Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Муроқабати Худо

Муроқабати Худо

(назорати Ҳақ таъоло бар аъмоли банда ва ахлоқи накӯ)

3 — Аз Абузари Ғифорӣ ва Муоъоз писари Ҷабал (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Аз Худо битарс ҳар куҷое, ки будӣ ва ба дунболи амали бад кори нек кун, то онро маҳв намояд ва бо мардум ба шеваи некӯ ва ахлоқи ҳасана рафтор кун.”

(Ин ҳадисро имом Тирмизӣ ривоят кардааст)

  1. — Шарҳи ҳоли ровӣ:

А — Абузари Ғифорӣ аз парҳезгортарин саҳобагон ва яке аз муҳоҷирини Мадинаи мунаввара мебошад. Дар солҳои нахусти даъвати паёмбар(с) Исломро пазируфта буд. Тавсифоту фазилатҳои ӯ дар кутуби торих ниҳоят зиёд аст. Мавсуф дар замони хилофати Усмон (р) вафот ёфтааст.

Б — Муъоз писари Ҷабали Ансорӣ, Ҳазрамӣ мебошад. Ӯ дар 18 солагӣ Исломро пазируфтааст. Дар ғазои Бадр ва дигар набардҳои бузург ширкат варзидааст. Дар замони хилофати Умар(р) волии Шом таъйин шуд ва дар соли 18-и ҳиҷрӣ дар он ҷо вафот ёфтааст.

  1. — Шарҳи маънои ҳадис:

Ҳадиси мазкур яке аз васиятҳои паёмбар (с) мебошад, ки саҳобагонашро ба он тавсия ва насиҳат кардааст, то эшон дар ҳама ҷо ва дар ҳама вақт тибқи он амал намуда некбахтии

дунё ва охиратро ба даст оранд. Вақте ки Абузар дар Макка исломро қабул намуд, паёмбари Худо (с) ба ӯ супориш дод, то ба тарафи қавми худ равад, шояд ки Худованд ба воситаи ӯ қавмашро ҳидоят намояд.

Чун он ҳазрат (с) ҳирсу шавқи Абузарро барои истодан дар Макка пай бурд, зуд дарк намуд ки ӯ тавони истодан дар Маккаро надорад, бино бар ин ба ӯ чунин фармуд: Дар куҷое ки бошӣ аз Худо битарс, зеро амали мазкур барои Абузар аз истоданаш дар Макка беҳтар аст. Лозим ба ёдоварист, ки суфориши мазкур барои ҳамаи мусалмонҳо мебошад.

Эҳтимоли дигар ҳам вуҷуд дорад, ки он ҳазрат(с) васияти мазкурро ба Муъоз гуфта бошад, ки эй Муъоз авомири Худоро ба ҷо оварда, аз корҳои манъ кардааш парҳез кун, зеро Худованд туро дар ҳама ҷо мебинад, инчунин бо мардум тарзе рафтор кун, ки аз онҳо ҳамон муъомаларо таваққуъ дорӣ, монанди дур сохтани ранҷу машаққат аз онҳо, бо чеҳраи боз вохӯрдани эшон, онҳоро ба корҳои дуруст насиҳат кардан, то ин ки дилҳо бо ҳам ҷамъ шуда, муҳаббату дӯстӣ дар байни мусалмонҳо афзун гардад, зеро ин амр асосу пояи тамоми корҳои хайр мебошад.

3 — Фавоид ва суфоришоти ҳадис:

  1. — Супориш ва тавсия кардани он ҳазрат (с) умматашро ба ин ки бояд онҳо дар пинҳонӣ ва ошкоро ва инчунин дар ҳама ҷо аз Худо битарсанд.
  2. — Агар инсон гуноҳе кунад, сипас аз Худованд омурзиш хоста амали нек намояд, бегумон амали мазкур гуноҳи кардаашро маҳв месозад.
  3. — Бояд шахси мусалмон ҳамеша бо мардум муъомалаи нек намояд ва ҳар гуна осебу газандро аз онҳо дур намояд. 4 — Ахлоқу рафтори хуб бо мардум нишондиҳандаи камоли хавфу тарси аз Худо мебошад.

5 — Пурсишҳо:

  1. — Агар инсон амали бад кунад, пас чӣ тавр онро маҳв менамояд?
  2. — Чаро он ҳазрат(с) Абузарро бо ҳадиси мазкур тавсия кард? 3 — Миёни ахлоқу рафтори хуб ва хавфу тарси аз Худо чӣ робитаву пайвастагӣ вуҷуд дорад?

4 — Ду мисоле биёред, ки бар ахлоқу рафтори хуб намудан бо мардум, далолат кунад!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *