Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

ОДОБИ ИҶОЗАТ ХОСТАН

56 — Аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят аст, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Иҷозат гирифтан (барои даромадан ба хона ва ғайра) то се бор ҷоиз аст, пас агар ба ту иҷоза дода шуд хуб, вагарна бозгард.”

(Ҳадиси мазкурро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд). 1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 4 зикр карда шуд. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис бар он далолат менамояд, ки такрор намудани салом ҷоиз аст, вақте ки иҷозаи даромадан ба хона ё ҳавлӣ хоста шавад. Инчунин такрор намудани салом то се бор ҷавоз дорад, вақте ки ба гурӯҳе аз мардум салом дода шавад, вале баъзе аз онҳо саломро нашнавад, дар ин сурат барои шунавондани эшон то се маротиба салом додан дуруст мебошад. Тарзи иҷозат гирифтан ин аст, ки мегӯяд: Ассалому ъалайкум, оё дароям? Сипас ӯ ихтиёр дорад, дар ин, ки номашро бигӯяд ё на.

3 -Дастурҳо ва андарзҳои ҳадис:

  1. — Барои даромадани хона себор иҷозат ва рухсат хоста мешавад, агар бароят иҷозати даромадан дода шуд, хуб ва агар рухсати даромадан надиҳанд, бозгард.
  2. — Агар бештар аз се бор саломро такрор карда шавад боке

надорад, ба шарте ки инсон аз нашунидани аҳли хона яқин дошта бошад.

  1. — Нигоҳ кардан аз сӯрохҳои дар ё девор ба сӯи хонаи дигарон ҳаром мебошад.
  2. — Зиёд пахш кардани занги дарвоза ё тақ-тақи зиёд кардан, аз одоби иҷозатхоҳӣ намебошад.
  3. — Бояд шахси иҷозатхоҳ вақти иҷоза хостан дар рӯ ба рӯи дарвоза наистад, балки аз тарафи рост ё чапи дарвоза биистад.
  4. — Ба воситаи занги мошин ё дучарха иҷоза хостан, мардумро нороҳат месозад.
  5. — Мусалмон ба утоқи хоси касе намедарояд, магар баъди иҷоза гирифтан аз соҳиби он.
  6. — Донишҷӯи боадаб баъди иҷоза пурсидан аз муддарис ба синфхона медарояд.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Аз нигоҳи шариъат барои даромадани хона чанд маротиба иҷоза пурсида мешавад?
  2. — Кадом вақт бештар аз се бор иҷоза хостан ҷоиз аст?
  3. — Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед:

А — Мусалмон ба утоқи хоси… намедарояд магар …

Б — Вақти … дар рӯ ба рӯи дарвоза намеистад, балки аз тарафи …

В — Занги бисёр намудан ё тақ-тақи зиёд кардан аз … иҷоза хостан …

ҲАЛОВАТ ВА ЛАЗЗАТИ ИМОН

57 — Аз Анас ривоят шуда, ки паёмбар (с) фармуд: “Ҳар гоҳ се хислат дар шахси мӯъмин мавҷуд бошад, лаззат ва ширинии имонро дармеёбад: Аввал, ин ки Худо ва расулаш аз ҳама кас барои ӯ маҳбубтар бошад. Сониян, ин ки касеро дӯст дорад фақат барои Худо дӯсташ бидорад. Солисан, ин ки бозгаштани ба куфрро зишт пиндорад, баъд аз ин ки Худованд ӯро аз куфр наҷот додааст, ҳамчунон ки зишт мепиндорад, ки дар оташ андохта шавад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 6 баён гардидааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ин ҳадис шуру шавқи бандаи мӯъминро дар имондорӣ ба чизи ширин ташбиҳ дода, ба шахси бемор ва тандуруст ишора кардааст, зеро шахси бемори зардпарвин маззаи асалро тез меёбад, ҳол он ки шахси тандуруст ҳаловату ширинии онро чи тавре ки ҳаст, дармеёбад ва ҳар қадар ки саломатии ӯ кам шавад, ба ҳамон андоза қувваи зоиқааш (чашидан) аз даст меравад.

Чаро дар ин ҷо аз ҳаловату ширинӣ таъбир карда шуд? Зеро Худованд дар Қуръони карим имонро ба дарахте ташбиҳ кардааст: Худованд достони калимаи писандидаро (Ашҳаду

ал-ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммада-р-расуллоҳ) мисли дарахти писандидае баён кардааст.

Мақсуд аз калима дар ин ҷо калимаи ихлос ва манзур аз дарахт асли имон ва мурод аз шохаҳои он пайравӣ намудани авомири Худо ва парҳез кардан аз корҳои мамнӯъа мебошад. Инчунин баргҳои дарахти мазкур иборат аз аъмоли накӯст, ки бандаи мӯъмин нисбат ба он таваҷҷуҳ медиҳад ва меваҳои ӯ анҷом додани ибодату бандагии Худо буда, камоли ҳаловат ва шириниаш падидор гаштани нишонаҳои пухташавии меваи он мебошад.

3 — Суфоришҳо ва андарзҳои ҳадис:

1 — Муқаддам доштани муҳаббати Худо ва муҳаббати паёмбар (с) бар ҳамаи махлуқот воҷиб мебошад. 2 — Дар маъсияту саркашӣ кардан аз Худо ва паёмбараш(с) итоъат кардани ҳеҷ махлуқе ҷоиз нест.

  1. — Яке аз нишонаҳои комил гардидани имон ин аст, ки шахси мусалмон бародари мусалмонашро маҳз барои Худо дӯст медорад.
  2. — Воҷиб аст бар шахси мусалмон, ки куфру кофириро бад бинад, ҳамчунон ки бад мебинад, ки дар оташ андохта шавад. 5 — Ҳар касе, ки дар ӯ авсофи мазкур ёфт шавад, итминону хотирҷамъиро ба даст меорад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Се сифате, ки бояд шахси мусалмон онро дошта бошад, кадом аст?
  2. — Ҳар касе, ки авсофи мазкур дар ӯ пайдо шавад, кадом чизро ба даст меорад?
  3. — Дӯст доштани Худо ва паёмбар(с), чӣ маъно дорад? 4 — Ҷумлаи зеринро пурра намоед: Паёмбар (с) фармуд: “Ҳар гоҳ се хислат дар шахси мусалмон мавҷуд бошад, ҳаловат ва ширинии имонро дармеёбад ….”

ДИЛСӮЗӢ ВА МЕҲРУБОНӢ БА МАРДУМ

58 — Аз Ҷарир писари Абдуллоҳ ривоят шуда, ки гуфт: паёмбари Худо (с) фармуд: “Касе ки ба мардум раҳм накунад, Худо низ бар ӯ раҳм намекунад.”

(Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.)

1 — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Ҷарир писари Абдуллоҳи ал-Баҷалӣ яке аз саҳобагони бузургвор мебошад. Ӯ чиҳил рӯз пеш аз вафоти паёмбар(с) мусалмон шудааст. Мавсуф баъзе аҳодиси набавиро ривоят карда, дар ҷангҳову ғазоҳо нақши бузургро ифо намудааст. 2 — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур чунин далолат менамояд, ки бояд шахси мусалмон нисбати ҳамаи махлуқот хоҳ одам бошад ё ҳайвон раҳм ва дилсӯзӣ намояд, монанди вақт дар вақт ғизододани ҳайвонот, аз ҳад зиёд бор накардани онҳо ва инчунин аз заданашон худдорӣ намудан.

Ҳамчунин касе, ки ба сабаби итоъат накардани фармонҳои Худо ва худдорӣ накардан аз манҳиёти илоҳӣ бар ҷони хеш раҳм нанамояд, Худованд низ ӯро раҳм нахоҳад кард, зеро ӯ дар назди Худо замонату паймоне надорад. Дар ин сурат маънои ҳадис чунин тафсир карда мешавад, ки раҳм кардани банда ба маънои амалҳои ӯ ва раҳм намудани Худо ба маънои подошу савоб додани ӯ мебошад.

3 — Пандҳои ҳадис:

  1. — Раҳму дилсӯзӣ кардани мусалмон ба мардум, сабаби раҳм шудани ӯ аз ҷониби Худованд мешавад.
  2. — Раҳму шафқат кардан нисбат ба мусалмонҳо аз сифоти мӯъминон аст ва бераҳмиву сангдилӣ аз сифоти кофирон мебошад.
  3. — Эҳтиром намудан ва кӯмаку ёрӣ намудани мардум, раҳму шафқат ба эшон ҳисобида мешавад.
  4. — Инсони мусалмон одами хурдсолро озор намедиҳад, балки аз рӯи дилсузӣ ӯро ёрӣ медиҳад.
  5. — Мададу ёрӣ расондан ба шахсони мӯҳтоҷ ва ниёзманд аз нигоҳи Ислом ҷоиз мебошад.
  6. — Раҳму нармдилӣ кардан ба зердастон, хидматгорон, заъифон ва озор надодани эшон воҷиб мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Аз ҳадиси мазкур се панд бигӯед.
  2. — Шариъати исломӣ бар дӯши бандаи мӯъмин нисбати ашхоси мӯҳтоҷ ва ниёзманд (монанди кӯр ва нобино) чӣ амалро муқаррар кардааст?
  3. — Ҷумлаҳои зеринро дуруст намоед:

А — Озор додани мардум сабаби раҳму меҳрубонӣ намудани Худо мегардад.

Б — Раҳму дилсузӣ аз ахлоқи кофирон буда, бераҳмиву сангдилӣ аз сифоти мӯъминон мебошад.

ДӮСТ ДОШТАНИ БАРОДАРИ МУСАЛМОН ВОҶИБ МЕБОШАД

59 — Аз Анас (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: “Касе аз шумо мӯъмин шуморида намешавад, то ин ки дӯст дошта бошад барои бародараш он чиро ки барои худ дӯст медорад.”

(Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 6 зикр гардид.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур маънои зеринро ифода менамояд, ки дӯст доштани мусалмон бародари мусалмонашро воҷиб мебошад. Мурод аз муҳаббату дӯст доштан ин аст, ки бояд шахси мусалмон бо мазҳару рафторе вонамуд шавад, ки мавриди писанди дӯсти худ қарор гирад, чунончи бо чеҳраи кушода мулоқот кардан, шахсияти ӯро эҳтиром намудан, нисбати ӯ эҳсону некӯӣ кардан, яъне ӯро манфиъату фоида расонда тамоми осебу зарарро аз ӯ дур намояд, инчунин бояд он чизеро, ки барои худ дӯст дошта, барои бародараш низ дӯст бидорад, хоҳ дар корҳои ҳақиқӣ бошад ё маҷозӣ.

Ин ҳадис аз мусалмонон инсофу баробариро талаб намуда, онҳоро ба тавозӯъу фурутанӣ ташвиқ менамояд. Албатта ин муҳаббату дӯстӣ вақте комил мегардад, ки инсон аз ҳасаду кина, фиребу хиёнат даст бикашад, зеро тамоми аъмоли мазкур хислатҳои бад ба шумор меравад.

  1. — Суфоришот ва андарзҳои ҳадис:

1 — Яке аз нишонаҳои комил гардидани имон ин аст, ки шахси мусалмон он чизеро, ки барои худ дӯст дошта, барои бародаронаш ҳам дӯст медорад ва чизеро, ки барои худ зишт пиндошта, барои онҳо низ зишт мепиндорад. 2 — Ҳасаду бадбинӣ сабаби нуқсон ва косташавии имон мегардад.

  1. — Яке аз нишонаҳои дӯст доштани мусалмон бародари мусалмонашро ин аст, ки ӯро ба корҳои нек раҳнамоӣ карда, аз зулму ситам боз медорад.
  2. — Ҳазар намудан аз худхоҳӣ, яъне ҳама чизро барои худ дӯст бидорӣ, на барои дигарон.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Худхоҳӣ чист? Оё он аз сифоти мӯъмин мебошад?
  2. — Ҷумлаҳои зеринро пурра намоед:

А — Яке аз нишонаҳои комил гардидани имон ин аст, ки шахси мусалмон .… барои худ .… барои бародаронаш ҳам дӯст медорад ва .… барои худ.… барои онҳо низ зишт мепиндорад.

Б — Яке аз нишонаҳои дӯст доштани мусалмон бародари мусалмонашро ин аст, ки .… ба кор .….

  1. — Аз Анас писари Молик (р) чӣ маълумот доред?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *