Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Силаи Рахм

Силаи Раҳм

(пайвастани алоқа бо хешу табор)

2 — Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Касе, ки дӯст дорад ризқу рӯзияш фарох гардад ва умраш тӯлонӣ шавад, бояд ки ӯ силаи раҳмашро (алоқаву робитаи бо наздиконро) пайваста бидорад.” 1 — Тарҷумаи ҳоли ровӣ:

Анас писари Молики Ансорӣ мебошад. Ӯ ходими Расули Худо (с) буда, ҳадисҳои зиёде аз он ҷаноб (с) ривоят кардааст. Мавсуф дар соли 92-и ҳиҷрӣ охирин ёри паёмбар буд, ки дунёро падруд гуфт.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Пайвастани алоқа бо хешу табор сабаби хушнудии Худованд ва дарёфти аҷру подоши ӯ дар рӯзи қиёмат ва низ боиси вусъату фарохии ризқу рӯзӣ дар дунё мегардад. Дар ин ҳадис он ҳазрат (с) моро чунин раҳнамоӣ ва тавсия мекунад, ки ҳар касе бихоҳад, ки Худованд ризқашро зиёд карда, дар умраш баракат диҳад, бояд ӯ бо хешу табор ва ақорибаш бипайвандад. Ҳамеша ба онҳо эҳсону некӯӣ карда, нисбати хешовандони нотавон ва дармонда меҳрубону дилсӯз бошад ва онҳоро кӯмаку ёри намояд, зеро агар кӯмаку мадад намудани бенавоён садақа бошад, бе гумон амали мазкур нисбати хешу табор, ҳам садақа ва низ силаи раҳм,яъне пайванди хешу таборӣ шуморида мешавад.

19

  1. — Фавоид ва дастуроти ҳадис:
  2. — Тарғиб намудан ба силаи раҳм, ки ӯ сабаби хушнудии Худо ва дарёфти музду подоши ӯ дар охират мебошад.
  3. — Силаи раҳм сабаби вусъат ва фарохии ризқу рӯзӣ мегардад. 4 — Пурсишҳо:
  4. — Кадом ашхос аз дидгоҳи ту сазовори муҳаббат ва равобити хуб мебошанд?
  5. — Чӣ гуна инсон бо хешу табораш мепайвандад?
  6. — Ҳадиси фавқро ба тариқи фишурда шарҳ диҳед!
  7. — Фавоиди ҳадисро бозгӯ намоед!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *