Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Саъид Ибни Зайд

Зайд ибни Амр ибни Нуфайл дур аз издиҳоми мардум нишаста ва ҷамъи зиёди Қурайшиёнро, ки ҷашне аз ҷашнҳояшонро баргузор месохтанд, тамошо мекард. Медид, ки мардон дасторҳои гаронбаҳои абрешиминро ба сарҳои худ мебастанд ва бо чодарҳои гаронқимати яманӣ худро меоростанд ва менигарист, ки занон ва писарбачаҳо либосҳои нав ва тоза худро пӯшида ва зеварот ба тан намуда ва чаҳорпоёнро ба анвоъи зебу зиннат ороста, ба сӯи бутҳо равонанд, то дар он ҷо онҳоро дар пойи бутҳо забҳ намоянд.

Зайд пушт бар девори Каъба такя зад ва гуфт: Эй ҷамъи Қурайш, ин гӯсфандҳоро Худованд офарид ва барои онон аз осмон об нозил кард, то сероб гардад ва аз замин сабза рӯёнид, то сер шаванд ва баъд онро ба ғайри номи Аллоҳ забҳ мекунед, ман шуморо дар ҷаҳли ошкоро мебинам. Амакаш Хаттоб падари ҳазрати Умар аз ҷой бархост ва силие бар рухи вай зад ва гуфт: Ҳалок шавӣ, мо ҳанӯз ин қадар ҳарфҳои тавҳини туро мешунавем ва боз ҳам дар баробарат сабр мекунем. Косаи сабри мо лабрез шудааст ва баъд бехирадони қавми худро ташвиқ намуд, то ӯро озор диҳанд ва азият расонанд ва дар азияташ афзуданд, то он ки маҷбур шуд аз Макка берун шавад ва ба кӯҳи Ҳиро паноҳ бибарад. Хаттоб чанд ҷавононро супориш дод, то роҳҳоеро, ки ба Макка мерасад, зери назар дошта бошанд ва нагузоранд ба Макка дарояд ва дар ин лаҳза ҷуз пинҳонӣ наметавонист, ки ошкор дохили Макка шавад.

Баъд рӯзе Зайд ибни Амр ибни Нуфайл бо истифода аз ғафлат ва бехабарии Қурайш бо ҳар яке аз Варқа ибни Навфал ва Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва Усмон ибни Ҳорис ва Умайма духтари Абдулмуталлиб, аммаи ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) иҷтимоътартибдодва дар он пиромуни гумроҳӣ ва залолате, ки арабҳо дар он ғарқ шудаанд, сӯҳбат намуданд. Зайд ба ёрони худ гуфт: Шумо худ медонед, ки ин қавми шумо ба дини ҳақ нестанд ва ишон дини Иброҳимро ғалат донистаанд ва аз он ба бероҳа рафтаанд. Бинобар ин, агар мехоҳед наҷот ёбед, барои худ дини ҳақро ҷустуҷӯ кунед ва аз он пайравӣ намоед.

Аз шунидани ин ҳарфи вай, чаҳор тан аз мардони ҳозири маҷлис роҳи худ ба сӯи донишмандони яҳуд ва насоро дар пеш гирифтанд, то ҳақиқати дини Иброҳимро дар назди ишон дарёбанд. Аммо Варқа ибни Навфал ба дини насроният гардан ниҳод ва аммо Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ва Усмон ибни Ҳорис ба ҳеҷ матлабе нарасиданд. Аммо Зайд ибни Амр ибни Навфал дорои достон аст, ки ӯро мегузорем, то худ аз он ҳикоят кунад.

Зайд гуфт: Ба дини яҳудият ва насроният хуб худро ошно сохтам, натиҷа он шуд, ки аз он рӯй битобам. Чун ҳадафе, ки дилам ба он итминон ёбад, дар он наёфтам ва шурӯъ ба он кардам, ки дар пайи ҷустуҷӯ аз миллати иброҳимӣ ба гӯша ва канор гардиш кунам, то он ки ба сарзамини Шом расидам. Дар он ҷо роҳиберо ёфтам, ки аз китоби осмонӣ маълумот дошт. Назди вай омадам ва матлаби худ ба вай бигуфтам, вай дар ҷавобам гуфт: Эй бародари Маккӣ, туро чунон мебинам, ки дар пайи суроғ аз дини иброҳимӣ ҳастӣ?

Гуфтам: Бале, чунин аст.

Гуфт: Ту имрӯз аз пайи суроғи дине ҳастӣ, ки имрӯз пайдо намешавад. Аммо ҳақикат он аст, ки ҳақ дар ватани худи туст. Чун Аллоҳ Таъоло анқариб аз қавми худатон Паёмбаре мабъус месозад, ки дини Иброҳимро тоза мекунад ва чун агар ин шахсро дарёфтӣ, аз вай пайравӣ кун ва бо ӯ мулозимат намо.

Зайд ба суръат ба Макка баргашт, то Паёмбари мавъудро дарёбад. Вақте вай дар аснои роҳ буд, ки Худованд Паёмбари худ Муҳаммад (с)-ро мабъус гардонид, то дини ҳақ ва ҳидояти ростинро ба мардум биёмӯзад. Аммо Зайд ба орзуяш нарасид ва чашмҳояш ба дидори ҳазрати Паёмбар (с) мушарраф нагардид. Чун қабл аз ин ки ба Макка бирасад, ҷамъияте аз арабҳои бодиянишин сари роҳи ӯро гирифтанд ва ӯро ба қатл расониданд ва дар асное, ки вай охирин рамақи худро аз даст медод, чашмҳои худро ба сӯи осмон боз кард ва гуфт: Эй Парвардигор, агар маро аз ин хайр маҳрум доштӣ, фарзандам Саъдро аз хайри вай маҳрум мадор.

Иродаи Худо бар он рафта буд, ки дуои Зайдро иҷобат кунад. Ҳамин ки ҳазрати Расули Худо (с) ба даъвати мардум ба Ислом оғоз намуд, Саъид ибни Зайд дар пешопеши онҳое қарор гирифт, ки дини Исломро пазируфтанд ва рисолаташро тасдиқ намуданд. Ҷои шигифт нест, чун Саъид дар хонае камол ёфта буд, ки гумроҳӣ ва залолати Қурайшро рад менамуд ва дар домони падар парвариш ёфт, ки зиндагии худро аз пайи ҷустуҷӯи ҳақ ба сар бурд ва дар пайи ҷустуҷӯи ҳақ зиндагии худро аз даст дод. Саъд танҳо худаш мусалмон нашуд, балки ҳамсараш Фотима бинти Хаттоб, хоҳари Умар ибни Хаттоб низ мусалмон шуд.

Ин ҷавони Қурайшӣ он қадар азият ва озор дар бораи дини худ дид, ки агар ҳар каси дигаре мебуд, ночор дини худро тарк мегуфт. Аммо ин фишори онҳо на танҳо аз азму тасмими онон дар пойдориашон бар ин андеша накост, балки натавонист, ки абармарди бузургеро аз сафи мушрикин ба Ислом бикашонанд ва ба дини Ислом мушарраф созанд ва ин хоҳари мусалмон буд, ки бародараш Умар ибни Хаттобро ба Ислом даъват намуд.

Ин ҷавони наврас Саъид ибни Амр ибни Нуфайл ҳама кӯшишҳои худро дар ҷиҳати хизмат ба Ислом ба харҷ дод ва дар вақте ки мусалмон шуд, умраш бист сол буд. Вай дар ҳама ғазавот бо ҳазрати Расули Худо (с) ширкат варзид, ба ҷуз ҷанги Бадр, ки ҳазрати Расули Худо (с) ӯро ба коре мукаллаф сохта буд ва натавонист дар он ҳузур ёбад. Вай ҳамчунон дар фатҳи тахти Кисро ва сарнагунии имперотури Қайсар саҳми фаъол гирифт ва қаҳрамониҳои шигифтовар аз худ ба ёдгорӣ гузошт, ки таърих ҳаргиз шоҳкориҳои ҷангии ӯро фаромӯш нахоҳад кард ва аз шигифттарин дастоварҳои ҷангии ӯ, рӯйдоди ҷанги Ярмук аст ва мо худи вайро дар ҷараёни ин ҳодиса қарор медиҳем, то худ аз ин ҳодиса қарор медиҳем, то худ аз ин ҳодиса ҳикоят кунад: Саъид ибни Амр ибни Нуфайл гуфт: Дар рӯзи Ярмук бисту чаҳор ҳазор нафар будем ва теъдоди румиён ба як лаку бист ҳазор нафар мерасид ва чун кӯҳҳо мутмаин ва устувор ба сӯи мо гом бармедоштанд ва дар пешомеши онон усқуфҳо ва битрикҳо ва қашишҳое буданд, ки салибро бардошта ва таронаҳоеро замзамакунон хонда ва ба сӯи мо меомаданд. Вақте мусалмонон онҳоро ба ин ҳолат диданд, хавфву ҳарос дар дилашон афтод ва касраташон ҳайбатро дар ниҳоди онҳо иҷод намуд.

Дар чунин фурсате Абуубайда ибни Ҷарроҳ бархост ва мусалмононро ба сабр ва пойдорӣ даъват намуд ва онҳоро ба қитоли душманонашон ташвиқ кард ва гуфт: Эй бандагони Худо, дини Худоро нусрат диҳед, то Худованд шуморо ёрӣ медиҳад. Сабр пеша кунед, зеро сабр аз куфр наҷот диҳад ва ризои Худоро сабаб мегардад ва нанги беғайратиро дафът кунед ва найзаҳои худро ба сӯи ҳадаф баробар созед ва ба сипарҳоятон худро нигаҳ доред ва хомӯшӣ ихтиёр кунед, магар зикри Аллоҳ, ки номи ӯро оҳиста дар дилатон такрор кунед, то он ки ба шумо дастур диҳам.

Саъид гуфт: Дар чунин фурсате марде аз суфуфи мусалмонон берун шуд ва ба Абуубайда гуфт: Ман тасмим гирифтам, ки ҳамакнун бояд худро қурбон созам ва оё паёме дорӣ, ки онро ба ҳазрати Расули Худо (с) расонам?

Абуубайда гуфт: Бале, аз тарафи ман ва мусалмонон бар вай салом тақдим кун ва барояш бигӯ: Эй Расули Худо (с), мо он чиро, ки Худованд барои мо ваъда дода буд, феълан ёфтем.

Саъид гуфт: Ба муҷарради ин, ки ин сухан аз вай шунидам, дидам, ки шамшерашро бараҳна сохт ва ба муқобилаи душман рӯ ба рӯ шуд. Ман худро ба замин андохтам ва ба зону роҳ рафтам ва найзаи худ кашидам ва аввалин муборизро, ки ба сӯи мо рӯй оварда буд, аз пой даровардам ва баъд ба сӯи душман ҳамла бурдам ва Худованд тарсу хавферо, ки дар дили мо мавҷуд буд, аз дили мо дур сохт. Ҳамон буд, ки мусалмонон дар рӯёрӯи душман ҳамла бурданд ва то андозае ҷангиданд, ки душманро шикаст доданд ва Худованд нусрат ва пирӯзиро насиби мусалмонон сохт.

Саъид ибни Зайд баъд аз он дар фатҳи Димишқ ширкат кард ва баъд аз он, ки мардуми он ба Ислом сар ниҳоданд, Абуубайдаро ба сифати волии Димишқ интихоб кард ва ба ин тартиб, вай аввалин волии мусалмонон дар Димишқ аст. Дар аҳди Бани Умайя ҳодисае барои Зайд рӯй дод, ки аҳли Мадина ҳамеша аз он ёдоварӣ мекарданд ва он ин ки: Урво духтари Увайс иддао намуд, ки Саъид ибни Зайд бахше аз замини вайро ба зӯр ғасб намуда ва ба заминҳои худаш онро ҳамроҳ кардааст. Вай ин иддаоро дар ҳама ҷо такрор мекард ва онро дар миёни мусалмонон пахш менамуд. Баъд ин зан даъвои худро ба волии Мадина Марвон ибни Ҳакам тақдим дошт, то ба парвандаи вай расидагӣ кунад. Марвон ибни Ҳакам касонеро вазифадор кард, то бо вай дар ин хусус сӯҳбат кунанд. Ин амр ба Саъид ёри ҳазрати Расули Худо (с) сахт ва душвор афтод ва гуфт: Мардум фикр мекунанд, ки ман дар ҳаққи вай зулмро раво доштаам. Ман чӣ гуна дар ҳаққи вай зулм мекунам, дар ҳоле, ки худ аз ҳазрати Расули Худо (с) шунидаам, ки мегуфт: “Касе, ки як ваҷаб аз заминро ба зулм гирад, Худованд дар рӯзи қиёмат он миқдорро то ҳафт табақаи замин бар гардани вай тавқ созад. Ай Худоё, ин зан иддао дорад, ки ман дар ҳаққи вай муртакиби зулм шудаам. Агар вай дар иддаояш дурӯғгӯ бошад, чашмашро нобино соз ва ӯро дар чоҳе, ки муддаъии он аст, бияфкан ва дар ҳаққи ман нуреро зоҳир соз, то мардум бифаҳманд, ки ман дар ҳаққи вай зулм накардаам”.

Аз ин ҳикоят дере нагузашт, аз водии Ақиқ чунон селе ҷорӣ шуд, ки ҳеҷ кас назири онро надида буд ва ҳудудеро, ки ин ду бар сари он даъво доштанд, кашф кард ва барои мусалмонон равшан гардид, ки Саъид дар ҳаққи вай зулм накардааст.

Баъд аз оняк моҳаз ин кор сипарӣ нашуда буд, ки инзан нобино шуд ва дар асное, ки вай дар ин замини худ мерафт, ногаҳон дар чоҳи он афтод. Абдуллоҳ ибни Умар мегӯяд: Мо дар ҳоле, ки писарбача будем, аз мардум мешунидем, ки мегуфтанд: Худо туро чун Урво кӯр созад. Дар ин ҳодиса ҷойи шигифте нест, чун ҳазрати Расули Худо (с) фармудааст: Аз даъвати мазлум битарс, зеро дар миёни даъвати мазлум ва иҷобати Аллоҳ ҳиҷобе вуҷуд надорад. Вақте мавзӯъ чунин бошад, пас агар мазлум Саъид ибни Зайд яке аз ашараи мубашшара (даҳ нафари ба биҳишт мупеда ёфт) ба ҷаннат бошад, чӣ гуна мешавад?!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *