Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Утба Ибни Ғазвон

Боре Амирул муъминин Умар ибни Хаттоб баъд аз адои намози хуфтан ба бистари худ омад, то ба хоб равад. Ӯ мехост, ки вақттар ба хоб равад, то баҳрае аз роҳати худ дарёбад ва битавонад, ки истеъдоде барои шабгардӣ ва баррасӣ аз аҳволи раъият дарёбад.

Аммо хоб дар чашмонаш роҳ наёфт, ба хотири он, ки паёмрасони қумандони лашкари мусалмонон ба вай хабар оварда буд, ки лашкар шикаст хӯрда форсиҳо ҳар вақте, ки ба марҳалаи шикаст ва нобудии ҳатмие мерасанд, имконият ва икмолоте аз ин ҷо он ҷо барояш мерасад. Ҳамон аст, ки қувваи аз даст рафтаи худро дар меёбад ва ҷанг ва муқоваматро аз сар мегирад. Ва ба халифа гуфта шуда буд, ки шаҳри Убулла аз бузургтарин манбаъе маҳсуб мегардад, ки бо додани пул ва неруи башарӣ қувваҳои шикастхӯрдаи форсиҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Аз ин рӯ Халифа тасмим гирифт, ки лашкареро барои фатҳи шаҳри Убулла бифиристад, то роҳи кӯмак ба лашкари форсро қатъ намояд. Аммо Халифа ногаҳон ба камии нерӯи башари мувоҷе гардид. Ва сабаби ин кор он буд, ки ҳама ҷавонон ва пирамардони мусалмон ба хотири ҷиҳоди фи сабилиллоҳ дару диёри худро тарк гуфта ва ба ҳар гӯшаву ва канори замин рафта буданд ва ҷуз теъдоди каме дар назди вай дар Мадина боқӣ намонда буд ва ин бор низ Халифа ба ҳамон шеваи маъруфи худ алал кард… Шеваи маъруфи вай ин буд, ки вақти ба камии афроди лашкар рӯ ба рӯ мешуд, аз қувва ва корфаҳмии сарлашкар истифода менамуд ва ин нуқсро бо ин фарост ҷуброн мекард… Вай хазинаи шахсиятҳояшро дар зеҳни худ кушуд ва онҳоро якояк шумурд, дере нагузашт, ки ба матлаби худ расид ва гуфт: Бале ёфтамаш.

Баъд вай ба бистар хоб рафт ва бо худ гуфт: Бале вай муҷоҳид аст, ки Бадр ва Уҳуд ва соири саҳнаҳои корзор ӯро хуб мешиносад ва ҷанги Ямома низ шоҳиди шаҳкориҳо ва диловариҳои ӯст, ҳеҷ шамшере ба вай нарасида ва ҳеҷ тираш хато нахӯрдааст. Дигар ин, ки вай ду бор ҳиҷрат намудааст (ҳиҷрат ба Ҳабаша ва ҳиҷрат ба Мадина ва ӯ дар рӯи замин ҳафтумин касе аст, ки имон овардааст.

Вақте субҳ шуд гуфт: Утба ибни Ғазвонро ба назди ман ҳозир кунед.

Ҳамон буд, ки парчами беш аз сесаду даҳ нафарро ба номи ӯ баст ва ба вай ваъда дод, ки дар сурати имкон нерӯҳои дигареро аз паи вай хоад фиристод.

Вақте ин лашкари кӯчак омодаи ҳаракат шуд, ҳазрати Форуқ истода шуд, то қумандони худ Утбаро видоъ кунад ва барояш тавсия намуда гуфт: Эй Утба, ман туро ба мақсади фатҳи шаҳри Убулла фиристодам ва ин шаҳр яке аз қалъаҳои мустаҳками душманон аст. Аз Худованд мехоҳам, ки туро дар ин сафар муваффақ ва пирӯз гардонад ва ба душманонат ғалаба диҳад. Вақте дар ин шаҳр фуруд омадӣ аҳли онро ба Ислом даъват кун. Агар аз қабули ин даъват сар боз заданд ҷузхро бар онҳо муқаррар кун, то залилона онро бароят бипардозанд..

Ва агар аз додани ҷузя ҳам ибо варзиданд, бе муҳабот бо онҳо биҷанг.

Эй Утба дар масъулияте, ки ба дӯшат ниҳода шудааст, аз Худо битарс. Аз он ҳуш дор, ки нафсат бар ту ғалаба наёбад ва охирататро табоҳ насозад ва ба ёд ор, ки ту шарафи сӯҳбати Ҳазрати Расули Худо (с.)-ро дарёфтаӣ ва Худованд баъд аз зиллат ба ту иззат бахшид ва баъд аз заъф ба ту қувват ато кард, то он, ки имрӯз амир ҳастӣ ва мусаллат бар умур ва қумандон ҳасти, ки аз амрат касе сарпечӣ намекунад. Агар амр кунӣ, итоъат кунанд, ва агар ҳарфе ба забон оварӣ, ба он гӯш мениҳанд ва агар аз ин неъмат суиистифода накунӣ ва туро фирефта насозад ва туро ба сӯи ҷаҳаннам накашад – Худованд ману туро аз он нигаҳ дорад – чи хуб неъмат аст.

Утба ибни Ғазвон ба ҳамроҳии ҳамсараш, ки панҷ тан аз занони дигари муҷоҳидон бо вай буданд ҳамроҳ бо муҷоҳидин ба роҳ афтод, то он, ки дар сарзамини найзоре фуруд омаданд, ки аз шаҳри Убулла фосилаи чандоне надошт ва дар ин вақт онҳо чизе надоштанд, ки бихӯранд. Вақте гуруснагӣ онҳоро сахт таҳти фишор қарор дод Утба барои ҷамъе аз нафарҳои худ гуфт: Барои мо дар ин сарзамин аз паи дарёфти хӯрок шавед, то бихӯрен, ва аз ин рӯ ишонро дар иртибот ба хӯрок ҳикоят аст, ки яке аз онон ривоят намуда, гуфт: Дар асное, ки мо аз паи дарёфи хӯрокворӣ мегаштем, ногаҳон моро гузар ба ҷангале афтод. Дидем, ки дар он ду каҷова аст, ки яке пур аз хурмо ва дигаре пур аз донаҳои сафед аст, ки пӯсти зардранг дорад. Мо ин ду каҷоваро кашон-кашон бо чи қадар мушкили ба наздики урдулоҳ овардем оне аз касони мо ба ин каҷова, ки донаи сафед дошт, нигоҳе карду гуфт: Ин заҳрест, ки душман онро дар ин каҷова ба сифати хӯрок барои мо анода намудааст. Лизо набояд ба он наздик шуд. Баъд ба сӯи занбили хурмо майлон намудем ва аз он шурӯъ ба хӯрдан намудем ва дар асное, ки мо машғули хурдани ин хурмо будем дидем, ки аспе аз моён зимом аз мех канда ва ба сӯи ин каҷоваи донаи сафед рӯ овард ва ба хӯрдани он шурӯъ намуд. Қасам ба Худо, мо он чи қадар дучори гуруснагӣ шуда будем, ки тасмим ба он гирифтем, ки ин аспро пеш аз он, ки аз ин каҷова бихурад ва ба марг мубтало шавад, забҳ мекунем ва аз гӯшташ истифода менамоем. Аммо соҳиби ин асп гуфт, бигзоред, ки аз он бихурад ман имшаб, ки аз ин асп ҳирост мекунам, агар онро ба марг наздик ёфтам, ӯро худ забҳ мекунам. Вақтешаб рӯз шуд дидем, ки ба асп осебе нарасида буд.

Хоҳарам гуфт: Ман аз падарам шунидаам, ки мегуфт:

Вақте заҳр бар оташ гузоранд, ки ҷуш хурад ва пухта шавад зараре надорад. Баъд худ миқдоре аз ин донаи сафедро дар дег андохт ва онро дар оташ гузошт то ҷӯш хурд, баъд дере нагузашт, ки гуфт: Биёед бубинед, ки акнун чи гуна ранги ин дона ба сурхӣ гароидааст ва баъд пӯсти он аз бараш ҷудо шудан гирифт ва донаҳои сафед аз миёни пӯст берун меомад, онро дар коса андохтем, то бихӯрем. Утба ба мо гуфт: Бисмиллоҳ гуфта ва ба хӯрдани он шурӯъ кунед… Вақте онро хӯрден, хеле болаззат ёфтем ва баъдан донистем, ки мардуми он диёр ин донаро ба номи биринҷ ёд мекарданд.

Шаҳри Убулла, ки Утба ибни Ғазвон бо лашкари кам ва омодагии андак ба сӯи он ҳаракат намуд, шаҳри мустаҳкам буда ва дар соҳили дарёи Да ҷой дошт, ва аз ин ҷиҳат Форсҳо онро барои кадом аслиҳа ва созу барги ҷангии худ гирифта буданд ва аз бурҷҳои баланд қалъаҳои онро барои назорати душман истифода мекарданд.

Аммо бо вуҷуди он, ки Утба аз қувваи башарин камтар бархурдор буд ва омодагии андак дошт ва бо вуҷуди ин шаҳр қалъаҳои мустаҳкам ва мавзеъҳои устувори ҳарбӣ доштанаш. Утба аз ҳамла бар он худдори наварзид ва тасмими фатҳи онро гирифт. Дар ин ҷанг шумори муҷоҳидини Утба шашсад нафар буд, ки ҷамъе аз занон аз ақиб онро ҳамроҳӣ мекарданд ва ҷуз шамшер ва найза чизи дигаре надоштанд.

Аз ин рӯ ӯро лозим омад, то аз заковати худ дар фатҳи он ва шикасти душман истифода намояд.

Утба барои занон байрақҳоеро сохт ва онро бар сари найзаҳо баланд кард ва ба ишон дастур дод, ки аз ақиби лашкар ҳаракат кунанд ва ба онҳо гуфт: Вақте дидед, ки мо ба шаҳр наздик шудаем, аз ақиб хокҳоро ба ҳаво партоб кунед, то онки хок фазоро бипӯшонад.

Ишон вақте ба Убулла наздик шуданд, лашкари Фарс ба муқобили онҳо баромаданд, диданд, ки мусалмонон ба ишон наздик мешаванд ва сӯи дигар диданд, ки байрақҳое аз ақибашон ҷилва дорад, ва низ мушоҳида карданд, ки гарду ғубор дар ақибашон фазоро пур сохтааст. Лизо ба якдигар нигариста гуфтанд: Ин теъдоди пешоҳангони лашкаранд ва аз ақиби ишони лашкари бузург равон аст, ки ин ҳама гарду ғубор дар ҳаво бархостааст. Аз ин рӯ хавф дар дилҳояшон афтод ва тарсу ваҳшат бар рӯҳу равонашон соя афканд ва шурӯъ ба он намуданд, ки матоъҳои сабук ва гаронқимати худро бардоранду роҳи фирор дар пеш гиранд ва ҳар кадом саъй намуд то бар дигаре сабқат гирад ва киштиҳоро савор шуда, аз Даҷла бигзарад. Ба ин тартиб Утба бидуни он, ки як нафари худро аз даст диҳад дохили Убулла шуд ва баъд қаряҳо ва манотиқи атрофи онро фатҳ кард ва чунон ғанимат ба даст овард, ки аз шумор берун буд то он ҷо, ки чун баъзе аз касонаш вақте ба Мадина баргаштанд ва аз ишон дар бораи мусалмонон пурсиданд, ки мусалмонон дар Убулла чи ҳол доранд? Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Шумо аз чи мепурсед?!

Қасам ба Худо, онҳоро дар ҳоле гузошта омадем, ки тилло ва нуқраро ба паймона тақсим мекарданд, баъд мардум шурӯъ ба кӯч бастан ба сӯи Убулла намуданд.

Дар чунин фурсате Утба ибни Ғазвон дид, ки иқомати сипоҳиёнаш дар шаҳрҳои фатҳшуда онҳоро аёшу танпарвар месозад ва ахлоқи мардумони ин сарзаминҳо дар ишон асар мекунад ва азми тасмими ишон нисбат ба идомаи ҷиҳод заъиф мешавад. Аз ин рӯ вай ба Ҳазрати Умар ибни Хаттоб нома навишт ва аз вай иҷозат хост то барои ишон дар Басра шаҳракеро бисозад ва ҷои шаҳракро низ ба вай мушаххас ва муайян намуд. Ҳамон буд, ки Ҳазрати Умар бо ин пешниҳоди вай мувофиқат кард.

Нақшаи ин шаҳраки ҷадид тарҳрезӣ шуд… Ва аввалин коре, ки дар ин шаҳрак оғоз намуд ҳамоно бинои масҷиди он буд..

Шигифте надорад… Чун ӯ ва ёронаш ба хотири масҷид ба ҷиҳоди фи сабилиллоҳ берун шуда буданд… Ва аз тариқи масҷид ӯ ва ёронаш бар душманони Худо пирӯзӣ ёфтанд.. Баъд сипоҳиён ба моликшавии заминҳо ва сохтани хонаҳо бар якдигар сабқат ҷустанд.

Аммо Утба барои худ хона насохт балки вай дар хаймаи пашмин ба зиндагии хештан идома дод… Ва ин амр ба хотири он, ки дар нафси худ розе дошт…

Ва он роз ин, ки вақте Утба дид, ки дунё дар Басра чунон бар мусалмонон рӯй оварда, ки ақлро мерабояд, ва дид, ки сипоҳиёнаш қабл бар ин ғазои хубтар аз биринҷи обҷӯшондаро намешинохтанд, акнун анвоъи ғазоҳои рангоранги форсиёҳо бар сефраашон рост мешавад, ки дар умри худ онро надидаанд.

Аз ин рӯ вайаз ин дунёи хештан бар дини худ эҳсоси хатар кард ва аз он бим намуд, ки мабодо ин матоъи зудгузар наъими ҷовидониро аз вай маҳрум созад…

Бинобарин, мардумро дар масҷиди ҷомеъаи Куфа ҷамъ кард ва дар хитоб ба ишон гуфт: Эй мардум, бидонед, ки Дунё эълон доштааст, ки анқариб поён хоҳад ёфт ва шумо аз ин дунё ба дунёи дигар интиқол хоҳед кард, ки завол ва нестӣ надорад. Бинобарин, бояд кӯшишатон ба он бошад, ки бо аъмоли солеҳ аз ин дунё ба он дунё интиқол кунед. Ман ҳафтумин касе будам, ки ба Ҳазрати Расули Худо (с.) имон овардам ва дар он вақт мо ғизое ғайр аз барги дарахтон надоштем, ки аз хӯрдани он лабҳоямон заҳми шуда буд.

Ман дар он вақт рӯзе чодареро ёфтам ва онро миёни худ ва Саъд ибни Абиваққос ду нисф кардам, ки бо як нисфи он худ сатри аврат намудам ва бо нисфи дигар Саъд ибни Абиваққос.

Аммо имрӯз ба ҷое расидаем, ки ҳеҷ як аз мо намондааст, магар он, ки бар шаҳре аз шаҳрҳо амир ва волӣ аст. Ва ман аз он ба Худо паноҳ меҷӯям, ки дар нафси худ бузург бошам ва дар назди Аллоҳ кӯчак. Ва баъд касеро, ба ҷонишинии худ барояшон муқаррар намуд ва бо ишон видоъ гуфт ва роҳи Мадинаро дар пеш гирифт.

Вақте ба ҳузури Ҳазрати Умари Форуқ даромад истеъфои худро ба ҳазрати Форуқ тақдим дошт, то ӯро аз мансаби валоят бар канор созад, магар ҳазрати Форуқ истеъфои вай напазируфт ва бо исрор аз вай хост, ки ба ҷои худ ба Басра баргашта ва ба вазифаи худ идома диҳад. Вай маҷбур гардид, ки бо вуҷуви норизоиятиаш амри Халифаро ба ҷо оварда ва ба кори худ идома диҳад. Лизо шутури худро савор шуд ва ба роҳ афтод ва ин дуъоро хонд: Худоё маро бори дигар ба он шаҳр нарасонӣ… Худоё маро бори дигар ба он шаҳр нарасонӣ… Худованд дуои ӯро иҷобат кард ва аз Мадина фосилаи чандеро тай накарда буд, ки дар миёни роҳ шутураш лағжид ва ба замин афтод ва зиндагиро тарк гуфт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *