Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Дуъои нек дар хаки оилаи навбунёд

Дуъои нек дар ҳаққи оилаи навбунёд

Умедворам, ки Худованд ин ду завҷи ҷавонро мазиди тавфиқ иноят фармояд, бо меҳру вафову сафову самимият то охири умр байни инҳо ҷамъ бифармояд, дар дунёву охират ҳамсари ҳамдигар бошанд то дар биҳишти барин ва ниҳоятан авлоди солиму солеҳу муфриду донишманду муфид барои худашон ва хонаводаву ҷамъи ҷомеьаи инсониву уммати исломӣ ироа бидиҳанд ва ҳадя бидиҳанд. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.


Худованд ба ин арӯсу домод остонаи баланди бахту саодатро насибу рӯзӣ гардонида, эшонро хизматгузори падару модаронашон созад. Ва падару модари эшонро дуьогӯи ин арӯсу домоди нозанин гардонад. Худованд ба ин навхонадорон фарзандони исломй ато намуда, ба ҳар як орзуву ҳавасс. ки дар дилҳояшон бошад восил гардонад. Омин. Бираҳматика е арҳамар-роҳимин.


Илоҳӣ, имрӯз рӯзи хушбахтии духтарамон, ки Худованди таъоло ба тӯи арӯсияш мушарраф гардонид ва аз ҳамин рӯз сар карда ба хонаи бахташ зиидагонии рӯзгори навро омодааст. Дуьо мекунем, ки келину домод якрӯву якҷо шуда, меҳру муҳаббати ҳамдигар дар дилҳояшон ҷой гирифта, дар хизмати хонадони навашон қоиммақом гарданд ва шоистаи хонадонашон шуда, бар дуьои неки падару модарҳояшон мушарраф гарданд. Доимо бо тоату ибодат ҳаётро ба сар бурда, аз фарзандони солеҳу боодобу оқил бонасиб гарданд. Илоҳи, ин арӯсу домодро хизматгузори роҳи ислом гардонида, ба касбу кор, ба умру ҷон, ба молу мулкашон файзу баракат ато намуда, ба меҳру муҳаббати ҳамдигар сазовор гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *