Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фарқ миёни Қуръон ва Ҳадис (набавӣ ва кудсӣ)

Фарқ миёни Қуръон ва Ҳадис (набавӣ ва кудсӣ)

  1. — Қуръон бо лафзу маънояш аз Аллоҳ таъоло мебошад ва тиловаташ ибодат маҳсуб мешавад. Бо кӯтоҳтарин сурааш ҳамаро оҷиз намудааст, ҳамчунин ӯ бо тавотур ва яқин собит гардида, тамоми Қуръон саҳеҳ ва дуруст мебошад. Бар ашхоси ҷунуб, ҳоиз ва нуфасо (зане, ки ҳайз ё нифос дошта бошад) хондан ва даст расондани он ҳаром аст ва мазмунан ривоят кардани он низ ҷоиз намебошад.
  2. — Ҳадиси қудсӣ лафзу маънояш аз Худованди мутаъол аст, вале тиловат ва қироати он ибодат ҳисобида намешавад, ҳамчунин мӯъҷиз набуда, бар ашхоси ҷунуб, ҳоиз ва нуфасо хондан ё даст расондани он ҳаром намебошад. Тамоми аҳодиси қудсӣ саҳеҳ набуда, балки саҳеҳ ва заъиф ва маъзӯъ дорад.

Бо мазмун ва маъно ривоят кардани он ҷоиз мебошад. Ҳадиси қудсӣ ҳадисеро гӯянд, ки Расули Худо (с) онро аз Парвардигораш ривоят кардааст, монанди ҳадиси Абузар (р), ки Расули акрам (с) аз Парвардигор ривоят мекунад , ки Аллоҳ таъоло мефармояд: “Эй бандагонам, ман зулму ситамро бар худ ҳаром гардондам ва ҳамчунин онро миёни шумо ҳаром эълон мекунам, аз ин рӯ бо якдигар зулму ситам раво мадоред.”

(Ба ривояти Муслим)

  • — Лафзи ҳадиси набавӣ аз Паёмбари Худо (с) мебошад, хондану тиловати он ибодат маҳсуб намегардад, мӯъҷиз ҳам нест.

Ҳамчунин ӯ саҳеҳ ва ҳасан ва заъиф ва мавзӯъ дорад, бар ашхоси ҷунуб ҳоиз ва нуфасо хондан ва даст расондани он ҳаром нест ва мазмунан ривоят кардани он ҷоиз мебошад.

Ҳуҷҷат будани ҳадис:

Ҳадис дар исбот ва муайян намудани аҳкоми дин монанди Қуръон ҳуҷҷат мебошад, зеро Қуръон ва Суннат ду масдаре аз масодири ташриъ ба шумор мераванд, бо ин фарқият, ки Суннат (ҳадис) баёнгари маъонии Қуръони карим мебошад. Худованд мефармояд: “Ва бар ту (эй Муҳаммад), Қуръонро (ки ҷомиъ ва комилтарин, китоби Илоҳист) нозил кардем, то он чӣ бар уммат фиристодашуда баён кунӣ, бошад, ки эшон ақл ва тадаббур намоянд.”

(Наҳл: 44)

Аммо далелҳо барои ҳуҷҷат будани Суннат ин фармудаи Расули Худо (с) мебошад, ки мефармояд: “Лозим доред ба худ Суннати ман ва суннати (шеваи) халифаҳои рошидро (Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ разияллоҳу ъанҳум) бар он чанг занед ва онро бо дандонҳоятон сахт доред.”

(Ба ривояти Абудовуд)

Тадвин намудани Суннат:

Дар оғози Ислом Паёмбари Худо (с) аз навиштани ҳадис бо Қуръон дар як саҳифа манъ намудаанд, зеро хавфу бими он мерафт, ки ҳадис бо Қуръон омехта ва мултабас мегардад. Чунончи имом Муслим аз Абӯсаъиди Худрӣ ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуд: “Аз суханони ман чизе китобат накунед ва ҳар кӣ аз ман ғайри Қуръон чизе навишта бошад, пас бояд онро маҳв созад.”

Донишманди бузурги Ислом имом Наввавӣ дар тавзеҳи ҳадиси мазкур мегӯяд: “Манъ намудани китобати ҳадис вақте буд, ки хавфи ихтилоту омезиши Қуръон бо ҳадис вуҷуд дошт ва чун хавфи мазкур бартараф гардид, Расули акрам (с) барои китобати аҳодис иҷозат доданд.”

Воқиан, Расули акрам (с) баъд аз ин ки мутмаин шуданд, ки ҳадис бо Қуръон омехта намегардад, барои асҳоби , киром иҷозаи китобати ҳадисро доданд, балки рӯзи фатҳи Макка ба Абӯшоҳ амр намуданд, то аҳодисро, китобат намояд. Ҳамчунин аз ҷумлаи саҳобагон, Абдуллоҳ ибни Амри Ос ҳар суханеро, ки аз Расули Худо (с) мешунид, менавишт. Алӣ (р) ҳам аҳодиси он ҳазрат (с)-ро китобат менамуд. Ҳадисҳои китобат намудаи Амр бини Ҳизом дар боби фароиз, сунан ва диёт, ҳамчунин ҳадиси навишташуда перомуни садақа ва нисоби закот, ки Абубакр (р) Анас (р)-ро бо он ба сӯи Баҳрайн фиристод, дар кутуби сират ва ҳадис хело машҳуранд.

Дар ҳақикат асҳоби Расули акрам (с), ба вижа хулафои рошидин ба , китобат ва тадвини ҳадис иҳтимом медоданд. Сипас бо пароканда шудани саҳобагон дар шаҳрҳо ва иқлимҳо илми Ислом мунташир гардид, то ин ки даврони хилофати Умар ибни Абдулазиз фаро расид. Вай ба тамоми волиёнаш, ки сарварии шаҳрҳову иқлимҳо ба дӯши онҳо буд, чунин фармон содир намуд: “Ҳадисҳои Паёмбари Худо (с)ро ҷустуҷӯ намуда, гирдоварӣ ва ҷамъ кунед.”

Ҳамчунин ба аҳли Мадина чунин навишт: “Аҳодиси Расули акрам (с)-ро гирдоварӣ намуда китобат намоед, ки ман аз

зойиъгардидани илм ва аз миёнрафтани олимони шаръ хавф ва бим дорам.”

(Сунани Дорумӣ)

Бинобар ин даврони хилофати Умар ибни Абдулазиз (р) назди аҳли илм замони тадвини расмии ҳадис ба шумор меравад. Вале муқайяд намудану нигоҳ доштани ҳадис дар саҳифаҳо ва пӯстҳо ҳанӯз дар замони Паёмбар (с) назди саҳобагон маъруф ва маъмул буд.

Аз ҷумлаи донишмандоне, ки Суннатро муқайяд намуда ва дар китобҳои махсус тасниф кардааст, имом Молик ибни Анас (р) мебошад. Ӯ китоби Муваттои худро ба тартиби бобҳои фиқҳ навиштааст ва дар соли 173-и ҳиҷрӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт.

Аввалин шахсе, ки ҳадисҳоро бо асноди аҳодиси ҳар саҳобӣ дар худ ҷамъ карда, тасниф намудаасст, Абудовуд бин Сулаймон бин Ҷоруди Таёлисӣ мебошад. Ӯ соли 204-и ҳиҷрӣ вафот ёфт.

Баъд аз онҳо дар анвоъ ва ақсоми мухталифи ҳадис таълифоти бузург таҳия гардид, ки баъзе аз онро ба тариқи зайл зикр менамоем:

  1. — Ҷавомиъ, чун «Ал-ҷомиъи ас-саҳиҳ»-и имом Бухорӣ (вафот 256-и ҳиҷрӣ) , ки ӯ аҳодиси абвоби илмро, ба монанди ақоид, аҳком, одоб ва тафсир дар он гирд овардааст.
  2. — Масонид, монанди «Муснад»-и имом Аҳмад бини Ҳанбал (вафот 241-и ҳиҷрӣ), ки ӯ ривоятҳои ҳар саҳобиро алоҳида-алоҳида дар он ҷамъ намудааст.
  3. — Маъоҷим, чун «Ал-муъҷами кабир ва Ал-муъҷами авсат ва Ал-муъҷами сағир», ки онҳо ба қалами Табаронӣ таъаллуқ доранд. Маъоҷим китобҳоеро гӯянд, ки дар он аҳодис ба тартиби шуюх ҷамъоварӣ мешавад ва бештари вақт дар маъоҷим ҳадисҳо бар ҳуруфи ҳиҷо тартиб дода мешавад, чӣ тавре , ки ин амр дар муъҷамҳои Табаронӣ мулоҳиза мешавад.
  4. — Ал-ъилал, монанди, китоби «Ал-ъилал»-и Дорқутнӣ ва Абиҳотим, ки дар он аҳодиси маълул гирд оварда шудааст.
  • — Атроф, чун китоби “Туҳфату-л-ашроф бимаърифати-латроф”-и Ал-Ҳофиз Абилҳаҷоҷ ал-Мазӣ, ки ӯ туруқи ҳадисро, ки бар бақияи он далолат намуда, асноди онро низ ҷамъ мекунад, зикр менамояд.
  • — Мустадракот, монанди «Мустадрак»-и Ҳоким, ки ӯ тамоми ҳадисҳои бар Бухорӣ ва Муслим маҳдудбударо гирдоварӣ намудааст.

Дебоча дар баёни илми ҳадис

Дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло паёмбарамон, Муҳаммад (с)ро бо Қуръони карим ва Суннат фиристодааст ва китоби худро аз таҳрифу табдил ё каму беш сохтан ҳифз намудааст. Худованд мефармояд: “Ва ҳаргиз аз пеш ва паси ин , китоб ботил наояд, зеро ӯ (Қуръон) фиристодаи Худои муқтадири ҳа, кими сутудасифот аст.”

(Фуссилат: 42)

9

Ҳамчунин Ҳақ таъоло фармуда:

“Албатта мо Қуръонро бар ту нозил кардем ва ҳароина мо онро ҳифз хоҳем кард.”

(Ҳиҷр: 9)

Расули Худо (с) бо гуфтор ва кирдори худ маъонии Қуръонро бозгӯ ва тафсир намуд, аз ин рӯ, Суннати набавӣ бозгӯкунандаи Қуръони карим мебошад. Иншоаллоҳ барои донишҷӯ аз ин дебочаи кӯтоҳ муяссар мегардад, ки ба ҳақиқати ҳадис, фарқ миёни ҳадис ва Қуръон ва низ ба ақсому анвоъи ҳадис ва роҳҳои расидани он то ба рӯзгори мо ошноӣ пайдо намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *