Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Дуъои дастурхон

Шукронаи неъмат, зиёдии давлат, тани сиҳҳату хотири ҷамъ, мо кам кардем Худо зиёда гардонад ва ба ин хонадон файзу баракат, умри дарозу давлати бепоён ато фармояд ва гузаштагонро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат намуда, боқимондагиҳоро ҷойнишини некон кунад. Омин.

Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Илоҳӣ, тани сиҳҳату хотири ҷамъ карам фармоӣ. Мо аз ин таомҳо хӯрда кам кардем. Худованд зиёда гардонад. Ба аҳли ин хонадон хайру баракату хурсандиро ато гардонад.

Ба ҷумлай бандагони мӯьмину мусалмон кушоиши кор ато намуда, ба мамлакатамон оромиву осудагӣ, ба бозорҳоямон арзониву фаровонву инсофу ростӣ, ба деҳқоно баракат дар кишту корҳо, ба мусофирон сиҳҳату саломатӣ, ба беморон шифои комилу оҷил, ба қарздорон наҷот аз балои қарз ато фармоӣ. Ҷумлаи бандагони калимагӯятро ба орзуву ҳавасҳояшон восил намуда, дар қатори онҳо ба фарзандҳои мо низ баракат дар касбу рӯзӣ, хайру хушбахтии дуҷаҳониро рӯзӣ гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Омин, бигузор Худованд ҳар як қадами моро ба ин хонадон бо хушиву хурсандӣ биёварад ва ин дастархони пурнозу неъматро дар роҳи хайр кабул намояд. Ва ба ҳамаи моён инсоф диҳад, то он, ки дар талаби илм бикӯшему аз роҳи фасоду шайтонӣ дур гардем. Илоҳӣ, шифои беморон, наҷоти карздорон, мулки амон, нархи арзон, баракати оби ранон ва бар аҳли ин маҷлиси мо орзуҳои боамалу дили бегаму тани сиҳҳат ато гардонӣ ва савоби ин дастурхони пурнозу нетматро бар пазандаву хӯрандагонаш расонӣ. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Бар соҳиби хонадон бу бахшой, Худо!

Бар ӯ дари раҳматат ту бикшой, Худо!

Нону намаки варо агар кам кардем,

Нону на маки варо бияфзой, Худо!

Дастархонба сиёҳдона,

Чида хӯрад бедона.

Ҷои нишастамон гулхона,

Ин хона шавад тӯйхона.

Омини чой,

Ҳамаро куни бой.

Соҳиби ин таомро, ё Раб,

Аз ҷамеъи бало амонаш деҳ.

Хонадонаш зи неъмати афзун,

Баркати Хазр дар маконаш деҳ.

Ман надонам, ки мақсади ӯ чист,

Ҳар чи мақсуди ӯст, онаш деҳ.

Дар сабоҳу равоҳу лайлу наҳор,

Аз балои замон амонаш деҳ.

* * * * *

Аҳли мӯъминро, Худоё, шод куни,

Ҷумларо аз дарду гам озод кун.

Соҳиби хонаро амонаш деҳ,

Хислати Хизр дар маконаш деҳ.

Ман надонам дар дили ӯ чист,

Ҳар чӣ хоҳад, ҳамонаш деҳ.

Бар деҳқонон Худои таъоло баракат намояд, дастархонҳо пурфайзу пурбаракат шаванд. Ҷавонону

кӯдакон калон-калон хӯранду ба хизмати падару модар қоим гашта, ба дуъо муносиб гарданд. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Алҳамаду лиллоҳил-лазӣ аттамано ва саконо ва ҷаъалано минал-муслимин. Мо кам кардем Худо зиёда гардонаду баракати Хизр ъалайҳис-саломро ато гардонад. Савоби ин дастархон ва савоби меҳмонони азиз ва савоби обу таомҳоро ба гузаштагони ҳамин макону манзил бахшидем. Худованд ба ҳамаи шумоён тани сиҳҳат, имони мустаҳкам, баракат дар умру ҷону касбу кор ва ризқу рӯзӣ ато гардонад. Бачаҳоро Худои таъоло калон карда ба хизмати падару модаронашон қоим кунад. Кушода бод бар ин хонадон давлату савлат, меҳру муҳаббату бахту саодат. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *