Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Имон ва пойдорӣ

Имон ва пойдорӣ

40 — Аз Суфён писари Абдуллоҳ ривоят шуда, ки гуфт: Гуфтам эй Расули Худо, барои ман дар ислом сухане бигӯ, ки баъд аз ту аз касе напурсам. Он ҳазрат (с) фармуд: “Бигӯ ба Худо имон овардам ва сипас пойдор бош.” (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Суфён писари Абдуллоҳи Сақафӣ аст. Ӯ аз тарафи Умар писари Хаттоб (р) ҳокими шаҳри Тоиф таъин шуда буд.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси фавқ ин маъноро равшан менамояд, ки тоъату фармонбардории Худованди бузург воҷиб буда, имону боварӣ ба Аллоҳ таъоло асоси пойдорӣ ва истиқомат дар дин мебошад. Ҳадиси мазкур низ аз ҷавомиъи каломи паёмбар (с) мебошад, ки он ҳазрат (с) бо андак лафзе маънову муҳтавои зиёдро дар сухани худ ҷамъ намудааст. Инчунин ҷавомиъи каломи паёмбар аз такаллуф ва фасоҳатнамоӣ холӣ мебошад, зеро суханони мазкур аз сиришти содиқу ростин ва сарчашмаи соф ва лабрез аз анвори илоҳӣ — паёмбар (с) берун меоянд ва ин ҳақиқату воқиъият дар хитоб кардани паёмбар (с) хосу омро ва мутобиқи кайфияту ҳолати онҳо ҳарф заданаш возиҳу равшан мегардад.

  1. — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. — Бояд он чизеро, ки ҳукмаш маълум нест, аз донишмандони исломӣ пурсида шавад.
  3. — Имон овардан ба Худованди бузург асоси ислом мебошад. 3 — Шӯру шавқи асҳоби паёмбар (с) барои шинохтани таълимоти исломӣ ва амал намуданашон тибқи он. 4 — Имон ва пойдорӣ ду амрест, ки бар дӯши ҳар мусалмон воҷиб мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Аз саҳобии бузург Суфён писари Абдулло ҳар чизе ки медонед, бозгӯ намоед.
  2. — Аз ҳадиси мазкур ду панд бигӯед. 3 — Асоси Ислом чист?

КОФИР ШУДАНИ ШАХСЕ, КИ НАМОЗРО ТАРК МЕКУНАД

41 — Аз Ҷобир писари Абдуллоҳ ривоят шуда, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: “(Марзи ҷудокунанда) миёни мард ва ширку куфр, тарки намоз аст.”

(Ин ҳадисро Муслим ривоят намудааст.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Ҷобир писари Абдуллоҳ, Абдуллоҳ писари Амр, Амр писари Ҳироми Ансорӣ, Силмӣ аст. Ӯ аз ҷумлаи Ансор ва саҳобагони машҳур мебошад, ки дар ҷанги Бадр ва Ҳунайн ширкат варзидааст. Инчунин вай аз паёмбар (с) ҳадисҳои зиёде ривоят кардааст.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис далел бар ин аст, ки тарк намудани намоз боиси кофиру гумроҳшавӣ ва баромадани инсон аз доираи Ислом мебошад. Ҳадисҳое, ки бар воҷиб будани намози ҷамоъат, инчунин бар гузоридани он дар масҷид далолат мекунанд, бениҳоят бисёр аст. Бар ҳар мусалмон лозим аст, ки ба ин рукни Ислом (намоз) сахт аҳамият дода, фарзандон ва аҳли байти худро ва низ ёру бародарони мусалмонашро ҳамеша ба гузоштани намозҳо тавсияву суфориш намояд.

  1. — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. — Донистани ин матлаб, ки намоз сутун ва асоси Ислом мебошад.
  3. — Фарқ миёни мусалмон ва кофир дар тарк намудани намоз аст.
  4. — Муҳимтарин кор дар ҳаёти мусалмон намоз мебошад, аз ин рӯ ҳеҷ кореро бар он муқаддам доштан дуруст нест. 4 — Бузургтарин воситае, ки инсонро ба Худованди пок наздик менамояд, намоз мебошад.

5 — Намоз дар дунё фоидаҳои фаровон дошта, дар охират боиси аҷру подоши бузург мегардад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Мартаба ва мақоми намоз дар Ислом чист?
  2. — Касе, ки намозро тарк менамояд, чӣ ҳукм дорад? 3 — Ҷумлаи зайлро пурра намоед: Фарқ миёни мусалмон ва

кофир (…………………)

ҲАЁ, КАЛИДИ ТАМОМИ НЕКӮИҲОСТ

42 — Аз Имрон писари Ҳусайн ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Ҳаё, ҷуз хайр чизеро ба бор намеоварад.” (Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд) 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Имрон писари Ҳусайни Хазоъӣ, Каъбӣ мебошад. Ӯ соли ғазваи Хайбар Исломро пазируфта, яке аз саҳобагони донишманд ба шумор меравад. Мавсуф дар шаҳри Басра зиндагӣ кардааст.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур ҳаёи шаръиро васф намудааст, ки он аз самараҳои имон мебошад. Аммо ҳаёе, ки аз тарк намудани баъзе масъулиятҳои динӣ сар мезанад, ҳаё ва одоби шаръӣ набуда, балки он нотавонӣ ва зиллат мебошад, монанди ин ки шахсе гӯяд: Ман аз хондани Қуръон дар байни мардум мешармам. Вале азбаски амали мазкур ба ҳаёи шаръӣ шабоҳат дорад, онро низ ҳаё гуфтаанд. Ба таъбири дигар, агар ҳаё ахлоқу одобаш бошад, хайру некӣ дар ӯ бештар хоҳад буд ва агар ҳаё аз сиришту одаташ бошад, ҳатман дар он шахс хайру некӣ мавҷуд аст, вале ин маънои онро надорад, ки ҳаргиз аз шахси мазкур кадом амали мухолифи ҳаё ва

одоби инсонӣ сар намезанад.

  1. — Дастурот ва андарзҳои ҳадис:
  2. — Бо ҳаё ва шарм будан камоли имон ба шумор меравад.
  3. — Ҳаё калиди тамоми дарҳои накӯист.
  4. — Ҳаё аз сифоти паёмбарон (ъ) мебошад.
  5. — Баланд кардани овоз ва суханони зашту қабеҳро ба забон овардан мухолифи ҳаё ва одоби исломӣ мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Аз ҳадиси мазкур ду суфориш бигӯед.
  2. — Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед:

А — (………………..калиди дарҳои ………..)

Б — (Бо эҳтиромона хитоб намудани падару модар, муъаллимҳо ва ҳамкорон аз ……………..)

ФАЗИЛАТИ ЗИКР ГУФТАН

43 — Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: “Сифати касе, ки Худоро ёд мекунад (зикр мекунад) ва он, ки ёд намекунад, монанди зинда ва мурда аст.” (Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 7 баён гардидааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Мақсуд аз зикр кардан дар ин ҳадис ба забон овардани баъзе алфоз ва калимаҳоест, ки Ислом пайравонашро ба гуфтани онҳо ва зиёдтар ба забон оварданашон тарғибу ташвиқ намудааст, монанди зикр намудани боқиёти солиҳот, ки (Субҳоналлоҳ ва алҳамдулиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар) мебошад.

Инчунин мудовамат кардан дар корҳои воҷиб ва нафлӣ зикри Худо ба шумор меравад, монанди хондани Қуръон, хондани ҳадис, гуфтугӯ кардан дар барои улуми динӣ, намозҳои нафлӣ. Гоҳе зикр намудан ба забон мешавад, ки гуяндаи он аҷру савоб меёбад, ҳамчунин дуъо намудан барои дарёфти некии дунё ва охират зикр шуморида мешавад.

3 — Суфоришот ва пандҳои ҳадис:

  1. — Гуфтани азкор (зикрҳо ва авроди набавӣ) дар дунё бар забони банда сабук буда, рӯзи қиёмат дар тарозуи аъмолаш вазнину гарон мебошад, то ин ки соҳибаш музду подоши бештар ба даст орад.
  2. — Паёмбар (с) барои ҳар ҳолату вазъият зикреро муъайян намудааст, монанди мисолҳои зерин:

А — Вақти даромадан ва баромадан аз масҷид.

Б — Вақти даромадан ба ҳоҷатхона.

В — Вақти хоб рафтан ва хестан аз он.

  1. — Бузургтарин зикр (Ло илоҳа иллаллоҳ) мебошад. 4 — Зикр кардан инсонро аз шайтонҳои ҷиннӣ ва инсӣ нигоҳ дошта, итминону хотирҷамъиро фароҳам меорад. 5 — Хондани Қуръони карим ва салоту дуруд фиристодан ба рӯҳи паёмбар (с) зикр намудан ба шумор меравад.

6 — Касе, ки Худоро зикр намекунад, монанди мурда аст.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Яке аз фавоиди зикрро баён намоед!
  2. — Се панд аз Ислом дар мавриди зикр кардан бигӯед. 3 — Дар паҳлӯи ҷумлаҳои зерин ё аломати дуруст (V) ё аломати нодуруст (Х) гузоред:

А — Зикр намудан бар забон вазнин ва бар тарозуи қиёмат сабук мебошад (___________).

Б — Зикр инсонро аз шайтонҳои ҷиннӣ ва инсӣ нигоҳ медорад (_____________).

В — Касе, ки Худоро зикр намекунад, монанди зиндааст (________).

АХЛОҚИ НАКӮ

44 — Абдуллоҳ писари Амри Ос гуфт: Паёмбари Худо (с) бадгуфтор ва бадкирдор набуданд ва он ҳазрат (с) мефармуданд: “Беҳтарини шумо касонеанд, ки ахлоқашон накӯтар аст.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 33 гузаштааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур баёнгари ин аст, ки паёмбари Худо (с) ахлоқи накӯ дошта, фоҳиш ва мутафаҳҳиш набуданд. Ҳар гуфтору кирдоре, ки аз ҳадду андозаи худ барояд ва мардум онро зишт пиндоранд, фаҳш номида мешавад. Фоҳиш касест, ки сухани фаҳш мегӯяд ва мутафаҳҳиш касе мебошад, ки барои хандондани дигарон сухани фаҳш мегӯяд.

Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси дигар низ мефармояд: “Ҳамоно Худованд ҳар шахси бадгуфтор ва бадкирдорро дӯст намедорад.”

3 — Нишондодҳо ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Возиҳу равшан гаштани азамату бузургии таълимоти исломӣ, ки мусалмонҳоро ба ахлоқи писандида, даъват менамояд, монанди дур сохтани азияту озор аз мардум, пазироии хуб намудан аз эшон, эҳсону некӯӣ кардан нисбат ба онҳо.
  2. — Чанг задан ба ахлоқи олии исломӣ ва аз корҳои бад даст кашидан бар ҳар мусалмон воҷиб мебошад. 3 — Ахлоқи хуб соҳибашро ба дараҷаву мақоми ҳамнишинӣ бо паёмбар (с) дар биҳишт мерасонад.

4 — Эҳтиром кардани муслимин ва муъомалаи хуб намудан бо онҳо ахлоқи накӯ ва писандида ба шумор меравад. 5 — Касе, ки дорои ахлоқу рафтори хуб бошад, муҳаббати Худо ва бандагонашро касб менамояд.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Ахлоқи накӯ чӣ маъноро ифода менамояд?
  2. — Се панд аз Ислом дар мавриди ахлоқи хуб бигӯед!
  3. — Аз Абдуллоҳ писари Амри Ос чӣ маълумот доред?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *