Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҷангидан дар Рикоби Расулуллоҳ ‎(С)

Ҳазрати ‎Зубайр (р) дар тамоми ҷангҳои Паёмбар бо куффор ва мушрикин Расулуллоҳ ‎(с) ро ҳамроҳӣ мекард. Аз он ҷумла: Бадр, Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Хайбар, Фатҳи Макка, Ҳунайн ва Тоиф. Дар ҷанги Аҳзоб низ ҳазрати ‎Зубайр (р) тавонист ифтихор ва имтиёзи дигареро касб намояд. Дар яке аз набардҳо Расулуллоҳ ‎(с) фармуд: Чи касе ҳозир ‎ аст ба назди душмани мо Бани Қурайза биравад ва иттилоъотеро бароямон ҷамъоварӣ кунад? Ҳазрати ‎Зубайр (р) фавран ҷавоб дод: Ё Расулаллоҳ‎ ‎(с) ! Ман бо ҷону дил ҳозирам! Сипас эшон рафта аз мавқеъият ва вазъияти неруҳои душман иттилоъотеро барои Расулуллоҳ ‎(с) овард. Ин амалро то се бор анҷом дод. Сипас Паёмбар (с) фармуд: فداک ابی و امی! Падару модарам фидоят бод!

Ба ростӣ ин имтиёз ва ифтихори бузурге аст барои шахсе, ки ин ҷумла аз ҷониби Расулуллоҳ ‎(с) хитоб ба ӯ гуфта шавад. Расулуллоҳ ‎(с) ин ҷумларо ( فداک ابی و امی) дар ҷанги Уҳуд низ ба иллати рашодатҳо ‎ва фидокориҳои Зубайр (р) фармуда буданд.

АЛОҚА ВА МУҲАББАТИ РАСУЛУЛЛОҲ (С) БА ҲАЗРАТИ ЗУБАЙР (Р)

Чунонки қабл ан зикр шуд Расулуллоҳ ‎(с) алоқа ва муҳаббати ‎бисёр зиёде нисбат ба ҳазрати ‎Зубайр (р) доштанд. Бар асари муҳаббат‎и ‎беш аз ҳад чандин бор ба эшон хитоб кард: (فداک ابی و امی) Падару модарам фидоят бод! Ин ношӣ аз муҳаббати ‎вофири Паёмбар (с) нисбат ба ин шогирди ҷавон ва рашидаш мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *