Таърихи Дини Ислом ва Хадисхои Исломи

Фоидаҳои ҳадиси Ифк

Имом Нававӣ фоидаҳои аз ин ҳадис ба бор омадаро зиёд гуфта, панҷоҳучортои онро баён кардааст:

1. Қуръаандозӣ миёни занон дуруст аст;

2.Чун мард чандин ҳамсар дошта бошад ва дар сафараш бархеашонро бурданӣ шавад, бояд миёнашон қуръа андозад;

  • Он муддатеро, ки занони муқим дар ҳолати дар сафар будани шавҳар аз даст медиҳад, қазояш лозим нест;
  • Мард занашро дар сафар ҳамроҳ барад ҷоиз аст;
  • Иштироки занон дар ҷанг ҷоиз аст;
  • Равост, ки занон дар каҷоваҳо савор шаванд;
  • Ҷоиз аст, ки мардҳо дар чунин сафарҳо хидмати занҳоро кунанд;

8.Зан барои қазои ҳоҷат бе иҷозати шавҳар метавонад равад;

9.Хубии кам хӯрдан. Бояд зан кам бихӯрад, то фарбеҳ нашавад, зеро ҳоли занон дар замони Паёмбар ҳамин буд, ва ҳар чизе дар замони ҳазрат хубтару беҳтар буд, онро ихтиёр бояд кард;

10.Ёрӣ додан ба мазлуму бечора ва роҳмонда ва раҳоӣ бахшидани роҳгумкардагон ва икроми шахсиятҳои бообрӯ чи гунае, ки Сафвон(р) ҳамин корҳоро анҷом дод;

  1. Боадабона муомила кардан бо занони бегона хусусан замоне, ки бо амри зарурат дар биёбоне ё ҷойи дигаре миёни шумо хилват рух медиҳад. Тарзе, ки Сафвон уштурро бе ягон савол ва сухан хобонд. Дар чунин ҳолатҳо бояд ту пеш-пеш роҳ равию он зан аз қафо на ин, ки аз паҳлӯ ё пушти вай роҳ паймоӣ;
  2. Хуб аст, ки пиёда шавию дар маркабат дигареро савор кунӣ, тарзе, ки Сафвон (р) кард;
  3. Ҳангоми мусибати динӣ ё дунявии хешу бегона «ино лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун» гуфтан мустаҳаб аст;
  4. Зан бояд дар пеши рӯйи марди номаҳрам рӯйи худро пӯшонад, фарқ надорад, ки он мард, марди солеҳу диндор бошад, ё баръакс;
  1. Ҳассон ибни Собит(р) яке аз саҳобагони Паёмбар буда, ба лақаби «Шоири Расулуллоҳ» машҳур аст.
  2. Ифк-дурӯғ ва бӯҳтон. Чун ин ҳадис дурӯғу бӯҳтонеро, ки баъзеҳо дар ҳаққи Оиша бофта буданд нақл мекунад ,онро ҳадиси ифк номидаанд.
  3. Қасам хурдан бе он, ки аз ту инро талаб кунанд, ҷоиз аст;
  4. Ниҳоят хуб будани меҳрубонии мард ва навозиш кардани вай занашро ва зиндагонии хуш кардан бо ӯ;
  5. Агар воқеъае шавад, бояд мард навозишу меҳрубонияшро нисбати зан кам кунад, то зан инро пай бурда, худро ислоҳ кунад;
  6. Хубии ҳолпурсии бемор;
  7. Барои зан хуб аст, ки ҳангоми қазои ҳоҷат рафтан, ҳамроҳаш зани дигарро барад, то касе нисбат ба вай ягон қасди бад накунад;
  8. Норозӣ будан аз рафиқ ё хешованде, ки ягон бузургеро ранҷонидааст ё ягон кори нохуб кардааст, чуноне, ки Умми Мистаҳ писари худро дуъои бад кард, зеро вай Оишаро тӯҳмат намуда буд;
  9. Бузургдошти аҳли Бадр ва пуштибонӣ аз онҳо, он гунае, ки Оиша аз Мистаҳ ҷонибдорӣ кард;
  10. Зан бе иҷозати шавҳар набояд ба хонаи падару модараш равад;
  11. Машварат пурсидани мард аз дӯстони наздик ва аҳли хонадонаш дар ҳодисаҳо ва мусибатҳое, ки болояш меоянд;
  12. Ҷоиз аст, ки шахс агар дар бораи занаш ё касе аз вобастагонаш чизе шунид, барои исботи он пурсуҷӯ кунад, аммо дар ҳаққи бегонагон ин кор нодуруст буда, ҷосусӣ ва кори беҳуда аст;
  13. Оиша аз зино пок буд ва он чӣ дар бораи вай гуфтаанд дурӯғ ва тӯҳмати бузурге буд. Ин покии Оиша бо оятҳои равшани Қуръонӣ, бе ягон шубҳа, собит аст. Агар Худо накарда, касе дар покии Оиша шубҳа намояд, кофиру муртад мегардад. Муслимин дар куфри чунин шахс ҳамфикранд. Ибни Аббос ва дигарон гуфтанд: «Ҳаргиз ҳамсари ягон пайғамбаре зино накардааст ва ин нишонаи муккарам будани Паёмбарон дар назди Худост»;
  14. Ҳангоми аз нав расидани неъмат, аз нав шукру сипоси Худоро ба ҷо бояд овард;
  15. Бо хешовандон рафту омаду хубӣ бояд кард ва ба қадри тавоноӣ онҳоро ёрӣ бояд дод, агарчӣ бадкирдор ҳам бошанд. Аммо набояд дар кори бад онҳоро ёрӣ дода шавад, балки ёрӣ дар корҳои хуб ҷоиз аст;
  16. Бахшидан ва гузаштан аз гуноҳи бадкирдор;
  17. Афзалияти садақа ва харҷи мол дар роҳҳои нек;
  18. Мустаҳаб аст, ки агар касе қасам хурд, ки фалон корро мекунам ва он корро иҷро накард, бояд кафорати қасамро ба ҷо биёрад;
  19. Бузургии Зайнаб модари мӯъминон;
  20. Дар шоҳидӣ додан, ростиро пеша кардан;
  21. Бузург доштани дӯстдоштаат ба сурате, ки рафиқону дӯстону хидматгузорону итоатгарони вайро пуштибонӣ намуда, онҳоро эҳтиром намоӣ, чуноне, ки Оиша Ҳассонро эҳтиром мекард ба хотири он, ки Ҳассон аз Паёмбар ҳимоят кард.

(Шарҳи«Саҳеҳ»-и Муслим аз имом Нававӣ, с.113-114, ҷ.7.)

ДОНИШМАНДИИ ОИША (Р)

Агар аз илми Оиша(р) бипурсӣ, пас вай дар илм баҳре беканор ва устоди устодон ва муалимаи донишмандон буд. Абумусои Ашъарӣ(р) мегӯяд:

  • Агар дар фаҳми маънои ҳадисбарои мо саҳобагони Паёмбар (с) мушкилию нофаҳмие пеш меомад, аз Оиша (р) мепурсидем ва мушкиламонро ҳал мекардем. Ҳеҷ гоҳ чунин нашудааст, ки мо аз вай ҳадисеро пурсида бошему ӯ надониста бошад. Аз Ҳишом ибни Урва ибни Зубайр аз падараш ривоят аст, ки гуфт:
  • Ман касеро надидаам, ки дар донишмандӣ аз Оиша донотар бошад. Хусусан дар илми Қуръон ва фароиз[1]ва ҳалолу ҳаром ва шеър, донистани таърихи араб ва насабшиносӣ ҳамто надошт. Чӣ гуна Оиша чунин донишманд набошад дар сурате, ки Паёмбари Худо(с) ӯро дар хонадони худ тарбия кардааст. Ӯ аз замоне бо Паёмбар (с) ҳамроҳ шуд, ки духтари хурдсол буд ва аз хурдӣ илмро аз Расули акрам ба таври комил омӯхт ва ҳолатҳоеро аз аҳволи мубораки он ҳазрат мушоҳада кард, ки касе дигар ғайри вай он ҳолатҳоро надида буд ва аз хусусиятҳои расули Худо бештар аз дигарон иттилоъ пайдо кард. Масруқ (р) ба Аллоҳ қасам ёд мекарду мегуфт: «Ман бузургони саҳобаи Расулуллоҳро дидаам, ки аз Оиша дар бораи илми фароиз мепурсиданд». Урва ибни Зубайр18 ниҳоят шоири ширинсухан буд, ки шеъргуйи барояш ҳеҷ душворӣ надошт. Рӯзе шахсе аз мазмуни шеъри вай дар ҳайрат монду гуфт:
  • Ту дар шеър чӣ қадар маҳорати бузурге дорӣ.

Урва ба вай чунин посух дод:

  • Маҳорати ман дар пеши маҳорати Оиша ҳеҷ аст, вай дар кадом ҳолате, ки мебуд метавонист он ҳолатро ба шеър баён бикунад. Ато ибни Абирабоҳ мегӯяд:
  • Оиша донишмандтарини мардум буд.

Зуҳайрӣ гуфтааст:

  • Агар илми Оишаро дар як ҷониб гузорему илми дигар ҳамсарони Паёмбарро дар ҷониби дигар, илми Оиша аз онҳо бештар хоҳад буд. Урва ибни Зубайр ба Оиша гуфт:
  • Эй модарҷон! Ман аз фақеҳи воломақом будани шумо ҳайрон нестам, зеро медонам ҳамсари Расули Худову духтари Абубакр ҳастед. Ҳамчунин аз шеърдонию таърихдонии шумо тааҷҷуб надорам, зеро медонам, ки духтари Абубакри Сиддиқ ҳастед, ки дар ин улум донотарини мардум буданд. Аммо ман аз ин тааҷҷуб дорам, ки шумо чӣ гуна илми тибро омӯхтаед ва аз куҷо ёд гирифтаед, ки ин қадар дар табобат маҳорати воло доред?

Урва мегӯяд:

Пас, Оиша дар ҷавоб гуфт:

  • Расулуллоҳ(с) дар охири умрашон бемор мешуданд ва табибони мардумӣ аз ҳар гӯша меомаданд ва ҳар гуна табобатро пешниҳод мекарданд ва ман ба муъолиҷаи он ҳазрат мепардохтам. Ман тибро аз онҳо омӯхтам.

Муовия (р) мегӯяд:

  • Савганд ба номи Аллоҳ, ки ҳеҷ суханвареро надидам, ки суханонаш мисли суханони Оиша (р) сермаъно ва дорои фасоҳат бошанд.

Аҳнаф ибни Қайс (р) мегӯяд:

  • Ман суханронии Абубакру, Усмону, Умару, Алӣ ва Хулафои баъдиро шунидаам, аммо каломи шахсеро надидаам, ки дар ҳуҷҷат қавитар ва дар маънӣ болотар ва дар тартиб зеботар аз суханони Оиша(р) бошад.

18 Урва писари апаи Оиша буд.

Қосим ибни Муҳаммад[2], ки якеаз фуқаҳои ҳафтгонаи Мадина буд гуфтааст:

  • Оиша дар замони Абубакр, Умару, Усмон ва Алӣ, то замони вафоташ фатво медод. Гоҳе вай ҳатто сухани бузургони саҳобаро рад мекард, пас онҳо дар пеши рӯи вай сукут мекарданд ва ҳақиқат будани суханонашро тасдиқ карда, фазилати ӯро эътироф менамуданд. Имом Муслим аз Урва ибни Зубайр ривоят мекунад, ки гуфт:

-Ман бо Абдуллоҳ ибни Умар бар девори ҳуҷраи Оиша такя зада будем ва ҳатто овози мисвок кардани Оишаро мешунидем.

Урва аз ибни Умар мепурсад:

  • Эй Абуабдурраҳмон расули Худо дар моҳи Раҷаб умра карда буд?

Ибни Умар посух дод, ки оре.

Урва, барои боварӣ пайдо кардан, ба Оиша муроҷиъат карда мепурсад:

  • Эй модарҷон! Оё шунидаӣ, ки Ибни Умар (яъне Абдурраҳмон) чӣ мегӯяд?

Оиша (р) гуфт:

  • Чиҳо мегӯяд?

Гуфтам:

  • Мегӯяд, ки Паёмбар (с) дар моҳи раҷаб умра кардааст.

Оиша гуфт:

  • Худованд Абуабдурраҳмонро биомурзад. Ман савганд ёд мекунам, ки Расулуллоҳ(с) ҳеҷ гоҳ дар моҳи раҷаб умра накарда буд. Он ҳазрат чанд умрае карда бошад, маро ҳамроҳаш бурдааст.

Урва мегӯяд:

  • Ибни Умар ин суханро шуниду чизе нагуфт.

Аз Оиша (р) 2210 ҳадис ривоят кардаанд. Аз ҷумла 174-тои ин ҳадисҳоро Бухориву Муслим ва 54-тоашро Бухорӣ ба танҳоӣ ва 78-тоашро Муслим ба танҳоӣ ривоят намудаанд. Мардуми зиёде аз саҳобаву тобиин аз вай ҳадис ривоят кардаанд.


[1] Маълум мешавад, ки Оиша(р) донандаи илми муҳосиба низ будааст, зеро фароизро бе илми ҳисоб дониста намешавад.

[2] Ќосим ибни Муҳаммад ибни Абубакр писари бародари Оиша (р) буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *