳар дуи эшон хобидаанд)

Сипас фармуданд:

«Оё намоз намехонед?» Алй (р) гуфтанд:

Ҷони мо дар дасти Худост. Агар Худо хоҳад моро бедор мекунад.

Паёмбар(с) бо ғазаб онҳоро тарк кард рафтанд. Алй (р) мегӯяд: Паёмбарро дидам, ки пушташонро гардонидаанд ва дасташонро ба рон хеш зада мегуфтанд:

«Инсон бештар ба баҳсу талош гирифтор мебошад».

(Сураи Каҳф, ояти 54)

Оё доимо намегӯӣ, ки занги соат ҳар шаб ба гӯшам садо медиҳад, вале ман аз ҷойгаҳ хеста намегавонам.

Ин кирдорн ту шабеҳи кирдори Алист, ки

Паёмбар(с) дар ин бора ояти илоҳиро тиловат намудаанд: «Инсон бештар ба баҳсу далеловарӣ тирифтор мебошад».

Даври узроварӣ ба охир расидааст, аз нав аҳд бинмо, ки ба ҷои узрхоҳӣ ба шабзиндадорӣ мудовимат меварзй.

Хоси занҳо, вале…

Паёмбар (с) шабе аз хоб бедор шуда диданд, ки ҳама занҳояшон хобидаанд, пас фармуданд:

«Кист, ки соҳиби ҳуҷраҳоро (ишора бар занонашон, ки ҳар яке аз онон соҳиби ҳуҷрае буд) бедор созад? Ҳар оина чандин либоспӯше дар дунё ҳаст, ки ӯрӯзи қиёмат бараҳна хоҳад буд!».

(ривояти Бухорй)

Паёмбарамои Муҳаммад (с) бедор сохтани ҳамсаронашонро барои адои намози шаб дӯст медоштанд, то ки онҳо гуворотарин ва ширинтарин лаҳзаҳоро дар ҳаёт бубинанду хушбахт шаванд, вале онҳо дар олами хоб парвоз доштанд. Паёмбар (с) дар охири каломашон чуноне ки зикр гардид, таъбиреро баён намуданд, ки он таъбири муассир аз дидагони модарони муъминон (р) хобро паронид:

«Ҳар оина чандин либоспӯше дар дунё ҳаст, ки ӯ рӯзи қиёмат бараҳна хоҳад буд».

Албатта ин вазъ хос барои занҳост. Оре, лекин оё баъди ин суханон оқилона андешидӣ, ки дар ин майдони ибодат бепарвоиву ақибнишинии ту ба обрӯву шарафи мардиат нанг оварад ва боз мегӯӣ, ки ин сухан танҳо барои занҳо тааллуқ дорад. Эй мусалмонон! Аз хоби гарон хезед!

Баъди анҷоми набарди (газва) Зотурриқоъ мусалмонон ба маконе фуруд омада, онҷо истироҳат мекарданд. Паёмбар (с) баъзе аз

саҳобагонро барои посбонӣ ихтиёр намуданд. Ду нафар саҳобии бузург Аммор ибни Ёсир (р) ва Уббод ибни Бишр (р) аз гӯрӯҳи посбонон гардиданд. Уббод (р) аз Аммор (р) талаб намуд, ки дар қисми аввали шаб бихобад ва вазифаи посбониро бар дӯши худ гирифт. Дар торикии шаб ҳине, ки ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт, Уббод (р) болои санг ба намоз истода, дар фазои тоза ба муноҷоти Худованд бипайвает. Назари яке аз душманон бар ӯ афтид ва ба сӯи ӯ дар ин торикӣ тире биандохт, ки он ба бозӯи Уббод (р) даромад. Ӯ тирро аз бозӯяш кашиду боз намозро давом дод.

Сипас ӯро ба тири дигаре инчунин бизаданд, вале ӯ пайваста дар намозаш қавиирода буд. Сипас рукуъ карду ба саҷда рафт ва дасти худро сӯи дӯсташ дароз кард, то ӯро бедор кунад. Аммор (р) дид, ки аз ҷасади дӯсташ хун мешорид, зуд бигуфт: Чаро бори аввале, ки туро ба тир заданд, маро бедор накардӣ? Уббод (р) дар ҷавоби ин суол иброз намуд.

Он ҳангом ман дар намоз оятҳои қуръониро тиловат мекардам ва нахостам, ки оятҳо қатъ

бш арданд.

Агар ман барои ҳифзи сарҳад аз душманон дар хатар намебудам, маргро аз қатъи оятҳои қурьонӣ афзал медонисгам.

Ин ҳолро андеша кун! Оё бар ту асар нагузошт? Ҳоло ту лаззати маънои ин қиссаро начашидй. Шояд ту аз маънои он чунин мепиндорӣ, ки вохӯрдан бо дӯстдор, истодан назди ӯ дар талаби ризогиаш дарду аламҳоро фаромӯш созад.

Ба ҳоли пешвоямон Умар ибни Хаттоб (р) назар афкан, кн ӯ зери чашмони худ ду хатти сиёҳе аз асари гиряҳо дошт. Нисфиҳои шаб худ ба намоз хеста, аҳлашро низ бедор мекарду мегуфт:

«Аҳли хонаводаатро ба намоз амр кун ва худро бо сабру бурдборй водор бинмо».

(сураи Тоҳо, ояти 132)

Ҳазрати Умар (р) шабе ба намоз рост истода, оягеро дар он қироат намуд ва беҳуш шуда, ба замиқ афтод. Оё медонӣ, ки кадом оят буд? Худованд дап он мефармояд:

«Албатта азоби Парвардигорат воқеьшаванда аст(7) Онро радкунандае нест»

(сураи Тур, ояти 7-8)

Баъди қироати ин ду оят пешвоямои Умар (р) аз ной афтида, бистарй шуданд. Мардум барои аёдаташон як моҳ омада, аз аҳволаш хабар мегирифтанд, вале намедонистанд, ки иллати бемории Умар (р) дар чисг ва чи ҳодиса бар ӯ рӯй додаст.

Эй Аллоҳ.Ч Мардум Умарро ба сабаби қироати як оят як моҳ аёдаташ бинмуданд. Зеро, ӯ Умар ибни Хаттоб (р) буд. Эй бародарам, узрхоҳона бароят мегӯям, ки дилҳои мову ту то ҳол устувор

нагаштааст.

Ба ҳоли Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) низ бингаред, ки ӯ ҳангоме ки намози шаб мегузошт, садое мисли ғур-ғури занбӯр аз ӯ шунида мешуд.

Эй Анас, кори шумо а ҷиб аст!

Анас ибни Молик (р) шабро ба се қисм тақсим мекарданд. Анас (р) дар сеяки аввали шаб намоз хонда, сипас ҳамсарашонро бедор мекарданд, ки ӯ қисми дуюми шабро ба намоз гузаронад. Сипас зан духтари ягонаашро бедор мекард, то ки ӯ сеяки сеюмашро бо намози шаб сипарй бинмояд! Мегӯянд: Вақто ки ҳамсари Анас (р) аз олам чашм пӯшид, шабро ӯ байни худ ва духтараш ба ду қисмат ҷудо намуд. Ӯ то нисфи шаб намоз мехонд ва духтараш дар нисфи дуюм шабзиндадорй мекард. Вақто ки Анас (р) дунёро падрӯд гуфт, духтараш ба шабзиндадории тамоми шаб ҳарис гардид.

Мо бечорагонем… Хонаҳои мо дар куҷосту хонадони он муъминон дар кадомдараҷа аст?!

Ҳақиҳатанҳам кори шумо тааҷҷубовар аст, эй

Анас…

Парвардигоро, хонадони моро низ мисли ин хонадони боимон шабзиндадору парҳезкор гардон.

Ҷӯянда ёбанда аст

Памози шаб ошиқоне дорад, ки онон барои гоати Худову муҳаббати ӯ намунаҳое ҳастанд, ки дилҳо бо зикрашон зинда мегардад. Яке аз онҳо мегӯяд: Як сол дар адои намози шаб ба ранҷу машаққатҳо гаҳаммул намудам ва ба сабаби он бист сол лаззати бандагиро чашидам. Ин калима зодаи таҷрибаи зиёд аст, ки бо сидқ аз дилҳои бои.мон баромадааст.

НАМОЗИ НИМАШАБ

Ҳақиқатан шахсе, ки кӯшиш мекунад, ба муродаш мерасад. Кӯшанда ҳеҷгоҳ бо шахси гофил баробар нест. Ҳамчуноне ки яке аз солеҳон мегӯяд:

Бидон, ки қимати пешвой дар тарки болин аст.

Дилҳо назди Офаридгор

Бароят тарҷумаи оддиеро, ки эҳсоси муассире мебахшад ва лаҳзаҳои шириитарини зиндагиро ба хотир меорад, гақдим месозам. Яке аз бузургон мегӯяд: Ӯ ҳаргоҳ ки ба рахги хобаш меомад, дастонашро бар бистараш гузошта мегуфт:

Албатта ту нарму мулоим ҳастй. Бешак дар бнҳишт чизҳоесг. ки мулоимтар аз туст. Сипас аз ҷойгаҳ бармехесту то азони бомдод намоз мегузорид.

Сухани ӯ ҳақиқате ҳам дорад… Бале, дар биҳишт чизҳое ҳаст, ки нарму гуворотар аз он аст!!

Яке аз обидон чун ба бистараш назар мекард мегуфт: Ёди дӯзах хоби зоҳидону парҳез оронро паронидааст.

Ҳар ойина ин ибораҳо он таъбирҳои зиндае ҳастанд, ки бузургии онро хар нафаре. ки таьми ҳаётро дар нисфи шаб чашид. дили хешро ба Офаридгораш супорид ва огози адои намози нимашабро эьлон кард, эҳсос мекунад.

Маҳрум кист?

Инҷо бисёр мафҳумест, ки мардум онро хато мефаҳманд. Мафҳуми «маҳрум»-ро бароямон Ҳасан ибни Алӣ равшан карда мегӯяд: Ҳаш оме ки гу бар шабзиндадорй ва рӯз рӯзадорй

гуноҳҳоят зиёт шудаанд. Ин аст маънон ҳақиқии калимаи <<маҳрум».

Маҳрумй ту, эй шахсе, ки ба адои намози шаб қудрат надорй.

Маҳрумй ту, эй шахсе, ки рӯза гирифтан натвонй.

Маҳрумй ту, эй шахсе, ки Парвардигоратро то ҳол нашнохтай. Роҳҳои зиёдеанд, ки туро ба ҳалокат дучор месозанд. Бале, гуноҳҳои зиёде, ки туро ҳамл гардидааст, омили асосй бар ҳалоку

расвоии туст.

Канизи Ҳасан Басрй

Ҳасан Басрӣ канизе дошт ва онро ба хонаводае фурӯхт. Чун шаби аввал фаро расид, канизак нисфи шаб бедор шуда нидо кард:

Эй хонаводаи намозгузорон! Бархезед ва намоз хонед.

Онҳо гуфтанд: Оё субҳ дамидааст.

Ӯ гуфт: Шумо магар танҳо намозҳои панҷвақта мехонед.

Онҳо гуфтанд: Оре.

Сипас хидматгор ба сӯи хоҷаи аввалааш Ҳасан Басрй рафту гуфт:

Эй хоҷллм! Маро аз он хонадон бозгардон. Маро ба қавме фурӯхӣ, ки онҳо намози шабро барпо намедоранд. онон танҳо намозҳои панҷвақтаро мегузоранду халос.

Гӯиё мо киссаи хаёлиеро мехонем, ки он ба воҳеият ҳеҷ робитае надорад. Зеро воҳеияти мо ба он ҳолате, ки пешгузаштагонамон доштанд, тамоман фарҳ мекунад.

Ин гуна сухан на танҳо аз забонн канизак, балки аз забони як уммати бузурги гузашта шунида мешуд!!

Оё ба додани ин маҳр қодир ҳастй?

Яке аз гобеип мегӯяд: Дар хоб зани соҳибҷамолеро дида барояш гуфтам: Ту кистӣ?

Ӯ гуфт: Ман хуре аз ҳурони шаҳлочашми биҳиштй ҳастам.

Ба ӯ гуфтам: Оё- мехоҳй, ки дар никоҳи ман бошй?

Ӯ гуфт: Маро аз хоҷаам хостгорй кун.

Сипас гуфтам: Маҳрат чист?

Ӯ гуфт: Шабзиндадориҳои тӯлонй.

Парвардигоро, моро дар пардохти ин маҳр кӯмак намо. Биштоб… Бародари меҳрубонам, аз ҳамин лаҳзаҳо барои адои маҳр омодагй бин. Зеро он ҳури биҳиштй танҳо нест, балки онҷо ҳурони зиёде дар интизори хостгоранд.

Пас оё ту хостгори онҳо ҳастӣ?!

Орзуманди шаб

Фузайл ибни Аёз мегӯяд: Ҳангоме ки офтоб куруб мекунад, маро хурсандй фаро мегирад. Зеро ба сабаби торикй мардум мехобанд, пас ман бо Худованди бузур! хилват мемонам. Эҳсоси бузургест. ки ганҳо аз дили марде мебарояд. ки ӯ бо чунин эҳсое зинда! й намудааст. Ни қадар ширин асг лаҳзаҳое. ки дар он ҳар як ошиқ бо маънуқааш

хилват монад.Шояд касе дар байни мо гааҷҷуб карда гӯяд: Чӣ гуна ӯ торикиро дӯст медорад?

Эй бародари азизам, ин гуна шабзиндадорон ба фарорасии шаб шавқ доранд, то ки онҳо ба муноҷоти маҳбубашон бипайванданд.

Эй фарзандам, он чӯб набуд

Мансур ибни Муътамид ҳар шаб дар боми хонааш бо ибодат шабзиндадорӣ мекард. Вақто ки ӯ аз олам чашм. пӯшид, писари ҳамсояаш бар модари худ гуфт: Эй модарҷонам! Куҷо шуд он чӯбе, ки ҳар рӯз дар боми Мансур рост меистод.

Модараш дар ҷавоб гуфт: Он чӯбе, ки ба дидагони ту ҳар шаб аён мешуд, чӯб набуд. албатта ӯ Мансур буд (яъне ҳар шаб мисли чӯб рост дар намоз меистод). Ҳаргиз он чӯбро бори дигар нахоҳй дид, эй фарзандам!!

Метарсам, ки ту баъди хондани ин варақҳое, ки каломи ҳайратангез дорад, аз тааҷҷуб лабонатро бигазй.

Бародари гиромиам, ҳеҷ инсоне аз модар бузург таваллуд намешавад. Бояд ӯ муқаддимаҳо дошта бошад, пас шитоб кун ба мисли чӯб (ҳар шаб қоим бар намоз) бош!!!

Оҳ, ба ҳоламон

Марде ба назди яке аз гобсин (шахсе. ки бо саҳобагони Паёмбар(с) ҳамсӯҳбат шудааст) медарояд ва ӯро гирён мебинад. Ба ҳолаш дилсӯзй намуда мегӯяд: Чаро гу гиря мекунй? Оё ягон аьзоят дард мекунад?

Тобеин гуфт: Аз ин ҳам мусибати сахттар ба ман расидааст.

Сипас он мард бозпурсид: Оё бар ту хабари марги яке аз наздикон расид?

Ӯ гуфт: Аз ин ҳам сахттар.

Он мард бо тааҷҷуб гуфт: Аз ин сахттар чӣ мусибат аст?!

Ӯ гуфт: Шаби гузашта хобидам ва намози шабро фаромӯш кардам!!

Оҳ, бар ҳоли моён… Бархез ашкҳои пушаймониро бар он ваҳтҳое, ки беҳуда гузарондаӣ ва он ҳаромҳое, ки анҷом додаӣ, бирез.

Диловариро эълонкун, зеро шабнола дорад!

Тобеине мегӯяд:

Ҳине ки офтоб тулӯъ мекунад, чунон ғамгин шудам, ки тӯли чиҳил сол боз аз ин мусибат дида бештар ғамгин нагаштаам.

Чи гуна ғамгин нашавад, дар ҳоле, ки ӯ дар ин олами мавҷудот нест. Дили ӯ дар осмон шино дорад.

Шахсе, ки дар даҳаи охири моҳи рамазон эътикоф нишинад, ин ҳиссиётро эҳсос намояд.

Ба суи ӯ бингар. Ӯ худро барои намоз бо таҳорате, ки гуноҳонро мерезонад, омода кард, ҷойнамозашро бар меҳробаш паҳн намуда ба намоз оғоз намуд. Ҳине, ки пайвандии ӯ бо Худо оғоз ёфт, нишонаҳои хушбахтиро эҳсос кард ва садои муаззинро шунид, вале то ҳанӯз ташнаи

муноҷот буд.

Оё метавонй, ки оби баҳрро бар як қадаҳ ҷамъ оварй?!!

Зебочеҳрагон

Аз Ҳасан Басрӣ суол карданд: Чаро таҳаҷҷудгузорони шаб дар байни мардум чеҳраи зеботар даранд? Ӯ гуфт чунки онон ба Худованди меҳрубон хилват менишинанд, пас Худованд нуреро аз нури худ ба онҳо мепӯшонад.

Оре, албатта таҳачҷудгузорони шаб назди мардум маъруфанд, онҳоро мисли боқимондаи мардум нахоҳӣ дарёфт, лекин дар рӯйҳояшон ҷамол ва дурахшишро мушоҳида хоҳӣ кард. Ин аст нишонаи итоаткорон!

Ҳине, ки ин каломро Ҳасан Басрӣ иброз намуд, ба он тааҷҷуб накун. Маъруф аст, ки ҳар гоҳ мардум Ҳасан Басриро медиданд, як ҳафтаи комил ба ибодати Худо мепардохтанд. Ибодати бохушӯъ ба сабаби ҷамол, ҳайбатва нишони солеҳон, ки дар ӯ ҳувайдо буд, ҳосил

мегардид.

Эҳсоси муассир

Аз Худованд пурсонам, ки моро орзуманди намози шаб ва шавқманди муноҷоти худаш гардонад. Бишгобу танбаливу сустиро тарк кун ва ба забони ҳолат бигӯ: Эй занҷирҳои замин видоъ бар шумо, салом бароят эй осмон!

Магӯ, ки бо кадом оятҳо шабро зинда дорам. Ба имом Абуҳанифа назар афкан, ки тамоми шабро бо як оят сипарй менамуд, ӯ тамоми шаб такрор ба такрор мсгуфт:

«Балки қиёмат ваъдагоҳи онҳо аст ва қиёмат балои бузургтар ва талхтар дорад».

(сураи Қамар ояти 46) Шаби дигар мегуфт:

НАМОЗИ НИМАШАБ

«Пас Худованд бар мо миннат ниҳод ва (Ба лутфи худ) моро аз аюби сӯзон нигаҳ дошт. Зеро мо аз ин пеш дар дунё Худоро ба ҳақиқат парастиш кардем, ки ӯ накӯхоҳу меҳрубон аст».

(сураи Гӯр, ояги 27-28) Бале..барои эҳсоси тез ояти кам ҳам кофй бошад… Хаёл кун. ки ӯ гамоми шабро бо хондани як оят рӯз мекард.

Муноҷоти шоир

Муноҷоти Ҳассон ибни Собиг (р)-ро бингар, ки дар зулмоти шаб ба Парвардигораш нидо карда мегуфт:

Ба даргоҳи ту рӯй орам, ту танҳо соҳиби розам,

Ба ресмони ризо бофам либос, бар зикр пардозам.

Нидое гар биояд субҳ, ки эй хоҷа Худоят кист?

Худоямро ба он авсофи халлоқй чу бинвозам.

Худо бахшида субҳидам. ба номи бандагй нозам.

Калимае аз дили содиқ баромада ба қалбҳои ҳамаамон роҳ ёфт. Оё ҳамин тавр нест? Туро мебинам, ки бори дуввум ин сатрро мехонй. вале боз аз хондани ин байтҳо сер намешавй.

Биштобу ин оятро ҳифз намо ва онро муноҷоти саҳарии хеш қарор деҳ.

Ба Молик пайрав бош

Бароят калимаҳоеро, ки бандҳоро кушодааст эхдо менамоям. Ҳақиқатан фурсатс расидаасг. ки худро далер гирй ва Худовандро бо забону шеваи худ муноҷот намой. Ибрат дар таьбирҳо набошад. балки ибрат дар ашкҳост.

Молик ибни Динор дар оромии шаб гуфт: Эй Худои ман, гу ягона Зоте ҳастй, ки сокини биҳишту дӯзахро медонӣ. Оё ман аз сукунаткунандагони ҷаннат ҳастам ё аз бошандагони дӯзах?

Байни худ ва байни Худо монеа нагузор ва дон, ки дари Худо бароят кушодааст. Туро месазад, ки дари илоҳиро бикубй, зеро шахсе, ки бештар дарро мекубад, одатан дарро ба ӯ боз намоянд. Туро мебинам, ки бедориву мегӯӣ: Албатта дар кушодааст, пас чигуна онро бикӯбем? Албатта ин мулоҳизаи зебост, пас сӯи

татбиқи амал биштоб, то ба Молик монанд шавй!!

Ишқи Аллоҳ

Сулаймони Дорй дар зулмоти шаб Худовандро нидо карда, ба муноҷоти ӯ мецфтод. Пеш аз он ки ба муноҷоти ӯ шинос шавӣ, хоҳишмандам, ки дилагро ҳозир бисоз. Ҳоло ту муноҷотеро мехонй, ки туро аз дохил сахт такон бидиҳад, балки туро ба гиря водор менамояд.

Ӯ мегӯяд: Эй Парвардигорам, агар аз гуноҳам рӯзи қиёмат бипурсй, ман раҳмататро пурсон шавам. Эй Парвардигорам, агар аз кӯтоҳии ман бипурсӣ, авфи гуро он рӯз масъалат дорам. Эй Парвардигорам агар аз гафлатам бипурсй, раҳмату бахшиши туро пурсон бигардам. Агар маро ба оташи дӯзах биандозй, ба

дӯзахиён хабар диҳам, ки ман туро дӯст медорам.

Баьди хондани ин сатрҳо муҳитро хомӯшй фаро гирад, ашкҳо аз дидаюн саршор бигарданд, зеро сухаи ба гояти олияш расидааст.

Худоё туро мо дӯст медорем.

Парвардигоро, мо ба сӯи ту бозгашт намудем, сӯи ту рӯй овардем.

НАМОШ НИМАШАБ 43

Дуои ибтидо

Ба дустдорамон Муҳаммад(с) назар кун. ки чн гуна ӯ барои намози шаб омодагӣ медид? Ӯ Худовандро пеш аз намози шаб дуо карда мегуфт:

«Худоё, мо туро ҳимд мегӯем. Туй барподорандаи осмонҳову замии на чизҳое, ки байни онҳост. Бароят ҳамд мегӯем. Гуй иури осмонҳову замин ва ончи ки байни онҳост. Ба гу ҳамд мегӯсм. Туй подшоҳи осмонҳову замин ва он чи ки дар онҳост. Туро ҳамд мегӯем, Тӯи зоти барҳақ, ваъдаи ту ҳақ аст , дидори ту

ҳақ аст, кадоми ту ҳақ аст, биҳишт ҳақ аст дузах ҳақ аст, паёмбарон ҳақанд, Муҳаммад… ҳақ асч, рӯзи қисмаг ҳақ аст. Парвардигоро бароя! таслим шудам, бо ту имон овардам, бар ту таваккал кардам, ба сӯят рӯй

овардам. ба хотири гу душманй марзидам. ба сӯят додрасй кардам. пас маро бубахш ва ҳар гуноҳе, ки аз ман пештар даргузаштааст на баъдтар омадааст ва ҳар гуноҳе, ки пинҳону ошкор муртакиб шудаам, омӯрзиш бинмо ва ҳар гуноҳе, ки ту аз ман дида донотарӣ бубахш. Туӣ бахшанда ва туй меҳрубон.

(ривояти Бухорй)

Кирдорҳои мададрасон ба намози шабҳангом

Якум: Хӯрокаву нӯшокаҳоро бисёр истифода мабар.

Яке аз обидон мегуфт: Эй гурӯҳи обидон, бисёр махӯред, бисёр манӯшед, бисёр махобед, то ки зиёну пушаймонии зиёд ҳангоми марг ба сари шумо ояд. Ин васияг аҳамияти бузург дорад. Таомро бисёр махӯр. то аз қиёми шаб маҳрум нагардй.

Биштоб барои иҷрои ин амал ва қадри масъулияти хешро эҳсос намо ва гумон мабар, ки ин кор сабук асту осон.

Дуюм: Худро рӯзона ба машаққат магзор.

Аз корҳое, ки туро .барои адои намози шаб мадад мекунад, рӯзона худро ба корҳои вазнин хаста нанмудан аст. Туро мебинам, ки баъд аз ин калом мегӯй: Ин сухани намунавист, вале мо ин амалҳоро худ ихтиёр намекунем, амали мо ‘ табиатан худ машаққатангез аст.

Гӯё ту бо ии суханҳо талаб дорй. ки ин кор номумкин аст! Эй бародари меҳрубонам, агар рӯз соате хоб равй, бо нияти намози шабҳангом, пас туро ин хоби рӯзона кӯмакрасон барои ибодати шаб гардад.

Албатта ман хушбахтам, ки ту бо ин иасилаҳо барои амалӣ гардидани он ибодати пуршараф ва ба воқеият ворид сохтани он саъй мекунй.

Сеюм: Ба даргоҳи Худо гуноҳ макун.

Тарки гуноҳ муҳимтарин васила барои адои намози шабонгоҳист. Яке аз тобеин мегӯяд: Худоро рӯзона

нофармонӣ накунед. тар шабона бо Худо роз доред. Суфёни Саврй мегӯяд: Ман ба сабаби як гуноҳе, ки анҷом додам, панҷ моҳ аз намози шаб маҳрум мондаам, Аз ӯ пурсиданд: Он гуноҳ кадом аст? Ӯ гуфт: Мардеро дидам. ки мегирист, пас гуфтам, ки ин мард риёкор аст.

Албатта гуноҳ инсонро мебандад пас барои кушодани ин бандҳо бо пушаймониву тавбаву истигфор шитоб бикун.

Чаҳорум: Риоя кардан амали тадриҷй.

Ин нуктаи муҳимест, ки аҳамияти он аз мавзӯъҳои пешин кам нестанд. Туро ғайрати маҳдуд макрур накунад. ки бигӯй: Аз ҳамин рӯз тамоми шабро дар муноҷоти Худо рӯз мекунам! Бояд гайрати ту мувозинаг дошта бошад ва бояд роҳҳои даромади шайтонро, ки диловариву гундравй машҳуртарин василаҳои ӯст бидонй. Туро месазад. ки аввал бо ду ракат намози сабук оюз кунй ва онро гӯли як моҳ давом диҳй… Худро аз беҳуда рафтани як рӯз ҳам нигаҳ дор ва ип кирдори накӯро дар моҳи дуввум низ идома бахш. Ҳамии тавр. Паёмбари гиромиамон (с) дар яке аз иршодоти хеш фармудаанд.

«Албатта ин дин қави аст ва бар он бо нармиву мулоимй ворид бишав»,

(ривояти Байҳақй)

Бародари азизам, барои адои ин ду ракат намоз ҳарис бош. Бидон, ки марди қавию камолсфта ҳини гузаронидани чунин марҳилаҳо дар ҳукми кӯдаки хурдсол аст.

Ҳамчуноне, ки инсони мусалмон хар руз вирди қуръонӣ дорад, пас ту ҳарис бош. ки шабоин вирди қуръонй дошта бошй ва гӯли як моҳ дар намоэи нимашаб Қурьонро хатм намои. Бидон. ки нафси инсон

баҳонаҷӯиро дӯсТ медорад на шояд ту ҳадаферо каед намоӣ ва барои баррасишавии он амал кунӣ. вале баҳонае пеши роҳатро мегираду мегӯй: Охир ман ҳофизи Қуръон нестам-ку… Қ>рьони таҳаҷҷудй ё қуръончае бихар ва аз рӯи он Қуръонро тиловач кун. Ба пешат ҳадаф бигзор. ки тӯли як сол Қурьонро хатм хоҳй намуд. го бароят анҷоми он осон гардад!! Ин қадамҳои амалист ва гаҷрибавист. Тааҷҷуб накун. балки барои иҷрои он саъй намо. Бародари аизам, меъёрҳои анҷоми кор ва иҷрои пай дар пайро фаромӯш макун!!

Худро пеш аз оне. ки Туро ҳисобу китоб мекунанд, ҳисоб бинмо.

Паёмбар (с) фармуданд:

«Худоваид мардеро раҳмат кунад, ки шабҳангом бархеста, намоз хонад ва ҳамсарашро низ ба намоз бедор созад. Чун ҳамсараш инкор кард, ба руяш об пошад. Худованд занеро низ раҳмат кунад, ки шабошоҳ аз хоб бархеста, намоз гузорад ва шавҳарашро низ барои намоз бедор кунад. Гар шавҳараш инкор кард, ба рӯяш об пошад».

(ривояти Абудовуд)

Бингаред, ки Паёмбар (с) пойденори салоҳи хонадон ва сутунҳои устувори мухаббатро чи гуна гузоштаанд.

Албатта хонадони мо аз бемеҳриву костагии муҳаббат шикоят дорад. Шабро шнда доред. то фазои хонадонатонро нури хушбахтиву саодат на меҳру муҳаббат мамлӯ ь созад.

Паёмбарамон (с) фармуданд:

«Шахсе ки шабошаҳ бедор мешавад ва ҳамсарашро бедор мекунад, пас ҳамроҳ бо ҳамдигар ду ракат намоз мегузоранд, Худованд онҳоро аз гурӯҳи мардону заноне, кн Худоро бисёр зикргӯянда ҳастанд, навишта бошад».

(ривояти Абудовуд)

Насиҳати гаронбаҳо… Номзади худро бо телефон вақти намози шаб бедор кун. Шояд ту аз ин сухан ба ханда ойй…

Эй зани боимои шавҳаратро барои намози нимашаб кӯмак бикун ва кулбаафо барои адои намози таҳаҷҷуд меҳроб гардои, то хонадони шуморо суруру фараҳмандӣ фаро гирад.

Саьй бинамоед, ки хонаҳоятон бо сабаби муноҷоти шабҳангом биҳшти Худо дар рӯи замин бошад. то ҳама шодмоннҳои дунёро наснбадор гардед. Инсонс. ки

рози шабона бо Худо дорад, ач тонфаи зиндадило

бошад ва қимати хақиқии зиндагиро намояд.

Аё мардони шаб бедор гардед,

Нидон нимашаб радиопазир аст.

Ту медонй. киён дар рози Уянд.

Ҳар он ки ошиқи Зоти басир асг.

Хонандагони гиромй. ҳар пешниҳоду

дархостҳое, ки доред. метавонед онро ба сурогаи

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *