Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Рабеъ Ибни Зиёд

Шаҳри Мадина рузҳои мотами реҳлати халифаи аввал ҳазрати Абубакри Сиддиқро пушти сар мениҳод… Ва ҳар рӯз ҷамъиятҳои анбӯҳе аз қабилаҳо ба ҳузури халифаи дуввум Умари Форуқ ба Мадина омада ва байъати худро мабни бар итоъат ва фармонбардорӣ аз вай дар сахтӣ ва осонӣ эълон медоштанд…

Дар яке аз рӯзҳо ҳайате аз Баҳрайн бо ҳайатҳои дигар бар ҳузури Амирулмуъминин омад. Ҳазрати Форуқ ризвонуллоҳи алайҳ шавқ дошт сухани мулоқоткунандагони худро ба диққат бишнавад то шояд дар сухани онон матлабе ёбад ё бар мавъизаи болиғ даст ёбад ва ё андешаи муфидеро суроғ намояд ва ё насиҳате барои Худо ва Расул ва ё китобаш бошад ва ё нафъе бар оммаи мусалмонон дар он ёбад, ки ӯро дар анҷоми масъулияташ ёрӣ диҳад.

Ҳамон буд, ки ба иддае аз ҳозирин иҷоза дод гуфтаҳо ва назароти худро баён кунанд. Ҳеҷ кадоми онон матлабе баён надошт, ки таваҷҷуҳи халифаро ба худ ҷалб намояд ва ё қобили арзиш ва аҳмият бошад.

Баъд рӯй ба сӯи марде намуд ва дар вай умеди хайр ва короӣ намуд ва ба вай ишора намуд ва гуфт: Гуфтание агар дорӣ, бифармо. Он мард баъд аз ҳамду санои Худо гуфт: Ту эй Амирулмӯъминин зимоми умури ин умматро ба даст нагирифтаӣ магар ин, ки Худованд хостааст, ки туро ба ин амр мавриди озмоиш ва ибтилои худ қарор диҳад. Бинобар ин, дар амре, ки ба ту супурда шудааст, аз Худо битарс ва бидон, ки агар гӯсфанде дар каронаи Фирот роҳ гум кунад, дар рӯзи қиёмат дар мавриди он мавриди савол қарор хоҳӣ гирифт. Аз шунидани ин сухан Умар сахт гирист ва гуфт: Аз вақте, ки халифа шудаам то ҳол ҳеҷ кас чун ту бо ман чунин сухани рост нагуфтааст, пас ту кистӣ, ки ин ҳарфи рост ба ман гуфтӣ?!

Гуфт: Ман Рабеъ ибни Зиёди Ҳорисӣ ҳастам.

Фармуд: Бародари муҳоҷир ибни Зиёд ?

Гуфт: Бале.

Вакте маҷлис хотима ёфт, Умар ибни Хаттоб ҳазрати Абу Мусои Ашъариро ба ҳузур хост ва гуфт: Аҳволи Рабеъ ибни Зиёдро ба диққат бароям баррасӣ кун, агар вай марди ростин бошад, ман дар вай хайри зиёдеро мебинам ва моро дар ин масъулият ёри хоҳад расонд. Ӯро ба вазифае муқаррар соз ва аҳволашро бароям бинавис.

Аз ин рӯз муддати замони зиёде сипари нашуда буд то он, ки Абумусои Ашъарӣ бинобар амри халифа лашкареро барои фатҳи Манозир дар сарзамини Аҳвоз омода сохт ва дар ин лашкар Рабеъ ибни Зиёд ва бародараш Муҳоҷирро низ шумил кард.

Абумусои Ашъарӣ шаҳри Манозирро муҳосаро кард ва ҷангҳои шадидеро алайҳи бошандагони ин сарзамин ба роҳ андохт, ки назири он камтар дида шудааст.

Мушрикин чунон размиданд ва қаҳрамониҳои аз худ нишон доданд, ки дар фикри ҳеҷ кас нагузашт, ва шумори куштагони мусалмонон аз ҳад гузашт. Дар ин вақт, ки мусалмонон бо аҳли Аҳвоз меҷангиданд, моҳи Рамазон буд.

Вақте Муҳоҷир бародари Рабеъ ибни Зиёд мушоҳида кард, ки теъдоди куштагон дар суфуфи мусалмонон аз ҳад гузаштааст азми он намуд, ки худро дар роҳи Худо қурбон созад ва ризои Аллоҳро касб кунад. Ҳамон буд, ки худро мумиё кард ва кафан пӯшид ва ба бародараш васият намуд.

Рабеъ назди Абумусо рафт ва гуфт: Муҳоҷир тасмим гирифтааст, ки худро рӯзадор дар роҳи Худо қурбон кунад ва ту худ медонӣ, ки фишори душман бар мусалмонон аз як тараф ва шиддати рӯза аз сӯи дигар он қадар онҳоро хаста кардааст, ки тасмими ҷангашонро ба заъф мубаддал гардонида ва аз хӯрдани рӯза пурра ибо меварзанд. Бинобар ин, коре бикун, ки аз ин ҳолат наҷот ёбем.

Ҳамон буд, ки Абумусои Ашъарӣ дар миёни лашкар истод ва фарёд зад: Эй ҷамъи мусалмонон, ман бар ҳар марди рӯзадор қасам ёд кардаам, ки ё рӯзаи худ бихурад ва ё он ки аз ҷанг худдорӣ намояд ва он гоҳ худ ҷоме аз об бигрифт ва нӯшид, то мардум ба пайравӣ аз вай рӯзаи худро ифтор намоянд.

Вақте Муҳоҷир ин ҳарфи ӯро бишнид, қатрае аз об нӯшид в гуфт: Қасам ба Худо ман ин обро аз боби ташнагӣ нанӯшидаам, аммо хостам ба ин кори худ қасами амири худро ба ҷо орам. Ва баъд шамшер аз найём бар кашид ва сафҳои душман кушуд ва худро дар миёни онҳо зад ва бидуни тарсу ҳарос ба ҳар тараф шамшер мезад, то он, ки шамшерҳои душман аз ҳар сӯ ӯро дар зери зарбати худ қарор дод ва ниҳоятан ӯро шаҳид сохтанд. Ва онгоҳ сари вай бибриданд ва бар фарози мушарраф бар саҳнаи ҷанг онро насб карданд.

Вақте Рабеъ ба сӯи сари бародараш назар афканд, гуфт: Хушо ба ҳоли ту ва чи хуб анҷоми хотима. Қасам ба Худо иншоаллоҳ интиқоми ту ва куштагони мусалмононро аз ишон хоҳам гирифт.

Вақте Абумусо дид, ки бо шаҳодати бародараш чи мусибати бузург домангири Рабеъ ва дарёфт, ки ҳисси интиқомҷӯии вай аз душман акнун ба чӣ ҳадде расидааст зимоми сарварии лашкарро ба вай бигзошт ва худ барои фатҳи Сус ба роҳ афтод.

Рабеъ ва лашкараш чун тӯфон бар мушрикин ҳамла бурданд ва дар сангарҳои онон ба гунаи харсангҳое, ки сел дар чуқуриҳо меандозад, рехтанд. Сафҳояшонро дарҳам кубиданд ва қувваташонро ба заъф мубаддал сохтанд. Ҳамон буд, ки Худованд Манозирро ба дасти Рабеъ ибни Зиёд бақувват ва зӯр фатҳ намуд. Вай ҷангҷӯёни ишонро ба куштан ва зану фарзандонашонро ба асорат гтрифт ва молу дороиашонро ба ?анимат бурд.

Ситораи бахт ва кавкаби иқболи Рабеъ ибни Зиёд баъд аз ҷанги Манозир тулӯъ намуд ва овоза ва шӯҳраташ дар ҳар ҷо печид. Ва ӯ яке аз роҳбарони пештоз ва баланд овоза гардид,ки корнамоиҳои бузургро аз худ ба ҷо гузошт.

Вақте мусалмонон азми фатҳи Сиистон намуданд қиёдати лашкарро ба вай супурданд ва амиди он намуданд, ки Худованд пирӯзиро ба дасти вай насиби мусалмонон намояд.

Рабеъ ибни Зиёд бо лашкари зафарманди хеш равонаи диёри Сиистон шуд, ин кишвар фосилае бас тӯлонӣ дошт, ки ҳайвоноти тезгоми саҳроӣ аз тай намудани он оҷиз буд.

Дар роҳ ба минтақае расиданд,ки Рустоқи Золик ном дошт, ки дар марзи Сиистон мавқиъият дорад. Ин шаҳр дорои қалъаҳои мустаҳкам ва қасрҳои зебо ва ҳосилоти фаровон ва меваҷоти рангоранг буд.

Ин лашкари ҳушманд қабл аз он ки ба Рустоқи Золик бирасанд ҷосусҳои худро ба он ҷо ирсол фиристоданд. Ва дарёфт, ки мардуми он маш?ули сару сомон бахшидан ба ҷашнанд, ки интизори онро доранд. Ва фаро расидани ҷашнашонро интизор шуд то он ки дар шаби ҷашнашон бехабар аз онон бар онҳо шабехун зад ва шамшерро бар сарашон мусаллат сохт ва ба зӯрӣ ин шаҳрро аз дасташон гирифт. Аз ишон бист ҳазорро каниз ва ?улом гирифт ва раисашон дар дасташ асир афтод.

Дар миёни ин асирон ?уломеро ёфтанд, ки мутаъаллиқ ба ин раис буд ва сесад ҳазор динор дошт, ки барои мавлои худ онро ҷамъоварӣ намуда буд, то онро ба ӯ супорад. Рабеъ ба вай гуфт: Ин пулро аз куҷо гирифтӣ?!

Гуфт: Аз яке аз деҳаҳои мутаъаллиқ ба оқоям.

Гуфт: Оё як деҳаи мутааллиқ ба вай ҳар сол ин андоза молро ба ӯ мепардозад?!

Гуфт: Бале.

Гуфт: Ин чӣ тавр мумкин аст?!

Гуфт: Ба дами белҳо ва нӯги досҳо ва арақи ҷабини мо.

Вақте ҷанг поён ёфт, ин раисро ба маҳзари Рабеъ ҳозир сохтанд, то аз вай бихоҳад,ки дар бадали пардохти фидя худро халос кунад.

Лизо ба ӯ гуфт: Туро вақте дар бадали фидя озод мекунам, ки барои мусалмонон фидяи зиёде бипардозӣ.

Гуфт: Чӣ қадар бипардозам?

Гуфт: Ман ин найзаро дар рост мемонам, баъд тилло ва нуқраро бар сари он бирез то он ки ин найзаро бипӯшонад.

Гуфт: Дуруст аст.

Гуфт: Дуруст аст. Баъд андӯхтаҳои худро чӣ аз тилло ва нуқра берун овард ва он қадар бар сари он найза рехт то он ки найза дар миёни тилло ва нуқра нопадид шуд.

Баъд Рабеъ ибни Зиёд бо лашкари зафарманди хеш ба сӯи Сиистон пешравӣ намуд ва қалъаҳо яке паи дигар ба сони суқути баргони дарахт тавассути бодҳои фасли тирамоҳ дар зери суми аспонаш суқут мекард.

Ва мардумони шаҳру деҳ ба истиқболашон шитофтанд ва сарафканда ва хозеъ пеш аз он, ки шамшер бар фарози гарданҳояшон фуруд ояд, аз вай хоҳони амон шуданд то он ки ба Заранҷ маркази Сиистон расиданд.

Чун ба он ҷо расиданд, диданд, ки аҳли он худро барои рӯёрӯй бо ишон омода месозанд. Ва дастаҳои ҷангиро аз ҳарсӯ барои ин ҳадаф ба марказ даъват намудаанд ва кӯмакҳо аз ҳар сӯ ба ишон дар ҳоли сарозер шудан аст ва тасмим бадон гирифтааст, то ҳамлаи мусалмононро аз ин шаҳри бузург дафъ кунад ва пешравии вайро ба Сиистон ба ҳар қимате, ки бошад боздорад.

Баъд ҷанги шадиде дар миёни тарафайн сурат гирифт,ки куштаҳои зиёде ба ҷо гузошт ва ҳеҷ як аз тарафайн аз додани талафоти беҳад даре? наварзид.

Аввалин аломайҳаҳои пирузии мусалмонон дар он намудор гашт, ки сардори ин қавм ки мардум ӯро бо ном Парвиз ёд мекарданд лозим дид, ки ҷиҳати мусолаҳа худро назди Рабеъ расонад ва то он вақт ин шахс ҳанӯз дорои нерӯи қобили мулоҳаза буд. то ба ин кор тавониста бошад барои худ ва мардуми хеш як силсила имтиёзот ба даст орад ва бо шартҳо ба хусус аз ин ҷанг даст бардод. Аз ин рӯ, вай намояндагони худро назди Рабеъ фиристод, ки ба ӯ фурсати мулоқот диҳад, то пиромуни сулҳ бо вай ба гуфтугӯ нишинад. Ҳамон буд, ки Рабеъ тақозои ӯро пазируфт.

Рабеъ ба афроди худ дастур дод, ки ҷоеро барои истиқболи Парвиз омода созанд ва ба онҳо амр кард, ки атрофи маҳалеро, ки ин ду сарлашкар бо ҳам дидор мекунанд, бо ҷасадҳои кушташудаи форсҳо пур созанд… Ва низ амр кард, ки дар ду тарафи ҷодае, ки Парвиз аз он убур мекунад ҷусаҳои дигаре аз форсҳоро ба сурати пароканда ва номуназзам бияндозанд.

Рабеъ қади баланд ва гардани барафрошта ва чеҳраи сиёҳ дошт ва азимҷусса буд, ки дар нафси бинанда руъбу тарс меофарид.

Вақте Парвиз ба ҳузури вай дохил шуд аз шиддати хавф бозуҳояш меларзид ва аз дидори куштагон тарс саросари вуҷудашро фаро гирифта ва ҷуръати худро комилан аз даст дода буд ва ёрои он накард,ки ба Рабеъ наздик шуда бо вай даст ба даст салом кунад. Ва танҳо бо чанд калимаи шикаста ва нафаси сӯхта матолибро баён дошт ва барои сулҳ намудан, ки ҳазор ?уломро дар ҳоле, ки бар сари ҳар кадомашон ҷоме аз тилло бошад, ба вай бидиҳад. Рабеъ ин пешниҳодро пазируфт ва бо Парвиз сулҳ намуд.

Рӯзи баъди он Рабеъ ибни Зиёд дар ҳоле, ки ин қофилаи бузург аз ?уломон дар пешопеши вай мерафт ва мусалмонон садои такбиру таҳлил баланд карда буданд, дохили шаҳри Занҷ, маркази Сиистон шуд… Он рӯз яке аз рӯзҳои таърихӣ буд, ки Худованд фатҳ ва пирӯзиро насиби мусалмонон сохта буд.

Аз он вақт ба баъд Рабеъ ибни Зиёд шамшери бараҳна дар дасти мусалмонон буд, ки тавассути он бар зидди душманон меҷангиданд ва шаҳрҳоро яке паи дигар фатҳ менамуданд ва вилоятҳоро ба дасташон месупурданд, то он ки зимоми умур ба бани Умаййа такя кард. Ҳамон буд, ки ҳазрати Муъовия ибни Абусуфён ӯро ба сифати волии Хуросон муқаррар намуд… Аммо вай ба ин вилоят розӣ набуд… Ба хусус ин норизоятии вай нисбат ба ин вазифа вақте афзун ёфт, ки Зиёд ибни Абиҳ яке аз волиёни баландпояи бани Умайя нома ба вай фиристод ва гуфт: «Амирул мӯъминин Муъовия ибни Абусуфён ба ту амр намудааст, ки тилло ва нуқрае, ки аз ?аниматҳои ҷангӣ ба дастат омадааст, барои байтулмоли мусалмонон бифармо, ва бақия ҳар чи, ки ҳаст, онро дар миёни муҷоҳидон тақсим намо»…

Вай дар ҷавоб ба ӯ навишт: «Ман дар китобуллоҳи азза ва ҷалла ғайри он чиро ёфтам, ки ту маро баон ба забони амирулмӯъминин амр намудаӣ».

Баъд дар миёни мардум фарёд зад, ки фардо биёед ва ?аниматҳоятонро бигиред… Баъд хумси ин ?аноимро ба дорулхилофа дар Димишқ фиристад…

Вақте рӯзи ҷумъае, ки баъди ин нома фаро расид, Рабеъ ибни Зиёд бо либоси сафед ба намоз баромад ва барои мардум хутбаи ҷумъаро хонд ва гуфт : «Эй мардум ман аз ин зиндагӣ хаста шудаам. Аз ин рӯ, ман дуъо мекунам ва шумо омин бигӯед.

Баъд дуъо кард: Худоё агар ба ман хайреро ирода намудаӣ, пас маро ба назди худ бихоҳ ва дерам магузор…

Офтоби он рӯз ҳанӯз ?уруб накарда буд, ки дуъояш иҷобат гардид ва Рабеъ ибни Зиёд ба ҷавори раҳмати Парвардигораш пайваст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *