Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абдуллоҳ Ибни Ҳузофаи Саҳмӣ

Қаҳрамони ин бахши достон

Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад ва яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст.

Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷӯҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузургӣ ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шуниданӣ дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

Нахустин достони вайро дар иртибот бо Кисро, имперотури Форс пешкаш мекунем. Вақте Ҳазрати Расули Худо дар соли шашум номаҳои унвони сарон ва подшоҳон ирсол дошт, номае ба дасти Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ба Кисро имперотури Форс ирсол кард ва ӯро ба Ислом даъват намуд. Ҳазрати Расули Худо медонист, ки расонидани паём ба Кисро чи авоқибро барои паёмрасон дар пай дорад.

Масалан ин ки намояндагон ба забон ва одоти аҳли ин кишварҳои дурдаст ҳеҷ ошноӣ надоранд ва аз расму русум ва анъанаҳои онҳо огоҳ нестанд ва матлаби дигар ин ки ин намояндагони фиристодаи Ҳазрати Паёмбар подшоҳон ва раисони кишварҳоро ба тарки дин ва оини ҷоҳилӣ ва пазириши дини ҷадид даъват мекунанд ва табъан чунин коре бо табъ ва мизоҷи онҳо созгор нест.

Ҳаққо ки чунин сафар хатарҳои бузургро дар пай дорад, ки равандаи он дар ҳукми гумшуда ва бозгардандаи он ҳукми навзод ва мавлуди тозаеро дорад. Ва аз ин лиҳоз Ҳазрати Расули Худо дар миёни асҳоби хеш аз ҷой бархост ва хутбае барои онҳо ирод намуд ва ҳамду санои Худо гуфт ва баъд изҳор намуд:

— Аммо баъд, ман мехоҳам иддае аз шуморо назди мулук ва шоҳони Аҷам бифиристам ва аз ин рӯ набояд бо ман сари ихтилоф бикшоед. Ҳамон гуна, ки Бани Исроил бо Исо писари Марям ихтилоф намуданд. Асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) гуфтанд: Эй Расули Худо, ҳар ҷое, ки мехоҳӣ, моро бифирист. Мо ҳаргиз мухолифати амри туро нахоҳем намуд.

Ҳазрати Расули Худо шаш тан аз ононро барои анҷоми чунин вазифаи бузурге баргузид, то номаи вайро ба мулук ва шоҳони Аҷам расонанд. Яке аз ин шаш тан Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳмӣ буд, ки Ҳазрати Расули Худо ӯро ба расонидани номаи хеш ба Кисро, молики Форс мукаллаф сохт.

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳузофа шутури худро барои ин кор омода сохт ва тӯшаи худро муҳайё кард ва бо зану фарзандаш ба қасди сарзамини Форс видоъ гуфт ва ба роҳ афтод. Биёбонҳои дуру дароз ва кӯҳҳои баландро паймуд, то он ки ба диёри Форс расид. Ҳамин ки ба пойтахти имперотури Форс расид, ба кормандони давлати Форс иттилоъ дод, ки ӯ аз сарзамини дуре ба ин ҷо омадааст ва номае ҳамроҳи худ дорад ва мехоҳад аз наздик номаро ба дасти имперотур диҳад.

Вақте дарбориён хабар ба Кисро расониданд, дастур дод, ки қасри салтанатиро ороста кунанд ва толорҳои истиқболи меҳмононро зинат бахшанд ва тартиботе лозим барои истиқбол аз ин меҳмон чорабинӣ намоянд ва бузургон ва аъёни дарбори салтанат ҳузур ёбанд. Муваззафин амрро ба ҷо оварданд. Ва ҳама дастури Кисроро ба ҷо оварданд ва баъд барои Абдуллоҳ иҷозаи вуруд доданд.

Абдуллоҳ ибни Ҳузофа дар ҳоле, ки чодари шафофро ба гирди худ печонда ва абои дуруштро, ки арабҳои бадавӣ онро мепӯшиданд, ба тан дошт, сарбаланд ва қадафрошта дар ҳоле, ки шӯри имон дар дилаш шӯъла мезад, ба ҳузури Кисро дохил шуд.

Ҳамин ки чашми Кисро ба вай афтод, ба яке аз риҷоли худ ишора намуд, ки номаашро бигирад ва ба дасти вай бидиҳад, Абдуллоҳ гуфт: На чунин намекунам Ҳазрати Расули Худо ба ман амр намудааст, ки номаро ба дасти худ таслими Кисро намоям ва ман аз амри Расули Худо мухолифат намекунам.

Кисро ба масъулони худ дастур дод, ки ӯро бигзоранд, то ба вай наздик шавад. Ҳамон буд, ки Абдуллоҳ худро ба Кисро наздик сохт, то он ки номаро ба дасти хеш ба вай таслим намуд.

Баъд Кисро нависандаи арабиро, ки аз аҳли Ҳира буд, ба ҳузур хост ва ӯро амр кард, ки ин номаро дар пеши рӯи вай кушода бихонад.

Муншии вай номаро кушод ва матни онро, ки аз ин қарор буд, ба ҳузури вай қироат кард.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Мин Муҳаммадин Расулуллоҳи ило Кисро азима Форс, саломун ъало ман иттабаъал ҳудо…

Аз тарафи Муҳаммад паёмбари Худо ба Кисро, имперотури Форс, салом бар он кӣ аз ҳидоёт пайравӣ намуд.

Кисро аз ин нома, беш аз ин қадар нашнида буд, ки аз шиддати хашм ба ҷӯш омад ва оташи ғазаб дар дилаш шӯълавар гардид. Чеҳрааш сурх шуд ва рагҳои гарданаш дар тапиш даромад, ба хотири он ки ҳазрати Расули Худо дар ин нома аз шахсияти худ оғоз намуда буд. Ҳамон буд, ки Кисро номаро ба шиддат аз дасти нависандаи худ кашид ва бидуни он ки худро ба бақияи матолиби он огоҳ созад, онро пора сохт ва фарёд зад:

— Ин чӣ беадабӣ аст, ки ғуломам дар бораи ман раво доштааст?

Баъд дастур дод, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофаро аз маҷлисаш берун созанд.

Абдуллоҳ ибни Ҳузофа аз маҷлиси Кисро берун шуд ва намедонист, ки сарнавишташ чи хоҳад шуд ва Худованд дар ҳаққи вай чӣ иродае кардааст. Оё кушта хоҳад шуд ва ё он ки ӯро ба ҳоли худаш хоҳанд гузошт, то ҳар ҷо ки хоҳад биравад? Аммо диранг накард ва бо худ гуфт:

Боке надорад сарнавиштам ҳар чи бошад, бишавад. Чун ман вазифаи худро ба ҷо овардам ва номаи Ҳазрати Расули Худоро ба дасти хеш ба Кисро додам, баъд аз ин дигар маро парвои чӣбошад? Ин ба худбигуфт: Ва бар шутури худсавор шуд ва ба роҳ афтод.

Ҳамин ки оташи хашми Кисро хомӯшӣ гардид, дастур дод, ки ба Абдуллоҳ иҷозаи духул диҳанд, то бо вай сӯҳбате намояд.

Надимон чун дар ҷустуҷӯи вай шуданд, ӯро наёфтанд. Ва бар асаре аз вай роҳёб нагардиданд. Ва чун роҳи Ҷазиратуларабро дар пеш гирифтанд – дарёфтанд, ки вай аз ҳудуд ва қаламрави онон қаблан убур намуда ва ишонро бар вай роҳе нест.

Вақте Абдуллоҳ худро ба ҳузури ҳазрати Расули Худо расонд, ҷараёни масъулиятро, ки бар дӯши вай супурда шуда буд, якояк ба Ҳазрати Расули Худо (с) ҳикоят кард ва ба ӯ гуфт, ки Кисро номаро пора кард. Ҳазрати Расули Худо беш аз ин калима изофа накард: «Худованд подшоҳии ӯро аз ҳам бипошонад». Баъд аз он Кисро унвони Бозон, корманди худ дар Яман номае навишт: «Ба ин шахс, ки дар сарзамини Ҳиҷоз бо унвони паёмбар зуҳур намудааст, ду шахси қавиҳайкалро бифирист ва барояшон бигӯ, ки вайро даст баста ба ҳузури ман оваранд»…

Бозон ба амри ӯ итоат намуд ва ду шахси паҳлавонро ба қасди ин матлаб ба сарзамини Ҳиҷоз фиристод ва номаеро ба ишон дод, то Расули Худо бо ин ду шахс бидуни кадом монеъа ба ҳузури Кисро биравад.

Ва ин ду танро таъкид кард, ки аз кори ин мард, ки даъвои нубувват намуда, огоҳ шуда ва маълумоте аз вай ҳосил намуда, назди вай биёянд.

Ин ду мард ба қасди дастгир кардани ҳазрати Расули Худо ва ирсоли вай ба назди Кисро, аз диёри хеш берун шуданд ва бо суръати ҳарчи бештар кӯшиданд, то худро ба вай расонанд. Ҳамон буд, ки вақте ба Тоиф расиданд, дастае аз тоҷирони Қурайшро ёфтанд ва аз ишон аҳволи Ҳазрати Муҳаммад (с) ро ҷӯё шуданд. Эшон гуфтанд, ки вай дар Ясриб умр ба сар мебарад. Баъд аз он ин тоҷирон хушҳол ва масрур ба Макка баргашта ва аҳли онро мужда доданд ба ин, ки Кисро тасмими нобуди Муҳаммадро дошта ва шуморо аз шарри вай наҷот медиҳад.

Ин ду тан ба қасди Мадина ба роҳ афтоданд ва чун ба он ҷо расиданд, бо ҳазрати Расули Худо мулоқот намуданд ва номаи Бозонро ба вай таслим намуда гуфтанд: Имперотур Кисро ба молики мо, Бозон номае фиристода, ки туро дастгир намуда ва ба вай бифиристад… Ва акнун мо омадаем, то туро ҳамроҳ бо худ гирифта назди вай биравем. Агар ту ин ҳарфи моро бипазирӣ, бо Кисро дар мавриди ту хайрхоҳӣ хоҳем кард, то туро аз уқубат афв намояд ва азияти худ аз ту боз дорад ва агар ҳарфи моро напазирӣ, ту худ медонӣ, ки Кисро кист ва бо ту чи муомила хоҳад намуд. Ту худ медонӣ, ки вай чи қадар сахтгир ва хунрез аст, ту ҷони худ ва қавматро аз интиқоми вай нигаҳ дор ва бо мо ба роҳи худ идома деҳ. Ҳазрати Расули Худо (с) аз шунидани ин ҳарфашон табассум намуда гуфт: Ба хобгоҳатон баргардед ва фардо наздам биёед, то бароятон ҷавоб диҳам ва чун фардо назди он ҳазрат (с) омаданд, он ҳазрат гуфтанд: Худро барои рафтан омода сохтаӣ, то ба мулоқоти Кисро биравем?!

Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд:

  • Баъд аз ин рӯз Кисроро нахоҳед дид. Худованд ӯро кушт, ба тавре ки писараш Ширӯяро бар вай мусаллат сохт ва ӯро дар фалон шаб ва фалон моҳ аз по даровард…

Ин ду тан аз шунидани ин ҳарф моту мабҳут монданд ва дар чеҳраи ҳазрати Расули Худо хира шуданд ва ваҳшату тарс дар дилшон афтод ва гуфтанд:

  • Медонӣ, ки чӣ мегӯӣ? Оё ин хабари туро ба Бозон навишта ва ирсол накунем? Фармуд: Ин матлабро ба Бозон бирасонед ва ба ӯ хотирнишон созед, ки дини мо қаламрави имперотури Кисроро фаро хоҳад гирифт ва ба ӯ бигӯед, агар мусалмон шавӣ ва ин оинро бипазирӣ, подшоҳӣ ва қудрате, ки дорӣ бароят онро мебахшем ва илло хасороти дунё ва охират насибат хоҳад шуд.

Ин ду тан аз Ҳазрати Паёмбари Худо (с) мураххас шуданд ва роҳи Яманро пеш гирифтанд. Чун ба назди Бозон ҳузур ёфтанд, ҷараёнро ба вай бозгуфтанд. Бозон аз шунидани ин хабар дар ҳайрат фурӯ рафт ва гуфт: Агар ин хабар воқеият дошта бошад, вай Паёмбари барҳақ аст ва агар ин хабар бо воқеият ҳамгом набошад, баъд бо худ тасмим хоҳам гирифт.

Дере нагузашт, ки номае аз сӯи Ширӯя ба унвони Бозон расид ва дар он аз қатли падараш Кисро ёдовар шуда гуфт:

Аммо баъд: Ман Кисроро ба қатл расонидам, ин қатли вай ба поси интиқом аз миллат ва қавми мо буд, чун вай сарон ва бузургони ин қавмро ба қатл расонида ва занону атфолашонро ба ғуломӣ гирифта, амвол ва дороиҳояшонро ба тороҷ бурда буд. Вақте ин нома ба ту расид, байъати онҳоеро, ки дар зери дасти ту ба сар мебаранд ва дар қаламрави ту зиндагӣ доранд, бароям бигир.

Вақте ин нома ба дасти Бозон расид ва онро қироат кард, онро дар гӯшае андохт ва мушарраф шудани худ ба дини Исломро эълон кард ва ҳамроҳ бо вай касони дигаре, ки аз аҳли Форс буданд ва дар Яман ба сар мебурданд, имон оварданд.

Ин буд достони мулоқоти Абдуллоҳ ибни Ҳузофа бо имперотури Форс. Ҳоло бинем, ки мулоқоташ ҳамроҳ бо Қайсар, имперотури Рум чӣ гуна аст?

Ин мулоқоти вай бо Қайсар дар даврони хилофати ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) сурат пазируфтааст. Ин дидори вай низ шигифтиҳои аҷибе дорад.

Дар соли нуздаҳуми ҳиҷрӣ ҳазрати Умар ибни Хаттоб лашкареро барои ҷанг алайҳи румиён ирсол дошт ва дар он ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳузофа низ ширкат намуда буд. Қайсар, имперотури Рум қабл аз ин иттилоъ ёфта буд, ки лашкари мусалмонон бо имони ростин ва ақидаи дуруст ва базл ва исор дар роҳи Худо ва расулаш оростаанд… Аз ин рӯ ба лашкари худ дастур дод, вақте ишон ба асире аз мусалмонон даст ёбанд, ӯро накушанд ва зинда ба назди Қайсар ҳозир кунанд. Иродаи Худо ба он рафта буд, ки ин асир Абдуллоҳ ибни Ҳузофа буда бошад. Ҳамон буд, ки вай ба дасти лашкариёни Қайсар асир гардид. Румиён ӯро ба назди подшоҳи худ бурданд ва гуфтанд:

  • Ин шахс яке аз ёрони бособиқаи Муҳаммад аст, ки ба дасти мо асир афтодааст ва ба ин хотир ӯро гирифта назди ту овардем.

Подшоҳи Рум дар чеҳраи ӯ бисёр бо ҳайрат нигарист:

  • Ман ба ту пешниҳоде дорам. Абдуллоҳ гуфт: Чӣ пешниҳоде?

Подшоҳ гуфт: Ман туро ба дини насроният даъват менамоям ва ҳар гоҳ ин оин аз мо бипазирӣ, туро раҳо месозам ва ҷоҳу мақоме барои ту медиҳам. Абдуллоҳ бо сарбаландӣ ва ибо гуфт: Маҳол аст, ки чунин пешниҳоде мавриди қабул воқеъ гардад. Ва марг ҳазорон мартаба аз қабули ин пешниҳод беҳтар ва хубтар аст.

Қайсар гуфт: Ман туро марди бузургманиш мебинам. Агар ин ҳарфи ман бипазирӣ ва ба он тан дардиҳӣ, туро дар умури салтанат ва қудрати худ шарик созам ва онро дар миёни ҳам тақсим кунем.

Абдуллоҳ, ки дасту пояш дар занҷир баста буд, ҷавоб дод:

  • Қасам ба Худо, агар ҳама подшоҳӣ ва ҳамаи мулкҳоеро, ки Араб дар ихтиёри худ доранд, бароям бидиҳӣ, ба андозаи як чашм задан аз дини Муҳаммад бар нахоҳам гашт.

Подшоҳ гуфт: Вақте мавзӯъ аз ин қарор буда бошад, туро хоҳам кушт.

Абдуллоҳ гуфт: Ҳар чи хоҳӣ бикун. Баъд ӯро ба салиб (доре, ки ба сурати салиб аст) овехтанд. Подшоҳ барои тирандозони худ дастур дод, ки наздики дастҳои ӯро ҳадаф қарор диҳанд ва худ пайвасти ӯро ба қабули дини насронӣ даъват мекард.

Баъд гуфт, ӯро дар наздики поҳояш ҳадаф гиранд ва худ дини насрониятро бар вай арза медошт ва Абдуллоҳ дар ҳамаи ин ҳолат аз пазириши даъвати подшоҳ худдорӣ менамуд.

Дар чунин фурсате подшоҳ дастур дод, ки аз ҳадафгирии вай худдорӣ намоянд ва аз ишон хост, ки ӯро аз чӯби салиб поин кунанд. Баъд амр кард, то деги калонро ҳозир кунанд ва равғанро дар он андохта ба оташ ниҳанд, то ин ки равған доғ шавад. Баъд ду тан аз асирони мусалмонро ҳозир сохтанд ва дастур дод, ки яке аз он дуро дар он дег андохтанд ва чун он якеро андохтанд, гӯшт аз баданаш ҷудо шуда ва устухонҳояш зоҳир гашт. Баъд имперотур рӯ ба Абдуллоҳ намуд ва ӯро ба дини насроният даъват дод. Ин бор пойдорӣ ва суботи вай беш аз пештар гардид. Вақте Қайсар аз қабули даъвати вай маъюс гардид, дастур дод, ки ӯро дар ин дег андозанд, ки қаблан дутан аз ҳамфикронашро дар он андохта буданд. Чун вайро ба сӯи он дег бурданд, ашк аз чашмонаш фурӯ рехт. Мардони Қайсар ба вай иттилоъ доданд, ки вай гиря мекунад. Қайсар фикр кард, ки вай аз хавф гиря намудааст, гуфт:

— Ӯро назди ман баргардонед. Чун ӯро назди Қайсар оварданд, бори дигар насрониятро ба вай тақдим дошт ва аз қабули он ибо варзид.

Қайсар гуфт: Пас чи омиле туро ба гиря даровард?

Гуфт: Сабаби гиряам ин буд, ки маро яқин омад, ки дар ин дег андохта мешавам ва ман як ҷон дорам, ки онро дар роҳи Худо қурбон мекунам ва маро шавқи он буд, ки ба андозаи мӯйе, ки дар бадан дорам, ҷон медоштам, ки онро дар роҳи Худо қурбон мекардам.

Подшоҳ гуфт: Оё омодаи ин ҳастӣ, ки сарамро бибӯсӣ ва туро раҳо созам?!

Абдуллоҳ гуфт: Ба шарти он ки ҳамроҳи ман бақияи асирони мусалмонро раҳо созӣ. Подшоҳ гуфт: Дуруст аст, ҳамаро бо ту раҳо мекунам.

Абдуллоҳ гуфт: Бо худ гуфтам, ин шахс душмане аз душманони Худост. Сарашро мебӯсам ва дар муқобили ин амри ва бақияи асирони мусалмонро раҳо созад ва дар ин кор бар дини ман зараре нахоҳад буд. Баъд Абдуллоҳ ба вай наздик шуд ва сарашро бӯсид. Подшоҳи Рум баъд аз он дастур дод, ки ҳама асиронро озод сохта ба вай таслим намоянд ва он гоҳ роҳи худ ба сӯи диёри хештан пеш гирифтанд.

Вақте Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ба ҳузури Ҳазрати Умар ибни Хаттоб – (р) – ворид шуд ва ӯро дар ҷараёни саргузашти худ қарор дод. Ҳазрати Форуқи аъзам сахт хушҳол шуд ва чун ба асирон нигарист гуфт:

— Барои ҳар як аз мусалмонон лозим аст, ки сари Абдуллоҳ ибни Ҳузофаро бибӯсад ва ман худ ба ин кор оғоз мекунам. Ва баъд худ аз ҷой бархост ва сари ӯро бӯсид…

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *