Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҳаром будани озори падару модар ва гувоҳии бардурӯғ

Ҳаром будани озори падару модар ва гувоҳии бардурӯғ

15 — Аз Абубакраҳ (р) ривоят аст, ки гуфт: паёмбари Худо фармуд: “Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳони кабира (бузург) хабар надиҳам?” Гуфтем: Оре, эй Расули Худо! Фармуд: “Шарик қарор додан барои Худои мутаъол ва нофармонии падару модар” ва дар ҳоле, ки он ҳазрат(с) такя карда буд, нишасту фармуд: “Огоҳ бошед аз сухани дурӯғ ва шаҳодати дурӯғ” ва онро пай дар пай он қадар мегуфт, ки гуфтем: Кош паёмбар (с) сукут мефармуд.

(Имом Тирмизӣ ривоят кардааст)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Нуфайъ писари Ҳорис, Ҳорис писари Калдаҳ мебошад. Ӯро Абубакраҳ низ мегӯянд, зеро ӯ рӯзи ҷанги Тоиф аз бакра (банди чоҳ) худро кашол намуда, корнамоии бузург кардааст. Мавсуф аз паёмбари Худо (с) баъзе ҳадисҳоро ривоят карда, дар баъзе ҷангҳо низ фаъолона ширкат варзидааст ва дар соли 51-и ҳиҷрӣ аз олам даргузашт.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Гуноҳони кабира (бузург) зиёданд ва зишттаринашон ин аст, ки инсон дар ибодату парастиши Худо ё дар корҳо ва номҳову сифоти ӯ шарику ҳамто қарор диҳад. Паёмбар (с) баён кардани гуноҳонро аз ширк шурӯъ кард, зеро он бузургтарини гуноҳон ба шумор меравад, сипас он ҳазрат(с) ранҷишу озор додани падару модарро номбар кард, зеро амали мазкур низ гуноҳи бузург буда, Худованд барои кунандааш кайфари сахт муқаррар кардааст. Аз ин рӯ, лозим аст бар ҳар мусалмон, ки нисбати падару модараш некхоҳу накӯкор бошад, зеро волидайн (падару модар) дар хурдсолӣ ӯро бо меҳрубонӣ ва навозиш тарбия ва парвариш намудаанд. Худованд дар Қуръон ба накӯӣ кардан нисбати падару модар амр намуда, аз озор доданашон наҳй фармудааст:

Ва ҳукм кард Парвардигори ту ки фақат худашро ибодат намуда, нисбати падару модар накӯкорӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуяшон ба пирӣ ва бузургсолӣ бирасанд, ҳеҷ гоҳ онҳоро уф магӯ ва бар эшон бонг мазан ва ҳамеша бо онҳо сухани нарм бигӯ ва барояшон бозӯи тавозуъро паст кун, то онҳо мавриди меҳрубонӣ ва навозишат қарор гиранд ва бигӯ, эй Парвардигори ман, бибахшой бар эшон чунон ки онҳо дар хурдсолӣ маро парвариш карданд.

(“Исро” 23-24)

Бинобар ин падару модар сазовортарин мардум барои эҳтирому фармонбардорӣ мебошанд ва итоъат намуданашон воҷиб аст, ба шарте ки онҳо ба маъсият (гуноҳ) амр нанамоянд.

Сухани дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ ҳам аз ҷумлаи ҳамин

гуноҳҳо мебошад. Паёмбар (с) вақти баён намудани гуноҳони мазкур ду гуноҳи охир (сухани дурӯғ ва шаҳодати дурӯғ)ро мукаррар ба самъи саҳобагон расонданд, зеро сухани дурӯғ ва гувоҳии дурӯғ дар забон осон буда, мардум нисбати он саҳлангорӣ ва бепарвоӣ мекунанд. Авомил ва сабабҳое, ки мардумро ба гуноҳони мазкур тела медиҳад, бисёр мебошанд, монанди кина, адовату душманӣ ва ғайра. Аз ҳамин ҷиҳат паёмбари Худо (с) гуноҳ будани шаҳодати бардурӯғро чунон пай дар пай такрор намуд, ки саҳобагон таманно карданд, ки кош он ҳазрат (с) сукут мефармуданд, зеро эшон нисбати паёмбар (с) бисёр меҳрубон буда, ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки паёмбарро дар ҳолати нороҳаткунанда бубинанд.

Бояд ҳар мусалмон худро аз гуноҳони кабира (бузург) нигоҳ дорад, то аз хашму азоби Худо дар амон бимонад.

3 — Фавоид ва дастуроти ҳадис:

  1. — Раҳнамоиву насиҳат кардани паёмбар (с) саҳобагони хешро.
  2. — Ҳаром гардондани ширковарӣ ба Худо ва ранҷондани падару модар.
  3. — Ҳаром гардондани сухани дурӯғ ва гувоҳӣ додани бар дурӯғ .
  4. — Таваҷҷуҳ ва дилсӯзии саҳобагон нисбати паёмбар (с) ба андозае ки намехостанд ки чизе ӯро нороҳат созад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Мақсуд аз бузургтарин гуноҳони кабира чист? Дар ин маврид ба тафсил сӯҳбат намоед!
  2. — Агар падар писарашро ба шароб додани меҳмонҳо амр намояд, оё ӯ аз падараш итоъат мекунад?
  3. — Се гуноҳе аз гуноҳони дар ҳадис омадаро баён намоед! 4 — Чаро паёмбари Худо (с) ҳаром гардондани сухани дурӯғро пай дар пай таъкид намуданд?

ҲАРОМ ГАРДОНДАНИ ФИРЕБ ВА ХИЁНАТ

16 — Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки: паёмбари Худо (с) аз канори анбори таъоме гузашта, дасташро дар он даровард, ки ба ангуштонаш намӣ расид, фармуд: Ин чист эй соҳиби анбор? Гуфт: Эй Расули Худо, ба он борон расида! Паёмбар фармуд: Чаро онро (қисмати таршударо) дар болои анбори таъом нагзоштӣ, то мардум онро бубинанд, сипас он ҳазрат (с) фармуданд: “Касе ба мо хиёнат кунад, аз мо нест.”

(Ҳадиси мазкурро Муслим ва Тирмизӣ ривоят кардаанд).

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ дар ҳадиси шумораи 5 гузаштааст.
  2. — Шарҳи маънои ҳадис:

Дар ин ҳадис паёмбар (с) мардумро чунин тавсия менамояд, ки бояд онҳо дар хариду фурӯш ва дигар муъомалоти тиҷориашон аз фиребу хиёнат кардани якдигар парҳез намоянд, зеро хиёнату найранг кину адоватро ба вуҷуд оварда, пояҳои равобити бародариро хароб менамояд. Ислом барои фарзандонаш ин фарҷоми номақбулро намехоҳад, биноан ӯ ҳамеша фурӯшандаро бар он тарғиб менамояд, ки айбу авсофи ашёи мавриди фурӯшро барои шахси харанда арз намояд, агар ӯ аз таълимоти исломӣ пайравӣ накунад, шахси хоину қаллоб ба ҳисоб рафта ба хашму азоби Худо мубтало мешавад.

48

  1. — Фавоид ва суфоришоти ҳадис:
  2. — Бояд шахси фурушанда айбу авсофи молашро барои харанда баён намояд.
  3. — Ҳаром гардондани ғиш ва хиёнат дар муъомалаҳои тиҷоратӣ ва ғайра ва баён намудани уқубату сазои сахти фиребгарон ва хиёнатпешагон.
  4. — Бояд мусалмонҳо ҳамдигарро ба корҳои шоиста насиҳат намоянд.
  5. — Пурсишҳо:

1 — Оё фурӯхтани бизоъати (моли) айбдор дуруст аст? 2 — Чаро Худованд мӯъминонро аз фиреб ва хиёнат манъ кардааст?

3 — Чӣ гуна аз ҳадиси мазкур бардошт менамоед, ки бояд мусалмонҳо якдигарро ба корҳои хуб тавсия ва насиҳат намоянд.

СУХАНЧИНӢ

17 — Аз Абдуллоҳ писари Масъуд (р) ривоят шуда, ки паёмбари Худо (с) фармуд: “Оё шуморо хабар надиҳам, ки изза чист? Он суханчинӣ ва зиёда гуфтан ва хусумат андохтан дар миёни мардумаст.”

(Ҳадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст.)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

Абуабдураҳмон, Абдуллоҳ писари Масъуд мебошад. Ӯ аз ҷумлаи аввалин касонест, ки Исломро пазируфта, яке аз бузургон, факиҳон ва қориёни чирадасти рӯзгори паёмбар (с) ба шумор мерафт, ки бевосита ӯ аз худи он ҷаноб (с) ҳафтод сураи Қуръонро таълим гирифтааст. Дар соли 32-и ҳиҷрӣ дар шастсолагӣ дунёро падруд гуфт.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ислом динест, ки ба улфату дӯстӣ ва таъовуну ҳамкорӣ даъват карда, пайравонашро аз кинаву адоват ва хархаша намудан бо ҳамдигар барҳазар медорад. Ҳақиқатан бузургтарин амале, ки пояҳои ҷомиъаро хароб карда, риштаи дӯстиро қатъ менамояд, суханчинӣ ва хабаркашӣ мебошад, аз ин рӯ, амали мазкур дар байни мардум кинаву адоватро ба вуҷуд меорад. Дар ҳақиқат шахси суханчин ва дурӯғгӯ дар як соъат чизеро хароб менамояд, ки шахси ҷодугар дар як сол онро наметавонад вайрон кунад. Бинобар ин донишҷӯи мусалмон ҳар суханеро, ки мешунавад, таҳкиқу таъкид намояд ва ба гумону тахмин задан ҳеҷ гоҳ қаноъат ва иктифо накунад, зеро ҳудованд мефармояд:

Эй мӯъминон! Агар шахси фосиқ бароятон хабаре биёрад, пас албатта хабари мазкурро таҳқиқ намоед, то ки ба сабаби нодонӣ ва таҳқиқ накардан қавмеро зарар расонда, ба кори кардаатон пушаймон мегардед.

(“Ҳуҷурот” 6)

Пас, алҳазар аз суханчин, ки ӯ шахси бешараф ва бадахлоқ буда, ҳамеша дар пайи озор ва газанди мардум гашта, дар мусибату гирифтории онҳо хурсанд мешавад. Худованд моро аз шарри ӯ нигоҳ дорад.

3 — Фавоид ва суфоришоти ҳадис:

  1. — Ҳаром будани ғайбат ва суханчинӣ.
  2. — Суханчинӣ аз гуноҳони кабира мебошад.

4 — Пурсишҳо:

  1. — Намима (суханчинӣ) чист?
  2. — Чаро Худованд онро ҳаром гардонда?
  3. — Дар баробари шахси суханчин бояд чӣ кор кунем?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *