Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Қазову Қадар

Вал қазоу вал қадару вал машияту сифотуҳу фил азали било кайфин.

Ва қазову қадар ва машият сифатҳои Аллоҳ таъолоанд дар азал бе кайфияти чӣ хел буданашон.

Қазо ҳукми муҷмалро гӯянд ва қадар ҳукми тафсилиро гӯянд ё баръакс. Машият бошад вобаста аст ба ҳарду. Собит аст, ки ин се сифати мазкур сифоти Аллоҳ таъолоанд дар китобу суннат инҳо аз сифоти муташобиҳ буда ба мисли ҷумлаи сифоти олии Аллоҳ таъоло кайфият (чигунагии) онҳо номаълум аст барои мо. Ҳақиқати онҳо барои мӯъмин пӯшида аст. Воҷиб аст, ки мӯъмину мусулмон ба ин сифот имон оварад ва аз қадри андозаи муайян дар боби ин сифот набояд берун биёяд, ки оҷиз мемонад ва зери шубҳа меафтад, зеро ақли инсонӣ қодир нест бар дарки пурраи онҳо. Олимтарин дар боби “Қадр” касест худро аз баҳси “Қадр” нигоҳ медорад. Касе сари ин масъала баҳсу мунозира мекунад, пас ин ба ҷоҳилии ӯ далолат мекунад. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин боб фармудаанд:

“Ва ҳар вақто ки зикр карда шавад аз “қадр”, пас сукутро ихтиёр кунед”.

Вазифаи банда ин аст, ки имон оварад ба “қадр” вассалом. Барои банда беҳтар, ки тобеъи ҳақ шаваду гӯш ба ҷониби шаръ диҳад.

Яъламуллоҳу таъоло алмаъдума фи ҳоли адамиҳи маъдуман ва яъламу аннаҳу кайфа якуну изо авҷадаҳу.

Ва Аллоҳ таъоло чизи набударо дар ҳоли набуданаш бо ҳама сифоти нестии вай медонад. Ва низ Аллоҳ таъоло албатта медонад чигунагии онро ҳар вақто, ки онро халқ кунад.

Ва яъламуллоҳу таъоло алмавҷуда фи ҳоли вуҷудиҳи мавҷудан ва яъламу аннаҳу кайфа якуну фаноуҳу.

Ва медонад Аллоҳ таъоло чизи мавҷудро дар ҳоли вуҷудаш. Ва медонад Аллоҳ таъоло ҳамон чизи мавҷудро чигуна нест мешавад баъди иродаи худ бе тағайюри илмаш ягон заррае.

Ва яъламуллоҳу таъоло алқоима фи ҳоли қиёмиҳи қоиман ва изо қаъада ъалимаҳу қоидан фи ҳоли қуъудиҳи мин ғайри ан ятағайяра ъилмуҳу ав яҳдуса лаҳу ъилмун.

Ва медонад Аллоҳ таъоло қоимро (рост истодаро) дар ҳоли қиёмаш (рост буданаш) қоим медонад. Ва медонад қоидро (нишастаро) дар ҳоли нишастанаш нишаста, дар кадом ҳоле ки бошад ба ҳамон ҳолат медонад. Ва ҳам медонад тағйири ҳолатро.

Масалан пеш аз нишастан нишастанашро медонад бе тағйир ёфтани илмаш. Зеро илми ӯ таъоло тағйир намеёбад. Зеро илми Аллоҳ таъоло қадим аст ва мисли илми махлуқ ҳодис нест:

Ва локиннат тағйиру вал ихтилофу яҳдусу фил махлуқина.

Ва локин тағйиру ихтилофу интиқол аз як ҳолат ба ҳолати дигар ва ихтилофи ҳолатҳо аз қиёму қуъуду монанди инҳо пайдо мешавад, ин барои бандагон аст, аммо Худованд аз чунин ҳолатҳо пок аст.

Халақаллоҳу таъоло алхалқа салиман минал куфри вал имони.

Яъне: Халқ кард Аллоҳ таъоло махлуқотро солим аз осору нишонаи куфр ва нури имон.

Инсон қобили исёну иҳсон аст, метавонад яке аз дуро қабул намояд, на ҳардуро, зеро ин ду чиз ба ҳамдигар хилофанду зид мебошанд.

Сумма хотабаҳум ва амараҳум ва наҳоҳум факафара ман кафара би феълиҳи ва инкориҳи ва ҷуҳудиҳил ҳаққа би хизлониҳи таъоло ийёҳу.

Баъди халқ кардани махлуқот Аллоҳ таъоло хитоб кард онҳоро ба ибодат ба воситаи паёмбарон барои саодаташон ва амр кард онҳоро ба имону тоат ва наҳӣ (манъ) кард онҳоро аз куфру маъсият.

Пас кофир шуд шахсе, ки кофир шуд ба ихтиёри худаш ва инкори худаш аз рӯи дар ҷаҳлу нодонӣ монданаш.ӯ кофир шуданаш аз рӯи кибру саркашиаш ва қабул накарданаш амру наҳйи Аллоҳ таъолоро. Ин ба он хотир сар зад, ки нусрат доданро ба ӯ Парвардигор тарк кард. Ва барои адои он чи ки ризои худаш аст, ба ӯ тавфиқ надод.

Ин тақозои адли Парвардигор аст, ки он чуну чаро надорад.

Ва омана ман омана би феълиҳи ва иқрориҳи ва тасдиқиҳи битавфиқиллоҳи таъоло ийёҳу ва нусратиҳи лаҳу.

Ва имон овард шахсе (баъди хитобу амру наҳӣ) , ки имон овард ба феъли худаш ва инқиёдаш (сар хам кард) ва иқрор ба забон ва тасдиқ кард ба дил мувофиқ ба амру иродаи Аллоҳ таъоло ва тавфиқ додану нусрат додани Аллоҳ таъоло ӯро дар он чи, ки қазо ва қадар карда буд ба муқтазои фазли худ.

Албатта ҳама дар илми Аллоҳ таъоло маълум буда, ҳама ба муқтазои илми ӯ ҳаракат мекунанд. Ин олам дорои ибтило ва зироатгоҳи охират аст. Амру наҳӣ ва хитоб шуданаш ҳикмати Парвардигор мебошад.

Ахраҷа зуррийята Одама мин сулбиҳи ъало сувариззарри фаҷаъалаҳум уқалоа фахотабаҳум ва амараҳум ва наҳоҳум фа-ақарру лаҳу биррубубияти факона золика минҳум имонан фаҳум юладуна ъало тилкал фитрати.

Ва хориҷ кард зурияи Одам ъалайҳиссаломро, ки меояд табақа баъди табақа то рӯзи қиёмат аз камару пушти ӯ ва аз пушту камари фарзандонаш ба сурати мӯрчаи майда, баъзе онҳо сафед ва баъзе онҳо сиёҳ ва онҳо парешон гашта, баъзе дар тарафи рост ва баъзе дар тарафи чапи Одам (алайҳи-с-салом) ҷой гирифтаанд.

Пас гардонид онҳоро соҳибони ақлу фаросат бар нафсҳои худ. Онҳоро бар худашон ва ҳамчунин малоикаҳоро шоҳид гирифту ба онҳо хитоб карда гуфт ӯ таъоло: “Оё нестам ман Парвардигори шумо?” Гуфтанд он олами арвоҳ, ки “Бале” яъне Парвардигори мо ҳастӣ. Баъди ин Аллоҳ таъоло онҳоро амр ба эҳсон ва имон намуд ва аз куфру куфрони неъматҳояш наҳй кард. Онҳо бошанд ба Рабб будани Аллоҳ таъоло ва ба банда будани худашон иқрор мекарданд, ки гуфтанд: ”Бале”. Пас ҳамин иқрорашон дар олами арвоҳ имони ҳақиқӣ ё ҳукмӣ аст. Инсон ба ҳамин имони фитрӣ таваллуд меёбад. Аҳди “Мисоқ” ба китобу суннат собит аст (ниг. сураи”Аъроф” ояти172). Инчунин ҳадиси Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки: «Куллу мавлудин юладу ъало фитратил исломи».

Шахсе ба балоғат расаду ба ӯ даъвати ислом нарасид на имонро сифат карда метавонаду на куфрро ва ба чизе эътиқод надорад, ки ӯ зидди имон бошад ё мувофиқи имон бошад, чунин шахс маъзур аст. Агар куфрро сифат кунаду эътиқод дошта бошад ба он ё эътиқоди куфр дораду сифат карда наметавонад, чунин шахс узрдор нест. ӯ аз аҳли нор асту он ҷо абадӣ монад (Мулло Алӣ Қорӣ) .

Ва ман кафара баъда залика фақад баддала ва ғайяра ва ман омана ва саддақа фақад сабата ъалайҳи ва довама.

Ва шахсе кофир шавад баъди имони мисоқӣ, бас ба таҳқиқ бадал кардааст имони фитриро, ки ато шуда буд ба ӯ ба куфри касбӣ. Ва шахсе зоҳир кунад имонашро ва тасдиқ кунад ба ин тариқа, ки имони забониаш мутобиқи имони қалбиаш бошад, пас чунин шахс собиту устувор мондааст бар имонашу бар динаш, ки аслӣ аст. Ва барқарор мондааст ба имони фитрии аввалаш ва давом додааст онро ба иҷрои исломаш.

Ва лам юҷбир аҳадан мин халқиҳи ъалал куфри ва ло ъалал имони ва ло халақаҳум мӯъминан ва ло кофиран валокин халақаҳум ашхосан вал имону вал куфру феълул ъибоди.

Ва ҷабру қаҳр накардаст Аллоҳ таъоло касеро аз халқаш ба кофир шудан ё имон овардан. Яъне Аллоҳ таъоло тоъату маъсиятро дар дили бандааш аз рӯи қаҳру ғазаб халқ накардааст. Балки ин ҳардуро мақрун (қарибкардашуда) халқ кардааст ва ба ихтиёру касби банда вогузоштааст. Пас кофир дар куфраш маъзур нест ва мӯъмин бар имонаш маҷбур нест. Балки имон барои мӯъмин маҳбуб аст ва куфр бошад талаби кофир аст.

Хулоса Аллоҳ таъоло ба фазлу марҳамати худ имонро дӯст гардонид барои мо ва бо эҳсон дар дилҳоямон зинат дод. Инчунин макрӯҳ гардонид куфру фисқу исёнро.

Алҳамду лиллаҳил лази ҳадана лиҳаза ва мо кунна линаҳтадия лавло ан ҳаданаллоҳу.

Ҳамду шукри бисёр мар он Худоеро, ки моро ба сӯи ислом ҳидоят кард. Ҳоло он ки мо ҳидоят ёфта намебудем, агар Офаридгор моро ҳидоят намекард.

Ва ба адлаш тарк кард ҳидояти аҳли куфрро ва куфру исёнро ба онҳо дӯст гардонид ва имону эҳсонро бар онҳо макрӯҳ гардонид. Аллоҳ таъоло касеро хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро хоҳад гумроҳ месозад. Ин кори вай аст ва чуну чаро надорад. Аллоҳ таъоло ба ҷабру икроҳ (маҷбурӣ) инсонро мӯъмин ё кофир халқ накардааст. Балки чунин халқ кардааст, ки қобилияти қабули имону ихлосу куфрро дорад. Аз ин мебарояд, ки касби имону куфр ба ҳисоби ихтиёри банда вогузор шудааст, изтирорӣ ё маҷбурӣ набудааст.

Ва яъламуллоҳу таъоло ман якфуру фи ҳоли куфриҳи кофиран .

Ва медонад Аллоҳ таъоло шахсеро, ки кофир мешавад дар ҳоли кофириаш кофир мебинад ӯро ва бадаш мебинад.

Фаизо омана баъда залика ъалимаҳу мӯъминан фи ҳоли имониҳи ва аҳаббаҳу мин ғайри ан ятағайяра ъилмуҳу ва сифатуҳу.

Пас ҳарвақто шахсе баъди қабули куфр имон оварад, Аллоҳ таъоло ӯро мӯъмин медонад дар ҳоли имон доштанаш ва дӯст медорад ӯро бидуни тағйир ёфтани илми ӯ таъоло ва ҳамчунин аст сифаташ. Инчунин ғазаби ӯ, ки вобастагӣ дорад ба куфр ва ризоияташ, ки вобастагӣ дорад ба имони банда, ин сифат ҳам тағйир напазирад.

Ба таҳқиқ Аллоҳ таъоло доно ва огоҳ аст ба куфру имони бандаҳо пеш аз вуҷудашон дар рӯзи мисоқ, ки он шоҳид гирифтани нафсҳои худи бандаҳо ва малоикаҳо дар аҳде, ки рӯзи мисоқ баста шуда буд.

Ва ҷамиъу афъолил ъибоди минал ҳаракати вассукуни касбуҳум ъалал ҳақиқати валлоҳу таъоло холиқуҳо.

Ва ҷамиъи феъли бандаҳо чӣ аз ҳаракат ва чӣ аз сукунат, чӣ куфру имон ва чӣ тоъату исён ихтиёр ва касби худи бандаҳо аст. Ин на маҷоз асту на икроҳу на ғалаба, балки ҳамаи инро бандагон аз рӯи ихтилофи ҳавою ҳавас, майлу хоҳишашон ихтиёр мекунанд.

Аллоҳ таъоло холиқу эҷодкунандаи феълҳои банда аст мувофиқи иродаи худ. Аммо касбу интихоби феъл аз сӯи банда ба амал меояд. Косиб ба касбаш мустақил нест, аммо холиқ ба халқаш мустақил аст.

Ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) гуфтанд: Иқрор мекунем, ки албатта банда бо ҷамиъи аъмолаш ва иқрораш ва маърифаташ махлуқ аст мар Аллоҳ таъолоро. На чунон аст, ки аҳли “мӯътазила” ақида доранд.

Ва ҳия куллуҳо бимашиятиҳи ва илмиҳи ва қазоиҳи ва қадариҳи.

Ва ҳама афъол аз хайр бошад ё шар агарчанде, ки касби банда бошад ҳам ба машияту иродаи Аллоҳ таъоло аст ва ба илми ӯ ва мувофиқи ҳукму қазову қадари вай аст.

Ваттоъату куллуҳо конат воҷибатан биамриллоҳи таъоло ва бимуҳаббатиҳи ва биризоиҳи ва илмиҳи ва машиятиҳи ва қазоиҳи ва тақдириҳи.

Кулли тоъатҳо ки шомили фарзу воҷибу суннату мустаҳаб ва ҳар миқдоре, ки бошад хоҳ кам ва хоҳ бисёр воҷиби амри Аллоҳ таъолоанд ба муҳаббату ризоияту илму машият ва қазову тақдири худи Аллоҳ таъоло аст мувофиқ бо он чи, ки дар Лавҳулмаҳфуз сабт рафта буд. Ҳамаи ин ба миқдоре, ки Аллоҳ таъоло тақдир кардааст ҳосил мешавад (ниг сураи “Анфол” ояти 46, “Оли Имрон” ояти 76-134, “Бақара” ояти 222, “Моида” ояти 119).

Вал маъоси куллуҳо биъилмиҳи ва қазоиҳи ва тақдириҳи ва машиятиҳи ло бимуҳаббатиҳи ва ло биризоиҳи ва ло биамриҳи.

Ҳама гуноҳ хоҳ сағира бошаду хоҳ кабира ба илми ӯ таъоло ва қазои ӯ ва тақдири ӯ ва иродаи вай аст, на ба муҳаббату ризо ва амри ӯ.

Иродату машият ом буда бар феъли писандида ва ғайри писандида вобастагӣ дорад. Аммо ризо, муҳаббат ва амр ба эҳсон: ба кори дурусту савоб вобастагӣ дорад. Аз ин хотир ба қазои ӯ ва тақдири ӯ то ҷое, ки аз Аллоҳ таъоло аст бояд розӣ шуд ба чи навъе ки бошад, агар иродаи ӯ таъоло намебуд, ҳаргиз ҳеҷ чиз ба вуқӯъ намеомад (ниг. “Оли Имрон”ояти 32-57, “Аззумар”ояти 7, “Наҳл”ояти 90) . Ба хилофи амри ӯ набояд розӣ шуд, чунки кори наҳӣ зидди амр аст, бинобар ин тасаввур карда намешавад куфрро ин ки ба амри ӯ таъоло бошад, ин қавл назди салафи солиҳин маъруфу машҳур аст. Масалан вақто ки тақдири касе кофирӣ бошад бояд то ҷое, ки аз Аллоҳ таъолост ба тақдир бояд розӣ шуд, локин вақто ки банда куфрро касб мекунад ризо набояд шуд, чунки хилофи амри ӯ таъоло шуд, зеро ризои куфр куфр аст. Ва касбу ихтиёр аз ҷониби худи банда аст, на дар оне ки тақдир. Валлоҳу аълам.

Паёмбарон (Алайҳиму-С-Салом) Ва Саҳобагон (Разияллоҳу Анҳум)

Вал анбиёу алайҳимуссалоту вассалом куллуҳум муназзаҳуна аниссағоири вал кабоири вал куфри вал қабоиҳи.

Ҳазрати анбиё, ки (бар ҷумлаи онҳо салоту салом) чи машҳуранд ва ё номашҳур аз ҳазрати Одам (алайҳи-с-салом) то ба хотам бо китобу суннат ва иҷмоъи уммат собит шудаанд, инкорашон куфр аст.

Тавре дар боло ишора рафт, адади онҳо номаълум аст. Бинобар ин беҳтараш дар шумораи онҳо ба шубҳа намонем ва онҳоро чун анбиё ва расулон бишиносем. Ҷумла эшон аз гуноҳҳои сағира ё кабира ва кулли маъосӣ ва куфр поканд. Онҳо аз корҳои қабиҳу фоҳиш мисли қатл, зино, лавота, сариқа, тӯҳмат, сеҳру фирор аз ҷиҳоди ҳақиқӣ ва хӯрдани рибо ва моли ятим, зулми бандаҳо, қасди фасод дар ватану шаҳрҳо ва дигар корҳои ношоям ҳама поку муназзаҳанд. Кадом коре ки карданаш ваъид шуда бошад, ақаллан гуноҳи сағира маҳсуб меёбад. Масалан тарки фарз ё воҷиб агар як маротиба бошад ҳам гуноҳи кабира аст. Ва ихтиёр кардани тарки суннат беузр аз рӯи сустӣ ва бепарвоию фориғболӣ сар занад як маротиба ҳам бошад гуноҳи сағира аст. Агар чанд дафъа такрор шавад чӣ? Рафта-рафта гуноҳи кабира мешавад. Ҳазрати анбиё аз чунин корҳо поканд.

Ва қад конат минҳум заллотун ва хатиотун.

Ва ба таҳқиқ аз баъзе анбиё ълайҳиссалом қабл аз нубувваташон ё баъди субути аломати рисолаташон андак кӯтоҳӣ ё камбудӣ ва лағжишҳо нисбат ба мартабаи олияшон ба вуқӯъ омадааст.

Онҳоро тарки авло (беҳтар) мегӯянд ин мумкин аст. Мисли Одам (алайҳи-с-салом) , ки аз рӯи фаромӯшӣ аз дарахти наҳӣ кардаи Аллоҳ таъоло ошомид. Гумон дошт, ки дар ҷаннат хӯрдани ҳама чиз рухсат аст.

Ин ҳам бошад ҳикмати илоҳӣ ва заъиф будани қадри башарӣ ва иқтизои мағфирати рубубиятро маълум мекунад.

Ва Муҳаммадун ъалайҳиссалоту вассалом ҳабибуҳу ва ъабдуҳу ва расулуҳу ва набийюҳу ва сафийюҳу ва нақийюҳу ва лам яъбудис санама ва лам юшрик биллоҳи таъоло турфатаъайнин қатту ва лам яртакиб сағиратан ва ло кабиратан қатту.

Ҳазрати Имом дар сифати Расулуллоҳ чунин гуфта, ки Муҳаммад Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) писари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманноф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурраҳ ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Канонаҳ ибни Ҳузаймаҳ ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Маъд ибни Аднон то инҷо нисбат ба насаби Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) миёни уламо ҳеҷ як ихтилофе нест. ӯ зоти бобаракот набийи Аллоҳ таъоло аст ва расулу носихи динҳои пешина аст. Набӣ ъом аст аз расул, чунки расул шахсе аст, ки ӯро ба таблиғ амр кардашудааст, аммо набӣ шахсе аст, ки ӯро ваҳӣ омадааст. Ва қозӣ Аёз гуфта, ки кулли расул набӣ аст, аммо кулли набӣ расул нест. Ин қавл саҳеҳтар ва наздиктар аст ба нақл. Пайғамбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳам расул ҳасту ҳам набӣ (ниг. сураи “Аҳзоб” ояти 40). Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргузидаи тамоми бандагони Аллоҳ таъоло ва покизатарини онҳо аст. Ва бутро ва ғайри ӯро ба ғайр аз Худо ҳаргиз напарастидааст. ӯ ширк наовардааст ба Аллоҳ таъоло на қабл аз нубуввату на баъди нубувват. Анбиё (алайҳиму-с-салом) аз ширку куфр дар нисбати Парвардигор мутлақо худро нигаҳ доштаанд. Дар ин қавл иҷмоъи уммат мунъақид аст. Аз эшон гуноҳи сағира ва кабира ҳаргиз сар назадааст.

Ва афзалун носи баъда-н-набийи ъалайҳи-с-салоту ва-с-салому Абубакрини-с-Сиддиқ.

Ва беҳтарину афзалтарин мардум баъди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) аст.

Дар ин масъала рофизиҳо ихтилоф доранд. Агарчи дар бобати ҷонишини Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз сари ӯ монанди ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) аҳдномаи Паёмбарамон вуҷуд надорад, аммо аз рӯи хидматаш дар роҳи ислом ва аз рӯзҳои аввали ислом дар ҳама ҳолат ҳамқарини Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданаш ва қурбу манзалаташ ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) ба ин вазифа сазовору арзанда буд. Гузашта аз ин ҳамаи ансориҳо ба ӯ байъат карда буданд, магар Саъд ибни Убода байъат накард, зеро ӯ барои худ вилоятро талаб дошт. Ҳазрати Умар ва Абуубайда ва дигар шахсон аз ансориҳо ба он ҳазрат байъат намуданд, дар ин ҳолат яке аз ҳозирон гуфт: ”Саъдро куштед”, ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) “Худо ӯро кушт” гуфта, луқма партофтанд. Касе аз ҳозирон нагуфт нисбати ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) васиятномае дар дасти мо вуҷуд дорад ва ҳам касе нагуфт, ки баъд аз Паёмбар ҳатман халифа шудани ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ё Аббос (разияллоҳу анҳу) ё нафари дигар аз Расулуллоҳ ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Агар чунин васиятнома вуҷуд медошт, албатта дар он лаҳзаҳо зоҳир мегашту овоз баланд мешуд.

Сумма Умарубну-л-Хаттоби сумма Усмону-бну Аффони Зи-н-нурайни сумма Алию-бну Абитолибини-л-муртазо ризвонуллоҳи таъоло ъалайҳим аҷмаъин.

Баъд аз ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) беҳтарин мардум ҳазрати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) аст, ки ӯ байни мунофиқ ва мувофиқ ҳукмашро ҷорӣ карда буд, аз ин хотир ӯро “Форуқ” гуфтаанд. Ҳазрати Умарро қиссаи қатлаш тӯлонист ва он дар “Саҳиҳул Бухорӣ”дарҷ гардидаст. Баъди ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) беҳтарини мардум ҳазрати Усмон ибни Аффон Зиннурайн аст. Ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) нафаре буд, ки ду духтари ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба занӣ гирифта буд. Вақте ки ҳамсараш аз олам рафт, ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: “Агар маро духтари сеюм мебуд, албатта ӯро ба занӣ ба ту (Усмон) медодам”. Баъди ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) беҳтарини инсонҳо ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб мебошад. ӯ писарамаки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Лақаби ҳазрати Алӣ (к) Муртазо буда ҳамсари Фотимаи Заҳро духтари Паёмбарамон буд (ризвони Аллоҳ таъоло бар ҳамаи вайҳо бод). Фазоили ин шахсиятҳои бузург дар кутуби ҳадис навишта шудааст ва шамоилашон дар забони уламо ба хубӣ машҳур аст. Беасос ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу)-ро афзали мардум надонистаанд. Барои тақвияти гуфтаи боло як мисол меорем. Вақто ки ҳазрати Расулуллоҳ бемор шуданд, имомати намози мардумро ба ӯҳдаи ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) гузоштанд ва ӯ чанд шабу чанд рӯз имоми намозгузорон буд. Аз ин рӯ саҳобагони кибор ақида ва иҷтиҳод карданд, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) розӣ шуд, ки ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) пешвои дини мо бошад, пас чаро мо розӣ намешавем, ки дар дунёамон пешвои мо бошад?

Албатта мо ба ҳарду розием. . .

Баъди ин ҳама саҳобагони кибор бо назардошти олиму ба тақво, калонсол, соҳибмартаба ва дорои дигар хислатҳои ҳамида буданаш ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу)-ро ҷонишини ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва халифа интихоб намуданд. Валлоҳу аълам.

Обидина собитина ъалал ҳаққи ва маъал ҳаққи натаваллоҳум ҷамиъан.

Ҳамаи он чаҳор ёр ибодатгузор буданд ва аз он чи ки назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз фазоил буд омӯхта буданд, ба онҳо собитқадам буданд. Тӯли умрашон доимо бо ҳақ ва ҳамроҳи ҳақ буданд. Мо аҳли суннат вал ҷамоъат он чаҳор ёрро гиромӣ ва дӯст медорем. Ҳеҷ яке аз онҳоро бад дидан ва дашном додан ҷоиз нест. Инро низ Расулуллоҳ наҳй кардаанд.

Ин фармудаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) раддияест бар хавориҷиҳо, ки мегӯянд: Алӣ ва тобиъони ӯ аз аҳли куфранд ва Муовия бо пайравонаш низ. Чунин ақидаро хавориҷиҳо аз он дастак карданд, ки ду нафари боло қатли мӯъминро ба сабаби он мухолифоте ки байни онҳо буд ихтиёр намудаанд.

Ин назди хавориҷиҳо чунин гуноҳи кабираест, ки гӯё аз ҳадди имон берун омадаанд ва барои тақвияти ин фикр далелҳои гуногун меоранд. Аҳли суннат вал ҷамоъат бошад ҳамаи онҳоро як хел медонад ва дар роҳи ризои Аллоҳ таъоло аввалин равандагон меҳисобад. Дар нисбати ҷурми эшон ягон далели ақлӣ ва ё нақлӣ намебинанд ва хилофи ояти 101 ва 102-и сураи “Тавба”, ки нисбати эшон нозил шудааст, чунин далоил низ намебинанд. Ҳар касе саҳоба будани ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) -ро инкор кунад кофир аст. Далел ояти 40-уми сураи “Тавба”.

Фирқаи “рофизия” ақида доранд, ки он чаҳор ёр дар кори дин нисбат ба давраи ҳазрати Расулулллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тағйир ёфтаанд. Ин қавл рад шудааст. Зеро онҳо ҳамчуноне ки пеш буданд ҳамон гуна боқӣ мондаанд, мо ҳамаи онҳоро якхел дӯст медорем.

Ва ло назкуру аҳадан мин асҳоби Расулиллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) илло бихайрин.

Ва мо ҳақ надорем ва ҳам иҷоза нест, ки ягон саҳобаи ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро сухани ноҷо гӯем ё дар нисбати эшон беодобӣ кунем, агарчи содир шуда бошад аз эшон чизе дар сурати шарр. Зеро корашон аз рӯи иҷтиҳод аст, на аз рӯи фасоду ъинод. Балки буд чунон, ки руҷӯъ мекарданд ва майл мекарданд ба сӯи хайр ва гумонашон нек буд. Мо ҳама асҳобро ба некӣ ёд мекунем ва мегӯем: ”разияллоҳу ъанҳум” (Худованд аз онҳо розӣ шавад) .

Ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки беҳтарин қарн қарни ман аст. Ҳар чи ки байни асҳоб гузашт мо ҳуқуқ надорем ҳукми яктарафа барорем. Аз ҷумла ҳодисаи байни ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) ва ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо). Ҳарчи буд гузашт ва онҳоро Худо медонаду худи эшон. Мо барои амалҳои худ ҷавоб медиҳем, аз кори онҳо моро пурсида намешавад. Хулоса, дар ҳаққи саҳобагони Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боадабона сухан кардан лозим аст.

Чунончи ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) эҳтиром карда мегӯяд, ки агар ҳазрати Алӣ намебуд мо сирату сурати аҳли хавориҷро намешинохтем.

Вало нукаффиру муслиман бизанбин миназзунуби ва ин канат кабиратан изо лам ястаҳиллаҳо, ва ло нузилу ъанҳу исмал имани, ва нусаммиҳи муъминан ҳақиқиятан. Ва яҷузу ан якуна муъминан фосиқан ғайра кофирин.

Ва мо нисбат ба куфр додани мусулмон барои гуноҳи содир карданаш ҳақ надорем, агарчи гуноҳи кабира бошад. Ба шарте он гуноҳро ҳалол нашуморида бошад. Зеро дар фатво омадааст: шахсе ҳалол шуморад ҳаромро, ки ҳаром буданаш бо далелҳои қатъӣ собит шудааст, кофир аст. Мисли тарки намозу рӯзаву закоту ҳаҷ ва дигару дигар. Ё ин ки ҳаром надонад хуку арақу рибову ҳаққи мардуму ва дигару дигарро, агарчи худ содир накунад ҳам, локин дар эътиқодаш онро ҳалол медонад, ӯ кофир аст.

Ва аз шахси мусулмон ба сабаби гуноҳи кабира карданаш сифати имонро аз ӯ соқит намекунем. Пайравони “мӯътазила” мегӯянд, ки касе гуноҳи кабира кард аз имон мебарояд, вале дар ҳадди куфр ворид намегардад. Онҳо байни имон ва куфр як фосилаи муайян мегузоранд. Аҳли суннат вал ҷамоъат ақида дорад, ки аҳли қибларо нисбат ба куфр дода намешавад. Онон ки ба тарафи қибла намоз мегузоранд, агар муртакиби гуноҳи кабира бошад ҳам бояд онро мӯъмин биҳисобем, ба ҳақиқат на ба маҷоз. Чунки имон тасдиқ ба дилу иқрор ба забон аст, аммо амал ба аркон бошад аз камоли имон аст. Дар шахси содиркунандаи гуноҳи кабира ин ду вуҷуд дорад, яъне тасдиқ ва иқрор. Бинобар ин ӯро мӯъмин гуфта метавонем. Ин ақидаи аҳли суннат вал ҷамоъат аст. Дигарон дар ин масъала ихтилоф доранд. Ба ақидаи онҳо амал ба аркон шарти имон аст. Гар амал ба аркон нашуд аз доираи имон берун мешаванд. Шахсе ки муртакиби гуноҳи кабира шавад ӯро мӯъмини фосиқ гуфтан ҷоиз аст, агар иқрор ба забону тасдиқ ба дил дошта бошад. Аммо ҳукм ба куфр карданаш мумкин нест.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *