Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Ҷонбозони Ислом

Ҳазрати Талҳа ва Зубайр (р) ҳар ‎ду ҷузъи ҷонбозони аҳди Расулуллоҳ (с) ҳастанд. Ин ду бузургвор дар ҷангҳои мусалмонон бо куффор ва мушрикон захмҳои шадиде ба бадани муборакашон ворид шудааст ё узве аз баданашонро аз даст дода буданд. дар ҷараёни ҷанги Уҳуд ишора кардем, ки ҳазрати Талҳа (р) ба унвони охирин нафар ва танҳо фарди боқимонда ҳамроҳи Расулуллоҳҳ (с) бар кӯҳи Уҳуд чи захмҳоеро мутаҳаммил шуд. Билохира бар асари ҳамон заработ дасти муборакаш то охири умр мафлуҷ буд. Ҳазрати Зубайр (р) низ чун дар аксари ғазавоти паёмбар аз муборизони аслӣ ба шумор меомад, қатъан заработи сангине ҳам бар ҷисми муборакаш ворид шудааст. Худаш ба писараш мегӯяд, ки ҳеҷ узве аз баданам боқӣ намонда, магар он ки дар рикоби Расулуллоҳ (с) захмӣ шуда бошад.

Ибни Асокир менависад: « Яке аз тобеин, ки ҳазрати Зубайр (р)-ро дар сафаре ҳамроҳӣ мекард, нақл кардааст, ки дар сафаромон ҳазрати Зубайр (р) хост ғусл кунад. Чун дар биёбон будем ҷое набуд, ки аз маърази дида пинҳон шавад, ба ҳамин ҷиҳат ман лунгеро муқобили ӯ гирфтам то дигарон ӯро набинанд. Баъд аз итмоми ғусл, ки мехост либос ба тан кунад, рӯямро чархонидам ва баданашро нигоҳ кардам. Субҳоналлоҳ! Тамоми пушт, гардан ва синааш осори шамшер ва захмҳое буд, ки маълум мешуд дар ҷанг бар баданаш ворид шудааст. Фавран пурсидам: «Эй Зубайр! Касеро ин гуна надидаам!» Зубайр (р) фармуд: « Ба Худо савганд, тамоми инҳо осори захми шамшерҳоест, ки дар роҳи Худо ва дар ҳамроҳии Расулуллоҳ (с) ба баданам исобат кардааст.[1]» Паёмбари Акрам (с) фармуд: «Худованди субҳон се асарро бисёр дӯст дорад: аввал, қатароти ашке, ки ба хотири хавфу тарс аз Ӯ сарозер шавад. Дуввум, асари саҷдае, ки ба хотири саҷдаҳои тӯлонӣ бар ҷабин нақш бандад. Саввум, асари захми шамшере, ки дар роҳи Худо бар бадан бимонад ва ё узве, ки дар роҳи Ӯ қатъ шавад.»

.قال ابو عیسی: حدثنا قتیبه حدثنا حماد بن زید عن صخر بن جویریه عن هشام بن عروه قال: أوصی الزبیر الی ابنه عبدالله صبیحته الجمل فقال:((ما منی عضو الا و قد جرح مع رسول الله صلى الله عليه وسلم حتی انتهی ذلک الی فرجه))

Ҳзрати Зубайр (р) ба фарзандаш Абдуллоҳ гуфт: «Тамоми аъзои баданам дар рикоби Расулуллоҳ (с) захмӣ шудааст…»[2]

БАШОРАТДОДАШУДАГОН БА БИҲИШТ

Худованди субҳон ба хотири садоқат ва ихлоси ёрони Расулуллоҳ (с) дар ҳамин дунё ба онҳо ваъда ва муждаи биҳиштро додааст. Ҳарчанд ин муждаҳои умумӣ ва шомили тамоми асҳоби Расулуллоҳ аст, аммо дар ҷойҳое барои таъкид ва итминони бештар ва дар муқобили анҷоми аъмоле, ки сареан раҳмати илоҳиро ба дунбол доштааст, нисбат ба баъзеҳо ба таври хусусӣ низ ин ваъда ва мужда такрор шудааст. Яке аз онҳо муждаи Расулуллоҳ (с) ба даҳ тан аз ёронаш мебошад, ки ба «Ашараи мубашшара» машҳур ҳастанд. Даҳ ёри биҳиштӣ, ки Худованд биҳиштӣ будани онҳоро ба паёмбараш (с) ваъда додааст. Паёмбар (с) фармуданд:

:ابوبکر فی الجنه و عمر فی الجنه و عثمان فی الجنه و علی فی الجنه و طلحه فی الجنه و زبیر فی الجنه و عبدالرحمن بن عوف فی الجنه و سعد بن ابی وقاص فی الجنه و سعید بن زید فی الجنه و ابوعبیده بن الجراح فی الجنه))[3]

Паёмбар (с) бо сароҳат фармуд: «Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд, Саъид, Абдурраҳмон ибни Авф ва Абуубайда ибни Ҷарроҳ дар биҳишт хоҳанд буд.» Ибни Асокир ва Ибни Асир дар китобҳояшон ҳадиси дигареро аз ҳазрати Саъид ибни Зайд (р) нақл мекунанд:

:سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم (یقول) :النبی فی الجنه و ابوبکر فی الجنه و عمر فی الجنه و عثمان فی الجنه و طلحه فی الجنه و زبیر فی الجنه)).[4]

«Паёмбар дар биҳишт аст, Абубакр, Умар, Усмон, Алӣӣ, Талҳа ва Зубайр низ дар биҳишт ҳастанд.»


[1] Таҳзиби Ибни Асокир, ҷилди 5, боби маноқиби Зубайр (р) .

[2] Сунани Тирмизӣ, ҷилди 5, Китобул-монақиб, ҳадиси 3767.

[3] Мишкот-ул-масобеҳи Табрезӣ, ҷилди 2, Китоби фазоили асҳоб.

[4] Асад-ул- ғоба, ҷилди 2ва Ибни Асокир, ҷилди 2, саҳ 54.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *