Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Абдураҳмон Ибни Авф

Яке аз ҳашт тан аз собиқини ба Ислом аст.

Яке аз ашараи мубашшара ба ҷаннат аст. Яке аз шаш тан аъзои маҷлис аст, ки баъд аз вафоти ҳазрати Умар халифаи саввумро интихоб намуданд.

Яке аз он касонест, ки дар Мадина фатво медоданд, дар ҳоле ки ҳазрати Расули Худо (с) дар миёни мусалмонон дар қайди ҳаёт ба сар мебурд. Номаш дар даврони ҷоҳилият Абду амр буд. Вақте мусалмон шуд, ҳазрати Расули Худо (с) номашро Абдураҳмон гузошт. Абдураҳмон ибни Авф қабл аз он, ки ҳазрати Расули Худо (с) дохили хонаи Арқам шавад, ду рӯз баъд аз мусалмон шудани ҳазрати Абубакри Сиддиқ имон овард ва дар роҳи Худо чунон азоб ва сахтиҳоро дид, ба гунае, ки ҳамтоёни собиқинаш ба ин азоб дучор шуда буданд, вай чун онҳо сабр намуд ва мисли онҳо истиқомат нишон дод ва назири онон рост гуфт ва рост зист ва бо дини худ ба сони соири муҳоҷирин ба ҳабаша ҳиҷрат намуд. Вақте ба ҳазрати Расули Худо (с) ва ёронаш иҷоза дода шуд, то ба Мадина ҳиҷрат кунанд, ҳазрати Абдураҳмон ибни Авф дар пешопеши муҳоҷирин қарор гирифт, ки барои Худо ва Расулаш ҳиҷрат намуданд. Вақте ҳазрати Расули Худо (с) дар миёни муҳоҷирин ва ансор ақди муохот (бародарӣ) барқарор намуд, Абдураҳмон ибни Авфро бо Саъд ибни Рабеъи Ансорӣ бародар сохт. Саъд ба бародараш Абдураҳмон ибни Авф гуфт: Эй бародар, ман сарватмандтарини аҳли Мадина ҳастам, ду бӯстон дорам. Ҳар кадом аз ин бӯстонҳоро, ки мақбули ту шавад, интихоб кун, то онро ба ту бахшам ва ду ҳамсар ҳам дорам, ҳар кадомро, ки мавриди писандат воқеъ шавад, интихоб кун, ман ӯро талоқ диҳам ва ту вайро ба ақди худ дарор.

Абдураҳмон аз бародари ансории худ ташаккур намуд ва ба ӯ гуфт: Худованд дар молу ҳолат баракат ниҳад. Аммо маро ба кору бори шаҳр раҳнамоӣ кун. Саъд ибни Рабеъ ӯро ба бозор роҳнамоӣ кард ва ба тиҷорат шурӯъ намуд ва даст ба хариду фурӯш зад. Матоъ мехарид ва ҷинс мефурӯхт ва чизе фоида мекард ва чизе меандӯхт. Дере нагузашт, ки тавонист мӯҳрзаниро ба даст орад.

Ҳамон буд, ки издивоҷ намуд ва дар ҳоле ки осоре аз хушбӯӣ ва атр бар бадан дошт, ба ҳузури ҷаноби Расули Худо (с) омад. Ҳазрати Расули Худо (с) бо тааҷҷуб аз вай пурсид:

Чӣ шудааст?

Гуфт: Эй Расули Худо (с), издивоҷ кардам.

Гуфт: Оё ба ҳамсарат маҳре додаӣ?

Гуфт: Ба андозаи вазни донае ба вай тилло додам.

Фармуд: Валима кун ва лав, ки як гӯсфанд ҳам бошад, Худованд дар молат баракат гузорад!” Абдураҳмон мегӯяд: Дунё он қадар ба ман рӯй овард, то ҷое, ки худро чунон ёфтам, ки агар сангеро, ки аз замин бардорам, умеди он доштам, ки аз зери он тилло ва нуқра берун хоҳад шуд.

Дар рӯзи Бадр Абдураҳмон ибни Авф дар роҳи Худо ҷиҳоди содиқона намуд ва душмани Худо Умайр ибни Усмон ибни Каъби Таймиро аз по даровард.

Дар рӯзи Уҳуд вақте дигарон мутазалзил шуданд, ӯ собитқадам боқӣ монд, вақте дигарон рӯ ба фирор ниҳоданд, вай пойдор монд, вақте ҷанг поён ёфт, дар бадани вай бисту чанд захм ёфтанд, ки баъзеи он ба ҳадде буд, ки даст дар он фурӯ мерафт. Вале бо вазъи ин, агар ҷиҳоди ҷисмонии ӯро бо ҷиҳоди моли вай муқоиса кунем, дар муқобили ҷиҳод молии вай ночиз ҷилва мекунад.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) тасмим гирифт, ки сарияеро муҷаҳҳаз кунад, дар миёни ёронаш истод ва гуфт: Садақа диҳед, мехоҳам дастаи амалиётиро барои ҷиҳод бифиристам”. Ҳамон буд, ки Абдураҳмон ибни Авф ба хонаи худ омад ва шитобон баргашт ва гуфт: Эй Расули Худо (с), назди ман чаҳор ҳазор дирҳам аст, ки ду ҳазори онро ба Худо қарз медиҳам ва ду ҳазори онро барои аҳли оилаам гузоштам. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Худованд дар он чи, ки ато кардӣ, баракат диҳад ва Худованд дар он чи ки барои худ нигаҳ доштӣ, баракат диҳад.

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) азми ҷанги Табук намуд, зарурат ба пул камтар аз зарурат ба нерӯҳои инсонӣ набуд, чун теъдоди лашкари Рум беш аз ҳад буд ва бо ҳама имконияти ҷанг муҷаҳҳаз набуданд ва дар ин сол Мадина ба хушксолӣ мубтало буд ва роҳи ин сафар тӯлонӣ ва маводи кӯмаки ночиз ва маркабҳои муҷоҳидон хеле андак буд, то он ҷо, ки иддае аз мӯъминон, ки даст холӣ буданд, ба ҳузури Расули Худо (с) омаданд ва аз вай хостанд, ки барои ишон маркаб диҳад, то битавонанд дар ҷиҳод ӯро ҳамроҳӣ кунанд. Аммо ҳазрати Расули Худо (с) ба сабаби надоштани имконот аз ширкати онҳо дар ҷиҳод маъзарат хост ва ишон аз ин ки чизе надоштанд, нафақа кунанд, гирякунон пас гаштанд. Аз ин рӯ, онҳоро ба номи Баккоин номиданд ва барои ин лашкар номи Ҷайшу-лУсра гузоштанд, чун дар сахттарин ҳолат равонаи ҷанг шуданд. Дар чунин фурсат буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) ёрони худро амр кард, ки дар роҳи Худо кӯмак кунанд ва аҷри худро аз Худо бихоҳанд. Аз шунидани ин амри Расули Худо (с) мусалмонон ба сӯи хонаҳои худ шитофтанд ва дар пешопеши ин ҷамъи садақакунандагон Абдураҳмони ибни Авф қарор дошт. Вай дусад уқия тиллоро дар оҳи Худо садақа намуд, ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Ман фикр мекунам, ки Абдураҳмон ибни Авф муртакиби гуноҳе шудааст, чун вай ба аҳли худ чизе нагузоштааст. Ҳазрати Расули Худо (с) ба ӯ гуфт: Оё барои аҳли худ чизе гузоштаӣ?

Гуфт: Бале, ман барои ишон бештар ва хубтар аз он чи, ки овардаам, гузоштам.

Фармуд: Чӣ миқдор? Гуфт: ризқ, хайр ва аҷреро, ки Худо ва Расулаш ваъда намудааст, барояшон гузоштам. Лашкари Ислом раҳсипори Табук гардид ва дар он ҷо Худованд ба Абдураҳмон ибни Авф чунон икром намуд, ки ба ҳеҷ яке аз мусалмонон ин икромро накардааст, тавре ки вақти намоз фаро расид ва ҳазрати Расули Худо (с) ҳузур надошт, Абдураҳмон ибни Авф дар намоз пеш даромад ва имоматӣ кард. Вай ҳанӯз ракаати якумро тамом накарда буд, ки ҳазрати Расули Худо (с) омад ва дар сафи намозгузорон аз ақиби Абдураҳмон ибни Авф иқтидо кард ва намоз хонд. Оё фазилат ва каромате болотар аз ин хоҳад буд, ки бандаи мусалмоне ба беҳтарини халоиқ ва сайиди анбиё ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ имоматӣ кунад?!

Вақте ҳазрати Расули Худо (с) ба ҷивори раҳмати ҳақ пайваст, Абдураҳмон ибни Авф худро кафили масолеҳи умамаҳоту-л-мӯъминин сохт ва ба ҳоҷат ва ниёзмандиҳои онон расидагӣ мекард. Вақте ба ҷое сафар мекарданд, онҳоро ҳамроҳӣ мекард ва дар ҳаҷ бо ишон мерафт ва бар маҳмилҳои онон пардаи сабзи зеборо меандохт ва онҳоро дар ҷое, ки меписандиданд, поин мекард. Ин буд аз фазоили Абдураҳмон ибни Авф, шахсияте, ки мавриди эътимоди уммаҳоту-лмӯъминин буд. Ӯ ҳақ дорад, ки ба ин хидмати онон биболад ва дар худ изҳори фахр кунад.

Некӣ ва хидмати вай ба мусалмонон умуман ва ба уммаҳотул мӯъминин хусусан, ба ҳадде расид, ки замини марбути моликияти худро ба маблағи чиҳил ҳазор динор бифурӯхт ва ҳама пули онро дар миёни қавми бани Зӯҳра (қавми Омина бинти Ваҳаб модари ҳазрати Расули Худо (с) ва фуқарои муҳоҷирин ва ансор ва уммат ҳотул мӯъминин тақсим кард. Вақте маблағе аз ин пулро, ки барои ҳазрати Оиша тахсис дода буд, ба вай фиристод, ҳазрати Оиша гуфт:

Чӣ касе ин пулро ба ман фиристодааст?

Гуфтанд: Абдураҳмон ибни Авф.

Гуфт: Ҳазрати Расулуллоҳ (с) фармудааст: Баъд аз ман ҷуз собирон бар шумо касе дилсӯзӣ намекунад.

Дуои Расули Худо (с) дар ҳаққи Абдураҳмон ибни Авф иҷобат гардид ва Худованд дар зиндагӣ ба моли вай чунон баракат дод, ки вай аз ҷумлаи сарватмандтарин саҳоба гардид ва бо гузашти ҳар рӯз тиҷораташ рушду нумӯ мекард ва корвони тиҷоратиаш ҳамеша дар Мадина дар ҳоли рафту ва омад буд ва маводи мардуми ин шаҳрро чи гандум ва чи ҷав ва чи орду рӯған ва соири молҳои тиҷоратиро фароҳам менамуд ва он чиро, ки аҳли Мадина истеҳсол мекарданд, ба ҷоҳои дигар мебурд.

Дар яке аз рӯзҳо корвон Абдураҳмон ибни Авф ба Мадина расид ва ин корвонро ҳафтсад сар шутур ташкил медод, ки маводи эҳтиёҷи Мадинаро ҳамл намуда буд. Вақте ин корвон дохили Мадина шуд, аз вуруди он шаҳри Мадина ба ҷунбиш даромад ва сару садояш гӯшаву канори Мадинаро пур кард. Ҳазрати Оиша (р) ба онҳо гуфт: Ин шӯру ғавғо ба хотири чист?

Ба ӯ гуфтанд: Ин шӯр ва ғавғо корвони Абдураҳмон ибни Авф аст. Ҳафтсад шутур маводи хӯрока ҳамл намуда ба Мадина омадааст.

Ҳазрати Оиша (р) ба онҳо гуфт: Худованд барои он дар он чи ки ӯро дар ин дунё додааст, баракат диҳад ва савоби он назди Аллоҳ бузургтар ва бештар аст. Ман аз ҳазрати Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: Абдураҳмон ибни Авф хазида дохили биҳишт мешавад.

Пеш аз он, ки корвон ба ҷои маъмулшуда бирасад, муждадиҳандае ин қавли ҳазрати Оишаро, ки вайро ба биҳишт мужда медод, ба Абдураҳмон ибни Авф расонд. Ҳамин ки Абдураҳмон ибни Авф ин суханро шунид, шитобон худро назди ҳазрати Оиша расонд ва гуфт: Эй модар, оё ин башоратро худ аз даҳани ҳазрати Расули Худо (с) шунидӣ?

Ҳазрати Оиша гуфт: Бале.

Аз шунидани ин ҳарф Абдураҳмон ибни Авф аз шиддати сурур сар аз по намешинохт ва гуфт: Агар тавонам, бо қади рост дохили биҳишт мешавам, Эй модар, ман туро шоҳид меорам ба ин, ки ин корвон бо ҳама бо банд ва ҷилу ва лаҷомаш дар роҳи Худо бод.

Баъд аз он, ки вай ин навид бишнид, аз он рӯз ба баъд бахшиши Абдураҳмон ибни Авф берун аз ҳисоб буд ва саховатмандона онро дар роҳи Худо сарф менамудва бо ҳарду дасти худ ба чапу рост, ошкору пинҳон, садақа медод, ба тавре, ки чиҳил ҳазор дирҳам аз нуқра ва чиҳил ҳазор динор аз тиллоро садақа дод. Баъд дусад уқия тиллоро садақа кард. Сипас таҷҳизоти муҷоҳидини фи саблиллоҳро бар панҷсад асп бор кард ва баъди бору банди соири муҷоҳиддинро ба ҳазору понсад маркаб бор намуд.

Вақте маргаш фаро расид, халқҳои зиёдеро, ки дар таҳти моликияташ буд, озод сохт ва ба ҳар яке аз аҳли Бадр, ки дар қайди ҳаёт буданд ва шуморашон ба сад нафар мерасад, васият намуд, ки чаҳорсад динор тилло беҳисоб бидиҳанд. Ва ба ҳар як аз уммаҳотул мӯъминин васиятӣ намуд, ки, то он ҷо, ки уммулмӯъминин Ойиша (р) аксар вақт дар ҳаққи вай дуои хайр намуда мегуфт: Худованд ӯро аз оби Салсабил насиб фармояд. Вай бо вуҷуди ин ҳама саховат ва бахшиш он қадар мол барои ворисони худ гузошт, ки дар ҳисоб меғунҷад. Ба тавре, ки ҳазор шутур ва асп аст ва се ҳазор гӯсфанд аз худ мерос гузошт. Ӯро чаҳор зан буд, барои ҳар як аз онҳо, ки рубъи мерос мебурданд, ҳаштод ҳазор расид. Ва аз тилло ва нуқра ба ҳадде аз вай мерос монда буд, ки ба белҳо аз он ба ворисонаш тақсим мекарданд, то он, ки тақсимкунандагон аз шикастони он дастҳояшон обила кард. Ин ҳама дороӣ аз фазли дуои ҳазрати Расули Худо (с) дар ҳаққи вай буд. Аммо ин ҳама пул ва сарват дар зиндагии Абдураҳмон ибни Авф таъсире накард ва ӯро дар таҳти таъсири фитнаи худ қарор надод, то ҷое, ки вақте мардум ӯро дар миёни ғуломонаш медиданд, вайро аз ишон фарқ карда наметавонист. Дар ҳоле, ки рӯзе вай рӯзадор буд, таоме барояш оварданд, ба сӯи он таом нигарист ва гуфт: Муъом ибни Умайр, ки беҳтар аз ман буд, шаҳид шуд ва барои вай кафан наёфтем, ки саропои ӯро пӯшонад, ба ҷуз як порчае, ки агар онро бар сари вай меандохтем, пойҳояш бараҳна мешуд ва агар бар пойҳояш меандохтем, сараш бараҳна мемонд ва баъд Худованд ба ин андоза дунёро ба рӯи мо кушод ва ман аз он бим дорам, ки савоби худро дар ин дунё ба даст орам ва аз охират маҳрум монам вабаъд ба гиря ва нолидан шурӯъ кард, то он ки таъом сард шуд.

Хушо ба ҳоли Абдураҳмон ибни Авф, ки ҳазрати содиқул-масдуқ Муҳаммади Мустафо ӯро ба ҷаннат башорат додааст ва ҷанозаи вайро ба хобгоҳи охираш тағоии ҳазрати Расули Худо (с) Саъд ибни Абиваққос нақл дод ва ҳазрати Усмони Зиннурайн намози ҷанозаи ӯро хонд ва амирулмӯъминин Алӣ карамаллоҳу ваҷҳаҳу, дар ҳоле, ки ӯро ташйиъ менамуд, гуфт: Аз хубиҳояш баҳра бурдӣ ва аз бадиҳояш гӯша гирифтӣ, Худованд туро раҳмат намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *