Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Насиҳати модар Ба духтари арҷманд

Насиҳати модар Ба духтари арҷманд

САРСУХАН

Аз ин чандин сол муқаддам сардори яке аз қабилаҳои араб Авф ибн Милҳам қарор кард, ки духтари кадрасаш Умму Инасро ба яке аз пешвоёни қабила ба шавҳар бидиҳад. Зани Милҳам Умома духтарашро ба наздаш шинонда ин насиҳатҳои бебаҳоро гуфта буд.

Духтарҷонам!

Шахсеро барои ба сӯи нек ҳидоят намудан ба вай насиҳат дода мешавад. Агар фарзанди бой будан ё соҳиби хулки хуб доштан кифоя мебуд, ҳоло ман ба ту насиҳат намекардам. Дар асл насиҳат ва тавсия фаромӯшшударо ба ёд меоварад.

Аз ин ҷиҳат насиҳат муфид аст.

Духтари ширинам!

Агар ягон нафар духтар ба сабаби духтари бой буданаш ба шавҳар баромадан мӯҳтоҷ намешуд, туро низ ба домод эҳтиёҷот намемонд. Аммо ҳаёт дигар аст. Мардҳо барои мо, мо барои онҳо офарида шудаем.

Духтарам!

Ба як хонаи мутлақан бегона келин мешавӣ, ҳамсари шахсе мешавй, ки то ҳоло хулқу атволашро намедонӣ. Ту хизматгори ӯ бош, ки ӯ низ ёвари ту гардад.

Фарзандй азизам!

Биё акнун чанде насиҳат диҳамат Нагзакак гӯш андозй ва амал кунӣ зиндагият дар давоми умрат бо роҳат мегузарад. Мобайни туву шавҳарат ҳаргиз вайрон нахоҳад шуд. Дар ин дунё соҳиби бахт гашта, дар охират ба саодати абадия ноил мегардӣ.

  1. Бо каноат бош! Яъне, ҳар он чизе, ки шавҳарат меоварад хоҳ либос, хоҳ хурокворӣ бошад бо мамнуният (хурсандӣ) қабул бикун. Чунки, қаноат ба дил ҳузур — ҳаловат мебахшад.
  2. Суханҳои гуфта шуда истодаро бо диққат гӯш кун ва ҳамеша дар итоат бош. Ба ҳамсарат гап нагардон ва ҳаракат кун, ки бо ӯ ҳамфикру якдил бошӣ. Бо ин ҳаракатҳоят ба ризоияти Ҳақ таъоло муяссар мегардӣ.
  3. Ба ҳар он ҷое, ки назари ҳамсарат меафтад аҳамият деҳ, ҳамин тавр бикун, ки чашми ӯ ба ҳолатҳои ногувор наафтад.
  4. Ба ҳар он ҷойи ашёе, ки эҳтимоли баровардани бӯи бад дорад диққати калон деҳ. Онҳоро ёфта, тоза бикун. Аз хонаат ҳамеша хушбуёт муаттар гардад.
  5. Дон, ки тозагӣ ва латофат ба об вобастагӣ дорад. Ҳама чиз бо об пок мешавад. Дар хона ба тозаву ҳалол истодани об аҳамият бидеҳ.
  6. Вақти хӯрокхӯрӣ ва хоби шавҳаратро дон. Хӯрокро ҳамеша бо одати ӯ ҳозир намо. Барои он, ки дар вақташ хоб равед, корҳоятро дар вақташ анҷом деҳ. Чунки гуруснагӣ одамро дилтанг мекунад, бехобӣ бошад, сабаби хафагарй мешавад.
  7. Он молу мулк ва ҷиҳозҳое, ки дар хона дорӣ эҳтиёт кун — ин кордонии туро нишон медиҳад.
  8. Бо наздикони шавҳарат дар муомилаи хуб бош. Ин нишонаи кадбонуи хуб будан аст.
  9. Сирру асрори шавҳаратро зинҳор ба касон магӯ. Агар ин хел рафтор кунӣ, ӯ аз ту меранҷад. Ба роҳн бевафогӣ даромада рафтанаш мумкин.
  10. Шавҳаратро эҳтиром намо, амрҳояшро иҷро кун, гап нагардон, бар зиддаш ҳарф назан. Агар исён

карда зид бароӣ сабабгори ранҷаш мешавӣ, ҳатто дар

дилаш нисбати ту адоват пайдо мешавад. Вакто, ки ӯ ғамгину хафа бошад,_ту хурсандӣ зоҳир макун, ба ғамҳояш шарик бош. Ӯ хурсанд бошад, ту низ худро

дар ҳамин кайфият нигоҳ дор.

Хуллас:

Духтарам! Ҳар қадар шавҳаратро эҳтиром намоӣ ва дар итоаташ бошӣ, ҳамин қадар ба ӯ маҳбуб мешавй. Ҳар қадар ӯро розй кунӣ, ҳамин қадар муҳаббат мебинӣ. Боз таъкид карда монам, ки ин гуфтаҳои маро дар амал иҷро мекунӣ, дар он ҳоле, ки ризоияти шавҳарро аз ҳою-ҳавасҳоят баланд донй. Насиҳати Умома ба духтараш, аслан ин аз таҷрибаи зиндагии хеш буда, ба ҳар зане, ки мехоҳад бо шавҳараш хотирҷаму боҳаловат зиндагӣ намояд, лозим аст, ки ба ин гуфтаҳо гӯш андозад, дар амал иҷро кунад.

Худованд барои нишон додани кудрати хеш дар дунёамон махлуқоти зиёд офарид. Аз ин сабаб зану мардро ба якдигар мӯҳтоҷ кард, бо ақлу идрок онҳоро шарафманд гардонд, онҳоро аз дигар махлуқотҳо боло монд.

Барои мустаҳкам ва пойдор будани ҷамъиятҳое, ки инсонҳо муттаҳид шуда барпо намуданд, дар байни зану мард никоҳро ҷорӣ кард, барои қонеъ намудани эҳтиёҷашон ба ҳамин роҳ рухсат дода шуд.

Зиндагии зану мард бо ҳамдигар дар асоси никоҳ ба вуҷуд меояд. Никоҳ барои ба вуҷуд омадани қонунҳои олам, ҷамъиятҳои солим, барои хушхулқу зебо будани инсонҳо лозим мебошад.

Муаллифи «Тафсири кабир» ҳазрати Фахрӣ Розӣ ояти «Ва ҷаално байнакум муваддатан ва роҳматан»-ро ин хел тафсир намудааст: «Муҳаббати байни зану шавҳар фақат аз лаззати нафсонй иборат нест. Он муҳаббат бевосита як кайфияте, ки ба лутфи Аллоҳ хос аст. Зеро бидуни лаззати нафсонӣ низ муҳаббат давом додан мегирад. Агар риштаи байни завҷайн фақат аз лаззати нафсонӣ иборат мебуд, он гаҳ шавҳат иштирок мекунад ҷанҷолҳо афзуда, ҷудоӣҳо ба вуҷуд меомад. Бар меояд, ки никоҳи шаръӣ риштаест ва сабаби зиндагии бо муҳаббату муросо аст. Ин чунин ибораи «дар никоҳ каромат мебошад» низ баъди таҷрибаҳо ба майдони ҳакиқат баромадаасг».

Муносибати хубу гуворо байни одамон бениҳоят зарур буда, ҳаёти дунё низ ҳаминро талаб мекунад. Расулуллоҳ (САВ): «Шумо ҳамаи одамонро бо молу мулки хеш хурсанд карда наметавонед» гуфта марҳамат кардаанд.

Олими забардаст Абул Лайс Самарқандӣ дар ин мавзӯъ гуфтаанд: «Инсон зебоахлоку нармсухан бояд шуд. Ба ҳеҷ кас тавалло накунад ва ҳеҷ касро ба руяш таъриф накунад».

Ҳангоми сӯҳбат бо одамони бадахлоқу нопок эҳтиёт бошй. Ҷим истодан низ хатост, гӯё фикри ботим эшонро маъқул донистагӣ барин мешавад.

Ғайр аз ин бо дигарон муносибати хуб доштан, аз бадиҳо дур шудан лозим.

Оё, Ҷаноби Ҳақ ба Мусову Ҳорун «Ба Фиръавн бо суханҳои нарм ҳарф занед» гуфта амр накарда буд?

Оё, мо аз Мусову Ҳорун низ хушхулқем?

Ноил гаштан ба кушодарӯӣ, нармдилӣ дар муносибатҳо байни одамон, албатта ин ба муносибати завҷайн таъсири мусбӣ мерасонад. Бармеояд, ки бо туфайли никоҳ муҳаббати байнайн меафзояд. Иҷро шудани вазойиф аз ҳар ду ҷониб муҳаббатро боз қавитар мегардонад, онҳо ба камбудиҳои майда — чуйда аҳамият надода ҳаёташонро осуда мегузаронанд. Дар акси ҳол дар оқибати нафаҳмидани муомилот аз байни эшон меҳру муҳаббат бардошта мешавад. Сипас, камбудие, ки мисли сӯзан аст ба монанди шутур намоён мешавад, нобовариҳо, зиддиятҳо низ меафзояд (дар байнашон). Доду вой, ҷанҷол рӯз то рӯз зиёд гашта, аз ин гуна хонадон ҳаловат мераваду, имкони осуда зистан намемонад.

Барои ҳамин ҳам зан вазифаҳои хешро бояд донист. Феъли хуи шавҳарашро омӯхта ҳар доим розигии эшонро бигиранд, баъди вафоти эшон бошад онҳоро ба некӣ ёд намоянд.

Яке аз тобеъинҳо Шаъбй ном шахс аз номи қозй Шурайҳ нақл мекунад. Дар сӯҳбате қозӣ Шурайҳ гуфт:

—Эй Шаъбй! Агархоҳиши издивоҷ дошта бошӣ аз қабилаи Бани Тамим хонадор шав, — ва дар бораи хонадоршавияш накл кард:

—Ҳине, ки ҷавон будам ба қабилаи Бани Тамим барои хондани намози ҷаноза рафтам. Вақте, ки баргаштам дар назди дарвозае ба модару духтар чашмам афтид. Духтар беҳад зебо буд. Бо баҳонаи духтарро наздиктар дидан ба наздашон рафта, об пурсидам. Духтар барои об рафт. Баъди нушидани об аз зан пурсидам:

— Номи ин духтари зебо чист?

— Номаш Зайнаб духтари Худайр.

— Ногаҳон ба никоҳам даровардан хоҳам чй мегуед?

— Куфаш (баробараш) бошӣ медиҳем.

Ҷавоби зани пирро шунида карор додам, ки ба ҳамин духтар хонадор мешавам. Бо ҳамроҳии хешовандонам ба хонаашон хостгорй рафтем. Худайр таклифи моро хайрхоҳона қабул кард. Дере нагузашта мо хонадор шудем. Аммо ҳамон рӯзҳо ман пушаймонӣ мекашидам. Сабабаш ин, буд, ки дар бораи сахт будани занҳои ин қабила шунида мондам. Локин, охири корро мунтазир шудам. Вақто, ки шабона ба назди арус даромадам ӯ ба ман гуфт:

«Ҳазратам! Барои ризоияти худо ду ракнат намоз гузоштан ва ба суи Ҳақ илтиҷо намуда некии ҳамсарашро пурсидани домод суннат мебошад». «Ҳа, ҳамин хел » гуфта барои адои намоз хестам. Сипас, бинам, ки ӯ низ намоз мехонд.

Баъд завҷаам ба ман: «Ҷанобам! Ман аз табиату миҷози Шумо бехабар мебошам. Чиро дӯст медореду чиро бад, манро огоҳ мекардед, ман низ барои дарёфти

розигии Шумо ҳаракатмекардам, хизмататонро иҷро менамудам. Шумо ва ман низ бо ягоннафари дигар хонадор шуданамон мумкин буд. Локин ҳукми тақдири ҳазал ҳамин будаст, ки оила барпо намудем. Ин амри илоҳиро бо лутфу карам қабул кунед, амрҳои Ҳақро иҷро намоед. Дуо мекунам, ки худованд ҳар дуи моро

магфират кунад » гуфт. Дар ин асно гуфтам:

«Ҷони ман! Гуфтаҳоят ҳамин қадар

пурмаъноянд, ки агар ба инҳо амал карда тавонӣ ман бахтиёр мешудам. Акнун, аз ман чӣ мехоҳӣ, бигӯ!

— Ба омада рафтани хешовандонам чи мегуед?

— Бардавом омаданашон табъи дилам нест. Гоҳгоҳ биёянд майлаш.

— Бо ҳамсояҳо чи гуна рафтор кунам? Шумо мегуфтед, ман ба гуфтаҳоятон амал менамоям.

—Фалон ҳамсоя одамони хубанд. Бо онҳо рафту омад кардан мумкин, бо фалониҳо бошад гап ҳам назанӣ, рафтуоӣ ҳам накунй, онҳо низ наоянд. Гуфтам ман.

Эй Шаъбй! Ҳамин хел карда духтар корро бо табъи дили ман оғоз кард. Рӯз ба рӯз нисбаташ муҳаббатам афзуд. Аз байн як сол сипарӣ шуд. Рӯзе ба хона оям як пиразан нишастааст ва ба занам «Ин хел кун, он хел макун!» гӯён насиҳат мекард. — Ин кӣ? — Пурсидам.

— Хушдоманатон, — ҷавоб дод завҷаам.

Аҳволпурсй кардам ва ҳурматашро пос доштам.

— Писарам аз занатон мамнунед? — пурсид хушдоманам. Тарбияи хуб доштанашонро гуфтам ва хурсандии беканорамро изҳор кардам.

Писарам занҳо дар ду ҳолат беахлоқӣ

нишон медиҳанд:

  1. Фарзанди нарина таваллуд кунанд (эркагй мекунанд).
  2. Аз шавҳарашон рӯгардонанд. Агар дар занатон ин ҳолатҳо мушоҳида кунед, ба зуди тарбият кунед, — ва суханашро давом дод, — бо қасам гуфта метавонам, ки дар хонаи мард бадтарин ҳолати зан ин бо нозу карашма аз шӯ рӯ тофтанаш мебошад. Баъд аз ман пурсид: — Писарам, хешовандони мо кай метавонанд ба зиёрати Шумо оянд?

— Ҳар вақте, ки хоҳанд, — гуфтам ман.

Хуллас, ҳар сари сол хушдоманам ба хонаи мо ташриф оварда, ба духтараш насиҳатҳои хуб дода мерафт.

Эй Шаъбй! Бист сол дар як бистар сар монда аз вай ягон нуқсоне надидам. Ҳамсоязане доштем. Аз одобу ахлоқ фарсахҳо дур буд. Аз хонаашон ҷанҷолу доду вой канда намешуд. Ҳар гоҳ онҳоро бинам завҷаамро ба хотир меорам ва ин шеърро замзама мекунам:

Мардҳоеро, ки дидам калтак дар даст, Занашонро куфта мезадаст.

Зайнабамро худо нигаҳ дорад,

Хушк шавад агар ба суяш даст бардорам. Оё, бегуноҳро ҳеҷ мекунанд лат? Беайб кӯбем намонад адолат!»

Занҳое, ки тарбия дидаанд, соҳиби хулқу атвори зебо, ба офариниши шеъру мадҳияҳо сабаб гаштаанд. Бадхулқ, бетарбият занҳо бошанд ҳайати осударо намебинанд, дар хотираи одамон таассуроти бад мегузоранд. Аз фикрҳои боло «мардҳо занҳояшонро мекӯбанд, озор медиҳанд, ҳақорат мекунанд, чӣ хеле хоҳанд ҳамин тавр муомила мекунанд, мардҳо ҳақ, занҳо ноҳақ, занҳо мутлақ — дар итоати мардҳост» гӯён хулоса баровардан хатост. Ҳоло он, ки мардҳо низ дар пеши занҳо вазифадоранд.

Минҷумла хӯронидан ва пушонидани онҳо низ вазифаи мардон аст. Мард ба зан беҳуда зулм набояд кард, баъзан лозим ояд сабр — тоқат кунад.

Расулуллоҳ (САВ) фармуданд: «Эмонаш мукаммалтарин ва ахлоқаш зебо муъмин он аст, ки дар хусуси аҳли аёлаш, фарзандонаш бо кибр муносибати дурушт мекунад, ба ӯ ҳақтаоло бо нафрат менигарад». Хуллас, чи хеле, ки зан дар назди мард вазифадор аст, мард низ дар пеши зан вазифа дорад. Мардҳо дили занашонро шод карданашон лозим. Ба онҳо беҳуда зулм накунанд. Ҳатто шариат хонадоршавии золимро макруҳ мешуморад.

Мард бояд занашро ба корҳои хуб одат кунонад, аз бадиҳо ҳифз намояд. Занҳо бошанд, табиатан дар итоати мардаш истад. Модари 4-5 фарзанд бо тарбияи бачаҳо машғул шуда мемонад. Дар ин хел ҳолатҳо мард: «Чаро хӯрок тайёр нест, либосро нагиустӣ, дарзмол накардӣ!» гуфта дашном доданаш, ҳақорат карданаш зулм мебошад.

Золимҳоро худо ва пайғамбар дӯсг намедоранд. Чунки, бо таёқ тарбият карда намешавад, ҳатто ҳайвонотро низ.

«Занҳо амонати худо дар пеши мардҳост «.

Ҷаноби Расулуллоҳ (САВ) муносибати заношуӣро дар ин ҳадиси шариф баён кардаанд: «Занҳо монанди устухони сарисинааст. Ӯро рост кардан хоҳӣ, мешиканӣ. Ба ҳолаш гузорӣ боз ҳам каҷтар шавад. Дар ҳолати каҷиаш аз вай истифода бурдан мумкин «.

«Бо ҷудошавии зану — мард Арш ба ларза меояд «.

«Агар марде ба суи занаш, зан низ ба суи мардаш бо муҳаббат рӯ оварад, Худованд ба суи ҳардуяшон бо назари раҳмат менигарад. Вақто, ки ҳар ду дасти якдигарро фишуранд гуноҳҳояшон аз мобайни кафи эшон мерезад».

Яке аз саҳобагон аз Расули акрам (САВ) пурсидаанд:

— Ё Расулаллоҳ! Нафақаи зан дар зиммаи мард кадомҳоянд?

Пайғамбарамон (САВ) гуфтанд:

— Ҳар чизеро бихурӣ, бояд ба ӯ низ биошомй, либоси нав пӯшӣ, бипӯшонӣ. Ба руи зан назанӣ! Ҳаракатҳои қабеҳро макун ва ӯро аз наздат наронӣ!

Бо ягон айбаш ин корро карданӣ бошй ҳам, дар даруни хонаат кунй!»

«Марди муъмин аз зани муьмина нафрат накунад. Ягон хулқаш маъқул набошад ҳам, бо хулқи дигараш завқманд шудан мумкин «.

Агар мард занашро аз ҷиҳати хӯрок, пӯшок таъмин кунад, атриёту зару зевар гирифта диҳад, аз паи щод кардани дили ӯ бошад, ба ин ҷавобан зан низ хешро пурра ба шавҳар бахшида, итоат кунад, хизматҳояшро дарег надорад.

— Бешубҳа дар ин хел оила меҳру — муҳаббат, осудагии бардавом мешавад. Зеро, модари Умму Инас низ: «Духтарам! Дар хизмати шавҳарат бош, ки ӯ низ ба ту ёвар гардад», гуфта буд.

ҚАНОАТ

Акнун насиҳати Умомаро, ки ба духтараш кардааст, як-як эзоҳ кунем. Насиҳати Увло: «Бо қаноат бош, чунки қаноат ба дил ҳаловат мебахшад».

Модар бо ин суханаш таъкид карда буд, ки духтараш гурусначашмӣ карда дили шавҳарашро аз худ хунук насозад.

Қаноат ба ҳар чизе, ки муҳтоҷ бошад, аз ӯ чини лозимӣ гирифта, ризо шудан, гурусначашмӣ накардан аст. Қаноат як ахлоқи ҳамидаест, ки нафақат ба зану шӯ балки ба ҳама тааллуқ дошта ж ахлоқи зебо мебошад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Чашми нафс сер намешавад». Одаме, ки як сатил тилло дорад, «воҳ боз як сатили дигар дошта бошам мегуяд»

Яке аз шоирони араб низ:

Ба ту ин молу амвол набошад гар кифоя,

Дунё пури мол бошад ҳам, нафси ту бениҳоя,

гуфтааст.

Инро ачдодонамон «Чашми инсонро як каф хок сер мекунад» гуфта дар ҳикмат ҷо кардаанд. Гурусначашмӣ ва балои ҳирсу тамаъ инсонро аз роҳи рост роҳгум, аз ҳаловат дур мекунад.

Шахсе, ки аз пушти ҳавои нафс рафтаасг, аз дунё чи будани роҳатро нафаҳмида мегузарад, ҳеҷ гоҳ он тоифаро эҳтиёҷаш адо намешавад.

Дар қаноат ҳуррият, дар гурусначашмӣ асирй мавҷуд аст. Шахси гурусначашм дар назари дигарон доимо ҳақиру мискин метобад. Умрашро ба ҳою ҳавасҳо сарф мекунад. Қаноат ба суи шарафу иззат, тамаъгирӣ бошад ба ҳақорату зиллат мебарад. Хулқи инсон бо қаноат зебост. Китобҳое, ки дар бораи ахлоқанд, роҳи наҷоти аз болои тамаъ ва бо қаноат шуданро ин хел тартиб медиҳад:

1. Он рисқе, ки Аллоҳ ба такдираш навиштааст — ба ҳирсу тамаъ дохил намешавад. Аммо дар ин бобат низ ҳаракат бояд кард. Фақат аз худо талбида, аз дигарон набояд тамаъ кард.

Набй ном шоир шеъраш, ки ба тарзи насиҳат ба писараш навиштааст, инро моҳирона ифода намудааст:

Дар бисоти инсон чӣ ҳаст, ки

У низ ба додани оллоҳ мӯҳтоҷ аст!

Инсони оҷиз медодагй чй ҳол дорад? Ба ту медодагӣ чӣ мол дорад?

Ҷаноби Ҳақ ба банда бандагонаш неъматҳои беҳисоб ато мефармояд. Одамон як воситаетс, халос. Албатта, дар ин кор сабабҳоро низ ба ҳисоб нагирифтан беадолатист. Аммо агар Худованд намеофарид, сабабҳо ба чӣ кор меомад? Худоро як сӯ монда ба сабабҳо часпидан чи манфиат дорад?

Ҳазрати Маъруфи Карҳӣ рӯзе, аз пушти як имоми ношинос иқтидо карда, намоз гузошт. Баъд аз намоз имом аз ӯ:

— Шумо кистед? Аз куҷо менушеду, меошомед?

— гуфта пурсид. Ба ин савол ҷавобан ҳдзрати Карҳӣ:

—Исто, исго! Аввал ин намози дуракаате, ки бо имомии ту гузоштам аз нав хонда гирам. Зеро, он касе, ки аз куҷо омадани ризқ шубҳа дорад, аз Холоиқ низ шубҳа мекунад. — Гуфтаанд.

Қаноат роҳи пайгамбарон ва ҳавлиёгон

мебошад. Аз ин сабаб низ бо қаноат бояд шуд. Барои як лаҳзаина аз пушти ҳирсу тамаъ шуда, хароб кардани охират кори инсони боақл нест. Қаноат ин аз ҳама хоҳишоти муваққати нушидан — ошомидан худдорӣ кардан аст. Дар роҳи қаноат дар вақти маълум аз хоҳишоте, ки мисли ошомидану нушидан

лозим меояд, худдорӣ ва сабр кунад. Ин бошад мисли доруи талху аммо шифобахш барин аст. Яъне аз маризҳое, ки аз сабаби ҳирсу тамаъ ба вуҷуд меояд ба воситаи қаноат наҷот ёфтан мумкин.

2. Неъматҳои дар дасг доштаашро бо нақша харҷ намудан шарти дувуми қаноат шуморида мешавад. Аз исрофкорӣ сахт худдорӣ бояд кард. Ин тоифа шахсон барои парвариши фарзачдон ба дигарон мутеъ намешаванд, дуруғ намегуянд, хушомад

намекунанд, аз балои ҳирсу тамаъ халосй меёбанд,

Доимо ба эҳтиёт шуда сарф кардан кушиш кардан лозим. Дар ин бора дар ҳадиси шариф: «Шахсе, ки мулкашро бо эҳтиёт сарф мекунад фақир намешавад» гуфта шудааст.

Агар чени курпа по дароз карда нашавад, бо ашёҳои ночиз ҳуда — беҳуда пул сарф шудан гирад, дари исроф ва хароҷот калон шуда меравад, ҳар ҷое, ки исрофкорӣ бошад, он ҷо боигарӣ намешавад. Пул ёфтан мушкил сарфа карда11 бениҳоят осон асг. Пули ҳалол ёфтан ба монанди он, ки як санги калонро ба куллаи кӯҳ баровардан аст, сарф кардан бошад, ҳамон сангро аз боло ба поён тела додан барин. Ҳазрати Абубакр (р.а.): «Оилае, ки хӯроки якрӯзаро дар як рӯз хурад, аз он оила кафратмекунам»гуфта будаанд. Як шоири араб:

«Ба пулат дилат бисӯзад, онро исроф макун, чӣ хеле, ки қуввати чаиш аз гавҳарак бошад, қуввати инсон бо пулаш аст» гуфта аз исрофкорӣ манъ мекунад.

Дар ин маврид боз як чизеро илова бояд намуд, ки боз исрофкорӣ накунам гӯён нахурдаву напӯшида ба роҳи пулёбй даромада рафтан низ ноҷоиз аст. Инро хасисӣ, зихнагӣ меноманд. Зеро, буридани насибаи кӯдакон хатост. Зане дар гузангга ба маҳкама аз болои шавҳараш шикоят карда гуфтааст, ки ӯ рӯзгорро таъмин намекунад. Шавҳарашро ҷеғ зада сабабашро пурсиданд.

— Ман ҳадцал имкон таъмин мекунам. Лекин завҷаам бисёртар мехоҳад. Ман бошам аз ин зиёд ёфта наметавонам. — Гуфт шавҳар.

— Хуш ту ба чӣ қодир ҳастӣ? — пурсиданд.

— Ҷаноб, ман бисёр-бисёр об меоварам, занам бошад нон ҳам биёр мегӯяд.

Агар инсон ингуна рӯзғор ҷунбонад, ба ин нафақат зан, балки қорию ҳокими мамлакат низ розй намешавад. Ҳазрати Пайғамбар (САВ): «Савоби пули сарфшудае, кы ба аҳли аёл ва фарзандони хеш, аз садақае, ки ба дигарон дода шудааст, начандон бисёр

мебошад», гуфта марҳамат кардаанд.

Ҳасани Басрӣ (р.а) низ гуфта будаанд: «Тадбир ва идораи зебо нисфи фоида аст. Пули каме, ки дар мавридаш исгифода шудаасг, беҳ аз пули бисёре, ки ба исроф сарф карда бошад». Афлотун бошад: «Хасисӣ накарда харҷ намудани пул (дар мавридаш) аввали доногист», гуфта буд.

Духтари як шахси исрофкор ба падараш ин қабил суханҳоро гуфта буд: «Падарҷон! Агар Шумо пулро (дар маврид) сарф карданро медонистед, фарзандонатон ба ҳеҷ чизмӯҳтоҷ намешуданд. Шумо

ҳуда беҳуда ба дигарон ҳадяҳо мекунед. Пулатонро дар даст нигоҳ доред. Вақте, ки мо мӯҳтоҷ ишвем ба пул — амволи дигарон чашм медузед. Оқибати ин кор хайр надорад. Аз хотир набароред!»

Як шахси бой ба хотири он фикре, ки одамон сахт гӯянд ҳамаро зиёфат кардан гирифтааст. Барои меҳмонон падар пои гов, шутур, гӯсфанд ва ғайра забҳ менамуд. Шӯҳрати онро шунида ҳама ба хонааш мешитофтанд. Чи хеле, ки мегӯянд «хоб карда хӯрӣ, кӯҳ токат намекунад». Охир ба охир мизаш холӣ шуд. Ба пешвози одамон баромада духтараш гуфт: «Айб нашуморед. Падарам Шуморо меҳмон карда наметавонад».

Ҳамин хел бо исрофкорй сарф кардагй касона оқибаташон вой аст.

Дар замонҳои гузашта аз барои он, ки ба аҳволи ногувор дучор наоянд хароҷотро боэҳтиёт мекарданд. Онҳо саҳар шавҳарашонро гусел карда истода мегуфтанд: «Зинҳор ба зинҳор пули ҳаром кор накунед. Ба гуруснагӣ сабр мекунему ба оташи дӯзах тоқат надорем».

Бо он зане, кн ёфтагии шавҳарашро дар як лаҳза нест мекунад зиндагй кардан басо душвор аст.

Исрофкор зан ба марди исрофкор наметавонанд зисг. Чунки ду дарахти каҷ ҳеҷ гоҳ пайваст намешаванд.

Маслиҳати исрофкор асло рост намеояд. Зиндагӣ кардан бо зане, ки ин гуна табиат дорад монанди азоби дӯзах асг, беҳад нозанин бошад ҳам …

Дар замонамон шахси зангир агар бой бошад ба ҷиҳати дигараш аҳамият намедиҳанд. Имрӯзҳо одамҳо боигариро дар сафи аввал мемонанд. Ҳоло он, ки Умома ба духтараш калиди саодати абадияро мехост. Аввало қаноатро тасия намуда буд.

ИТОАТ БА ШАВҲАР

Насиҳати дуюми Умома ин буд: «Гӯш кун ва дар итоат бош».

Ба зан лозим меояд, ки агар ба дину эмонаш зид набошад дар ҳама кор ба шавҳараш итоат кунад. Зеро, ҳаққи шавҳар дар болои зан бисёр аст.

Расулуллоҳ (САВ) «Шавҳарашро розӣ карда тавонистагӣ зан аз дунё гузарад, дохили ҷаннат мегардад». — гуфтаанд. Бо ин ҳадиси шариф пайгамбарамон (САВ) ба занҳои итоаткор хушхабари абадиро башорат мекунад. Ва дар ҳадиси дигар: «Агар зане панҷ вақт намозашро гузорад, рӯзаашро бигирад, номусашро эҳтиёт карда ба шавҳар итоат кунад дохили ҷаннат мегардад», боз «Агар саҷда кардани инсон ба инсон мумкин мебуд, мефармудам, кизанҳо ба шавҳараьион саҷда кунанд (бо сабаби ҳаққи мард дар болои зан) « гуфта марҳамат мекунанд.

Акнун чӣ қадар бузург будани ҳаққи мардро як таффакур кунед. Мусулмони ба итоати заи ба шавҳараш ҳамин қадар аҳамияти калон додаасг, ки ҳатго бе иҷозати шавҳар зан наметавонад рӯзаи нафл гирад. Нафақат ба кӯчаю бозор баромадан, балки ба роҳи масҷид рафтан низ зан аз шавҳараш рухсат пурсидан лозим. «ба он зане, ки бе рухсати шавҳар ба кӯча баромадааст, то бозгаигг ба ӯ фариштагон лаънат мехонанд». Гуфтаанд Расулуллоҳ (САВ) дар ҳадиси дигаре.

Рӯзе занҳо ҷамъ шуда, аз байнашон вакила интихоб намуда ба назди Расулуллоҳ (САВ) фирисгоданд. У рафта пурсид: «Мо занон ба баъзе корҳои мардон ёрӣ мерасонем. Ба мо низ аҷр аст?» Расули Акрам (САВ) посух доданд: «Ба ҳар зане, ки вомехурӣ, бигӯ: Ба илавҳар итоат намудан ва фаҳмида ҳаққашро адо намудан ҷиҳоди занон мебошад. Фақат инро қисмати ақалли Шумо медонед!» (Рифояти Табаронӣ).

ХУЛОСА

Биноан ба амри Худо итоати шавҳар дар ҳама кор шарт аст. Барои ноил шудан ба ризояти Худо ва барои зиндагонии зебо гузаронидан зан бояд ба суханҳои шӯ бо диққат гӯш андохт ва амрҳояшро дар вақташ иҷро намуд.

Адабиётшиноси машҳури араб Асмуй рӯзе дар кӯча рафта истода ба зану шавҳар во мехӯрад. Зан бениҳоят зебо, мард бошад беҳад безеб буд. Асмуӣ ба зан:

— Эй хонум! Чаро бо ин қусну ҷамолат ба ин каси бадруй шавҳар баромадй, бо ӯ чй хел мезий? гуфт.

— Ҷим бош эй аҳмақ! Чаро фикр накарда гап мезанй?! Эҳтимол шавҳарам розигии худоро ёфта бошад, ки худованд ба ӯ мисли ман хонуми зеборо ато кардаасг. Балки Худо мани зеборо ба хотири ягон гуноҳам ба ин кас раво дида бошад. Мо тақцири илоҳиро намедонем ва ба ӯ дахолат карда наметавонем» — ҷавоб дод зан. Зане, ки такдири илоҳиро мефаҳмад бениҳоят бахтиёр аст… Дигар як тоифа занон «Ман бой, зебо ҳасгам» гуфта ба шавҳар итоат намекунанд. Шавҳар бошад, барои он, ки оила вайрон нашавад, фарзандоша фикр карда сабр мекунад; Ин тоифа занон дар назди худованд барои амалҳояшон ҷавоб медиҳанд. Расулуллоҳ марҳамат карда гуфта будаанд: «Дар боби итоат ҳақи мардон дар’боло занон ба монанди он, ки ҳаққи ман дар болои Шумо».

Инсон вазифаи худро дарк намояд зебо мешавад ва баръакс бошад бадрӯ. Зану мард бояд вазойифе, ки дар зиммаашон ҳаст, фаҳамаду иҷро бояд кард. Агар мард вазифаи худро иҷро накунад ё зан эрод гирифта акси корро кунад — ин фазилати хуб нест. Балки бо муомилаи хуб фазилати аъло мебошад. Дар ҳадиси шариф: «Зан агар ба зулми шавҳар бо сабр тоқат кунад, худованд ба вай савобе, ки ба ҳазрати Осиё насиб гашта буд, ато мекунад», гуфта шудааст.

Барои ноил шудан ба ин фазилат доимо ба некй ҳаракат бояд кард, ба суханҳои қабеҳи шавҳар эътибор набояд кард.

ПОКИЗАГИ

Дар қисми сейум ва чоруми насиҳатҳо инҳо таъкид карда шуда буд: «Ба ҳар он ҷое, ки назари ҳамсарат меафтад аҳамият деҳ, ҳамин тавр кун, ки чашмаш ба ҳолатҳои ногувор наафтад.

Боз ба ҳар он ҷой ёашёе, ки эҳтимоли баромадани буи бад дорад диққати калон деҳ. Онҳоро ёфта тоза бикун. Аз хонаат ҳамеша буи хуш муаттар гардад «.

Зан доимо хонаашро, худашро ва либосҳояшро бояд покиза дошт, аз ҳолатҳое, ки дили шавҳарашро бехуд мекунад худдорӣ намояд. Покизагиро ҳама нағз мебинанд. Ҳатто ҷоҳилтарин инсонҳо низ ба ҷойҳои пок нигариста завқ мегирад. Ифлостарин инсон низ аз дасги нопоке таом истиҳолан мекунад, барои ҳамин занҳо ба тозагӣ бояд эътибор диҳанд. Расулуллоҳ (САВ): «Беҳтарин занҳо Шумо он ҳаст, ки хешро покиза дошта, бо буи хуш муаттар мекунад», — гуфтаанд. Аз ин ҳадиси шариф бар меояд, ки занҳо барои сазовор гаштан ба муҳаббати шавҳарашон ба онҳо лозим меояд, ки хешро покизаву муаттар нигаҳ

доранд.

Занҳоро дар назди шавҳарашон худашонро оро доданашон аз назари такво хато нест. Барои маъкул шудан ба шавҳар танҳо зебогй камӣ мекунад. Кутоҳтар гӯем, зан дар назди шавҳар бояд либоси покиза пушад, аз нопокиву бадбуи дур бояд шавад.

Инро ба қисмҳо ҷудо кунем:

  1. Суханони шавҳарро бояд гӯш кард.
  2. Ба ҷаҳонбинии шавхар зид набарояд.
  1. Шавҳар хурсанд бошад хурсанд шуданаш, ғамгин бошад ғамгин шуданаш даркор.
  2. Вақге, ки шавҳар аз кӯча (аз кор, аз бозор, аз сафар) бар мегардад зан ӯро бо табассум ва хешро оро дода бояд пешвоз гирифт.

Дар китоби «Туҳоратул арус» ин хел фикрҳо ҳаст:

«Занҳо ба назари шавҳар хешро бо либосҳои чиркину ифлос набояд нишон дод. Худашонро доимо покиза ва зебо нишон диҳад. Дандонҳояшонро тоза карда либосҳои тоза пушида, ба баданашон буи хуш мемоланд «.

ХУЛОСА

Хуллас занҳоро дар пеши шавҳарашон худашона орову торо дода, зебу зиннат карданашон лозим. Аммо баъзе зиннатҳоро маърифати шарқиамон иҷозат намедиҳад:

  1. Муи изофа (парик) бофтан манъ аст. Ба он зане, ки парик мепушад раҳмати Худо нашавад, гуфтаанд. Зотан муи изофа ё парик аз толаҳои сунъӣ ё ки аз муи сари мурдае ҳозир карда мешаванд. Эҳтимол аз ин нопоктар амал набошад.
  2. Ба ҳар зан лозим асг, ки аз пушти муд давида ба матоъҳои бемаънӣ пули калон сарф накунад.
  3. Орову торо зебу зиннат карда ба кӯча баромаданашон мумкин нест.

Он кимёҳои косметикие, ки имрӯз истифода бурда мешавад, ба пӯсг, инчунин ба саломатӣ низ

зарар доштааст. Маърифати шарқӣ аз он чизе, ки ба

саломатӣ зарар дорад манъ мекунад. Худ қазоват кунед он занн шарқие, ки тамоман аз косметикаи кимёвӣ исгифода набурдааст руяш дар пиронсолй низ бо нур мемонад. Истифода барад, баръакс бенур…

  1. Расулуллоҳ (САВ) «Он мардоне, ки либоси занҳоро пӯшида ё зане, ки либоси мардона пӯшидааст аз раҳмати худо дур бод», гуфта дуои бад карда будаанд.

Ин гуна либоспӯшӣ ба ҷамъият зарар меоварад. Мард мардона, зан занона бояд либос пӯшид. Ин вазифаи илоҳӣ бар эшон аст.

  1. Занҳо танҳо барои ба даст даровардани дили шавҳараш хешро зебу зевар кунад, оро диҳад. Аз ин номаҳрамон набояд баҳра барад.

ДИҚҚАТ!

Аксарияти занон ба тую — сур ё сайр либосҳои хушу зебоашонро пӯшида мераванд, аммо дар хонаашон ба худашон аҳамият намедиҳанд. Аз кӯча баргаштан ҳамоно либосҳои кӯҳнаашонро мепӯшанд. Ҳаминро аз хотир набояд баровард, ки шавҳарашон дар кӯча чандин зебопӯшҳоро дида бар мегардад, дар хона низ занаш ӯро бо табассум бо ширинзабонӣ бо либосҳои тозаву озода пешвоз гирад, каме бошад ҳам рӯҳаш ором меёбад. Ҳазрати Умар (р.а) гуфта будаанд: « Ман завҷаамро бо се сабаб дӯстмедорам. Улибосҳоямро мешӯяд, фарзандонамро тарбият мекунад ва ӯ ҳиҷоб ҳаст мобайни ману гуноҳ. Ман дар сояи ӯ гуноҳ намекунам». Занҳо дар хона либосҳои наву тоза пӯшида шавҳарашро аз гуноҳ боз дошта, садди роҳ шуда метавонанд, ки шавҳарашон ба бегонаҳо назар наандозанд. Зан зебу зевареро кунад, ки ба шавҳараш низ маъқул ояд. Агар ризогии шавҳар як сӯ мондй, аз пушти муд ва либоси қимматбаҳо давад аз ин амалаш ҳеҷ манфиате намеёбад. Ҳам дили шӯ, ҳам дили худро хунук мекунаду халос. Ғайр аз ин зан ним бараҳна шуда ба кӯча барояд, албатта одамҳои бомаданият ба онҳо бо нафрат менигаранд. Фақат ду-се нафар авбошон ба мақсади аҳмақ кардан гап партофтанашон мумкин. Лекин онҳо низ ба ин гуна нимбараҳнагон хонадор шудан худдорӣ мекунанд. Зане, ки хешро бо иффат мешуморад дар зиндагӣ ҳаловат бурдан мехоҳад худ як қазоват намояд.

Мардҳои ҷасуру магрур ба нимбараҳна гаштани занҳояшон дар назари бегонаҳо чи гуна тоқат кунанд? Занҳои Андалусим, ки ҳини истилои испанҳо ба

Андалус барои ҳимояи номусашон маргро афзал дониста буданд, ин барои занҳоямон воқеаи ибратӣ мебошад.

Аз он зане, ки номусашро пок нигоҳ надоштаасг, ҳар чанд зебо бошад ҳам аз ӯ шавҳараш нафрат мекунад. Онҳо дар як лаҳза ҷӯдо шуданашон мумкин.

Ҳаёву иффат монанди тоҷест, ки дар сари шоҳ.

Аз духтари Арасту пурсидаанд:

— Зеботарин чиз дар занҳо чист?

— Сурхие, ки аз ҳаё дар рӯяшон пайдо мешавад (аз шарм сурх шудани рӯй), — посух дод ӯ.

Боз ба мавзӯъамон гардем. Тозагӣ танҳо зарфу табакҳоро ё ки либосҳоро шустан нест, балки чизи

тозаро низ эҳтиет карда иокиза нигоҳ доштан аст. Монанди мургобӣ набояд шуд, зеро вайро як пояш дар обу як пояш дар ботлоқ мебошад.

Хусуеан занҳоро лозим аст, ки гайр аз хонааш боз ошхонаро покиза нигоҳ дорад. Баъди хӯрок хӯрдан зарфҳоро ба зудӣ бояд шуст. Ошхона ки будани соҳибхоназанро нишон медиҳад. Дар қадим хостгорон ошхонаи келиншавандаро аз назар мегузарониданд.

Зане, ки ба тозагй риоя мекунад, албатта ба тарбияи фарзандон низ аҳамияти калон медиҳад. Зеро, ба онҳо дар овони атфолиашон чӣ ёд диҳанд дар ҳамон руҳия калон мешаванд. Лозим аст, ки ба онҳо одоби таомхӯрй дасту рӯ шустану дандон тоза кардан ва тарзи либоспӯширо волидайнашон ёд

диҳанд. Агар ба онҳо (ба фарзандон) волидайни эшон ин одобҳоро ёд надиҳад, ки ҳам ёд медиҳад? Ғайр аз ин фарзандро аз хулқи бад мисли беодобӣ, ҳасад, ғайбат, якравӣ боз дорад.

Падару модар аз таълиму тарбияи фарзанд бояд бохабар бошанд. Ба ӯ чӣ ёд медиҳанд, чӣ таълим медиҳанд тез-тез тафтиш карда истанд.

Занҳо саҳархезиро бояд одат кард. Вагарна аз хайр ва баракоти саҳар маҳрум мешаванд. Онҳоро лозим аст, ки фарзандонро низ дар субҳ бедор намоянд. Хоби офтоббаро барокотро бардошта, ба

тангдастӣ дучор мекунад.

Вазифаи асосии зан бо тарзи зебо идора кардани умури хона, тарбияи фарзанд, бо ҳамсояҳо муомилаи нек кардан, ҳаққи шавҳарро донистан аст.

Баъзе занон агар ба дасташон чор — панҷ танга афтад такаббур шуда мемонанд, дӯстони деринаро аз хотир мебароранд, ба онҳо беписандй муомила мекунанд. Пайғамбарамон дар бораи дониш гуфта буданд: «Бо маглуб кардани ҷаҳолат ахлоқи ҳамида ва донииг ҳосил меишвад «.

Модарамон ҳазрати Оиша хизматгори бадхулқ дошт. Баъди вафоти ӯ, модарамон бисёр ғамгин шуданд. Пурсидаанд:

— Чаро ин қадар ғамгинед?

— Марҳум соҳиби хулқи бад буд. Ба хатти ҳаракатҳои бади ӯ нигариста сабр мекардам, савоб меёфтам. Имрӯз аз ӯ савоби сабр ҷудо шудам. Бо ҳамин маҳзунам, — ҷавоб доданд Оиша (р.а).

Соҳиби хулқи хуш монанди Пайғамбарон ва авлиёҳо ҳастанд. Соҳиби хулқи бад бошад монанди ҳайвони ваҳшӣ. Бадтарин хулқи инсон ғазаб аст. Вақте, ки ғазаб ояд инсон ба қиёфаи ваҳшй даромада, ки буданашро аз ёд мебарорад. Ширинсуханй, меҳрубонй бошад акси ғазаб аст. Имом Шофй: «Он корҳое, ки сиёсат ҳалли худро наёфтааст, бо ширинсуханӣ иҷро карданмумкин», гуфтаанд.

ТОЗАГИИ ХОНА, ХӮРОКХӮРӢ ВА ХОБ

Насиҳати шашуми Умома ин буд: «Ба вақти хӯрокхӯрӣ ва хоби шавҳарат аҳамият деҳГ.

Вақте, ки Умома ба духтараш ин гуна насиҳат мекард, дар асл калиди бахтро ба ӯ дода буд.

Дар ҳақиқат ҳар кор вақти иҷрои худ дорад.

Хӯрокхӯрӣ ва хоб ҳам вақти худ дошта агар ҳар дуи

инро ба тартибу реҷа дароварда тавонем ба ҳаловат муясеар мегардем. Ҳар кор меъёри худ дорад. Масъалаи тори тортанакҳоро, чанги кунҷакҳоро дар охир гирифтан ё ки дар либосшӯй бо матоъи сафед рангдор матоъҳоро бо ҳам карда шустан ноҷоиз аст.

Бофаросат, боақл соҳибхоназан бошад дар мудцати кӯтоҳ бошад ҳам хурокашро ҳозир карда метавонад ва вақти хӯрокхӯрии шавҳарро нағз медонад. Бефаросат зан бошад ҳарчанд ҳама лавозимоти зарурӣ муҳайё бошад ҳам аз саҳар то бегоҳ ҳеҷ хел хӯрок ҳозир карда наметавонад. Ба замми ин агар ӯ соҳиби як — ду нафар фарзанд бошад, тамоман аз ӯҳцаи кор намебарояд, саросема шуда монда, ҳатто вақти рӯймолбандй намеёбад.

Аҳволи шавҳари ин гуна занро тасаввур кардан мушкилие надорад. Вақти шом аз кор монда шуда меояд, ҳамон аз хӯрок дараке нест. Шавҳар ва фарзандон «хӯрок пазад мехӯрем « гуфта то хуфтана интизор мешаванд, вале аз хӯрок дарак нест. Кай хурда, кай мехобанд онҳо? Дар ин хел ҳол муҳаббат зарар мебинад. Қаҳраш меояд. Боз ин ҳолат дар моҳи рамазон мебошад? Барои ҳамин Умома ба духтараш:

«Вақти хӯрокхӯрӣ ва хобро таъкид накун!» гуфта буд.

МУҲОФИЗАТИ МОЛ

Умома дар насиҳати ҳафтум ба духтараш гуфта буд: «Молу мулки ҷиҳоз ва ашёҳои хонадонро эҳтиёт намо!»

Агар дар дунё хоҳем, ки фарзандонамон нигарони дасти дигарон нагарданд, албатта меҳнат бояд кард. Аз ин хотир инсон эҳтиёҷ ба мулк дорад.

ХУЛОСА

Табиаташ ба ҳама мақул, худашро дар ҳама ҷо идора карда метавонистагӣ, соҳиби хулқи ҳамада касон қатӣ сӯҳбат оростан худаш як роҳат. Агар аз ҳамин гуна одамҳо дӯст ёбед, Шумо низ оҳиста-оҳиста яктанимта одатҳои бадатонро тарк мекунад. Барои ҳамин соҳибхоназан низ бо ҳамсояҳои ахлоқан пок рафту ой кунад, аз бадҳояш дури ҷӯяд.

ҲИКОЯТ

Дар яке аз хояадояхоя бойтарини Истамбули қадим хизматгор духтаре будааст. Ҳеҷ как асли ӯро ҳатто напурсидааст ҳам:

Рӯзе хизматгордухтар гуфтааст:

—Хонум, як апаи бемор дорам, ичозат диҳед аз ошхона тарбузе гирифта ба аёдаташ равам.

— Соҳибхоназан ҳеҷ фикре накарда рухсат додаасг. Ӯ вақте, ки ҳеҷ чизро пай набурда бо дили соф хизматгорро мегуселонд, баногоҳ духтар пешпо хурда галтид, тарбуз аз дасташ ғалида кафид ва аз даруни тарбуз… тамоми ҷавоҳирот — тилловории хонадон баромад. Маълум мешавад, ки духтарак ба боварй даромада тамоми боигарии хонаро дуздидани будааст. Хонумҳои хонадон корҳои рузгорро ба ҳар шахси тасодуфй бовар карда насупоранд.

Зани шоҳи Франса Шарлман новобаста аз он, ки зани шоҳ аст, тамоми корҳои рӯзгорро худаш иҷро мекардааст. Рӯзе ӯ аз ошхона дуздида шудани гӯштиду мурғро фаҳмида мондааст. Дар ин бора ӯ ба худи Шарлман арз намуд ва талаб кард, ки шоҳ ҳамаи хизматгоронро ҷазо бидиҳад. Нависандагони Овруно дар образи Шарлман хонуми оқилаю порсоро мебинанд.

Мулки туро бегона ҳеҷ қацр намекунад.

Қадри зарро заргар бидонад.

ҳиқоят

Марде бо ҳазор машақкат аз кӯҳ ҳезум чида меовардаасг. Зан бошад ба ҳамсояҳо бе ҳеҷ пурсупурс тақсим мекардааст. Рӯзе шаваҳар занашро низ ҳамроҳ гирифт, ӯ низ ҳезум чид ва чи қадар вазнин будани ин корро ҳис намуд. Вақте, ки ба хона бар гаштан ҳамсояҳо боз ҳезум талбиданд. Зан ба онҳо гуфт:

— Аз ҳезуме, ки худам овардам, намедиҳам, ба ҳезуми шавҳарам бошад даст намерасонам. Равед ҳезум даркор худатон чида оед.

НАТИҶА

Соҳиби тадбир будани занон ҳам ба худашон ҳам ба хонадон фоидаи калон меоварад. Ин гуна хислатҳои хубро ба духтарон низ онҳо бояд ёд дод. Эҳтиёт шудан аз исрофкорӣ ба оила ҳаловат мебахшад, Он хонадоне, ки занҳояш оқилаву порсову гадбиркор аст монанди ҷаннат ва агар акси ин бошад

ҷаҳаннам мебошад. Дар ин ҷода дониш ҳам му\им аст.

Вақте, ки Ҳазрати Аҳмад Ҳаибал хоҳиши издивоҷ кардаанд, аз он кас пурсиданд:

— Фалони ду духтар дорад, лекин кеашро чашмаш каҷтоб. Аҳмад Ҳанбал:

— Кадомаш бо дониш асг? — гуфт.

— Чашмкаҷаш, ҷавоб додаанд.

Имоми бузург ба ҳамон жухтари чашмғилай хоҳиши издивоҷ намуд.

ҲИҚОЯТ

Ҷавоне хоҳиши хонадоршавй кард. Лекин ягон духтар аз имтиҳони вай нагузашт. Билохира духтаре, табиати (характер) ӯро омӯхт. Баъд аз санҷиш гузашта ҳар ду оила барпо намудаанд.

Дар рӯзи аввали хонадоршавӣ ҷавон дар халтачае қаҳва овард. Арус халтачаро оҳиста ба зарф холӣ намуд ва халтаву риштаро эҳтиёткорона гирифта монд. Ҷавон сабабашро пурсида буд, арус ҷавоб дод:

— Хоҷаам! Дар рӯзгор ҳолатҳое мешаванд, ки рӯзаш омада ҳамин риштаву халтача низ лозим шуда мемонад. Лё, санги даркорӣ вазнинӣ мекунад?

Аз дили шавҳар ин фикр гузашт: «Худоро шукр, ман ҳамин хел ҳамсар мекофтам». Ҳамин тавр карда ҳар ду бо фароғат зиндагӣ огоз намуданд.

Аз йн ҳикоят хасиси фаҳмида намешавад. Хасисӣ дигар чизу, эҳтиёткорӣ дигар. Мисол хасисиро аз ин ҳикоя бихонед.

ҳиқоят

Хасисе буд. Ҳатто барои ошомида нӯшида гаштани худ низ зиқнагӣ мекардааст. Доимр ним гурусна, нимсар мегаштааст. Рӯзе ӯро ба зиёфат даъват намуданд. Дастархон пур аз неъматҳои гуногун. Бечора хасис хӯроки бепулро, то кафидана мехӯрад. Меъдае, ки ба ин гуна хурдан одат накарда буд зуд бемор мешавад. Охир табиб даъват карданд.

— Меъдаатро холӣ накунем, мемурй, — фаҳмонд табиб.

— Не, не, табибҷон! Мурам майлаш, локин хурдагияхоям дар шикамам истад. Ман аз баҳри ин таъомҳои болаззат баромада наметавонам, — гуфтаасг хасис.

Чӣ бошад ҳам табиб ба ӯ ёрдам карда тавонисгаст.

Боз хасисе бемор шуд. Табиб ба ӯ сабусхӯриро фармуд. У аз сабус шифо ёфт. Баъдан ӯ ҳамаи ахли байташро маҷбур хӯред. Ҳам арзон, ҳам шифо!

ХУЛОСА

Зане, ки аз ғайбат холй нашавад, дӯхтану дарзмол кардана натавонад, фарқи оши палавро аз шавла надонад, хӯрокпазиро дурусттар нафаҳмад, аз дасташ ҳеҷ чиз наояд, албатта ба ин гуна зан хонадор шудам рӯзгорам обод шавад гуфтагӣ мард розӣ намешавад.

Барои он, ки соҳибхоназан исроф накунад ба ин қоидаҳо амал бояд кард:

Ба пӯсида нест шудани сабзавоту меваҷот ҳаргиз роҳ надиҳад.

  1. Хӯрокро вайрон накарда ҳифз намояд.
  2. Истеъмоли нонҳои сахтро ба роҳ монад, ҳаргиз ба ахлоқ напартояд.
  3. Дар либоспушй аз пуигги мӯд надавад.

МУОМИЛАИ НЕК КАРДАН БО ХЕШУ ТАБОР

НАСИҳАТИ Ҳаштуми Умома ба духтараш ин буд: «Ба хеиювандони шавҳарат бо некӣмуомила кунГ

Муомилаи некӣ нафақат дар байни завҷайн, балки дар байни тамоми инсоният муҳим аст. Дӯсти дӯсгатро низ ҳурмат бояд кард. Ҳамин тавр дар байн риштаҳои рафоқат мустаҳкам мегардад. Имом Ғазолй дар ин бора мегӯянд: «Риоя кардани ҳаққи дӯст, дӯспш дӯст, наздикони дӯст амали босавод аст Ин ба дӯсти вафо шуморида мешавад..

Дар байни ду дӯст ин қадар ҳақ бошад, риоя намудани ҳаққи хешовандони дӯстҳои шавҳар чи қадар бошад?

Абдулло ибн Умар мегӯяд: Зане доштам, ба ман маъқул буд, лекин ба падарам хуш наомад. Ҳатто падарам хост, ки мо ҷудо шавем. Масъаларо ба Расулуллоҳ (САВ) расондам. Расулуллоҳ (САВ) фармуданд:

— Эй ибн Умар! Аз вай ҷудо шав!

Имом Ғазолӣ ин қиссаро нақл карда: «Зан агар ба хешовандони ишвҳарашмуомилаи бад кунад, онҳоро ҳақорат кунад, гунаҳкори сахт мешавад«, гуфтааст.

Ҳаққи падару модар бузург аст. Хусусан, ҳаққи модар. Аз Расулуллоҳ (САВ) пурсиданд:

— Ба кӣ некӣ кунам?

— Ба модарат. Ин савол се бор такрор карда шуд, се бор низ Расулуллоҳ «ба модарат некӣ кунГ гуфтанд.

Боз як саҳоба аз Пайғамбарамон (САВ) пурсид.

— Модарам пир шуд, хизматашро мекунам, хӯрокашро мехуронам, таҳорат мекунонам ҳаққи модарияш дар ман монда бошад?

Расулуллоҳ (САВ) гуфтаанд:

—Не аз сад якеашро низ адо карда натавонистӣ. Вақте, ки кӯчак будӣ модарат хизмати туро кард, бемор бошӣ, ба ҳар сӯ давид, ки ногаҳон мурда намонӣ. Ту бошӣ мунтазирӣ мурдани ӯ шуда хизмат мекунӣ. Имкони ҳакқи ӯро адо кардан номумкин аст. Ҳамин хел бошад ҳам дар хизмат давом кун.

Худованд инсонҳоро ҳатто дар назди волидан «уф» гуфтан манъ кардаст.

Ҳазрати Алй (р.а) мегӯяд:» Агар калимаи «уф»ро дигар истилоҳаш мешуд, худованд ӯро низ манъ мекард.

Савол пайдо мешавад, ки агар падар ё модар ба роҳи бад бифармояд иҷро карда мешавад ё на? Ҷавоб ин асг: Онҳо фармудагӣ амрро ҳаром буданаш тасдиқ карда шавад, иотат намекунад.

Ба фарзанд лозим асг, ки агар волидон мусулмон набошанд ҳам, аз хӯроки онҳо хабардор шаванд, тез-

тез зиёрат карда истанд.

Мардро мард мекардагӣ, номард мекардагӣ ҳам

зан мебошад. Шахсе чанд дафъа хонадор шудааст, ҳар дафъа занҳояш ӯро тарк мекарданд. Охирин бор хонадор шуд ва ният кард, ки тамоми айбашро ба зани охирин ошкор месозад ва дар ин бора хосг даҳан кушояд. Лекин зан сухани ӯро бурид ва гуфт:

— Шуморо бад гуфтагиҳо худашон буданд. Феъли ҳеҷ кас аз феъли Шумо хубтар нест.

Ҳамин тавр карда ҳар дуи онҳо то охири умрашон дар ҳузури ҳаловат зиндагӣ карданд.

Барои он, ки дар оила тинҷй, осойиштагй ҳукмрон бошад, лозим меояд ба ин қоидаҳо амал бояд кард:

  1. Ҳар ду ҷониб вазифаҳои хешро хуб донанд.
  2. Ҳаракаткунанд,кисоҳибихулқихуббошанд.
  3. Боодоб бошанд.
  4. Бо содир шудани ягон айб, ба зудй якдигарро бубахшанд.
  5. Агар шавҳар дуруштӣ кунад, зан бо мулоимӣ ӯро ислоҳ намояд.
  6. Вақге, ки шавҳар хафа бошад, зан хурсандӣ изҳор накунад, ё хурсанд бошад, хафагй зоҳир накунад.

Умома ба духтараш гуфта буд: «Цухтарам, шавҳаратро ҳар қадар ҳурмат кунӣ, ҳамон қадар маҳбуб мегиавӣ. Ҳар қадар итоаткор бошӣ, ҳамон қадар соҳиби хайрот мегардӣ. Бо ҳамин феъли хушат дили илавҳаратро гарм карда, ҳар чӣ аз ӯ хоҳӣ иҷро мекунад».

Барои зиндагии хуш мардҳо низ ба инҳо амал кунанд:

1.Ҳар чизеро, ки дин ё қонун манъ кардааст, занро маҷбур накунад.

  1. Аз хотир набарорад, ки мард низ айб дорад.
  2. Ҳар хонуми зебо ботинаи бад шуданаш ва ӯро аз роҳ заданаш мумкин.

4.Аз баски зан барои мард амонати Аллоҳ мебошад, барояш бо чеҳраи кушод ва бо забони ширин муомила кунад.

  1. Ҳама камбудиҳои занро ба рӯяш гап назанад.
  2. Зебогӣ муваққатӣ аст. Барои ҳамин ҳам ҳини хонадоршавй аруси донову порсо, соҳиби ахлоқи ҳамида, зебодил интихоб намояд.

Инчунин ба падару модар зарур аст, ки фарзандони донову оқил тарбият намоянд ва дар ҳаққи фарзандон даъват мекунад. ҳикоят

Шаҳсе соҳиби ду фарзанд буд. Шабе он кас ба фарзанди хурдаш фармуд, ки об биёрад. Писараш:

— Рафта худаш нӯшидан гир!—гуфт. Аз тарафи дигар писари калон ба гап кӯш шуд:

— Эй падар, оё бемеҳр будани писари худатро намедонй? Беҳтараш аз ҷояш хезу рафта худат нӯш ва ба ман ҳам як пиёла биёр!

Уф-ф нагӯед гуфтаги амри худо дар куҷо монд? Имрӯзҳо баъзе фарзандон ба падар гап мегардонанд, ҳатто даст боло мекунанд. Аз ин бадтар ҷиноят ҳаст магар? Дар ин бора айби падару модарон низ ҳаст.

Нафаре ба назди Абдуллоҳ ибн Муборак омада аз фарзандаш шикоят кард. Ибн Муборак пурсид.

— Ту ӯро дуои бад мекардӣ?

— Баъзан.

— Ин хел бошад чаро айбро аз ӯ мебинӣ! Дар асл худат гунаҳкор будаӣ! — гуфтанд он кас.

Бармеояд, ки падару модар фарзандони хешро дуои бад накунанд. Агар ғазабашон дуои хайр кунанд. Нафаре буд вакте, ки фарзандонаш кахру ғазабаш оранд, бо ғазаб дод мезад: «Эй илоҳи, соҳиби тоҷ гардӣ!»

Дуои бад ба руҳият ва ҳаёти бача бад таъсир мекунад. Дуои хайр бошад барои соҳиб шудани хислати нек восита мешавад. Ғайр аз ин ба бачаҳо эҳтироми калонҳо ва иззати хурдсолонро низ бояд

ёддод.

Ба духтароне, ки дар арафаи арусӣ ҳастанд муомилаву муносибати некро бояд таълим дод. Дар пеши онҳо айбҳои хусуршавандаву хушдоманшавандаро набояд гуфт. Фардо, ки келин шавад ба хусуру хушдоман қупалӣ кардашон аз

эҳтимол дур нест.

Боз як чизро аз ёд набояд баровард, зане, ки ба марди фарзандор шӯ кунад. Пас ӯ бояд фарзандони шавҳарро на ҳамчун ӯгай, балки ҳамчун модари ҳақиқӣ тарбият кунад, дӯст дорад. Ин як ҷониби масъала. Дуввум он аст, ки шавҳар мебинад. ки занаш ба фарзандҳояш муомшгаи нек дорад, нисбати вай мухаббаташ чандон меафзояд. Баъзе йгайҳо низ ҳастанд ки ба ятими шавҳараш зулм мекунад. Эҳтимол хотири занро ба инобат гирифта ҳеҷ чиз намегуфт гист. Лекин ҳаққи ятим… барои ин ҳдм падар, ҳам модари ӯгай ҷавоб медиҳанд. Худованд ҳаргиз ба мазлум гаштаии ятимон розӣ намешавад. Инро соҳиби ятим аз ёд набарорад.

Дар бораи силаи — раҳм бар ятимон оят — ҳадисҳои бисёр мавҷуданд. Минҷумла дар ҳадисҳои шариф:

«Ҳар касе, ки сари ятимро сила кардаст, ба ӯ ба адади мӯйсари ҳамон ятим аҷру савоб навишта мешавад «.

«Худованд он хонадонро дӯст медорад, ки дар он хона ятим ба хушмуомилагӣ тарбият ёфта истода бошад».

Аз рӯи одоб назди ятим дигар бачаҳоро набояд навозиш кард. Ба ятим бе ҳақ кор фармудан низ ҳаром аст. Доимо дар муомилот бо ятимон эҳтиёт бояд шуд. Ба он касе, ки сабаби ҷорӣ шудани ашки ятим гаштааст Худованд ӯро низ мегирёнад!

Ба зан лозим асг, ки саҳар шавҳарро бо табассум ба кор гуселонаду, дар ҳаққаш дуои хайр кунад. Шомгоҳ бо либосҳои тозаву хушбӯй ӯро пешвоз гирад.

Ғайр аз инҳо ҳаққи ҳамсоя низ мавҷуданд, ки соҳибхоназанҳо, мардҳо ба ин ҳақ низ ҳатман риоя кунад. Мегуянд, ки ҳамсояро саги газанда низ намегазад. Расули Худо (САВ) дар бораи некӣ кардан ба ҳамсояҳо бисёр ҳадисҳо гуфтанд. Лекин чӣ бошад ҳам, баъзе ҳамсояҳо низ ёфт мешаванд, ки якдигарро чашми дидан надоранд, ба якдигар озору азият медиҳанд, бахилӣ мекунанд.

ҳикоят

Марде буд, ҳамагӣ як гов дошт. Ба ӯ як кампир ииз ҳамсоя буд. Он кас ҳар рӯз ба ҳамсоякампир аз шири гов як косагӣ медод. Рӯзе он мард аз пеши дари ҳамсоякампир мегузашт, овози кампир ба гӯшаш расид: «Илоҳӣ, ҷони гови ҳамсояро бигир!» — дуо мекард ӯ.

Мард дигар тоқат накард ва аз кампир суол кард:

— Эй, апаҷон! Гови ман ба Шумо чӣ бадӣ кард, ки ӯро дуои бад мекунед? Кампир ҷавоб дод:

— Аз говат ҳеҷ бадӣ надидам, аммо ҳар саҳар то ӯро пов-повв карда меҷӯшӣ дилам (аз бахилӣ) решреш мешавад.

Аз ин гуна ҳамсояҳо Худо нигаҳбон бодо!

Ҷаноби Расулуллоҳ (САВ): «Пеш аз хонагирӣ ҳамсоя интихоб кун» гуфтанд. Халқ низ беҳуда хона нагир, ҳамсоя гир, намегӯяд. Бо ҳамсоя муомилаи хуб доштан одоби инсонӣ мебошад. Ҳатто ба фарзанди кӯчаки ҳамсояҳо низ бо забони ширину гуворо муомила бояд кард.

Яке аз ҳакқи ҳамсоя дар ҳамсоя ин асг, ки агар бемор шавад хабар гирад, ҳолу аволпурсӣ кунад, дилашро бардорад, агар ягон чиз пурсида барояд — диҳад, дар хурсандияш табрик карда ба хурсандиашон ҳамроҳ шавад.

Хулоса ҳар як зане, ки оилаи обод шавад гуфта орзу кунад, албатта бо хешовандони шавҳараш, инчунин бо ҳамсоя муомилаи нек кунащд. Аз тангдастиву тангдили бошад фақат ибодат ба Худо ё машгул шудан ба корҳои хона халос мекунад. Майнӯшиву сигоркашӣ халос карда наметавонам, баръакс ин амали шайтони буда, касе, ки ба ин амал руҷуъ мекунад аз ҳаловат тамоман ҷудо мегардад.

СИРР НИГОҲ ДООШТАН

Насиҳати нуҳуми Умома ба духтараш ин буд: «Ҳаргиз сирри шавҳаратро ба касемагу!»

Ҳар он касе, ки сирру асрорашон ба дигарон ошкор гашта бошад, дар заҳмат мемонаду аз бисёр некиҳо маҳрум мешавад. Дар ҳадиси шариф омадаст:

«Ҳар касе, ки сирри худро махфӣ нигоҳ дошта тавонад, гӯё, ки корҳояшро ба тамоми ҳақиқӣ иҷро намудаст «.

Қалби инсон сандуқе, ки дар он асрор нигоҳ дошта мешавад, даҳан қулфаш, забон калидаш мебошад. Агар калидро эҳтиёт накунад, сирр кушода мешавад ва аз боигарие, ки дар сандуқи дил дошт, маҳрум мегардад ва ба балохои гукогун низ дучор шуданаш мумкин.

Бармеояд, ки зан сирри шавҳарро бояд нигоҳ дошт ва ба касе I шгуфт. Агар ӯ сирри шавҳарро ошкор созад, корҳояшро барбод мекунад ва шавҳараш аз ӯ меранҷад.

Сирр пигоҳ доштан аз мол нигоҳ доштан вазнинтар мебошад. Ҳар гуна богҳо ба дил вазминӣ намекунад, аммо сирр… саҳаразждаҳанбаромада бегоҳба \н юрумин мерасад.

Сирр монанди мол ё ашё нест. Мол ё ашёро иосбонҳояш чӣ кадар бисёр бошад муҳофизаи ӯ ҳамин кадр осон мешавад. Аммо, посбонҳои сирр афзояд эҳтимоли дуздбарияш низ зиёд мешавад. «Ба касе магӯ, фақат ба ту гуфтам», барин танбеҳҳо ҳеҷ суде надорад. Агар соҳиби сирр барои манфиати хеш сирри худро дошта натавонад, дигарон чй хел муҳофизат кунад? Ҳазрати Умар: «Ман ба касе сиррамро гуфпш, сипас чаро сирри манро ба дигарон оилкор намудӣ, гуфта зулм накардам « гуфтанд. Дар бобати сирркушой ҳеҷ кас бо занон гақобат карда наметавонад.

ҲИКОЯТ

Ду рафиқ дар қаҳвахона нишаста, сӯҳбат дар бобати сирр нигоҳдории занон мерафг. Яъне аз онон эътироз намуда:

— Ман ба занам боварй мекунам, — гуфт.

— Ин номумкин аст, — гуфт дигаре.

Баҳс авҷи аъло гирифт. Сипас, ошнои дуввум хост масъаларо бо дигар усул ҳал кунад ва:

— Ин ҳел бошад, саҳар аз ҷойгаҳ хеста ба занат ду дона тухм нишон дода юигӯ, ки ҳар шаб ду тухмӣ тавлид мекунӣ. Санҷида мебинем, ки занат чи қадар сирдон аст.

Ошнои аввал гуфтан рафиқашро иҷро намуд ва ба занаш таъкид намуд, ки боз ин сирро ба касе нагӯяд ва ба кор рафт. Вақте, ки ӯ аз кор мегашт ҳаммаҳаллоҳо ӯро бо ин савол пешвоз гирифт:

— Эй, биродар, тух тавликунӣ чи хел, вазин нестай?

Маълум шуд, ки занаш ин сирро нигоҳ дошта натавониста ба ҳамсоязан гуфта будааст. Ҳамсоязан ба дигар, дигараш боз ба дигар. Ҳамин хел ин «сирр» ба тамоми маҳапла ошкор шуда будааст.

Аз ин ҳамаи занҳо сирр муҳофиззати карда наметавонистааст гуфта хулоса баровардан хатост. Баъзе занон аз мардон низ сахттар сирр нигоҳ медоранд. Аз нафаре пурсиданд, ки чӣ хел сирро нигоҳ медоранд. Гуфт: сирро ва гӯяндаи сирро аз хотир мебарорам.

Сирр амонат аст. Хиёнат ба амонат бошад ин аломати хиёнат мебошад. Чи гуна будани инсонро аз нигохдории сирраш низ муайян мекунанд.

ТАҲЗИЯ ВА ЭҲТИРОМ

Насиҳати даҳумин ва оҳирини Умома ба духтараш ин буд:

«Шавҳаратро эҳтиром кун ва гуфтаҳояилро аз сидқи дил иҷро намо!»

Ба лозим нест, ки ба ҳама гуфтаҳои шавҳараш дар итоат бошад, ба шарте, ки ин гуфта зиди ахлоқ ва дин набошад.

Аз рӯи одоби шарқӣ зан ҳатто ба аёдати падари бемораш равад ҳам бояд аз шавҳар иҷозат гирифт.

Бо занҳои ҷоҳилу нодон зиндаги кардан машаққат аст. Луқмони Ҳаким низ ба фарзанд насиҳаткарда буд: «Зане, кишавҳаррогӯшнамекунад, мӯи сари ӯро Оарвақт сафед мекунад».

Допишманде Кабаро тавоф карда истода одамеро вохӯрд, дар дасташ шахсеро бардошта зиёрат мекард ва мегуфт:

— Дар кӯдакият камӣ мекард, чӣ ҳоло ҳам азобам медиҳӣ!

Донишманд ба ӯ гуфт:

—Эй бародар, ин чӣ маъно дорад, ки ба падарат аз як тараф неки мекунӣ ва аз ҷиҳати дуввум бо таънаат некиҳоятро нест месозӣ?

Зиёратчи гуфт:

— Ин падарам не, балки писарам мебошад. Ба як зани беахлоқ хонадор шуда ба ҳамин аҳвол афтид.

Худ як қазоват кунед, он чӣ хел зан бошад, ки ба зудй пир шуда мондани падари фарзандонаш яъне. Шавҳараш сабабгор гардад. Беитоат ва беахлоқ будани зан ба чӣ бурда мерасонад. Ба ҷудоӣ!?

Мардон низ ёфт мешаванд, ки ба зулми занҳояшон тоқат карда наметавонанд.

Зани Ҳазрати Шақӣқ ибн Иброҳим бадхулқ буда, зелме, ки дар ҳакқи ҳазрат мекард, поён надошт.

Аз ҳазрат пурсиданд:

— Хулқи занатон бад будааст, чаро ҷудо намешавед?

— Хулқи ӯ бад асг. Ҷудо шавам, хеҷ кас бо ӯ зиндагӣ намекунад, ба ин хотир ҷудо намешавам, — посух дод ҳазрати Шақӣқ.

Яке аз пирони Нақшбандия Абул Ҳасани Ҳарақонй аз занашон азият мекашиданд. Рӯзе ду шогирди он кас ба зиёрати эшон омадаанд. Дарро зани эшон кушода:

— Шайх, шайх мегӯеду аз пушташ равонаед, чӣ

манфиатест, ки ба зиёраташ меоед. Авлиёт куҷосту Абул Ҳааш куҷсхгг. Канӣ гум шавед, аз назарам, — гуфта онҳоро рондасг.

— Вақте, онқо хафа шуда берун аз шаҳр бароянд, мебинанд, ки устозашон ба шер савор шуда меомад ва ӯ гуфт:

— Чизе мекардем дарн хона тоқат кунем, дар берун шер саворем. Золима занон на дар ин ва на дар он дунё хешро аз азоб халос карда наметавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *