Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Панчох амале, ки шариъат занонро аз он боз медорад

Муаллиф:

Ҳасан Закариёи Фулайфул

Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сарсухан

Рисолае, ки хонандаи гиромӣ дар даст дорӣ ба модарону хоҳарони арҷманд ихтисос дорад ва аз забони арабӣ аз ҷониби камина тарҷума шудааст. «Хамсуна наҳян шаръиян ли-н-нисо» (Панҷоҳ амале, ки шариъат занонро аз он боз медорад) ном дорад. Мурод аз ин хидмати хоксорона ҷалб намудани диққати бонувони миллати бошарафи тоҷик ба масоилест, ки ислоҳи он боиси ислоҳи ҷомеъа ва рушду такомули ахлоқии он мегардад. Зеро дар кишвари мо 52% аҳолиро бонувон ташкил медиҳанд, бар замми ин дар ҳар хонадон зан-модар дар тарбияи фарзанд нақши асосӣ дорад. Бинобар ин ислоҳи зан, бе шак, ислоҳи ҷомеъа аст.

Чуноне ки гуфтаанд агар як зан роҳи ростро интихоб намояд бешак хонадон ислоҳ мегардад ва ислоҳи ҳар як хонадон ба манфиъати ҷомеъа аст. Ҳамзамон ислоҳи ҷомеъа ба рушду инкишофи мамлакат асар гузошта, шароите фароҳам меорад, ки бо истифода аз он дар домони модари тоҷик, иншоаллоҳ, фарзандоне ба воя мерасанд, ки номбардорони ин миллати сарбаланд хоҳанд гашт ва боз дубора моро ба ҷаҳониён муъаррифӣ хоҳанд кард, чуноне ки аҷдодонамон карда буданд. Хоҳарону модарони азиз огоҳ бошанд, ки фарзанди солим аз зани солим ба дунё меояд ва дар хонадони солим ба воя мерасад ва фахри аҳли хонавода ва тамоми миллат хоҳад гашт.

Ба ин хотир рисолаи мазкур ба масоиле бештар таваҷҷӯҳ қоил аст, ки дар аксари авқот аз ҷониби афроди ҷомеъа мавриди саҳлангорӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ қарор мегирад.

Дини мубини Ислом ба зан мақоми хоссе қоил аст. Ҳатто дар Қуръони карим Худованд бо номи «Нисо», яъне занон сура нозил фармудааст, вале бо номи «риҷол», яъне мардон сурае нест. Худованд мардро дар зиндагонии заношавҳарӣ масъули нафақаи зан ва фарзандони ӯ ҳукм кардааст, ки ин ҳам нишонаи лутфи Худованди ҳаким нисбат ба занон аст.

Каломи Худованд:

«Ва ин нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки меандешанд».

(Сураи Рум, ояти 21)

Расули акрам (с) дар ҳадиси муборакашон фармудаанд:

«Занро озор намедиҳад, магар марди лаим (паст, нокас)» лутфу карами Худованд ва расули гиромиаш нисбат ба занон ҳадду канор надорад, зеро занон, хоса занони мӯъмин дар ҳама давру замон номбардори номуси миллат будаанд ва ҳастанд.

Имрӯз, ки дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бӯҳрони маънавӣ ба авҷи аълояш расидааст ва фаҳшу фасодӣ ошкоро тарғиб карда мешавад, занону модарони моро лозим аст, ки бо риъояти амру наҳйиҳои илоҳӣ, зиракиро аз даст надода, дар шаръи шариф устувор бошанд.

Бо овардани панҷоҳ наҳйи шаръӣ мехоҳам диққати бонувонро ба масоиле ҷалб намоям, ки иртикоби он гуноҳи азим аст, вале аз сабаби нодонӣ ва ё камтаваҷҷӯҳию нодида гирифтан аксари занон худро гунаҳгор месозанд.

Масалан, имрӯз дар байни хоҳарону модарон одати баде амсоли ғайбат ривоҷ ёфтааст, ки барои содиркунандаи он гуноҳи кабира маҳсуб мегардад. Вале аз бисёрии муртакиб шудан ба ин гуноҳ баъзеҳо онро чандон гуноҳ ҳам намеҳисобанд ва ё пеш аз шурӯъ кардан ба ғайбати хоҳар ё бонуи дигари мусалмон худро таскин дода, сухани фиребои «Сифаташ шаваду ғайбаташ нашавад»-ро пеш аз оғози ғайбат зикр мекунанд.

Маълум аст, ки ин гуноҳ боиси душманию адоват ва гоҳо ҷангу ҷидоли шадид мегардад ва муносибати афроди ҷомеъаро муташанниҷ месозад. Ё худ манъ намудани зан аз даст додан ба марди бегона, ки мутаассифона, дар ҷомеъаи мо ривоҷ дорад.

Ин одати бадро ҳатто занони ғайримусалмон низ намеписанданд ва қабул надоранд. Даст додани зани мусалмон ба марди номаҳрам ҳодисаи нангин ва шармовар аст. Аввалан ин кор аз ҷониби шариъати боҳикмати Ислом манъ гардидааст. Сониян, салом бо забон аст ва даст додан ё надодан ягон нақш намебозад, хоса ҳангоми вохурии зан бо марди бегона даст дода салом кардан гуноҳи ошкоро аст. Солисан, имрӯз бисёр вирусҳои касалиоваре ҳастанд, ки тавассути салом аз шахси бемор ба дигарон сироят мекунанд. Бинобар ин занон бояд ҳамдигарро ислоҳ намуда, аз содир намудани ин гуноҳ худ ва фарзандонашонро эмин нигаҳ доранд.

Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмӯҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

Дар фароварди сухан аз Худованд оҷизона дархост менамоем, ки модарону хоҳарони моро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва аз ҷумлаи умматони ҳақиқии Расули акрам (с) гардонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ҳамду сано мар Парвардигори оламиёнро, ва дуруду салом бар имоми паёмбарон ва беҳтарини оламиён ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с).

Дар ҳақиқат шариъати боҳикмати Ислом ба хотири он омадааст, ки инсонро ба сӯи фоидаву маслиҳати ӯ дар дунёву охират ҳидоят намояд ва аз ҳар чизе, ки дар дину дунёи ӯ зарар меорад, барҳазар дорад. Пас шахсе, ки роҳи тоъатро ихтиёр намуд комёб шуд ва ҳар ки саркашиву нофармонӣ намуд зиёни бузурге кард.

Рисолаи хурдеро, ки дар даст доред хосатан занонро мухотаб қарор медиҳад, ва сабаби ин махфӣ нест, чунки зан дар айни замон нисфи ҷомеъа ва мураббияи тамоми ҷомеъа дар оянда ба ҳисоб меравад. Пас, ҳар вақто ҳоли зан ислоҳ шуд, ҳоли ҷомеъа ислоҳ мешавад ва таърих бар ин гувоҳ аст. Пас, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки ислоҳкорону тахрибкорон ба хотири расидан ба мақсадояшон ба масъалаи зан ааммият медиҳанд. Аз Худованд (ҷ) хоҳонем, ки умри моро тӯлонӣ гардонад ва ҳосили аъмоли хайрамонро зиёд гардонад ва аз Ӯ (ҷ) зорию тавалло мекунем, ки барои мо ихлос насиб кунад ва поёни кори моро некӯ гардонад, то дар иҷрои амали хайр умрамонро сипарӣ намуда, аз дунё реҳлат кунем.

Ҳасан Закариёи Фулайфул

Таваҷҷуҳи Ислом ба зан

Тавре ки аз аҳаммияти нақши зан дар ҷомеъа огоҳ шудед, ҷои тааҷҷуб нест, ки аз инояти хоси Ислом бархурдор аст.

Биёед ба Қуръони карим гӯш медиҳем, ки чи гуна мардон ва занонро дар якҷоягӣ хитоб мекунад, ҳине ки мегӯяд: «Эй, он касоне ки имон овардаед». Баъд аз он дар бисёре, аз оёти Китоби ҳаким занонро махсус хитоб мекунад:

Каломи Худованд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро бо лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд».

(Сураи Ҳуҷурот, ояти 11)

«Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ (дар баробари писари амак, писари тағо, писари хола ҳиҷоб бояд риъоя шавад) ё занони ҳамдини худ (зеро зани кофир дар ҳукми марди бегона аст) ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд (Ибни Ҳаҷар фармудааст, ки агарчи иннин (ҳиз) ё хасишуда ё марди хеле солхӯрда дар ин лафз намедароянд, яъне дар баробари ҳамаи инҳо ҳиҷоб лозим аст. Мурод аз ин мардони туфайлӣ ё муғаффал, ки дар хонаҳо ба хӯрду нӯш рафту омад дошта бошанд, зеро онҳо ба сабаби адами дурустӣ дар ҳаввос ё шаҳват ба сӯи занон таваҷҷӯҳ надошта бошанд, онҳо мустасноанд. Яъне зан набояд дар баробари ҳамкорон ё хидматгоронаш беҳиҷоб бошад) ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад (яъне садои зевар ба гӯши мардони бегона нарасад). Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед (вагарна маъсият монеъи комёбии шумо, хоҳари азиз, хоҳад гардид)».

(Сураи Нур, ояти 31)

«Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони Худотарсу занони Худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, омӯрзиш ва музде бузург омода кардааст!».

(Сураи Аҳзоб, ояти 35)

Дар ин ояти карима Худои таъоло калимаҳои ал-Муслимин, ал-Мӯъминин, ал-Қонитин, ас-Содиқин, ас-Собирин, ал-Хошиъин, ал-Мутасаддиқин, ас-Соимин, ал-Ҳофизина фуруҷаҳум ваз-Зокиринал-лоҳа касиран-ро бо сиғаи ҷамъи музаккар (мардона) зикр намудааст ва тибқи усули наҳвии забони арабӣ шомили ҳоли занон низ мебошад, вале бо вуҷуди зикри ин калимот Худои мутаъол калимаҳои ал-Муслимот, ал-Мӯъминот, ал-Қонитот, ас-Содиқот, ас-Собирот, ал-Хошиъот, ал-Мутасаддиқот, ас-Соимот, ал-Ҳофизот ваз-Зокирот-ро оварда занонро махсусан мавриди таъкид қарор додааст.

Дар аҳодиси набавӣ низ таваҷҷуҳ ба зан бисёр аст, ҳатто Паёмбар (с) ба зан хабар додааст, ки ӯ нигаҳбони хонаи шавҳараш ва бошандагони он аст. Муаллифи ин рисолаи хурд кӯшидааст, ки ба тафсил баён кунад, ки инояту таваҷҷӯҳи Ислом ба зан чӣ гуна аст ва аз амалҳое, ки ба ӯ лоиқ нест ва шаъни ӯро паст карда, аз роҳи рост дураш мекунад, занро барҳазар доштааст.

Пас, ҳар вақто зан итоъат намояд, ин кори ӯ сабаби обрӯ ва каромату наҷоташ хоҳад буд ва агар исёну нофармонӣ кунад, Худованд иқоби сахте дорад. Ба таҳқиқ дунё гузарон аст ва ҳеҷ бақое ба ҷавонӣ ва молу ҷоҳ нест ва ҳеҷ давоме ба ҳоле нест ва марг ҳамеша дар интизори ҳамагон аст. Пас, зани ҳушманду боақл барои ояндаи худ кор мекунад ва вақти имрӯзаи худро бефоида намегузаронад. Ҳеҷ бақое нест, магар барои амали нек ва ҳеҷ наҷоте нест магар бо амали нек. Пас, зани мӯъмину мусалмон бояд пойбанд ба фармудаҳои Парвардигорӣ худ бошад ва аз муҳаррамот худдорӣ намояд. Худованд худ муваффақгардонанда аст.

Таъсири зан

Мард монанди зан дорои василаи ҷалбкунанда нест. Муҷарради назар кардан ба зан ғаризаҳои мардро ба ҳаракат медарорад, аммо ғаризаи зан танҳо бо ламс кардану сухану ғазалҳои ошиқона гуфтан бедор мешавад. Бинобар ин Худованд либоси занро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, зинати ӯро танҳо ва танҳо барои шавҳараш равову ҷоиз донистааст ва аз омезиш бо мардони бегона ӯро манъ намудааст. Ҳар мамнуъияте, ки вобаста ба зан ҳаст дар ҳақиқат он барои ҳимояти ӯст, то ин ки чашмони бегона ба ӯ нанигаранд ва дасти бегонае ба ӯ нарасад ва гургони гурусна ӯро нарабоянд. Ба таҳқиқ ҳар монеъае, ки вобаста ба зан ҳаст мардро кӯмак мекунад, то пойбанд ба покию тозагӣ бошад ва худро аз шаҳватҳои ҳаром ва ангезаҳое, ки ӯро аз ҷодаи амали нек дур мекунад, нигоҳ дорад.

Ин амр боиси хушбахтию саодати ҷомеъа ва пешравию тараққии он аст. Дар сафҳаҳои оянда кӯшиш менамоем, ки он чиро, ки зан аз он бояд дур бошад барояш равшан намоем.

Хатари зино

Зино аз бузургтарин офатҳоест, ки дар ҷисми фард ва ҷомеъа асар мекунад, он ҳам ба сабабҳои зерин:

  1. Зино сабабгори омезиши насабҳо ва паҳн шудани мафосидест, ки аз ин омезиш ба бор меояд.
  2. Зино нашркунандаи касалиҳоест монанди сузок ва спид, ки вабои аср аст.
  3. Дар бисёр мавридҳо зино сабаби кушта шудани инсонҳо мегардад. Гоҳе мешавад, ки марди зонӣ занро ба хотири пӯшидани ҷурмаш ё даст надодани зан ба зино мекушад, ё ҳангоме ки таҷовузи дастҷамъона барои як зан сурат мегирад, зан аз беқуввати мемирад. Гоҳо соҳибони зан марди зонӣ ва ё занро ва ё ҳардуи онҳоро ба қатл мерасонанд. Дар шариъати ислом зан ё марде, ки хонадор шудааст ва ба зино даст мезанад, то мурдан сангсор мешавад.
  4. Аксаран ҳодисаҳои зино байни ҷавонон рух медиҳад, пас, ба ҳамин шакл ҷавонони уммат ба ҷиноятҳои бузург: қатл, таҷовуз ва ғайра рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҳоле ки ҷавонон бозӯи неруманди миллат, пойдевори иқтисод ва қувваи асосии он, ба шумор мераванд. Ҳар вақто ҳоли ҷавонон чунин бошад, миллат аз тараққию пешрафт боз мемонад ва ҳар кас ба он тамаъ мекунад.

Бинобар ин мебинем, ки шариъат аз зино ва аз ҳар чизе ки сабаби он мешавад наҳй мекунад.

Каломи Худованд:

«Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!»

(Сураи Исро, ояти 32)

Манъи зан аз ҳар чизе ки сабаби иртикоби зино мегардад

1. Манъи зан аз намоиш додани зебу зинат

Ҳангоме ки зан бо шавҳари худ дар хилват бошанд ва шавҳараш занро хоҳад, пас наздиктарин роҳ барои зан ин аст, ки зинату зебоияшро барои ӯ нишон диҳад. Ҳарвақто, ки зан зинату ҷамолашро дар роҳи омма ё пеши рӯи марде, ки барояш ҳалол нест нишон диҳад, пас ин зан бо ин амалаш чӣ мехоҳад?

Зани мусалмон аз чунин феълу рафтор шарм медорад. Ӯ ба таҳқиқ медонад, ки гуле нест, ки ҳар кас ӯро бибӯяд. Дар ҳақиқат медонад, ки шарофату каромати ӯ ин аст, ки танҳо барои шавҳараш бошад.

Ба таҳқиқ пӯшидани зинат ва сатри аврат ин неъмате аз неъматҳои Худованд аст, ки ба бандагони худ арзонӣ доштааст.

Каломи Худованд:

«Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд».

(Сураи Аъроф, ояти 26)

Оятҳои хосе дар Қуръони карим барои либоси зан ва сатри ӯ бисёр возеҳ ва қотеъ омадааст, чунки риъоя накардани ин фаризаи илоҳӣ хатар ва оқибатҳои ногувореро дар пай дорад.

Каломи Худованд:

«Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд».

(Сураи Аъзоб, ояти 59)

«Ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд»

(Сураи Нур, ояти 31)

«Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад».

(Сураи Нур, ояти 31)

Барои чӣ зан ба мухолифати фармудаҳои Худо чанг мезанад, дар ҳоле ки медонад дар ин мухолифат ҳалоки ӯст? Ба таҳқиқ аз ҷаннат маҳрум мешавад ва дохили оташи дӯзах мегардад.

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ду гурӯҳе аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки ман онҳоро надидаам: гурӯҳе, ки ҳамроҳ бо худ қамчин доранд, монанди думи гов ва мардумро бо он мезананд, ва заноне, ки пушидаъурёнанд ва моилкунанда, сарҳои онҳо мисли кӯҳони уштур аст, на вориди ҷаннат мешаванд ва на бӯйи ҷаннат ба машомашон мерасад[1]».

2. Манъ аз берун шудани зане, ки атр истеъмол намудааст

Дар ҳақиқат мард агар атри занро бибӯяд асари бузурге дар ӯ мегузорад ва ба тарафи зан ҷалб мешавад. Биноан, Шариъат берун шудани занро дар ҳоле ки атр истеъмол намудааст ҳаром гардонидааст.

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳар зане, ки атр истеъмол мекунад ва аз назди мардум мегузарад, то аз он атр бибӯянд, пас он зан зинокор аст».

Ин чизи мантиқист, оё зан ҳарис нест, ки хушбӯиро пеш аз мулоқот бо шавҳараш истеъмол намояд, то рағбати ӯро нисбати худ барангезад? Аҷабаш ин аст, ки зан одат кардааст, ки худро ороста, атр истеъмол карда, аз хонааш берун меравад, ва ҳангоми мулоқот бо шавҳараш, бисёр вақтҳо инро фаромӯш мекунад.

3. Манъи зан аз даст додан бо мардон

Дасти зан ҷузъе аз бадани ӯст ва ҳар кӣ дасти занеро ламс карда бошад то кадом андоза нарм будани ҷасади ӯро медонад. Аз ин ҷост, ки бо ин кор дар ба рӯи амали шайтон кушода мешавад. Пас, манъ намудан аз даст додан, манъ намудан аз кушодашавии дарҳои бузурги фитнаву шар аст.

Бинобар ин Ислом даст додани занро ба мардони бегона ҷоиз намедонад, вале гурӯҳе аз маҳоримро мустасно намудааст: монанди падар, бародар, амак ва тағо барои зан ва модар, хоҳар хола ва амма барои мард.

Паёмбар (с) фармудаанд:

«Агар сӯзани оҳанине дар сари яке аз шумо халонда шавад, беҳтар аст барояш аз ин, ки дасти занеро, ки барояш ҳалол нест мисос намояд».

Ба таҳқиқ собит шудааст, ки расули Худо (с) бо занон мусофаҳат намекардаанд. Аз Амима бинти Рақиқа ривоят аст, ки мегӯяд:

Бо гуруҳе аз занон назди Паёмбар (с) омадем, ки бо эшон (с) бар Ислом байъат кунем, пас занон гуфтанд:

— Эй расули Худо (с) бо ту байъат мекунем бар ин ки ба Худо шарик намеорем, дуздӣ намекунем, зино намекунем, фарзандонамонро ба қатл намерасонем, бӯҳтону тӯҳмат намекунем ва дар ҳар кори неке, ки амр мекунед нофармонӣ намекунем.

Пас, Паёмбар (с) фармуданд:

— Дар ин корҳо тавоноӣ ва тоқат доред?

Занон гуфтанд:

— Худованд ва Расули Ӯ бар мо аз худи мо дида раҳимтар ҳастанд, биё то бо ту байъат кунем, эй Расули Худо (с). Пас, Расули Худо (с) гуфтанд:

— Ман бо занон даст намедиҳам, ба таҳқиқ суханони ман барои сад зан монанди сухани ман барои як зан аст[2].

Пас, бояд зан аз даст додан бо мардон имтиноъ варзад. Агар бо дастпӯш ё ғайри он бо мардон салом кунад, беҳтар аст аз ин ки бидуни он даст диҳад. Лекин хубтар ин аст, ки аслан даст надиҳад. Ҳеҷ зарурате нест, ки занро ба даст додан маҷбур созад.

4. Манъи зан аз холкӯби бо сӯзан (вашм)

Холкӯбӣ ин задани сӯзан ё монанди сӯзан дар кафи даст ё банди даст ё дигар ҷойи бадани зан аст, то ин ки хун ҷорӣ шавад, баъд аз он ҳино ё ғайри онро дар он ҷо мемоланд ва гоҳҳо бо ин кор нақш мекашанд.

Ин тағйир додани хилқати Худованд аст, лизо ҳаром аст.

Аз Абиҷуҳайфа ривоят аст, ки мегӯяд: «Паёмбар (с) аз гирифтани пули хун, пули саг ва касб аз роҳи фаҳшу фуҷур манъ намуда, зани холкӯбанда ва сӯзанзадашударо лаънат гуфтааст[3]».

5. Манъи зан аз чидани мӯйи рӯй ва абрӯ (намс)

Дар ҳадиси Паёмбар (с) лафзи намс омадааст, ки он чидан ва дур намудани мӯйҳои рӯй аст ва ин амр манъ шудааст, магар мӯе, ки дар макони риш ё мӯйлаб барояд. Пас, дур намудани ин гуна мӯй барои зан равост, то аз монанд будан бо мардон худдорӣ шавад. Чидани мӯйи рӯй ҳаром аст, зеро он тағйир додани хилқати Худост.

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки «Худованд зани сӯзанзан (холкӯбикунанда) ва сӯзанзадашуда ва заноне, ки мехоҳанд абрӯяшонро ислоҳ кунад ва зане, ки миёни дандонҳояшро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳад, лаънат гуфтааст».

6. Манъи зан аз кушод намудани байни дандонҳо

Калимаи фалҷ ба маънои кушод намудан байни дандонҳои пеш аст. Занон ин амалро меписанданд, то синну соли худро камтар нишон дода, ҳуснашонро афзоянд. Бо ин мақсад дандонҳоро метарошанд. Инро вашр низ мегӯянд. Ин амал ҳаром аст, чунки дар ин кор тағйири хилқати Худост. Дар ҳадиси гузашта омадааст, ки лаънат кардааст Худо занони сӯзанзанандаро. Ва инчунин занонеро, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳанд.

Аммо, кушод кардани миёни дандонҳо ба хотири муъолиҷа ҳалол аст, зеро таҳрими он вобаста ба талаби ҳусн аст, на талаби муъолиҷа ё айбе, ки дар дандон аст.

7 Манъи зан аз пайванд задани мӯйи сар

Аз Асмоа (р) ривоят аст, ки мегӯяд:

— Зане назди Паёмбар (с) омада гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с) духтарам ба бемории «Хисба» (сурхак, сурхча) гирифтор шуда ва мӯйҳояш рехта, оё мӯйҳояшро пайванд занам?» Расули акрам (с) фармудаанд: «Худованд мӯй пайвандкунанда ва мӯй пайвандкардашударо лаънат кардааст[4]». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки духтаре аз ансор издивоҷ намуд ва бемор шуда мӯяш рехт. Пас, хостанд, ки мӯяшро пайванд кунанд, биноан аз расули Худо (с) инро пурсиданд, пас Ӯ (с) мӯй пайвандкунанда ва мӯй пайвандкардашударо лаънат кард».

8 Манъи зан аз хилват (танҳоӣ)

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (с) –ро шунидам, ки дар хутбае мегуфтанд: «Ҳеҷ марде бо зане хилват нашавад, магар ки маҳраме аз зан ҳамроҳаш бошад».

Аз Уқба ибни Омир (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) гуфтанд: «Барҳазар бошед аз дохил шудан бар занон», пас марде аз ансор гуфт: «Агар ҳевар (бародари шавҳар) бошад чӣ?» Фармуд: «Ҳевар ҳалокат аст». Яъне Паёмбар (с) аз хилват шудани мард бо ақориби занаш оша д бо хешонӣ шавҳараш шадидан барҳазар доштааст ва ин амрест, ки мардум бисёр дар он воқеъ мешаванд ва сабаби мусибатҳое мешавад, ки андозаи онро ғайр аз Худо касе намедонад. Баъзе аз мардум ба худ гумон мекунанд, ки маъсум ҳастанд ва воқеъ шудани корҳои зиштро дар хилват нисбат ба худ дур медонанд, лекин умури зеринро ба эътибор бояд гирифт:

  1. Хилват дар «ҳадди зоташ», яъне худи ин кор, ҳаром аст, гар чанде дар он ҳангом ҳодисае рух надиҳад;
  2. Барои дур нигоҳ доштани худ аз шубҳаҳо ва гуфтугӯзорҳои беҳуда моро лозим меояд, ки аз хилват шудан барҳазар бошем;
  3. Даъво намудан бар маъсумият ботил аст. Паёмбар Юсуф (а) ба Парвардигори худ мегӯяд:

Каломи Худованд:

«Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дӯстдоштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям (ҳар мӯъмине, ки гуноҳе содир мекунад аз ҷаҳолат ва нодонии ӯст)».

(Сураи Юсуф, ояти 33)

  1. Хилват шудан ғаризаҳои инсониро ба ҳаракат меорад ва майли ӯро ба ҷинси дигар меангезад;
  2. Хилват шудан ба суханпардозию мулотафат ва ламс намудан ташҷиъ мекунад, ки оқибати инҳо аз хатар холӣ нест;
  3. Шайтон дар хилват маҷоли хубе барои амал меёбад.
  4. Хилват шудан сабаби шаку тардиди зиёде дар нафси валии зан мешавад, ки мушкилоти бепоён барои зан ба бор меорад;
  5. Ҳаёти имрӯзаи мо ва он чӣ дар атрофи мо рӯх медиҳад моро водор мекунад, ки ҳушёр бошем саҳлангорӣ накунем, хусусан дар корҳое, ки марбут ба дин ва шарафу номуси мост;
  6. Агар зарурате барои амали мубошир (коргузор) байни марди бегона оша д бошад, бояд ки он дар ҳудуди муайян оша два ба миқдори зарурат. Масалан барои волии зани бемор воҷиб аст, ки аввалан табиби зан ҷустуҷӯ кунад пеш аз ин, ки ӯро назди табиби мард бубарад ва агар табиби мард занро муъолиҷа кард, бояд дар хилват набошад ва ҳадди заруратро аз нигоҳи тиббӣ таҷовуз накунад.

9 Манъи зан аз сафар намудан бе маҳрам

Мусофир ба бисёр ҳолатҳои ногувор ва хатарҳо рӯ ба рӯ мешавад. Шаръи ҳаким хостааст, ки занро аз чунин мушкилот дур нигоҳ дорад. Вуҷуди маҳрам ҳангоми сафар тарсу ҳароси зиёдро аз ӯ дур месозад. Маҳрами зан ӯро кӯмак мерасонад ва масъулияти ӯро ба душ дорад ва ба ҷои вай бо мардум муомила мекунад. Ҳамаи ин нишонаи эҳтироми зан, ҳифозат ва нигаҳбонии шарафу номуси вай мебошад.

Паёмбар (с) мефармоянд: «Сафар намекунад зан, магар ҳамроҳ бо маҳрами худ». Аз масъулияти волидайн ва хешони наздик ин аст, ки занону духтаронро ба донишгоҳҳои наздиктар равонаи таҳсил кунанд ё ба ҷои кори наздиктар гузоранд, то аз ӯҳдаи ҳифозат ва нигоҳубини онҳо бароянд.

1 2 3 4 5Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *